700 СОЛ БО ҲОФИЗ

Undefined

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

        Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 24 июни соли 2025, дар доираи Маҳфили “Хирад”-и Раёсати АМИТ, ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Аҳамияти баёзу радоифулашъор дар таърихи адабиёти тоҷикии форсӣ”-ро баргузор менамояд.

     Дар конфронс масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

• аз таърихи ҷамъ ва мураттаб намудани маҷмуаҳои шеърӣ;

• масъалаҳои пажуҳиши маҷмуаҳои шеърӣ;

зарурияти омӯзиши онҳо;

Undefined

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

      Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки рӯзи 18 октябри  соли 2024  Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарӣ дар мавзуи «Масъалаҳои  муҳимми феҳристнигории нусхаҳои хаттии ММХ назди Раёсати АМИТ ва ҳифзи мероси хаттӣ» (бахшида ба 80-солагии шодравон Сайиднуриддин Шаҳобиддинов) баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории конференсия баррасии феҳристнигории нусхаҳои хаттӣ ва тавсиф онҳо, ки дар ганҷинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд, мебошад.

Undefined

Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, ба пешвози 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, санаи 24.06.2024, соати 10:00, ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор менамояд.

Дар ҳамоиш узви Комиссияи оштии миллӣ, академик Кароматулло Олимов ва дигар кормандони соҳибтаҷрибаи Марказ суханронӣ менамоянд.

Иштироки ҳамаи кормандон, магистрону докторантони PhD ва унвонҷӯёни Маркази мероси хаттӣ ҳатмист!

 

Маъмурият,

21.06.2024.

 

 

Undefined

       Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, бо мақсади омода намудани муҳаққиқони ҷавони соҳибтаҷриба, ҳар моҳ семинарҳои илмӣ, назариявӣ ва методологиро дар мавзуъҳои гуногуни филологиву шарқшиносӣ, бо суханрониҳои олимони соҳибмактаб ва иштироку мунозираҳои олимони ҷавон, магистрантону докторантони PhD ва унвонҷӯёну кормандони Марказ баргузор менамояд.

         Бо ин мақсад ва иҷрои барномаи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии олимони АМИТ, 12 апрели соли 2024 (ҷумъа), соати 10:00, Семинари илмӣ-назариявӣ, бахшида ба “Ҳафтаи илм” баргузор  мешавад.

Undefined

Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, бо мақсади дастгириву тайёрнамоии кадрҳо силсилаи семинарҳои илмиву омӯзиширо барои муҳаққиқони ҷавон  ба роҳ мондааст.

Ҳамин тавр,  15 феврали соли 2024 (панҷшанбе), соати 10:00, Семинари илмӣ-методологӣ  дар мавзуи “Методи тадқиқи илмии адабиётшиносӣ” баргузор карда мешавад.

Гузоришдиҳанда - доктори илми филология, профессор О. Хоҷамуродов.

Иштироки магистрону докторантон ва  унвонҷӯёни ММХ ҳатмист!

 

 

 

Маъмурият,

Undefined

Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои қадршиносии хизматҳои шоистаи муҳаққиқони ҷавон, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодӣ ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ  таъсис дода шудааст.

Undefined

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

      Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки рӯзи 3 ноябри  соли 2023  Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарӣ дар мавзуи «Собиқаи ҷамъоварӣ ва масъалҳои нигаҳдории мероси хаттӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба 115 солагии бузургдошти академик Абдулғанӣ Мирзоев баргузор мегардад.

Undefined

Эълон!

    Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни 2 лоиҳаи аз ҷониби Юнеско дар доираи барномаҳои иштирок (Participation Programmes) барои давраи 2022-2023, тасдиқшударо ҷиҳати тендер (музояда) пешниҳод менамояд:

Undefined

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

       Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба иттилоъ мерасонад, ки тибқи Қарори Раёсати АМИТ аз 27.03.2023, №69 рӯзҳои 9-10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО баргузор мегардад.

    Ҳадаф аз баргузории Симпозиум баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ (973−1048) ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.

Undefined

Pages

library

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

 

Амрияздон Алимардонов

 “Гар худовандӣ ҳавас дорӣ дар иқлими сухан,

Бандагии Ҳофизи Шероз мебоист кард”

(Шиблии Нуъмонӣ)

           

               Суханвари мумтозу барҷаста Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (мутаваффо ба соли 791ҳ./138м.) тавассути осори муъҷизаосои рангин ва саршори маонии баланду бикри озодандешӣ ва тарзи суханварии хоси худ дар таърихи адабиёти оламшумули форсу тоҷик ва таърихи тамаддуни ҷаҳон мақоми баланду сазоворро ишғол менамояд. То ҷое, ки маълум аст ва маълумоти маъхазҳо шаҳодат медиҳад, шеърҳои баландмазмуну дилнишин ва муассиру рӯҳбахши ӯ ҳанӯз ҳангоми зинда будани шоири шаҳиру сеҳрофарин дилҳоро мусаххар ва ақлҳоро мафтун сохта, дар шаҳру бозор, ҳалқаи дарвешону муҳити дарбор шӯру ғулғула афканда, шуҳрату интишори бемисл пайдо карда буданд. Сухани тартибдиҳандаи девони ашъори хоҷаи мулки шеър Муҳаммади Гуландом шоҳиди ин гуфтаҳост: шеъри Ҳофизи Шерозӣ “...дар маҷлиси хавосу авом ва хилватсарои дину давлат, подшоҳу гадо ва олиму омӣ... шӯрҳо ангехта... самои сӯфиён бе ғазали шӯрангези ӯ гарм нашудӣ ва маҷлиси майпарастон бе нуқли сухани завқомези ӯ равнақ наёфтӣ”. Шеъри Хоҷа Ҳофиз ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа мақбулу наздик буд ва ҳамаи онҳо аз он нуктаҳои дилхоҳу табъи дил ва ба ҳасби ҳоли худ қаринро дар ҳама вазъу ҳолат дарёфт менамуданд. Ҷанбаи муҳимму бузурги шеъри Хоҷа Ҳофиз, мардумӣ будану мардумӣ шудани он ва шуҳрат пайдо кардани вай маҳз дар ҳамин аст.

            Доираи интишори ашъори пурмазмуну пуртаровати Ҳофизи ширинадо танҳо бо Шероз ва вилояти Форсу сарзамини Эрон маҳдуд намегардад. Онҳо дар ҳамон рӯзгор ба дигар кишварҳои форсизабон ва мамлакатҳои шарқи исломӣ роҳ ёфта, шуҳрати фаровон пайдо мекунанд, ки дар ин хусус дар худи ашъори шоир ҳам ишораҳо ҷой доранд. Шеъри Ҳофиз аз миёни ҳукмронони кишварҳои дигар низ ҳаводорону дилбохтагон дошт, ки онҳо ба мамлакати худ ташриф овардани шоири тавоноро тақозо менамуданд. Ҳукмрони Бағдод Султон Аҳмади Ҷалоирӣ, ҳокими Бангола Султон Ғиёсуддин Аъзамшоҳ ва соҳиби садорат волии Дакан Маҳмудшоҳи Баҳманӣ аз ҷумлаи ҳамин навъ фармонравоёни он айём буданд. Бо лақабҳои булбули Шероз, лисонулғайб, маҷзуби солиқ, хоҷаи ирфон, хоҷаи Шероз, тарҷумон-ул-ҳақиқат, кошиф-ул-ҳақоиқ, тарҷумон-ул-асрор, шакарлаб, шакарзабон, фахр-ул-мутакаллимин, фахр-ул-мутааллиқин, афсаҳ-ул-мутааххирин, қутбулорифин, зубдатулмуваҳҳидин ва амсоли инҳо хондану тавсиф карда шудани Хоҷа Ҳофиз аз шуҳрати фаровон ёфтани шоир ва ашъори ӯ дар миёни ҷомеаи он давра гувоҳӣ медиҳанд.

            То ҷойе, ки аҳли таҳқиқ муайян кардаанд, ғазал дар таърихи адабиёти форсу тоҷик роҳи муайяни тараққиёт ва ташаккулу такомулро тай намуда, дар эҷодиёти Ҷалолуддини Румӣ (вафоташ 671 ҳ./1273м) ва хусусан Саъдии Шерозӣ (вафоташ 960 ҳ./1291 м.) аз ҳар ҷиҳат комил мегардад. Пас, сабаби дар ғазалсароӣ ба ин навъ мақоми баландтарин расидан ва шуҳрати ниҳоят фаровон ёфтану мавриди таваҷҷуҳи доираи васеъи мардуми кишварҳои гуногун қарор гирифтани ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ дар чист? Ин пеш аз ҳама ба маҳорату истеъдоди фитрии баланди шоирии Ҳофизи Шерозӣ ва дарки рӯҳия, завқ ва талаботу тамоюлоти ҷомеаи мардум аз ҷониби ӯ вобаста мебошад. Ҳофизи Шерозӣ дар ғазалҳои худ дарёфтҳои бузургтарин ғазалсароёни моқаблашро бо камоли маҳорату устодӣ ва эҷодкорона тавъам сохта, равияи тозаи аз ҷиҳати шаклу мазмун бисёр мақбулу дилнишин ва ҷолиби диққатро эҷод кард. Дар ин ҷо овардани маълумоти “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, ки қадимтарин тазкира роҷеъ ба Ҳофиз мебошад, аз аҳаммият холӣ нест. Мутобиқи нишондоди ӯ Ҳофиз “нодираи замон ва аъҷубаи даврон буда ва сухани ӯро ҳолатест, ки дар ҳавзаи тоқати башарӣ дарнаёяд, ҳамоно воридоти ғайб аст ва аз машраби фақр чошнӣ дорад... сухани ӯ бетакаллуф асту сода, аммо дар ҳақоиқу маориф доди маонӣ дода, фазлу камоли ӯ бениҳоят аст...”. Чунон ки мушоҳида мегардад, ин маълумоти Давлатшоҳи Самарқандӣ зикри намоёнтарин хусусиятҳои ғазалиёти Ҳофизро дар бар мегирад, ки ҷанбаи зоҳирию ботинӣ доштани он ғазалиёт аз ҷумлаи умдатарин хусусиятҳои ин навъ ашъори шоир мебошанд.

            Дигар хусусияти хос ва муҳимми ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ, ки боиси паҳн гардидан ва ба дили наслҳои минбаъда ҷой гирифтани онҳо гардидааст, ин дар заминаи завқу андеша ва хулқу лафзи миллӣ таълифу эҷод гардидани он ашъор мебошад. Ин аҳволро дар сар то сари ғазалиёти шоир метавон мушоҳида кард. Ба ин ҷанбаи ғазалиёташ худи Хоҷа Ҳофиз ҳам чунин ишорае дорад:

                        Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе шавад огоҳ,

                        Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.

