Умароро зи пайи зулму фасод,
Дил ба зӯру зару хайлу ҳашам аст.
Фуқаҳоро ғараз аз хондани фиқҳ,
Ҳилаи байъу рибову салам аст.
Зиндагии Ҳаким Саноии Ғазнавӣ (1079/1080-1140/1141) ба давраи Салчуқиён рост меояд. Ҷангу кашмакашҳои байни Ғазнавиён ва Салчуқиён, тохту тоз ва ҳамлаҳои пай дар пай ба шаҳру манотиқи аҳолинишин таъсироти манфие расонида, рушди иқтисодиву фарҳангии Хуросон ва Мовароуннаҳрро хеле поён бурд.
Ҳаким Саноии Ғазнавӣ намояндаи барҷастаи адабиёти тоҷику форси ҳамон давр аст, ки бо осори пурарзиши худ аҳли суханро аз инҳисори шеъри дарборӣ берун оварда, ба ҷаҳони рангин раҳнамоӣ намуд.
Саноӣ зиндагии аҷибу ғариберо аз сар гузаронидааст, ки метавонад барои дигарон намунаи ибрат бошад. Ӯ дар Ғазнӣ таваллуд шудааст ва нисбат ба зодгоҳаш чунин гуфтааст:
Шодмон бош аз ману аз худ, ки андар назму наср,
Н-аз Хуросон чун туе зодаст, н-аз Ғазнин чу ман.
Саноӣ ба шаҳрҳои гуногуни Хуросон, монанди Балх, Ҳирот, Нишопур сафар кардааст, аммо бештари умри худро дар Сарахс гузаронидааст.
Саноӣ тақрибан солҳои 1123 ба Ғазна бармегардад ва бо хоҳиши яке аз дӯстонаш бо номи Аҳмад ибни Теша девони ашъорашро ҷамъоварӣ намуда, ба он муқаддимаи муфассале менависад.
Осори Саноӣ аз «Девони ашъор», шомили қасида, ғазалиёт, муқаттаот, рубоиёт ва таркиббанду тарҷеот; маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат», маснавии «Тариқ-ул-ҳақиқ», маснавии «Сайр-ул-ибод» иборат мебошад. Маснавии «Сайр-ул-ибод» аз лиҳози мазмун ба асари «Маҳзакаи илоҳї»-и Данте монанд аст, бинобар ин, муҳаққиқ Р. Никелсон Саноиро пешкисвати эронии Данте номидааст.
Академик Кароматулло Олимов, муҳаққиқи осор ва рӯзгори Ҳаким Саноӣ дар китоби худ бо унвони «Ҷаҳонбинии Саноӣ» менависад, ки дунёи маънавӣ ва зеҳнии Саноӣ пас аз сӣ соли ҳаёташ тамоман тағйир меёбад. Ӯ дар байни аҳли илму адаб ба мартабаи баланд расида, унвонҳои «шайх»-у «ҳаким»-ро гирифта буд. Ҳаким Саноӣ ба тарзи нав ба ҷомеаи ҳамонвақтаи хеш нигоҳ мекард. Ақидаҳои дунявии вай, ки пас аз сафарҳои мухталиф ба кишварҳои дигар дар зеҳни ӯ бедор шуда буд, муносибати ӯро бо руҳониёну аҳли тақвои замонаш ба куллӣ тағйир дод. Шоир зоҳирпарастиву зуҳду тақвои баъзе аз диндоронро мавриди танқиди шадид қарор дода, амали хушки зоҳидонро кори беҳудаву риё медонад:
Дар ҳама умр ар шабе қасд ба масҷид кунӣ,
Гарчи ба рӯю риё барканӣ аз машъала.
Моли ятимон хӯрӣ, пас чиладорӣ кунӣ,
Роҳ мазан бар ятим, даст бидор аз чила...
Дар байти дигар тоқати шоир тоқ шуда, амали тамаъкоронаи намояндагони динро аз нуктаи назари хеш куфр мешуморад:
Куфр бошад аз тамаъ пеши дари ҳар мунъиме,
Қомати озодагӣ чун ҳалқаи дар доштан.
