Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,

Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.

 

         Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (1315-1390) аз бузургтарин шоирони ғазалсарои асри ХIV тоҷику форс ва яке аз суханварони номии ҷаҳон аст. Ӯ аз муҳимтарин таъсиргузорон бар шоирони пас аз худ шинохта шудааст. Ҳофиз илму фанро дар маҳфили дарси устодони замони худ фаро гирифт ва дар шеъру адаб ба пояи баланд даст ёфт. Девони ашъори ӯ аз ғазалиёт, қасида, маснавӣ ва рубоиёт иборат аст. Ҳофиз ҳудуди 500 ғазали дилангез суруда, ки то кунун беш аз 400 бор ба забонҳои гуногуни ҷаҳон ба нашр расидаанд. Ҳофиз ғазали Мавлоно ва Саъдиро ба ҳам пайванд дода, байтҳои дурахшон, мустақил ва хушмазмуне офаридааст.

       Вақте Иоҳан Гёте дар тақлиди Ҳофиз «Девони Ғарбию Шарқӣ»-и худро эҷод кард, рӯзномаҳои Ғарб Гётеро «Офтоби назми олам» муаррифӣ карданд, вале ӯ дар ҷавоб навишт: «Ман дар осмони назм офтоб не, балки моҳтоб ҳастам, ки нурҳои офтобро инъикос мекунам. Офтоб дар Шарқ тулуъ кардааст ва номи ӯ Ҳофизи Шерозист». Аммо ин ки Ҳофиз дар шоирӣ шуҳраи офоқ гардид, ҳикмате дорад. Сарфи назар аз фасоҳату балоғату латофати баён, ки Ҳофизро мумтоз кардааст, мазмуну муҳтавои шеъри ӯ низ дилҳоро мисли оҳанрабо ба худ ҷазб мекунад. Муҳаққиқони осори Ҳофиз ӯро ҳамчун шоири озодманиш, озодандеш ва равшангари дилҳо эътироф намудаанд. Гарчанде ки дар замони зиндагии шоир ҳаракатҳои сиёсию иҷтимоӣ ба чашм намехӯрд, аммо шеъри Ҳофиз ба танҳоӣ аламбардори ҷунбиши бедорӣ ба шумор мерафт. Ҳофиз бо паёми инсонгароӣ ва андешаи озоду озодихоҳӣ дили мардуми ҷаҳонро тасхир кардааст.

Бо мутолиаи осори ӯ ба осонӣ метавон пай бурд, ки руҳи озодихоҳию озодманишӣ дар меҳвари андешаи шоир қарор дошта, таъкидҳои пай дар пайи ӯ дар ин замина гувоҳи ин муддаост. Ҳофиз озодии инсонро болотарин арзиш медонист ва барои ҳифзи каромати инсонӣ тамоми имконоти фикрии хешро сарф мекард. Шоир пойбандию вобастагӣ ба манфиатҳои зудгузарро мусибати калон барои инсон медонад:

 

Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд,

Зи ҳар чи ранги тааллуқ пазирад, озод аст.

 

        Ҳофиз инсонро бузургтарин муъҷиза ва зеботарин падидаи рӯзгор медонист ва аз озодиҳои он ҳимоят мекард. Ӯ бар ин бовар буд, ки дунёву охиратро руҳи одами озода обод мекунад. Таъйини ҳадду марз одамиро ба хорию залолат мекашонад. Аз назари Ҳофиз зеботарин сифати инсон озодагӣ ва озодманишии ӯст. Агар ин сифатро инсон аз даст бидиҳад, ба махлуқе шароратпеша табдил мешавад. Аз ин рӯ, шоир дар ашъораш ба таври мукаррар ин сифотро бар ӯ гӯшзад мекунад.

 

Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,

Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.

 

         Ҳофиз ҳамчунин як шаҳрванди боинсофи замонаи хеш буд. Дар оинаи ашъори ӯ мо ҳаводиси рӯзгори шоирро ба равшанӣ дарк мекунем. Ҳофиз дар ғазалиёташ бо равишҳои гуногун, аз ҷумла истиораву киноя ва танзу муқобала авзои иҷтимоиро нақду баррасӣ мекунад. Шоир ба сарнавишти худу ҳамзамононаш бетараф нест. Ӯ дар перояи зебои шеър дардҳои замонаро бо фасоҳату балоғати том инъикос кардааст.