            А. Деҳхудо пас аз таҳқиқ ва таҳлили ашъори Хоҷа Ҳофиз ба чунин натиҷа омадааст, ки афзалияти шоир ва хусусиятҳои воқеии шеъри ӯро танҳо шахсоне эҳсос мекунанд, ки забони форсӣ забони модарии онҳо бошад. Ба ҳамин тариқ, ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз ҳамчун таҷассумгари чунин хусусиятҳои наву ҷолиб ва маҳсули лутфи сухану табъи саршори хуши худодод, аз як ҷониб, шуҳрати ғазалҳои даврони гузаштаро аз байн бурда, аз ҷониби дигар, ғазалсароии давраҳои баъдинаро таҳти таъсири худ қарор медиҳад.

            Ҳамин навъ шуҳрати фаровону оламгир пайдо кардани ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ ва ба онҳо чун манбаи завқу илҳом ва дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти гуногун таваҷҷуҳи зиёд доштани аҳли адаб ва оммаи мардум сабабгори дар давраҳои мухталифу мавзеъҳои гуногуни интишор ёфтани забони форсиву фарҳанги эронӣ ва ба миқдори хеле зиёд китобат шудани мероси адабии шоири шаҳир гардидааст, ки хушбахтона, бештари онҳо то замони мо омада расидаанд ва дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон нигоҳдорӣ мешаванд.

            Қабл аз муаррифии нусхаҳои хаттии дар ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳфузбудаи осори Ҳофизи Шерозӣ ҳамин нуқтаро бояд ёдоварӣ намуд, ки шеърҳои шоири ширинкалом дар замони зиндагиаш аз ҷониби худи ӯ ё шахси дигаре ба шакли девон дароварда нашуда буданд ва онҳо муддате дар шакли пароканда мавҷуд буданд. Мувофиқи маълумоти дебочаи насрии дар иддае аз нусхаҳои хаттии девони ашъори Хоҷа Ҳофиз ҷойдошта, ки он ба қалами мухлису иродатманди сухани Хоҷаи Ҳофиз Муҳаммад Гуландом тааллуқ дорад, ин кори хайр ва шоистаи ситоишро ҳамин Муҳаммад Гуландом пас аз фавти шоир анҷом додааст. Ба қавли ӯ “он ҷаноб ҳаволати рафеи ин тарфеъ ба норостии рӯзгор кардӣ ва узри аҳли асрро узр овардӣ”. Дар айни замон аз маълумоти хаттоти машҳур Абдуллоҳи Марворид (вафоташ 922 ҳ./1584 м.), ки дар дебочаи девони ашъори Ҳофиз аз ҷониби писари Султон Ҳусайн Бойқаро шоҳзода Ҳусайн Мирзо тартиб додашуда, дарҷ гардидааст, бармеояд, ки дар замони зиндагии Ҳофиз баъзе маҷмӯаҳои мунтахаб ё баёзҳои ғазалиёти ӯ таҳия шуда будаанд. Бо дастури ин шоҳзодаи адабдӯст дар соли 907 ҳ./1501 м., аҳли илму адаб 500 нусхаи девони Ҳофизро ҷамъоварӣ ва бо ҳам муқоиса намуда, матни нисбатан саҳеҳу мукаммали девони шоирро мураттаб месозанд.

            Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи адабиёти форсу тоҷик қариб шоире монанди Хоҷа Ҳофиз дучор намеояд, ки девони ашъори ӯ дар давраҳои гуногун то ба ин андозаи зиёд китобат шуда бошад. Аммо, мутаассифона, аз миёни онҳо ду нусхаеро пайдо кардан амри муҳол аст, ки онҳо ба ҳамдигар комилан монанду якранг ва мувофиқ бошад.

            Аз миёни нусхаҳои хаттии сершумори девони Ҳофизи Шерозӣ, ки то рӯзгори мо боқӣ мондаанд, 26-тоашон ба Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоеви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд”. Қадимтарини ин нусхаҳо дастнависҳои таҳти рақамҳои 767, 2654, 437 (китобаташон асри Х ҳ./XVI м.) ва 1600 (китобаташ 1094 ҳ./1683м.) мебошанд. Дар нусхаи аввал қасидаҳо баъд аз ғазалиёт оварда шуда, дар нусхаи севвум онҳо тамоман аз қалам афтодаанд. Ҳар ду нусха илова бар қадимӣ буданашон бо анвои ороишот музайян сохта шудаанд. Нусхаҳои таҳти рақамҳои 2654, 437 бошанд, охир надоранд ва матнҳои якчанд варақҳои онҳо баъдтар барқарор карда шудаанд.

            Китобати нусхаҳои дастнависи таҳти рақамҳои 79, 426, 804/2, 1299 ва 1881 дар қарни X ҳ. /XVII м. сурат гирифтааст. Ҳамиин нусхаҳо ба истиснои нусхаи зери рақами 804/2, ки аввалу охири он афтодааст, нисбатан мукаммал буда, бо хатти зебои настаълиқ китобат гардидаанд ва бо анвои тазйинот ороиш дода шудаанд. Илова бар ин нусхаи таҳти рақами 79 кӯчаки кисагӣ (6,7 Х 10,2 см) ва хеле моҳирона китобату саҳҳофишуда буда, нусхаи таҳти рақами 426 8 миниатюра дорад.

            Як идда нусхаҳои хаттии Ганҷинаи мо (нусхаҳои таҳти рақамҳои 301, 704, 1117, 1885, 1887, 2425, 2797) дар қарни XII ҳ./ XVIII м. истинсох гардидаанд. Аз миёни ин нусхаҳо бо вуҷуди фарсуда буданаш нусхаи таҳти рақами 1887 нисбатан пурратар буда, таҳрири Муҳаммад Гуландом девони Ҳофизро дар бар мегирад. Нусхаҳои таҳти рақами 301 ва 2797 ва нусхаҳои таҳти рақами 704, 1885 аввал надоранд ва нусхаҳои таҳти рақамҳои 1117 ва 2525 фарсуда буда, аз таъсири рутубат зарар дидаанд. Нусхаҳои таҳти рақамҳои 301 ва 1885 хурди ҷайбӣ мебошанд.

            Аз байни даҳ нусхаи хаттии дар қарни XIII ҳ. XIХ м. ва ибтидои қарни XIV ҳ. / ХХ м. китобат гардида, фақат нусхаҳои таҳти рақамҳои 1188, 2589 ва 2586 нисбатан мукаммалтар мебошанд. Дигар нусхаҳо бошанд, ба ғайр аз нопурра буданашон боз як идда нуқсонҳои дигар ҳам доранд.

 

НУСХАИ 555 – ҚАДИМТАРИН НУСХАИ МУНТАХАБИ ҒАЗАЛИЁТИ ҲОФИЗ

           

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мост, ки қадимтарин нусхаи то акнун дар ҷаҳон маълуми мунтахаби ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз дар ганҷинаи дастнависҳои мо таҳти рақами 555/XV нигоҳ дошта мешавад. Ин нусха соли 807 ҳ. /1405 м. дар Абаркӯҳ ном мавзеи Шероз аз ҷониби ду котиб – Ибни Маймани Абаркӯҳӣ ва Муҳаммад ибни Абдулвоҳид Ал-марвӣ бо хатти насху хатти хоси моил ба девонӣ китобат гардида, 41 ғазалу 2 қитъаи ашъори шоири номиро дар бар мегирад (ва рақамҳои 45а, 46а, 136б-141а. 145а-146б ҳошия, 1526, 154б). Муқоисаи ашъори нусхаи ганҷинаи мо бо матни интиқодии девони Ҳофиз, ки Муҳаммади Қазвинӣ ва Қосим Ғанӣ таҳия ва нашр кардаанд, баъзе натиҷаҳои ҷолиби диққат дорад. Аввалан, як ғазал бо матлаи:

                        “Ҷоно туро кӣ гуфт, ки аҳволи мо мапурс,

                        Бегона гарду қиссаи ҳеҷ ошно мапурс”

           

Ва як қитъаи бо матлаи “Он кист, ки то ба ҳазрати султон адо кунад”, дар дастнависи мо мавҷуд буда, дар матни интиқодӣ дида намешавад. Дар миёни адади абёти ғазалҳо ва тартиби пайиҳам ҷойгиршавии онҳо низ дар байни нусхаи мо ва чопи интиқодии девони Ҳофиз фарқиятҳои зиёд ҷой доранд. Ба ғайр аз ин, ҳангоми муқоисаи матни нусхаи ганҷинаи мо бо нусхаи чопӣ дар миёни калимоту ибороти дар матн истифодашуда ҳам тағйироту табдилоти зиёд ба назар мерасад. Ҷой доштани чунин вазъ нишон медиҳад, ки масъалаи тасҳеҳи матни ашъори Ҳофизи Шерозӣ бо вуҷуди корҳои зиёди анҷомёфта, то ҳол ба поён нарасидааст ва барои ҳалли он аз ҳама гуна маъхазу имкониятҳо истифода бояд бурд.

            Бар замми нусхаҳои хаттии дар боло зикргардидаи девон ва ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз дар ганҷинаи мо боз нусхаҳои бештар аз 120 радоиф-ул-ашъор ва баёзҳои дар вақтҳои гуногун ва мавзеъҳои мухталиф тартибдодашуда ва китобатгардида нигоҳ дошта мешаванд, ки дар онҳо дар радифи ашъори дигар шоирони даврони пешини форсу тоҷик аз чакидаҳои хомаи гуҳарбори Ҳофизи Шерозӣ, махсусан аз ғазалиёти дилпазири ӯ намунаҳои зиёде оварда мешаванд. Худи ҳамин далели оддӣ ҳам аз шӯҳрату интишори фаровони ғазалҳои Ҳофиз дар давраҳои гуногун шаҳодат медиҳад. Омӯхтану таҳқиқ намудани ин навъ маҷмӯаҳо, аз як сӯ, барои нишон додану муайян кардани шуҳрати Ҳофизу интишори ашъори ӯ ва аз сӯйи дигар, ҳалли масъалаи таъсиру нуфузи ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар анъанаи давраҳои баъдинаи ғазалсароии форсу тоҷик маълумоти фаровону пурарзиш медиҳад. Аз ин нуқтаи назар, махсусан аҳаммияти радоиф-ул-ашъорҳо калон мебошад.

Дар миёни нусхаҳои хаттии қадимтарини то имрӯз кашфгардидаи осори Ҳофизи Шерозӣ нусхаи ғазалиёти мунтахаби таҳти рақами 555/25 Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев дар ҷои аввал меистад. Ин нусхаи ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ аввалин дафъа таваҷҷуҳи Г. Галимоваро ба худ ҷалб сохта, соли 1959 ба аҳли илму дӯстдорони ашъори устоди беҳамтои ғазал муаррифӣ шудааст. Дертар, хулосаи ҳамин муаррифиномаи мазкур дар “Феҳристи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон” ба табъ мерасад.

Нусхаи хатти мазкур 14Х19 см. буда, 156 варақро дар бар мегирад. Дар ҳар як саҳифаи он 10-20 сатр ва дар ҳар як ҳошияи саҳифаҳои он 25-35 сатр сабт гардидааст. Ҷилди нусха муқавои навсохт мебошад, ки онро ҳангоми тармими охирин нусха ба ҷойи ҷилди аз байн рафтаи он сохтаанд. Тибқи муҳри дар варақи 154б ҷойдошта ин нусха дар охири солҳои бистуми асри ХХ ба китобхонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.

