کتاب های تازه منتشر شده
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Дар сарчашмаҳои исломӣ ҳамеша фаъолияти шоирии Фирдавсиро каму беш ба шуубия алоқаманд медонистанд. Дар асри ХIХ шарқшиносони урупоӣ, махсусан Теодор Нёлдеке[2] ва Ҳенри Массэ[3] бар ин маъно таъкид намудаанд. Дар сарчашмаҳои муосири форсизабон Забеҳулло Сафо бо навиштани китоби «Ҳамосасароӣ дар Эрон»[4] ва мақолаи алоҳида бо номи «Фирдавсӣ ва шуубия» ба ин масъала машруияти илмӣ бахшид ва минбаъд доир ба шуубия осори таҳқиқӣ ба забонҳои арабӣ [5] форсӣ[6] ва ғайра таълиф шуданд.
Муҳаққиқони муосири форсизабон дар посдории шоир аз забони миллии худ ба андозае ба роҳи муболиға ва шояд ҳам ифрот рафтаанд, ки гӯё Фирдавсӣ дар навиштани «Шоҳнома»-аш қасдан аз калимаҳои арабӣ парҳез намуда, ба ҷои онҳо муродифҳои форсии қадим ва замони худашро истифода кардааст. Баъзе муҳаққиқон ҳатто кӯшиш кардаанд, ки калимоти форсӣ ва арабии «Шоҳнома»-ро аз тариқи оморӣ мавриди муқоиса қарор диҳанд. Масалан, шарқшиносони урупоӣ Пол Ҳорн ва Ҳенри Массэ адади калимаҳои арабӣ дар «Шоҳнома»-ро иборат аз 430 калима дониста, Пол Ҳамберт ин ададро ба 984 расонидааст. Забоншиноси эронӣ доктор Парвиз Нотили Хонларӣ дар мақолаи худ бо номи «Луғатҳои арабӣ дар Шоҳнома» ин шумораро зиёда аз 800 калима медонад. Бо ин таъкид, ки калимаҳои решагӣ (на муштақоти онҳо) дар «Шоҳнома» аз 400 калима зиёдтар нестанд. Ҳамаи ин муҳаққиқон масъалаи истеъмоли ин калимаҳои бегонаро дар достони миллии форсӣ ба ҳаракати шуубия алоқаманд надонистаанд.[7] Тахмини мо ин аст, ки шоир дар истифодаи калимоти забони форсӣ чунин қасде надоштааст. Ба ҳукми машғулияти тулонӣ бо сарчашмаҳои таърихи фарҳанги Эрони бостон ва 40 соли эҷоди «Шоҳнома» калимоти форсӣ дар андешаи шоир ба таври нохудогоҳ сайқал ёфтанд ва барои баёни мавзуъҳои миллӣ (достонҳои паҳлавонии даврони қадим) муносибтар ташхис дода шуданд. Истифодаи кам андар ками калимаҳои арабӣ натиҷаи адовати нажодӣ нисбат ба мардуми араб набуда, балки жанри достонсароӣ – ҳамосӣ, ки ба забони форсӣ бояд анҷом мегирифт, ба таври табиӣ тақозо мекард, ки «Шоҳнома» ба ин забон суруда шаванд.
Аз ҷониби дигар, мо ба таври дақиқ гуфта наметавонем, ки Фирдавсӣ то чӣ андоза ба забони арабӣ ошноӣ дошт. Чаро ки ба ҷуз «Шоҳнома» аз ӯ асари дигаре боқӣ намондааст. Вақтҳои охир баъзе муҳаққиқон ба ин натиҷа расидаанд, ки Фирдавсӣ забони паҳлавиро медонист ва онро дар назди падар фаро гирифта буд.[8] Дар ин бора чунин омадааст: «Падари Фирдавсӣ, Мавлоно Аҳмади Фахриддин, писарашро бо дониш парвариш дод ва забони паҳлавӣ ба ӯ омӯхт, ки дар ин даврон дар сарзаминҳои ховарӣ камтар касе ба он ошноӣ дошт. Аз зиндагии шахсии ин бузургмарди шеъру адаби порсӣ, огоҳии равшане дар даст нест ва танҳо бо нигаристан ва диққат дар порае аз навиштаҳо ва ишороти ҳамрӯзгоронаш ва он чи худ дар миёни достонҳои “Шоҳнома” аз чигунагии гузарони зиндагониаш баён мекунад, метавон чеҳрае начандон дақиқ аз вай ба нақш овард».[9]
Мо низ бо таваҷҷуҳ ба «Шоҳнома» далелҳое дар даст дорем ва онҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки Фирдавсӣ забони паҳлавиро ба хубӣ медонистааст. Масалан, дар поёни достони Аквони дев, Фирдавсӣ мегӯяд, ки «Аквон дар забони паҳлавӣ», «Гавон» будааст:
Гавон хону Аквони деваш махон,
Абар паҳлавонӣ, бигардон забон.[10]
Албатта касе ки дар забону фарҳанг ва таърихи миллии худ то ин андоза ворид гашта бошад, ба забонҳои дигари ғайри миллӣ, камтар ниёз дорад.
Ба ин маънӣ, агар мо Фирдавсиро ҳамчун намояндаи наҳзати шуубия арзёбӣ карданӣ бошем, ба ҳеҷ унвон фаъолият ва эҷодиёти шоирро як амри худогоҳона ба муқобили арабҳо ва тамаддуни сомӣ равонашуда намеҳисобем. Мақоми Фирдавсиро болотар аз чунин ҳаракату наҳзатҳо, дар ҷоддаи муқобилгузории фарҳангу тамаддунҳо дониста, фаъолияти пурсамари ӯ дар навиштани «Шоҳнома» ва зинда намудани тамаддуни волою пурғановати пешини ниёгони мо ба воситаи тасвири корномаҳои паҳлавонию набардҳои қаҳрамонӣ, ки мақоми онҳо ба дараҷаи қудсӣ бардошташудааст, натиҷаи табъи фитрӣ ва дониши андӯхтаи мутафаккир дар соҳаи маданияти маънавӣ медонем.
Аз ин гузашта, шоир дар достони “Бежан ва Манижа” қиссаи ба таълифи «Шоҳнома» оғоз карданашро ҳикоят намуда, аз ҷумла гуфтааст, ки ҳамсараш Фарангис, як достони қадимаро ба забони паҳлавӣ оварда, бароям хонд ва хоҳиш намуд, ки онро ба забони форсӣ ба назм дарорам. Ва худи Фарангис, зардуштӣ ва забони хонаводагиаш паҳлавӣ буд. Дар замони Фирдавсӣ таносуби мусулмонон ва зардушиён қариб баробар буд. Яъне дар аксар шаҳру деҳаҳои Эрони асри Х ниме аз мардум зардуштӣ буданду ниме мусулмон.
Ин таносуб дар қисматҳои шимоли Эрон, махсусан шаҳрҳое, ки дар наздикии Баҳри Хазар буданд, ҳатто дар асрҳои ХII-ХIII мелодӣ аз қисматҳои марказӣ фарқ мекард. Масалан, дар шаҳри Сӯҳравард – ватани орифи машҳур Шайх Шаҳобуддини Сӯҳравардии мақтул (асри ХII) ҳаштод дар сад паҳлавизабон ва зардуштӣ буданду бист дар сад мусулмон ва форсизабон.[11] Ҳамин робитаи самимӣ ва танготанги Фирдавсӣ ва Сӯҳравардӣ ба забони паҳлавӣ ва таърихи Эрони бостон буд, ки ин ду нафарро муаллифи китоби «Ҳикмати хусравонӣ», зиндакунанда ва эҳёгари воқеии шеър, ҳикмат, ирфон ва фарҳанги пеш аз исломии Эрон мешуморад.[12] Пас, метавон фикр кард, ки салосати забони форсии Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» натиҷаи огоҳии амиқи ӯ аз забону фарҳанг ва таърихи бостонии қавми хеш будааст. Мо дар саҳифаҳои пеш дидем, ки қариб ҳамаи шоирони шуубӣ, забони арабиро хуб медонистанд, шеъри арабӣ менавиштанд, аммо забони паҳлавӣ ва форсиро ба мисли Фирдавсӣ хуб намедонистанд.
Худи шоир ин имтиёзро эҳсос мекард ва гоҳ гоҳе дар ашъори худ ба он ишора мекард. Барои намуна:
Пай афкандам аз назм, кохе баланд,
Ки аз боду борон, наёбад газанд.
Муҳаққиқони муосири мо нишонаҳои асосии ин ё он миллатро аз ягонагӣ, ваҳдати забон ва таърих медонанд. Мардуми форс-тоҷик ин ду нишонаи асосиро доранд ва миллати комилиёр ба шумор меоянд. Забони мо аз забони авестоӣ сар шуда, баъди марҳалаи паҳлавӣ ба забони имрӯзаи форсӣ-тоҷикӣ омада расидааст. Бисёре аз калимоти авестоӣ ва паҳлавиро дар забони имрӯзаи форсӣ-тоҷикӣ ба осонӣ метавон шинохт. Ин аст ваҳдату муштаракоти таркиби луғавии забони имрӯзаи мо, ки дорои таърихи панҷҳазорсола мебошад. Забоне, ки бо он Ҷамшед, Зардушт, Монӣ, Маздак, Рӯдакӣ марҳала ба марҳала гуфтугӯ карда, то ба имрӯз ба мо ба мерос расидааст. Таърихи муштараки мо низ, бо Ҷамшед оғоз гардида, ҳоло ҳам ин ҳамбастагӣ давом дорад. Забон ва таърихи муштараки мо дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар шакли санаднома ва ҳуҷҷати таърихӣ даромадааст.
