کتاب های تازه منتشر شده

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Барҳақ ин таҷрибаро фишанги тавонои равобит, пайванди секунҷаи Парлумон – Ҳукумат – Мардум номидан равост. Ин секунҷа гузориши сарвари олии роҳбарият, арзёбии бурду бохт ва илоҷи гиреҳкӯшоии оянда мебошад. Хеле ҷолиб аст, ки тайи даҳ соли охир ин маъракаи муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро  ҳам сохторҳои давлатӣ, созмону ташкилотҳо ва ҳам  мардум бесаброна интизоранд. Зиндагӣ ва фаъолияти мардум то Паём, баъди Паём, аз Паём то Паём чен мешавад. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи хеле ҳам вазнини дунё доир мешавад. Буҳронҳои шадиди иқтисодӣ, эпидемологӣ ва даргириҳои хушунатомезу мусаллаҳ, офатҳои табиии фалокатовар собит менамоянд, ки ҷаҳон ба кунҷи танги сарбаста ворид шудааст. Ҳамаи ин омилҳо буҳрони энергетикӣ, шикасти равобити васеи байнидавлатӣ, таҳриму маҳдудиятҳои ҳамкориро  ба амал овардаанд. Даргириҳои низомӣ дар минтақаи Аврупо, авҷи терроризм дар даргириҳои Исроил ва Фаластин  дар Шарқи Наздик, Африқои шимолӣ, ҷунбиши террористи асосӣ Толибон инсониятро дар тарсу бими равонии тулонӣ қарор додаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як сол қабл таҳдиду хатарҳои ҷаҳонро чунин тасвир намуданд:Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқуъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид”. Ин омилҳо, иқтисод ба иборае индустрияи ВАО-ро  ба  вазъи тоқатфароси молиявӣ, техникӣ шомил намудаанд.

Қабл аз таҳлили дурнамои фаъолияти ВАО дар тарғиб ва иҷрои Паём ба вазъи ВАО назар кунем. Имрӯз  аҳли қалам барои иҷрои дайни касбӣ дар сафи пеши таҳдиду хатарҳо қарор доранд. Соли 2023 дар дунё 115 нафар жураналистон, аз ҷумла дар Амрикои Лотинӣ 39 нафар, дар Аврупо 37 нафар, дар Осиё 30 нафар, дар Африқо 7 нафар ва дар Амрикои Шимолӣ 2 нафар ба ҳалокат расиданд. Соли сипарӣ дар саросари дунё 186 нашрия ва расонаҳо баста шуданд.

Хушбахтона,  фазои ором, сулҳу суботи созанда дар кишвари соҳибтамаддуни мо баръакс ба рушду  эҷодкорӣ, такмили доираҳои эҷодии сухансароён, мубаллиғони ҳаёти шоиста имконоти васеъ фароҳам овардааст. Имрӯз тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳи техникӣ, моддӣ, касбии матбуот аз ҳадди инкишофи босуръати солҳои ҳаштодуми қарни гузашта убур кардааст. Дар баробари дастовардҳои фаннӣ, техникӣ, ҳамзамон маҳорат, касбият ва тавоноии зеҳнии аҳли қалам ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Бо вуҷуди авҷи инқлоби васоити электронӣ ва интернетӣ, матбуоти катбӣ бозори иттилоотро тарк накардааст. Баръакс аз нигоҳи бехатарӣ ва бартарияти айнию амалӣ кафолати комил соҳиб шудааст.

Қобили зикр аст, ки матбуоти тоҷик дар бедории шуури миллӣ, маърифати шаҳрвандӣ, мубориза бо ифротгароӣ, терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ дар сангари набард мавқеи устувор интихоб кардааст. Имрӯз ҷаҳони мутамаддин ва демократии қитъаи “Куҳан” Аврупо дар пайи даргириҳои Русия ва Украина сангари ҷанги сарде, ки 40 сол пеш ба қуллаи заволаш расида буд, ифтитоҳ кард. Ин офати умумбашриро 20 сол қабл аз ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгӯӣ намуда буд ва барои рафъи он дастур дода буданд. Табиист “ҷанги сард” ин моли матбуот аст. Онро аз ҳар ду ҷониб сангар суханварон  муташанниҷ мегардонанд. Шайх Саъдӣ аҳли суханро айбор намуда, гуфтааст:

Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст,

Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар мубориза бо ифротгароӣ устувор ва ягона буд. Дар асоси  талаботи «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» вазифаҳои мушаххаси ВАО маълум шуданд. Имрӯз ҳангоми вазифагузорӣ ва тарҳрезии барномаҳои нав бояд аз ин самти хеле муҳим корро оғоз кунем. Мо аз дастовардҳо ва комёбиҳои ВАО дар ин самт дар ҳамоишу маҳфилҳои касбӣ борҳо таъкид кардем. Имрӯз бори дигар аз навоқиси ин самт ёдрас мешавем. Мусаллам аст, ки имрӯз 90 фоизи  гардиши иттилоот ҳадафи тиҷоратӣ доранд. Маҳз ин тиҷорат торафт фаровон ва осон дар итоати  экстремизм ва тундгароии ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Чанд даҳсола пеш ҷаҳон танҳо дар муқобили алоҳида гурӯҳҳои террористӣ, афроди алоҳида қарор дошт. Имрӯз терроризм ба тасарруфи қудрат дар кишварҳои том рушд менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир ҳам имрӯз Афғонистон ба пойгоҳи азими терроризми байалмилалӣ табдил ёфтааст. Дар се соли охир Пешвои муаззами миллат 18 маротиба аз ин фалокати мудҳиш ҷаҳонро ҳушдор дода аст. Аз ин рӯ, имрӯз матбуоти тоҷик дар  ҷабҳа бояд иқдомро ҷасуртар ба даст гирифта, ваҳшиёнат, оқибатҳои фалокатбори онро васеъ дастраси омма гардонем. Дар он ҷода мо бояд аз таҷрибаи Русия, Гурҷистон, Узбекистон, Озарбойҷон ибрат гирем. Маҳфилҳои иттилоотии мубоҳисавӣ бо номи ток шоуи сиёсӣ  ҳанӯз дар ВАО дар сатҳи ташаккули ибтидоӣ қарор доранд. Ин шакли хеле шавқангез, ҳамзамон барои омода кардани коршиносони байналмилал заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар омади гап, мо бояд дар ҳамаи соҳаҳо коршиносону мутахассисони  соҳибистеъдодро ба камол расонем. Аламовар аст, ки имрӯз вазъи иқтисодӣ, сиёсии кишвари моро коршиносоне арзёбӣ мекунанд, ки Тоҷикистонро дар харита пайдо карда наметавонанд. Дар ин ҷабҳа рӯзномаҳои давлатӣ, соҳавии давлатӣ бояд иқдомро ба даст гирифта, ба ҳар туҳмату таблиғоти ғаразнок вокуниш нишон диҳанд. То ҳадде дар ин самт матбуоти хусусӣ муваффақ шуда, нисбати бадхоҳони фирорӣ ҷавобҳои зарбазан медиҳанд. Чун сухан аз ин самт рафт набояд фаромӯш кард, ки алҳол дар хориҷи кишвар 6 оҷонсии иттилоотӣ, 56 каналҳои видеоии  мултмедиавӣ, 67 саҳифаҳои  шабакаҳои иҷтимоӣ ва 6 ҳазор блогер дастовардҳои моро сиёҳ нишон медиҳанд.

     Ҳамзамон, мо бояд ба таври доимӣ дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоиро пешкаши дунё кунем.  Дар се соли охир Тоҷикистон чун кишвари беҳтарини туризми кӯҳӣ, алпинизм, туризми экстрмалии ағбаҳои кӯҳӣ, долонҳои сабз, энергетикаи сабз, дастрасӣ ба обҳои ошомиднӣ ва шифобахш  аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мутаассифона, ин иттилоотро мо аз расонаҳои хориҷӣ хонда, ҷузъиёти бештару васеи онро дар матбуоти даврӣ надидаем. Магар дар 5 соли охир 9  мероси маънавии мо моли ЮНЕСКО маҳсубшуда, боиси тавсиф нест?

Тайи се даҳсола боз матбуоти мустақили Тоҷикистон аз дастнорасии ба иттилооти расмӣ шикоят дорад. Бояд ошкоро гуфт, ки ҳатто дар демократитарин кишварҳои абарқудрат дастрасӣ ба иттилооти расмӣ маҳдуд мебошад. Имрӯз чунин кишварҳои абарқудрати ИМА, Олмон, Фаронса дар шабакаҳои иҷтимоии “Твитер”, “Телегррам”, ”Инстограм” ҳатто маҳдудият ҷорӣ намуда, ба баҳонаи амниятӣ - манфитҳои миллӣ дар Ғарб 250 нашрия, оҷонсӣ дар як соли охир баста шуданд. Ба хотири  дастрасии бештар ба иттилоот  дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нишастҳои матбуотӣ доир мегарданд  ва фармони нишон додани вокуниши идораҳои давлатӣ  ба танқиду шикоятҳо бо ибораи Шумо фармони рақами 622 алҳол ягона таҷриба дар ИДМ мебошад. Барои имконоти бештари гирифтани иттилооти расмӣ, дар ҳамаи вазоарту идораҳои давлатӣ вебсаҳифаҳо кушода шуданд. Албатта, фаврият, сифат, ороиш ва  таҷдиди сомонаҳои Вазорату идораҳо баҳсу баррасии алоҳидаро тақозо мекунад.