Нусха норасоиҳо ва камбудиҳо дорад: тақрибан дар ҳудуди 8-10 варақи дастнавис аз байн рафтааст. Атрофу ҳавошии як силсила варақҳо фарсуда ва пора шудааст, ки бар асари он ба матни ҳошияҳои баъзе варақҳо зарар расидааст. Як идда варақҳо мӯрёнахӯрда мебошанд. Варақҳои 3, 4, 63, 64, 142 аз саҳифабандӣ ва варақи 154 аз ҷойи аслии худ берун мондаанд. Аз рӯйи мазмуну мундариҷа варақи 14 бояд баъди варақи 140 ҳамчун варақи 141 оварда мешуд.

Қоғази китоб навъи шарқӣ буда, ба истиснои ду варақи охири нусха, ки нисбатан дуруштару ғавстаранд, асосан нозуку суфта мебошад ва бо мурури замон зардчаранг гардидааст.

Матни нусха бо сиёҳии маъмулӣ, аммо унвони бобҳою фаслҳо, номи китобҳо ва калимоту ибороти ҷудогона бо хатти сулс ва баъзан бо ранги ҷӯша навишта шудаанд. Дар варақҳои 122 ин ановину калимот бо ранги сабз сабт гардидаанд.

Мутолиа ва мушоҳидаи нусха нишон медиҳад, ки он аз ҷониби ду котиби хушсаводу соҳибҳунаре истинсох гардидааст. Аз ҷумла, матни варақаҳои 1а-140а-и дастхат бо хати настаълиқи зебову дорои хусусиятҳои ба худ хос китобат шудааст. Дар ин ҷо ба ҷои ҳарфҳои ب ва ب ک ва ک навишта шуда, дар зери ҳарфи س се нуқта гузошта шудааст, ки ин хусусият қариб дар ҳамаи нусхаҳои қабл аз асрҳои XVI-XVII китобатгардида ба назар мерасад. Дар ин нусха дар навишти ҳарфҳои ن ваو  хусусиятҳои хати шикаста мушоҳида карда мешавад.

Дар поёни матн дар варақи 140а номи котиб ва санаи китобат зикр ёфтаанд: Муҳаммад бинни Абдулвоҳид Алмарвӣ, санаи шавволи 805 ҳиҷрӣ (апрели 1403 милодӣ).

Матни ҳошияҳои нусха (варақҳои 1а-136а) ба истиснои баъзе варақҳо аз тарафи котиби дигар китобат гардидааст. Матни ин қисмат, асосан бо хати насҳи равшану зуднавис навишта шуда, унвони бобҳою асарҳо ва қисматҳои хотимавӣ бо хатти сулсу гузоштани ҳаракот таҳрир ёфтаанд. Дар ин қисмат баъзе унсурҳои тунднависӣ аз қабили тарзи навишти кӯтоҳи ی و  ва ن ҷой доранд. Номи котиби ин бахши дастхат дар варақҳои 34а ва 113б ду дафъа ба ин тариқ зикр ёфтааст: Ибни Майман бинни Абдуллоҳ бинни Умар Алҳофиз Алмуаллим Абаркӯҳӣ.

Ҷойи китобат шудани нусхаи мазкур дар ҳошияи варақи 34а мавзеи Абаркӯҳ зикр гардидааст, ки дар он рӯзгор яке аз шаҳракҳои ободу сернуфуз буда, дар қисмати шимолу шарқии Шероз воқеъ гардида буд.

Дар ин дастнавис матни мукаммал ва ё мунтахаби як силсила асарҳо мавҷуд мебошад:

  1. “Меъёри Ҷамолӣ”-и Шамсуддин Муҳаммад Фахрии Исфаҳонӣ (варақаҳои 1а-22а);
  2. “Ламаот”-и Фахруддин Иброҳим бинни Шаҳриёри Ироқӣ (варақҳои 22б-46а).
  3. Девони Маҳмуд бинни Муҳаммади Бакронӣ (варақҳои 46б-140а). Қисмати хотимавии девон монанди дигар қисматҳои хотимавии китоб бо забони арабӣ навишта шудааст. Таърихи китобати девон моҳи шавволи 805 ҳ. (апрели 1403 м.) ва исми котиби он Муҳаммад бинни Абдулвоҳид ал-Марвӣ зикр ёфтаанд. Аз рӯйи нишондоди маълумоти дар хотима ҷойдошта дастнавис бо матлаби пешкаш намудаи ба китобхонаи шахси олимақоми номаълуме (шояд вазир ё сарвазир бошад) истинсох гардидааст.
  4. “Фавоиди муиззия”-и Абдуллоҳ бинни Аҳмад бинни Муҳаммад Алисфарзӣ алмадъу би Абебакр (варақҳои 141б-145а.)
  5. “ал-Баён фи илми-л-абдон”. Ин асар ҳам аз таълифоти муаллифи пеш аз ин зикршуда буда, мисли он ба забони форсии дарӣ навишта шудааст. Ин ду рисола бо хатти рези насхи миёнаи омехта бо баъзе унсурҳои шикаста китобат гардидаанд. Истинсохи ин ду рисола ба қалами худи муаллифи онҳо тааллуқ дорад. Дар ин хусус дар нусха (варақи 144б) ишораҳо ба назар мерасанд.

Хатми таълифи рисолаи аввал моҳи рабеъулохири соли 80 ҳ/ октябри соли 1403 м. (варақи 145а) хатми таълифи рисолаи дуввум 20 рабеъулохири 806 ҳ./6 ноябри соли 1403 м. (варақи 152а) зикр гардидааст.

Баъди анҷоми матни рисола дар варақҳои 152б-156в ба забонҳои форсиву арабӣ порчаҳои гуногуни назмиву насрӣ бо хатҳои мухталиф дарҷ ёфтаанд.

  1. “Китоб-ул-аҳодис” (варақҳои 1а-5б)
  2. “Ал-кавокибу-д-дурия фи мадҳи хайри-л-баррия” (“Қасидату-л-Бурда”) таълифи Шарафуддин ал-Бусирӣ (варақҳои 6б-12а.). Таърихи китобати ин асар 22 рамазони соли 806 ҳ. (3 апрели соли 1404 м.) зикр ёфтааст.
  3. “Фи мадҳи-л-Каъбату-л-муаззама”, қасидаи Алӣ ибни Махлуқ (варақи 12).
  4. Ғазали Ҷамолуддини Юсуфи Домғонӣ (варақи 13 а.Ғ.
  5. “Фӣ тиб” порчае аз осори тиббии Абӯалӣ ибни Сино (варақи 136).
  6. “Мақомоти Шайх Абӯсаиди Абилхайр” (варақи 14б-21а).
  7. “Таърихот” (варақи 216).
  8. Китоби “Роҳату-л-инсон” (варақҳои 22б-25а). Ин асар ва рисолаи баъдӣ бо хатти настаълиқи рез китобат карда шудаанд, ки вай аз хатти Ибни Майман бинни Абдуллоҳ бинни Умар ал-Ҳофиз ал-Муаллими Абаркӯҳӣ тамоман тафовут дорад.
  9. “Ад-дуррар-ул-маонӣ”-и Абӯаббос Ал-Мустағфирӣ (варақҳои 25б-26а).
  10.  Се рисолаи Мавлоно Ҷалолуддин Фаридун. Дар рисолаи аввал қасидае дар мадҳи Ҷалолуддин Масъудшоҳ мавҷуд аст (варақҳои 26б-32а).
  11.  Як рисолаи хурди арабӣ. Пас аз он ахбори котиби нусха дарҷ гардидааст, ки он бо хатти сулси ҷалӣ ва бидуни гузоштани нуқтаҳо навишта шудааст. Атрофи ахбор бо ҷӯша хат кашида шудааст. Дар ин ахбор санаи китобат рабеъулаввали 807 ҳ. (сентябри 1404 м.), номи котиб Ибни Майман бинни Абдуллоҳ бинни Умар ал-Муаллими Абаркӯҳӣ ва ҷойи китобат Абаркӯҳ (варақҳои 32б-34а) зикр ёфтаанд.
  12.  “Тӯҳфат-ус-сафрати ило ҳазрат-ил-барара”, таълифи Муҳаммад бинни Абдулҳамид бинни Шайх ал-Бистомӣ (варақҳои 34б-45а). Дар анҷоми ин рисола ҳам таърихи китобати он шаби панҷшанбе 20 рабеъ-ул-аввали соли 807 ҳ./27 сентябри 1404 м. дарҷ гардидааст.
  13.  Девони Убайди Зоконӣ (46б-131б). Дар охири ин девон низ бо хати сулси зебо таърихи китобати девон ва номи котиби он зикр ёфтаанд: 11 шавволи соли 807 ҳ (12 апрели 1405 м.) Ибни Майман бинни Абдуллоҳ бинни Умар ал-Ҳофиз ал-Муаллими Абаркӯҳӣ.
  14.  Мунтахаби ашъори Мутаҳҳари Шерозӣ (варақҳои 132а-136а). Котиби аксари ашъори мазкур ҳам Ибни Маймани Абаркӯҳӣ мебошад.
  15.  Муқаттаоти Ибни Ямин (варақҳои 141б-144б). Котиби ин қисмат муаллифи “Фавоиди муизия” ва “Ал-баён фӣ илми-л-абдон” Абдуллоҳ бинни Муҳаммад Алисфарзӣ маъруф ба Абӯбакр будааст.

То ҷойе, ки мо огоҳӣ дорем, ҳамаи осори дар ин дастнавис ҷамъ овардашуда ба қалами муаллифони асрҳои Х11-XIV м. таааллуқ дорад. Дар миёни ин осор асарҳои адабию таърихии муаллифони қарни XIV, махсусан таълифоти адибону донишмандони аз Шероз бархоста ва ё ба ин сарзамин алоқамандие дошта ҷойи асосиро ишғол менамоянд.

Дар радифи осори дар боло мухтасаран ёдовардашуда, дар нусхаи мазкур як силсила шеърҳои Ҳофизи Шерозӣ ҳам сабт гардидаанд, ки ҳоло мо мехоҳем доир ба мақоми ҷойгиршавӣ, кай ва аз ҷониби кадом котиб ба чӣ шакл китобат карда шудани онҳо изҳори ақида намуда, аҳамият ва арзиши ин нусхаи хаттии кунун қадимтарини ғазалиёти Ҳофизро муайян кунем.

Бояд ёдоварӣ кард, ки ҳамаи шеърҳои Ҳофизи Шерозӣ ба истиснои се ғазали дар варақҳои 45а-46а сабтгардида, дар қисмати охири дастнавис оварда шудаанд. Ба ғайр аз як ғазал, ки дар маркази варақи 141а ҷойгир шудааст, ҳамаи ғазалҳои дигари Ҳофизи Шерозӣ дар ин нусха дар ҳошияҳо китобат гардидаанд.