«Шоҳнома» акнун шиносномаи мустанади ҳамаи қавму миллатҳое гардидааст, ки оғози забонӣ ва таърихии худро аз Ҷамшеду Авесто, шуруъ кардаанд. Муаллифи «Шоҳнома» ҳаракати динӣ ва нажодии шуубияро дар фаъолияти худ то ба фалсафаи гуманистӣ ва умумиинсонӣ боло бардошт. Таассуботи миллатгароӣ ва мазҳабӣ, бо меъёри адолат ва хирад, мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Фирдавсӣ садҳои касногузари нажодӣ ва диниро шикаста, ба ҳамаи қавму миллатҳо паёми ҷаҳонандешӣ, башардӯстӣ ва озодандешӣ дод. Дар муқаддимаи достони Аквони дев мегӯяд:
Хирадманд к-ин достон бишнавад,
Ба дониш гироят, ба дин награвад.
«Шоҳнома» як китоби инсонӣ ва башарӣ мебошад. Агар ба чанд хулосаи мухтасар, аз саргузашти қаҳрамонони «Шоҳнома» таваҷҷуҳ кунем, ба осонӣ хоҳем дид, ки майдони мубориза ду ҷабҳа дорад: Ҷабҳаи некӣ ва ҷабҳаи бадӣ. Вале ин бадиҳо ва некиҳо дар «Шоҳнома» ба таври мутлақ нестанд. Онҳо нисбӣ ва тағйирёбанда ва ислоҳшавандаанд. Аммо дар Авесто муборизаи некӣ ва бадӣ дар олами моддӣ мутлақ аст, тағйирёбанда нест. Зеро ки фармони азалии Аҳуромаздо «нахустин пайкор миёни хайру шар ва муборизаи қувваҳои аҳриманӣ бо аввалин кадхудои ҷаҳони ориёӣ, Каюмарс шуруъ ва дар даврони Фаридуну Кайхусрав, идома пайдо кард ва аз даврони устура ба давраи таърих расида, дар таълимоти меҳрпарастию зардуштия дар шакли иртиқоёфтааш (тараққиёфтааш) инъикос ёфта буд».[13]
Дар «Шоҳнома», Эрону Турон аз як тухмаанд. Эрон сарзамини Эраҷ асту Турон сарзамини Тур. Эраҷу Туру Салм – ҳар се бародаранд, фарзандони Фаридунанд. Аз як нажоданд – нажоди ориёӣ. Мубориза дар байни ҳамин як хонаводаи ориёӣ дар ҷараён аст. Ин турку Туркистон ҳодисаҳои баъдинаанд, ки ба муҳтавои устуравии «Шоҳнома» алоқамандие нахоҳанд дошт. Яъне, ҷанг дар «Шоҳнома» байни се бародари ориёӣ, фарзандони Фаридун давом мекунад: Салм, Тур ва Эраҷ… Чангест, ки таърихи панҷсадсола дорад. Ҷаҳонбинии “Шоҳнома” ҳимоят ва дифо аз хубӣ дар баробари бадӣ мебошад. Вале, бо вуҷуди ин дар «Шоҳнома» таассуб нест. Хубу бад ҳам дар туронӣ ва ҳам эронӣ вуҷуд дорад. Мардони хубу неки Турон инҳоянд: Пирон, Виса, Пиласм, Ағрирас – (бародари Афросиёб), Сурха – (писари Афросиёб); Мардони бади Турон танҳо ин ду нафаранд: Гарсиваз ва Гаравизиреҳ… Ҳумон Виса кинаварз аст, аммо инсони бад нест… Турониён аслан ва зотан бад нестанд. Зеро ки аз тухмаи Фаридунанд ва эҳсоси инсонӣ доранд. Масалан, аз марги Сиёвуш мардуми Турон мутаассир мешаванд ва ба хашм меоянд… Эрониён низ моҳи беайб нестанд: Масалан, Ковус ё Ковусшоҳ ё Кайковус айбҳои зиёде дорад. Туси паҳлавон низ беайб нест. Дар ин мубориза имтиёз ба Эрон додан, ба ин хотир буда, ки ҳамеша аз худ дифоъ мекард ва ба дигар миллатҳо ҳуҷум намекард. Ба сабаби ободӣ ва озодагиаш мавриди хашму газабу ҳасади қавму қабилаҳои дигар қарор мегирифт.
Гузашта аз ин, паҳлавонони «Шоҳнома»-ро ба се даста тақсим намудан мумкин аст: (1) Паҳлавонони накӯкор ба мисли Фаридун, Сиёвуш, Кайхусрав; Баъзе аз ин паҳлавонони нек камбуду нуқсонҳо низ доранд: (2) Паҳлавонони бадкор ба мисли Заҳҳок, Салм, Тур, Гарсеваз, Гаравизиреҳ ва дар ҳадде камтар Афросиёб. Аз байни занон Судоба – ҳамсари Кайковус, ки ин зан аз кавми тозӣ аст; (3) Паҳлавонони омехта аз хубӣ ва бадӣ ё худ ба истилоҳи имрӯза ноустувор ва калаванда – Кайковус дар Эрон ва Пирон дар Турон.[14]
Чизи ҷолиб аз нигоҳи имрӯз дар дуализми ахлоқии хубиву бадии Фирдавсӣ ин аст, ки ҳудуди гузар (аз хубӣ ба бадӣ ва аз бадӣ ба хубӣ) бисёр барҷаста ва равшан тасвир ёфтааст. Ва аз ин роҳ муаллифи «Шоҳнома» ҷанбаи дуализми динии зардуштӣ ва Авестоиро оқилона ва моҳирона ислоҳ намуданӣ мешавад.
Назари «Шоҳнома» ба занон, хайрхоҳона ва қадршиносона аст, ба ҷуз Судоба – ҳамсари Кайковус, ки дар тамоми китоб ягон зани бероҳа ва баде вуҷуд надорад. Аксари занон намунаи боризи зани тамомиёранд… Ва саршор аз зебоиҳои зоҳирӣ ва ботинӣ мебошанд. Ҳамсарони писарони Фаридун, яманӣ ҳастанд. Синдухт ва Рудоба аз Кобуланд. Фарангис, Манижа, Ҷарира, Таҳмина ва модари Сиёвуш, туронӣ ҳастанд. Катоюн – зани Гаршосб, румӣ аст. Судоба – зани Кайковус, духтари шоҳи Ҳамоварон (араб) аст.
Бо як назари гузаро метавон мушоҳида кард, ки фикри космополитии (ҷаҳонватании) ориёӣ ҳамаи қавму миллатҳои ҷаҳонро дар атрофи меҳвари фалсафаи хайр ба худ ҷазб намудааст. Инҳо устураанд. Орзуҳои холис ва ноби як қавм дар бораи худ ва дигарон. Баъзе аз ин қаҳрамонон 500 ва баъзеҳо 1000 сол умр дида, ҳамаи ширинию талхии рӯзгорро чашидаанд. Оқибат дар «Шоҳнома» ба натиҷае расидаанд, ки инсон бояд аз рӯи ақли солим ҳудуди зиндагии шахсӣ ва масъулиятҳои иҷтимоии хешро содиқона бишносад. Вагарна ба мисли Кайковусу Гуштоспу Афросиёб ба ифрот хоҳад рафт.
Аз ин рӯ, мо метавонем Фирдавсиро на намояндаи бевоситаи наҳзати шуубия, балки болотар аз он – эҳёкунандаи фарҳанги асили ориёӣ, арзёбӣ намоем. Зеро ӯ муқобилгузории нажодӣ, динӣ, фарҳангӣ ва миллиро дар «Шоҳнома» анҷом надодааст. Мутафаккир кӯшиш намудааст, ки таърихи иҷтимоию фарҳангии ниёгони моро зинда кунад ва ба ин восита пуле байни гузаштаи дуру муосири мо барқарор созад, ки он ҳамбастагию ҳамоҳангии ҳаёти маънавию фарҳангӣ ва сайри ташаккулу инкишофи тамаддуни ориёиро ба ҷаҳониён нишон диҳад. Бинобар он, намояндагони гуногуни наҳзати шуубия ва аксаран муҳаққиқон ба яке аз чиҳатҳои «Шоҳнома» аҳаммият дода, хайрхоҳони онро намояндаи наҳзати шуубия арзёбӣ намудаанд.
Дигаре бар маъниҳои забонии «Шоҳнома» Фирдавсиро намояндаи наҳзати шуубия номидааст, дигаре ба ҷанбаҳои фарҳангии масъала таваҷҷуҳ намуда, ӯро ба наҳзати шуубия ҳамроҳ намудааст ва сеюми бар асоси бахши ҳикмат ва афкори ҷаҳоншиносии Фирдавсӣ, ӯро намояндаи наҳзати шуубия хондааст. Ба назари мо, ӯ, пеш аз ҳама, эҳёкунандаи тамаддуни ориёӣ, аз назари афкору оро, ҳакими хирадгарою гуманист ва аз ҷиҳати ахлоқ ташвиқгари хайру фазилатҳои неки инсонӣ мебошад. Вале муҳаққиқоне, ки ӯро ҳамчун намояндаи наҳзати шуубия ба қалам додаанд, баҳсест ҷудогона ва боиси андешаву таҳқиқи бештар мебошад. Зеро мутафаккиреро бо ин вусъати андеша, чи тавр метавон ба гурӯҳи шуубияи динӣ ва нажодӣ мансуб донист? То ба имрӯз касе аз муҳаққиқони гузашта ва ҳозираи Шарқу Ғарб мазҳаби динӣ ва равияи фалсафаи Фирдавсиро аз роҳи далелу бурҳони мушаххас ва муайян накардааст.