 Бояд тазаккур дод, ки сиёсати  глобалии иқтисодӣ дар Аврупо имрӯз тавассути гузориш ва мақолаҳои таҳлилии ояндабин таҳия мегардад. Бахусус мақолаҳои таҳлилии сиёсӣ, иқтисодӣ  пешбинии иқтисодро ба маҷрои рушд тела медиҳанд. Мутаассифона дар рӯзномаҳои давлатӣ таҳлилҳои чуқури иқтисод дар самти рушди саноат ва эенргетика, сарватҳои табиии кишвар қариб дида намешвад. Бо гузориш ва мусоҳибаҳо бо роҳбарони ин соҳаҳо баҳси муфиди ояндадор ба даст намеояд. Иқдомҳои умумиҷаҳонии Пешвои миллат дар самти истифодаи оби ошомиданӣ, пешгирии фалокатҳо аз тағйирёбии иқлим, ҳифзи манбаъҳои обу пиряхҳо дар хориҷ бештар таблиғ мешванд. Мо мушаххасан пеш аз ид матбуоти давриро варақ задем. Тайи як соли расо ягон бор омӯзиши афкори омма оид ба саноатикунонии кишвар дучор наомадем. Дар сомонаҳои ВАО гушаҳои афкори умум танҳо барои намоиш сабт мешванд.

Бо тақозои вазъи ҷаҳон, рушди камолоти инсон, вусъати иқдомҳои шаҳрвандӣ, тақвияти ватандӯстӣ ва башарпарварӣ чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ба тасвиб расид. Чунин қонун бо шаклу усулҳои мухталиф ва сохторҳои нимдавлатию давлатӣ дар тамоми дунё  вуҷуд дорад. Чунин миссияро имрӯз оҷонсиҳои рушди ҳамкории баналмилалалии ИМА, Ҷопон, Туркия. Швейтсария, Кувайт, Арабистони Саудӣ  дар кишварҳои ҷаҳон амалӣ менамоянд. Дар дохили ин лоиҳаҳои башарӣ тарғибу рушди иқтидорҳои давлатии хеш, садоқат ба кишвари худ  пешбинӣ гардидааст. Онҳо дар баробари татбиқи лоиҳаҳои кумаки башарӣ тавоноӣ ва иқтидору абарқудартии давлати хешро намоиш медиҳанд.

Аз ин рӯ, ин қонун имрӯз бояд ба роҳнамо, дастурнома ва низомномаи шаҳрванадии ҳар фарди миллат табдил ёбад. Матбуоти даврӣ дар ин самт бояд дар сафи пеши ҷомеа  бошад. Ҷонфидоӣ барои ормон, идеал аз Руми қадим то ҳол самара, ҷозибаи кулли муқтадирашро гум накардааст. Маҳз ватандӯстию садоқат ба Ватан собиқ Иттиҳоди Шуравиро да Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пирӯз намуд.

Дастгирӣ ва такомулу рушд, тарбияи эҷодкорони асили матбуоти даврӣ имрӯз аз тариқи лоиҳаҳои маърифатии умумимиллии   Президентӣ “Илм - фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” низ амалӣ мегардад.  Дар ин самт ҳамзамон бояд таваҷҷуҳи бештарро ба тарбияи касбии журналистон зоҳир намоем. “Мактаб, донишгоҳ ҳавонавард, харрот, муҳандисро тайёр мекунад, журналист дар мактаби ҳаёт аз харрот, муҳандис ва ҳавонавард тайёр мешавад”. Ин дастури устоди журналистикаи Шуравӣ профессор Засурский имрӯз низ коршоям аст. Биёед ба пойгоҳи моддӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт назар кунем. Аз як шуъбаи хурди соли 1990 имрӯз то ташкил ва фаъолияти  се факултаи дорои пойгоҳи таълимии муосир ва даҳҳо студия ва таълимгоҳҳо роҳи садсола зарур аст. Ин самт албатта мавзуи хеле муҳимест, ки баҳси доманадори алоҳидаро тақозо мекунад. Аммо боиси шарм аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон журналистони англисзабон, русзабону арабизабон қариб вуҷуд надоранд. Ин дарича ба ҷаҳони бузурги пешрафт  то ҳол қариб истифода намешвад.

        Раванди рушди ҷомеа, тақозои маънавии мардум, имконоти дастрасии омма ба иттилоот, рушди васоити электронии иттилоот, бархӯрди нав, саъю талоши ҷиддан фарохтареро тақозо мекунад.  Имрӯз тибқи иттилои расмӣ 7.8 миллион аҳолии кишвар алоқаи мобилӣ дорнад. Аз ин миқдор  қариб 5 миллион муштариён тавассути алоқаи мобилӣ аз иттилооти баҳра мебаранд. Пас, мо бояд васоити ахбори катбии электрониро вусъат диҳем. Паёмомӯзӣ бояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, месенҷерҳо ва континентҳои мобилӣ замимаҳо бештар гарадад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки барои ҳамаи вазорату идораҳо видеосомонаҳо, сайту саҳифаҳои Паёмомӯзӣ” роҳандозӣ гардад. Ҳамзмаон бояд дар ҳамаи сомонаҳо, вебсомонаҳо ва порталҳои электронии вазорату идораҳо Бурҷ (Портал)-и алоҳида Паёмомӯзӣ ташкил гардад.                       Паёмшиносӣ ва Паёмомӯзӣ набояд тақвимӣ-маъракавӣ бошад. Бояд институти алоҳидаи Паёмшиносӣ ва Паёмомӯзӣ чун фишанги идоракунии  дастаҷамъӣ таъсис ёбад. 

Муҳаррирони Сомонаи

ММХ АМИТ,

Шодиҷон Ёраҳмадзода,

Наҷмиддин Шоҳинбодов.

 

                                                    

Паёми раҳнамо ва умедбахш

        Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, воқеан ҳам мисли Паёмҳои қаблӣ барои миллати заҳматписанди тоҷик  чун дастуру ҳидоятест, ки саршор аз ҷанбаҳои муҳимму муфиди раҳнамост.

      Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлуҳои соҳаҳои ҳаётан муҳимми мамлакат – сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ ва илму фарҳангро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар замони пурихтилофу пурҳодиса вусъат бахшидани фаъолияти босубот дар кулли ҷабҳаҳои ҳаёт супоришҳои қатъӣ доданд.

      Ба вазъи ҳассосу мураккаби  ҷаҳони муосир нигоҳ накарда, мамлакатамон  дар соли сипаришуда ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ва бо дарназардошти ҳаводиси мазкур, ки дар олам ба вуқуъ пайваст Сарвари кишвар дар Паём зикр карданд, ки:

      “Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии КОВИД – 19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳилаи ҳассос  таъмин намоем”.

      Масъалаи мубрами сиёсату иқтисод, ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ, вазъияти воқеии саноату энергетика, рушди соҳибкориву сайёҳӣ, тармиму аз навсозии роҳҳо, фаъолияти банкҳо ва ғайра дар кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, дар самти беҳдошти фаъолият дар оянда дастурҳои судманду манфиатбахш ироа гардида, масъалаи рушди сармояи инсонӣ низ дар Паём мавзӯи меҳварӣ буд.

      Аз ин дидгоҳ, Сарвари давлат  оид ба сармояи инсонӣ чунин андешаи ҷолибро матраҳ  карданд:

      “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

      Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо  ва омили  муҳимтарини  таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

      Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот ва давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад”.

      Бинобар ин, масъулини соҳаро зарур ва ҳатмист, ки дар фаъолияти ҳамешагии хеш дастури фавқро ҳамчун раҳнамо мавриди амал қарор дода, барои бартараф намудани нуқсонҳо дар ин масир чораҳои тағйирнопазир андешанд.

      Воқеан, ҳидояти мазкур дар замоне, ки эволютсяи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар авҷи аълост, мо бояд ҷиҳати ихтироъ ва дар амал татбиқ намудани илм дар самти мазкур фидокорона заҳмат ба харҷ диҳем, зеро маълум аст, ки сармояи инсонӣ бойигарии тиллоии ҳар як миллат маҳсуб мешавад. Ва истифодаи босамари он давлату миллатро аз вартаҳои мухталифи монеагузор наҷот мебахшад.

      Рушди иқтидори илмии муассисаҳои илмӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир бояд ҳарчи беҳтару бештар ривоҷ ёбад, зеро маҳз тадқиқотҳои бунёдӣ метавонанд ҳаёти босубот ва шукуфоии ҷомеаро таъмин намоянд.