Шеърҳои дар ин дастнавис ҷойдоштаи Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби ду котиб бо ду навъ хат китобат шудаанд. Аз ҷумла, ҳафт ғазалу ду қитъаи дар варақҳои 45а-46а, 139б, 141а, 152б, 154б мавҷудбуда бо дасти як котиб истинсох гардидаанд. Хати ин котиб як навъ настаълиқи ба худ хоси дорои унсурҳои хати насх ва зуднависӣ мебошад. Хати настаълиқи ин котиб то ҳол дар ҳолати ташаккул буда, тамоми хусусиятҳои ин навъи хатро дар бар намегирад. Ҷолиби диққат ва шоистаи зикр аст, ки дар ҳошияи варақи 22б ва баъзе варақҳои дигар намунаи бисёр пухтаву мукаммали хатти настаълиқ ҷой дорад.

Дар хати ин қисмати ашъори Ҳофизи Шерозӣ пай дар пай унсурҳои хатти шикаста, махсусан шикастани ҳарфҳои د ل ن ی ва бо ҳамдигар муттасил навиштани ҳарфҳо ل-ا/ ا-ر/ د-ر  дида мешаванд, ки ин ҳодиса барои сабки нигориши он давраи ин навъи хат нодир аст ва бояд аз ҷониби нусхашиносон ба таври дақиқу мукаммал омӯхта шавад. Хати ин котиб дар дигар қисматҳои дастнавис ҳам дучор меояд ва аз хушсаводию огоҳии хуби соҳиби он аз забонҳои форсию арабӣ гувоҳӣ медиҳад.

Сиву чаҳор ғазали боқимондаи Ҳофизи Шерозӣ (варақҳои 136б, 139а, 139б, 140а, 145а, 151б) ба қалами котиби дигар, бо хати насхи рези равшану зебо китобат гардидаанд. Дар ин навъи хат хусусиятҳои нигоришу имлои қадима риоя карда мешаванд.Аз ҷумла, дар ин ҷо ба ҷойи ک د چ ب – ک ذ ج ب навишта шуда, алифи бо ҳамза (чун تواماین) якҷоя навишта мешавад. Дар сурати баъди ҳамсадо ва ё садонокҳо омадани алифу овози о-ро ифода кардани он ҳам бар болои он аломати мад ّ)) гузошта шуда, баъд аз алиф ба ҷойи ی-и нисбат аломати ҳамза бо аломати зер  ءдар зери ҳарфи ی аломати зер ба  шакли амудӣ навишта мешавад.

Дар зери ҳарфи س ҳама ҷо се нуқта гузошта шудааст. Баъзан дар ин навъи хат бидуни зарурат гузоштани се нуқта, дар шакли се нуқта гузоштани нуқтаҳои ду ҳарфи паймҳамомада (غیب-عیب) ба таври ғайримуқаррарӣ руйиҳам гузоштани нуқтаҳои ҳарфҳои ق-ت мувофиқи имлои арабӣ навиштани калимаҳое монанди مغرفه ба таври равшан кашидани дандонаҳои ҳарфҳои ش-س бо сабти ҳаракот навиштани як миқдор калимаҳо, аз ҷумла калимаҳои холиси форсӣ аз қабили هنر истифода намудани унсурҳои ҷудогона хати шикаста ва монанди инҳо ҳам ба назар мерасанд.

Номи котибҳо аз таърихи китобат дар охири ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ зикр наёфтаанд. Ҳамин навъ ҳолат дар навишти ашъори Муттаҳарии Шерозӣ ва қитъаоти Ибни Ямин ҳам ҷой дорад. Чунон ки ҳангоми зикри осори дар ин нусха ҷойдошта ишора намудаем, котибҳо одатан исми худ ва санаи китобатро пас аз анҷом пазируфтани китобати асар менавиштанд.

Аммо ҷой доштани чунин аҳвол дар ҳеҷ сурат масъалаи таъйину муайян кардани вақти китобати ғазалҳои Ҳофизи Шерозиро номумкин гардонида наметавонад. Зеро ғайр аз зикри таърихи истиснох боз баъзе далелҳои дигар мавҷуданд, ки дар асоси онҳо таърихи китобатро метавон муайян кард. Яке аз чунин далелҳо ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои нусхашиносӣ ва китобшиносӣ мебошад. Ҳамон навъе, ки дар боло арз намудем, дар услуби навишту имлои хати котибони ашъори Ҳофизи Шерозӣ хусусиятҳои услуби нигориши хати қабл аз асри XV корбаст шудаанд. Далели дигар мундариҷаи нусха мебошад. Яъне ин нусха, асосан асарҳои муҳимми дар асрҳои XIV ва пеш аз ин таълифёфтаро дар бар мегирад ва дар он асари баъди асри XIV навишташуда дучор намеояд. Агар ба ин хусусияти қоғаз, ҷойи китобат, навъи хати котибон, аз насхи ба настаълиқ моил иборат будани хати қисмати асосии нусха, таърихи китобати як силсила асарҳои дар нусха сабтгардидаро (805ҳ./1403 м.-807 ҳ./1404-1405м.) ба назар гирем, он гоҳ бо боварии комил метавон гуфт, ки ашъори Ҳофизи Шерозӣ ҳам дар солҳои аввали асри XV китобат шудаанд.

Агар бахшҳои гуногуни нусхаро бодиққатона мутолиа намоем, он гоҳ хоҳем дид, ки дар баъзе мавридҳо Ибни Майман бинни Абдуллоҳ бинни Умар Ал-Ҳофиз Ал-Муаллими Абаркӯҳӣ бевосита баъди китобати ашъори Ҳофизи Шерозӣ истинсохи асари дигарро идома додааст. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки Ибни Маймани Абаркӯҳӣ ва котиби ин қисмати ашъори Ҳофизи Шерозӣ дар як вақт ба истинсохи нусха машғул шудаанд.

Дар боби интихоб намудани ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ ва дар нусха ҷо ба ҷо гузоштани онҳо ягон равияи муайян риоя карда намешавад. Маълум нест, ки котибҳо ғазалҳоро мувофиқи завқи худ ё талаботи муҳити зиндагӣ интихоб кардаанд ва ё худ ғазалҳои дар он айём интишорёфта ё дастрас намудаашонро нусхабардорӣ намудаанд. Масалан, агар бахши ғазалиёти қариб аксари нусхаҳои девони ашъори Ҳофизи Шерозӣ бо ғазали “Ало ё айюлҳа соқӣ...” шурӯъ мешуда бошад, он гоҳ ин ғазал дар нусхаи мо тақрибан дар миёнаи китоб омадааст.

Дигар ин ки нисфи ғазалҳои ин нусха аз ғазалҳои баҳри “ت” мебошанд. Ҳол он ки аз бештари баҳрҳои дигар умуман ягон ғазале ҳам ба назар намерасад. Ғазалҳои баҳри “ت” -и нусха ҳам мутобиқи тартиби девонҳои Ҳофизи Шерозӣ пайиҳам ҷойгир карда нашудаанд. Дар миёни ғазалҳои ин баҳр ғазалҳои баҳрҳои дигар ҳам оварда мешаванд. Ҷой доштани чунин ҳолат дар ин нусха ба он далолат менамояд, ки ашъори Ҳофизи Шерозӣ то вақти мураттаб сохтани ин нусха ба шакли девони мукаммал дароварда нашуда буданд.

Дар болои иддае аз ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ ибораҳои эҳтиромии нисбат ба шахси марҳум кор фармуда мешудагӣ аз қабили ибораи

................

.... (варақи 140а) дучор меоянд. Истифодаи чунин иборот, агар аз як сӯ, арзи эҳтироми фаровони мардумро нисбат ба шоири бузург ифода намояд, он гоҳ аз сӯйи дигар нишон медиҳад, ки шоири номӣ каме пештар аз таҳияи ин нусха илму адаб ҳамчунон тоза боқист.

Дар нусха сабаби таълифи ду қитъаи дар варақи 152б сабт гардида, ба таври кӯтоҳ эзоҳ дода шудааст. Аз маълумоти роҷеъ ба қитъаи:

            “Подшоҳо, лашкари тавфиқ ҳамроҳи туанд,

            Хез, агар бар азми нахчири ҷаҳон раҳ мекунӣ...”

Дар нусхаи дарҷёфта маълум мегардад, ки он дар таърифу ситоиши кори хайру неки Шоҳ Шуҷоъ навишта шудааст, ки ӯ маблағи 10 дирҳами ба уламо пештар муқарраркардаашро, ки маъмурони молиявии дарборӣ то ҳафту ним дирҳам кам карда буданд, аз нав барқарор кардааст.

Қитъаи дигар, ки бо матлаи зер:

                        “Он кист, то ба ҳазрати султон адо кунад,

                        К-аз ҷаври давр гашт шарики баҳо падид”

оғоз меёбад, ба муносибати ба вазифаи қозигӣ ва надимӣ таъйин гардидани Мавлоно Саъдуддин Анасӣ ва Шайх Фарид навишта шудааст. Ҳофиз дар ин ҷо ҳар дуи ин мансабдорони навро тамасхур мекунад. То ҷое, ки мо огоҳӣ дорем, чунин тавзеҳот дар ҳеҷ яке аз нусхаҳои хатии дигари девони Ҳофизи Шерозӣ дида намешавад.

Ва ниҳоят, ду котиби фавқ, ки китобати ғазалиёти Ҳофизро дар ин нусха анҷом додаанд, аз намояндагони ҳунари хаттотии авохири қарни XIV ва авоили қарни XV мелодӣ мебошанд. Бинобар ин, то ҳанӯз нусхае қадимтар аз ин нусха дар тамоми ҷаҳон кашф нагардидааст.

 

              Халқи шарафманди Тоҷикистон 34-умин солгарди истиқлол ва озодии миллиро бо ифтихори бузург аз дастовардҳои таърихиву давлатдорӣ ва умед ба фардои обод таҷлил карда истодаанд. Ҷашне, ки на танҳо як санаи тақвимӣ, балки рамзи воқеии эҳёи давлатдории миллӣ, ваҳдати устувор ва пирӯзии ормонҳои деринаи миллат ба шумор меравад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳар сол ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлол  садҳо иншооти иқтисодию иҷтимоии замонавӣ ва зарурӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки рушди устувор ва беҳбудии зиндагии мардумро таъмин месозанд.

            Ба ҳамагон маълум аст, ки дар масири 34 сол Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пур аз шебу фарозро тай намуд. Аз рӯзҳои аввалини эълони Истиқлол (9-уми сентябри соли 1991), кишвар бо мушкилоти сангини ҷанги шаҳрвандӣ ва нобасомониҳои сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Вале иродаи устувори мардум ва раҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот ёбад ва ба масири рушди устувор ворид гардад.

             Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста номи он фарзандони баруманди миллатро бо эҳтиром ба забон меоранд, ки дар  барқарор намудани сулҳу суботи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд. Масалан, Пешвои миллат  дар яке аз баромадҳояшон чунин изҳор доштанд: “Дар ин рӯзи таърихӣ дар баробари зикри комёбиҳо, мо аз онҳое, ки барои расидан ба ин санаи муборак ҷоннисорӣ кардаанд, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар ва таҳкиму тақвияти пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии мо саҳми арзишманд гузоштаанд, ба некӣ ёд мекунем ва хотираи қурбониёни истиқлолу озодиро гиромӣ медорем”.  

         Воқеан, 34 соли давлатдории мустақил инъикоси ормонҳои деринаи миллати тамаддунсози тоҷик аст, ки бо ваҳдату иттиҳод роҳи пешрафт, сулҳ ва эҳёи давлатдории миллиро пайгирона тай намудааст.

           Маълум аст, ки миллати тоҷик соҳиби таърихи куҳани давлатдорист ва ормони истиқлол ва соҳибдавлатӣ дар тули асрҳо дар қалби фарзандони миллат зиндаю ҷовидон  буд ва хоҳад монд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёд дар арсаи байналмилалӣ, ҳамзамон дар харитаи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон мавқеи худро устувор кардааст, ки мо, ҳар як фарди кишвар аз он ифтихори беандоза дорем.

           Қобили зикр аст, ки дар тули 34 сол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари амн, обод ва босубот табдил ёфт. Сохтмони роҳҳо, неругоҳҳо, мактабҳо ва табобатхонаҳои нав, рушди соҳаи саноат, афзоиши имкониятҳои иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои хориҷӣ гувоҳи равшани сиёсати созанда ва дурбинонаи давлату Ҳукумат мебошанд.

             Хусусан, лоиҳаи аср – Неругоҳи барқи обии Роғун, ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ва як порчаи бузурги ормонҳои халқ, маҳсули меҳнати дастаҷамъонаи миллат мебошад.

            Бузургтарин  дастоварде,  ки дар саҳифаи таърихи давлатдории навини тоҷикон бо хати заррин сабт шудааст, ноил гаштан ба сулҳу ваҳдати миллӣ аст. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид, барои кишвар имкони рушд ва бозсозиро фароҳам овард.

           Боиси ифтихору хушнудист, ки дар солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар раддабандии созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз ҷиҳати таъмини амният, суботи сиёсӣ ва ҳамзистии осоиштаи ҷомеа ҷойгоҳи баландро соҳиб гардидааст, ки ин қабл аз ҳама аз  талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар самти таҳкими оромиву ваҳдати миллӣ шаҳодат медиҳад.

            Ҳамин аст, ки дар қаламрави кишварамон намояндагони миллату халқияти гуногун дар фазои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд. Мавқеи ҷуғрофиёи беназир, табиати нотакрор, ёдгориҳои ғании таърихиву фарҳангӣ ва фазои рӯ ба рушд боиси ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз самтҳои муҳимми сайёҳӣ табдил додааст.

            Бо мақсади таблиғи имкониятҳои фаровони сайёҳии кишвар ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин соҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буд. Ин ташаббус бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22-юми декабри соли 2017 ироа гардида буд, ба миён гузошта шуд. Бо пайгирии мантиқии ҳамин иқдом, солҳои 2019 - 2021 низ ҳамчун "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардиданд.

           Ин иқдом на танҳо заминаи мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ фароҳам овард, балки ба шинохти васеътару амиқтари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ мусоидат намуд. Бо эълони солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, диққати сайёҳони хориҷӣ ба табиати нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯс, чашмаҳои шифобахш, дарёҳои мусаффо ва мавзеъҳои таърихии кишвар ҷалб гардид. Ҳамзамон, тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, фестивалҳо, намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ, аз ҷумла таъмиру таҷдиди меҳмонхонаҳо, роҳҳо ва марказҳои хизматрасонӣ ин  соҳа дар кишвар густариш ёфт. Ин ҳама тадбирҳо барои ба як сарзамини  ҷолиб ва рақобатпазир табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сайёҳии ҷаҳон нақши муассир мебозанд.

             Бояд гуфт, ки мафҳуми “пирӯзии ормонҳои миллат” танҳо бо истиқлол ва сулҳ маҳдуд намешавад. Ормонҳо – ин рушду тараққӣ, зиндагии шоиста, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҷойгоҳи муносиб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир устуворона қадам мениҳад. Барномаҳои стратегии давлат, аз ҷумла ҳадафҳои чоруми миллӣ  –  саноатикунонии босуръат, рушди иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва тақвияти амният – инъикоси ҳамин ормонҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд.

            “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун як сарчашмаи бузурги адабию фарҳангӣ ва таърихӣ, дар пойдорӣ ва мустаҳкамии Истиқлоли миллии тоҷикон нақши барҷаста дорад. Ин асари пурарзиш на танҳо достони муборизаи ҳақ бар зидди душманони дохиливу хориҷӣ, балки ҳимояи забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ дар шароити фишору фаромӯшсозии суннатҳост. “Шоҳнома” дар тули қарнҳо руҳи истиқлолхоҳӣ, ватанпарастӣ ва худшиносии миллиро дар қалбҳои мардум бедор нигоҳ дошта, ҳамчун рамзи муқовимат ва ҳувият хидмат намудааст.

           Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва пуштибонии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва аҳамияти “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ боз ҳам бештар таъкид гардида, нусхаҳои он, ки бо санъати баланди нашр ва ороиши зебои миллии тоҷикӣ чоп шудаанд, имрӯзҳо ба аҳолии кишвар ҳамчун туҳфаи арзишманд тақдим гардида истодаанд. Ин иқдом, монанди нашри васеи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки ба аҳолии кишвар тақдим гардида буд, як навъ бедорсозии ифтихори миллӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихии миллат буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ заминаи муҳимму устувор мегузорад.

          Дар раванди он,  ки 34-умин солгарди Истиқлолро дар сатҳи баланд истиқбол мегирем, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ифтихор намояд, ки дар бунёди ин кишвари обод саҳме дорад. Ҳар ташаббус, ҳар дастоварду комёбӣ натиҷаи заҳмату сабру таҳаммул ва умеду бовар ба фардои дурахшон аст.

         Барҳақ, Истиқлол неъмати бебаҳост. Аз ин рӯ, онро бояд чун гавҳари чашм ҳифз кунем, эҳтиром намоем ва дар ин замина насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия карда, ба камол расонем. Танҳо дар ин сурат мо метавонем кафолати бақои миллат ва давлати худро таъмин созем.

                  Поянда бод, Истиқлоли давлатии Тоҷикистон!

                   Сарбаланд бод, миллати тоҷик!

                                        Раҷабалиев Хайрулло Холназарович,

ходими калони илмии шуъбаи ҷамъоварӣ ва

нигоҳдории дастнависҳои Маркази мероси хаттии

назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

 

Андешаҳо дар рӯзи 55-солагиии фаъолияти эҷодӣ-илмии Ҳабибуллоҳ Раҷабов, ки бо 4 миллиард аҳолии Сайёра муошират карда метавонад

 

Наҷмиддин Шоҳинбод,

ходими илмии ММХ

 

“Рисолати зиёиён аз ҳидояти ҷавонон барои омӯзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илм ва технологияҳои пешрафтаи муосир иборат аст”.

(Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон)

 

Ҳамду сано ва садҳо бор сипос ба Президенти Академияи милиии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахтзода, ки барои муаррифии инфиродии маҳсули пажуҳиши олимони маъруф муҳити созгор ва минбари арзёбиии дирӯзу имрӯзи илм муҳайё намудааст. Зикри 50, 55, 60-солагии фаъолияти илмӣ-эҷодӣ тавассути маҳфили “Хирад” ба минбари ҳисоботи илмӣ-эҷодии олимон табдил ёфтааст. Ҳамоиши “Хирад” аз роҳи панҷоҳсолаи илмии Узвҳои вобастаи АМИТ Маҳмадов, академик Кароматулло Олимов, профессор Ҳабибуллоҳ Раҷабов, олими маъруф Саидхоҷа Ализода шуҳрат ва эътибори баланди илму ирфонро намоиш доданд.

Дар муҳити илмию адабии мо зумраи олимоне ҳастанд, ки ҳар рӯз дар ин замин бояд зиндагонии онҳо таҷлил гардад, то садсолаҳои оянда насли наврас аз хидмати онҳо огоҳ бошад. То ба ҳол нахондаю нашунидаам, ки дар аҳди қадим, асрҳои миёна, даврони тиллоиии адабиёти тоҷику форс ҷашни 50-солагии Сино, Ҳофиз ва ё 70- солагии Ҳаким Фирадвсиро таҷлил карда бошанд. Маҳз барои ин мо аз зиндагиии бештари онҳо огоҳ нестем. Бале, боз такрор мекунам, ки бояд ҳар рӯзи фаъолияти олими оламшумул, фозилу педагоги маъруф профессор Ҳабибуллоҳ Раҷабов, академик Кароматулло Олимов, профессорон Маҳмадов, Қосимшо Искандаровро ба намоиши насли наврас гузорем. Ин баҳонаест, ки ба насли нав ҳушдор диҳем, ки илму ирфони мо қадру қимати пештараашро барқарор карда, ҳатто дар аксари самтҳо хеле пеш рафтааст.

Ба ҷашни 50-солагии фаъолияти эҷодии Ҳабибуллоҳ Раҷабов (ба шуғли эҷодӣ аз 15 солагӣ шуруъ кардааст) мақолаву очеркҳои ҷолиб нашр шуданд. Вале ман танҳо он чиро, ки ҳанӯз на ҳама медонанд (ва ҳато худи профессор Раҷабов ҳам шояд намедонад), шарҳ медиҳам.

                                **************************

Ҳабибуллоҳ Раҷабов пас аз устод Мирзо Турсунзода нахустин зиёие буд, ки асрори “Ҳеҷ шунидӣ гапи садсоларо, Қиссаи деринаи Банголаро” аз нав ба баҳсу арзи ақидаи олам гузошт. Дар солҳои ҳафтодум дар илми ҳиндушиносӣ пажуҳишҳои Василий Василевич Радлов, Иван Петровияч Маев, Григорий Максимович Бонгард-Левин ва Валентин Алексадрович Жуковский барин олимони тамаддуни бостонӣ ва муосири Ҳиндустонро ба олам муаррифӣ намуданд. Афсус, ин олимони сатҳи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳавзаҳои ҳунарию адабию меъмории тоҷику форс, саҳми Тоҷикон дар рушди маданияти Ҳиндустон, бахусус даврони Салтанати Темуриён хеле кам ва ё сатҳӣ навиштаанд. Ҳамзамон дар ҶШС Тоҷикистон аз ҷумлаи беш аз 3 ҳазор олимон, адибону ҳунарварони тоҷику форс танҳо намунаи ками ашъори Бедил, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Фонии Кашмирӣ, Муҳаммад Иқбол дастраси омма буд.

