کتاب های تازه منتشر شده
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Хоқониё, зи «ё Раб»-и бефоида чӣ суд?
К-ин «ё Раб» аз бурути ту бартар намешавад.
Хоқонии Шарвонӣ дар асри XII зиндагию эҷод кардааст. Номаш Бадил буда, дар баъзе тазкираҳо Иброҳим ҳам ёд мешавад. Ӯ дар оилаи наҷҷор таваллуд шудааст. Модараш исавист, ки баъдан исломро қабул намудааст. Хоқонӣ дар оғоз бо тахаллуси «Ҳақоиқӣ» шеър мегуфт, аммо пасон онро бо лақаби Хоқонӣ иваз менамояд. Ин лақабро ба ӯ устодаш Абулалои Ганҷавӣ додааст.
Хоқонӣ дар давоми умраш ба ҳодисаву мушкилот ва моҷароҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад. Дар ин замина метавон аз мусофират, гирифтории ӯ дар зиндон, марги зану фарзанду хешонаш ёдовар шуд, ки ба ҳолу аҳвол ва руҳияи ӯ таъсири манфӣ расондаанд ва муҷиби эҷоди ғаму ҳасрату бадбиниҳо дар осори шоир гардидаанд:
Нофи ту бар ғам заданд, ғам хӯр, Хоқониё,
Он, ки ҷаҳонро шинохт, ғамкада шуд ҷони ӯ.
Ӯ маснавии машҳури «Туҳфат-ул-Ироқайн»-ро дар сафари нахустин ва «Харобаҳои Мадоин»-ро баъд аз сафари дувуми худ иншо кардааст. Хоқонӣ пас аз дидани харобаҳои Мадоин сахт мутаассир шуда, ҳамин таассуроти худро дар қасидаи машҳураш «Айвони Мадоин» рӯи сафҳа мерезад ва онро ба сифати раҳовард ба хонандагон муаррифӣ менамояд.
Хоқонӣ шоири зиндондида ҳам мебошад. Муҷиби зиндон шуданаш туҳмати ҳасудону мухолифонаш будааст. Қасидаҳое, ки шоир дар зиндон навиштааст, таъсирбахш, басо сӯзнок ва риққатоваранд.
Яке аз дигар мусибатҳое, ки ба сари шоир омадааст, марги фарзанду зану хешовандонаш мебошанд. Хусусан, марги ҳамсараш зарбаи ҷонкоҳе ба ӯ расондааст:
Бас вафопарвард ёре доштам,
Бас ба роҳат рӯзгоре доштам.
Он на ёр, он ёдгори умр буд,
Бас ба оин ёдгоре доштам.
Бояд гуфт, Хоқонӣ дар баробари таассуби сахти динӣ, ки аз таъсири афкори ҳоким ва ҷараёнҳои фикрии замонаш, аз ҷумла афкору орои Муҳаммад Fаззолӣ сарчашма мегирифт, ба арзишҳои дунявӣ арҷ мегузорад. Мо инро аз ашъоре, ки ӯ дар васфи миллат, ҳаёт, шодиву нишот, майу майхонаву маъшуқа, дайри муғону пири муғон ва ғайра кардааст, ба хубӣ мушоҳида менамоем. Ин амал ба дунёгароёну озодфикрон наздик шудан ва аз аҳли каъба фосила гирифтани шоирро бароямон мусаллам месозад:
Гар маҳрами иданд ҳама каъбаситоён,
Ту маҳрами май бошу макун каъбаситоӣ.
Каъба чӣ кунӣ бо Ҳаҷар-ул-асваду Замзам,
Ҳо, оразу зулфу лаби туркони сароӣ.
Ва ё:
Маро ошкоро деҳ он май, ки дорӣ,
Ба пинҳон мадеҳ, к-аз риё мегурезам.
Агарчи дар замони Хоқонӣ ирфону тасаввуф дар ҷомеа нуфузи зиёд пайдо карда буд ва шоирон ба таассуби мазҳабӣ роҳ дода, диёнатро дар мақоми аввал мегузоштанд, Хоқонӣ бо ин ҳама мушкилот ва авзои номусоиди рӯзгор нигаҳ накарда, ба офаридани афкори пешқадам ва ҳаётдӯстона иқдом менамуд ва дар осори худ аз зебоиҳои ҳаёт, илму дониш, ақлу хирад ва муҳаббат нисбат ба инсон ва фарҳангу тамаддуни ориёӣ сухан мегуфт. Хусусан, дар мавриди зулму ҷабри ҳокимони истилогари замонаш хомӯшӣ ихтиёр намекард. Мо дар девони ин шоири озодаву дорои ғурури инсониву миллӣ афкори зиёди ибратбахш ва омӯзанда пайдо менамоем. Шоир ҳатто дар қасидаҳои мадҳии худ низ баландии андеша, иззати нафс ва обрӯи хешро нигаҳ дошта, аз ворастагию озодагӣ сухан дар миён меорад. Воқеан, Хоқонӣ шоири номҷӯ будааст, на комҷӯ. Мо инро дар байтҳои зерин дида метавонем:
Модеҳиам гоҳи сухан беназир,
Дар талаби ном, на дар банди нон.
Тамъ набинӣ ба бари табъи ман,
Пил кӣ бинад ба сари нардбон?
З-ин мутанаҳҳилсуханонам мабин,
З-ин муташоирлақабонам мадон.
Тавре ки маълум аст, пас аз фурӯпошии давлати миллии Сомониён ва ба қудрат расидани Fазнавиён, Қарахониён ва ба вижа Салҷуқиён, руҳи миллӣ заиф гардида, руҳияи мазҳабию қавмии гурӯҳҳои ҳоким ҷойгузини он гардид. Ин ҳодиса барои мардуми мо фоҷиа маҳсуб мешавад, зеро баъди озод шудан аз юғи арабҳо суккони давлатдорӣ дар қаламравҳои Эрону Хуросону Мовароуннаҳр ба дасти қабилаҳои туркӣ ва муғулӣ афтод.
Бояд гуфт, ки миллатҳои ғайриараб бо қабул кардани дини ислом орзуҳои бисёре дар дил мепарвариданд. Он пеш аз ҳама ба баробарии қавму миллатҳои мусулмон иртибот мегирифт. Аммо арабҳо рӯирост ба таҳқири мусулмонони ғайриараб пардохтанд. Хусусан, бо рӯйи кор омадани Уммавиёну Аббосиён шиори мусовот ё баробарӣ аз байн рафт. Албатта, ин амали онҳо ба ғурур ва ифтихороти қавмии ғайримусулмонон таъсири манфӣ расонд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди бартариҷӯии арабӣ бо шаклҳои гуногун ба ҳаёти худ идома медиҳад. Дар ин замина хидмати адибону донишмандон чашмгир мебошад. Маҳз онҳо буданд, ки дар осори худ руҳи миллӣ ва ватандӯстонаро ангеза медоданд. Арабҳоро, ки худро аз мусулмонони дигар бартар медонистанд, ба боди интиқод мегирифтанд ва як навъ аксуламал нишон медоданд. Ин кори эшон натиҷаи мусбат ба бор овард ва боиси пайдо шудани шеъри муқовимат дар адабиёт гардид.
Хоқонӣ яке бузургони шеъри муқовиматгари мо буд, ки дар осораш аз беадолатӣ ва зулму ситами ҳокимони давр сухан мегӯяд, кору кирдор ва симои аслии онҳоро ифшо менамояд. Чунончи, боре вай ҳангоми сафари ҳаҷ ба тамошои Даҷла мебарояд, аммо аз муносибати бади маллоҳи араб нисбат ба пири аҷамӣ нохушнуд мешавад. Бинобар ин, ғурури миллиаш ба ҷӯш меояд ва ба накӯҳиши он маллоҳ мепардозад:
Дӣ, шабонгаҳ ба ғалат сӯи лаби Даҷла шудам,
Боҷгаҳ дидаму наззорабутони ҳарамӣ.
Бар лаби Даҷла зи бас нурлаби нӯшлабон,
Ғунча-ғунча шуда чун рӯи фалак пушти замӣ.
Нозанинони араб дидаму риндони Аҷам,
Ташнадил з-орзую ғарқа тан аз муҳташамӣ.
Пире аз дур биёмад аҷамизоду ғариб,
Чашм пӯшидаву нолон зи бараҳнақадамӣ.
Даҳанаш хушку шукуфта рухаш аз тармижаӣ,
Ҷигараш гарму фусурда танаш аз сарддамӣ.
Ташнагӣ бодия бурда ба лаби Даҷла фитод,
Сусттан мондаву аз сусттанӣ сахт ғамӣ.
Об бардоштани Даҷла магар зӯр надошт,
Ки навон буд зи ларзонтанию пуштхамӣ.
Шарбате об талаб кард зи маллоҳе, гуфт:
«Ҳотӣ ё шайх, зуҳайбан ҳарамийю-р-рақамӣ[]».
Пир гуфт: «Эй фата,он зар, ки надорам, чӣ диҳам?».
Гуфт: «Ихса, қатаъа-л-Лоҳу ямина-л-аҷамӣ[».
Обе аз Даҷла чу бинам, ки ба пире надиҳанд,
Ман зи Бағдод чӣ гӯям сифати бекарамӣ.
Бедирам лоф зи Бағдод мазан, Хоқонӣ,
Гарчи имрӯз ба мизони сухан як дирамӣ.
Хоқонӣ борҳо сафар намуда, кишвару одамони зиёдеро мебинад, бо эшон, аз ҷумла аъроб, суҳбат менамояд ва аз феълу хӯйи онҳо бохабар мегардад. Ӯ ҳамин мушоҳидаю бардоштҳояшро дар осораш воқеъбинона инъикос мекунад. Махсусан, рафтори нодурусти аъроб бо мусулмонони ғайриараб, хусусан аҷамиён, боиси эҷоди ашъори интиқодии шоир мегардад. Мо ин гуна интиқодро ҳам дар маснавии «Туҳфат-ул-Ироқайн», ҳам дар қасидаву қитъа ва осори дигараш мушоҳида менамоем. Хоқонӣ дар ин гуна ашъораш руҳи миллӣ ва ғурури инсонии хешро ба намоиш мегузорад ва таваҷҷуҳи худро нисбат ба таърихи миллат ва кишвар пеши чашми хонанда ҷилвагар месозад. Ӯ гоҳ аз таърих, гоҳ аз риҷоли бузурги гузашта ёд менамояд, гоҳ аз асотиру паҳлавонони қадим, гоҳ аз Эрону эронзамин бо ифтихор сухан мегӯяд. Хусусан, аз асорати миллат ва хорию зории ӯ ба ҳасрат ҳарф мезанад, ғам мехӯрад, аз шукӯҳи гумшудаи ватану миллати худ мутаассир мешавад, зеро миллату кишварашро дар ихтиёри бегонагон мебинад. Дар ҳамин маврид аст, ки эҳсоси ватандӯстонааш боло меравад ва мисли устод Рӯдакӣ, ки Бухороро аз Бағдод боло мениҳад, Шарвонро аз Бағдод, ки маркази хилофат аст, бартар медонад:
Шарвон ба иззи шоҳ зи Бағдод даргузашт,
То шоҳзода Сафватиддин бонивони ӯст.
