Калиди дари дузах аст он намоз,
Ки дар чашми мардум гузорӣ дароз.
Агар ҷуз ба Ҳақ меравад ҷодаат,
Дар оташ фишонанд саҷҷодаат.
Саъдии Шерозӣ шоир ва нависандаи барҷастаи асри ХIII-и тоҷику форс аст. Ӯ таъсири инкорнопазире ба забони тоҷикӣ-форсӣ гузошта ва осори ӯ асрҳо дар мадрасаву мактабҳо ҳамчун дастури омӯзиши забону адабиёт тадрис мешуд ва бисёре аз зарбулмасалҳои роиҷ дар забони тоҷикӣ аз осори вай иқтибос шудааст.
Муҳимтарин осори Саъдӣ «Гулистон» ва «Бӯстон» дар қолаби насру назм ва ғазалиёти шӯрангези шоир маҳсуб мешаванд. Бештари ғазалиёти Саъдӣ ошиқона ва васфкунандаи ишқи заминӣ аст. «Гулистон»-у «Бӯстон» ҳамчун китобҳои ахлоқӣ шинохта мешаванд ва илова бар тоҷикзабонони ҷаҳон, бар донишмандони ғарбӣ, аз ҷумла Волтер ва Гёте ҳам таъсир гузоштаанд. Саъдӣ ҳангоми ривояти достонҳои «Бӯстон»-у «Гулистон» ва баёни матолиби ҳакимона аз шаҳру мамолике ном мебарад, ки худ дар он ҷо ҳузур дошта, дар ҳикоёте кӯтоҳ тасвире беназир ва ё панде дилпазир аз хотироту мушоҳидоти хеш дар бораи қавму миллиятҳои мухталиф ва расму оинҳои онҳо барои мо ривоят кардааст. Вижагии хоси ҳикмату пандҳои Саъдӣ дар он аст, ки ҳамаи онҳо ҳосили мушоҳидаҳо, таҷрибаҳо ва дидаву шунидаҳои айнии худи шоиранд, ки дар тули сафари беш аз сисолаи хеш ба даст овардааст. Саъдӣ ҳудуди 700 ғазал дорад. Бисёре аз донишмандон бар ин бовар ҳастанд, ки ғазал дар ашъори Саъдӣ ба авҷи камоли худ расидааст. Аз ин рӯ, аҳли адаб ба Саъдӣ лақаби «Устоди сухан», «Подшоҳи сухан» ва «Шайхи аҷал» додаанд.
Саъдӣ солҳои 1196-1226 дар мадрасаи Низомияи Бағдод таҳсили илм намудааст. Ӯ баъди хатми мадраса дар Осиёи Сағир, Барбария, Ҳабашистон, Миср, Шом (Сурия), Фаластин, Арабистон, Ҳиҷоз ва Ҳиндустону Кошғар сафарҳои дуру дарозе намуда, баъд аз ғурбату сарсониҳои зиёд ба Шероз баргаштааст:
Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.
Таматтуъ зи ҳар гӯшае ёфтам,
Зи ҳар хирмане хӯшае ёфтам.
Чу покони Шероз хокиниҳод,
Надидам, ки раҳмат бар ин хок бод!
Шоир то баргаштан ба зодгоҳаш асарҳои гуногун ба шакли пароканда навишта, пас аз бозгашт ба Шероз ба ҷамъоварии навиштаҳои худ машғул шуда, дар давоми ду сол аввал «Бӯстон» ва баъд «Гулистон»-ро таълиф кард.
Ӯ дар баробари васфи зебоиҳои табиат, ишқу муҳаббати воқеии инсонӣ, аҳли зуҳду тақвои иртиҷоиро мавриди интиқод қарор додааст.
Саъдиро манфиатҷӯйӣ ва худро дар хизмати халқ ба қалам додани зоҳидон, обидон ва шайхон водор намудааст, ки симои ҳақиқии онҳоро, ки ба рӯяшон ниқоби динро кашидаанд, мавриди интиқод қарор диҳад. Ин маъниро, ки муллоҳои иртиҷоӣ мардумро ба тарки дунё даъват карда, худашон молу мулк ҷамъ мекунанд, Саъдии Шерозӣ дар ҳикояте равшан баён кардааст.
«Фақеҳе падарро гуфт:
– Ҳеҷ ин суханони диловези мутакаллимон дар ман асаре накунад, ба иллати он ки намебинам эшонро кирдоре мувофиқи гуфтор.
Маснавӣ:
Тарки дунё ба мардум омӯзанд,
Хештан симу ғалла андӯзанд.
