Давре, ки дар ӯ омадану рафтани мост,

Ӯро на ниҳоят, на бидоят пайдост.

Кас меназанад даме дар ин маънӣ рост,

К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост.

 

       Умари Хайём (1048-1131) файласуф, риёзидон, ситорашинос ва рубоисарои маъруфи тоҷику форс дар даврони Салҷуқиён буд. Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба шумор рафта, дорои ҳушу хотираи неруманде будааст. Дар даврони ҷавонӣ ба фарогирии илму дониш пардохта, дар фалсафа, нуҷум ва риёзӣ ба дараҷаҳои баланди илмӣ расидааст. Гуфта мешавад, ки Хайём дар илми тиб ҳам маҳорат дошт ва султон Санҷарро, ки ба бемории обила гирифтор буд, муолиҷа кардааст. Хайём дар даврони ҳукумати султон Ҷалолиддин Маликшоҳи Салҷуқӣ дар Нишопур аввалин расадхонаро бунёд кард ва бо дархости ӯ даст ба ислоҳи тақвим зад, ки то кунун бо номи «Тақвими Ҷалолӣ» маъруф аст. Рисолаи «Ҷабр ва муқобала» ба иловаи рисолаи дигар, ки дар он ба мушкилоти ҳандасаи Уқлидус посух додааст, аз машҳуртарин осори Хайём дар илми риёзиёт ҳастанд. Аз дигар осори маъруф, ки ба Умари Хайём нисбат медиҳанд, рисолаи «Наврӯзнома» аст, ки бо насри содаву шево таърихи пайдоиши Наврӯз ва расму оини баргузории онро дар дарбори Сосониён ривоят кардааст. Дар дунёи ҳунар ва берун аз марзҳо, бахусус дар Ғарб Хайём маъруфтарин шоири тоҷику форс аст, ки шуҳраташ аз маҳфилҳои илмию адабӣ фаротар рафтааст. Рубоиёти Хайём содаву равон, аммо дорои маъниҳои амиқи фалсафӣ ва ҳосили андешаи огоҳонаи мутафаккири бузург дар муқобили асрори  офариниш аст.

 

 Асрори азалро на ту дониву на ман

 В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.

 Ҳаст дар паси парда гуфтугӯи ману ту,

 Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.

 

      Хайём аз ҷумлаи андак мутафаккирони ҷаҳонӣ аст, ки озодии инсон дар маркази ҷаҳонбинии ӯ қарор гирифтааст. Ӯ ҳар гуна таъбиру тафсир аз дунёву охират ва низоми ҳастиро дар гарави озодии инсон медонад. Дар фалсафаи Хайём агар мафҳуми озодиро аз инсон бигирем, дигар тамоми назарияҳои динӣ ва фалсафие, ки дар бораи ӯ изҳори назар кардаанд, ботил мешаванд. Агар озодӣ набошад, инсон ба як барда табдил мешавад. Аз ин рӯ, Хайём бо ҳар мактабу ҷаҳонбиние, ки инсонро маҳдуд карда, озодии ӯро бигирад, дар ситез аст.

Хайём дар замони хеш фалсафаеро асос гузошт, ки баъд аз ҳазор сол дар шакли мактаби экзистансионализм дар Аврупо арзи вуҷуд кард. Мактабе, ки намояндаи барҷастаи он Мартин Хайдеггер – файласуфи олмонӣ буд ва асоси онро асолати вуҷуди инсон ташкил медиҳад. Усули мактаби мазкурро озодӣ ва ҳаққи интихоб дар бар мегирад. Ин мутафаккири мунавварфикр ҳазор сол пеш фармуда буд:

 

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

Аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил расидӣ осон.