Албатта, дар байни ашъори ватандӯстонаи Хоқонӣ қасидаи «Айвони Мадоин» аз ҷойгоҳи воло бархурдор аст. Вай як навъ «Шоҳнома»-и кӯчак маҳсуб мешавад. Сурудани ин гуна қасидаи ватандӯстона дар рӯзгоре, ки руҳияи ғайримиллӣ дар ҷомеа ҳукмронӣ мекард, як рӯйдоди нодир маҳсуб мешавад ва он аз ҷуръати шоир дарак медиҳад. Мо бояд ба ин амали ватандӯстонаи шоир имрӯз эҳтиром бигузорем, аз ӯ ба гунаи шоиста қадршиносӣ намоем, зеро ин гуна андешаҳои ватандӯстонаи ӯ ба дилҳоямон умед ва ба дидаҳоямон нур мебахшанд, қалбамонро тасаллӣ медиҳанд ва мо бовар мекунем, ки ҳувияти миллӣ баъди Сосониёну Сомониён ҳам зинда аст, намурдааст, зеро фарзонагону миллатдӯстоне мисли Хоқониро, ки қалбаш лабрез аз эҳсосоту афкори ватандӯстонаву миллӣ мебошад, дорем. Воқеан, Хоқонӣ дар ин қасида аз гузаштаи пурифтихори худ ва қасри Мадоин, ки вайрон ва зери по шудааст, афсӯс мехӯрад ва ба ҳаммиллатони хеш ҳушдор ва дарси ибрат медиҳад.
Ҳон, эй дили ибратбин, аз дида назар кун, ҳон,
Айвони Мадоинро оинаи ибрат дон.
Як раҳ зи лаби Даҷла манзил ба Мадоин кун
В-аз дида дувум Даҷла, бар хоки Мадоин рон…
Гар зоди раҳи Макка, туҳфа-ст ба ҳар шаҳре,
Ту зоди Мадоин бар, туҳфа зи пайи Шарвон.
Ҳар кас барад аз Макка субҳа зи гили Ҳамза,
Пас, ту зи Мадоин бар субҳа зи гили Салмон…
Ихвон, ки зи роҳ оянд, оранд раҳоварде,
Ин қитъа раҳовард аст аз баҳри дили ихвон.
Ҳамин гуна мавқеи фаъол, руҳи ватандӯстона доштани Хоқонӣ, эҷоди осори миллию инсонӣ, бурузи эҳсосоти ватанпарастӣ, паёмрасонию ибратдиҳӣ ба ҳаммиллатон сабаб гардидааст, ки Бозор Собир Хоқониро дар сафи аввали шоирони миллӣ қарор бидиҳад ва бо ифтихор бигӯяд:
Ғайри Хоқонӣ хароботи Мадоинро кӣ дид?
Қатра-қатра аз сари мижгони кӣ оташ чакид?
Меҳану миллат намедонанд ин асҳоб чист?
Душмани деринаи мо, ҳар кӣ бошад, хонагист.
Хатм шуд бо Саъдиву Фирдавсӣ шеъри бостон,
Шоираш Саъдист, Фирдавсӣ – худои шоирон.
Мутаассифона, аксари хоқонипажӯҳон ҳамовозии Хоқониро бо ватанпарастони тоҷику форс танҳо дар қасидаи «Айвони Мадоин» дидаанд. Ҳол он ки мо ин гуна андешаи ифшогароёна ва интиқодӣ аз қавмгароёни араб ва муносибати бади онҳоро нисбат ба аҳли Аҷам дар осори дигари шоир низ фаровон мебинем:
Миёни бодия, эй ҳону ҳон, махусп, ар не,
Аъробиён зи ту ҳам сар баранду ҳам кулоҳ.
* * *
Мо аз Ироқ ҷони ғамолуд мебарем
В-аз оташи ҷигар дили пурдуд мебарем.
Гуфтӣ: «Чӣ мебаред зи Бағдод зоди роҳ?»
Сад Даҷла хун, ки дида биполуд, мебарем.
Хоқонӣ аз «иблисфан»-ҳое, ки симои одамӣ доранд, аммо аз одамият бӯе набурдаанд, ғаму дарду озори зиёд дидааст. Бинобар ин, ӯ дар ҷустуҷӯи инсон аст, зеро ба андешаи ӯ:
Як ҷаҳон одамӣ ҳамебинам,
Мардуме дар миён намеёбам.
Хоқонӣ ҳеҷ гоҳ зери бори зару зӯр, алалхусус ҳокимони бегона нарафт, балки ба ҳар васила ба ифшои зулму ситами эшон пардохта, худро ба сифати шоири миллӣ, адолатҷӯ ва бегонаситез ба хонандагон ошно намудааст. Мо барои исботи ин қазия танҳо бо овардани як мисол иктифо менамоем:
...Тан гарчи суву атмак[ аз эшон талаб кунад,
Кай меҳри шаҳ ба Атсизу Буғро барафканад?
Воқеан, Хоқонӣ дар ин шеъри худ мегӯяд, ки аз рӯи зарурат тан ба ҳукумати бегона медиҳад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ дил ба ин шоҳони бегона – Буғрохону Отсиз, ки кишварро на танҳо истило, балки ба хоку хун кашидаанд ва оромиву осоишро аз мардум бурдаанд, намесупорад, балки ба Нусратуддин – подшоҳи Мозандарон медиҳад. Дигар, шоир бо дарду ҳасрат аз даст рафтани мулки Аҷамро як фоҷиаи бузурги миллӣ қаламдод менамояд. Ӯ бо ин роҳ муҳаббати худро ба Ватану мардуми худ, ки дар асорати бегонагон ба сар мебаранд, ба намоиш мегузорад.
Хоқонӣ дар қасидаи «Туҳфат-ул-ҳарамайн» аз арабҳо шикоят мекунад:
Ман ба чашми хеш дидам каъбаро, к-аз захми санг,
Ашкбор аз дасти муште нобасомон омада…
Хуни қурбон рафта дар зери замин то пушти гов,
Гов болои замин аз баҳри қурбон омада...
Каъба дар шуме араб чун қутб дар тунге садаф,
Ё садаф дар баҳри зулмонӣ гаравгон омада.
Каъба ганҷ асту сиёҳони араб морони ганҷ,
Гирди ганҷ инак сафи морон фаровон омада.
Каъба шони шаҳду кони зар дуруст аст, эй аҷаб,
Хайли занбӯрону моронаш нигаҳбон омада.
Тавре ки мебинем, Хоқонӣ дар ашъораш ба аъроб метозад, аз хӯйи бади онҳо интиқод менамояд ва балоҳои зиёди ба сари миллати мо овардаашонро, ки таърих шоҳиди он аст, як-як баён мекунад. Шоир дар ин маврид таърихро ба воқеият пайванд мебахшад. Бинобар ин, он чи дар ин замина мегӯяд, ҷанбаи воқеӣ дорад, зеро ағлаби он ҳаводис ба саёҳату мусофирати ӯ ба Макка ихтисос мегиранд, ки шоир онҳоро дар роҳ аз сар гузаронида, бо чашми худ дидааст. Шоир дар ин бахш аз ашъори хеш, аз як сӯ, аз ранҷи роҳу сафар сухан мегӯяд, аз тарафи дигар аз ноҳамвориҳо ва муносибати бади аъроб ба ҳоҷиён:
Зи коми наҳангон бурун омадем,
Зи ғарқоби дарёи хун омадем…
На аз бодия, бал зи тӯфони Нӯҳ,
Ба киштии исмат дарун омадем…
Зи ғавғои зангидилони араб,
Гурезон, надонӣ, ки чун омадем?
Зи хун хӯрдану ҳабс ҷастем ур,
Ту гӯӣ, зи модар кунун омадем.
Хулоса, ин намунаҳо, ки андаке аз бисёранд, ҷилваҳое аз андешаи миллӣ ва озодихоҳонаи Хоқониро инъикос мекунанд. Аз ин назар, Хоқонӣ ба маънии томаш бонии илму адабу фарҳангу тамаддуни тоҷикон мебошад ва хидмати бузурге дар роҳи худшиносии миллӣ ва парвариши руҳи ватандӯстона кардааст. Агар фарз кардем, ки аз вай танҳо қасидаи «Айвони Мадоин» боқӣ мемонд, боз ҳам номаш дар таърихи адабу фарҳанги миллати тоҷик ҳамчун шоири миллию ватандӯст бо ҳарфҳои заррин сабт мешуд, зеро ӯ дар ин қасидаи баланди худ таровишҳои табъашро дар хидмати ҳаммиллатону ҳамватанону ҳамнажодони хеш қарор додааст.
Аз ин намунаҳо мо равшан мебинем, ки Хоқонии Шарвонӣ дар осори хеш анъанаи бостонгароӣ, ситоиши қаҳрамонону шахсиятҳои бузурги таърихӣ, расму оинҳои ниёгонро дар асри ХII давом дода, барои зинда кардани номи шоҳону паҳлавонони миллии пешин, таърихи пуршукӯҳи тоҷикон дар адабиёти мо хидмати муҳимро анҷом додааст. Воқеан, ӯ ба мо дар ин гуна ашъораш дарси худогоҳӣ, дастури хондани осори пешиниён ва ғайраро медиҳад, то мо худро бишиносем, ки мо кистем, аз кадом таборем, барои чӣ ба ин дунё омадем, кори мо, вазифаи мо аз чӣ иборат аст?
