Убайди Зоконӣ соли 1270 дар деҳаи Зокон, дар наздикии шаҳри Қазвин таваллуд шудааст. Номи ифтихории ӯ Низомиддин буд, ба ин далел дар бисёри сарчашмаҳо мо ба Низомиддин Убайди Зоконӣ вомехӯрем.

        Қисми зиёди зиндагӣ ва фаъолияти адабии худро Убайди Зоконӣ дар Шероз гузаронидааст. Убайд баъд аз таҳсили илм дар Шероз ба Қазвин баргашта, ба вазифаи қозӣ таъйин мешавад ва ҳамчунон ба тарбияи фарзандони шахсиятҳои машҳури давраш мепардозад. Баъд аз вафоти Шайх Абуисҳоқ Убайд ба Бағдод рафта, бо Салмони Соваҷӣ, ки шоири маъруфи дарбор буд, вомехӯрад ва ба дарбори Султон Увайси Ҷалоир ба хидмат мепардозад. Дар ибтидо Убайд дар ҳаққи шоҳ мадҳия сароида бошад ҳам, ҷасорату забони тезу буррояш ва ба ҷоҳу мол бетаваҷҷуҳ будани шоир имкони зиёди дар дарбор будани ӯро намедиҳад.

         Назар ба маълумоти сарчашмаҳо Убайди Зоконӣ умри дароз дида, осори зиёди назмиву насрӣ мерос гузоштааст. Аммо на ҳамаи осори ӯ то замони мо омада расидаанд. Новобаста аз он ки қисми ками осори шоири ҳаҷвнигор боқӣ мондааст, он аз шоири забардасту нависандаи чирадаст будани ӯ шаҳодат медиҳад ва дар онҳо вазъи даврони пур аз шӯри замони ҳукмронии муғулҳо дар Эрон ва Осиёи Марказӣ инъикос ёфтааст.

       Ростгӯиву ростқавлӣ ва ҳаҷвияҳои тунду тези Убайди Зокониро аҳли дарбор, ҳокимони шариатпаноҳ, руҳониён ва шайху зоҳидони худпараст таҳаммули шунидан надоштанд. Аммо офаридаҳои Убайди Зоконӣ ба дили мардуми шаҳру деҳот роҳ ёфта, худи ӯ ба яке аз адибони маҳбуб ва дӯстдоштатарини мардум табдил ёфта буд. Навиштаҳои Убайди Зоконӣ ба забони мардум ва бо шеваи баёни одӣ аз рӯзгори сахту зиндагии вазнини халқи заҳматкаш дар замони ҳукмронии Элхонӣ қисса мекунанд.

         Убайди Зоконӣ бо таваҷҷуҳ ба нафрате, ки мардум ба шахсияти шайхони риёкор доштанд, менависад, агар дар «он дунё» ҷойи шайх дар ҷаннат бошад, мардум аз нафрат ва азоби суҳбати ӯ дӯзахро беҳтар медонанд:

 

Гар туро дар биҳишт бошад ҷой,

Дигарон дӯзах ихтиёр кунанд.

 

Убайди Зоконӣ арбобони дин, хусусан воизонро, ки ақидаҳои динӣ ва шариати исломро тарғиб кардаву амалашон хилофи гуфторашон аст, мавриди танқид қарор дода, дар рисолаи «Даҳ фасл» мегӯяд: Ал-воиз, он ки гӯяду накунад.

 Дар ҳикояти дигар, шоир нодонӣ ва шаклу шамоили хунуку қавли бетаъсири воизонро низ масхара кардааст:

 «Воизе бар минбар сухан мегуфт. Шахсе аз маҷлисиён сахт гиря мекард. Воиз гуфт:

– Эй маҷлисиён, сидқ аз ин мард биёмӯзед, ки ин ҳама гиря ба сӯз мекунад!

 Мард бархост ва гуфт:

  •  Мавлоно, ман намедонам, ки ту чӣ мегӯӣ. Аммо бузаке сурх доштам, ришаш ба риши ту мемонд. Дар ин ду рӯз сақат шуд. Ҳар гоҳ ту риш меҷунбонӣ, маро аз он бузак ёд меояд ва гиря бар ман ғолиб мешавад».