 

         Мавзуи асосии рубоиёти Умари Хайёмро асрори азал, рози офариниш, муаммои ҳастӣ, ҷойгоҳи инсон дар низоми ҳастӣ, тамасхури хурофотпарастон, мубориза бо хурофоту мавҳумот, маҳкумияти ақоиди бепояи уламову фақеҳон, ташвиқи инсон барои баҳрабардорӣ аз дами гузарони умр, тарғиби инсон барои раҳоӣ аз қайду бандҳои сохтаву пардохтаи зеҳнӣ, ҷустуҷӯи ҳақиқати ашё ва шод зистану лаззат бурдан аз неъматҳои бешумори худододӣ ташкил додааст. Ҷасорати Хайём дар амри матраҳ кардани чунин масоили муҳим, он ҳам дар даврони ҳукумати Салҷуқиён, ӯро ба як файласуф ва мутафаккири маҳбуби ҷаҳонӣ табдил медиҳад. Аммо дар Шарқ ин мутафаккир мутаассифона, ношинохта боқӣ мемонад. Замоне, ки Эдвард Фитсҷералд, шоири англис, дар соли 1859 аввалин рубоиёти Умари Хайёмро ба забони англисӣ тарҷума кард, ҷаҳон ба ҳайрат афтод ва гӯяндаи ин рубоиёти нодир Умари Хайём шуҳрати ҷаҳонӣ касб кард. Баъд аз ин рубоиёти Умари Хайём бо тамоми забонҳои зиндаи дунё тарҷума шуда, дар дастраси мардум қарор гирифт. Аз ин нуқтаи назар, ҷаҳонбинии Хайём появу асоси чандин мактаби фалсафии муосир дар ҷаҳонро ташкил медиҳад. Ин рубоиёти кӯчак дар зеҳни равшанфикрони дунё як навъ инқилоби фикрӣ ба вуҷуд овард. Бо кумаки рубоиёти Хайём аврупоиҳо худро аз қайду банди мавҳумоти динию мазҳабӣ наҷот доданд, аммо шарқиён, ки ба ин мавзуъ чандон таваҷҷуҳ накарданд, ҳамчунон дар банди афкори ғайриилмии хеш боқӣ мондаанд.

       Хайём бо тамоми қудрат озодии инсонро ситоиш намуда, тарс аз ояндаро накуҳиш менамуд. Дар андешаи Хайём он чӣ инсонро хору залил мекунад, тарс аз оянда ва қабули хурофотест, ки дар тули асрҳо бар ӯ таҳмил шудааст. Бинобар ин, то замоне, ки инсон аз зери бори хурофот ва андешаҳои ботил зеҳни худро озод накунад, ҳаргиз ба маънии зиндагӣ сарфаҳм намеравад. Дар фалсафаи Хайём инсон як мавҷуди озод, соҳиби ақл ва дорои ҳаққи интихоб мебошад. Масалан, девона ба сабаби он ки аз ақл маҳрум аст, мавриди сарзаниш қарор намегирад. Танҳо инсони оқил аст, ки посухгӯи амалҳои хеш аст. Агар ин гуна бошад, пас инсон бояд аз ҳаққи озодӣ ва интихоб бархурдор бошад.

 

Бар ман қалами қазо чу бе ман ронанд,

Пас неку бадаш зи ман чаро медонанд?

Дӣ бе ману имрӯз чу дӣ бе ману ту,

Фардо ба чӣ ҳуҷҷатам ба Довар хонанд?

 

          Хайём бештари андешаҳои муҳимми фалсафии худро ба тариқи савол матраҳ мекунад. Худи савол хонандаро ба фикр ҷиҳати пайдо кардани ҳақиқат раҳнамун месозад. Ин мутафаккири барҷаста беш аз он ки ба масоили баҳсангез посух диҳад, онҳоро аз тариқи савол ба хонанда пешниҳод менамояд. Аммо агар диққат шавад, пушти пурсишҳои ҳаким Хайём ҷавобҳое низ нуҳуфтаанд. Хайём намехоҳад, ки ба ҳамаи масоил худаш посух диҳад ва ё нуктаи назари шахсии худро бар дигарон таҳмил намояд. Ӯ бо матраҳ кардани савол мехоҳад ҳамаи одамони оқилро ба баҳсу мунозира даъват кунад. Рисолати Хайём посух додан нест, балки матраҳ кардани мавзуъ аст. Вақте мавзуъ ба баррасӣ гузошта шуд, хирадмандон посухи онро хоҳанд ёфт.

           Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ ҷасорати Хайём дар гузоштани ин гуна саволҳост. Саволҳои Хайём мантиқу маърифати фаҳмиши динии роиҷ дар зеҳни башарро дарҳам мекӯбад. Дар зоҳир саволҳои Хайём бисёр шаккоконаанд, аммо инсонро барои фикр кардан маҷбур менамоянд. Хидмати бузурги ӯ ҳамин аст, ки инсониятро ба андеша кардан водор кардааст.

 

      Некию баде, ки дар ниҳоди башар аст,

      Шодию ғаме, ки дар қазову қадар аст.

Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ақл

Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.

 

             Рисолати дигари Хайём баёни ҳақиқат буд. Ӯ баҳри иҷрои ин вазифаи иҷтимоии худ аз ҳеч коре дареғ наварзидааст. Дар таърихи адабиёти тоҷик ҳеч шоире монанди Ҳофиз ва Хайём риёкорӣ, дурӯғпароканӣ, фиребу найранг, зоҳирпарастӣ, такаббуру худписандии намояндагони расмии диниро ин қадар ошкор фошу маҳкум накардааст. Хайём низ дар ин замина аз Ҳофиз, ки мегуфт «Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам» пайравӣ намуда, таассубу хурофот ва таъбиру тафсирҳои нодурусти шайхони риёкор, муллоҳои мутаассиб ва муфтию қозиҳои манфиатталабро мазаммату тамасхур кардааст:

 

Эй соҳиби фатво, зи ту бедортарем,

Бо ин ҳама мастӣ зи ту ҳушёртарем.

Ту хуни касон хӯрию мо хуни разон,

Инсоф бидеҳ, кадом хунхортарем?!

 

            Рубоии мазкур дар шаклҳои дигаре монанди «Эй қозии шаҳр» ё «Эй муфтии шаҳр» ҳам истифода шудааст, ки дар тамоми вариантҳо хитоби шоир ба намояндагони динӣ равона аст. Хайём ривояту қисса ва афсонаҳои бофтаи шайху муфтию муллоро дар бораи дунёву охират мисол зада, ин тоифаро ба суистифода аз дин муттаҳам мекунад. Тарсондани одамон аз охират ва ташвиқи онҳо ба дунёбезорию дунёгурезӣ макрест, ки ба назари Хайём бо ҳадафи ба бардагӣ кашонидани мардуми содалавҳ ба кор мегиранд. Ба гуфтаи Хайём ин тоифа мардумро ба дунёгурезӣ ташвиқ намуда, худ дар дунё ҳукумат меронанд. Халқи бечораро аз неъматҳои дунё маҳрум карда, барои худ истифода аз ҳама чизро ҷоиз медонанд. Тақдири мардумро ба фардо ҳавола карда, худ ғарқ дар нозу неъмати дунявӣ зиндагӣ менамоянд:

             Гӯянд биҳишту ҳуруъин хоҳад буд

В-он ҷо майи нобу ангубин хоҳад буд.

Гар мо майю маъшуқа гузидем, чӣ бок?

Чун оқибати кор ҳамин хоҳад буд.

 

          Хайём дар масоили динию дунёӣ тарафдори таҳаммулу мадоро ва миёнаравӣ буд. Дар фалсафаи Хайём таассуб дар ақидаи шахсӣ хилофи ақлу мантиқ буда, боиси густариши хушунату бадбинӣ дар миёни мардум мешавад:

 

Ҷамъе мутафаккиранд дар мазҳабу дин,

Қавме мутаҳаййиранд дар шакку яқин.

Ногоҳ мунодие барояд зи камин,

К-эй бехабарон, роҳ на он асту на ин.

 

           Аз назари Хайём одамӣ ин фурсати маҳдуде, ки дорад, бояд аз он истифода намояд, зеро ин дами ғанимат такрор шуданӣ нест. Ин тавр нест, ки дубора ба дунё биёем ва аз мавқеияти бадастомада истифода кунем. Бинобар ин, шоир пешниҳод мекунад, чизе аз дороии дунё боқӣ нагузорем, ки дубора барнамегардем, то аз он чи захира кардаем, баҳраманд шавем:

 

Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз,

Бозомадае ку, ки ба мо гӯяд роз?