Доир ба мазҳаби динии Фирдавсӣ, профессор Маҳмуди Шеронӣ Фирдавсиро зайдӣ гуфтааст, Аҳмад Маҳдавии Домғонӣ ӯро шиаи исноашарӣ медонад; Муҳаққиқ Зарёб исмоилӣ будани Фирдавсиро қайд кардааст; Муҳаммадалии Исломии Нудушан ӯро мӯътазилӣ мепиндорад, Муҳаммадамини Риёҳӣ, ҳакими Тӯсро яктопараст ва мусулмоне покэтиқоду дӯстдори хонадони поки Расули акрам (с)[15] ба қалам додааст. Аксари муҳаққиқони имрӯзаи Эрон, Фирдавсиро шиамазҳаб донистаанд. Фақеҳе аз Тобарони шаҳри Тӯс мегӯяд: «Ман раҳо накунам, то ҷанозаи ӯ дар гӯристони мусулмонон баранд, ки ӯ рофизӣ буд».[16] Ба андешаи Шайх Абулқосим Курраконӣ:
Чунин гуфт ӯ, ки: -Фирдавсӣ басе гуфт,
Ҳама дар мадҳи габре, нокасе гуфт.
Ба мадҳи габракон умре ба сар бурд,
Чу вақти мурдан омад, бехабар мурд.[17]
“Габрак” дар ин шеър ба маънои зардуштӣ будан аст. Дар китоби муҳаққиқи муосири Эрон бо номи «Шаклшиносии «Шоҳнома», ки муҳтавои онро аз 628 мавзуъ иборат медонад, ягон мавзуъ доир ба дин бахшида нашудааст. Ҳангоми мутолиаи «Шоҳнома», ба шахс ин эҳсос даст медиҳад, ки гӯё қаҳрамонони «Шоҳнома» ба дин аслан таваҷҷуҳе надоштаанд. Агар ҷо-ҷое аз дини беҳӣ (зардуштӣ) ёде шуда, он ҳам мавзуи асосӣ набуда, баҳонае ва ё василае қарор гирифтааст. Масалан, Шоҳ Гуштосб, писараш Исфандиёрро барои тарғиби дини зардуштӣ ба берун аз пойтахти худ мефиристад… Баъдтар маълум мешавад, ки ин як ҳила ва найранги навбатии шоҳ аст, барои он ки писараш ӯро аз мансаби шоҳӣ маҳрум накунад… Ин ҷо масъалаи тарғиби дини зардуштӣ дар кишварҳои дигар, як баҳонаи навбатӣ будааст… Муғону мӯбадон ҳам барои ба мансабе расидан, тарғиби дини худро баҳона қарор медоданд. Зардушт дар «Готҳо»-и Авесто мегӯяд, ки шарти қабул намудани дини ман он аст, ки инсон бояд онро аз рӯи хирад қабул кунад ва аз рӯи виҷдони худ аз он қонеъ бошад. Яъне, дини зардуштӣ аз рӯи сарчашмаҳои ростинаш ба ақлу андешаи инсонӣ такя мекарда, на ба гурӯҳҳои муназзам ва мусаллаҳе, ки онро бар гардани мардум таҳмил мекунанд.
Касе ки ба шахсияти маънавии Фирдавсӣ сару кор дорад, пеш аз ҳама бояд аз худ бипурсад, ки чаро ин шоири ҳаким 40 соли зиндагии хешро ба назм даровардани таърихи китобӣ ва шифоҳии Эрони қадим бахшид, барои як мусулмони зайдӣ, рофизӣ, шиӣ, муътазилӣ, исмоилӣ, исноашарӣ навиштани чунин мавзуи «ғайриисломие» чӣ зарурат дошт? Оё мавзуи Ҷамшеду Заҳҳок, Рустаму Суҳроб ва садҳо аз ин қабил мавзуъҳо дар саволномаи Мункару Накир ҷой доранд?
Пас, ангезаи эҷоди «Шоҳнома» чист? Мо имрӯз бар ин назарем, ки хонаводаи Фирдавсӣ бо эҳтимоли қавӣ зардуштӣ буданд, падараш, ки зардуштӣ буд ва забони паҳлавӣ медонист, забони паҳлавиро ба Фирдавсӣ ёд дод. Ҳамсараш Фарангис низ, зардуштӣ буд. Дар достони Манижа ва Бежани «Шоҳнома» зикр шудааст, ки «дар яке аз шабҳои тобистон, Фарангис шавҳарашро мебинад, ки бо табъе хира нишастааст. Барои рафъи ин хастагӣ ба Фирдавсӣ машғулиятеро пешниҳод мекунад. Ва пешниҳод қабул мешавад. Ҳамзамон, Фарангис як баста коғазҳоеро меорад, ки дар онҳо таърихи Эрони қадим ба забони паҳлавӣ навишта шуда буданд.
Ва аз шоир хоҳиш мекунад, ки ин достонҳои паҳлавиро ба забони форсӣ ба назм дарорад… Ва назми «Шоҳнома» оғоз мегардад…
Сарчашмаҳо навиштаанд, ки ҷасади Фирдавсиро дар гӯристони умумии мусулмонон роҳ надоданд. Гуфтанд, ки рофизӣ аст. Дигар сарчашмаҳо гуфтаанд, ки габр асту оташпараст ва таърихи габракон (зардуштиён) менавишт.
Иллати асосии ин ҳодиса маҳз «габру оташпараст» яъне зардуштӣ будани ӯ буд, на рофизӣ буданаш. Шоир дар «Шоҳнома» доир ба ислом, мазҳабҳо ва аҳкоми он аслан чизе нагуфтааст. Аз мазҳабҳои дигаре ҳашт бор аз зардуштиён, як бор аз маздиясно ва нӯҳ бор аз бединон ба сифати ишора, ном бурдаасту бас.
Барои он ки ин тахминҳо ва фарзияҳои баёншуда дуруст фаҳмида шаванд, зикри чанд нукта доир ба Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» зарур аст:
А) Бештари муҳаққиқони муосири «Шоҳнома» бар ин назаранд, ки дар ин китоб таҳрифҳои зиёде роҳ ёфтааст:
Б) Худи шоир мегӯяд, ки «Шоҳнома»-и ман дорои 60.000 (шаст ҳазор) байт мебошад:
Бад-ӯ мондам ин номаро ёдгор,
Ба шаш бевар абёташ омад шумор.
Як бевар 10.000-ро ташкил медиҳад. Ва шаш бевар 60.000 байт аст.
В) Вале дастхатҳои форсие, ки муҳаққиқони имрӯза дар даст доранд, иборатанд аз: 50.000 байт; 62, 65, 70, 75 ҳазор байт! Чаро шаст ҳазор байт не?! Кадом байтҳо ихтисор шудаанд? (Дар нусхаҳои 50.000). Кадом байтҳо илова карда шудаанд? (Дар дастхатҳое, ки дорои 62, 65, 70, 75 ҳазор байт доранд!).
Бо эътирофи худи шоир нусхаи аслии «Шоҳнома» 60.000 байт доштааст… Пас, ин каму беши байтҳоро чи тавр ислоҳ намоем? Аз рӯи кадом меъёр?
Г) Муҳаққиқони муосир (Муҳаммад Карамӣ, Муртазо Соқибфар ва бисёре дигар) чунин мешуморанд, ки Фирдавсӣ аслан Султон Маҳмудро надидааст ва чизе (на мадҳ ва на ҳаҷв) дар бораи ӯ нанавиштааст. Вақте ки Султон Маҳмуд ба сари ҳукм омад, аз оғози навиштани «Шоҳнома» аллакай 20 сол гузашта буд! Ин ҳама таҳрирҳои якуми «Шоҳнома» (соли 994) ва таҳрири дуюми «Шоҳнома» (1010) ҳама сохта ва бофтаи шоирони дарбори Султон Маҳмуд будаанд! Барои мондагор кардани султони ғазнавӣ дар таърих! Худи Султон Маҳмуд мондагор нашуд, вале таҳрифҳои «Шоҳнома» то имрӯз боқӣ мондаанд!
Д) Мо дар ин фарзияҳои худ ба таври қатъӣ пофишорӣ надорем. Ҳар пешниҳоди созанда ва аз назари таҳқиқӣ муътамадро бо дилу дидаи боз, мепазирем.
Дар ин баҳси мухтасар мо ба ин натиҷа расидем, ки Фирдавсӣ дар маънои маъмулӣ ва истилоҳии калима шуубӣ набуд. Ҳарчанд ки дар ибтидо бо эҳсосоти шуубигарӣ ба таълифи «Шоҳнома» оғоз намуда буд. Ӯ мутафаккири ориёие буд, ки ҳамаи фазилатҳову разилатҳои эрониву арабу турониро бо тарозӯи ақлу хиради солими башарӣ месанҷад ва бо қолабҳои хурофотӣ ва фарсудаю ифротии динӣ ва нажодии шуубиёни замони худ, ҳеҷ ҳамдилӣ ва робитае надошт.
Аз он гузашта, агар ба таври куллӣ доир ба шахсият ва ақидаҳои ӯ қазоват кунем, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ -аз назари фалсафӣ дуалисти Ҷамшедӣ буд. Сарчашмаи ҳамаи хайру шарри олами инсониро дар Замин ва Инсон медид. Инсон қодир аст, ки бо қудрати ақлу хиради худ, ҳамаи мушкилоти хешро ҳаллу фасл намояд. Ин шакли дуализмро дуализми Инсон ва Ҷаҳон меноманд. Фирдавсӣ аз нигоҳи динӣ, пайрави ягон мазҳаб набуд, балки як мутафаккири озодандеш ва гуманист буд.