Бинобар ин, Хоқонӣ дар нишон додани руҳ ва андешаи миллӣ дар адабиёти мо баъд аз Фирдавсӣ ва Носири Хусрав ҷойгоҳи воло дорад ва яке аз шоирони беназир маҳсуб мешавад. Ҳамин руҳи озодандешӣ, бостонгароӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, шоҳномагароӣ, унсу алоқа ба талмеҳоти ватанӣ, ба вижа, эҷоди асари ватандӯстонаву миллии ӯ «Айвони Мадоин» сабаб шудааст, ки Хоқониро шоири масъулу ватандӯсту миллӣ, ҳамово ва ҳамрадифи Фирдавсӣ бихонанд.
Хоқонӣ, хусусан, нисбат ба тафриқаандозон, домгароён ва мутаассибони динӣ, ки аҳли башарро ба мусулмону кофир қисмат мекунанд, назари нек надорад, зеро аз ҳилаву найранги эшон бохабар аст:
Ҳамчу махмал бирав, офот ба ғафлат магузор,
Дар ҷаҳон бехабар аз куфру зи ислом бихусп.
Хоқонӣ ҳамчун шоири дунёгаро, зиндадил, ҳаётдӯст, хушгузарон дар осораш аз майу шароб низ фаровон васф менамояд:
Хонча кун, суннати муғон меор,
Дар булурин рикоб май як бор.
Вай шахсияти озодаву адолатҷӯ ва ситамситез буда, аз ҳокимону ҳасудони рӯзгораш озори зиёд дидааст. Бинобар ин, ҳамвора аз ин муҳити пурфасоду пурнайранг гурезон мебошад. Ба қавли ӯ:
Неъмате беҳтар аз озодӣ нест,
Бар чунин моида куфрон чӣ кунам?
Хоқонӣ ба дину миллатҳои олам арҷ мегузорад. Бинобар ин, агар дар тафсири «Қуръон» дармонад, таассуб намеварзад, фавран рӯ ба «Авасто» меорад, то онро бихонад, ба маънию мазмуни он пай бибарад. Воқеан, ӯ ин андешаи мутараққиро дар асри XII, асре, ки таассубу ҷаҳолат дар ҷомеа ҳокимият мекард, гуфтааст. Ин албатта, аз ҷуръату ҷасорат ва огоҳии шоир аз илму дониш дарак медиҳад:
Чу ин ҷо маънии “Қуръон” надонам,
Равам он ҷо, ки “Обисто” бихонам.
Хоқонӣ аз як тараф ҳаётдӯстӣ, хушбинӣ, саъю кӯшиш, хушгузаронӣ, баландҳимматӣ, волоназариро ташвиқ менамояд, аз сӯи дигар, таассубу хурофот, руҳониёни тангназар, зоҳидон, суфиёни риёкор ва аҳли каромату хурофотро ба боди интиқод мегирад. Ба ин намуна таваҷҷуҳ фармоед, ки шоир дар он аз Зардушт ва кутуби ӯ ёд менамояд:
В-агар Қайсар сиголад рози Зардушт,
Кунам зинда русуми «Занд»-у «Усто».
Бигӯям, к-он чи «Занд» асту чи оташ,
К-аз он «Позанд»-у «Занд» омад мусаммо.
Девони Хоқонӣ аз ашъори дунявӣ ва фошкунанда пур аст. Дар ихтиёри хонандагон, бавижа ҷавонон, гузоштани онҳо дар рӯзгори мо, ки таассубу хурофот, махсусан ифротгароии мазҳабӣ авҷ гирифтааст, аз фоида холӣ нахоҳад буд. Воқеан, мутолиаи ин гуна ашъор имкон медиҳад, ки ҷавонони мо ба доми панисломистон, пантуркистон, хилофатгароён, аморатхоҳон, ташкил-кунандагони давлати динӣ, ки хобу хаёле беш нест, наафтанд:
Кардам ҳазор «ё Раб»-у дар ту асар накард,
Ё Раб, магар саодат ёвар намешавад?!
Хоқониё, зи «ё Раб»-и бефоида чӣ суд?
К-ин «ё Раб» аз бурути ту бартар намешавад.
Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.
Умароро зи пайи зулму фасод,
Дил ба зӯру зару хайлу ҳашам аст.
Фуқаҳоро ғараз аз хондани фиқҳ,
Ҳилаи байъу рибову салам аст.
Зиндагии Ҳаким Саноии Ғазнавӣ (1079/1080-1140/1141) ба давраи Салчуқиён рост меояд. Ҷангу кашмакашҳои байни Ғазнавиён ва Салчуқиён, тохту тоз ва ҳамлаҳои пай дар пай ба шаҳру манотиқи аҳолинишин таъсироти манфие расонида, рушди иқтисодиву фарҳангии Хуросон ва Мовароуннаҳрро хеле поён бурд.
Ҳаким Саноии Ғазнавӣ намояндаи барҷастаи адабиёти тоҷику форси ҳамон давр аст, ки бо осори пурарзиши худ аҳли суханро аз инҳисори шеъри дарборӣ берун оварда, ба ҷаҳони рангин раҳнамоӣ намуд.
Саноӣ зиндагии аҷибу ғариберо аз сар гузаронидааст, ки метавонад барои дигарон намунаи ибрат бошад. Ӯ дар Ғазнӣ таваллуд шудааст ва нисбат ба зодгоҳаш чунин гуфтааст:
Шодмон бош аз ману аз худ, ки андар назму наср,
Н-аз Хуросон чун туе зодаст, н-аз Ғазнин чу ман.
Саноӣ ба шаҳрҳои гуногуни Хуросон, монанди Балх, Ҳирот, Нишопур сафар кардааст, аммо бештари умри худро дар Сарахс гузаронидааст.
Саноӣ тақрибан солҳои 1123 ба Ғазна бармегардад ва бо хоҳиши яке аз дӯстонаш бо номи Аҳмад ибни Теша девони ашъорашро ҷамъоварӣ намуда, ба он муқаддимаи муфассале менависад.
Осори Саноӣ аз «Девони ашъор», шомили қасида, ғазалиёт, муқаттаот, рубоиёт ва таркиббанду тарҷеот; маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат», маснавии «Тариқ-ул-ҳақиқ», маснавии «Сайр-ул-ибод» иборат мебошад. Маснавии «Сайр-ул-ибод» аз лиҳози мазмун ба асари «Маҳзакаи илоҳї»-и Данте монанд аст, бинобар ин, муҳаққиқ Р. Никелсон Саноиро пешкисвати эронии Данте номидааст.
Академик Кароматулло Олимов, муҳаққиқи осор ва рӯзгори Ҳаким Саноӣ дар китоби худ бо унвони «Ҷаҳонбинии Саноӣ» менависад, ки дунёи маънавӣ ва зеҳнии Саноӣ пас аз сӣ соли ҳаёташ тамоман тағйир меёбад. Ӯ дар байни аҳли илму адаб ба мартабаи баланд расида, унвонҳои «шайх»-у «ҳаким»-ро гирифта буд. Ҳаким Саноӣ ба тарзи нав ба ҷомеаи ҳамонвақтаи хеш нигоҳ мекард. Ақидаҳои дунявии вай, ки пас аз сафарҳои мухталиф ба кишварҳои дигар дар зеҳни ӯ бедор шуда буд, муносибати ӯро бо руҳониёну аҳли тақвои замонаш ба куллӣ тағйир дод. Шоир зоҳирпарастиву зуҳду тақвои баъзе аз диндоронро мавриди танқиди шадид қарор дода, амали хушки зоҳидонро кори беҳудаву риё медонад:
Дар ҳама умр ар шабе қасд ба масҷид кунӣ,
Гарчи ба рӯю риё барканӣ аз машъала.
Моли ятимон хӯрӣ, пас чиладорӣ кунӣ,
Роҳ мазан бар ятим, даст бидор аз чила...
Дар байти дигар тоқати шоир тоқ шуда, амали тамаъкоронаи намояндагони динро аз нуктаи назари хеш куфр мешуморад:
Куфр бошад аз тамаъ пеши дари ҳар мунъиме,
Қомати озодагӣ чун ҳалқаи дар доштан.
Шоир дар шеъри дигараш ахлоқи намояндагони дини исломро, ки худро олиҳиммат ва пок нишон медиҳанд, зери тозиёнаи танқид қарор медиҳад. Ӯ дар ашъори ҷаззоби хеш ишора ба он дорад, ки фақеҳон ва диндорон фиқҳро танҳо барои рибо хӯрдан ва ҷамъ намудани мол меомӯзанд:
Умароро зи пайи зулму фасод,
Дил ба зӯру зару хайлу ҳашам аст.
Фуқаҳоро ғараз аз хондани фиқҳ,
Ҳилаи байъу рибову салам аст.
Шоир ба молу сарвати тавонгарону зоҳидон, ки аз ҳисоби меҳнати дигарон ба даст меомад, бо нафрат нигариста, ошкоро менависад, ки матоъҳои пурқимату хӯрокҳои болаззати шайху муллову ҳокимон аз обилаи дасти бечорагон аст:
Хона харидию мулк, боғ ниҳодӣ асос,
Мулк ба моли рибо, хона ба суди ғалла.
Фарши ту дар зери по атласу шаръу насиҷ,
Беваи ҳамсояро даст шуда обила.
Ӯ ҳама шаб гурсина, ту зи хӯришҳои хуб
Карда шикам чорсӯй, чун шиками ҳомила.
Ҳамчунон Саноӣ аз наздикӣ бо қориҳову зоҳидоне, ки динро барои манфиати хеш истифода мекунанд ва мефӯрушанд, парҳез карданро афзалтар мешуморад:
Маро бе хештан беҳтар, ки бошам,
Ба қурроӣ фурӯшам зуҳду томот.
Саноӣ рӯирост ба муқобили диндороне мебарояд, ки дин – хусусан «Қуръон»-ро ба манфиати худ истифода мебурданд. Онҳо аз мардум шарм надошта, охирин луқмаи даҳонашонро мегирифтанд. Худашон таълимоти диниро хуб намедонистанд, аммо кӯшиш менамуданд, ки мардумро фиреб диҳанд. Ӯ руҳониёнеро, ки аз тариқи фолбинӣ, навиштани тумор ва хондани дуо барои табобати беморон фаъолият карда, дар асл бо фиребу найранг чашми тамаъ бар кисаи мардум медӯхтанд, мазаммат намудааст:
Сохта даст мӯзаи солус,
Баҳри як ман ҷаву ду коса сабӯс...
Гоҳ гӯйӣ рафиқи ҷоҳилро,
Ё на карбосбофи коҳилро.
Ки нависам туро яке таъвиз,
Пок дор, эй ҷавон, мадор пализ.