      Аз ин хотир, Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор карданд:

      “Дар ин замина бояд рушди иқтидори илмии муассисаҳои зикршуда, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад”.

      Таъмини мутахассисони лаёқадманд дар соҳаҳои гуногун вазифаи дигари дастандаркорон аз шумор меояд.

      Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки мамлакатро мутахассисони лаёқатманд ривоҷу равнақ мебахшанд. Ва давлату ҳукумати кишвар дар ҳар давру замон  ба кадрҳои баландихтисосу лаёқатманд ниёз дорад. Вобаста ба масъалаи мазкур дар Паём омадааст:

      “Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунад, уҳдадоранд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд”.

      Воқеан, давлат ва ҳукумати кишвар ба мақоми зан дар ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, пайваста дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Аз ин нуқтаи назар, занон дар даврони соҳибистиқлоли ҷавобан ба арҷгузории давлат ба шахсияташон дар ҷомеа, да самтҳои гуногуни ҳаёти мамлакат меҳнати бобарор карда истодаанд. Минбаъд низ занони шарафманди кишвар бояд дучанд заҳмат кашанд, баҳри ободӣ ва пешрафти ҷомеаи муосири мо. Ба ин мазмун нақши занон дар ҷомеа аз ҷониби Сарвари давлат ба гунаи зайл баҳогузори шудааст, дар Паём:

      “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.

      Ҷавонон, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлоланд дар Паём ҳамчун захираи стратегии миллӣ эътироф гардиданд. Ин баҳои баланд ҷавононро, ки дар соҳаҳои  сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ, илм, фарҳанг ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, олию касбӣ фаъолияту таҳсил доранд водор месозад, ки масъулиятро да самти рисолати азалии худ – ободии Ватан – модар аз самими қалб дучанд намоянд. Вобаста ба ин дар Паём омадааст”

       “Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратеги миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд”.

      Бояд ҳадс зад, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ масъалаҳоеро фарогир аст, ки ҳаллу фасли онҳо тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти муҳтарами кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гулгулшукуфоии кишварамон – Тоҷикистони азиз заминаи боэътимоданд. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди тоҷикистонӣ дар замоне, ки ҷаҳони муосирро дигаргуниҳои куллӣ - чи мусбату чи манфӣ пеш омадааст бояд сиёҳро аз сафед фарқ кунад. Ва яқин донем, ки ободиву осудагӣ, оромиву сулҳу субот  фазои мувофиқ аст, барои фидокорона баҳри рушди Тоҷикистони маҳбуб меҳнати ҳалол кардан.

      Ба давлат, халқ  ва Пешвои муаззами миллат содиқ будан, гарави меҳварии комёбиҳои мост, ҳамватанони азиз.

                        Меҳриддин Ғиёсӣ,

мудири шуъбаи иттилоот,

робитаҳои илмӣ ва омӯзиши

тамаддуни Шарқи ММХ  АМИТ

(Мусоҳибаи нодири аллома Бобоҷон Ғафуров дар Эрон, соли 1974)

Бархе инсонҳо маншаъ ва манбаи хайру сафоанд, аз онҳо ҷуз накӯӣ ва файзу баракат нарасад ва баръакс, бархе маншаи шарру ҷафо, ки ҷуз итлофи вақту нороҳатӣ чизе дар инсон боқӣ намонад. Ҳоло суҳбатам аз тоифаи аввал аст. Ин авохир бо таҳрики наҷибзодае ҷиҳати амри хайре ба ковишу ҷустуҷӯ дар нашрияҳои Эрон даст мезадам, ки матолиби ҷаззобе пиромуни Хонадони Хуҷандӣ дар Исфаҳон, мақолоте аз зиндагию осори Шайх Камол, ашъоре аз Устод Лоиқ, Гулназар, Мавҷуда Ҳакимова, Убайд Раҷаб… дар сафҳаҳои зардшудаи маҷаллаҳо ба чашмам хӯрд, ки аз миёни онҳо як навиштаи ҷаззобу гиро ҷалбам намуд. Ин матлаб мусоҳибаи хабарнигори маҷаллаи “Ҳунар ва мардум” (нашрияи Вазорати фарҳанг ва ҳунари Эрон) буд, ки урдибиҳишти 1353 (апрели 1974) мунташир шудааст.
Унвони навишта”Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз дидгоҳи Ғафуров-Раиси Институти ховаршиносии Шӯравӣ” аст, ки салоҳ донистам онро баргардон ва дар хидмати азизон қарор диҳам.
Ин мусоҳиба ва суҳбатҳои дигари аллома Ғафуров дар нашрияҳои Эрон собит мекунад, ки ишон шоҳкори мондагори Донои Тусро ба андозаи як муҳаққиқи мудаққиқ медонад ва ба кунҳи паёми Ҳакими фарзонаи тусӣ расидааст, ҷое,ки мегӯяд:”На танҳо насли кунунӣ, балки наслҳои оянда бояд рӯи «Шоҳнома» кор кунанд. Ин китоби азимест, ки металабад наслҳои мутаъаддид рӯи он ба кори илмӣ бипардозанд ва барои ҳамаи замонҳо имкони кор рӯи «Шоҳнома» ҳаст”. (Дар мусоҳиба бо Сируси Алинажод, «Ояндагони адабӣ»,11 баҳмани 1352 ва 18 баҳмани 1352 (январи 1374).
Ва низ дар мусоҳиба бо Ҷаводи Муҷобӣ гӯяд: “Ман Фирдавсиро хеле дӯст дорам. Унвони китоб «Шоҳнома» аст, аммо ман онро «Шоҳкитоб» мехонам. Назири онро дар адабиёти ҷаҳон намешиносам. Институти мо ифтихор дорад, ки миллати шӯравиро бо «Шоҳнома» ошнотар кардааст. Чанде қабл «Шоҳнома» ба забони русӣ ва дар 200 ҳазор нусха чоп шуд ва як ҳафта нагузашт, ки ноёфт шуд. «Шоҳнома» ба бештари забонҳои мардуми Шӯравӣ тарҷума шудааст”.
Инак, мақола пешкаши шумо азизон мегардад:

