
Шарқшиноси интернатсионалист
Олимону кормандони институти Шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, (Ҳоло Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ) дар баробари пажӯҳиш, нашру бозгардони адабиёт, таъриху инсоншиносӣ ва сиёсати мамолики Шарқ бо амри Ватан, Роҳабрияти вақт ва замон дар кишварҳои Афғонистон, Эрон, Покистону Ҳиндустон ба ҳайси дипломат, тарҷумон ва корманди масъул босамар кор кардаанд. Инак, олимони интернатсионалистро муаррифӣ мекунем.
Абдуллоев Раҳматулло
Раҳматулло Абдуллоев зода ва парвардаи ноҳияи Бохтар мебошад. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи рақами 26 ноҳияи Вахш гирифта аст. Солҳои 1974-1979 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) таҳсил намудааст.
Баъд аз хатми мактаби олӣ бо роҳхати Вазорати маориф ба филиали Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) ба шаҳри Қурғонтеппа ба кор фиристода шуд. Солҳои 1980-1991 дар кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ, кафедраи таърих ва иқтисоди сиёсӣ ва кафедраи фалсафа ба сифати муаллим ва муаллими калон фаъолият дошт. Ӯ солҳои 1991-1992 дар кафедраи таърихи нав ва навтарини Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба сифати коромӯз машғули тадқиқот буд. Аз моҳи октябри соли 2002 ба сифати ходими илмӣ дар шуъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ фаъолият менамояд.
Дар ин муддат аз моҳи ноябри соли 1981 то моҳи январи соли 1983 ва аз моҳи январи соли 1986 то моҳи июни соли 1988 ба сифати тарҷумон дар гурӯҳи мушовирони Шуравӣ дар Афғонистон фаъолият намудааст.
Раҳматулло Абдуллоев ба таҳқиқи мавзуи масъалаи миллӣ дар ҳаёти сиёсии Афғонистон, таъсири омили этникӣ ба низои Афғонистон ва нақши миллату қавмиятҳои ин кишвар дар ҳаёти имрӯзаи кишвари ҳамсоя машғули тадқиқоти илмӣ мебошад.
Мавзуи мазкур аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки дар тули тамоми мавҷудияти давлати Афғонистон масъалаи иштироки миллату қавмҳои ғайрипаштун дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти кишвар, саҳми онҳо дар тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти илмӣ ва фарҳангии кишвар нодида гирифта мешуд ва дар натиҷаи он намояндагони миллату қавмҳои ғайрипаштун дар фаъолияти мақомоти идораи давлат камтар саҳмгир буданд.
Соли 2006 дар нашриёти «Ирфон» рисолаи ӯ аз чоп баромад.[1] Дар рисола ба масъалаҳои вижагиҳои таърихи ташаккулёбии давлатдорӣ, таносуби миллатҳо ва қавмиятҳои асосӣ дар таркиби аҳолӣ, таъсири низои тулонӣ ба таркиби миллӣ ва саҳми миллат ва қавмиятҳои кишвар дар ҳаёти сиёсии нимаи дувуми қарни ХХ дар Афғонистон мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода шудааст.
Доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи тадқиқотӣ мақолаҳои зиёди Раҳматулло Абдуллоев дар маҷаллаҳои илмии Тоҷикистон ва берун аз он, аз ҷумла дар Маскав, Алмаато, Кобул, Бишкек ба чоп расидаанд.
Илова ба тадқиқотҳои илмӣ Раҳматулло Абдуллоев ба таҳияи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ машғул аст. Дар ҳайати гурӯҳи муаллифон муаллифон (Ҳ. Нуриддинов, Қ. Искандаров, Қ. Расулиён) то имрӯз ду китоби дарсии «Таърихи умумӣ» барои синфҳои 10 ва 11 чоп гардида, аз тарафи муаллимон ва мутахассисони соҳаи маориф баҳои баланд гирифтаанд.
Дар рафти таҳияи китобҳои дарсӣ гурӯҳи муаллифон, аз ҷумла Раҳматулло Абдуллоев бо муассисаҳои илмии хориҷ – Институти ба номи Георг Еккерт оид ба тадқиқотҳои байналмилалии китобҳои дарсӣ ҳамкории зич доранд. Дар соли 2009 Раҳматулло Абдуллоев аз рӯи ду барнома – «Ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Миёна оид ба китобҳои дарсӣ» ва «Алоқамандии низоъҳо дар Осиёи Миёна, Кавказ ва Молдова ва китобҳои дарсӣ дар давраи баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ» ба сифати коромӯз дар Институти ба номи Георг Еккерт, воқеъ дар шаҳри Брауншвейги Ҷумҳурии Федеративии Олмон машғули тадқиқоти илмӣ буд.
Раҳматулло Абдуллоев аз оғози соли 2008 то июни соли 2009 котиби илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ буда, айни ҳол фаъолияти илмиву эҷодиашро дар Энсиклопедияи миллии тоҷик идома дода истодааст. Бо медалҳои «Миннатдории мардуми Афғонистон», «Барои шуҷоати ҷангӣ» ва «Нишони фахрӣ»-и КМ Комсомоли ИҶШС сарфароз гардонида шудааст.