Олимеро, ки гуфт бошаду бас,
Ҳар чи гӯяд, нагирад андар кас.
Олим он кас бувад, ки бад накунад,
На бигӯяд ба халқу худ накунад».
Саъдии Шерозӣ, ки худ марди поксиришт буд, макр ва сохтакории шайхҳоро ифшо карда, ҷаҳолати ин тоифаро ба намоиш гузоштааст:
«Обидеро подшоҳе талаб кард. Обид андешид, ки доруе бихӯрам, то заиф шавам, магар эътиқод дар ҳаққи ман зиёдат кунад. Овардаанд, ки дору қотил буд, бихӯрд ва бимурд.
Қитъа:
Он ки чун писта дидамаш ҳама мағз,
Пӯст бар пӯст буд ҳамчу пиёз.
Порсоёни рӯй дар махлуқ,
Пушт ба қибла мекунанд намоз».
Дар ҳикояҳои Саъдӣ обидоне тасвир ёфтаанд, ки баробари расидани имконияти аввалин зуҳду тақворо фаромӯш карда, айшу ишратро пеша мекунанд.
Саъдӣ кӯшиши ба даст даровардани ризқро зарур дониста, дастрасӣ ба рӯзиро натиҷаи ҷидду ҷаҳд ва ақлу тадбири инсонӣ медонад:
Ризқ агарчанд бегумон бирасад,
Шарти ақл аст ҷустан аз дарҳо.
Гарчи кас бе аҷал нахоҳад мурд,
Ту марав дар даҳони аждарҳо.
Рӯзгори Саъдӣ дар замоне сипарӣ мешуд, ки пас аз фитнаи муғул дар Мовароуннаҳру Хуросон бозори мазҳабу таассуб ба шиддат гарм буда, баҳсҳои фирқаӣ байни ҳанафиҳо, шофеиҳо, ашоара ва муътазила бисёр доғ буд.
Насиҳати дигари Шайхи бузург барои ояндагон хештандорӣ ва таҳаммулпазирӣ дар баробари дину ақоиди бегона аст. Пири ҷаҳонгарди мо дар боби ҳаштуми «Бӯстон» дар ин маврид чунин қисса мекунад:
Буте дидам аз оҷ дар Суманот,
Мурассаъ чу дар ҷоҳилият манот.
Ва бутпарастон мураттаб ба зиёрати он бут меомаданд ва аз ӯ барои рафъи мушкилоти хеш мадад меҷустанд. Саъдӣ ба бараҳмане аз он дайр, ки муддате ҳамҳуҷра будаанд, назари худро дар бораи ботил будани ин амал баён кардааст:
Муғеро, ки бо ман сару кор буд,
Накугӯю ҳамҳуҷраву ёр буд.
Бараҳмани ҳамҳуҷраи Саъдӣ аз ин гуфтори вай хашмгину нороҳат шуда, дигар бараҳманонро алайҳи ӯ мешӯронад ва ҷони Саъдӣ дар хатар қарор мегирад. Саъдӣ барои раҳоӣ аз ин вазъият чорае намебинад, магар ин ки аз роҳи мадоро бо онҳо дар гуфтугӯ шавад ва ҳатто бути мавриди парастиши ононро ситоиш кунад:
Фурӯ мондам аз чора ҳамчун ғариқ,
Бурун аз мудоро надидам тариқ.
Ба ҳамин тартиб, Саъдии ҷаҳонгашта ва гарму сарди рӯзгорро чашида, аз роҳи мадоро ва таҳаммулпазирӣ ҷони худро аз шарри бараҳманон наҷот медиҳад.
Дар рӯзгори Саъдӣ таассуб дар афкори мардуми Мовароуннаҳру Эрону Арабистон ҳукмфармо буда, уфуқи илму дониш ва адабиётро торикии хурофот пӯшида буд. Шоир дар чунин як давраи сиёҳе мардумро бо суханони ҳикматбораш ба мубориза барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ даъват мекунад, ки ин кор «шарти ақл» аст. Ба иборати дигар, Саъдӣ касеро, ки гуфтаҳои заҳролуди руҳониёни иртиҷоиро шунида, сарнавишти худро ба дасти қазо супурда, ба шиорҳои хонахаробкунандаи «ҷаҳони фонӣ гузарон аст» ва ё «дунё зиндони муъминон ва ҷаннати кофирон аст» амал намояд, инсони дур аз ақли салим медонад.
