Зиёни касон аз пайи суди хеш,
Биҷӯянду дин андароранд пеш.
Чу бисёр аз ин достон бигзарад,
Касе сӯйи озодагон нангарад!
Абулқосим Фирдавсӣ соли 934 дар деҳаи Бож (Пож)-и ноҳияи Табарони вилояти Тӯси Хуросон дар оилаи деҳқон, яъне озодагони тоҷики заминдор таваллуд шудааст. Ӯ аз ҷавонӣ ба андӯхтани илму дониш мепардозад. Шоир дар баробари забони модариаш – тоҷикии форсӣ, ба забони арабӣ, ки забони хилофат маҳсуб мешуд, забони паҳлавиро, ки забони расмии Сосониён буд, низ аз бар менамояд. Байти зер шоҳиди огоҳии шоир аз забони паҳлавист:
Басе ранҷ бурдам, басе нома хондам
Зи гуфтори тозиву аз паҳлавонӣ.
Дар воқеъ, Фирдавсӣ на фақат ба осори адибони пеш аз худ, аз ҷумла Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Кисоии Марвазӣ, Дақиқӣ ва дигарон ошноӣ дошт, балки аз шеъри араб ҳам бохабар буд. Аммо маъхази асосӣ барои ӯ «Шоҳнома»-и Абумансурӣ маҳсуб мешуд. Албатта, «Шоҳнома»-и Абумансурӣ ҳавохоҳони зиёд пайдо карда, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуда буд. Бинобар ин, Дақиқӣ ба назми он оғоз кард, аммо пас аз навиштани ҳазор байт, ки ба подшоҳии Гуштосп иртибот мегирад, ба дасти ғуломе кушта гардид ва осораш нотамом монд. Фирдавсӣ ҳангоми таҳрири дувуми «Шоҳнома» на фақат аз Дақиқӣ ёд мекунад, балки ҳазор байти ӯро низ дар он ҷой медиҳад.
Мутаассифона, дере нагузашт, ки давлати Сомониён (соли 999) аз байн рафт. Дар Ғазна Султон Маҳмуд ва дар Мовароуннаҳр туркони Қарахонӣ ба сари ҳокимият омаданд. Бинобар ин, ҷангу хунрезӣ, ки дар он замон давом дошт, бештар авҷ гирифт. Ба қавли шоир:
Замона саросар пур аз ҷанг буд,
Ба ҷӯяндагон-бар ҷаҳон танг буд.
Бар ин гуна якчанд бигзоштам,
Суханро нуҳуфта ҳамедоштам.
Мусаллам аст, ки арабҳо ба Эронзамин ҳуҷум карда, онро ғасб намуданд. Баъд аз он ки дар Қодисия фармондеҳи лашкари Эрон Фаррухи Ҳурмуз шикаст хӯрд ва кушта гардид, Яздгирд бори охирин дар Наҳованд неру гирд овард, аммо бо шикаст хӯрдани ӯ дар муқобили арабҳо, сипоҳи Сосониён торумор ва Яздгирд ба Марв ақибнишинӣ кард. Ва бо марги ӯ муборизаи эрониён ҳам анҷом ёфт. Сомониён, ки баъд аз Саффориён бархостанд ва ба саҳнаи сиёсат омаданд, табори худро ба Баҳроми Чӯбина, сардори бузурги Сосониён мерасонданд. Онҳо зиёда аз сад сол ҳукмронӣ карданд ва соли 999 ҳукуматашон аз ҷониби туркони қарохонӣ барандохта шуд ва шоироне чун Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва дигарон ба арсаи эҷод омаданд ва ба гуфтани ашъори гуногун пардохтанд, ки намунаи олӣ ва муҳимми он «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад. Агарчи дар «Шоҳнома» мо ба се неруи зиддиэронӣ – арабҳо, румиён ва туркон дучор мешавем, аммо душмани асосии эрониён ҳамоно арабҳоянд, ки бо ғалабаи Заҳҳок, ҷангу набарди Ковус бо шоҳи Ҳамоварон, ҳуҷуми Шуайби Қутайб дар замони Доро, ҳуҷуми Тоири араб дар замони Шопури нахуст ва шикасти ниҳоии Эрон дар замони Яздгирд сурат мегирад. Аз ин хотир, манфуртарин душмани эрониён арабҳоянд, ки Фирдавсӣ бо нафрат аз онҳо ёд мекунад, аз рафтори истилогаронаашон интиқод менамояд. Чунончи:
Чу Заҳҳок бар тахт шуд шаҳрёр,
Бар ӯ солиён анҷуман шуд ҳазор.