 Убайди Зоконӣ мисли дигар шоирони ҳамзамонаш муаззинҳои кундзеҳну ҷоҳилро, ки овози нофораму нохуш доштанд, бо истеҳзо чунин сарзаниш кардааст:

«Муаззине бонг мегуфту медавид. Пурсиданд, ки чаро медавӣ? Гуфт: Мегӯянд, ки овози ту аз дур хуш аст. Медавам, то овози худро аз дур шунавам». Бинобар он, шоир аз овози бади муаззин дур истоданро тавсия кардааст: «Дар кӯчае, ки манора бошад, висоқ магиред, то аз дарди сари муаззинони бадовоз эмин бошед».

Убайди Зоконӣ дар рисолаи «Ахлоқ-ул-ашроф» дар бораи он ки ин гурӯҳ дар ҷамъият зиёдатианд, қиссаи аҷиберо аз замони истилои муғул овардааст: «Дар таворихи муғул ворид аст, ки Ҳалокухон чун Бағдод мусаххар шуд, ҷамъеро, ки аз шамшер бозмонда буданд, бифармуд то ҳозир карданд. Ҳоли ҳар қавме боз пурсид. Чун ба аҳволи маҷмуъ воқиф гашт, гуфт: Аз муҳтарифа ногузир аст. Эшонро рухсат дод, то ба сари кори худ рафтанд. Туҷҷорро моя фармуданд, то аз баҳри ӯ бозаргонӣ кунанд..., қузот ва машоих ва суфиён ва ҳоҷиён ва воизон ва муаррифон ва гадоён ва қаландарон... ва қиссахононро ҷудо кард ва фармуд, ки инон дар офариниш зиёдатианд ва неъмати Худо ба зиён мебаранд. Ҳукм фармуд, то ҳамаро дар шат ғарқ карданд ва рӯйи заминро аз хубси ишон пок кард...»

Убайди Зоконӣ дар рисолаи «Сад панд» ба таври танзомез шарҳи истилоҳот ва тавзеҳи унвонҳои мазҳабӣ ва ҳокимони замонро овардааст: «ал-қозӣ – он ки имон надорад; ал-вакил – он ки ҳақ ботил гардонад; ал-хатиб – хар; ал-воиз – он ки бигӯяду накунад; ал-рӯбоҳ – мавлоношакле аз мулозими умаро ва хонин бошад; ас-суфӣ – муфтхор; ал-ҳоҷӣ – он ки дурӯғ ба каъба хӯрад; ал-имом – намозфурӯш» ва ғайра.

 Тавре дидем, руҳониёну муллоҳои риёкор ва бадкеш дар асарҳои шоир ҳамчун симоҳои манфӣ тасвир ёфтаанд. Убайди Зоконӣ ба онҳо хислатҳои ҳайвонӣ, беимонӣ, ноинсофӣ ва бедиёнатӣ, ҳайвонтабиатӣ, ваъдахилофӣ, хушомадгӯйӣ, муфтхӯрӣ, дурӯғгӯӣ ва ғайраро нисбат додааст. Аз ҷумла, агар дар рисолаи «Даҳ фасл» хатибро бетамизу ҷоҳил ва хар номида бошад, дар рисолаи «Дилкушо» нодониву беилмии ӯро фош кардааст:

«Шахсе аз хатибе савол кард, ки вас-самои зот-ил-ҳубук чӣ маънӣ дорад? Гуфт: ҳама кас донанд, ки само замин бошад ва зот ҳам он чизаке бошад. Ҳубук на ман донам ва на ту ва на он ки ин гуфтааст».

 Зоконӣ дар як ҳикояи дигараш менависад: «Хоҷа шайхеро ба меҳмонӣ бурд ва ба сари ниҳолӣ шинонд. Диноре чанд дар зери ниҳолӣ буд. Хоҷа зар талаб мекард, наёфт. Шайх гуфт: аз ҳозирон ба ҳар касе, ки гумон мебарӣ бигӯ, то аз ӯ талаб дорем. Хоҷа гуфт: эй шайх, ман ба ҳозирон гумон мебарам ва ба шумо яқин».

 Дар латифаи зерин Убайди Зоконӣ суфии дуздеро тасвир кардааст, ки дар боғоҳои деҳқонон мисли ҳайвонҳои мевахӯр дуздӣ мекард:

«Шахсе дар боғи худ рафт, суфӣ ва хирсеро дар боғ дид. Суфиро мезад ва хирсро ҳеҷ нагуфт. Суфӣ гуфт: эй мусулмон, ман охир аз хирс камтар нестам, ки маро мезанӣ ва хирсро намезанӣ. Гуфт: хирси мискин мехӯрад ва ҳамин ҷо пас меафканад, ту мехӯрӣ ва мебарӣ».