Ҳон, бар сари ин дуроҳаи розу ниёз

Чизе нагузорӣ, ки намеойӣ боз!

 

         Хайём одамиёнро ба парҳез аз хӯрдани ғами дунёи гузарон даъват мекунад ва супориш медиҳад, ки хуш бошед ва ин фурсати андакро ба шодӣ бигзаронед, ки агар ин ҷаҳон вафое дошт, навбат ба мо намерасид:

 

Бархезу махӯр ғами ҷаҳони гузарон,

Хуш бошу даме ба шодмонӣ гузарон.

 

Дар табъи ҷаҳон агар вафое будӣ,

Ҳаргиз ба ту навбат нашудӣ аз дигарон.

 

           Назарияи шодзистӣ ва комравоӣ аз умри гузарону нопойдор мафҳуми амиқи фалсафӣ мебошад. «Вақтро ғанимат донистан» ва «дар дам зиндагӣ кардан» дар байни ҷараёнҳои гуногуни фикрӣ низ маъруф буда, бо таъбири «суфӣ ибн-ул-вақт аст» таблиғ мешудааст. Хайём ин назарияи амалиро ҷомаи нав мепӯшонад ва таваҳҳумоти зеҳнӣ ва ривоятҳои сохтаву бофтаи бепояву асосро тамасхур намуда, мардумро ба зиндагии шоди дунявӣ ва баҳрабардории дурусту оқилона аз неъматҳои он ташвиқ менамояд. Хайём бар ин бовар буд, ки одамиён, маъмулан, дар ду замон зиндагӣ мекунанд; гурӯҳе дар ҳасрати гузашта ва тоифаи дигаре ба умеди оянда. Дар ҳоле, ки ин замонҳо, яъне замони гузашта ва оянда дар ихтиёри инсон нестанд ва умед бастан бар инҳо зоеъ кардани зиндагӣ дар роҳи ботил аст:

    

Рӯзе, ки гузаштааст, аз ӯ ёд макун,

Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.

Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,

Ҳолӣ хуш бошу умр барбод макун.

 

           Хайём ҳасрат хӯрдан барои замони гузашта ва умед бастан ба замони ояндаро нишонаи заъфи одамӣ медонад, ки бо худфиребӣ замони ҳоли худро ҳам беҳуда сипарӣ мекунад. Хайём одамиро аз хоби ғафлат бедор мекунад ва ӯро ба истифода аз фурсати ғанимат ҳидоят менамояд. Дар фалсафаи Хайём бузургтарин неъмат лаҳзаи ҳол аст, зеро лаҳзаҳо ҳаргиз такроршуданӣ нестанд, бинобар он истифода аз онро ғанимат мешуморад:

 

Май хӯрдану шод будан оини ман аст,

Фориғ будан зи куфру дин дини ман аст.

 

Гуфтам ба арӯси даҳр: кобини ту чист?

Гуфто: дили хуррами ту кобини ман аст!

 

           Хайём аз сароби тира, ки ҳаёт ном дорад, биҳиште равшан месозад ва аз зебоиву лутфу камол парда аз дебои заррин бар дунёи хафақоновар мекашад. Каломи ӯ бо муҳтавои азиме, ки аз фалсафа дар бар дорад, бо латофати хаёл ва зебоӣ омезиш ёфта, дурахшиши аҷибе ёфтааст ва ҳамин рози азамату зиндагии ҷовидони вай дар қалбҳои инсон дар саросари гетӣ аст:

 

Эй дил, ту ба идроки муаммо нарасӣ,

Дар нуктаи зиракони доно нарасӣ.

Ин ҷо зи майи ноб биҳиште месоз,

К-он ҷо, ки биҳишт аст, расӣ ё нарасӣ.