Шоҳнома“-и Фирдавсӣ аз дидгоҳи ҒафуровРаиси Институти ховаршиносии Шӯравӣ
“Шоҳнома” як дарёст ва Фирдавсӣ танҳо як шоир нест. Дар ин дарё бояд бо сабурӣ ва мудовимат ковиш кард, то ба тозатарҳо расид. Фирдавсӣ ҳам аҷру азамате беш аз як шоир дорад: таърихро хуб мешиносад, иҷтимоашро ҳам. Ба ин далел заруратҳоро ташхис медиҳад ва аз оянданигарии чашмгире бархурдор аст, яъне вақте достонеро бозмегӯяд бо таваҷҷуҳ ба таърих, мавқеъиятҳо, заруратҳои иҷтимоӣ ва оянда, аз мавзеи мушаххас шурӯъ ба ривоят кардааст.
Ба ин тартиб деҳқони пир, ки ҳамеша достон аз забон ва қавли ӯ нақл мешавад, танҳо оғозкунанда аст. Калиддор аст ва на молик ё мушаххаскунандаи хатти достон ва масири ҳаводис. Ин Фирдавсӣ аст, ки аз мавзеи шахсиаш ҳодисаҳои достонро месозад ва нақл мекунад, шахсият ва қаҳрамон меофаринад ва ба ҳангоми лузум ӯро аз миён мебарад.
… Ва ин ҷост, ки шинохти саҳеҳи мавзеи Фирдавсӣ таърихи бедурӯғи гузашта ва замонашро мушаххас мекунад ва дунболгирии хатти фикриашро осон месозад.
Ғафуров ҳарф мезанад. Раиси Институти ховаршиносии Шӯравӣ, ки нимаҳои зимистон барои ширкат дар пахши ҷавоизи Фирдавсӣ дар раъси як ҳайати сенафара ба Эрон омад. Ӯ хуб моро мешинохт. “Ҳол”-амонро медонист ва гузаштаамонро ҳам беҳтар. Дами гарме дошт ва шунидани ҳарфҳояш вақте бо лаҳҷаи тоҷикии форсӣ суҳбат мекард ва калимоти “Шоҳнома”-ро ба фаровонӣ ба кор мебурд, холӣ аз лутф набуд. Вақте аз ҳунару адаби ин мулк мегуфт, шефтагии содиқонае дар садояш буд. Ҷолиб инки агар суоле мекардӣ, ки мехост аз ҷавоб додан шона холӣ кунад, фавран русӣ ҳарф мезад. Вақте ба шӯхӣ иллатро пурсидам, бо меҳрабонӣ, аммо риндона гуфт:
Росташ ман форсӣ хуб мефаҳмам, аммо хуб наметавонам мисли шумо ҳарф бизанам, мо тоҷикҳо бештар эронии қадим ҳарф мезанем. Мумкин аст шумо нафаҳмед…!
Албатта, то лаб боз накарда буд, аслан намешуд фикр кард, ки таъобири мухталифи “Маснавӣ”-и Мавлоноро беҳтар аз аксари ҷӯяндагони порсизабон медонад, то суҳбат гул намеандохт ва чашмҳои нимабастааш комилан боз намешуд, тасаввури инки ӯ яке аз мутахассисони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аст, мушкил буд.
Аммо вақте, ки мегуфт, мефаҳмидӣ ховаршиноси чираеро дар баробар дорӣ, ки солиёни сол аст дар аъмоқи фарҳангу ҳунари ин марзу бум ба кандукови сабурона пардохтааст.
***
Гуфтугӯ бо Ғафуров бо таваҷҷуҳ ба пажӯҳишҳои русҳо рӯи мутуни куҳани адабии ин мулк ва дар ихтиёр доштани нусахи қадимии мутун, бахусус вақте бо ҳадафи бозшиносии порае масоили иҷтимоӣ ҳамроҳ бошад, метавонад вуруд ба ҳитаи мақулаҳои мавриди алоқаи онҳоро осон ва бо шиносоии куллии тарзи тафаккур ва талаққии онҳо аз мо ва нисбат ба мо ҳампо бошад.
Дар суҳбат кардан ба мафҳуми мусоҳиба заранг буд, вақте ки фаҳмидам пирамарди 64-сола, чанде пеш давраи рӯзноманигориро тамом карда, тааҷҷуб накардам, ки чаро аз равишҳои мусоҳиба ба шакли ҳирфаӣ истифода мекунад.
Ҳанӯз даргири таоруфоти маъмулӣ будем, ки гуфт:
Ба зудӣ “Шоҳнома”-е мунташир мекунем, ки нисбат ба чопи қаблии асари ҷовидонаи Фирдавсӣ, ки ба василаи худи мо мунташир шуда, бисёр виростатар ва ба матни аслии асар наздиктар хоҳад буд. Ду ҷилд аз чопи ҷадид, ки номи матни илмӣ-интиқодии “Шоҳнома” дорад, ҳамакнун омода аст. 8 ҷилди дигари он низ ба зудӣ чоп ва мунташир хоҳад шуд.
Иллатро пурсидам: Нусхаи қадимтаре нисбат ба ончи дар ихтиёр доред, пайдо шудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба он дубора “Шоҳнома”-ро мунташир мекунед?
Форсӣ ва русиро ба ҳам омехт. Чашмҳои нимбастааш комилан боз шуд, бо суръат гуфт:
Гуфтам, ки “Шоҳнома” як дарёст. Ба ҳамин далел мо ҳеч вақт аз пажӯҳиш ва канкош ба рӯи он бознамеистем. Яъне интишори матни илмӣ-интиқодии “Шоҳнома” ҳатман набоист ба далели пайдо шудани нусхаи тоза бошад. Албатта, дигар шуаро ва мутафаккирони шарқӣ ва бахусус, эронӣ мавриди таваҷҷуҳи мо ҳастанд, осори онҳоро ҳам мехонем ва рӯяш кор мекунем, аммо Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” ҷудо аз дигарон ҳастанд, аз ҳар назар.
Пушти сари ҳам ҳарф мезад, гарм шуда буд ва калимоти русиро бештр аз форсӣ ба кор мебурд, вақте ки ҷумлааш тамом мешуд, бо диққат ба мутарҷим гӯш медод ва ҳар вақт ба назараш лозим меомад, тарҷумаро тасҳеҳ мекард, идома дод:
Муассисае, ки ман раиси он ҳастам, дар 150 соле пеш таъсис шудааст, яъне суннатҳои ховаршиносӣ дар кишвари мо собиқаи дерина дорад. Аммо байни равишҳои мутолиаи мо дар гузашта ва ҳол тафовутҳои бисёре аст. Дар ин Институт дар ҳудуди як ҳазор донишманд ва пажӯҳишгар кор мекунанд ва эроншиносӣ барои мо яке аз бузургтарин ҳадафҳост. Коршиносоне дорем, ки на фақат забони миёна (эронӣ-паҳлавӣ) медонанд, балки ба забонҳои бостонии Эрон ҳам комилан мусаллатанд.
Ҳарф, ки ба инҷо кашид, ёде аз марҳум устод Пурдовуд кард ва гуфт:
Дар Эрон яке аз бузургтарин коршиносон дар ин маврид ӯ буд. Ҷояш холист. Аз мутолиоти ӯ мо ҳам баҳраҳо бурдем.
Пурсидам, дар Институти шумо чанд нафар дар мавриди ҳунару адаби Эрон кор мекунанд, мутолиа бештар рӯи осори кадом яке аз шоирони мо сурат мегирад, посух дод:
Яксад мутахассис осори тамоми шоирони клоссики Эронро мутолиа мекунанд, аммо ин ба он маънӣ нест, ки мо аз ҷараёноти адабӣ ва ҳунарии муосир ва имрӯзи Эрон ба дур бошем. Саъйи мо шиносоӣ ва шиносондани Эрон ва намудҳои фарҳанги он ба ҳамагон аст. Барои ҳамин феълан машғули тадвини фарҳангҳои форсӣ ҳастем. Чанде пеш буд, ки як фарҳанги дуҷилдии форсӣ ба русиро мунташир кардем; ин як чопи окодемик ва мунҳасир ба фард аст. Аммо “Шоҳнома” дар маркази таваҷҷуҳ ва алоқаи мо қарор дорад. Ба ҳамин далел дар гузаштаи на чандон дур, “Шоҳнома”-е ба забони русӣ ба василаи Муассисаи мо мунташир шуд, ки агарчи тамоми асарро шомил намешавад, аммо ҳастаи аслии онро дарбар мегирад. Ин тарҷумае ба шеър аст ва кор ба василаи беҳтарин мутарҷимон ва шоирони Шӯравӣ анҷом шудааст. Дар гузашта низ “Шоҳнома” ба забонҳои дигари мардуми Шӯравӣ мисли узбакӣ, қазоқӣ, гурҷӣ, арманӣ ва … ҳам баргардон ва пахш шуд.
Гуфта буд ман форсиро ба лаҳҷаи тоҷикӣ, ки наздик ба забони форсии қадим аст, ҳарф мезанам ва дида будам, ки калимоти “Шоҳнома”-ро кам ба кор намебарад, барои ҳамин суол кардам: “Шоҳнома” дар Тоҷикистон чи вазъияте дорад, гуфт:
Форсӣ забони мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва онҳо “Шоҳнома”-ро ба забони аслӣ мехонанд, камтар тоҷике ҳаст, ки “Шоҳнома” надошта ё нахонда бошад, барои ҳамин ҳам ин асар дар Тоҷикистон борҳо таҷдиди чоп шудааст, ҳам бо алифбои русӣ ва ҳам бо алифбои арабӣ, охир забони “Шоҳнома” ба тоҷикӣ наздиктар аст, то ба форсии роиҷи имрӯз дар Эрон. Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки вуҷуди ин Ҷумҳурӣ дар Шӯравӣ сабаби таҳкими ховаршиносӣ дар он шудааст.
***
Дар хутути чеҳраи сабзи Ғафуров, ки синнашро камтар аз 64 сол нишон медод, асаре аз хастагӣ ба чашм намехӯрд ва ин сабаб мешуд, то дар мақулаи мавриди алоқааш, яъне “Шоҳнома” ва Фирдавсӣ боз ҳам суоли дигаре матраҳ кунам, гуфтам:
Мутахассисони мо чопи қаблии “Шоҳнома”-еро, ки шумо мунташир кардаед, муътабар медонанд, аммо эродҳое бар он мегиранд, аз ин иттилоъ доред? Эродҳоро қабул кардаед? Дар чопи ҷадид эродҳо бартараф шудааст?
Ҷобаҷо шуд, ба кӯлоҳи қирмизаш, ки шабеҳи “шабкӯлоҳ”-ҳои мардуми ғарби кишвари мост, дасте заду гуфт:
Аввалин “Шоҳнома”-и чопи Шӯравӣ 10-15 соле пеш мунташир шуд, ки холӣ аз эрод набуд, дар чопи ҷадид саъй шудааст, то эродҳо бартараф шавад, аммо таъкид мекунам ончи феълан мунташир мешавад, ҳатман ҳамоне нест, ки Фирдавсӣ ба назм кашида. То пайдо шудани матни аслии асар ҳанӯз хеле кор мондааст. Бахусус, ки имкони пайдо шудани мутуни қадимтар ҳам ҳаст… Аммо эрод гирифтан бар корҳое аз ин даст кори мушкиле ба назар намерасад.
Русҳо, ки дар пажӯҳишҳои илмӣ диққати аҷиб ва “мошинвор” доранд, дар таҳқиқ ба рӯи мутуни қадимӣ аз чӣ шевае истифода мекунанд? Оё гумонзанӣ ва гумони қариб ба яқинро дар ин гуна корҳо қабул доред? Посух дод:
Гумонзанӣ ва гумони қариб ба яқин, яъне чӣ? Дуруст аст, ки вақте мутахассисе бар рӯи як матне ё мутуни як давра кор кард, метавонад аз рӯи ҳадсу гумон таклифи порае аз нуқоти торик ё машкуки як асарро рӯшан кунад, аммо ин ҳамеша хатарнок аст ва зариби иштибоҳаш болост. Мо фақат равиши муқобила ва муқоисаро қабул дорем, муқобила ва муқоисаеро, ки як мутахассис анҷом диҳад. Ҳам аз ин рӯст, ки қасд дорем ба ҳангоми поён гирифтани кори интишори чопи ҷадиди “Шоҳнома”, конфронсе бо ширкати ҳамаи мутахассисон тартиб диҳем, то пас аз баҳсу гуфтугӯ дар мавриди мутуне, ки то кунун мунташир шудааст, замина барои чопи як матни ниҳоӣ фароҳам ояд.
Гуфтам, ишорае ба мавзӯи Фирдавсӣ дар ривоятҳо кардед ва аз зарурати шинохти он барои баррасии вуҷӯҳи мухталифи “Шоҳнома” гуфтед, дуруст аст, ки ин фурсати дигар металабад ва худ мақулае ҷудогона аст, аммо мехоҳам аз вазъияти Фирдавсӣ дар баробари маздакисм дар “Шоҳнома” бигӯед, гуфт: Фирдавсӣ маздакисмро қабул дорад ва инро албатта на чандон возеҳ ва ошкоро баён мекунад. Медонед мутолиаи сохтҳои таърихӣ ва иҷтимоӣ дар давронҳои хос аз таърих бо пажӯҳиш аз “Шоҳнома” муяссар аст. Шахсиятсозиҳо дар ин асар қобили мутолиа ва эъҷобангез аст. Дидгоҳи Фирдавсӣ ба рӯи инсон, назаргоҳе бисёр инсонӣ аст.
Ғафуров боз форсӣ ва русиро баҳам даромехта буд, ки гуфтам, агар иштибоҳ накунам, инҷо ҳам пажӯҳандае ба исми Соқибфар баъзе аз шахсиятҳои “Шоҳнома”-ро матраҳ ва мутолиа кардааст ва нишон дода, ки инсон дар афсонаҳои “Шоҳнома” такомул меёбад, то дар Кайхусрав ба ниҳоят агар на, ба авҷ расад, мақсудатон ин аст? Яъне ба ҷуз Рустам ҳар шахсият дар афсонаҳо, комилтар аз шахсияти достони қаблӣ аст.
Қабул кард ва натавонист тааҷҷубашро аз инки чунин корҳое инҷо сурат мегирад, пинҳон кунад, гуфт:
Мутолиаи ангезаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто корбурди калимот дар ҳамосаҳо, бештар аз инҳо бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
Пурсидам корҳои дигари Институти шумо чист?
Ҷавоб дод: Даҳҳо ҳазор дастхат дар ихтиёри мост, агар зарурате эйҷоб кунад, онҳоро мунташир мекунем ва агар лозим бошад, натиҷаи пажӯҳишро ба сурати рисолоте дар ихтиёри ҳамагон қарор медиҳем. Мавзӯъ ин аст, ки дар гузашта дар Ховар чопхона набуд ва мутун дастнавис мешуд ва даст ба даст мегашт. Дар ин шароит ҳар котибе барои боқӣ гузоридани ёдгорӣ, чизе бар асли асар меафзуд ё мекост ва ин сабаб мешуд то ҳар нусха бо нусхаи қаблӣ тафовути бисёр дошта бошад, масалан аз Камоли Хуҷандӣ беш аз даҳҳо матн дар ихтиёр дорем, ки ҳама бо ҳам тафовут доранд, мо тамоми ин мутунро ҳифз мекунем, то билохира матни аслиро пайдо кунем.
Пурсидам, аз “Шоҳнома” чанд нусха дар ихтиёр доред?
Гуфт: Беш аз сад навъ. Аз мизони алоқаи мардуми Шӯравӣ ба “Шоҳнома” бигӯям, ки як бор ин асарро дар тироже муодили 250 ҳазор мунташир кардем. Ин чоп дар як ҳафта ба куллӣ ноёб шуд.
Барои истироҳат ва нафас тоза кардан хомӯш шуда будам, ки якбора гуфт:
“Шоҳнома” як дарёст. На танҳо таърихи манзуми кишварест, ки бо ҳадафи мутаолӣ ва инсонӣ ба назм кашида шуда, балки дар ҳар заминае ва барои мутолиаи ҳар мақулае як китоби марҷаъ аст, барои ҳамин ҳам феълан мо дар Шӯравӣ дар ҳоли бозшиносии ин асари бузург ҳастем.
Охирин суолро матраҳ кардам. Пурсидам дар мавриди адабиёти муосири Эрон, дар Шӯравӣ чи корҳое шудааст, гуфт: Дар ҷараёни таҳаввулоти шеър ва қиссаи ҷадид дар Эрон ҳастем, ҷузавоте аз Чӯбак ва Оли Аҳмад тарҷума ва мунташир шудааст. Мутмаин бошед, ки ба “ҳол”-и Эрон камтар аз гузашта таваҷҷуҳ надорем.
(Маҷаллаи “Ҳунар ва мардум”, соли 12, шумораи 139, урдибиҳишти 1353, с.43-45).