 Марҳаллаи самарабахши вусъати илм ва омӯзиши Ҳинду Покистон аз соли 1975 тавассути олими ҷавон, аввалин мутахассиси забони хиндӣ ва урду, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ҷавонтарин ҳиндушиноси тоҷик Ҳабибуллоҳ Раҷабов оғоз гардид. Ҳабибуллоҳ нахустин олими Осиёи Марказӣ ва панҷумин олими Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки таърих, адабиёт ва маданияти Ҳиндустонро аз рӯйи бойгониҳо, катибаю осорхонаҳо не, аз забону зиндагии зиндаи мардуми Ҳиндустон бо чашми хеш, бе тарҷума аз забони аслии урдуву ҳиндӣ, англисӣ омӯхт. Ӯ, ба қавли Василий Василевич, шинохти Ҳиндустонро аз омӯзиши зиндагӣ ва осори Муҳаммад Иқбол, Робиндранат Такур, Прем Чанд, Бахабони Бхатчария сар кард.

Дар омӯзиш ва муаррифии аллома Иқбол хидмати устод Мирсаид Миршакар, Абдуллоҷон Ғаффоров, Шарафнисо Пӯлодова беназир аст. Аммо профессор Раҷабов дар Тоҷикистон Иқболи нав, Иқболи фалсафаи ишқу имон, Иқболи фано ва нумуъ, Иқболи бемиллату қавм, Иқболи кошифи асрори фалсафаи Исломро муаррифӣ кард. Ва бояд бо ҳарфи калон имрӯз пажуҳиши нодири Ҳабибуллоҳ Раҷабов оид ба қатъи баҳс дар атрофи соли мавлуди Муҳаммад Иқбол, ки аз сои 1938 то 2017 идома ёфт, ба дафтари иқболшиносӣ сабт кард. Олими тоҷик ба баҳс бо далалҳои илмӣ хотима дода, соли дақиқи мавлуди шоирро собит намуд. Ин мақолаи Устод Ҳабибуллоҳ дар Ҳиндустон, Покистон, Шри-Ланка, марказҳои илмии Калкутта, Бангола иқтибос шуд.

Соли 2019 ҳангоми сафари эҷодӣ ба шаҳри Бангалор бо журналист ва ҷомеашиноси Ҳиндустон Раджив Промод аз боби мақоми адабиёти Ҳинду Покистон дар Тоҷикистон суҳбат намудем. Ман он вақт солҳои тӯлонӣ устод Раҷабовро надида будам. Ва ин журналисти ҳинду барои ман Ҳабибуллоҳ Раҷабовро аз диди ҳиндустониҳо муаррифӣ карда, аз ҷумла гуфт: “Мо Муҳаммад Иқболро аз рӯйи китоби профессор Раҷабов шинохтем. Ман шахсан хабари нашри ҳикояҳо ва новеллаҳои адибони Ҳиндустонро аз ҷониби Раҷабов бо забони ноби тоҷикӣ пахш намудам. Профессор Ҳабибуллоҳ нахустин бор дар Тоҷикистон ашъори урдуи Иқболро амиқ таҳлил намуда, бархӯрди алломаро ба таҳамулпазириии мазҳабӣ, равони инсоният кашф кард. Барои аллома Муҳаммад Иқбол миллати ҳинд, покистонӣ, урду, пашту вуҷуд надошт. Ӯ миллатро Шарқ, Аҷам номида буд. Чунончӣ, Носири Хусрав миллатро Хуросон маҳсуб медонист. Боз муҳимтараш он аст, ки профессор Ҳабибуллоҳ Раҷабов бузургтарин ва нерумандтарин маркази ҳинду покистоншиносиро асос гузошт. Ӯ таҷрибаи кафедраи ҳинду покистони Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-ро, ки худ шогирди ин факулта буд, дар Тоҷикистон татбиқ намуд. Ва дар 5 соли фаъолият дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беҳтарин маркази таълимии филологияи Ҳинду Покистон, ситоди пажуҳиши ҳавзаи адабиёти тоҷику форси Ҳиндустон шинохта шуд.

Соли 1983 бо иқдоми Ҳабибуллоҳ Раҷабов барои тадриси фанни адабиёти ҳиндӣ ба кафедра аз шаҳри Москва номзади илмҳои филологӣ, ҳиндшинос Нелли Бобоҷонова ва аз шаҳри Тошканд омӯзгор Валентина Ниёзова даъват шуда буданд. Бо кӯмаки сафорати Ҳиндустон ҳар сол ду-се нафар донишҷӯёни беҳтарини курсҳои болоӣ барои таҷрибаомӯзии забонӣ ба муддати 10 моҳ ба донишгоҳҳои Ҳиндустон, аз ҷумла, ба Маркази омӯзиши забони ҳиндӣ ба шаҳри Агра фиристода мешаванд. Ҳабибуллоҳ Раҷабов дар заминаии кафедраи мазкур соли 2009 “Маркази илмии Покистон” ва соли 2017 “Маркази омӯзиши Ҳиндустон”-ро ифтитоҳ кард.

Профессор Раҷабов на танҳо омӯзиши забон ва адабиёт, таърихи ин ду кишвари абарқудратро меомузонад. Ӯ дар баробари пажуҳиш тамаддуни Ҳинду Покистон, рушди сайёҳии се кишвар, истифодаи васеи технлогия ва таҷрибаи бозори иқтисодии муосири Ҳинду Покистонро дар Тоҷикистон тарғиб менамояд.

Дар даҳҳо дигар самтҳои филологияи Ҳинду Покистон пеш аз номи Ҳабибуллоҳ Раҷабо пешоянди “нахустин” илова мешавад. Дар асл ҳам, ӯ дар даҳҳо самт бори аввал иқдом карда, лоиҳаҳои ҷолибро нахустин бор муассир анҷом додааст. Ба ин хотир ҳам соли 2018 бори аввал дар таърихи Тоҷикистон Ҳабибуллоҳ Раҷабов ба Ҷоизаи Байналмилалии Падма Шри яке аз олитарин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон (бо ибораи дигар, дар самти илм, адабиёт ва таърих онро “Ҷоизаи Нобели Ҳиндустон” низ ном мебаранд) қадр гардид.

Пажуҳиши Ҳабибуллоҳ Раҷабов оид ба ҳаёт ва фаъолияти Аллома Муҳаммад Иқбол (“Муҳаммад Иқбол - шоири абадзинда”. Душнабе Эр-Граф. 2019) бо сабку услуби илмии оммафаҳм дастраси ҳамаи тафаккуру ақлҳо иншо шудааст. Бо як варақ задан чашму ақл саҳифаи китобро то охир тарк намекунад. Чунин усул ба худи олимону адибони Ҳинду Покистон низ писанд омад. Олим ва омӯзгори Ҳиндустон Рафеуддин боре дар суҳбат ба банда гуфта буд: “Асарҳои илмии профессор Раҷабов барои хурдсол, пири хирад, донишҷӯ ва академик баробар дастрас аст. Ман бо шавқу ҳавас мақолаҳо ва китобҳои профессор Раҷабовро мехонам. Гӯё ман достонро мутолиа мекунам”.

Боз як паҳлӯи саҳми назарраси Раҷабов ин аст, ки ӯ бо фарзандону наберагони аллома Муҳаммад Иқбол робита пайдо карда, ба зиндагии пуршарафи Иқбол аз наздик, аз диди пайвандонаш шинос гардид. Бо иқдоми ӯ тайи солҳои зиёд писари Муҳаммад Иқбол Ҷовид Иқбол ва 12 нафар шогирдонаш ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Забони ашъори Муҳаммал Иқбол ин шеваи тоҷикии муосир аст. Шеъри Иқбол дар қолаби забони тоҷикӣ ӯро шуҳратёр гардонд.

Имрӯз дар байни сатрҳои ин очерк мо бояд ошкоро аз асрори кушишҳои маҳдудиятҳои равобити ҶШС Тоҷикистон бо Ҳинду Покистон, омӯзиши тамаддуни Ҳинду Покистон дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ҳарф занем. Сиёсати Кремл аз таъсири Исломи Покистон ва тамоили истиқлолхоҳии Ҳиндустон ба ҶШС Тоҷикистон дар ҳарос буд.

Тамаддуни бостонии тоҷику форс ба Ҳиндустон то соли 1947 марбут аст. Дар ин ҷо беш аз дусад сол давлатдориии тоҷик ва забони тоҷикӣ равнақ пайдо карда буд. Ҳиҷрати Бузурги Осиёи Марказӣ ба Ҳиндустон аз муҳоҷирати Бузурги Аврупо ба қитъаи Амрико камӣ надошт. Муҳоҷирати азими меҳнатӣ барои равнақи тамаддуни дохилӣ мусоидат кард. Аҳли зиё мардуми босавод ба Ҳиндустон сафар мекарданд, то ғизои моддӣ ва маънавиии хешро таъмин кунанд:

Ру ба Ҳинд овардани равшандилон аз баҳри чист?

Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад.

 Бидуни 5 олими ҳиндшинос дигар зиёиён ба ин хазинаи ниёгони мо роҳ надоштанд. Мероси 1200 солаи моро танҳо 5 нафар тадқиқу тарғиб мекарданд. Ва забардасттарин пажуҳишгар, коргардони маркази илмию таълимии Тоҷикистон Ҳабибуллоҳ Раҷабов мебошад. Профессор Раҷабов, ба қавли профессор Қосимшо Искандаров, бо 4 миллиард аҳолиии Сайёра (1 миллиарду 456 миллион аҳолии Ҳиндустон ва 1,3 миллиард англисзабон) бе тарҷумон озод ҳарф зада метавонад.

 Асару монографияҳои илмии Ҳабибуллоҳ Раҷабов «Рабиндранат Тагор» (Душанбе, 2012), «Прем Чанд» (нашри дуюм. Душанбе, 2015), «Адабиёти ҳиндӣ дар замони ҳозира» (Душанбе, 2017), «Ташаккул ва инкишофи достони муосири ҳиндӣ» (Душанбе, 2018), «Муҳаммад Иқбол - шоири абадзинда» (Душанбе, 2019) ба захираи тиллоии илмии омӯзиши Ҳинду Покистон шомил шудаанд. Аксари асарҳои Ҳабибуллоҳ Раҷабов дар донишгоҳҳо, коллеҷҳои Деҳлии нав, Бангалор, Ҳайдаробод. Калкутта (Ҳиндустон), Исломобод, Лоҳур, Карочи, Пешовар (Покистон), Бангола (Бангладеш), Коломбо (Шри-Ланка) чун намунаи олии пажуҳишӣ ба ҳайси дастури илмӣ истифода мешаванд.

 

Тарҷумон-соҳиб

“Ҳеҷ гоҳ суроғаи фатҳи қуллаи муродатро ба касе нагӯй. Чун суроғаатро ёфтанд, туро аз набард дар канор мепартоянд”.