Лек ҳадя пагоҳ мебояд,
Хуни мурғи сиёҳ мебояд.
Ин ҳама ҳила баҳри як-ду дирам,
Шом ё чошнӣ барои шикам.
Намунаи ин гуна мисолҳо, мутаассифона, дар замони муосир ҳам дида мешавад, ки баъзе содалавҳон дар доми найранги чунин фиребгарон афтода, дар натиҷа ҳам мол ва ҳам саломатии худро аз даст медиҳанд.
Аз мутолиаи «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат» бармеояд, ки Саноӣ ҷасурона чеҳраи манфур ва бадахлоқии динмадорони риёкорро фош сохта, симои воқеии онҳоро нишон медиҳад.
Саноӣ руҳониёни худписанди мутакаббиреро, ки худро олиму ориф тарошида, дар асл худ дониши кофие надошта, дигаронро ба куфр муттаҳам месохтанд, мавриди накуҳиш қарор додааст. Ҳамчунин, шоир пешвоёни диниеро, ки дониши худро барои тафриқаандозӣ байни намояндагони мазҳабҳои мухталиф истифода мекарданд, мавриди танқид қарор дода, мегӯяд, ки ба кадом мазҳабу равия мутааллиқ будани инсон аҳамияте надорад, балки арзиши инсонро дониши ӯ муайян мекунад:
Илм дорӣ, амал на, дон, ки харӣ,
Бори гавҳар барию коҳ х(в)арӣ.
Донишат ҳаст, кор бастан ку?
Ханҷарат ҳаст, саф шикастан ку?
Бӯй аз он кӯй худ наёбӣ аз он,
К-ин фалон мазҳаб асту он баҳмон.
Ту равон карда аз батар қар-қар,
К-он фалон мулҳид, он фалон кофар.
Дарнигар хоҷа дар гиребонат,
То куҷо мондааст имонат?
Шоир ба ҷойи машғул шудан ба ин даъвоҳои беасосу бепоя мардумро ба омӯзиши илму дониш тарғиб менамояд. Дар таълимоти ахлоқии Саноӣ илму маърифат тавсиф шуда, ҷаҳлу нодонӣ бадтарин хислати инсонӣ шуморида шудааст:
Ҳеҷ бадномӣ одамиро беш,
Нест аз ҷаҳлу аз залумии хеш.
Ба андешаи Саноӣ илм бояд барои тарбияи инсон, ба хислатҳои нек соҳиб шудани он хизмат кунад. Аз ин рӯ, шоир шахсонеро, ки илмро ҳамчун воситаи гирд овардани сарват ва соҳиби ҷоҳу ҷалол шудан истифода мекунанд, ба ҷоҳил баробар мекунад.
Дониш он ҷо, ки рух ба халқ орад,
Мағзи дониш ба халқ бигзорад.
Саноӣ ақлро воситаи тавоно ва раҳнамои инсон мешуморад, зеро бе ақл неку бад ва покию олудагиро ташхис карда намешавад. Ақл инсонро аз офати ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу хурофот наҷот медиҳад. Танҳо ақлу хирад одамиро ба сарманзили мақсуд расонида, ҳамеша дастгиру роҳнамои ӯст:
Кадхудои тани башар ақл аст,
Аз ҳама ҳол бохабар ақл аст.
Ҳар ки бо ақл ошно бошад,
Аз ҳама айбҳо ҷудо бошад.
Аз ҷаҳолат туро раҳонад ақл,
Ба ҳақиқат туро расонад ақл.
Ақл ҳаргиз хато наяндешад,
Бо ману ту бало наяндешад.
Волии чарху даҳр кист? – Хирад!
Олами шаръу дод чист? – Хирад!
Шоир марди оқилро ҳамеша тандурусту солим ва инсони ҷоҳилро залилу хор медонад, ки пайваста дар тамаи моли мардум аст:
Марди оқил ҳамеша тандор аст,
Марди ҷоҳил залилу ғамдор аст.
Дили ҷоҳил зи тамаъ бошад пур,
Тамаъ аз моли халқ ҷумла бибур.
Саноӣ сабру бурдбориро таблиғ намуда, инсонро ба таҳаммул ва қаноат даъват мекунад. Ӯ дар ин шеъри машҳури худ мавзуъро хело равшан ифода кардааст:
Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
Моҳҳо бояд, ки то як пунбадона з-офтоб,
Шоҳидеро ҳулла гардад ё шаҳидеро кафан.
Рӯзҳо бояд, ки то як мушти пашм аз пушти меш,
Зоҳидеро хирқа гардад ё ҳимореро расан.
Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз лутфи табъ
Олиме гардад наку ё шоире ширинсухан.
Саноӣ муътақид аст, ки инсон дар ҳар коре бояд шеваи эътидолро нигоҳ дорад, чунки эътидол кори хирадмандон ва тундгароӣ нишонаи ҷоҳилон аст:
Шаҳват асп асту хашм саг дар тан,
Муътадил дор ҳар дуро дар фан.
Мабиафзой ҳар дуро мабикоҳ,
Дор бар ҳадди эътидол нигоҳ.
Шоир ҷамолу камоли одамиро дар илму ҳилм медонад ва хашму кинаву хушунатро кори сутурон мехонад:
Илм бе ҳилм шамъи бенур аст,
Ҳар ду бо ҳам чу шаҳди занбӯр аст.
Ҳар кӣ дар хиттаи мусулмонист,
Муталошӣ чун нафси ҳайвонист.
Тавре аз байтҳои боло маълум шуд, Саноӣ аз заволи ҳувияти миллии хуросониён шикоят кардааст. Ин шоири озода ҳаргиз аз баёни ҳақиқати иҷтимоӣ ғафлат наварзида, айбу нуқсонҳои ҷомеаи худро бо ҷасорат баён кардааст. Намунаи ашъори Саноӣ, ки дар боло зикр гардид, баёнгари он нукта аст, ки ҳақиқату адолат болотар аз ақидаву ҷаҳонбинии башар қарор дошта, шоирони классикии тоҷику форс ҳамеша аз мавқеи баланди инсондӯстӣ ба ҳодисаҳои замони хеш нигоҳ карда, ситоишгари андешаҳои волои башарӣ будаанд.
Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.
Давре, ки дар ӯ омадану рафтани мост,
Ӯро на ниҳоят, на бидоят пайдост.
Кас меназанад даме дар ин маънӣ рост,
К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост.
Умари Хайём (1048-1131) файласуф, риёзидон, ситорашинос ва рубоисарои маъруфи тоҷику форс дар даврони Салҷуқиён буд. Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба шумор рафта, дорои ҳушу хотираи неруманде будааст. Дар даврони ҷавонӣ ба фарогирии илму дониш пардохта, дар фалсафа, нуҷум ва риёзӣ ба дараҷаҳои баланди илмӣ расидааст. Гуфта мешавад, ки Хайём дар илми тиб ҳам маҳорат дошт ва султон Санҷарро, ки ба бемории обила гирифтор буд, муолиҷа кардааст. Хайём дар даврони ҳукумати султон Ҷалолиддин Маликшоҳи Салҷуқӣ дар Нишопур аввалин расадхонаро бунёд кард ва бо дархости ӯ даст ба ислоҳи тақвим зад, ки то кунун бо номи «Тақвими Ҷалолӣ» маъруф аст. Рисолаи «Ҷабр ва муқобала» ба иловаи рисолаи дигар, ки дар он ба мушкилоти ҳандасаи Уқлидус посух додааст, аз машҳуртарин осори Хайём дар илми риёзиёт ҳастанд. Аз дигар осори маъруф, ки ба Умари Хайём нисбат медиҳанд, рисолаи «Наврӯзнома» аст, ки бо насри содаву шево таърихи пайдоиши Наврӯз ва расму оини баргузории онро дар дарбори Сосониён ривоят кардааст. Дар дунёи ҳунар ва берун аз марзҳо, бахусус дар Ғарб Хайём маъруфтарин шоири тоҷику форс аст, ки шуҳраташ аз маҳфилҳои илмию адабӣ фаротар рафтааст. Рубоиёти Хайём содаву равон, аммо дорои маъниҳои амиқи фалсафӣ ва ҳосили андешаи огоҳонаи мутафаккири бузург дар муқобили асрори офариниш аст.
Асрори азалро на ту дониву на ман
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст дар паси парда гуфтугӯи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.
Хайём аз ҷумлаи андак мутафаккирони ҷаҳонӣ аст, ки озодии инсон дар маркази ҷаҳонбинии ӯ қарор гирифтааст. Ӯ ҳар гуна таъбиру тафсир аз дунёву охират ва низоми ҳастиро дар гарави озодии инсон медонад. Дар фалсафаи Хайём агар мафҳуми озодиро аз инсон бигирем, дигар тамоми назарияҳои динӣ ва фалсафие, ки дар бораи ӯ изҳори назар кардаанд, ботил мешаванд. Агар озодӣ набошад, инсон ба як барда табдил мешавад. Аз ин рӯ, Хайём бо ҳар мактабу ҷаҳонбиние, ки инсонро маҳдуд карда, озодии ӯро бигирад, дар ситез аст.
Хайём дар замони хеш фалсафаеро асос гузошт, ки баъд аз ҳазор сол дар шакли мактаби экзистансионализм дар Аврупо арзи вуҷуд кард. Мактабе, ки намояндаи барҷастаи он Мартин Хайдеггер – файласуфи олмонӣ буд ва асоси онро асолати вуҷуди инсон ташкил медиҳад. Усули мактаби мазкурро озодӣ ва ҳаққи интихоб дар бар мегирад. Ин мутафаккири мунавварфикр ҳазор сол пеш фармуда буд:
Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
Аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.