Таҳияи Шоҳмансур Шоҳмирзо

Дар адабиёти қарни ХХ Эрон адиберо суроғ надорем, ки мисли Саид Ашрафиддини Гелонӣ дар даврони зиндагиаш, бо вуҷуди ба авҷи шуҳрат расидан, аз ҳама анҷуману маҳфилҳо канора гирифта, зиндагии фақирона ба сар бурда, билохира дар тангдастиву фақр рӯзҳои вопасини умри худро дар бемористони бемориҳои рӯҳӣ, дар гумномӣ ба поён расонида бошад. Воқеан, чунин зиндагӣ танҳо насиби шоиру рӯзноманигори аҳди Машрута (1905-1911), Саид Ашрафиддини Ҳусайнӣ маъруф ба Гелонӣ гардидааст. Ӯ сухансарое буд, ки ба қавли устод Ҳабиб Яғмоӣ “дар замони хеш овозаи шуҳраташ саросари Эронро фаро гирифта буд ва ҳар гурӯҳ, аз орифу омӣ, бо саводу бесавод, хурду бузург ӯро мешинохтанд ва рӯзномаашро даст ба даст мегардониданд ва шеърашро аз бар мекарданд. Аммо дар охири умр чунон ба сахтӣ ва бадбахтӣ афтод ва чунон ба гӯшанишиниву гумномӣ зист, ки на касе ҳолашро пурсид ва на дастгириву тафаққуде дид, то дар ниҳояти тангдастиву бенавоӣ ҷон дод. Ва акнун аз мазораш ҷуз дар синаҳои мардуми ориф нишон наметавон ёфт.”

Ин сарнавишти аксари инқилобиён аст, ки ҳосили дастоварди онҳо насиби дигарон гардида, худашон дар гирдоби фаромӯшӣ аз байн рафтаанд.

Хидмати Саид Ашрафиддини Ҳусайнӣ (Гелонӣ) ва рӯзномаи ӯ, “Насими Шимол” дар густариши ҷунбиши машрутахоҳӣ ва инъикосу интиқоди воқеоти сиёсӣ ва иҷтимоии он даврони Эрон басо бузург аст. Ӯ тавассути рӯзномаи “Насими Шимол”-аш дар бедории афкори тӯдаҳо ва раванди инқилоби Машрута саҳми босазо гузошта аст.

Ба қавли аксари адибону муҳаққиқони эроние, ки бо Саид Ашрафиддин мулоқот кардаанд ва ё ӯро мешинохтаанд, фурӯтанӣ, бепарво ба ҷоҳу моли дунё будан ва канорагирии ӯро аз ҳар гуна маҳфилу нишастҳо хотирнишон мекунанд. Аз ин рӯ, аз зиндагиномаи ӯ иттилои кофие дар даст нест. Ягона сарчашмаи муътамади зиндагиномаи шоир рӯзномааш “Насими Шимол” ва куллиёти шоир аст, ки солҳои ахир бо саъйу кӯшиши Ҳусайни Яминӣ дар Теҳрон чанд дафъа таҷдиди чоп шудааст. Хидмати Ҳусайни Яминӣ дар он аст, ки дар қисмати аввали куллиёти шоир мақолоту ёддоштҳои донишмандони эрониву хориҷиро перомуни зиндагӣ ва эҷодиёти Саид Ашрафиддин ҷой дода, онро бо номи “Куллиёти ҷовидонаи Насими Шимол” бори нахуст дар соли 1371 ҳ.ш/1993 м ба табъ расонидааст.