Ниҳон гашт оини фарзонагон,
Пароканда шуд номи девонагон.
Ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд,
Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд…
Фирдавсии ватанпараст аз шикасти императории Эрон ба дасти арабҳо сахт нороҳату ғамгин шудааст. Ӯ Эронзаминро маркази тамаддун ва ҳунари ҷаҳон медонист, ки акнун аъроб бар он ҳукумат меронданд. Дидгоҳи шоири ватансароро метавон аз мактуби Рустам ба бародараш ба равшанӣ пай бурд. Фирдавсӣ шикасти эрониёнро бо сӯзу гудоз чунин ба тасвир мекашад:
Яке нома сӯйи бародар ба дард,
Набишту суханҳо ҳама ёд кард…
К-аз ин пас шикаст ояд аз тозиён,
Ситора нагардад магар бо зиён.
Табаҳ гардад ин ранҷҳои дароз,
Шавад носазо шоҳи гарданфароз.
На тахту на дайҳим бинӣ, на шаҳр,
Зи ахтар ҳама тозиёнрост баҳр.
Бипӯшанд аз эшон гурӯҳе сиёҳ,
Зи дебо ниҳанд аз бари сар кулоҳ.
Шавад бандаи беҳунар шаҳрёр,
Нажоду бузургӣ наёяд ба кор.
Чу бо тахт минбар баробар шавад,
Ҳама ном Бубакру Умар шавад.
Мо ин гуна кину нафратро дар мактуби Яздгирд, ки ба марзбонони Тӯс навиштааст, низ мушоҳида менамоем:
Аз ин морхор аҳриманчеҳрагон,
Зи доноию шарм бебаҳрагон,
Аз ин зоғсорони беобу ранг,
На ҳушу на дониш, на ному на нанг.
Албатта, нафрати Фирдавсӣ ба қавмҳои истилогар бесабаб нест, зеро эшон, аз як сӯ, ватани шоирро истило ва ба хоку хун кашидаанд, аз сӯи дигар, ба таҳқири ҳамватанони шоир ва зулму ситаму бартариҷӯӣ пардохтанд. Ниҳоят, фишор ба забону тамаддун, аз байн бурдан ва латма задан ба ғурури миллии эрониён Фирдавсиро ба пешгӯӣ дар номаи Рустам ба бародараш водоштааст, ки воқеан ҳам як навъ сӯгномаи миллат аст ва онро бидуни оби чашм наметавон хонд. Дар ҳақиқат, ин нома як номаи муқаррарӣ нест, балки қиссаи бисёр дардолудест, ки аз фоҷеаи ба сари як қавми бузурги таърихӣ овардаи арабҳо ба баҳонаи паҳн кардани дин, хабар медиҳад:
Зи деҳқону аз турку аз тозиён,
Нажоде падид ояд андар миён.
На деҳқон, на турку на тозӣ бувад,
Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад.
Биҷӯянду дин андароранд пеш.
Мутаассифона, судҷӯйӣ аз номи дин имрӯз ҳам мисли он ки арабҳо бо баҳонаи паҳн кардани ислом кишварҳоро забту ғорат ва мардумро қатл менамуданд, идома дорад. Дида мешавад, ки гурӯҳҳои мухталифи мутаассиби динӣ дар кишварҳои Шарқи мусулмонӣ бо даъвои татбиқи шариат, амалан дар пайи баровардани манфиатҳои сиёсӣ ва қавмиву нажодии худу хоҷагони беруниашон буда, ба ин мақсад мардуми бегуноҳро ба хоку хун мекашанд. Яъне ба номи дин куштори инсонҳо ҳамчунон идома дорад.
Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бо эҳтиром ба оини зардуштӣ назар намуда, ба истилогарони араб нафрату беэътиноӣ зоҳир намудааст. Ба ҳарфи дигар, Фирдавсӣ аз пирӯзиҳои эрониён ҳамеша меболад, аммо шикасти эшонро хуш надорад ва аксар вақт чашм мепӯшад ва ё бо дили нохоҳам сухан мегӯяд ва изҳори нороҳатӣ, ғаму андуҳ менамояд. Поёни ғамангези қиссаи Яздгирд, ки бо шикасти Эрон иртибот мегирад, бузургтарин фоҷиа барои на танҳо кишвару миллат, балки худи Фирдавсӣ ҳам мебошад. Аз ин рӯ, бо ғаму ҳасрат ин фоҷиаи мудҳишро ба қалам медиҳад ва мегӯяд:
Дареғ ин сари тоҷу ин меҳру дод,
Ки хоҳад шудан тухми шоҳӣ ба бод.
Дар ҳақиқат, баъди истилои Эрон аз ҷониби арабҳо осори бостонӣ қариб тамоман аз байн бурда шуд ва ё ба тороҷ рафт, забони арабӣ ба масобаи забони расмӣ пазируфта шуд, таълиму тадрис рангу бори арабӣ гирифт, сарфу наҳви арабӣ дар фазои забономӯзӣ ҳокими мутлақ гардид ва то асри асри ХХ идома ёфт:
Кунун з-ин пас даври Уммар бувад,
Чу дин оварад, тахт минбар бувад.
Дар навиштани таърих ангезадиҳандаи Фирдавсӣ руҳи ватанпарастӣ ва миллатдӯстии ӯ мебошад. Дар охири рӯзгори Фирдавсӣ вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, низомӣ, иқтисодиву маънавию фарҳангӣ ба куллӣ тағйир карда, дар ҷомеа унсурҳои ғайритоҷикӣ ҳоким гашта буд. Руҳи мазҳабӣ кишварро фаро гирифта, ҳамаи ҷомеа арабзадаву мазҳабзада шуда, фақеҳон ё муллоҳо дар ҳамаи умури зиндагӣ нақши калидӣ мебозиданд. Афкори ғайримиллӣ дар ҷомеа боло гирифта буд, зеро ҳукумату сулолаҳои миллӣ, аз ҷумла Дайламиён, Сомониён, Фариғуниён, Маъмуниён, ки тоза ба истиқлол расида буданд, дар вартаи ҳалокат қарор доштанд. Агар эшон аз дасти арабҳо ва сиёсати хилофат худро то андозае раҳо карданд, аммо аз сӯи дигар, дар либоси муҳоҷирону ғуломон дар ҷомеа ҳузур пайдо карданд ва калидитарин вазифаҳои сиёсиву иҷтимоиро дар дасти худ қарор доданд.
Дар замони Фирдавсӣ, аз як сӯ, тоҷикон дар шароити истиқлол зиндагӣ мекунанд, аммо, аз сӯи дигар, хатари аз даст додани истиқлол онҳоро таҳдид менамояд ва сулолаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён ва Қарахониён рӯи кор меоянд. Дар чунин шароит, гурӯҳи андаки мардум, яъне ақаллияти кӯчаке аз мардуми тоҷик мекӯшанд, ки суннату расму оини аҷдодонро на фақат ҳифз намоянд, балки барои эҳёи он ҳиммат бигуморанд, аммо бебаҳрагӣ аз қудрати сиёсиву иҷтимоӣ имкон намедиҳад, ки ба мубориза бархезанд, зеро шамшерро, ки таъминкунандаю танзимгари қудрати сиёсӣ аст, дар каф надоранд.
Мо руҳия ва оҳанги ватанпарастиро дар мактуби Рустам, ки ба лашкаркаши арабҳо Саъди Ваққос навиштааст ва Фирдавсӣ баъд аз сесад соли ин воқеа онро ба риштаи назм даровардааст, равшан дида метавонем:
Ба ман боз гӯй ин ки шоҳи ту кист,
Чӣ мардию оину роҳи ту чист?