Мавзуи асосии рубоиёти Умари Хайёмро асрори азал, рози офариниш, муаммои ҳастӣ, ҷойгоҳи инсон дар низоми ҳастӣ, тамасхури хурофотпарастон, мубориза бо хурофоту мавҳумот, маҳкумияти ақоиди бепояи уламову фақеҳон, ташвиқи инсон барои баҳрабардорӣ аз дами гузарони умр, тарғиби инсон барои раҳоӣ аз қайду бандҳои сохтаву пардохтаи зеҳнӣ, ҷустуҷӯи ҳақиқати ашё ва шод зистану лаззат бурдан аз неъматҳои бешумори худододӣ ташкил додааст. Ҷасорати Хайём дар амри матраҳ кардани чунин масоили муҳим, он ҳам дар даврони ҳукумати Салҷуқиён, ӯро ба як файласуф ва мутафаккири маҳбуби ҷаҳонӣ табдил медиҳад. Аммо дар Шарқ ин мутафаккир мутаассифона, ношинохта боқӣ мемонад. Замоне, ки Эдвард Фитсҷералд, шоири англис, дар соли 1859 аввалин рубоиёти Умари Хайёмро ба забони англисӣ тарҷума кард, ҷаҳон ба ҳайрат афтод ва гӯяндаи ин рубоиёти нодир –Умари Хайём шуҳрати ҷаҳонӣ касб кард. Баъд аз ин рубоиёти Умари Хайём бо тамоми забонҳои зиндаи дунё тарҷума шуда, дар дастраси мардум қарор гирифт. Аз ин нуқтаи назар, ҷаҳонбинии Хайём появу асоси чандин мактаби фалсафии муосир дар ҷаҳонро ташкил медиҳад. Ин рубоиёти кӯчак дар зеҳни равшанфикрони дунё як навъ инқилоби фикрӣ ба вуҷуд овард. Бо кумаки рубоиёти Хайём аврупоиҳо худро аз қайду банди мавҳумоти динию мазҳабӣ наҷот доданд, аммо шарқиён, ки ба ин мавзуъ чандон таваҷҷуҳ накарданд, ҳамчунон дар банди афкори ғайриилмии хеш боқӣ мондаанд.
Хайём бо тамоми қудрат озодии инсонро ситоиш намуда, тарс аз ояндаро накуҳиш менамуд. Дар андешаи Хайём он чӣ инсонро хору залил мекунад, тарс аз оянда ва қабули хурофотест, ки дар тули асрҳо бар ӯ таҳмил шудааст. Бинобар ин, то замоне, ки инсон аз зери бори хурофот ва андешаҳои ботил зеҳни худро озод накунад, ҳаргиз ба маънии зиндагӣ сарфаҳм намеравад. Дар фалсафаи Хайём инсон як мавҷуди озод, соҳиби ақл ва дорои ҳаққи интихоб мебошад. Масалан, девона ба сабаби он ки аз ақл маҳрум аст, мавриди сарзаниш қарор намегирад. Танҳо инсони оқил аст, ки посухгӯи амалҳои хеш аст. Агар ин гуна бошад, пас инсон бояд аз ҳаққи озодӣ ва интихоб бархурдор бошад.
Бар ман қалами қазо чу бе ман ронанд,
Пас неку бадаш зи ман чаро медонанд?
Дӣ бе ману имрӯз чу дӣ бе ману ту,
Фардо ба чӣ ҳуҷҷатам ба Довар хонанд?
Хайём бештари андешаҳои муҳимми фалсафии худро ба тариқи савол матраҳ мекунад. Худи савол хонандаро ба фикр ҷиҳати пайдо кардани ҳақиқат раҳнамун месозад. Ин мутафаккири барҷаста беш аз он ки ба масоили баҳсангез посух диҳад, онҳоро аз тариқи савол ба хонанда пешниҳод менамояд. Аммо агар диққат шавад, пушти пурсишҳои ҳаким Хайём ҷавобҳое низ нуҳуфтаанд. Хайём намехоҳад, ки ба ҳамаи масоил худаш посух диҳад ва ё нуктаи назари шахсии худро бар дигарон таҳмил намояд. Ӯ бо матраҳ кардани савол мехоҳад ҳамаи одамони оқилро ба баҳсу мунозира даъват кунад. Рисолати Хайём посух додан нест, балки матраҳ кардани мавзуъ аст. Вақте мавзуъ ба баррасӣ гузошта шуд, хирадмандон посухи онро хоҳанд ёфт.
Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ ҷасорати Хайём дар гузоштани ин гуна саволҳост. Саволҳои Хайём мантиқу маърифати фаҳмиши динии роиҷ дар зеҳни башарро дарҳам мекӯбад. Дар зоҳир саволҳои Хайём бисёр шаккоконаанд, аммо инсонро барои фикр кардан маҷбур менамоянд. Хидмати бузурги ӯ ҳамин аст, ки инсониятро ба андеша кардан водор кардааст.
Некию баде, ки дар ниҳоди башар аст,
Шодию ғаме, ки дар қазову қадар аст.
Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ақл
Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.
Рисолати дигари Хайём баёни ҳақиқат буд. Ӯ баҳри иҷрои ин вазифаи иҷтимоии худ аз ҳеч коре дареғ наварзидааст. Дар таърихи адабиёти тоҷик ҳеч шоире монанди Ҳофиз ва Хайём риёкорӣ, дурӯғпароканӣ, фиребу найранг, зоҳирпарастӣ, такаббуру худписандии намояндагони расмии диниро ин қадар ошкор фошу маҳкум накардааст. Хайём низ дар ин замина аз Ҳофиз, ки мегуфт «Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам» пайравӣ намуда, таассубу хурофот ва таъбиру тафсирҳои нодурусти шайхони риёкор, муллоҳои мутаассиб ва муфтию қозиҳои манфиатталабро мазаммату тамасхур кардааст:
Эй соҳиби фатво, зи ту бедортарем,
Бо ин ҳама мастӣ зи ту ҳушёртарем.
Ту хуни касон хӯрию мо хуни разон,
Инсоф бидеҳ, кадом хунхортарем?!
Рубоии мазкур дар шаклҳои дигаре монанди «Эй қозии шаҳр» ё «Эй муфтии шаҳр» ҳам истифода шудааст, ки дар тамоми вариантҳо хитоби шоир ба намояндагони динӣ равона аст. Хайём ривояту қисса ва афсонаҳои бофтаи шайху муфтию муллоро дар бораи дунёву охират мисол зада, ин тоифаро ба суистифода аз дин муттаҳам мекунад. Тарсондани одамон аз охират ва ташвиқи онҳо ба дунёбезорию дунёгурезӣ макрест, ки ба назари Хайём бо ҳадафи ба бардагӣ кашонидани мардуми содалавҳ ба кор мегиранд. Ба гуфтаи Хайём ин тоифа мардумро ба дунёгурезӣ ташвиқ намуда, худ дар дунё ҳукумат меронанд. Халқи бечораро аз неъматҳои дунё маҳрум карда, барои худ истифода аз ҳама чизро ҷоиз медонанд. Тақдири мардумро ба фардо ҳавола карда, худ ғарқ дар нозу неъмати дунявӣ зиндагӣ менамоянд:
Гӯянд биҳишту ҳуруъин хоҳад буд
В-он ҷо майи нобу ангубин хоҳад буд.
Гар мо майю маъшуқа гузидем, чӣ бок?
Чун оқибати кор ҳамин хоҳад буд.
Хайём дар масоили динию дунёӣ тарафдори таҳаммулу мадоро ва миёнаравӣ буд. Дар фалсафаи Хайём таассуб дар ақидаи шахсӣ хилофи ақлу мантиқ буда, боиси густариши хушунату бадбинӣ дар миёни мардум мешавад:
Ҷамъе мутафаккиранд дар мазҳабу дин,
Қавме мутаҳаййиранд дар шакку яқин.
Ногоҳ мунодие барояд зи камин,
К-эй бехабарон, роҳ на он асту на ин.
Аз назари Хайём одамӣ ин фурсати маҳдуде, ки дорад, бояд аз он истифода намояд, зеро ин дами ғанимат такрор шуданӣ нест. Ин тавр нест, ки дубора ба дунё биёем ва аз мавқеияти бадастомада истифода кунем. Бинобар ин, шоир пешниҳод мекунад, чизе аз дороии дунё боқӣ нагузорем, ки дубора барнамегардем, то аз он чи захира кардаем, баҳраманд шавем:
Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз,
Бозомадае ку, ки ба мо гӯяд роз?
Ҳон, бар сари ин дуроҳаи розу ниёз
Чизе нагузорӣ, ки намеойӣ боз!
Хайём одамиёнро ба парҳез аз хӯрдани ғами дунёи гузарон даъват мекунад ва супориш медиҳад, ки хуш бошед ва ин фурсати андакро ба шодӣ бигзаронед, ки агар ин ҷаҳон вафое дошт, навбат ба мо намерасид:
Бархезу махӯр ғами ҷаҳони гузарон,
Хуш бошу даме ба шодмонӣ гузарон.
Дар табъи ҷаҳон агар вафое будӣ,
Ҳаргиз ба ту навбат нашудӣ аз дигарон.
Назарияи шодзистӣ ва комравоӣ аз умри гузарону нопойдор мафҳуми амиқи фалсафӣ мебошад. «Вақтро ғанимат донистан» ва «дар дам зиндагӣ кардан» дар байни ҷараёнҳои гуногуни фикрӣ низ маъруф буда, бо таъбири «суфӣ ибн-ул-вақт аст» таблиғ мешудааст. Хайём ин назарияи амалиро ҷомаи нав мепӯшонад ва таваҳҳумоти зеҳнӣ ва ривоятҳои сохтаву бофтаи бепояву асосро тамасхур намуда, мардумро ба зиндагии шоди дунявӣ ва баҳрабардории дурусту оқилона аз неъматҳои он ташвиқ менамояд. Хайём бар ин бовар буд, ки одамиён, маъмулан, дар ду замон зиндагӣ мекунанд; гурӯҳе дар ҳасрати гузашта ва тоифаи дигаре ба умеди оянда. Дар ҳоле, ки ин замонҳо, яъне замони гузашта ва оянда дар ихтиёри инсон нестанд ва умед бастан бар инҳо зоеъ кардани зиндагӣ дар роҳи ботил аст:
Рӯзе, ки гузаштааст, аз ӯ ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Ҳолӣ хуш бошу умр барбод макун.
Хайём ҳасрат хӯрдан барои замони гузашта ва умед бастан ба замони ояндаро нишонаи заъфи одамӣ медонад, ки бо худфиребӣ замони ҳоли худро ҳам беҳуда сипарӣ мекунад. Хайём одамиро аз хоби ғафлат бедор мекунад ва ӯро ба истифода аз фурсати ғанимат ҳидоят менамояд. Дар фалсафаи Хайём бузургтарин неъмат лаҳзаи ҳол аст, зеро лаҳзаҳо ҳаргиз такроршуданӣ нестанд, бинобар он истифода аз онро ғанимат мешуморад:
Май хӯрдану шод будан оини ман аст,
Фориғ будан зи куфру дин дини ман аст.
Гуфтам ба арӯси даҳр: кобини ту чист?
Гуфто: дили хуррами ту кобини ман аст!