Соли таваллуди Ашрафиддинро соли 1287ҳ.қ. (1870 м.)  меҳисобанд. Ӯ дар Қазвин ба дунё омадааст. Аз шарҳи ҳоли манзуме, ки худи шоир навиштааст, маълум мегардад, ки дар 6-моҳагӣ аз падару модар ятим монда, дар кӯдакиаш хонаву ҷои аз волидон ба мерос мондаашро хешовандонаш ғасб кардаанд ва ӯ дар тангдастиву фақр ба воя расидааст. Дар айёми наврасиву ҷавонӣ 5 сол дар Карбалову Наҷаф зиндагӣ мекунад, аммо ҳуббӣ Ватан ӯро дубора ба Эрон бармегардонад. Чанд муддат дар Қазвин зиндагӣ карда, дар синни 22 солагиаш ба Табрез меравад ва бо пири равшанзамире ошно мешавад, ки худ ин мулоқотро чунин ба қалам додааст:

Дар раҳи Табрез бо сӯзу тааб,

Хидмати пире расидам нимашаб.

Он қаландар чун маро девона дид,

Маст аз ҷоми майи ҷонона дид.

Кард таълимам ҳама асрори Ҳақ

Гашт рӯшан рӯҳам аз анвори Ҳақ.

         Дар Табрез Саид Ашрафиддин ба омӯзиши сарфу наҳви арабӣ, илмҳои ҳайат, ҷуғрофия, мантиқу ҳандаса ва дигар илмҳои мутадовили замон мепардозад. Баъд аз муддате ба вилояти Гелон меравад ва дар Рашт иқомат ихтиёр мекунад. Маҳз дар Рашт ба эҷоди шеър ва интишори рӯзномаи “Насими Шимол” мепардозад. Дар бораи таъсиси рӯзномаи “Насими шимол” чунин гуфтааст:

Дар ҳазору сесаду бисту чаҳор

Чун шуд Машрута ин шаҳру диёр

Кардам эҷод ин насими нағзро.

Атр бахшидам зи бӯяш мағзро.

         Рӯзнома дар Рашт таъсис ва шумораи нахустини он 2 шаъбони 1325ҳ.қ. (20.09.1907.м) дар он шаҳр аз чоп баромада ва баъд аз соли 1912 дар Теҳрон интишор ёфт ва чун дар ҳаҷми чаҳор саҳифаи кӯчак буд, танҳо худи Саид Ашрафиддин мебаровард. Ва матолби рӯзномаро бо номҳои мухталиф, аз ҷумла Лотулут, Фақир, Харобалӣ Мирзо, Ҳӯп – Ҳӯп, Маҳрум – ул – ҳуқуқ ва амсоли он имзо мекард. Тамоми мақолоту маводи рӯзномаро худаш менавишт ва бештари мазомин ба назм таълиф шуда буд. Воқеаҳои рӯз ва ҳаводиси даврон бо ашъори соддаву равону ширин анбошта бо ҳаҷви зарифонаву дилчасп баён мешуданд, ки аз он беҳтар гуфтан амри маҳол буд. Ба қавли Ҳабиби Яғмоӣ “киноёти латифу муассири рӯзномаи “Насими Шимол”-ро дар ҳеч як аз  ҷароиди он аср наметавон ёфт (4,28)”.  

         Аз он ҷо, ки Саид Ашрафиддин ба ҳеч кадом гурӯҳҳои сиёсӣ шомил набуд, дар миёни тӯдаҳои мардум маҳбубияти зиёде дошт ва ашъораш низ зарбаи кӯбандае бар мухолифини инқилобу мардум буд. Аз ин рӯ, ашъораш шӯре дар миёни тӯдаҳо меангехт. Ин марди ростгӯву беғалуғаш ва фарзонаи далер сеҳре дар суханаш дошт, ки дар ҳеч як аз шоирони замонаш набуд.

Ба қавли устод Саид Нафисӣ “Ин мард ҷодугаре буд, ки бо арвоҳи мардуми табақаи сеюми ин кишвар, ин мардуме, ки ҳанӯз зиндаанд ва ҳаргиз нахоҳанд мурд, бозӣ мекард. Рӯҳи мардум зери дасти ӯ хамирмояе буд, ки ҳаргуна ки мехост, онро дармеовард. Ҳар шакле, ки мехост ба он медод [4; 12]”.

Аз ин рӯ, ҳар як шумораи рӯзномаи “Насими Шимол”-ро мардуми Теҳрону вилоёт бесаброна мунтазир буданд.

Тибқи шоҳидии устод Саид Нафисӣ Саид Ашрафиддин ҳар рӯзу шаб шеър мегуфт ва ашъори ҳафтаро, ки ҳама ба мавзуи рӯз буд, дар саҳафоти “Насими Шимол” чоп мекард ва дар ихтиёри мардум мегузошт. Ӯ наздик ба бист сол рӯзномаашро дар матбааи бисёр хурди яҳудиёни Теҳрон  дар чаҳор саҳифаи кӯчак ба чоп мерасонид, ки дар пойтахт ва дигар шаҳристонҳои кишвар паҳн мешуд ва рӯзе набуд, ки матолиби ин рӯзнома валвалае дар кишвар насозад. Ҳукуматҳо мукаррар аз дасти ӯ ба сутӯҳ омада буданд. “Зану мард, пиру ҷавон, босаводу бесавод ин рӯзномаро даст ба даст мегардониданд. Босаводҳо барои бесаводҳо мехонданд ва мардум ҳалқа мезаданду рӯи хок менишастанду гӯш мекарданд”. [4; 13]

Бо вуҷуди ин ҳама шӯҳрат ӯ бисёр марди муаддаб, фурӯтан, афтодаву меҳрубон, некӯкор, ватанпараст ва беэътино ба мансабу моли дунё будааст. Саид Ашрафиддини Гелонӣ ба таъйиди Саид Нафисӣ “аз миёни мардум берун омад, бо мардум зист ва дар миёни мардум фурӯ рафт... Ӯ на вазир шуд, на раиси идора шуд, на пуле ба ҳам зад, на хона сохт, на мулк харид, на моли касеро бо худ бурд, на хуни касеро ба гардан гирифт. Шояд рӯзи валодати ӯ ҳам касе ҷашн нагирифт ва... дар марги ӯ ҳам хатм нагузоштанд” [4; 15].

Тавре ки зикр шуд, бо ин ҳама Саид Ашрафиддин фақирона мезист, сарпаноҳи муайяне надошт ва бештари вақтҳо дар ҳуҷраҳои мадрасаҳо зиндагӣ карда, тақрибан тамоми умр муҷаррад будааст (муддате чанд бо бевазане издивоҷ мекунад ва он зан ба зудӣ вафот мекунад). Чунон ки Яҳёи Оринпур менависад, “соли 1345 ҳ.қ. (1926) шоеъ шуд, ки Саид Ашрафиддини Гелонӣ ба бемории ҷунун мубтало шудааст ва ӯро ба темористони (бемористони – О.Х.) рӯҳӣ бурдаанд [5; 64]”.

Ба иртиботи хилоли рӯҳии Саид Ашрафиддин Ҳабиб Яғмоӣ дар ёддошти хеш роҷеъ ба дидораш бо Саид Ашрафиддин хотирнишон месозад, ки дар ҳудуди соли 1309 ҳ.ш. (1930-31) яке аз эроншиносони маъруфи Ҳиндустон, профессор Муҳаммад Исҳоқ, ки дар он айём тазкираи маъруфи хеш “Суханварони Эрони асри ҳозир”-ро дар дасти таълиф дошт, барои чанд моҳе ба Теҳрон меоянд ва дар қатори дигар адибони маъруф, мехоҳад бо Саид Ашрафиддин низ мулоқот кунад. Бад-ин робита профессор Муҳаммад Исҳоқ аз Ҳабиб Яғмоии ҷавон хоҳиш мекунад, ки мулоқот ӯро ҳамроҳӣ кунад. Устод Ҳабиб Яғмоӣ ин дидорро чунин ба қалам додааст: “Пас аз пурсишҳо ва ҷустуҷӯҳо маълум шуд, ки манзили Саид Ашрафиддин дар интиҳои хиёбони Ноибуссалтана (Гуте), ҷануби сарбозхонаи қадимист. Пурсон-пурсон ба он ҷо рафтем ва хонае буд, ҳақир аз гилу хишт ва тақрибан бе асосот (мебелҳо – О.Х.) ва бе фарш. Шахси кӯтоҳқаду фарбеҳ, ки мӯйи сару сураташ сапеду нопироста буд, бо сари бараҳна ва либоси жанда ба девораи коҳгилини хона такя дода буд. Ин шахс ҳамон шоири машҳури Эрон Саид Ашрафиддин буд.

Мо ду тан низ дар канори девор паҳлӯи ӯ нишастем ва қариб як соат бо Саид ҳарф задем. Ҳарчанд ҷавобҳое, ки ба пурсишҳои мо медод оддиву маъмулӣ ва марбут буд, аммо маълум мешуд, таровиши андешааш ошуфтаву парешон аст. Аз ӯ дархост кардем, шеъре ба ёдгори ин мулоқот бигӯяд. Қитъа қоғазе гирифт ва бетааммул чанд бйте сохту навишт. Ин ёдгорро банда дорам ва тасаввур мекунам, охирин шеъраш бошад, чӣ пас аз ин мулоқот ба муддате кӯтоҳ даргузашт[4; 27 - 28].