Ба назди кӣ ҷӯӣ ҳаме дастгоҳ,
Бараҳна сипаҳбад, бараҳна сипоҳ?
Ба ноне ту серию ҳам гурсуна,
На пилу на тахту на бору буна.
Ба Эрон туро зиндагонӣ бас аст,
Ки тоҷу нигин баҳри дигар кас аст.
Шуморо ба чашм андарун шарм нест,
Зи роҳи хирад меҳру озарм нест.
Бад-он чеҳру он зоду он меҳру хӯй,
Чунин тоҷу тахт омадат орзуй?..
Зи шири шутур хӯрдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор,
Ки тахти Каёнро кунад орзу,
Тфу бод бар чархи гардон, тфу!
«Шоҳнома» муҳимтарин ва ҷовидонатарин осори миллӣ ва ватандӯстона аст, ки ба миллату мардумони эронинажод дарси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ додааст ва барои зинда нигаҳ доштани ҳувияти миллии тоҷику форс хидмати бедареғ намудааст.
«Шоҳнома» як ҳамосаи миллӣ аст, ки дар баробари эҷоди ифтихору худшиносӣ, парвариши руҳи ватандӯстӣ ва худогоҳӣ, ба ҳамватанон дӯст доштани ҳаёт, дурӣ гузидан аз бадиҳо ва ахлоқи разила, аз ҷумла коҳилӣ, ғайбат, бадбинӣ, хашму ғазаб, қаноату бекорӣ, ғафлату ғуломию бандагӣ, пархошу шитоб, дурӯғгӯию бехирадӣ, бедонишӣ, бемаърифатӣ ва ғайраро таълим медиҳад.
Воқеан, Фирдавсӣ ҳангоми баёни воқеаву ҳодисаҳои мухталиф дастурҳои ҷовидонӣ ба хонанда медиҳад, то хонанда Ватанро, ки мисли модар моро дар оғӯши пурмеҳри худ тарбия кардаву ба воя расондааст, на фақат аз дилу ҷон дӯст дорад, балки барои ҳимояи он ҷони худро дареғ надорад:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
«Шоҳнома» аз ҳамаи асарҳои адабиётамон бартарӣ дорад, зеро паёми озодӣ, пойдорӣ, истиқлолият ва муборизаю ҷонбозӣ ба ҳамватанон медиҳад. Шоир барои ҳифзи ватан сарбаландона ҷон доданро аз зиндагӣ дар зери асорат авлотар дониста, ба номи нек мурданро беҳтар аз ғуломӣ ҳисобида, ба такрор ин мавзуъро ба миён мегузорад:
Маро марг беҳтар аз ин зиндагӣ,
Ки солор бошам, кунам бандагӣ.
Ба ном ар бирезӣ маро гуфт хун,
Беҳ аз зиндагонӣ ба нанг андарун.
Аз ин рӯ, бисёре аз масъалаҳое, ки дар «Шоҳнома» дарҷ шудаанд, имрӯз низ ҳамчун масъалаи муҳим ва доғи рӯз қобили мулоҳизаанд. Масъалаи ҷанг ва сулҳ, ки дар «Шоҳнома» бозтоби густурда дорад, имрӯз ба яке аз масъалаҳои калидӣ дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Неруҳои мухталифи пархошгару ҷангҷӯю вайронгар бо истифода аз номи дину мазҳаб дар гӯшаву канори олам даст ба қатлу куштор мезананд, биноҳоро месӯзонанд, хонаҳоро ба оташ мекашанд, шаҳрҳоро харобу валангор месозанд, занону духтаронро мекушанд, сангсор менамоянд, даҳшатафканӣ мекунанд, ёдгориҳои таърихиро аз байн мебаранд, давлатҳои миллиро вожгун месозанд.
Ҳамагон мехоҳанд, ки дар Фаластин, Сурия, Ироқ, Афғонистон ва ғайра сулҳ пойдор гардад, парчами адолат партавфишон шавад. Дар ин роҳ судҷӯӣ аз «Шоҳнома», аз андешаҳои ҳакимонаи Фирдавсӣ, ки дар боби сулҳу оштӣ гуфтааст ва ҳароина ҷангро маҳкум намудааст, барои башар хеле ва хеле муҳимму муфид мебошад:
Ҳама меҳр ҷӯеду афсун кунед,
Зи тан олати ҷанг берун кунед...