 

             Хайём як файласуфи воқеъгаро ҳаст ва дунёро ҳамон гуна, ки мебинад, тафсир менамояд. Ӯ ба тафсирҳои арбобони дин дар бораи охират ва ваъдаҳои ондунёӣ бовар надорад. Шоир ба чизе, ки касе надидааст ва ғайри қобили исбот бошад, такя намекунад. Такягоҳи асосии Хайём нақди умри хеш аст, ки амалан дар ихтиёр дорад. Ӯ одамиро ташвиқ мекунад, ки бар он чи дар дасту ихтиёр доранд, эътимод кунанд, на бар ваъдаҳое, ки касе бар ҳақиқати онҳо воқиф нест:

 

Чун нест ҳақиқату яқин андар даст,

Натвон ба умеди шак ҳама умр нишаст.

Ҳон, то биниҳем ҷоми май аз кафи даст,

Дар бехабарӣ мурд, чи ҳушёр, чи маст.

 

           Хайём аз ин тариқ зеҳн ва таваҷҷуҳи одамиро аз гирдоби тарсу хаёли «асрори азал», ки ҳамоно нокушода боқӣ мондааст, раҳо карда, диққати ӯро ба самти нақди умр мекашонад. Хидмати дигари Хайём ин аст, ки инсониятро ба ақлгароӣ ва хирадварзӣ даъват менамояд. Ӯ тафсирҳои ғайриақлонӣ аз зиндагӣ ва дунёро қабул надорад. Мантиқи хайёмӣ дар доираи ақл шакл гирифтааст:

                  Аҷром, ки сокинони ин айвонанд,

 Асбоби тараддуди хирадмандонанд.

 Ҳон, то сари риштаи хирад гум накунӣ,

 К-онон, ки мудаббиранд, саргардонанд!

 

          Хайёмро шоири даҳримазҳаб медонанд, чунонки ӯ аз Абулало Муаййирӣ, шоир ва файласуфи араб таъсир пазируфтааст. Ӯ талош мекунад, ки ба ҷуброни ҷабри зиндагӣ, ки бар инсон таҳмил шудааст, зиндагиро он гуна, ки мехоҳад, пеш бибарад. Хайём бар ин бовар буд, ки ба дунё омадан дар ихтиёри инсон нест, аммо чӣ гуна зиндагӣ кардан дар ихтиёри ӯст. Андешаи хайёмӣ андешаи фардгароёна ва озодихоҳӣ аст, инсонро бо вуҷуди ҷабри таърихӣ на дар ҷойгоҳи инсоне бехираду ноогоҳ ва нотавон, балки дар мақоме мебинад, ки метавонад худро аз хештан наҷот диҳад:

 

Афлок ба ҷуз ғам нафизоянд дигар,

Бинҳанд яке, то бирабоянд дигар.

Ноомадагон агар бидонанд, ки мо

Дар даҳр чӣ мекашем, н-оянд дигар.

 

           Хайём бо дилгармӣ ба зиндагӣ машғул буд ва ба хубӣ дарк карда буд, ки дарди ҷаҳонро ҷуз ба озодагӣ дар рафтору андеша наметавон ҳал кард. Ӯ барои шинохти хеш ва шинохти инсоният талош кард, чандон ки муътақид буд биҳишти ваъдадодашуда метавонад дар рӯи замин маъно пайдо кунад, ба шарте ҳар кас биҳишти хешро бишносад:

 

Ин ақл, ки дар раҳи саодат пӯяд,

Рӯзе сад бор худ туро мегӯяд.

Дарёб ту ин як дами вақтат, ки наӣ,

Он тава, ки бидраванду дигар рӯяд.

            Бахши дигаре аз рубоиёти Хайёмро мавзуи мубориза алайҳи хурофоту хурофотпарастии роиҷ дар миёни ҳамасронаш ташкил медиҳад. Бардоштҳои ғалат ва ғайриилмии оммаи мардум, ки аз тарафи руҳониён – намояндагони расмии ҳукумат ҳам тарғиб мешуданд, мавриди тамасхури шоир қарор гирифтааст. Ӯ тасаввури ғалати мардумро дар бораи ин ки гӯё замин бар болои шохи гов истодааст ва сабаби заминҷунбиро лағжидани замин аз рӯйи шохи гов таъбир мекарданд, ин гуна мазаммат кардааст:

 

Говест дар осмону номаш Парвин,

Як гови дигар нуҳуфта дар зери замин.