Ӯ дар ин латифа дар муқоисаи суфӣ ва хирс суфиро дар мартаба аз ҳайвон пасттар шуморидааст.

Зоконӣ дар китоби «Ахлоқ-ул-ашроф» дар боби садоқат хислатҳои ношоиста – дурӯягӣ хушомадгӯӣ, манфиатпарас- тӣ, ба ҷараёни об нигоҳ карда, ҳамчун замонасоз амал кардани намояндагони синфи ҳоким, алалхусус руҳониёнро фош карда, сурати хандаовари онҳоро эҷод кардааст:

«Бузургони мо мефармоянд, ки (сидқ) ... моддаи хусумат ва зиёнзадагӣ аст. Ҳар кас, ки ваҷҳи наҷҳи сидқ варзад, пеши ҳеч кас иззате наёбад. Мард бояд, ки то тавонад пеши махдумон ва дӯстон хушомад ва дурӯғ ва сухан ба риё гӯяд... Ҳар чи ба муроди мизоҷи мардум рост ояд, он дар лафз орад. Масалан, агар бузурге дар ними шаб гӯяд, ки инак намози пешин аст, дарҳол пеш ҷаҳад ва гӯяд, ки рост фармудӣ, имрӯз бағоят офтоб гарм аст ва дар таъкиди он савганд ба Мусҳаф ва се талоқи зан ёд кунад. Агар дар суҳбат муханнас пири мумсики зиштсурат бошад, чун дар сухан дарояд, ӯро паҳлавони замону дурусти ҷаҳон ва навхостаи Ширину Юсуфи Мисрӣ ва Ҳотами Тоӣ хитоб кунад, то аз ӯ зар ва неъмат ва хилъат ва мартабат ёбад ва дӯстии он кас дар дили ӯ мутамаккин[] шавад... Ва агар бедиёнате гувоҳӣ ба дурӯғ диҳад, сад навъ бад-ӯ ришват диҳанд ва анвоъ риоят кунанд, то он гувоҳӣ бидиҳад. Чунончи имрӯз дар билоди ислом чандин ҳазор одамӣ аз машоих ва фуқаҳо ва адул ва атбои эшон сармояи маош аз ин ваҷҳ аст ва мегӯянд:

 

 Дурӯғе, ки ҳоли дилат х(в)аш кунад,

 Беҳ аз росте, к-ат мушавваш кунад».

 

Убайди Зоконӣ ҷойи дигар рафтори авомфиребонаи зоҳидонро маҳкум карда, таъкид менамояд, ки ба шайхҳо бовар накунед: Сухани шайхон бовар макунед, то гумроҳ нашавед ва ба дӯзах наравед:

 

 Марав ба ишваи зоҳид зи раҳ, ки ӯ доим

 Фиреби мардуми нодон бад-ин фасона кунад.

 

 Шоир дар зери «каромот»-и «намозхонӣ»-и гурба пинҳон будани макру фиреби руҳониёнро дар достони «Мушу гурба»-и худ чунин ба риштаи тасвир кашидааст:

 

Гурба он мушро бикушту бихӯрд,

Сӯйи масҷид бишуд хиромоно.

Дасту рӯйро бишусту масҳ кашид,

Вирд мехонд ҳамчу муллоно:

«Бор илоҳо, ки тавба кардам ман,

Надарам мушро ба дандоно.

Баҳри ин хуни ноҳақ, эй Халлоқ,

Ман тасаддуқ диҳам ду ман ноно».

Он қадар лоба карду зорӣ кард,

То ба ҳадде, ки гашт гирёно...

Мушаке буд дар паси минбар,

Зуд бурд ин хабар ба мушоно:

Муждагонӣ, ки гурба тоиб шуд,

Зоҳиду обиду мусулмоно.

Буд дар масҷид он сутудахисол,

Дар намозу ниёзу афғоно...