Шоир дар шеъри дигараш ахлоқи намояндагони дини исломро, ки худро олиҳиммат ва пок нишон медиҳанд, зери тозиёнаи танқид қарор медиҳад. Ӯ дар ашъори ҷаззоби хеш ишора ба он дорад, ки фақеҳон ва диндорон фиқҳро танҳо барои рибо хӯрдан ва ҷамъ намудани мол меомӯзанд:
Умароро зи пайи зулму фасод,
Дил ба зӯру зару хайлу ҳашам аст.
Фуқаҳоро ғараз аз хондани фиқҳ,
Ҳилаи байъу рибову салам аст.
Шоир ба молу сарвати тавонгарону зоҳидон, ки аз ҳисоби меҳнати дигарон ба даст меомад, бо нафрат нигариста, ошкоро менависад, ки матоъҳои пурқимату хӯрокҳои болаззати шайху муллову ҳокимон аз обилаи дасти бечорагон аст:
Хона харидию мулк, боғ ниҳодӣ асос,
Мулк ба моли рибо, хона ба суди ғалла.
Фарши ту дар зери по атласу шаръу насиҷ,
Беваи ҳамсояро даст шуда обила.
Ӯ ҳама шаб гурсина, ту зи хӯришҳои хуб
Карда шикам чорсӯй, чун шиками ҳомила.
Ҳамчунон Саноӣ аз наздикӣ бо қориҳову зоҳидоне, ки динро барои манфиати хеш истифода мекунанд ва мефӯрушанд, парҳез карданро афзалтар мешуморад:
Маро бе хештан беҳтар, ки бошам,
Ба қурроӣ фурӯшам зуҳду томот.
Саноӣ рӯирост ба муқобили диндороне мебарояд, ки дин – хусусан «Қуръон»-ро ба манфиати худ истифода мебурданд. Онҳо аз мардум шарм надошта, охирин луқмаи даҳонашонро мегирифтанд. Худашон таълимоти диниро хуб намедонистанд, аммо кӯшиш менамуданд, ки мардумро фиреб диҳанд. Ӯ руҳониёнеро, ки аз тариқи фолбинӣ, навиштани тумор ва хондани дуо барои табобати беморон фаъолият карда, дар асл бо фиребу найранг чашми тамаъ бар кисаи мардум медӯхтанд, мазаммат намудааст:
Сохта даст мӯзаи солус,
Баҳри як ман ҷаву ду коса сабӯс...
Гоҳ гӯйӣ рафиқи ҷоҳилро,
Ё на карбосбофи коҳилро.
Ки нависам туро яке таъвиз,
Пок дор, эй ҷавон, мадор пализ.
Лек ҳадя пагоҳ мебояд,
Хуни мурғи сиёҳ мебояд.
Ин ҳама ҳила баҳри як-ду дирам,
Шом ё чошнӣ барои шикам.
Намунаи ин гуна мисолҳо, мутаассифона, дар замони муосир ҳам дида мешавад, ки баъзе содалавҳон дар доми найранги чунин фиребгарон афтода, дар натиҷа ҳам мол ва ҳам саломатии худро аз даст медиҳанд.
Аз мутолиаи «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат» бармеояд, ки Саноӣ ҷасурона чеҳраи манфур ва бадахлоқии динмадорони риёкорро фош сохта, симои воқеии онҳоро нишон медиҳад.
Саноӣ руҳониёни худписанди мутакаббиреро, ки худро олиму ориф тарошида, дар асл худ дониши кофие надошта, дигаронро ба куфр муттаҳам месохтанд, мавриди накуҳиш қарор додааст. Ҳамчунин, шоир пешвоёни диниеро, ки дониши худро барои тафриқаандозӣ байни намояндагони мазҳабҳои мухталиф истифода мекарданд, мавриди танқид қарор дода, мегӯяд, ки ба кадом мазҳабу равия мутааллиқ будани инсон аҳамияте надорад, балки арзиши инсонро дониши ӯ муайян мекунад:
Илм дорӣ, амал на, дон, ки харӣ,
Бори гавҳар барию коҳ х(в)арӣ.
Донишат ҳаст, кор бастан ку?
Ханҷарат ҳаст, саф шикастан ку?
Бӯй аз он кӯй худ наёбӣ аз он,
К-ин фалон мазҳаб асту он баҳмон.
Ту равон карда аз батар қар-қар,
К-он фалон мулҳид, он фалон кофар.
Дарнигар хоҷа дар гиребонат,
То куҷо мондааст имонат?