 

Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?

Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?

Кас намегӯяд, ки ёре дошт ҳаққи дӯстӣ,

Ҳақшиносонро чӣ ҳол афтод, ёронро чӣ шуд?

Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,

Меҳрубонӣ кай саромад, шаҳрёронро чӣ шуд?

 

             Шоир толиби як ҷомеаи фозила аст ва барои расидан ба мақсад роҳу равиши худро пешниҳод менамояд. Ӯ барои ҳалли ихтилофоти башарӣ ва зиддиятҳои иҷтимоӣ тарҳи «мурувват»-у «мадоро» карданро матраҳ мекунад. Зеро аз роҳи зӯру хушунат одамӣ ҳаргиз ба сулҳу оштӣ намерасад, магар ин ки аз роҳи мадоро барои дигарон низ ҳаққе қоил бошад. Ҳофиз доштани ин ду сифатро калиди осоиши оламу одам медонад:

 

    Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:

    Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.

 

         Агар Ҳофиз хайрхоҳи башар намебуд, ҳаргиз чунин тарҳе ба назар сода, вале дар амал ҳакимона дар зеҳнаш намегузашт. Агар шоир ба сарнавишти ҳамзамонону ҳамтаборонаш беэътино мебуд, ҳаргиз афкори созанда дар ашъораш мушоҳида намешуд. Таҳаммулгароӣ ва қабули афкори рақибон, ки имрӯза дар низомҳои демократӣ ба он арзиши болое қоил ҳастанд, дар даврони Ҳофиз низ ҳамчун як асли зарурӣ аз ҷониби шоири огоҳ муаррифӣ шудааст. Ҳофиз дар ҳамон замон медонистааст, ки ҷомеаи башарӣ ба воситаи қолабҳо сохта намешавад, балки бо кумаки арзишҳо пойдор мемонад:

 

Мо нагӯем баду майл ба ноҳақ накунем,

Ҷомаи кас сияҳу далқи худ азрақ накунем.

Айби дарвешу тавонгар ба каму беш бад аст,

Кори бад маслиҳат он аст, ки мутлақ накунем.

 

         Бар хилофи баъзе таҳлилгарони якҷонибанигар, ки навиштаҳои Ҳофизро ашъоре сирф орифона тафсир мекунанд, осори ӯ лабрез аз андешаҳои иҷтимоӣ аст. Диққати шоир ба сарнавишти инсонҳо дар ҳамин дунё буд, чунки дар ҳамин ҷо тақдири одамӣ муайяну мушаххас мешавад. Бинобар ин, дар ашъори Ҳофиз инсон ва ҷойгоҳи он дар дунё дар дараҷаи аввал қарор мегирад:

 

Мабош дар пайи озору ҳар чӣ хоҳӣ, кун,

Ки дар шариати мо ғайр аз ин гуноҳе нест.

 

       Ҳофиз ба равшанӣ ҳушдор медиҳад, ки охират подоши аъмолу рафтори одамӣ дар паҳнои дунёст, вагарна бидуни дунё охират маъние надорад. Пас зиндагии шоиста дар дунё муқаддимаи ҳаёти ҷовидонист.

           Як савол ин аст, ки чаро шоир ба масъалаи мардумозорӣ ин қадар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд? Дар ҷаҳонбинии Ҳофиз ҳеч гуноҳе бузургтар аз мардумозорӣ, риёкорӣ, худписандӣ нест. Ӯ барои мафҳум шудани ин гуна масоил аз қиёсу муқобала ҳунармандона истифода мекунад. Дар осори Хоҷа шайху муфтию муҳтасиб ҳамчун намояндагони дину шариат сахт мавриди мазаммат қарор гирифтаанд. Шоир ин табақаро ба хотири риёкорӣ дар амри дин ва мардумозорӣ танқид менамояд. Ҳофиз муътақид буд, ки руҳониён ва намояндагони дину шариат дар замони ӯ ба ҷойи хидматгузорӣ ба халқи Худо аз дин суистифода карда, динро тибқи майлу хоҳиш ва манфиати шахсию гурӯҳии хеш таъбиру тафсир мекунанд. Шоир ин нуктаро риндона фош менамояд:

 

Ҳофизо, май хӯру риндӣ куну хуш бош, вале

Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.