(Прем Чанд, адиби Ҳинд)

 

Моҳи феврали соли 1982 тибқи Қарори Бюрои КМ ҲКИШ Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шуравӣ ва КМ ВЛКСМ барои ёрии амалии бунёди ҷомеаи демократиии дунявии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон гуруҳи мушовирони ҳизбӣ, комсомолӣ таъсис дода шуданд. Дар ҳайати гуруҳи корӣ ташкилу сафарбаркунии мушовирин ва тарҷумонҳои созмони ҷавонон аз ҶШС Тоҷикистон олими ҷавон донандаи забонҳои форсӣ, урду, ҳинду ва англисӣ Ҳабибуллоҳ Раҷабов интихоб гардид.

Ҳабибуллоҳ Раҷабов аввалан дар Тоҷикистон тарҷумонҳо ва мушовиронро омода менамуд. Аз ҷумла, беҳтарин тарҷумонҳои тоҷик Қосимшо Искандаров, Шарофиддин Имомов, Раҳматулло Абдуллоев, Шириншо Замоновро интихоб карда, барои сафари Афғонистон тавсия дода буд. Ва баъдан соли 1982 худаш то соли 1984 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон, омӯзгор ва мушовири сиёсӣ хидмат намуд. Собиқ мушовири КМ ВЛКСМ дар Афғонистон Житнухин дар бораи Ҳабибуллоҳ Раҷабов чунин зикр мекунад: «Ман аз дониш, салиқа ва маҳорати тарҷумонии Раҷабов ба ҳайрат афтодам. Дар як нишаст ба 4 забон тарҷума мекард. Ҳамзамон гӯё як умр дар Афғонистон зиндагӣ карда бошад, урфу одат, шишту хез, равони ин мардумро медонист».

Ин фазилатҳои басо ҳайратовари Ҳабибуллоҳ баъзан мушовиронро ба шакку шубҳа мебурд. Мушовир Александр Ребрик қайд кардааст: «Ман аввалан гумон кардам, ки Раҷабов корманди хадамоти махсуси иктишофӣ аст, зеро танҳо кормандони кашфи хориҷӣ 4, 5 забонро озод медонистанд. Баъдан фаҳмидам, ки ин ҷавони хоксору дилёб ҳамаи забонҳои Ғарбу Шарқро дар зодгоҳи ман – шаҳри Ленинград омӯхтааст. Барои ҳамин ман ӯро бо лутф “ҳамшаҳрӣ” мегуфтам».

Бояд зикр кард, ки солҳои 1979 - 1990 танҳо 23-25 фоиз тарҷумонҳо касбӣ буданд. Аксари кулли тарҷумонҳо тавассути забони тоҷикии муосир бо афғонҳо муошират намуда, ба мушовирон тарҷума мекарданд. Мутаассифона, истилоҳоти тахассусӣ, соҳаи тиббӣ, техникӣ тафовути калон доштанд. Аз ин рӯ, Ҳабибуллоҳ феҳристи истилоҳоти мухтасари сиёсӣ-иҷтимоиро ба забони форсӣ ва русӣ мураттаб намуд. Ҳабибуллоҳ дар ин ҷода низ мактаби хоси худро таъсис дод. Ӯ ҳамаи 126 тарҷумонро аз санҷиш гузаронида, барои кор бо сохторҳои созмони ҷавонони Афғонистон (ДОМА) омода мекард. Бо кушиши Ҳабибуллоҳ Раҷабов, тарҷумонҳо Қосимшоҳ Искандаров, Раҳматуллоҳ Абдуллоев, Шониёз Мӯсоев, Мурод Ҳусейнов дастуру рисолаҳои тавсиявии методӣ ба созмони ҷавонони Афғонистон мураттаб карда буданд.

Ҳамзамон Ҳабибуллоҳ Раҷабов оид ба риояи ахлоқ, урфу одатҳои диниву миллии Афғонистон ба мушовирон тавсияҳо медод. Собиқ раиси Шурои тарҷумонҳои назди сафорати Иттиҳоди Шуравӣ дар Афғонистон Зафар Мирзоев (Зафар Мирзоиён, ёдаш ба хайр!) соли 2010 ёдрас шуд: «Ҳабибуллоҳ на танҳо тарҷумони комсомол набуд. Ӯ ба ҳамаи сохторҳо ва қарордодҳои расмии Иттиҳоди Шуравӣ дастуру машварат медод».

Барои заҳмату талошҳояш Ҳабибуллоҳ бо медали «Даҳ соли инқилоби Савр» (1988), медали «Аз мардуми сипосгузори афғон» (1988), Нишони фахрии «Барои саҳми дӯстӣ»-и Ҷамъияти дӯстии халқҳои СССР (1991), медали «Иштирокчии амалиёти ҷангӣ» (2011), медали «25 сол аз анҷоми амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон» (2014), медали «30 сол аз анҷоми амалиёти ҷангии Артиши 40-ум дар Афғонистон» (2019), медал барои тарғиби илм «Михаил Ломоносов», «70-солагиии Ғалаба ба фашизми Гитлерӣ, солҳои 1941 1945» ва тақрибан 90 ифтихорнома ва сипосномаҳо қадр гардидааст.

 

Фарҷоме, ки ба оғози табаддулоти тафаккур мебарад…

«Ягона роҳи ҳаловат бурдан аз зиндагӣ нотарс будан ва наҳаросидан аз шикасту офатҳост».

(Ҷавоҳирлаъл Неру)

 

Дар фарҷом боз ду шоёнтарин хислату хулқи қимати ин марди наҷибу фозилро тафсир хоҳам кард. Намедонам дар мадди аввал чӣ гузорам. Ба ин хотир, танзи соли 1993 навиштаамро ёдрас мекунам:

Ҷавоне савори автомобили гароннарх сари роҳ марди қоматхамидаи солхӯрдаро, ки дастҷузвдони куҳнаи чарминро вазнин-вазнин бо худ кашола мекард, дучор омада, истод:

- Ҳамид Почоевич, шумо хуб ҳастед? Шодам, ки пас аз солиёни зиёд Шуморо мебинам, - бо хушнудӣ гуфт ҷавони олуфтасимои мисли занон тилло дар гардану дастон.

- Нашинохтам, ҷавони азиз, - бо хастагӣ ҷавоб дод муаллим Почоевич.

- Ман, муҳтарам профессор, шогирди шумо будам. Якумин аспиранти Шумо. Хайрият партофта, ба тиҷорат гузаштам. Ҳоло 4 автомашина, 3 ҳавлӣ дорам. Шинед, шуморо ба хонаатон бурда монам…

- Не, ташакур, ман наздик омадам, - гуфта Почоевич саховати ҷавонро рад кард.

Боз пас аз чанд чақрим мошини “Лендкурезер”-и нав дар назди Почоевич мисли тонк ғуррос зада истод. Ҷавони ришдори бойбачаи асри нав муаллимро садо дод:

- Почоевич, монда набошед! Шинед, бурда расонам. Ҳоло ҳам китобҳои вазнинатонро напартофтед, - садо баровард аз паси рули мошин он ҷавон.

- Ман аслан ба мошинҳои бегона намешинам, писарам.

- Мо бегона не-ку? Панҷ сол дарс хонда, ду сол аспирантатон будам. Ҳоло корхонаи фурӯши пиво дорам. Хоҳед ин автомашинаро ба Шумо тақдим кунам…

- Не, ташаккур, ман ба 25 одат кардагӣ, - бо сардӣ гуфт Почоевич.

- 25 кадом маркаи мошин?

- Автобуси рақами 25, бародари азиз…

Дар хамгашти охирини кӯча марди миёнсоле аробаро базӯр кашола карда мерафт. Аробакаш муаллимро дида гуфт:

- Ҷаноби профессор, аҳволатон хуб аст?

- Чӣ, ту ҳам як замон аспиранти ман будӣ?

- Не, Почоевич, ман ҳоло ҳам дар факултаи шумо мудири кафедра ҳастам... (Н. Шоҳинбод. «Хар дар рег», 1993).

Устоди азизи мо Ҳабибуллоҳ Раҷабов низ мисли Почоевич дар ивази сарват, мансаб, касби омузгорӣ, илму ирфонро напартофта, аз хидмати ғаразноки ба ном шогирдон даст кашида буд. Солҳои навадуми замони даргириҳо ба Ҳабибуллоҳ Раҷабов, мутахассис ва донандаи 4 забони хориҷӣ, лоиҳаҳои тиҷоратӣ пешниҳод карда буданд. Дипломатҳо низ паси ҳам меомаданд. Аммо Ҳабибуллоҳ Раҷабов кафедраи филологияи Ҳинд, боргоҳи муқаддаси илм – Академияи миллии илмҳоро ба сарвату шуҳрат иваз накард. Имрӯз низ шогирдон тарбия карда, тамаддуну адабиёти ду кишвари тавонои сернуфузи дунёро муаррифӣ мекунад…

Дуюмин ва шояд садумин фазилату қиммати мардонагии Ҳабибуллоҳ Раҷабов дар ин дунёи пуртаззоду пурталотум тарбияту парвариш, таҳкими кӯчактарин сохтори ҷомеа - оила мебошад. Чанд сол қабл лоиҳаи “Энсиклопедияи оилаҳои эҷодкор”-ро таҳия намуда, ба он оилаҳо ё худ ҷуфти эҷодкор, мисли Озарахш, Фарзона, Зулфия, Абдуҷаббор, Адолат Мирзоева, Раҳматкарими Давлат, Ҳабибуллоҳ Раҷабов ва Вахобова Назираро шомил намудам. Ҳамсари Ҳабибуллоҳ Назирабону олими пуркор ва яке аз фаъолтарин олимони Институти омӯзиши масоили Аврупо ва Осиё мебошад. Фарзандони онҳо Эраҷ (1982), Искандар (1985), Наҷибуллоҳ (1987) соҳиби дипломҳои донишгоҳҳои маъруфи дунё буда, имруз ба ҳайси менеҷерҳои маъруф дар бахшҳои мухталифи иқтисод меҳнат мекунад. Асрори оилаи тифоқу воҳид ин пандномаи Рабиндранат Тагор аст: «Муҳаббате ҳаст, ки дар осмон озодона шино мекунад. Ин муҳаббат рӯҳро гарм мекунад. Ва муҳаббате ҳаст, ки дар корҳои ҳаррӯза пароканда мешавад. Ин муҳаббат оила аст».

Таронаи Ваҳдат

                                                                                                                             Маҳмадёри Шариф

                                              

                        Чист Ваҳдат?

                        Гирди ҳам пайваст шудан,             

                        Як марому як паём, ҳамдаст шудан.

                        Омадан дар як миён аз ҳар канор,

                        Бо матонат бо виқору бо шиор.

                        Мулки аҷдодӣ ба ҳам бардоштан,

                        В-андар он тухми муҳаббат коштан.

                        Тан ба зањмат додан аз ихлоси том,

                        Пас ба фатҳи корҳо рафтан тамом.

                        Ин Ватанро чун гулистон кардан аст,

                        Ҳар ниҳодашро гулафшон кардан аст.

                        Баски ширкатҳо басе дар кор шуд,

                        Нахли ин мулки куҳан пурбор шуд.