Мавзуи бемории рӯҳии Саид Ашрафиддинро Саид Нафисӣ мармуз медонад, зеро аз назари ӯ ҳеч гуна нишонаи ҷунун дар вай дида намешуд. Саид Нафисӣ менависад: “Ӯро ба темористони шаҳри нав бурданд ва утоқе дар ҳаёти ақиби темористон ба ӯ ихтисос доданд... Ман намефаҳмидам чӣ нишонаи ҷунун дар ин марди бузург буд! Ҳамон буд, ки ҳамеша буд. Мақсуд аз ин кор чӣ буд? Ин яке аз бузургтарин муаммоҳои ҳаводиси ин даврони зиндагии мост! Хабари марги ӯро ҳам ба касе надоданд. Оё ростӣ мурд? [4; 14]”.

Ба ҳар тавре буд, Саид Ашрафиддини Гелонӣ дар ҳоли бемориву фақру тангдастӣ ва гумномӣ моҳи зилҳиҷҷаи 1352 ҳ.қ. (марти 1934) зиндагиро падруд гуфт.

Аз Саид Ашрафиддин Гелонӣ беш аз 20 ҳазор байт боқӣ мондааст. Маҷмӯаи ашъори хешро Саид Ашрафиддин ҳангоме, ки  ҳоло хилоли димоғ надоштааст, дар ду ҷилд дар матбааи яҳудиёни Теҳрон (он ҷо ки рӯзномаашро ба чоп мерасонид) ба табъ мерасонад, ки бинобар гуфтаи Саид Нафисӣ “бо суръати аҷиб нусхаҳои он тамом мешавад”. Ҳамчунин он зери унвони “Насими Шимол” ду мартаба дар Бомбей низ ба чоп мерасад. Гарчанде ағлаби навиштаҳои Саид Ашрафиддин асосан дар сафаҳоти “Насими Шимол” дарҷ гардидаанд, аммо ҳаминро ҳам бояд ёдовар шуд, ки ӯ як асари ишқӣ-ахлоқии мансури музайян бо шеър бо номи “Азизу Ғизол” таълиф карда, соли 1309 ҳ.ш. (1930 м.) дар Теҳрон ба табъ расонидааст. Ва ҳамчунин як китоби таълимӣ-тарбиявие ба номи “Гулзори адабӣ” низ тартиб дода, ки аз тарафи вазорати маорифи вақт ба ҳайси китоби дарсии қироат барои синфҳои 2 ва сеи мактабҳои ибтидоӣ пешниҳод шуда буд ва дар замони шоир ду дафъа аз тарафи идораи маорифи Гелон дар Теҳрон мунташир гаштааст.

Мутаассифона, то ҷое, ки мо иттилоъ дорем перомуни ин ду асари Саид Ашрафиддин ҳам дар Эрон ва ҳам дар эроншиносии ҷаҳон ба ҷуз ёдоварӣ аз “Азизу Ғизол” ҳамчун асари ишқӣ дар ёддоштҳои Ҳабиб Яғмоӣ чизи дигаре гуфта нашудааст. Ҳол он ки асари Саид Ашрафиддин “Азизу Ғизол” як асари лирикӣ-романтикиест, аз ишқи поки ду дилдодае, ки хонаводаҳояшон ба ҳам адовати чандинасра дошта, моҷарои достон низ дар перомуни ин зиддиятҳо тору пуд метанад, эҷод шудааст.

Тавре ки зикр шуд, эҷодиёти Саид Ашрафиддин ва ҳунари шоириву рӯзноманигории ӯ бо ҷаридаи “Насими Шимол” сахт бастагӣ дорад. Зеро аксари маводи рӯзномаи мазкурро бо назм таҳия ва худаш саҳифабандӣ ва ба чоп мерасонид. Аз ин рӯ, мундариҷаи аслии рӯзномаи “Насими Шимол”, ки хидмати босазое дар пешрафти инқилоби Машрута кардааст, иборат аз ашъори интиқодӣ, факоҳӣ, равшангароӣ ва таблиғотие буданд, ки ҳама аз хомаи Саид Ашрафиддин таровиш кардаанд.

Ин рӯзнома бо матолиби ҷолибу ифшогаронаи хеш беш аз бист сол аз шуҳраташ накоста, яке аз пурхонандатарин (албатта, бештар дар миёни қишри поинии ҷомеа) рӯзномаи Эрон будааст. Шуҳрати беандозаи Саид Ашрафиддин ва “Насими Шимол”-аш, ки дар замонаш аксари мардум ӯро ба номи оқои Насими шимол ном мебурданд, дар чӣ будааст? Шояд дар рӯҳияи мардумӣ ва шакли фолклории ашъору матолиби ҷолибу занандаи рӯзнома бошад, ки “на чашмпуркунбуду на хушчоп”, аммо “мардум онро меписандиданду номаш ба сари забонҳо буд” ва ашъори мундариҷаи он “валвалае дар Теҳрон меандохт”. Ва ё шояд ин шуҳрат ба поктинативу беэътиноии шоир бо молу мансаби дунё буд, ки ӯро маҳбуби ҳама гардонида буд. Ба ҳар ҳол Саид Ашрафиддин яке аз чеҳраҳои асосии ҷунбиши машрутахоҳии Эрон буда “Насими Шимол” оинаи тамомнамоӣ ин инқилоб маҳсуб мешавад. [1; 205].

Пуршӯртарин ва интиқодитарин сурудаҳои шоир, ки ӯро ба авҷи шӯҳрат расонидааст, дар садри Машрута ба миён омада, дар пирӯзии инқилоб ва танвири афкори тӯдаҳо мусоидат кардаанд. Масалан, мустазоди, “Эй вой, Ватан вой”-и шоир, ки дар №9, 27 зиқадаи 1325 ҳ.қ. (6.12.1907) “Насими Шимол” мунташир шудааст, саршор аз рӯҳияи ватанпарастӣ буда, тӯдаҳои мардумро ба бедории миллӣ ва наҷоти Ватан аз вартаи ҷаҳолату ҳалокат даъват менамояд. Оё мешавад, ки ин мисраъҳоро хонду ба вазъияти кишвар бетафовут буд:

Гардида Ватан ғарқаи андӯҳӯ миҳан[1] вой,

Эй вой Ватан, вой

Хезед, равед аз паи тобуту кафан вой,

Эй вой Ватан, вой...

Ку ҳиммату ку ғайрату ку ҷӯшу футувват?

Ку ҷунбиши миллат?

Дардо, ки расид аз ду тараф сели фитан[2] вой

Эй вой Ватан, вой

Аксари сурудҳои шоир натиҷаи таровиши андешаи хоси ӯст ва дар онҳо бештар рӯҳи инқилобии мардум ва шӯру шаафи созандагиву равшангароии қишри муборизу озодихоҳ ва ватанпарастии Эрони он давра, ки аз Инқилоби Машрута умеди зиёде доштанд, эҳсос мегардад. Дар ин қабил ашъор истеъдоди шоири мубаллиғ ва рӯзноманигори оташинсухан будани Ашрафиддини Гелонӣ баръало ба чашм мехӯрад. Намунаи беҳтарини ин гуна сурудаҳо мустазоди маъруфи ӯ “Дарди Эрон бедавост”, ки дар №10 “Насими Шимол” аз таърихи 16 зилҳиҷҷаи 1325 ҳ.қ. (Браун ин таърихро 20.01.1908 нишон додааст) мунташир шудааст. Дар ин шеър воқеаҳои моҳи декабри соли 1907 ва январи соли 1908 мунъакис шудааст, ки Э.Браун онро “кудетои ақим” номида буд. Ин шеър[3] дар давраи ҳассоси Инқилоби Машрута, яъне кашмакашиҳои шоҳу машрутахоҳон, эҷод шуда, ки ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии он давраро хело хуб ба қалам додааст:

Дӯш мегуфт ин сухан девонае бебозхост

Дарди Эрон бедавост.

Оқиле гуфто, ки аз девона бишнав ҳарфи рост

Дарди Эрон бедавост.

Мамлакат аз чор сӯ дар ҳоли буҳрону хатар,

Чун маризи мухтасар.

Бо чунин дастур ин ранҷур маҳҷур аз шифост

Дарди Эрон бедавост.

Подшоҳ бар зидди миллат, миллат андар зидди шоҳ,

З-ин мусибат оҳ-оҳ!

Чун ҳақиқат бингарӣ, ҳам ин хатост, ҳам он хатост

Дарди Эрон бедавост.

Ҳар касе бо ҳар касе хасм асту бадхоҳ асту зид(д).

Гӯяд ӯро мустабид.

Бо чунин шакл эй басо хунҳо ҳадар, ҷонҳо ҳубост

Дарди Эрон бедавост.

         Ин мустазод 26 мисраъ буда, ҳама воқеоту кашмакашиҳои машрутахоҳону мустабидон, ба вижа мавзеъгириҳои шайх Омуливу шайх Фазлуллоҳи Нурӣ хело устодона бо танзи малеҳ баён шудааст.