 

Хурофоти динӣ дар ҳар давру замон мардумро гумроҳ месохт. Шоир ба муқобили ҳама гуна хурофот рӯирост баромада, мардумро ба он даъват мекунад, ки ба афсунгариву фолбинӣ ва соҳирӣ бовар накунанд. Зеро ҳеҷ як бемор ба ин васила табобат намешавад. Ӯ дар як ҳикояи лутфомезаш менависад:

«Ҳоҷие дар қаҳтсолӣ гурусна ба деҳе расид. Шунид, ки раиси деҳ ранҷур аст. Он ҷо рафт. Гуфт: ман марди табибам. Ӯро пеши раиси деҳ бурданд. Иттифоқан, дар хонаи эшон нон мепухтанд. Гуфт: илоҷи ӯ он аст, ки як ман равған ва як ман асал биёред. Биёварданд. Дар коса кард ва ноне чанд гарм дар он ҷо шикаст, як луқма бармедошт ва гирди сари бемор мегардонид ва бар даҳони худ мениҳод, то тамом бихӯрд. Гуфт: имрӯз ин қадар муолиҷат тамом бошад то фардо.

 Чун аз хона берун омад, раис дарҳол бимурд. Ӯро гуфтанд: и чӣ муолиҷа буд, ки ту кардӣ? Гуфт: ҳеч магӯ, шаб агар ман нон намехӯрдам, пеш аз ӯ аз гуруснагӣ мемурдам».

Мутаассифона, имрӯз ҳам мардум ба доми фиреби соҳирону фолбинҳо ва ҷодугарон меафтанд. Бадтар аз ҳама, гоҳо ашхоси босавод низ ба афсунгарии онҳо дода шуда, маблағи зиёдеро низ сарф мекунанд.

Шоир ин тоифаи хирқапӯшу фиребгарро мазаммат намуда, мардумро ба озодагию озодандешӣ даъват кардааст:

 

 

Мангар ба ҳадиси хирқапӯшон,

Он сахтдилону сусткӯшон.

Овехта сабҳашон ба гардан,

Ҳамчу ҷарас аз дарозгӯшон.

Аз банди риёву зарқ бархез,

Бо соданишину боданӯшон.

Мафрӯш ба мулки ҳар ду олам,

Хоки сари кӯйи майфурӯшон.

Дар боғ чи хуш бувад саҳаргоҳ,

Мо сархушу булбулон хурӯшон.

Мутриб ғазали Убайд бархон,

Дил бурда зи дасти тезҳушон.

 

Ба ҳамин тартиб, Убайди Зоконӣ, ки дар даврони ҳукуматдории Ҷалоириён, Музаффариён ва Темуриҳо зиндагӣ кардааст, муҳити номусоиди он рӯзгор ва фасоди сиёсӣ, алхоқӣ ва иқтисодиеро, ки боиси ривоҷи табоҳӣ дар ҷомеа гардида буд, танқиду мазаммат намудааст. Аз тарафи дигар, авҷ гирифтани ихтилофоти мазҳабӣ байни шиаву суннӣ, ҷангу ҷидоли ақидатӣ, равнақ гирифтани бозори хурофоту ривоёти дурӯғин, зоҳирбинӣ ва сатҳинигарии намояндагони дин вазъияти иҷтимоии мардумро ба сарҳади нобудӣ расонида буд. Ин ҳама дар рисолаву ашъори Убайди Зоконӣ бо ҷуръат ва бо баёни танзомез инъикос ёфтааст.

 

Намунаҳо аз эҷодиёти Убайди Зоконӣ

 

Ҳикоят

Ҳоҷӣ бар деҳе расид ва гурусна буд. Аз хона овози таъзияте шунид. Он ҷо рафт. Гуфт: шукрона бидиҳед, то ман ин мурдаро зинда созам. Касони мурда ӯро хидмат ба ҷой оварданд. Чун сер шуд, гуфт: маро бар сари ин мурда баред. Он ҷо бирафт, мурда бидид. Гуфт: ин чикора буд? Гуфтанд: Ҷулоҳа[2]. Ангушт дар даҳон кард ва гуфт: оҳ, дареғ, агар ҳар каси дигаре, ки будӣ, дарҳол зинда боистӣ кард, аммо мискин ҷулоҳа чун мурд, мурд.

 

Ҳикоят

Зани бадшакл чашмҳои ниҳоят хуш дошт. Рӯзе аз шавҳар шикоят ба қозӣ бурд. Қозӣ шоҳидбоз буд, чашмони ӯ хуш омад, тамаъ дар ӯ баст. Чун шавҳарро ҳозир карданд, қозӣ тарафи зан гирифт. Шавҳар дарёфт, чодар аз сари зан даркашид. Қозӣ чун рӯяш бидид, сахт мутанаффир шуд. Гуфт: Бархез, эй занак, ки чашмҳои мазлумон дориву рӯйи золимон, ҳақ бар тарафи шавҳар аст.