                        Андар ин кишвар биёмад тозакор,

                        Тозагӣ дар он фузуду рӯзи кор.

                        Шаҳри моро шаҳри гулҳо ном кард,

                        Офарин онро, ки ин иқдом кард.

ТАРОНАИ ВАҲДАТ

 

 

АЛИИ МУҲАММАДИИ ХУРОСОНӢ

 

Диёри мо диёри нуру гавҳар аст,

Зи қулла то ба қулла тахту минбар аст,

Зи чашма то ба чашма оби Кавсар аст,

Назарнамудаи Ҳақу паямбар аст;

 

      Бародарон, бародарони меҳрубон, ба ҳам шавем,

      Барои шуҳрати диёри нозанин алам шавем!

 

Шавад, зи чашмаҳо ба наҳрҳо расем,

Зи наҳрҳо ба рӯду баҳрҳо расем,

Ба майли қалби пок ҳар куҷо расем,

Марому мақсад ин ки мо ба мо расем;

 

      Бародарон, бародарони меҳрубон, ба ҳам шавем,

      Барои шуҳрати диёри нозанин алам шавем!

 

Замонаро ба ранги дигар офарем,

Самои мулкро пурахтар офарем,

Сарои мулк аз дур, аз зар офарем,

Зи буда беҳ, зи буда беҳтар офарем;

 

      Бародарон, бародарони меҳрубон, ба ҳам шавем,

      Барои шуҳрати диёри нозанин алам шавем!

 

Зи хоки пок суди мо зи ваҳдат аст,

Биё, шукӯҳу буди мо зи ваҳдат аст,

Нишоти мо, вуҷуди мо зи ваҳдат аст,

Таронаву суруди мо зи ваҳдат аст;

 

      Бародарон, бародарони меҳрубон, ба ҳам шавем,

      Барои шуҳрати диёри нозанин алам шавем!

                                  

 

 

 

 

        Ваҳдати миллӣ ва пойдории он асосан се омили асосӣ дорад. Якум, иродаи матини мардум, ки сиёсати оштии миллиро ҷонибдорӣ мекунад. Дуюм, омили байналмиллалӣ- сиёсати сулҳҷӯёнаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ вобастагӣ дорад, ки ба устувории сулҳ дар кишвари тоҷикон манфиатдоранд. Омили аслӣ ва ниҳоие, ки сабаби ба вуҷуд омадани ин ду омили дигар аст, ин нақши шахсият мебошад.

        Поягузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалкунанда буд ва ҳаст. Талошу ҷонбозиҳои Сарвари давлат омили ваҳдату ягонагии тоҷикон гардид. Ваҳдати миллӣ буд, ки ҳазорон фирориёни тоҷик ба ватан баргаштанд. Ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон сол ба сол рушд карда истодааст. Ваҳдат ва ягонагӣ буд, ки дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ба ин қадар комёбиҳо ва пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, дар шаҳру ноҳияҳо ноил гардидааст. Махсусан, шаҳри Душанбе босуръати хеле тез тараққӣ карда истодааст. Ҳангоме ки саёҳону меҳмонони хориҷӣ ба шаҳри зебои мо ворид мегарданд, баъзеҳо дар ҳайрат мемонанд, ки чи тавр ин шаҳри мо дар кутоҳтарин муддат рушт кардааст. Биноҳои замонавии истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, китобхонаҳо ва осорхонаҳо намуди шаҳри Душанберо зеботар гардонидаанд. Дар пойтахт биноҳои баландошиёна: Китобхонаи Миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, майдони “Истиқлол”, мактабҳо ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар ин ҷо албатта саҳм ва ташаббусу кордонии мири шаҳри Душанбе Рустами  Эмомалӣ, низ ҳалкунанда мебошад.

     Дар тӯли 28 соли ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон ба пешравиҳо ва комёбиҳои бузург дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гардидааст. Дар ин солҳо, дар кишвар чӣ қадар корхонаҳо, мактабҳо, нақбҳо, роҳҳои нав, пулҳо, варзишгоҳҳо ба истифода дода шудаанд. Нақби“Анзоб”,     “Чормағзак”,  “Шаршар” ва “Дарвоз” сохта ба истифода дода шудаанд.

Дар соли 2025 як нақби дуюм дар ноҳияи Дарвоз бояд ба истифодаи сокинон қарор бигирад.

     Ваҳдати миллӣ буд, ки дар Тоҷикистон барномаҳои бузург рӯйи кор омад. Аз ҷумла, аз гумбасти комуникасии раҳо ёфтани Тоҷикистон. Роҳҳо дорои аҳамияти стротегӣ доштани ҷумҳурӣ мебошад, яъне сохтимони роҳҳои автомобилгарди Ҷануб - Шимол, роҳҳои мошингарди  Душанбе - Кулоб-Дарвоз ба истифода дода шуда буд. Дар соли 2025 бошад роҳи мошингард, аз ноҳияи  Ванҷ то дарвозаи Рӯшон бояд ба истифода дода хоҳад шуд. Инчунин нақшаи стротегӣ дар соҳаи энергетика, сохтимони Неругоҳи  аср - Роғун  бо маром идома ёфта истодааст      

     Бо шарофати сулҳу оромӣ - кишвари мо мунтаззам рушт карда ба пеш рафта истодааст. Дар ҳамаи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои кишвар мардум ба бунёдкорӣ, созандагӣ, ободкорӣ диққати махсус дода истодаанд.

      Масалан, агар дар худи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гирем, шаҳри Хоруғ симои худро сол ба сол тағъир дода истодааст, хонаҳои истиқоматии 9 ошиёна сохта ба истифода дода шудааст. Театри мазҳакави ба номи Меҳрубон Назаров сохта ба истифода дода шудааст, инчунин  биноҳои маъмурӣ, идораҳои давлатӣ, мактабҳо, майдончаҳои варзишӣ дар солҳои 2024 - 2025 биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ сохта ба истифола дода шудаанд. Дар шаҳри Хоруғ  сохтмони хонаи истқоматии 20 ошёна идома дорад.

      Дар ноҳияи Мурғоб Нерӯгоҳи барқиро соли 2022 сохта ба истифода дода шуд. Ҳоло бошад дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва Беморхонаи вилоятиро сохта ба истифода дода мешаванд. Инчунин дар ноҳияи Роштқалъа Нерӯгоҳи барқии “Себзор” сохтимонаш давом дорад ва солҳои наздик сохтмонаш ба анҷом мерасад ва мушкилоти барқро, ҳам дар ноҳия ва вилоят бартараф хоҳад кард. Ин албатта ба шарофати  сулҳу ваҳдати миллӣ ба амал омадааст.           

 Дар нақша аст, ки имсол ба муносибат Рӯзи ваҳдати миллӣ Нерӯгоҳи “Себзор”-ро ба истифода хоҳанд дод.

     Як мисоли дигаре, ки ба шарофати ваҳдати миллӣ ба вуқуъ пайвастаст, ин сохтмони шоҳроҳи Кулоб -Дарвоз мебошад, ки роҳсозон ин роҳро мутобиқи талаботи сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгу сохта ба истифода додаанд. Инчунин шоҳроҳи Дарвоз- Ванҷ, то даромадгоҳи Рӯшон давом дорад. Сохтмончиён ин шоҳроҳро мутобиқи стандартҳои байналмилаллӣ сохта истодаанд.  Соли 2025 бояд минтақаи шоҳроҳи Ванҷ то дарвозаи Рӯшонро ба истифода хоҳанд дод.  Дар ояндаи наздик сохтмони ин роҳ байни ноҳияҳои Рӯшон - Шуғнон оғоз хоҳад ёфт, албатта ин корҳои бунёдкорӣ ва азнавсозӣ ҳамааш ба шарофати Ваҳдати миллӣ ба амал омадааст.

      Бояд қайд кард шаҳре, ки аз сол 1997 ба худ номи Ваҳдатро гирифт дар ҳамаи соҳаҳо бо суръати тез рушт ёфта истодааст. Дар ин шаҳри зебо низ хонаҳои баландошиёна қомат афрӯхтаанд ва ҳусни шаҳрро дигар карданд. Инчунин шаҳри Турсунзода низ бо биноҳи зебо ва замонавӣ, симои худро дигар карда, саёҳон ва меҳмононро ба худ ҷалб менамояд.  

      Марказҳои маъмурии вилоятҳои Хатлон, шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва Норак, вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанд, Ғафуров, Бӯстон ва Исфара инчунин дар вилояти Бадахошон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои он, рӯз то рӯз ва сол то сол обод мешаванд ва мо шаҳрвандон бояд аз ин навсозиҳо фахр кунем, ки Тоҷикистон азиз зеботар мегардад.

     Маркази маъмурии ҳамаи ноҳияҳои вилояти Бадахшон: Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ пурра азнавсозӣ карда шуд ва симои шаҳру ноҳияҳоро тамоман дигар шудааст. Ин корҳо албатта ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ба вуқуъ омадааст, ки сокинони ин вилоят азнавсозӣ ва бунёдкорӣ мекунанд.

      Шаҳрвандони асилу солимақли Тоҷикистон, махсусан ҷавонон бояд доимо зираку ҳушёр бошанд, нагузорем, ки нохалафон ба пешравии Тоҷикистони азизи мо халал расонанд, Ваҳдати миллиро ҳифз намоем.                    

     Тоҷикстон соҳибистиқлол, ки ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, таҳти роҳбарии Сарвари муаззам, Асосгузори Суҳу Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳон мақом ва нуфузи хоссае  доранд.

      Аммо мо бояд фаромӯш накунем, ки нооромиҳо дар чандин кишварҳои олам, махсусан дар кишварҳои исломӣ, аз хатарҳои байналмиллалӣ, терроризму экстеремизм сар мезанад ва онҳо ба ҷаҳони мутамаддин таҳдид мекунад. Инчунин он ашхосе, ки дар хориҷа истода, ба тарафи Тоҷикистони азизи мо санги маломат мепартоянд ва намехоҳанд кишвари мо пеш равад ва рушт кунад. Мо бояд бо ин гуна нохалафон муборизаи беҳамто бибарем.

      Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ба таҷрибаи Сулҳи тоҷикон ва саҳми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд медиҳанд.

      Бигзор, ҳамеша дар Тоҷикистони азизи мо, сулҳу ваҳдати миллӣ поянда бошад !

      Шиоре, ки аз тарафи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуда буд, саривақтӣ аст ва мардуми шарафманди тоҷик кӯшиш мекунанд, ки Тоҷикистони азиз бояд дар ҳамаи соҳаҳо; пеш аз ҳама дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, кишвари мо намуна бошад ва инчунин азнавсозӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, техниологияи муосир, саноат, энергетика ва хоҷагии халқ пешрафта бошад. Тоҷикистон ба пеш !                                     

 

                                                                

                                                                       Толибзиё Сафдаршоев,

                                                         ходими илмии

                                                                          Маркази мероси хаттии

                                                                       назди Раёсати АМИТ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Pages