Шоир аз назари ихтисосӣ ба таърихи достонӣ ва паҳлавонии қадимаи миллати хеш сахт ошиқ ва дилбаста буд. Яъне, файласуфи таърих буд, на таърихнигори маъмулӣ. Ва аз нигоҳи ҳунарию адабӣ, ба истилоҳи имрӯза, адиби файласуф буд ва жанри адабии ӯро адабиёти фалсафӣ меноманд. Яъне, шоир фалсафаи таърихи худро бо истифода аз жанрҳои адабӣ (достони манзум), таълиф намудааст.
Фалсафаи таърихи Фирдавсӣ, ки бар асолати хайру адолат ва миллату ватан бунёд ёфтааст, метавонад барои бозсозии идеяи миллӣ дар Ҷумҳурии демократӣ ва дунявии Тоҷикистон хизмат намояд.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ медонист, ки миллатгароёни шуубии замони ӯ, аз ғоратгарони мазҳабии араб, афзалияту фазилате надоранд... Аз ин ҷиҳат, шоир идеали иҷтимоӣ ва сиёсии худро дар сохти одилона ва оқилонаи давлати дунявии оянда ҷустуҷӯ мекард.
МИЛЛАТ ВА МАЗҲАБ ДАР ҚАЛАМРАВИ “ШОҲНОМА”
Мақолаи мазкур ба масъалаи миллат ва мазҳаби Абулқосим Фирдавсӣ бахшида шудааст. Муаллиф Фирдавсиро эронӣ медонад. Аммо бо далелҳои муътамад аз сарчашмаҳои гузашта ва ҳозира ба ин натиҷа расидааст, ки шоир пайрави дини зардуштӣ будааст. Худи шоир дар достони “Манижа ва Бежан”-и “Шоҳнома” доир ба ин маънӣ ошкоро таъкид кардааст. Аз ин гузашта, падару модар ва хонадони Фирдавсӣ ҳама пайрави дини зардуштӣ буданд. Ҳамсари Фирдавсӣ, Фарангис ном дошт. Ҳамаи аҳли хонаводаи Фарангис ҳам зардуштӣ буданд. Вале худи Фирдавсӣ як шоири мутафаккир ва гуманист буд. Ақидаҳои диниро худи шоир тарафдорӣ намекард. Нисбат ба зардуштия ва ислом бетафовут буд. Нисбат ба ҷаҳон бо чашми ақли солим менигарист. Ба таври куллӣ як файласуфи реалист буд.
Вожаҳои калидӣ: Абулқосим Фирдавсӣ, миллат, мазҳаб, Фарангис, зардуштия, ислом, гуманизм, реализм, Шоҳнома.
НАЦИЯ И РЕЛИГИЯ В ПРЕДЕЛАХ "ШАХНАМЕ"
Данная статья посвящена вопросу национальности и вероисповедания Абулкасыма Фирдоуси. Автор считает А. Фирдоуси иранцем. Но на основании достоверных данных из прошлых и настоящих источников был сделан вывод, что поэт был последователем зороастризма. Сам поэт ясно подчеркивал этот смысл в рассказе «Манижа и Бежан» из «Шахнаме». С тех пор все родители и семья А. Фирдоуси были последователями зороастрийской религии. Жену А. Фирдоуси звали Фарангис. Все члены семьи Фарангис также были зороастрийцами. Однако сам А. Фирдоуси был мыслителем и поэтом-гуманистом. Сам поэт не поддерживал религиозных
идей. Для Фирдоуси между зороастризмом и исламом не было разницы. Он смотрит на мир глазами здравого смысла. В основном он был философом-реалистом.
Ключевые слова: Абулькасым Фирдоуси, нация, религия, Фарангис, зороастризм, ислам, гуманизм, реализм, Шахнама.
NATION AND RELIGION IN "SHOHNOMA"
This article is devoted to the issue of nationality and religion of Abulqasim Firdawsi. The author considers A. Firdawsi to be iranian. However, with reliable evidence from past and present sources, it was concluded that the poet was a follower of zoroastrian religion. The poet himself clearly emphasized this meaning in the story "Manija and Bezhan" from "Shohnoma". Since then, A. Firdawsi's parents and family were all followers of zoroastrian religion. The wife of A. Firdawsi was called Farangis. All Farangis family members were also zoroastrian. However, A. Firdawsi himself was a thinker and humanist poet. The poet himself did not support religious ideas. There was no difference between zoroastrianism and islam. He looks at the world with the eyes of common sense. He was basically a realist philosopher.
Key words: Abulqasim Firdawsi, nation, religion, Farangis, zoroastrianism, islam, humanism, realism, Shohnoma.
[1] Ба осори зерин муроҷиат шавад: Карамӣ Муҳаммад. Ҳамосаи ҳамосаҳо: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар гузоре нақдгуна пиромуни дебочаҳои он. Ҷ.1 ва 2. Теҳрон,1370-1991; Риёҳӣ, Муҳаммадамин. Фирдавсӣ (зиндагӣ, андеша ва шеъри ӯ). Душанбе, 2010; Нудушан, Муҳаммадалии Исломӣ. Зиндагӣ ва марги паҳлавонон дар «Шоҳнома». Чопи ҳафтум. Теҳрон, 1376-1997. Муртазо Соқибфар, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва фалсафаи таърихи Эрон. Теҳрон, 1377-1998; Толибӣ, Флора. Хирад ва дод дар ойини паҳлавонии эрониён дар достонҳои асотирии «Шоҳнома»-и Ҳакими Тӯс. Машҳад, 1386-2007; Қадамалӣ Сарромӣ. Аз ранги гул то ранҷи хор. Шаклшиносии достонҳои «Шоҳнома». Теҳрон, 1368-1989.
[2] Нёлдеке, Теодор. Ҳамосаи миллии Эрон. Теҳрон, 1327-1948.
[3] Массэ, Ҳенри. Фирдавсӣ ва ҳамосаи миллӣ. Табрез, 1350-1971.
[4] Сафо, Забеҳулло. Ҳамосасароӣ дар Эрон. Теҳрон, 1333-1954.
[5] Сомароӣ, Абдуллоҳ Саллум. Аш-Шуубияту ҳаракатун музодатун лил-исломӣ ва-л-уммат-ул-арабия. Дор-ул-ҳуррия. Бағдод, 1981 (ба забони арабӣ).
[6] Ҳумоӣ, Ҷалолиддин. Шуубия. Исфаҳон, 1363-1984.
[7] Парвиз Нотили Хонларӣ. Ҳафтод сухан. Ҷилди 2. Фарҳанг ва иҷтимоъ. Интишороти Тус, Теҳрон, чопи дуюм, 1377-1998. -с 375-382.
[8] Толибӣ, Флора. Достонҳои асотирии «Шоҳнома». Теҳрон, 1386-2007. -с. 29
[9] Ҳамон ҷо. -с. 29
[10] Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ (Бежан). Фарҳанги «Шоҳнома». Теҳрон, 1377-1998. -с. 69-70.
[11] Разӣ, Ҳошим. Ҳикмати хусравонӣ. Теҳрон, 1379-2000. -с. 442.
[12] Ҳамон ҷо. - с. 20.
[13] Таърихи фалсафаи тоҷик. Ҷ.1. Фалсафаи аҳди бостон. Душанбе, 2011. -с. 211.
[14] Нудушан. Зиндагӣ ва марги паҳлавонон дар «Шоҳнома». Теҳрон, 1376-1997. -с. 114-120.
[15] Муҳаммадамини Риёҳӣ. Фирдавсӣ. Душанбе, 2010. -с. 207-217.
[16] Муҳаммадамини Риёҳӣ. Фирдавсӣ. Душанбе, 2010. -с. 146.
[17] Ҳамон ҷо. -с. 147
Комил Бекзода,
доктори илмҳои фалсафа,
корманди Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё
ва Аврупои АМИТ
Абулқосими Фирдавсӣ бо эҷоди «Шоҳнома»-и безаволаш сатҳи ҷаҳонӣ шӯҳрати оламшумул пайдо намуда, чун устоди бузурги назм будани худро собит намуд ва ба инкишофи минбаъдаи забони адабӣ, хусусан забони назм муайян намуда, чун санъаткори бузург рисолати таърихии хешро иҷро намудааст.
Таҳқиқу баррасии паҳлӯҳои гуногуни забони «Шоҳнома» аҳамияти калони назариявиро касб намудааст. Баррасии илмии бахшҳои гуногуни луғати «Шоҳнома» дар ҷиҳати такмили таркиби луғавии забони адабии муосири тоҷик, такмилу коркарди истилоҳоти он ва муайян намудани роҳҳои ояндаи забони адабии имрӯза муфид арзёби мегардад.
Солҳои охир омӯзиши лексикаи марбут ба динҳои гуногун таваҷҷӯҳи забоншиносонро ба худ ҷалб кардааст. Таҳаввули ин бахши луғат бо таърих, фарҳанг ва ҷаҳонбинии халқҳои гуногун иртибот дошта, аз нигоҳи этнолингвистӣ, психолингвистӣ ва фарҳангшиносӣ мавриди баррасии забоншиносон қарор гирифтааст.
Қабати калонтарин истилоҳоти «Шоҳнома»- ро лексикаи динии то исломӣ ва давраи исломӣ фаро гирифтааст.
Дар «Шоҳнома» таърихи мардуми ориёинажод бо тамоми паҳлӯҳо тасвир ёфта, оид ба масъалаҳои гуногун маълумоти муфассал дода мешавад.