Хайём аз сароби тира, ки ҳаёт ном дорад, биҳиште равшан месозад ва аз зебоиву лутфу камол парда аз дебои заррин бар дунёи хафақоновар мекашад. Каломи ӯ бо муҳтавои азиме, ки аз фалсафа дар бар дорад, бо латофати хаёл ва зебоӣ омезиш ёфта, дурахшиши аҷибе ёфтааст ва ҳамин рози азамату зиндагии ҷовидони вай дар қалбҳои инсон дар саросари гетӣ аст:
Эй дил, ту ба идроки муаммо нарасӣ,
Дар нуктаи зиракони доно нарасӣ.
Ин ҷо зи майи ноб биҳиште месоз,
К-он ҷо, ки биҳишт аст, расӣ ё нарасӣ.
Хайём як файласуфи воқеъгаро ҳаст ва дунёро ҳамон гуна, ки мебинад, тафсир менамояд. Ӯ ба тафсирҳои арбобони дин дар бораи охират ва ваъдаҳои ондунёӣ бовар надорад. Шоир ба чизе, ки касе надидааст ва ғайри қобили исбот бошад, такя намекунад. Такягоҳи асосии Хайём нақди умри хеш аст, ки амалан дар ихтиёр дорад. Ӯ одамиро ташвиқ мекунад, ки бар он чи дар дасту ихтиёр доранд, эътимод кунанд, на бар ваъдаҳое, ки касе бар ҳақиқати онҳо воқиф нест:
Чун нест ҳақиқату яқин андар даст,
Натвон ба умеди шак ҳама умр нишаст.
Ҳон, то биниҳем ҷоми май аз кафи даст,
Дар бехабарӣ мурд, чи ҳушёр, чи маст.
Хайём аз ин тариқ зеҳн ва таваҷҷуҳи одамиро аз гирдоби тарсу хаёли «асрори азал», ки ҳамоно нокушода боқӣ мондааст, раҳо карда, диққати ӯро ба самти нақди умр мекашонад. Хидмати дигари Хайём ин аст, ки инсониятро ба ақлгароӣ ва хирадварзӣ даъват менамояд. Ӯ тафсирҳои ғайриақлонӣ аз зиндагӣ ва дунёро қабул надорад. Мантиқи хайёмӣ дар доираи ақл шакл гирифтааст:
Аҷром, ки сокинони ин айвонанд,
Асбоби тараддуди хирадмандонанд.
Ҳон, то сари риштаи хирад гум накунӣ,
К-онон, ки мудаббиранд, саргардонанд!
Хайёмро шоири даҳримазҳаб медонанд, чунонки ӯ аз Абулало Муаййирӣ, шоир ва файласуфи араб таъсир пазируфтааст. Ӯ талош мекунад, ки ба ҷуброни ҷабри зиндагӣ, ки бар инсон таҳмил шудааст, зиндагиро он гуна, ки мехоҳад, пеш бибарад. Хайём бар ин бовар буд, ки ба дунё омадан дар ихтиёри инсон нест, аммо чӣ гуна зиндагӣ кардан дар ихтиёри ӯст. Андешаи хайёмӣ андешаи фардгароёна ва озодихоҳӣ аст, инсонро бо вуҷуди ҷабри таърихӣ на дар ҷойгоҳи инсоне бехираду ноогоҳ ва нотавон, балки дар мақоме мебинад, ки метавонад худро аз хештан наҷот диҳад:
Афлок ба ҷуз ғам нафизоянд дигар,
Бинҳанд яке, то бирабоянд дигар.
Ноомадагон агар бидонанд, ки мо
Дар даҳр чӣ мекашем, н-оянд дигар.
Хайём бо дилгармӣ ба зиндагӣ машғул буд ва ба хубӣ дарк карда буд, ки дарди ҷаҳонро ҷуз ба озодагӣ дар рафтору андеша наметавон ҳал кард. Ӯ барои шинохти хеш ва шинохти инсоният талош кард, чандон ки муътақид буд биҳишти ваъдадодашуда метавонад дар рӯи замин маъно пайдо кунад, ба шарте ҳар кас биҳишти хешро бишносад:
Ин ақл, ки дар раҳи саодат пӯяд,
Рӯзе сад бор худ туро мегӯяд.
Дарёб ту ин як дами вақтат, ки наӣ,
Он тава, ки бидраванду дигар рӯяд.
Бахши дигаре аз рубоиёти Хайёмро мавзуи мубориза алайҳи хурофоту хурофотпарастии роиҷ дар миёни ҳамасронаш ташкил медиҳад. Бардоштҳои ғалат ва ғайриилмии оммаи мардум, ки аз тарафи руҳониён – намояндагони расмии ҳукумат ҳам тарғиб мешуданд, мавриди тамасхури шоир қарор гирифтааст. Ӯ тасаввури ғалати мардумро дар бораи ин ки гӯё замин бар болои шохи гов истодааст ва сабаби заминҷунбиро лағжидани замин аз рӯйи шохи гов таъбир мекарданд, ин гуна мазаммат кардааст:
Говест дар осмону номаш Парвин,
Як гови дигар нуҳуфта дар зери замин.
Чашми хирадат боз кун аз рӯи яқин,
Зеру забари ду гов муште хар бин.
Хайём дар идома ҷабру тақдиргароиро, ки дасту пои мардумро аз амал кардан мебаст ва онҳоро ба ғуломони ҳалқабаргӯши хоҷагону сарватмандони давр табдил медод, сахт маҳкум кардааст. Ӯ дар муқобили тақдиргароӣ ва таслим шудан дар баробари қазову қадар идеяи озодии инсон ва ҳаққи таъйини сарнавиштро матраҳ менамуд. Дар ҷаҳонбинии Хайём ва тафсири ӯ аз таълимоти динӣ инсон озод офарида шуда, аз ҳаққи ихтиёр ва ҳаққи тағйири сарнавишти хеш бархурдор тасвир шудааст:
То занн набарӣ, ки аз ҷаҳон метарсам
В-аз мурдану аз рафтани ҷон метарсам.
Мурдан чу ҳақиқат аст, бокам набувад,
Чун нек назистам, аз он метарсам.
Ин гуна тасаввуроти нодуруст аз офариниши оламу одам ва сарнавишти башар инсонро аз фаъолияти мустақилона ва тасмимгирӣ дар бораи ояндаи худ маҳрум мекард. Ба гуфтаи Хайём, агар фаъолияти инсон ба нияту иродаи ӯ вобаста набошад, фарқ кардани неку бад, дурусту нодуруст ва ҳарому ҳалол кори «қазову қадар» бошад, пас одам аз посухгӯӣ дар баробари амалҳои худ бояд озод мебуд:
Бартар зи сипеҳр хотирам рӯзи нахуст,
Лаҳву қаламу биҳишту дӯзах меҷуст.
Пас гуфт маро муаллим аз раъйи дуруст:
Лавҳу қаламу биҳишту дӯзах бо туст.
Дар фалсафаи Хайём ривоҷи ақидаҳои хурофотӣ дар ҷомеа кори дасти руҳониёни манфиатталаб ва ҳокимони золим аст, ки ба хотири ҳифзи қудрати хеш ин гуна андешаҳои ғалатро либоси динӣ пӯшонида, ба мардум мефурӯхтанд. Шоири озодихоҳ, ба мисли Умари Хайём, ки фиребу риёкории арбобони вобастаи динро хуб медонист, сафсатаҳои онҳо дар бораи дин, тарғиби тақдиргароӣ, тарсондани мардум аз рӯзи ҷазо, тан додан ба сарнавишт ва ваъдаи осоиш дар биҳиштро фош намуда, ҳамзамонони хешро ба сӯйи озодманишӣ ва ақлгароӣ дар умури дину дунё ташвиқ мекард:
Ҷамъе ба ғурури хулду ризвон задаанд,
Ҷамъе ба ҷунуни куфру имон задаанд.
Аз ваҳм пур аст чорсӯйи имкон,
Ин нек матое ба чӣ дукон задаанд?!
Аз таҳлили рубоиёти Хайём донишмандон ба ин натиҷа расидаанд, ки ӯ як мутафаккири мунавварфикри даврони худ буда, аз ҳаққи озодии инсон пайваста дифоъ кардааст. Агарчи дар зоҳир баъзе андешаҳои хайёмӣ хилофи омӯзаҳои динӣ ба назар мерасанд, аммо ҳақиқат ин аст, ки шоир бо матраҳ кардани саволҳои гуногун қасди ошкор намудани ҳақиқатро доштааст. Дар баробари ин, Хайём бо ҷуръат ва қудрати тамом алайҳи хурофоту хурофот- парастон, «доми ҳиллаву тазвир» қарор додани дин ба дасти арбобони дину давлат, тарғиби оммаи мардум ба тақдиргароӣ, таслим дар муқобили «қазову қадар», бим доштан аз охират, даст кашидан аз неъматҳои дунявӣ ба умеди биҳишт мубориза бурда, мардумро ба озодагию озодманишӣ ва сохтани дунёи имрӯзи худ даъват кардааст.
Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.
Ба дасти ману туст некахтарӣ,
Агар бад наҷӯем, некахтарем.
Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар соли 1004 дар Қубодиён дида ба дунё кушодааст. Ӯ ҳамчунин бо тахаллуси «Ҳуҷҷат» машҳур аст. Носири Хусрав таҳсили нахустини худро дар зодгоҳаш гирифта, пасон дар мадрасаи шаҳри Балх илм омӯхтааст. Аз айёми ҷавонӣ ба хидмати давлатӣ дар дарбори Ғазнавиён медарояд. Ӯ худ дар ин бора дар «Сафарнома» маълумот медиҳад: «Ман боргоҳи мулук ва салотини Аҷам дидаам, чун Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд».
Баъдан, ӯ ба хидмати Салҷуқиён меравад ва ба кори дабирӣ мепардозад. Ба ин маънӣ дар «Сафарнома» чунин мегӯяд: «Ман марди дабирпеша будам ... ва ба корҳои девонӣ машғул будам ва муддате дар он шуғл мубошират намуда, дар миёни ақрон шуҳрате ёфта будам». Шоир ин бобат бо ифтихор мегӯяд:
Ҳамон Носирам ман, ки холӣ набуд
Зи ман маҷлиси миру садру вазир.