Муаллими ахлоқ ҷасурона замонаи худро дар ашъораш мавриди интиқод қарор дода, дар бадали он чизе тамаъ надорад. Рӯзгор ва замонае, ки зоҳидону порсоёни риёӣ, дарвешони авомфиреб, ҳокимони ҷаббор, қозиёни ришватхор, олимони беамал, мардумони найрангбозу муздур бо зоҳири инсонӣ ба мардум ситам раво дошта, аз дастранҷи онҳо танпарварӣ менамуданд, ба воситаи танзу ҳаҷви газандаи Саъдӣ ошкору фош мешуданд:
Далер омадӣ, Саъдиё, дар сухун,
Чу теғат ба даст аст, коре бикун.
Бигӯ он чи донӣ, ки ҳақ гуфта беҳ,
На ришваситонию на ришвадеҳ!
Тамаъ банду дафтар зи ҳикмат бишӯй,
Тамаъ бигсалу ҳар чӣ донӣ, бигӯй!
Аз ин нуқтаи назар, ӯ золимони худсар, руҳониёни мутаассиб ва фиребгарро нишони тири танқиди хеш қарор медиҳад.
Чунончи мефармояд: «Ҳама касро дандон ба туршӣ кунд гардад, магар қозиёнро, ки ба ширинӣ».
Саъдӣ дар як ҳикояти кӯтоҳу пурмазмуни «Гулистон», воқеияту ҳақиқати шайхону суфиёни пашминапӯши рӯзгори хешро тасвир кардааст:
«Якеро аз машоих пурсиданд, ки ҳақиқати тасаввуф чист? Гуфт: Аз ин пеш тоифае дар ҷаҳон пароканда буданд ба сурат ва ба маънӣ ҷамъ, акнун қавме ҳастанд, ба сурат ҷамъу ба маънӣ пароканда...»
Дар адабиёти классикии тоҷик аз шаҳнаву муҳтасибу қозӣ ва нақши онҳо дар қаламрави ҳукуматҳои динӣ, ҷиҳати иҷрои аҳкоми шаръӣ ҳикояту ривоятҳои бисёре нақл шудааст. Саъдӣ низ монанди дигар шоирон дар адабиёти классикӣ аз кору кирдор, зулму ситами ноҳақ, ришватхорӣ ва фисқи пинҳону ошкори онҳо сухан рондааст:
«Шоҳ аз баҳри дафъи ситамгорон аст ва шаҳна барои хунхорону қозӣ маслиҳатҷӯи тарророн. Ҳаргиз ду хасми ба ҳақ розӣ пеши қозӣ нараванд.
Қозӣ, ки ба ришват бихӯрад панҷ хиёр,
Собит кунад аз баҳри ту даҳ харбузазор».
Дар ашъори Саъдӣ динфурӯшоне, ки бар аъмоли худ номи аҳкоми шаръӣ ниҳода, усули динро ба суди худ ва тибқи тақозои ҳавову ҳавасҳои дунявии хеш таъбиру тафсир мекарданд, аз ҷониби шоир танқид шудаанд:
Калиди дари дузах аст он намоз,
Ки дар чашми мардум гузорӣ дароз.
Саъдӣ дар ҳикояти панҷуми боби дувуми «Гулистон» риёкории ин тоифаро чунин тасвир кардааст: «Тане чанд аз равандагон муттафиқи сайёҳат буданд, то ин ки дузди бетавфиқ ибриқи рафиқ бардошт, ки ба таҳорат меравам ва худ ба ғорат мерафт:
Порсо бин, ки хирқа дар бар кард,
Ҷомаи каъбаро ҷули хар кард».
Ҳаромхорӣ, шикампарастӣ, дурӯғгӯйӣ ва дигар сифатҳо, ки барои ҳамаи инсонҳо баду зишт ҳастанд, агар дар табақаи руҳонӣ, ки худро парчамдори дин медонанд, мушоҳида шавад, нафратовартар аст.
Саъдӣ дар ҳикояти «Гулистон» намунае аз ин гуна зоҳидонро нишон медиҳад: «Обидеро ҳикоят кунанд, ки шабе даҳ ман таъом бихӯрдӣ ва то саҳар хатме бикардӣ. Соҳибдиле бишниду гуфт: Агар ним ноне бихӯрдӣ ва бихуфтӣ, бисёр аз ин фозилтар будӣ.
Андарун аз таъом холӣ дор,
То дар ӯ нури маърифат бинӣ.
Тиҳӣ аз ҳикматӣ ба иллати он,
Ки пурӣ аз таъом то бинӣ».