Луғату ифодаҳое, ки дар ин асари безавол истифода шудаанд, аз назари мавзӯъ ва гурӯҳои маъноҳо хеле васеъ буда, мафҳумҳои гуногунро дар бар мегиранд.
Қисмати зиёди «Шоҳнома»-ро истилоҳу вожаҳои адёну кешҳои кадимаи мардуми ориёӣ ташкил медиҳанд. Дар «Шоҳнома» оид ба оини зардуштӣ оташкадаҳо, мӯбадон маълумоти зиёд дода мешавад.
Суннати зартуштиён ва навиштаи китобҳои паҳлавӣ монанди «Динкард», «Ардавирофнома», «Бундаҳишн» Искандар дар ҳамла ба Эрон Авесторо бисӯхт ва аз ин рӯ ба вай лақаби «Гуҷастак» доданд. Дар замони Ашкониён бори дигар Авесто аз нав барқарор шуд, шоҳи ашконӣ фармон дод то Авесторо аз навиштаҳои пароканда ва ривоятҳо гирд оваранд.
Ардашери Бобакон нахустин шоҳи Сосонӣ, ки бунёди фармонравоии хешро бар дини зардуштӣ ниҳода буд, таваҷҷӯҳи махсус ба Авесто дошт. Ба навиштаи «Динкард» Ардашер ба Тансар ҳирбади рӯзгори хеш фармон дод, то Авесторо гирд оварад ва сомон бахшад. Дар суннати зардуштиён низ Тансар дар гурӯҳи мӯбадон, ки дар гирдоварии Авесто саҳм гузоштанд, ҷой дорад.
Пас аз Ардашер низ ҷонишинони вай дар такмили кори фароҳам овардани бахшҳои парокандаи Авесто кӯшиданд,то дар рӯзгори Шопури дуюм Озарбади Меҳроспандон мӯбадон мубади аср гузорише бар бахшҳои номафҳуми Авесто навишт ва китоби «Хурда-Авесто» ро аз саросари Авесто гирд овард.
Авестои рӯзгори сосониён аз 345.700 вожа ва «Занд» яъне гузориши паҳлавии он аз 2094 200 вожа иборат будаанд. Аммо имрӯзҳо ба ғайр аз «Гоҳон» ва «Вандидод», ки ҳамаи он бар ҷо мондааст ва дигар бахшҳои Авесто дастрас нест ва Авестои кунунӣ бар рӯи ҳам 83 000 вожа дорад.
(Авесто,2001,19)
Дар китоби паҳлавии «Динкард» аз Наскҳои бистуякгонаи Авестои куҳан сухан ба миён омада ва гузидаи аз ҳамаи онҳо аз ҷумла наскҳои аз даст рафта, ба даст дода шудааст. Наскҳои биистуякгонаи Авесто ба се қисм ҷудо карда шудаанд.
- Наскҳои Госоник дар дониш ва кори менуӣ яъне кори менуӣ ба маънии ҷаҳони дигар ё ҷаҳонест, ки пеш аз ҷаҳони астуманд, яъне ҷаҳони моддӣ, гетӣ мебошад.
- Наскҳои Дотик дар донишу дод ва кори ҷаҳонӣ.
- Наскҳои Ҳот-монсарик - дар огоҳӣ аз ниёишҳо ва сурудҳои динӣ. (Авесто,2001,19)
Дар омӯзишҳои Зартушт мақсуд аз офариниш ва натиҷаи зиндагӣ ин аст, ки одамӣ дар обод кардани ҷаҳон ва шодмонии худ ва дигарон бикӯшад ва бо «андешаи нек», «гуфтори нек» ва «кирдори нек» худро шоистаи расидан ба авҷи камолу пайвастан ба беҳрӯзии ҷовидонӣ нишон диҳад.
Омӯзишҳои Зартушт одамиро офаридаи поку беолоише Аҳура-Маздо ва ҳамкору ёвари офаридгор дар густаришу такомили офариниш ва пайкор бо нерӯҳои аҳриманӣ медонад на гунаҳкори азалӣ, ки бояд ҳамвора рӯй аз хушӣ бигардонаду нафси хешро бикушад ва шиканҷаҳову ҳавлу ҳаросҳоро бартобад, то бахшудаву растагор шавад.
Зардушт монанди Буддо намегӯяд: «Раҳоии ҳар кас дар нестии ӯст». Яъне одамӣ бояд даст аз лаззатҳои ин ҷаҳонӣ бишӯяд ва дар гӯшае ба риёзат, яъне ба ранҷу машаққат бипардозад, балки андешаи ӯ ин аст, ки «Одамӣ барои комравоии фардӣ ва иҷтимоӣ офарида шуда ва зиндагӣ муборизаи миёни некиву бадӣ ва бар мост, ки ҳамвора пуштибонӣ ростиву дурустӣ ва раҳрави роҳи некӣ бошем ва бо зиштиву табоҳӣ ва бадӣ набард кунем»(Авесто,2001,38).
Бунёди омӯзиши фалсафаи Зартушт бо куҳантарин бовариҳои ориёиён, ки ба давраи зиндагии муштараки ҳиндувону эрониён мепайваст, тазоди имконнопазир дошт. Зартушт мутафаккири ҷасуру навоваре буд, ки андешаҳову боварҳои инқилобии хешро бо диққату тезбинии файласуфе равоншинос ва ҷомеашиносу андешаваре баландпарвозу оянданигар ва шоире пуршӯру ҳунарманд дар панҷ суруди ҷовидони худ ба ёдгор гузошт.
Ҳ.К Эроншаҳр мегӯяд «Қонуни тазоду ҷангу ситеза ва дафъу ҷазбу кашишу кӯшиш то ҷаҳон боқист, пойдор хоҳад буд. Муҳаррики чархҳои гардунаи хилқат ва меҳвари инқилобу такомули табиат ҳамин қонун аст ва дар ҳеҷ як аз адёни маъруф ҳукмронии ин қонуни тазоду дугонагӣ ба қадри дини Зартушт таҳқиқу таҷлил нашудааст. Метавон гуфт, ки манбаи фалсафаи ахлоқӣ ва ҳаётӣ дар дини Зартушт ҳамин қонун ҳасту бас» ( Авесто 2001,42).
П.Ж. Менаш Зартуштро дар андешаву гуфтору кирдор дӯстдор ва пайрави некиву душмани бадӣ медонад ва ӯро посдори бенавоёну ситамдидагон дар баробари ситами бедодгарону нигаҳбони гов – ҳайвони деҳнишинону шаҳрнишинон дар баробари ғоратгарии чодарнишинон мешуморад. Вай менависад: «Паёми Зартушт бисёр сода аст ва агар ҳолати хашину бадавии онро канор бигзорем бисёр душвор менамояд, ки битавонем ӯро дар замону фазои муайяне қарор диҳем»(Авесто,2001,42).
Доналд Н.Вилбер дар китоби худ ба номи «Эрон» менависад:
«Эрониён нисбат ба ҳадафу маънои зиндагӣ ҳам назаре доштаанд. Ба таври кули метавон гуфт, ки ғояти омоли эронӣ дар зиндагӣ андешаи неку гуфтори нек ва кирдори нек аст, ки аз омӯзишҳои дини Маздо ё Зардушт ба шумор меравад ва ин дин яке аз динҳои бузурги фалсафии ҷаҳон аст, ки усули ақоиди лоҳутӣ ва ахлокӣ амалиро бунёд намуд, ба мӯҷиби ин усул, ки баъдҳо маъмул шуд, ҳар як аз одамиён бояд ҳамвора дар роҳи ҳақ ва некӣ ва ба зиёни тирагиву дурӯғ пайкор кунад »(Авесто, 2001,43).
Ҷексон дар китоби «Пажуҳишҳои зартуштӣ»-и хеш менависад:
«Дини Эрони қадим яке аз динҳои муҳими ҷаҳон аст, ки арзишу аҳамияти зотӣ дорад. Дар миёни китобҳои динии миллал камтар китобест, ки монанди китоби зартуштиён дар бораи некиву бадӣ ҳовии чунон назари равшане бошад ва чунон омӯзишҳои волои ахлоқии марбут ба вазифаи одамиро баён кунад. Камтар дине монанди дини эрониён дар лузуми покиза нигоҳ доштани тану равон то ин андоза таъкид кардааст»(Авесто,2001,42).
Зардушт як шахсияти таърихӣ аст. Китоби «Готҳо», ки куҳантарин бахши Авасто ба шумор меравад, ӯро марде таъсиркунанда ва пуршӯр нишон медиҳад, ки ба омӯзишу раҳнамунии мардумон мепардозад ва ҳар кас ки ҳузури ӯро дарк мекунад, шефтаву маҷзуби ӯ мешавад.
Дини Зартушт, албатта ба таври ногаҳонӣ падид наёмадааст, балки натиҷаи такомули ақидаи динии пешин буд, ки дар Эрони куҳан вуҷуд дошт. Аз манобеи зартуштӣ монанди «Динкард» бармеояд, ки Зартушт бо хурофапарастӣ ва ҷодуӣ, ки ёдгори рӯзгорони дерина буд, мубориза бурд ва ба оини эрониён ҷанбаи менуӣ ва поку перостае дод ва мардумонро ба роҳи раҳоӣ аз ин дини ҷодуӣ раҳнамун гардид.