Чашми хирадат боз кун аз рӯи яқин,

Зеру забари ду гов муште хар бин.

 

         Хайём дар идома ҷабру тақдиргароиро, ки дасту пои мардумро аз амал кардан мебаст ва онҳоро ба ғуломони ҳалқабаргӯши хоҷагону сарватмандони давр табдил медод, сахт маҳкум кардааст. Ӯ дар муқобили тақдиргароӣ ва таслим шудан дар баробари қазову қадар идеяи озодии инсон ва ҳаққи таъйини сарнавиштро матраҳ менамуд. Дар ҷаҳонбинии Хайём ва тафсири ӯ аз таълимоти динӣ инсон озод офарида шуда, аз ҳаққи ихтиёр ва ҳаққи тағйири сарнавишти хеш бархурдор тасвир шудааст:

 

То занн набарӣ, ки аз ҷаҳон метарсам

В-аз мурдану аз рафтани ҷон метарсам.

Мурдан чу ҳақиқат аст, бокам набувад,

Чун нек назистам, аз он метарсам.

 

        Ин гуна тасаввуроти нодуруст аз офариниши оламу одам ва сарнавишти башар инсонро аз фаъолияти мустақилона ва тасмимгирӣ дар бораи ояндаи худ маҳрум мекард. Ба гуфтаи Хайём, агар фаъолияти инсон ба нияту иродаи ӯ вобаста набошад, фарқ кардани неку бад, дурусту нодуруст ва ҳарому ҳалол кори «қазову қадар» бошад, пас одам аз посухгӯӣ дар баробари амалҳои худ бояд озод мебуд:

Бартар зи сипеҳр хотирам рӯзи нахуст,

Лаҳву қаламу биҳишту дӯзах меҷуст.

Пас гуфт маро муаллим аз раъйи дуруст:

Лавҳу қаламу биҳишту дӯзах бо туст.

 

         Дар фалсафаи Хайём ривоҷи ақидаҳои хурофотӣ дар ҷомеа кори дасти руҳониёни манфиатталаб ва ҳокимони золим аст, ки ба хотири ҳифзи қудрати хеш ин гуна андешаҳои ғалатро либоси динӣ пӯшонида, ба мардум мефурӯхтанд. Шоири озодихоҳ, ба мисли Умари Хайём, ки фиребу риёкории арбобони вобастаи динро хуб медонист, сафсатаҳои онҳо дар бораи дин, тарғиби тақдиргароӣ, тарсондани мардум аз рӯзи ҷазо, тан додан ба сарнавишт ва ваъдаи осоиш дар биҳиштро фош намуда, ҳамзамонони хешро ба сӯйи озодманишӣ ва ақлгароӣ дар умури дину дунё ташвиқ мекард:

 

Ҷамъе ба ғурури хулду ризвон задаанд,

Ҷамъе ба ҷунуни куфру имон задаанд.

Аз ваҳм пур аст чорсӯйи имкон,

Ин нек матое ба чӣ дукон задаанд?!

 

          Аз таҳлили рубоиёти Хайём донишмандон ба ин натиҷа расидаанд, ки ӯ як мутафаккири мунавварфикри даврони худ буда, аз ҳаққи озодии инсон пайваста дифоъ кардааст. Агарчи дар зоҳир баъзе андешаҳои хайёмӣ хилофи омӯзаҳои динӣ ба назар мерасанд, аммо ҳақиқат ин аст, ки шоир бо матраҳ кардани саволҳои гуногун қасди ошкор намудани ҳақиқатро доштааст. Дар баробари ин, Хайём бо ҷуръат ва қудрати тамом алайҳи хурофоту хурофот- парастон, «доми ҳиллаву тазвир» қарор додани дин ба дасти арбобони дину давлат, тарғиби оммаи мардум ба тақдиргароӣ, таслим дар муқобили «қазову қадар», бим доштан аз охират, даст кашидан аз неъматҳои дунявӣ ба умеди биҳишт мубориза бурда, мардумро ба озодагию озодманишӣ ва сохтани дунёи имрӯзи худ даъват кардааст.

Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.