 

       Дар фалсафаи динӣ хӯрдани май ва нофармонӣ аз дастуроти шаръӣ гуноҳ маҳсуб мешавад. Акнун шоир бо овардани ин мисол бо тазоду муқобала ба мардуми замони худ дарс медиҳад ва мегӯяд, агар содир кардани чунин аъмол аз нигоҳи динӣ гуноҳ аст, пас риёкорӣ гуноҳи аз он ҳам азимтар аст. Бинобар ин, бар асоси ин назария ҳама одамон гуноҳ мекунанд, аммо бузургтарин гуноҳ риёкорӣ аст, ки ходимони расмии дин мудом онро содир мекунанд, вале бар он қоил нестанд.

 

Май хӯр, ки сад гуноҳ зи ағёр дар ҳиҷоб,

Беҳтар зи тоате, ки ба рӯю риё кунанд.

 

        Дар абёти мазкур Ҳофиз ба таври возеҳ ҳушдор медиҳад, ки зараре, ки аз амали зоҳидони зоҳирнамо ва шайхони риёкор ба дин ворид мешавад, ба маротиб бештар аз амали майхорон аст. Дар идомаи ин баҳс шоири ҳаким дари баҳси тавбаро мекушояд. Ӯ дар мавриди фалсафаи тавба мефармояд, ки мастони шароб бар гуноҳи худ, ки возеҳ аст, иқрор доранд, аммо мастони зуҳду риё мағрури аъмоли зоҳиргароии хеш буда, аз савобу фоидаи тавба маҳрум мешаванд. Аз ин рӯ, шоири дақиқназар фалсафаи тавбаро дар байтҳои зерин ҷасурона ба тасвир кашидааст:

 

Тарсам, ки баҳрае набарад рӯзи бозхост,

Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо.

 

Ё ин ки:

 

Тарсам, ки рӯзи ҳашр инон ба инон равад,

Тасбеҳи шайху хирқаи ринди шаробхор.

       Ин гуна байтҳо дар ғазалиёти Ҳофиз зиёд ба чашм мехӯранд, ки шоир бо таъбирҳо ва равишҳои гуногун ҳамин мазмунро мехоҳад ба гӯши мардум бирасонад, то онҳо хубу бадро бишносанд. Аз назари Ҳофиз «нони ҳалоли шайх»-у «оби ҳароми бодагусорон» ва «тасбеҳи шайх»-у «хирқаи риндон» дар рӯзи бозхост (қиёмат) ҳар ду аз назари гуноҳ ҳамвазн ва баробар ҳастанд. Танҳо фарқият ин ҷост, ки бодагусорон, ки бар гуноҳи худ иқрор буда, тавба кардаанд, мавриди бахшиш қарор мегиранд ва шайхони мағрур аз бахшиш маҳрум мемонанд, зеро аз сари такаббуру худписандӣ тавба накардаанд.

       Шоири ҳаким гуноҳро ба категорияҳо ҷудо мекунад: яке гуноҳоне, ки хусусияти иҷтимоӣ доранд ва дар чашми мардум ошкор ҳастанд ва дувум гуноҳоне, ки нишонаи зоҳирӣ надоранд, аммо зарарашон бештар аз гуноҳонест, ки дар чашми мардум ошкор аст:

 

Боданӯше, ки дар ӯ рӯю риёе набувад,

Беҳтар аз зуҳдфурӯше, ки дар ӯ рӯю риёст.

 

       Мушкили дигар ин аст, ки афроди риёкору зуҳдпеша ҳаргиз гуноҳи хешро ба гардан намегиранд, бинобар ин роҳи тавба барои ин гурӯҳ баста хоҳад буд. Ин аст, ки шоир аз дасти ин гурӯҳ ба сутӯҳ омада, чунин месарояд:

 

Риё ҳалол шуморанду ҷоми бода ҳаром,

Зиҳӣ тариқату миллат, зиҳӣ шариату кеш!