Шоир ба ҷойи машғул шудан ба ин даъвоҳои беасосу бепоя мардумро ба омӯзиши илму дониш тарғиб менамояд. Дар таълимоти ахлоқии Саноӣ илму маърифат тавсиф шуда, ҷаҳлу нодонӣ бадтарин хислати инсонӣ шуморида шудааст:
Ҳеҷ бадномӣ одамиро беш,
Нест аз ҷаҳлу аз залумии хеш.
Ба андешаи Саноӣ илм бояд барои тарбияи инсон, ба хислатҳои нек соҳиб шудани он хизмат кунад. Аз ин рӯ, шоир шахсонеро, ки илмро ҳамчун воситаи гирд овардани сарват ва соҳиби ҷоҳу ҷалол шудан истифода мекунанд, ба ҷоҳил баробар мекунад.
Дониш он ҷо, ки рух ба халқ орад,
Мағзи дониш ба халқ бигзорад.
Саноӣ ақлро воситаи тавоно ва раҳнамои инсон мешуморад, зеро бе ақл неку бад ва покию олудагиро ташхис карда намешавад. Ақл инсонро аз офати ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу хурофот наҷот медиҳад. Танҳо ақлу хирад одамиро ба сарманзили мақсуд расонида, ҳамеша дастгиру роҳнамои ӯст:
Кадхудои тани башар ақл аст,
Аз ҳама ҳол бохабар ақл аст.
Ҳар ки бо ақл ошно бошад,
Аз ҳама айбҳо ҷудо бошад.
Аз ҷаҳолат туро раҳонад ақл,
Ба ҳақиқат туро расонад ақл.
Ақл ҳаргиз хато наяндешад,
Бо ману ту бало наяндешад.
Волии чарху даҳр кист? – Хирад!
Олами шаръу дод чист? – Хирад!
Шоир марди оқилро ҳамеша тандурусту солим ва инсони ҷоҳилро залилу хор медонад, ки пайваста дар тамаи моли мардум аст:
Марди оқил ҳамеша тандор аст,
Марди ҷоҳил залилу ғамдор аст.
Дили ҷоҳил зи тамаъ бошад пур,
Тамаъ аз моли халқ ҷумла бибур.
Саноӣ сабру бурдбориро таблиғ намуда, инсонро ба таҳаммул ва қаноат даъват мекунад. Ӯ дар ин шеъри машҳури худ мавзуъро хело равшан ифода кардааст:
Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
Моҳҳо бояд, ки то як пунбадона з-офтоб,
Шоҳидеро ҳулла гардад ё шаҳидеро кафан.
Рӯзҳо бояд, ки то як мушти пашм аз пушти меш,
Зоҳидеро хирқа гардад ё ҳимореро расан.
Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз лутфи табъ
Олиме гардад наку ё шоире ширинсухан.
Саноӣ муътақид аст, ки инсон дар ҳар коре бояд шеваи эътидолро нигоҳ дорад, чунки эътидол кори хирадмандон ва тундгароӣ нишонаи ҷоҳилон аст:
Шаҳват асп асту хашм саг дар тан,
Муътадил дор ҳар дуро дар фан.
Мабиафзой ҳар дуро мабикоҳ,
Дор бар ҳадди эътидол нигоҳ.
Шоир ҷамолу камоли одамиро дар илму ҳилм медонад ва хашму кинаву хушунатро кори сутурон мехонад:
Илм бе ҳилм шамъи бенур аст,
Ҳар ду бо ҳам чу шаҳди занбӯр аст.
Ҳар кӣ дар хиттаи мусулмонист,
Муталошӣ чун нафси ҳайвонист.
Тавре аз байтҳои боло маълум шуд, Саноӣ аз заволи ҳувияти миллии хуросониён шикоят кардааст. Ин шоири озода ҳаргиз аз баёни ҳақиқати иҷтимоӣ ғафлат наварзида, айбу нуқсонҳои ҷомеаи худро бо ҷасорат баён кардааст. Намунаи ашъори Саноӣ, ки дар боло зикр гардид, баёнгари он нукта аст, ки ҳақиқату адолат болотар аз ақидаву ҷаҳонбинии башар қарор дошта, шоирони классикии тоҷику форс ҳамеша аз мавқеи баланди инсондӯстӣ ба ҳодисаҳои замони хеш нигоҳ карда, ситоишгари андешаҳои волои башарӣ будаанд.
Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.