Шоир дар осори худ зиракона зоҳидони тамаъкор ва воизони беҳудагӯро ҳаҷву мазаммат кардааст:
Зоҳид, ки дирам гирифту динор,
Зоҳидтар аз ӯ касе ба даст ор.
Саъдӣ ҷойи дигар аз зоҳидоне, ки ба василаи дастору риш эҳсоси худписандӣ мекунанд, чунин ёд мекунад:
Кас аз сарбузургӣ набошад ба чиз,
Каду сарбузург асту бемағз низ.
Маяфзой гардан ба дастору риш,
Ки дастор пунбасту сиблат ҳашиш.
Дар андешаи Саъдӣ дар назди Худованд мақоми авоми парҳезгор аз донишмандони риёкор бартар мебошад, зеро агар аз авом хатое содир шавад аз сари нофаҳмӣ аст, аммо донои риёкор дониста хатову гуноҳ мекунад:
Омми нодони парешонрӯзгор,
Беҳ зи донишманди нопарҳезгор.
К-он ба нобиноӣ аз роҳ уфтод
В-ин ду чашмаш буду дар чоҳ уфтод.
Саъдии хирадманд дар идома тинату сират ва чеҳраи воқеии намояндагони риёкори динро бештар фош намуда, онҳоро барои динфурӯшӣ ба хотири ба даст овардани як луқмаи нон сахт накӯҳиш кардааст:
Ки зинҳор аз ин каждумони хамӯш,
Палангони даррандаи суфпӯш.
Ки чун гурба зону ба дил барниҳанд
В-агар сайде афтад, чу саг дарҷаҳанд.
Сӯйи масҷид оварда дукони шайд,,
Ки дар хона камтар тавон ёфт сайд.
Раҳи корвон шермардон зананд,
Вале ҷомаи мардум инон кананд.
Зиҳӣ ҷавфурӯшони гандумнамой,
Ҷаҳонгарди шабкуки хирмангадой.
Мабин дар ибодат, ки пиранду суст,
Ки дар рақсу ҳолат ҷавонанду чуст.
Чаро кард бояд намоз аз нишаст,
Чу дар рақс барметавонанд ҷаст?
На парҳезгору на донишваранд,
Ҳамин бас, ки дунё ба дин мехаранд.
Саъдӣ дар баробари зоҳидони риёкор аз ҳоҷиёни бемаърифат низ ғофил намемонад ва дар боби ҳафтуми «Гулистон» сафари онҳоро ба Макка шарҳ дода, бо истифода аз истилоҳоти шатранҷ ва ташбеҳ ба ҳайвонот ба истеҳзо ва накӯҳиши онҳо мепардозад:
Аз ман бигӯй ҳоҷии мардумгазойро,
К-ӯ пӯстини халқ ба озор медарад.
Ҳоҷӣ ту нестӣ, шутур аст, аз барои он-к,
Бечора хор мехӯраду бор мебарад.
Ӯ узлату канорагирӣ аз ҷомеаро рад карда, муносибату муоширатро барои пок кардани ақлҳо амре зарурӣ дониста, ибодати мутлақу таассуби хушкро кори ғайриақлонӣ донистааст:
Тариқат ба ҷуз хидмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.
Ба ҳамин тартиб, ҳамнишинии шайх Саъдӣ бо ашхоси гуногун ва тааммул дар рафтору хулқу атвори онҳо сабаб шуда, ки вай чун ҷомеашиноси резбину дақиқкор дар осори худ тасвири интиқодӣ дар пардаи ҳаҷву танз аз ҷомеаи хеш пешниҳод намуда, ҳамчун пири хирадманд барои ислоҳи рӯзгори худ кӯшиши фаровон ба харҷ додааст.
Саъдӣ ба ҳамаи халқи ҷаҳон яксон меҳр меварзид. Ӯ мунодии сулҳу башардӯстӣ буд. Дар андешаи шоир «банӣ одам аъзои як пайкар» ва «дар офариниш аз як гавҳаранд», аз ин рӯ каромату озодии инсон барояш аҳаммияти фаровон дорад. Ниҳояти орзуи Саъдӣ, чунонки аз осораш бармеояд, тафоҳум миёни миллатҳо ва аз байн рафтани хусуматҳову кудуратҳо буда, дар ин арса бо эҳсоси масъулият ва ғамхорӣ амал намуда, ба давлатмардону муслеҳони даврони хеш панду насиҳатҳои судманд додааст. Ҳамин муҳаббати беандозаи Саъдӣ ба инсоният буд, ки номаш дар зумраи дурахшонтарин чеҳраҳои адабии ҷаҳон қарор гирифтааст.
Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.