 

       Ҳофиз дар мисраи дувуми байти боло ин навъи тафаккурро бо киноя сахт мазаммат кардааст. Яъне, вой бар ҳоли он тариқату миллату шариату дине, ки маърифаташ дар ин ҳад бошад ва милоки санҷиши андешааш бар ин поя. Аз назари Ҳофиз бо ин тарзи тафаккуру андеша ҳеч миллате ояндаи худро сохта наметавонад, чун оқибати ин роҳ бунбаст аст. Дар ҷомеае, ки ин гуна афрод ҳукумат мекунанд, ҳаргиз рушду шукуфоӣ ба чашм намехӯрад. Бинобар ин, шоир аз ин тоифа изҳори безорӣ мекунад ва зуҳдфурӯшону риёкоронро бадтарин табақаи инсонӣ медонад:

 

Башорат бар ба кӯи майфурӯшон,

Ки Ҳофиз тавба аз зуҳду риё кард.

 

          Ҳофиз як шоири иҷтимогаро ва мубориз будааст. Ӯ ҳаргиз бар мушкилоти иҷтимое, ки дар он зиндагӣ мекард, чашмпӯшӣ накард ва айбу нуқсонҳои ҷомеаи худро бо забони фаҳмо фош кардааст. Аз назари шоир касе, ки ба нӯшидани шаробу майхорагӣ бипардозад, беҳтар аз касе аст, ки бо зоҳирнамоӣ ба шариат динро доми тазвире барои авом қарор медиҳад:

 

Гарчи бар воизи шаҳр ин сухан осон нашавад,

То риё варзаду солус мусулмон нашавад.

 

        Рисолати Ҳофиз танҳо айбҷӯйӣ ва мазаммати ҳокимони золим, шайхони риёкор ва воизони солус набуд, балки шоир роҳу равиши дурусти диндорию ҳукуматсолориро низ ба ҳамзамонони хеш нишон медод. Ӯ ташвиқгари арзишҳои асили инсонӣ буд. Муҳимтарин арзиши як ҳоким садоқати ӯ ба халқи худ аст. Агар ҳоким содиқ бошад, фазилатҳои дигари инсонӣ дар вуҷуди ӯ ҷамъ хоҳад шуд ва истеъдоди ҳукумат кардан ба мардумро пайдо хоҳад кард.

    Шоир адлу дод ва садоқати ҳокимонро асли истеҳкоми давлат арзёбӣ карда, дар муқобил зулму ситамро сабаби харобии мулку мамлакат медонад:

 

Вафову аҳд накӯ бошад, ар биёмӯзӣ,

Вагарна ҳар ки ту бинӣ, ситамгарӣ донад.

Ба қадду чеҳра ҳар он кас ки шоҳи хубон шуд,

Ҷаҳон бигирад, агар додгустарӣ донад.

 

          Мазмуни ғазали мазкур комилан иҷтимоӣ буда, шоир аз ҳамин тариқ мавқеи худро дар бораи ҷомеаи хеш ба таври равшан баён кардааст. Меҳвари ғазалиёти Ҳофизро, бар хилофи ақидаи бархе муҳаққиқон, ки осори шоирро «ирфонӣ» гуфтаанд, мавзуъҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти замони шоир ташкил додааст. Дар ашъори Ҳофиз авзои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа бисёр зарифу ҳунармандона нақд шудааст. Имрӯз муҳаққиқон метавонанд бо ёрии ашъори ноби ӯ масъалаву мушкилоти даврони шоирро кашфу ошкор намоянд.

        Мавзуи дигаре, ки Ҳофиз нисбат ба он ҳассосият нишон додааст, вуҷуди таассуби динӣ мебошад. Дар андешаи Ҳофиз маншаи таассуб ҷаҳлу нодонӣ аст ва ин шоири бедордилу озодманиш бо ҷаҳолатпешагон низ муборизаи оштинопазир бурдааст. Ситоиши хираду хирадварзӣ ва ҳамзамон накӯҳиши ҷаҳлу нодонӣ дар маркази таваҷҷуҳи шоир қарор доштааст:

   

    Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,

   Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.

 

       Ҳофиз найрангҳои тафриқаву ҷудоӣ ва ҷидолҳои муддаиёни дурӯғин ва муҳитҳои ҷаҳлпарварро мешинохт ва парда аз чеҳраи шайху муфтию муҳтасиб бебокона медарид. Нодонии онҳоро мазаммат мекард ва ҷанги ҳафтоду ду миллатро бархоста аз гумроҳӣ медонист. Шоир тараннумгари озодии андеша буда, ҷаҳлу нодониро маҳкум мекард:

 

Нишони аҳли Худо ошиқист, бо худ дор,

Ки дар машоихи шаҳр ин нишон намебинам.