Ашъори дар саҳафоти “Насими Шимол” сурудаи Саид Ашрафиддини Гелонӣ мубайини талошҳои машрутахоҳону озодандешон, интиқоди дастгоҳи давлативу намояндагони дурӯяву мунофиқи Маҷлиси Миллӣ, ҳаҷву мазоқи кишварҳои хориҷии Аврупову ҷаҳлу ҳуруфоту ақибмондагии иқтисодиву маънавии кишвараш мебошад. Тавре ки қаблан зикр шуд, чун Саид Ашрафиддин ба ҳеч ҷиноҳу дору дастаҳои сиёсӣ ҳамроҳ набуд ва эҳтиёҷе ҳам ба пуштибониву кӯмкаки қудратҳои сиёсиву давлатӣ надошт, сухани худро бепарда ва назарашро ошкоро баён мекард, аз ин сабаб дар шеъри “Як арбадаи мастона” гуфтааст:

На боке аз қазо дорам, на аз тақдир метарсам.

На хавфе аз фалак дорам, на аз таъсир метарсам.

На аз олам, на аз одам, на аз тағйир метарсам.

На аз куштан, на аз бастан, на аз занҷир метарсам...

Аз ин ба чапу рост тозиёнаи интиқод заданҳояш буд, ки ҳукуматҳои вақт аз дасти ӯ  ва рӯзномааш ба дод омада буданд, зеро дар саҳафоти рӯзномааш ҳафтае набуд, ки парда аз рӯи расвоиву хоинии вакилу вазир бардошта нашавад. Аз ин рӯ, дар номаи таҳдиде, ки шоир аз номи хонандаи “эҳтиёткор” дар сабку шеваи сурудҳои оммиёна дар рӯзнома мунташир кардааст, хитоб ба “ба Насими Шимол” мегӯяд:

Оҳой-оҳой “Насими Шимол” мисоли шери аржана

Гоҳе зани ба майсара, гоҳе занӣ ба маймана.

Зилзилаҳо фикандаӣ ба кӯҳу дашту домана

Оҳиста биё, оҳиста бирав, ки гурба шохат назана.

 

Аввал бигӯ барои ман ту кистӣ, чӣ кораӣ?

Муқобили суханварон ту тифли ширхораӣ.

Ба пеши офтобу маҳтоб камтар аз ситораӣ

Эй боракалло, марҳабо, ба ин қиёфаву тана

Оҳиста биё, оҳиста бирав, ки гурба шохат назана.

 

Зи зореини ранҷбор боз ҳам ҳимоят мекунӣ

Зи золимони муфтхӯр боз ҳам шикоят мекунӣ.

Зи аҳди шоҳи виз-визак боз ҳам ҳикоят мекунӣ

Таънаи шеъри худ занӣ ба соҳибони тантана

Оҳиста биё, оҳиста бирав, ки гурба шохат назана...

 

Мадраса чӣ, улум чӣ? Мактаби духтарона чӣ?

Ин кураи замин бувад ба шакли ҳиндувона чӣ?

Миёни рӯзнома ин гуфтугӯи занона чӣ?

Пураст рӯзномаат зи қавли холаву нана

Оҳиста биё, оҳиста бирав, ки гурба шохат назана...

Аз ин намунаи андак тавре ки мулоҳиза шуд, шеъри Ашрафиддин ҳамеша бо тору пуди танзу ҳаҷвии намакин омехтааст. Тозиёнаи танзи шоир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии кишвар, ашхоси ҷудогона, ҷаҳолату ҳуруфотпарастӣ ва амсоли он, фурӯкаш аст. Масалан, дар шеъри “Хитоб ба Фарангиён” танбалию танпарварӣ, ҷаҳолату бесаводии мардуми мусулмон бо як танзи зарифона ба мазоқ гирифта, пешравию тараққиёти аврӯпоиён ба рухашон кашида мешавад:

Эй фарангӣ, мо мусулмонем, ҷаннат моли мост.

Дар қиёмат ҳуру ғилмон, нозу неъмат моли мост.

Эй фарангӣ иттифоқу илму санъат моли ту,

Адлу қонуну мусовоту адолат моли ту,

Нақли оламгириву ҷангу ҷалодат моли ту,

Ҳирсу бухлу кинаву буғзу адоват моли мост.

Хоби роҳат, айшу ишрат, нозу неъмат моли мост...

 

Ихтирооти ҷадиду илму санъат з-они ту

Аз замин бар осмон рафтан зи ҳиммат з-они ту.

Мактабу ташвиш бар атфоли миллат з-они ту

Ғӯта хурдан андарин дарёи зиллат моли мост.

Хоби роҳат, истироҳат, ҷаҳлу ғафлат моли мост...

 

 Ин талхгӯиҳои шоир ҳама ба дард ва ин ҳама мазоқи ӯ аз пушти пардаи ашки андӯҳу ҳасрат аст, ки чаро дар хоби ғафлату дар дарёи зиллат ғарқаем?! Аз ин ҷост, ки ба сутӯҳ омада фарёд мезанад:

Имрӯз чу мо ҳеч кас ангуштнамо нест,

Зеро, ки касе ҷоҳилу бе илм чу мо нест.

Дар илму саноеъ ҳамагӣ оҷизу лангем,

Дар мағлатаву фитнаву ошӯб зарангем.

Бар ҷони ҳам афтода шабу рӯз ба ҷангем

Шарме зи Каломуллоҳу тарсе зи Худо нест.

         Аз мутолиаи дақиқи куллиёти Саид Ашрафиддини Гелонӣ чунин андешае даст медиҳад, ки гарчанде шоир яке аз мунодиёни сарсупурдаи садри Инқилоби Машрута буд, аммо ҳеч гоҳ тарафдори ғасби иҷбории қудрати сиёсӣ, ки паёмади он ҷангҳои шаҳрвандист, набудааст. Ӯ мехостааст, ки ҷомеаи Эронӣ ва миллати Эрон аз тариқи фарогирии илму маърифат, худогоҳии миллӣ, кӯшишу талоши созанда ба ҷодаи тамаддуни башарӣ ворид шуда, кишвари ободу босаодат бошад. Аз ин рӯ, орзу мекунад:

Миллати мо гар шавад доно, шавад кораш дуруст,

Оҳ, аз он нодонии ин миллати меҳнатқарин.

         Аксари ашъори Ашрафиддини Гелонӣ дар қолаби мусаммат, мустазод, тарҷеъбанду таркиббанд, ки ҳама то ҳадде жанрҳои ба фарҳанги омма наздику дорои авзони сабук ва оҳангҳои халқианд, эҷод шудаанд. Забони назми Саид Ашрафиддин низ содаву омиёна буда, ҳадафи шоир бештар тӯдаҳои аввом ва мардуми заҳматкашу ҷафокаши бесаводи эронӣ будааст. Аз ин рӯ, аксари ашъори ӯ бо забони омиёна эҷод шуда, ташбеҳоту истиороте, ки корбаст шудаанд, омиёна ва наздик ба зеҳни тӯдаҳост.

         Ба таври хулоса бояд зикр кард, ки ашъори Саид Ашрафиддини Гелонӣ, агарчӣ аз нигоҳи маҳорати шоирӣ ва сухансанҷӣ ба пояи шеъри классикии форсӣ намерасад, аммо аз нигоҳи шоирона ва сабки баён аз бисёри ашъори ҳаҷвӣ, сиёсӣ ва таблиғиву шиории он замон, ки ба пайравии Эдвард Браун мо онро “шеъри матбуотӣ” номидем, боло меистад. Илова бар он, бо вуҷуди он ки Саид Ашрафиддин инқилобӣ ва сиёсатмадори касбӣ набуд, аммо дар ашъори хеш мудофеи истиқлоли Эрон, душмани таҷовузкорони он ва вассофи Инқилоби Машрута ба шумор мерафт. Ӯ рисолати шоирӣ ва рӯзноманигории худро дар бармало сохтани нуқси ҷомеа, фисқу фуҷури дастгоҳи давлатӣ, бедор сохтани азҳони мардум дар амри худогоҳии миллӣ ва созандагии ҷомеаи шукуфон медонист. Аз ин рӯ, дар ашъори хеш, ки пур аз танзи малеҳу дар айни ҳол кӯбанда буд, ватанфурӯшон, душманони озодӣ ва куллияи касони фосиқу дурӯя, ки дар фикри кишвару мардум набуданд, ба банди истеҳзову тамасхур гирифтааст. 


[1] Миҳан – азобҳо; шакли ҷамъи вожаи меҳнат.

[2] Фитан – фитнаҳо; шакли ҷамъи вожаи фитна.

[3] М.Баҳор низ дар ин давра ба ҳамин вазну оҳанг мустазодеро  ба номи “ Кори Эрон бо Худост” эҷод кардааст, муқоисаи он аз маҷоли ин баҳс хориҷ аст.

МАШРУТАИ ЭРОН

Олимҷон Хоҷамуродов

صفحه‌ها