Мутолиа ва мушоҳидаи зиндагии вазнини мардум, беадолатиҳои ҳокимони ғазнавӣ ва салҷуқӣ, фиребу найранги намояндагони дин, руҳониён, фақеҳон, шоирони маддоҳ, бавижа мутолиаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ба ҷаҳонбинии Носири Хусрав таъсири мусбат мерасонанд. Бинобар ин, дар тафаккураш тағйирот ба вуҷуд меояд. Ӯ ин тағйиротро бештар ба хоби худ, ки дар синни 40-солагиаш мебинад, иртибот медиҳад. Хулоса, ӯ ба ҷустуҷӯи ҳақиқат мебарояд. Дар ин сафари маънавӣ ӯро бародараш Абусаид ва як ғуломи ҳиндӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Носири Хусрав ҳафт солро дар сайру сафару ғурбат мегузаронад. Ӯ баъди зиёрати Макка ба ҳузури халифаи Фотимиёни Миср – Мустансир Биллоҳ роҳ меёбад. Халифа ба ӯ унвони «Ҳуҷҷати Хуросон»-ро арзонӣ медорад. Шоир баъд аз бозгашт ба Балх, ба ташвиқи мазҳаби исмоилия мепардозад, аммо мавриди ҳуҷуми уламои расмии суннӣ қарор мегирад. Онҳо Носири Хусравро ба бадмазҳабӣ муттаҳам менамоянд ва халқро бар зидди ӯ мешӯронанд. Шоир маҷбур мешавад, ки ба кӯҳистони Бадахшон рӯ биёрад ва дар Юмгондара пинҳон шавад. Вафоти ӯ дар соли 1088 дар ҳамон ҷо иттифоқ афтодааст.
Носири Хусрав марди пурмутолиаву пуркор будааст. Аз ин рӯ, аз худ осори зиёд боқӣ гузоштааст, ки муҳимтарина- шон инҳоянд: «Девони ашъор», «Сафарнома», «Зод-ул-мусофирин», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Кушоиш ва раҳоиш», «Ваҷҳи дин», «Рӯшноинома», «Саодатнома» ва ғайра. Воқеан, шоир ба забони арабӣ низ девон доштани худро борҳо дар шеърҳояш ёдовар шудааст.
Носири Хусрав адиб ва мутафаккири мубориз, миллӣ, инсондӯст, адолатҷӯ, озодихоҳ, худшинос ва дар орзуи ташкили давлати миллӣ аст. Ба ҳокимони золими Ғазнавӣ ва Салҷуқиёни мутаассибу хунхор нафрат меварзад, онҳоро «гургони биёбонӣ» меномад.
Ӯ аз фурӯпошии давлати миллии Сомониён ва рӯи кор омадани давлатҳои бегонатабор, ки Хуросонро ба хоку хун кашидаву мардумро қатлу овораю саргардон кардаанд, афсӯс мехӯрад ва бо сароҳат эълом медорад:
Хуросон з-оли Сомон чун тиҳӣ шуд,
Ҳама дигар шудаш аҳволу сомон.
Бояд гуфт, ки дар саросари осори шоир андеша ва руҳи миллӣ мавҷ мезанад. Ӯ баъд аз Фирдавсӣ ягона адибест, ки рӯирост аз ҷаври ҳокимони бегона, хориву оҷизии озодзодагон, ки давлатдориро аз даст додаанд, шикоят менамояд:
Туркон ба пеши мардон з-ин пеш дар Хуросон,
Буданд хору оҷиз ҳамчун зани сароӣ.
Имрӯз шарм н-ояд озодзодагонро,
Кардан ба пеши туркон пушт аз тамаъ дутоӣ.
Носири Хусрав шоир ва андешаманди ҳассос, кунҷков, пажӯҳанда, беқарор, ноором, сафаркарда, ғурбатдида, мубориз, эътирозгар, амирситез, исёнгар, деҳқонситой, адолатхоҳ, инсондӯст буда, руҳониёни зоҳирпараст, мардумфиреб, шоирони маддоҳ, дингароёни муқаллиду ҷоҳил, нотавонбинони хурофотӣ, афроди беҳувият, чоплусро, ки дар хидмати бегонагон қарор доштанд, дар осораш мазаммат менамояд. Мо дар тамоми осори ӯ ба ин гуна афкори ифшогароёна ва пешқадамона рӯ ба рӯ мешавем:
Эй зуҳдфурӯшанда, ту аз қолу мақолӣ,
Бо маркабу бо зайъату бо сундусу қолӣ.
Гар зуҳд ҳамеҷӯӣ чандин ба дари мир,
Чун медавӣ, эй беҳуда, чун аспи даволӣ…
Бузург нест, на доно ба назди ӯ, магар он-к
Амомаи қасабу асбу симу зар дорад.
Зимнан, бояд гуфт, ки Носири Хусрав идомадиҳандаи андешаву орои гузаштагони худ, бахусус Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигарон буд. Аз ҷумла, таъсири барҷастаи афкори Фирдавсӣ дар тамоми осораш мушоҳида мешавад. Носири Хусрав, ба қавли донишманди фаронсавӣ Пол Омер, «баъд аз он ки ба синни рушд расид, қитъаоте аз ашъори Фирдавсии Тӯсиро ба даст овард, хонд ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки эрониён дар қадим қавми барҷаста будаанд ва султаи қавми араб онҳоро дучори пастравӣ кард…».
Ин қазияро ҷаҳонбинӣ ва мавқеи иҷтимоии эшон низ собит менамояд. Ба маълумоти зерини Носири Хусрав, ки дар «Сафарнома» додааст, таваҷҷуҳ фармоед: «Ва душанбеи бисту дувуми зулҳиҷҷа ба Тоиф расидем, ки аз Макка то он ҷо дувоздаҳ фарсанг бошад. Тоиф ноҳиятест бар сари кӯҳе… Аз Тоиф бирафтем ва кӯҳу шикастагӣ буд… Қавме араб будааст, ки пирони ҳафтодсола маро ҳикоят карданд, ки дар умри хеш ба ҷуз шири шутур чизе нахӯрда буданд. Чи дар ин бодияҳо чизе нест, илло алафи шӯр, ки шутур мехӯрад ва эшон худ гумон мебаранд, ки ҳамаи олам чунон бошад… Чун ҳамроҳони мо сусмор медиданд, мекуштанд ва мехӯрданд ва ҳар куҷо араб буд, шири шутур медӯшиданд. Ман на сусмор тавонистам хӯрд ва на шири шутур… Ва баъд аз машаққати бисёр ва чизҳо, ки дидему ранҷҳо, ки кашидем, ба Фалҷ расидем. Ноҳияте бузург будааст, валекин ба таассуб хароб шудааст...»
Мусаллам аст, ки таълимоти исмоилия асосан дар поёни асри VIII ва аввали асри IX ба Мовароуннаҳру Хуросон меояд. Он дар замони Сомониён ривоҷу равнақ меёбад, аммо дере нагузашта рӯ ба заифӣ меорад ва пайравони он таъқибу қатл мешаванд. Хусусан, баъд аз фурӯпошии Сомониён ва рӯи кор омадани сулолаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиёну Қарахониёни мутаассиб ихтилофҳои мазҳабӣ ва рофизию қармативу муътазиликушӣ авҷ мегирад:
Ном ниҳӣ аҳли илму ҳикматро
Рофизию қарматию муътазилӣ.
Аммо Носири Хусрав ҳамчун шоири масъул, дорои ғурури миллию инсонӣ хомӯш наменишинад. Ӯ ин амали ғайриинсонии подшоҳону ҳокимон, ки аз номи дини ислом анҷом медоданд, фошу маҳкум менамояд. Ин қазияро дар мисоли кишварситонӣ, қатлу куштори Маҳмуд, ки ба номи ғазо дар Ҳинд сурат гирифтааст ва ба ғаразҳои шахсию сиёсии ӯ вобаста мебошад, воқеъбинона ба қалам медиҳад:
Он, к-ӯ ба ҳиндувон шуд, яъне, ки ғозиям,
Аз баҳри бардагон, на зи баҳри ғазо шудаст.
Носири Хусрав, ки шоири озода, дӯстдори фарҳангу адаб ва забони миллист, забони модариаш (тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ)-ро аз ҷону дил дӯст медорад. Он барояш аз дурру гавҳар ҳам болотар аст, бинобар ин, мегӯяд:
Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам,
Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро.
Албатта, ин гуна арҷгузорӣ ба забони модарии худ ва дар муқобили шоирони чоплус, ки онро дар ситоиши ҳокимони аҷнабӣ истифода мекарданд, қарор гирифтани шоир ва ситоиш аз он аз масъулияту ҷасорати камназири ӯ дарак медиҳанд.
Агарчи Носири Хусрав аз дасти бегонагон, мутаассибон, аҳли хурофот азобу машаққатҳои зиёд мекашад, овораву саргардону ғариб мешавад, аммо ҳеҷ гоҳ умеду орзуро аз даст намедиҳад, балки бовар дорад, ки рӯзе озодагон боз давлати худро аз истилогарон ва бегонагон бозпас мегиранд, соҳиби давлати миллии худ мешаванд.
Носири Хусрав шоире ҳақҷӯю ҳақгӯю нотарс аст. Хусусан дар бозтоби ҳимояи манфиатҳои миллӣ тавоност. Мо камтар шоиреро мешиносем, ки дар замони бедавлатӣ бо чунин ҷуръат афкори миллӣ, ватандӯстона гуфта бошад ва дар як лаҳзаи ҳассосу мушкили таърихи халқу кишварамон ба инъикоси ҳақиқат пардохта, кору амали подшоҳону ҳокимони бегона ва мутаассибони дину аҳли хурофотро ифшо карда, ба муқовимат бар зидди неруҳои зиддимиллӣ, ки тавассути истило ва табаддулот ҷилави кишварро аз дасти озодагон гирифтаву онҳоро ночиз карда буданд, бархезад, бо як ҷасорати фавқулода ба дифои руҳу андешаи миллӣ иқдом намояд, бо суханони оташину ҷанговаронааш ба майдон барояд, таслими душман нашавад ва паёми ҳақиқат ба ҳаммиллатони хеш бигӯяд:
Ҳаргиз нашавам бо коми душман,
То бар тани хеш комгорам.