Ба ҷои ҷаҳон ҷустану корзор,
Мабодам ба ҷуз оштӣ ҳеч кор.
Зимнан, бояд гуфт, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пеш аз ҳама хирад ва хирадмандиро ситоиш менамояд. Маҳз бо ситоиши хирад шуруъ шудани «Шоҳнома» далел бар он аст, ки муаллифи он ба хирад, ки бартарии инсонро аз тамоми мавҷудот таъмин менамояд, арҷи фаровон мениҳад:
Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
Ба фикри ӯ, беҳтарин чизе, ки инсон дорад, хирад мебошад:
Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Фирдавсӣ аз аҳамияти илму дониш дар зиндагӣ, ки башарро сарфарозу сарбаланд месозад, сухан гуфта, омӯхтани онро барои ҳар кас ҳам қарзу ҳам фарз донистааст, зеро инсони бедониш ба чизе намеарзад. Баръакс, одамоне, ки бо зевари дониш оростаанд, мавриди эҳтироми ҳамагон қарор мегиранд, зеро маҳз онҳо кашфиёт мекунанд, ихтироъ менамоянд, то зиндагии худ ва аҳли башарро сару сомон бахшанд:
Замоне маёсой аз омӯхтан,
Агар ҷон ҳамехоҳӣ афрӯхтан.
Адлу дод тору пуди «Шоҳнома»-ро фаро мегирад. Бесабаб нест, ки «Шоҳнома»-ро муҳаққиқон ҳамосаи дод хондаанд, зеро шоир дар ҳама ҷо аз адлу дод сухан мегӯяд. Ӯ ҷангро пазиро нест. Ҷанг дар «Шоҳнома» ба хотири муҳофизати Ватан ва таъмини оромишу осоиши мардум ва тантанаи адлу адолат омадааст. Аз ин рӯ, ӯ дар ҷангҳое, ки дар «Шоҳнома» тасвир кардааст, ҳамеша аз дод тарафдорӣ кардааст. Ӯ бедодиро, аз кадом ҷонибе набошад, маҳкум менамояд:
Агар доддеҳ бошӣ, эй номҷӯй,
Шавӣ бар ҳама орзу комҷӯй.
Зи худ дод додан ба ҳар неку бад,
Беҳ аз ҳар чи гӯӣ ба назди хирад.
Фирдавсӣ адлу додро аз равзанаҳои мухталиф баррасӣ менамояд ва ба тасвир мегирад. Чунончи, шоир барои исбот ва таъсири ин фикри худ рӯ ба подшоҳони пешин меорад ва аз Ардашеру Фаридуну дигар шоҳони афсонавию таърихӣ суд меҷӯяд, зеро онҳо, пеш аз ҳама, бо адлу доди хеш дар байни мардум шуҳрат ёфта буданд:
Фаридуни фаррух фаришта набуд,
Зи мушку зи анбар сиришта набуд.
Ба доду диҳиш ёфт он некуӣ,
Ту доду диҳиш кун, Фаридун туӣ.
Хулоса, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ на танҳо ҳамосаи бузурги миллӣ, достонҳои бузурги паҳлавонию қаҳрамонӣ, таҷассумгари таърих ва ифтихори ниёкони мо, балки сарчашмаи хирад, афкори дунявию пешқадамонаву ҷовидона низ маҳсуб мешавад. Фирдавсӣ тавассути хомаи таърихофарин ва паёмрасони хеш расму оин, ривоёту афсона ё асотир, номи шоҳону паҳлавонони қадим, руҳ ва хотираи миллиро эҳё кард ва маводи муътамад ва ифтихорофарин барои худшиносию худогоҳии миллиро дар ихтиёри мо қарор дод.
Метавон гуфт, ки Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ ҳамеша барои миллати мо сармашқ ва намунаи хирадгароӣ, миллатдӯстию ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва мубориза бо таассуб ва афкори бегона буд ва мебошад:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Саидзода Ҷ.