Омӯзишҳои Зартуштӣ, беҳтарин роҳ дар зиндагӣ, роҳи миёнаравист.Яъне бунёд ниҳодани хонавода ва парвариши фарзандони баруманд, пайравӣ аз ростӣ ва кору кӯшиш, пардохтан ба обёриву кишоварзӣ, парвариши ҷонварони судманд ва нобуд кардани ҷонварони зиёнманд, ҳама ва ҳама омӯзишҳои оини зардуштӣ аст. ( Авесто 2001,43)
Олмстед менависад: «Мубтакири омӯзишҳои динии зардуштӣ худи Зартушт ва мардуми ориёинажоданд. Ин омӯзишҳо, ки аз содатарин ақидаи ориёии куҳан моя гирифта, ба тадриҷ такомул ёфта ва марҳалае расида, ки ҳеҷ як аз афкори динии милали ориёӣ дар волоиву латофат ба пояи он нарасидааст» (Авесто,2001,43).
Миллз дар бораи «Гоҳон» менависад: «Зартушт барои мо суханоне оварда, ки ҳар ҳиҷои он аз фикр анбошта аст. Фишурдагии фикр дар он ба андозаест, ки монанд надорад. Ин дастурҳои се ҳазор сол пеш имрӯз моро аз бандҳо раҳоӣ мебахшад. Ҳақношиносӣ аст, агар онҳоро нодида гирем ё пинҳон созем.
Ҳақ дорем ва метавонем ба озодӣ бигӯем, ки Авасто куҳантарин санади дини дарунист, ки ҷӯяндаву озмояндаи манӣ ва гуфтору рафтори нек аст.
Зартушт худоеро ба мо мешиносонад, ки сифатҳои некаш гирдогирди ӯро гирифта ва ӯро дар банд гузорида ва аз ин роҳ зоти худои бузургро аз гуноҳи равон сохтани бадӣ раҳоӣ додаст. Пас худои некии ӯ танҳо дар маниш аз ҳама бартар аст, на тавоноии бебанди моддӣ, ки ҳастиро дар ҳам резад ва оини ниҳодаи худро табоҳ созад.Ин кӯшиши бузург барои нигаҳдошти озарми худо буд.
Агар достони андешаи одамиро арзишест, Авесто пояи баланде дар ин достон дорад. Ҳаргиз касе ба ҳеҷ забоне баландии шигарфи ин куҳантарин тиккаҳои Авесто(Готҳо)-ро рад накардааст.
Муаррихони Шӯравӣ дар китоби «Таърихи Эрон аз даврони бостон то поёни садаи ҳаждаҳум», ҳангоми баҳс дар бораи маъхазҳои таъриху фарҳанги Эрон менависанд: «Аз маоҳизи кутубҳ бояд пеш аз ҳама Авесторо ном бурд. Ин китоб қадимтарин асар ва ёдгори ақвоми ориёӣ аст ва зиндагии эшон дар даврони бисёр қадим ва нахустин мадориҷи такомули иҷтимоӣ дар он акс ёфтааст» (Авесто,2001,45).
Аннотатсия:
Ардашери Бобакон нахустин шоҳи Сосонӣ, ки бунёди фармонравоии хешро бар дини зардуштӣ ниҳода буд, таваҷҷӯҳи махсус ба Авесто дошт. Ба навиштаи «Динкард» Ардашер ба Тансар ҳирбади рӯзгори хеш фармон дод, то Авесторо гирд оварад ва сомон бахшад. Дар суннати зардуштиён низ Тансар дар гурӯҳи мӯбадон, ки дар гирдоварии Авесто саҳм гузоштанд, ҷой дорад.
Пас аз Ардашер низ ҷонишинони вай дар такмили кори фароҳам овардани бахшҳои парокандаи Авесто кӯшиданд,то дар рӯзгори Шопури дуюм Озарбади Меҳроспандон мӯбадон мубади аср гузорише бар бахшҳои номафҳуми Авесто навишт ва китоби «Хурда-Авесто» ро аз саросари Авесто гирд овард.
Калимаҳои калидӣ: Омӯзишҳои Зартуштӣ, Авесто(Готҳо), Таърихи Эрон, Зартушт, Муаррихони Шӯравӣ, Фишурдагии фикр, Эрони куҳан, Китоби «Готҳо», ориёинажод, Ардашери Бобакон нахустин шоҳи Сосонӣ.
Аннотация:
Ардашер Бабакан, первый Сасанидский падишах, который основал свое правление на основе зороастризма, особый интерес проявлял к «Авесте». Ардашер, сочинив «Динкард», приказал Тансару, своему биографу, чтобы тот собрал тексты Авесты и восстановил их. В традициях зороастрийцев Тансар также находится в числе тех жрецов, которые внесли свой вклад в дело восстановления Авесты.
После Ардашера, его приемники старались собрать разбросанные тексты Авесты, до того периода, когда во время правления Шапура второго, Озарбад Мехроспандон-глава жрецов века - написал отчет о непонятных главах Авесты и собрал из всей Авесты, книгу «Хурда-Авеста».
Ключевые слова: Зороастризм, Авеста (готы), История Ирана, Заратустра, советские историки, Компрессия мысли, Старый Иран, Книга «Готов», Арьяинаджад, Ардашер Бабакон, первый сасанидский царь.
Annotation:
Ardasheri Bobakon, the first king of Sassanid, who built his rule on Zoroastrian religion, paid special attention to Avesta. According to "Dinkard", Ardasher ordered Tansar to spend his life in order to collect the Avesta and give it to him. In Zoroastrian tradition, Tansar is among the group of priests who contributed to the compilation of the Avesta.
After Ardasher, his successors also tried to improve the work of publishing scattered parts of Avesta, so that in the days of the second Shapur, Azarbadi Mehrospandan wrote a report on the incomprehensible parts of Avesta and compiled the book "Khurda-Avesta" from all parts of Avesta.
Кey words: Zoroastrianism, Avesta (Goths), History of Iran, Zarathustra, Soviet historians, Compression of thought, Old Iran, The Book of Ready, Aryainajad, Ardasher Babakon, the first Sasanian king.
Маълумот дар бораи муаллиф: Элназарова Хабиба Абдумамадовна–номзади илми филология, докторанти анъанавии «Кафедраи забонҳои хориҷии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: amina-amina76@mail.ru; (+992) 934072499.
Сведения об авторе: Элназарова Хабиба Абдумамадовна–кандидат филологических наук, докторант кафедры иностранных языков при Правлении Национальной Академии наук Таджикистана E-mail: amina-amina76@mail.ru; (+992) 934072499).
Information about author: Elnazarova Habiba Abdumamadovna – kandidat of philological sciences, doctoral student of the Department of Foreign Languages at the Board of the National Academy of Sciences of Tajikistan
E-mail: amina-amina76@mail.ru; (+992) 934072499.
Феҳристи манобеъ:
- Авесто куҳантарин сурудҳо ва матнҳои эронӣ. Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ Душанбе,2001
- Айнӣ С. «Куллиёт», ҷилди 11, китоби якум, Душанбе 1969
- Ализода И. Чанд сухан оид ба луғати «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ - Известия отделения общественных наук №12,1957-с53-66
- Анварӣ С. Вожаҳои низомӣ дар «Шоҳнома», Душанбе «Маориф» 1994. 118 с
- Андреев М.С. Об этнографии таджиков: Некоторые сведения.- Таджикистан. Сборник статей, Ташкент,1925.с
- Андреев М.С. Средне-Азиатская версия Золушки (Сандилони) Св. Параскева – Пятница Деви Сафед по Таджикистану Ташкент,1927 с
- Абулқосими Фирдавсӣ«Шоҳнома», ҷилди якум, Душанбе, 1987
- Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҷилди дуюм, Душанбе, 1987
- Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҷилди сеюм, Душанбе, 1988
- Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҷилди чорум, Душанбе, 1988
- Абулқосими Фирдавсӣ«Шоҳнома», ҷилди панҷум, Душанбе, 1988
- Абулқосими Фирдавсӣ«Шоҳнома», ҷилди шашум, Душанбе, 1989
- Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҷилди ҳафтум, Душанбе, 1989
- Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҷилди ҳаштум, Душанбе, 1990
- Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҷилди нӯҳум, Душанбе, 1991
Боиси ифтихори бузург аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Ҳукумати мамлакат арзишҳои миллии мардуми тоҷик умри дубора пайдо карда, он ганҷҳои пурбаҳои миллӣ, ки дар ганҷури таърих ба фаромӯшӣ афтода буданд, эҳё ва бо шаклу мазмуни нав ба ҳаёти мардуми мамлакат рангорангӣ бахшиданд. Ин нуктаро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» бахшида ба ҷашни Тиргон ирсол гардидааст, баён намуд. Академик дар идома чунин изҳори назар намуд:
— Дар баробари Наврӯз, дар Тоҷикистон ҷашнҳои дигари миллӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон, Меҳргон ва амсоли он низ эҳё гардиданд. Аз миёни ҷашнҳои мазкур, ҷашни Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор ба шумор меравад.
Вобаста ба ин, бо такя ба маълумот дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайнулахбор»-и Абусаид Абулҳай бинни Маҳмуди Гардезӣ, таҳқиқоти мардумшиноси маъруфи рус М. С. Андреев, муҳаққиқони муосири тоҷик Ш. Юсуфбеков, А. Шоинбеков, Н. Шакармамадов, О. Шакармамадов, Т.С. Қаландаров ва дигарон чанд паҳлӯи моҳият ва тарзи таҷлили онро дар миёни мардуми ориёӣ, аз ҷумла миёни тоҷикони марзу буми Тоҷикистони имрӯза мухтасаран баён месозем.
Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз иди баҳор ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони ориёитабор буд, ки тақрибан мутобиқ ба 1 июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд. Яъне, дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, мардум онро ҷашн мегирифтанд.