Носири Хусрав ба ақл ва ҳастӣ арҷ мегузорад. Ӯ ба тағйирёбанда будани дунёи моддӣ, истиқлолияту абадият, аз рӯи қонуни инкишоф амал кардан, зоҳиран дигаргун шудан, аммо ҷавҳарро нигаҳ доштани он, ки муҷиби тараққии илмҳои дунявӣ мегардад, қоил аст. Ин назария ва мавқеи мутараққии шоир имкон медиҳад, ки пеши ҷаҳолату нодонӣ гирифта шавад, хираду дониш биафзояд, ратсионализм ё ақлгароӣ дар ҷомеа ҳокимият кунад ва ривоҷу равнақ ёбад. Бо ибораи дигар, Носири Хусрав такомули моддӣ ва маънавии инсонро дар ақлу хиради ӯ мебинад, ки ин, албатта, афкори пешқадам ва мусбат мебошад. Ин андешаи шоирро пешрафтҳои ҷаҳони муосир, ки мо бо чашми сар мебинем, ба исбот мерасонанд. Маҳз аз файзи ақлу хирад аст, ки одам оламро тағйир медиҳад, инсон аз мавҳумоту хурофоту аҷзу бечорагӣ рӯ ба созандагӣ, ободгарӣ меорад:
Озод шавад ба ақл банда
В-обод шавад ба ақл вайрон...
Кори хирад аст бозҷустан,
Аз ҳосили халқу чархи даврон.
Дар ҳақиқат, Носири Хусрав, ки шоири ақлгаро аст, ба қувваи ақл бовар дорад. Бинобар ин, дар осораш, бавижа девони ашъораш, ҳамвора аз он ситоиш менамояд:
Хирад аст он, ки туро банда шудастанд бад-ӯ,
Ба замин шеру палангу ба ҳаво бошаву боз.
Маълум аст, ки Носири Хусрав дар замоне мезист, ки давлати миллии тоҷикон аз байн рафта буд, онҳо ҳеҷ гуна неруи сиёсӣ барои мубориза бо бегонагон ва ба даст гирифтан қудрат надоштанд. Биноан, ақлу хирад ягона силоҳи муборизаи эшон маҳсуб мешуд. Беҳуда шоир нагуфтааст:
Бо лашкари замонаву бо теғи тези даҳр,
Ақлу хирад бас аст сипоҳу сипар маро.
Носири Хусрав дар осораш ҳамон қадар, ки аз ақлу хирад ситоиш менамояд, ба ҳамон андоза илму донишро низ васф мекунад, зеро ақлу хирад, илму дониш мисли ду боли як парандаанд, ки бидуни онҳо наметавонад парвоз кунад, авҷ бигирад. Ақлу хирад ва илму дониш барои инсон низ ҳамин мартабаро доранд. Башар ҳам бидуни ақлу хирад ва илму дониш наметавонад зиндагиашро сару сомон бахшад, ҳаёташро шукуфо созад ва дар шодмонию шодкомӣ бизияд.
Мавзуи худшиносӣ дар маркази диққати шоир қарор дорад. Ӯ ҳам дар қасида ва ҳам дар маснавиҳояш ин мавзуъро дунбол мекунад ва ба мардум дарси хештаншиносӣ, худогоҳӣ, аз аслу ҷавҳари худ воқиф шудан, барои чӣ ба ин дунё омадан, чӣ гуна масъулияту вазифа доштанро медиҳад. Чунончи:
Чунин гуфтанд, рав, бишнос худро,
Тариқи куфру дину неку бадро...
На баҳри хобу хӯрдӣ ҳамчу ҳайвон,
Барои ҳикмату илмӣ чу инсон.
Носири Хусрав, ки марди воқеъгаро, донишманду огоҳ аст, ба афсонаву нақлу ривоёт кам гароиш дорад. Бинобар ин, ӯ ҳамеша далел талаб мекунад, шоҳид меҷӯяд, то ба воқеияту ҳақиқат даст ёбад. Воқеан, ӯ аз зарбулмасали «шунидан кай бувад монанди дидан» батакрор ва ба шакли мухталиф дар осораш истифода намуда, афроду ашхос ва руҳониёни манфиатҷӯ аз ояту ҳадисро маҳкум мекунад:
Макун бовар суханҳои шунида,
Шунида кай бувад монанди дида.
Агар бо дидаӣ, нодида машнав,
Ту бурҳон хоҳ, бар тақлид маграв.
Чӣ гӯӣ, к-ин ривоят мекунад он,
Зубайр аз Холиду Холид зи Салмон...
Талаб кун аслу бурҳону далоил,
К-аз ӯ равшан шавад рамзи авоил...
Ӯ, хусусан ба аҳли хурофот ва суханони эшон эътиқод надорад:
Далел аз ҳуҷҷату чуну чаро кун,
Нахустин мартабат фавқ-ус-само кун...
Сухан кам гӯй, кам кун ин хурофот,
Мақомот асл дорад, на мақолот.
Маҳз худшиносӣ, ислоҳи ахлоқ ва пок кардани дил ба Носири Хусрав имкон медиҳад, ки худро аз расмиятҳои динӣ наҷот бидиҳад ва дар сафи қаламкашони озодандешу вораста қарор гирад. Ҳамин аст, ки ӯ ҷаннатро бо ахлоқи нек ва ба Худо як шудан, дӯзахро ахлоқи бад дар ин олам тафсир мекунад. Ба ин мазмун, дар «Саодатнома» чунин мегӯяд:
Ҳадиси дӯзаху ҷаннат раҳо кун,
Парастиш хос аз баҳри Худо кун.
Туро бар ҳар ду гетӣ баргузиданд,
Ҳам охир баҳри корат офариданд.
Бояд гуфт, ки дар масъалаи маод ё охират ва ё ҳам ба «зинда гардонидани баъд аз мирондан» эътиқод надоштани Носири Хусрав аз шеъри ҳаҷвии зерин маълум аст:
Мардакеро ба дашт гург дарид,
З-ӯ бихӯрданд каргасу долон.
Он яке рист дар буни чоҳе
В-он дигар рафт бар сари вайрон.
Инчунин кас ба ҳашр зинда шавад?
Тиз бар риши мардуми нодон.
Носири Хусрав аҳли ҷаҳлу хурофотро ҳамвора ҳадафи тири маломати хеш қарор медиҳад ва дурӣ аз ин гурӯҳро тақозо менамояд:
Манигар сӯи он касе, к-аз забон-ш
Ҷуз хурофоту фаря надрояд.
Маълум аст, ки ағлаби мардум аҳкоми динро кӯр-кӯрона иҷро менамоянд, ба маънои он сарфаҳм намераванд. Масалан, «Қуръон» мехонанд, намоз мегузоранд, рӯза мегиранд, аммо моҳияти онҳоро дарк наменамоянд. Носири Хусрав дар ин абёти худ ба ҳамин маънӣ ишора менамояд:
Аз хондани чизе, ки бихонию надонӣ,
Ҳаргиз нашавад ҳосил чизет ҷуз афғон.
* * *
Чун рӯза надонӣ, ки чӣ чиз аст, чӣ суд аст,
Беҳуда ҳама рӯза туро будани ноҳор?
Мусаллам аст, ки аҳли дин, бавижа, руҳониён ва фақеҳони мутаассиб дар ҳар замон ва макон бо табақаи ҳокиму аҳли дарбор якҷо ва якгап шуда, ба тороҷи молу мулки мардуми бенаво мепардохтанд. Ин амал дар замони Носири Хусрав, ки ҳокимон аз дину шариат ба фоидаи худ суд меҷустанд, дучандон гардида буд, хусусан руҳониён, фақеҳони қишри мутаассиб сахт фаъол гардида буданд. Аз ин хотир, Носири Хусрав ба ифшои сурату сирати ин гурӯҳи риёкор, мардумфиреб, золим дар осораш ҳиммат мегуморад ва мегӯяд:
Ин ришватхорон фуқаҳоанд шуморо,
Иблис фақеҳ аст, гар инҳо фуқаҳоанд.
Аз баҳри қазо хостану хӯрдани ришват,
Фитна ҳамагон бар кутуби байъу широанд.
Ришват бихӯранд, он гаҳ рухсат бидиҳандат,
На аҳли қазоанд, бал аз аҳли қафоанд.
Албатта, дар ин ғоратгариву истисмор қозиёну муфтиён аз фақеҳон қафо намемонданд, балки дар баробари онҳо даст ба тороҷи халқ мезаданд ва аз ҳеҷ гуна тамаъ рӯ наметофтанд:
Ҳар зишту хатои ту сӯи муфтӣ,
Хуб асту раво, чу дид диноре.
В-ар зоҳидиву надодӣ ришват,
Ё беш дуруст ҳамчу деворе.
Мо авҷи озодандешии Носири Хусравро дар қасидаи «Мунозира бо Худо»-и ӯ мушоҳида менамоем. Албатта, ин қасида мунозираи бевоситаи Носири Хусрав бо Худо нест, балки бо уламои мазҳабӣ мебошад, ки Худоро воҷибалвуҷуди замину замон медонистанд.
Ба ҳар ҳол, Носири Хусрав дар ин қасида сабаби иштибоҳҳои башарро бар дӯши Худованд мегузорад:
Худоё, арзу тӯли оламатро
Тавонӣ дар дили мӯре кашидан…
Агар неканд в-агар бад, хилқат аз туст,
Халиқе хуб боист офаридан…
Ниҳоли фитна дар дилҳо ту киштӣ,
Дар оғози халоиқ офаридан…
Ту гар хилқат намудӣ баҳри тоат,
Чаро боист шайтон офаридан?
Агар мехостӣ, к-инҳо напурсам,
Маро боист ҳайвон офаридан…
Худоё, рост гӯям, фитна аз туст,
Вале аз тарс натвонам ҷағидан…
Ниҳоят, Носири Хусрав шоири ситамситез ва зидди ҳама гуна зулму истисмор аст. Бинобар ин, вай дар осораш башари ситамгору хунхорро маҳкум менамояд. Ӯ барои ибрози ин андешаи мутараққӣ ва башардӯстона аз андешаи маъруфи мардумию динии «мукофоти амал» ва асотир суд меҷӯяд.
Осори Носири Хусрав моломол аз ин гуна афкори мутараққӣ мебошад. Хусусан, андешаҳои ӯ дар заминаи ақлу дониш замону маконро фаро мегирад ва имрӯзу фардо низ ба башар хидмат менамоянд.
Аз ин рӯ, ҳар фарди ҳушманд, новобаста аз миллату нажоду забону синну сол метавонад аз ин андешаву орои ҳакими Қубодиёнӣ барои худ тӯшае андӯзад ва бад-ин васила бар хираду дониши хеш бияфзояд.
Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.
صفحهها
- « первая
- ‹ предыдущая
- 1
- 2
- 3
- 4
- 5
- 6
- 7
- 8
- 9
- …
- следующая ›
- последняя »