 

        Ҳамон гуна, ки дар ибтидо гуфтем, кори Ҳофиз бо мазаммату накӯҳиш ва таҳқиру маҳкумияти сифоти разилаи инсонӣ хатм намешавад, балки шоир дар ҳар масъалае роҳи ҳалли онро низ ба мардум гӯшзад мекунад. Дар масъалаи ҷаҳлу таассуб ҳам Ҳофиз пас аз накӯҳиши он андешаҳои созандаи хешро матраҳ менамояд. Дар ҷаҳонбинии Ҳофиз дунё «хонаи ишқ» аст ва мушкилтарин буҳронҳоро аз роҳи муруввату мадоро метавон ҳал кард. Шоир роҳи нобудии ҷаҳлу таассубро дар касби маърифат ва муҳаббат варзидан ба дигарон медонад.

 

Аз садои сухани ишқ надидам хуштар,

Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд.

 

       Мушкилоти ҷаҳон ва ихтилофоти аҳли башар танҳо аз роҳи дӯстию муҳаббат ва таҳаммулгароиву мадоро қобили ҳал аст. Бо хушунату таассуб варзидан ва ҷангу низоъ вазъияти оламу одам бадтар хоҳад шуд. Аз ин рӯ, Ҳофиз ҳамаро ба меҳрварзӣ даъват менамояд:

 

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,

Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.

Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,

Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.

 

        Дар ғазали мазкур Ҳофиз маърифати динии ҳамзамононашро ба нақду баррасӣ мегирад. Ин ғазал ба таври мукаммал намунаи ошкори нақди андешаҳои динӣ-иҷтимоӣ ба шумор меравад. Муҳтавои асосии ин ду байт бар озодии андешаи башарӣ ва озодии инсон барои ҳаққи таъйини сарнавишти хеш таъкид доранд. Шоир муътақид буд, ки яке аз омилҳои густариши таассубу хурофот намояндагони расмии дин мебошанд, ки ба хотири манфиатҳои шахсии хеш динро воруна тафсир менамоянд. Дар идомаи ҳамин ғазал шоири озодипараст мефармояд:

 

Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёр, чи маст,

Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ.

 

       Дар байти мазкур шоир дунёро чун «хонаи ишқ» таъбир намуда, пайравони мазҳаб ва динҳои гуногунро ба таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии мусолиматомез даъват кардааст. Аз ин манзар, дар фалсафаи Ҳофиз ибодатгоҳҳои дину мазҳабҳои мухталиф аз назари мақом яке ҳастанд, агар пайравони он аз сари сидқ ва таслиму ризо ба ин маконҳо муроҷиат кунанд:

 

Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,

Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ, сару хишт.

 

      Дар мактаби Ҳофиз «майкада» маконест, ки афрод аз сари сидқу сафо ҷамъ мешаванд. Шоир истилоҳи майкадаро дар муқобили масҷиду дайру куништ – ибодатгоҳҳои расмии динҳои гуногун қарор дода, ба мардум тарзи дурусти таълимоти башариро меомӯзад. Ҳофиз бо ишора ба зоҳидони зоҳирпараст ва шайхони риёкор мефармояд:

 

Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,

Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт?

 

          Ҳофиз равиши шайхони манфиатҷӯро, ки бо ҳар васила мардумро аз рӯзи қиёмат метарсонанд, маҳкум мекунад. Шоир озодии инсонро ҳамчун як асли асосӣ эътироф намуда, боварманд аст, ки танҳо дар сояи вуҷуди озодӣ инсон метавонад ба камол бирасад. Дар ҷаҳонбинии Ҳофиз инсони тарсу қобилияти эҷод ва бунёди дунёи навро надорад, бинобар ин, ӯ мудом аз ҳаққи озодии инсон ҳимоят кардааст.

        Аз таҳлилу баррасии мухтасари ҷаҳонбинӣ ва ғазалиёти Ҳофиз метавон ба ин натиҷа расид, ки шоир аз муборизони ростини роҳи озодии инсон буда, дар осораш пайваста оини ҷавонмардӣ, садоқату ростӣ ва дӯстию муҳаббатро тарғиб намуда, башариятро аз офати ҷаҳлу таассуб ва дурӯғу риёкорӣ парҳез додааст.

 Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.