Агар аз сӯйи дигар назар андозем, ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин (хок), Тиргон ба об ва Меҳргон ба рӯшноии осмон (ҳаво) иртибот доранд, зеро мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддасу нахустмабдаъ мепайванданд.
Тир – номи эзади борон дар мифологияи Эрони бостон буда, дар Авесто дар шакли Тиштарйа, дар паҳлавӣ – Тиштар ва дар тоҷикӣ-форсии навин бо номҳои Тиштар ва Тир маънидод шудааст. Вазифаи Тиштар об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон резонидан ба заминҳои аҳуроӣ мебошад. Тиштра инчунин номи ситораи рахшонтарини осмон буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст.
Дар қиссаҳои ориёӣ чунин оварда мешавад, ки дар ин рӯз дар мавзеи Табаристон Манучеҳри пешдодӣ аз Афросиёб шикаст хӯрд ва барои тақсим кардани қаламрав як шарте пеш гузоштанд. Яке аз паҳлавонони ориёӣ бо номи Ораши шевотир ба болои кӯҳи Дамованд баромад ва бо тамоми нерӯи худ камонро кашида, худ пора-пора шуд, аммо тире бо тамоми суръат ба сӯи дарёи Ҷайҳун партоб кард. Тир бо шасти баланд аз субҳ то нимрӯзӣ парвоз карда, ниҳоят ба тани як дарахти бузургу ғафс дар соҳили Ҷайҳун фуруд омад. Аз ҳамон ҷойи нишасти тир марзҳои Эрону Турон муқаррар шуд.
Дар гузашта дар рӯзи Тиргон дар байни қавмҳои ориёӣ маросими дигаре бо номи «Обрезгон» баргузор мешудааст. Дар замони шоҳигарии Пирӯзи сосонӣ, ниёи Хусрави Анӯшервон дар ориёнзамин ҳафт сол хушксолӣ рӯй дода, борон намеборид. Мардумону ҷонварон ва гиёҳон аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида шоҳ Пирӯз фармон дод, ки дар оташкада барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят баъди ҳафт сол дар рӯзи Тир борон борид. Ба хотири ин борони таърихӣ Пирӯзшоҳ амр намуд, ки ин рӯзро Обрезгон ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд.
Дар ин ҷашн эрониёни қадим даруну беруни хонаро об пошида, мерӯфтанд, либоси тоза мепӯшиданд. Сипас, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва «Тиру бод» меномиданд. Баъди даҳ рӯз дар рӯзи Бод онро кушода ба бод медоданд. Дар ин рӯз мардумони ориёӣ аз хонаҳои худ баромада, хурсандиҳо мекарданд, ба якдигар об мепошиданд. Ҳоло ҳам дар баъзе минтақаҳои ориёинишин ин ойин бо каме тағйирот маъмул мебошад. Ин риштаи ҳафтранг тақлид ба рангинкамонест, ки ба Тир низ нисбат медиҳанд.
Дар Мозандарон ҳоло ҳам расми «Сенздаҳшаби тирмоҳ» мушоҳида мешавад, ки идомаи ҷашни Тиргон аст. Мардум шоми сенздаҳуми тирмоҳ пас аз шустушӯи хонаву дар ва обтанӣ суфраи идона мекушоянд. Дар он меваю шириниҳо ва хӯришҳои гуногун мегузоранд. Пас аз тановули хӯрданиҳо аҳли хонавода бо девони Хоҷа Ҳофиз фол мекушоянд. Бачаҳо гурӯҳ шуда дар кӯчаҳо суруду таронахонӣ мекунанд ва ба дари хонаҳо рафта, ин ҷашнро табрик мекунанд. Аз хонаҳо ба онҳо меваю шириниҳо медиҳанд.
Дар марзу буми имрӯзаи тоҷикон низ дар иртибот бо об, боронталабию қатъи боду борон ва жола бовару эътиқод ва расму ойинҳои қадимӣ кам нестанд. Аз ҷумла, маросимҳои ашаглон, сусхотун, чиллахотун дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон то ба солҳои наздик бо мақсади борон иҷро мешуданд.
Дар тасаввуроти мардуми баъзе минтақаҳои Тоҷикистон то ба имрӯз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак ва борон бо номи Қамбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир, боқӣ мондаанд, ки бешак идомаи оммиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи эзади борон — Тир мебошанд.
Нишонаҳои ҷашни Тиргон дар Бадахшон низ маҳфуз мондаанд. Дар миёни тоҷикони ин минтақа, ки расму оинҳои қадимтарини ниёгонамонро бештар ҳифз намудаанд, гарчанде ки расман ҷашни Тиргон маъмул нест, вале ҳангоми таъмир ва бахусус ҳангоми сар додани об ба ҷӯй ҷашнеро барпо мекунанд, ки онро дар Шуғнону Роштқальа «хац сар дьед» «хац ай чид» («сар додани об» ё «об равон кардан» ба ҷӯй) меноманд.
Нишонаи дигари ҷашни Тиргону Меҳргон, Наврўзу Сада худи «Свастика»-и рамзомез аст, ки рамзи гардиши офтоб мебошад. Чор тарафи он рамзи чор фасли сол, рамзи чор нахустасос, рамзи чор ид дар чор фасли сол (Наврӯз марбут ба хоку баҳор, Тиргон марбут ба обу тобистон, Меҳргон марбут ба боду тирамоҳ, Ялдою Сада марбут ба зимистону оташ) аст.
Тиргон яке аз ҷашнҳои кишоварзон аст. Барои рӯидани зироат маҳз «обу тоб» яъне об, равшанию гармии офтоб зарур аст. Аз ин хотир кишоварзони Бадахшон вобаста ба обу тоби зироат расму оинҳои анъанавиро иҷро намуда аз таҷрибаҳои ниёгон зиёд истифода мебаранд.
Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон дар бораи Тиргон дар сарчашмаҳо маълумоти камтар аст. Пас аз асрҳои XIV-XV бошад, роҷеъ ба баргузории Тиргон дар китобҳои таърихию адабӣ хабаре нест. Аммо дар ҳар сурат, бояд иброз дошт, ки расму ойинҳое, ки дар байни мардум ривоҷ ёфтаанд, ба куллӣ аз байн намераванд ва маъмулан бо тақозои макону замон, идеология ва сиёсати давлатӣ таҳаввул меёбанд ва унсурҳояшон каму зиёд мегарданд. Имрӯз бошад, анъанаҳои ниёгонамонро оид ба таҷлили Тиргон ба назар гирифта, мо бояд ба чунин ҷиҳатҳои он таваҷҷуҳ дошта бошем:
1) азбаски таърихи пайдоишу ташаккулёбии иди Тиргон бо «партофтани тир аз камони Ораш», «истифодаи ғӯраи гандуму мева», «сулҳ бастан миёни Турон ва Эрон», «ба касбу кор машғул шудани мардум», «касби нависандагӣ», «риояи тозагӣ», «обпошию оббозӣ» ва умуман, парастиши об робита дорад, метавон ҳангоми таҷлили он намоишҳои оммавӣ, фестивалҳо, озмунҳо, намоишҳои театрӣ ва саҳнавӣ, бозиҳои мардумию миллӣ (аз ҷумла бозии шӯхиомези обпошӣ), мусобиқаҳои варзишӣ (аз ҷумла камонварӣ, оббозӣ ва ғайра) ташкил кардан зарур аст;
2) ҷашни Тиргонро ҳар чи бештар мавриди омӯзиш қарор додан ва паҳлӯҳои норавшани онро равшан сохтану арзишҳои онро аз нав эҳё кардан талаботи замон мебошад;
3) Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони асосӣ дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва дипломатияи об маҳсуб аст, аз ин рӯ, бо ҳам пайванд додани арзишҳои қадимии ниёгон дар таҷлили Тиргон, ки бо арҷгузорӣ бо об вобаста мебошанд ва арзишҳои муосири мардуми тоҷик дар ин самт яке аз вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмуъ, Тиргонро метавон чун ҷашни об маънидод намуд, ки бо муҳтавои фарогир ва тарзи таҷлили худ, метавонад нақши пайвандгари таърихи ниёгони моро бо ҳаёти имрӯзаи миллати тоҷик дар сатҳи баланд иҷро намояд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ аз он ва ба ҷашни ҳақиқии мардумӣ табдил додани Тиргон вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як аъзои ҷомеаи муосири тоҷик ба шумор меравад.
Фарҳод РАҲИМӢ,
академик, президенти
Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон
(Брознашр аз «Ховар»
Моҳи январи соли 1929 дар Афғонистон як инқилоби азим ба вуҷуд омад ва шоҳ Амонуллоҳхони ислоҳотгар аз тахт сарнагун ва роҳбари шӯришгарон Ҳабибуллоҳи Калаконӣ бо лақабаи “Ходими дини Расулуллоҳ” подшоҳи Афғонистон эълон шуд. Ин аввалин бор буд, ки дар таърихи беш аз 180 солаи давлати Афғонистон як шахси оддӣ, деҳқони ангурфурӯш, он ҳам тоҷик зимоми қудратро ба даст гирифт. Гарчанде худи қиёми деҳқонони тоҷик ва сарнагун гардидани Амонуллоҳхон ҳеҷ гуна омили қавмӣ надошт.
Сабаби норизоиятӣ ва қиёмҳои мардум дар ислоҳоти шитобзадаи Амонуллоҳхон ва фаъолияти англисҳо дар байни аҳолӣ буд, ки онҳоро ба норозигӣ ва қиём таҳрик менамуданд.