 

Ҳикоят

Шахсе ба мазоре расид. Гӯре сахт дароз дид. Пурсид: ин гӯри кист?

Гуфтанд:

  • Аз они аламдори расул.

Гуфт:

  • Магар бо аламаш дар гӯр карданд?

 

Ҳикоят

 Мавлоно Шарафуддини Домғонӣ бар дари масҷиде мегузашт. Ходими масҷид сагеро дар масҷид печида буд ва мезад. Саг фарёд мекард. Мавлоно дари масҷид бикушод, саг ба дар ҷаст. Ходим бо Мавлоно дар моҷаро омад, ки чаро дари масҷид кушодӣ. Ман мехостам, ки сагро бисёр бизанам, то дигар ин ҷо наояд.

 Мавлоно гуфт:

  •  Эй ёр, ман, ки ақл дорам, ҳаргиз маро дар ин масҷид мебинӣ?!

 

Ҳикоят

Шахсеро дар понздаҳи рамазон бигрифтанд, ки ту рӯза хӯрдаӣ.

Гуфт:

– Аз рамазон чанд рӯз гузаштааст?

Гуфтанд:

–Понздаҳ рӯз.

Гуфт:

– Чанд рӯз мондааст?

Гуфтанд:

  • Понздаҳ рӯз.

Гуфт:

  •  Мани мискин аз ин миён чӣ хӯрда бошам?

 

Ҳикоят

Шахсе хона ба кироя гирифта буд. Чӯбҳои сақфаш бисёр садо мекард. Ба худованди хона аз баҳри мараммати он  сухан  бикушод.

 Посух дод, ки чӯбҳои сақф зикри Худованд мекунанд.

 Гуфт:

  • Нек аст, аммо метарсам, ин зикр мунҷар бо суҷуд нашавад.

 

Ҳикоят

Бузургеро аз акобир, ки дар сарват Қоруни замони худ буд, аҷал даррасид. Умед аз зиндагонӣ қатъ кард. Ҷигаргӯшагони худро, ки тифлони хонадони «карам» буданд, ҳозир кард.

Гуфт:

  • Эй, фарзандон! Рӯзгоре дар касби мол заҳматҳои сафар ва ҳазар кашидаам ва ҳалқи худро ба сарпанҷаи гуруснагӣ фишурда, то ин чанд динор захира кардаам. Зинҳор аз муҳофизати ин ғофил мабошед ва ба ҳеҷ ваҷҳ дасти харҷ бад-он маёзед ва яқин донед, ки

  

  Зар азиз офаридааст Худой,

  Ҳар кӣ хораш накард, хор нашуд.

 

Агар касе ба шумо сухан гӯяд, ки падари шуморо дар хоб дидам, биринҷ ва ҳалво мехоҳад, зинҳор ба макри ӯ фирефта машавед, ки он ман нагуфта бошам ва мурда чизе нахӯрад.

 Агар ман худ низ дар хоб ба шумо намоям ва ҳамин илтимос кунам, бад-он илтифот набояд кард, ки онро изғосу аҳлом хонанд. Бошад он дев намояд. Ман он чӣ дар зиндагӣ нахӯрда бошам, дар мурдагӣ таманно накунам.

 Ин бигуфт ва ҷон ба хизонаи молики дӯзах супурд.

 

       Аз рисолаи «Даҳ фасл»:

Ал-қозӣ – он ки ҳама ӯро нафрин кунанд.

Ноиб-ул-қозӣ – он ки имон надорад.

Ал-вакил – он ки ҳақро ботил гардонад.

Чашми қозӣ – зарфе, ки ба ҳеҷ чиз пур нашавад.

Ал-хатиб – хар.

Ал-воиз – он ки бигӯяд ва накунад.

Аш- шайх – иблис.

Ан-надим – хушомадгӯй.

Ал-ҷаҳиш – шайхзода.

Ат-талбис – калимоте, ки дар боби дунё гӯянд.

Ал-васваса – он чи ки дар боби охират гӯянд.

Ал-ҳоҷӣ – он ки савганди дурӯғ дар каъба хӯрад.

Ал-аттор – он ки ҳамаро бемор хоҳад.

 

Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.