Баъди эълони истиқлоли Афғонистон Амонуллоҳхон ба силсилаи ислоҳот ва дигаргуниҳои муҳимми таърихӣ даст зад, ки соњаҳои сиёсию идорӣ, иќтисодӣ, ҳуқуқӣ, маориф, низомӣ ва ѓайраро дар бар мегирифт. Ин ислоҳот ба асосњои бунёдии давлати суннатии Афѓонистон, расму анъанањои мардумї таъсири амиќ гузошт.
Дар ин давра низоми нави маориф асос гузошта шуд, мактабњои духтарона ташкил шуда, љавонон бо мусоидат ва ташвиќи давлат барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ - Туркия, Олмон, Фаронса, Иттиходи Шуравӣ фиристода шуданд.
Дар соњаи низомї барои аввалин бор неруњои њавої ташкил шуд ва 65 нафар шогирдон барои тањсил дар ин ришта ба Иттињоди Шуравї,Туркия, Фаронса ва Италия фиристода шуданд.
Имтиёзи қабилаҳои паштун дар супоридани андоз то ҷое коҳиш ёфт. Мувофиқи дастур мебоист қабилаҳои паштуни ҷанубу шарқи кишвар низ мисли халқҳои ғайрипаштун андоз супоранд. Гарчанде барои ин қабилаҳо ҳаҷми пардохти андоз ба муддати 10 сол нисф ва ё 50% ҳаҷми муқаррариро ташкил медод (яъне онон ҳамчунон имтиёзи муҳим дар ин арса доштанд). Вале ҳамин низоми имтиёзии андоз низ боиси норозигии кабилаҳои паштуни ҷанубӣ ва ашрофи бонуфузи он (хонҳо, маликон) шуд.
Дар чунин шароити ҳассос ва печида дар охири соли 1927 амир Амонуллоҳххон ба сафари тулонии хориҷӣ баромад, ки дар ҷараёни он аз 12 кишвари Осиё ва Аврупо, аз ҷумла Ҳиндустон, Миср, Итолиё, Фаронса, Олмон, Бритониё, Белгия, Шветсария, Полша, Иттиҳоди Шуравӣ, Туркия, Эрон боздид намуд.
Баъди бозгашт аз сафар амир Амонуллоҳхон бо ќишрњои гуногуни ањолї суњбат ороста, аз таассуроташ бо њаяљон наќл мекард. Ба ќавли афѓоншиноси машњури аврупої Вартан Григорян боре Амонуллоҳхон ин таассуроташро аз дидањояш дар Аврупо дар мурољиат ба миллат чунин иброз дошта буд:” Мардуми хубам! Ба сахтї метавонам ба шумо иќдоми аз худгузаштагиамро ба кишвар ва шумо баён кунам. Ман аксари чизњои Аврупоро дидаам, хушњол хоњед шуд, ки бидонед. Њар љо ба гармї аз ман истиќбол шуд, аммо шахси худам набудам, ки дар ављи муфтахар мешудам, балки миллати афѓон буд, ки ѓарќ дар шодї мешуд. Њадафам аз ин мусофират он буд, ки рози тавсеъаи тааљубовари Аврупоро ба сурати тамом ва камол биомўзам. Аќидаи ман он аст, ки васоили муносиб барои пешрафти худ тањия кунем, содиќона орзу дорам, ки шоњиди пешрафти кишварам дар њама заминањо бо хезиш ва љањиш бошем... мутмаинтарин роњ барои тавсеъа он аст, ки тамоми талоши худро ба кор бубарем то писарону духтарон тањсил карда, бар тибќи стандарти рўз тарбият кунем. Маљбурем бигўем, ки бузургтарин рози тавсеъаи кишвари мо дур андохтани аќоид ва анъаноти кўњна ва фарсуда ва ба ќавли маъруф њаракат бо замон аст.. бояд ба дигар кишварњо нишон бидињем, ки дигар мардуми љоњиле нестем ва мусамам њастем, ки рўйи пойи худ, бидуни такя ба дигарон истода шавем”. Амонуллоҳхон дар августи соли 1928 дар Пағмон Луя Ҷирга даъват намуда, барномаи нави ислоҳот ва дигаргуниҳоро пешниҳод намуд, ки баъзе аз онҳо барои шароити онвақтаи Афғонистон он қадар муносиб набуданд ва муллоҳои иртиҷоӣ аз ин истифода намуда, мардумро бар муқобили шоҳи ислоҳотгар таҳрик намуданд.
Аз ҷумла, таҳсили якҷояи писарону духтарон ба роҳ монда шуда, гурӯҳи аввалини духтарон барои таҳсил ба хориҷа фиристода шуданд. Ба замми ин, ҳиҷоб ва ё чодарӣ манъ шуд. Шоҳ фармон дода буд, ки рӯзи истироҳат аз ҷумъа ба панҷшанбе иваз шавад. Ин дар ҳоле буд, ки рӯзи ҷумъа дар суннатҳои мардумӣ ва исломӣ як рӯзи муқаддас ҳисоб мешавад ва ҳеҷ давлати исломӣ дар ҳеҷ ҷойе ба унвони ислоҳот рӯзи ҷумъаро рӯзи корӣ эълон накардааст.
Шоҳ ҳамчунон фармон содир кард, то дар чорроњињои махсус дар Кобул таблуҳое (плакат) гузоштанд ва навиштанд, ки ҳеҷ зане бо барқаъ наметавонад аз ин ҷо убур намояд. Политсия иҷрои ин фармонро назорат мекард ва касе онро вайрон менамуд ҷарима меандохт.
Шоҳ инчунин тасмим гирифт либоси аврупоиро расмӣ ва маҷбурӣ созад, рафтор ва одоби муоширати аврупоӣ ҷорӣ гардад. Дар Пағмон ва дар Кобул ин тартиботро ҷорӣ мекарданд.
Бо фармони Амонуллоҳхон муллоҳои хатмкардаи мадрасаи Девбанд ба Афғонистон иҷозати омаданро надоштанд, имомхатибони масҷидҳо бояд имтиҳон месупориданд.Инҳо ҳама мавҷи норозигиро ба вуҷуд оварданд, вале Амонуллоҳхон дар ибтидо ба ин эътибор намедод, зеро баъд аз сафари Аврупо тағйир ёфта, як шахси бисёр мағрур шуд буд. Гарчанде Амонуллоҳхон, бешубҳа як подшоҳи ватандӯст буд ва дар марҳилаи аввал ислоҳоти ӯ мавриди қабули мардум қарор доштанд. Ислоҳоти Амонуллоҳхон аксаран ислоҳоти муфид буданд ва барои ислоҳи ҷомеаи афғонистонӣ ва тараққиёти он равона шуда буданд, аммо ислоҳоте ҳам амалӣ мешуданд, ки ҷомеа дар он замон ба қабули онҳо омода набуд ва гузашта аз он бисёр зараровар буд. Ба таври мисол шавқу ишқи Амонуллоҳхон ба тарзи зиндагии ғарбӣ ва кӯшиши ҷорӣ намудани ислоҳот дар соҳаҳои маишӣ ва зиндагии мардум: ҷорӣ кардани расми пӯшидани шиму костюм ва кулоҳи аврупоӣ, салом додан ба расми аврупоиҳо, манъ кардани чодарӣ, ба Аврупо барои таҳсил фиристодани духтарон ва ғайра дар бадном кардани ислоҳоти хуби Амонуллоҳхон нақши зиёд бозиданд. Аммо Амонуллоҳхон зоҳиран ба ин аҳамият намедод, тадриҷан дигар бо касе маслиҳат намекард. Ғурури шоҳӣ ба ӯ иҷозат намедод, то ба маслиҳатҳои шахсиятҳои огоҳ ва солимфикр гӯш диҳад. Фикр мекард, ки подшоҳӣ қудрати лоязол аст ва шоҳ ҳар чӣ бихоҳад амалӣ мешавад, ки ин як иштибоҳ буд.
Ба қавли муалифи китоби “Амир Ҳабибулоҳ-ходими динни Расуллулоҳ” Шоҳ Оғо Сиддиқ Муҷаддадӣ дар яке аз рӯзҳо Амонуллоҳхон дар Пағмон қарор дошт ва мутаҳамин, ки дар исёни ба ном “Исёни Муҳаммад Содиқи Муҷаддадӣ” гирифтор шуда буданд, ба Пағмон оварда шуда, дар баробари Амонуллоҳхон қарор доштанд. Дар ҳамин вақт овози азон баланд шуд. Ӯ рӯ ба тарафи Абдулазизхон, вазири ҳарбия намуда гуфт: “Чӣ вақт бошад, ки овози ин харҳо хомуш шавад”(мурод аз овози харҳо садои азон буд). Он гоҳ ба қозӣ Абдураҳмон нигариста гуфт: “Қозӣ соҳиб, дар ҳоле ки олитарин мансаби давлатиро, ки Қозиулқузотӣ аст бароят додам чаро боз ҳам болоям ҳукм куфр карди?( Қозиулқузот ҳам дар ҷумлаи мутаҳамин истода буд)”. Қозӣ дар ҷавоб гуфт: “Қаблан дар мавриди куфрат шубҳа доштам ва фатвои уламоро мутолиа намуда будам, вале акнун, ки шахсан овози куфрро аз даҳанат мешунавам, мегӯям, ки кофир ҳасти, кофир ҳасти, кофир ҳасти”. Шоҳ, ки ба ғазаб омада буд бидуни таҳқиқ аз соири маҳкумин ҳукми эъдоми ӯро таъид намуд”.
Руњониёни мутаассиб таблиѓоти васеи зидди Амонуллоҳро дар њама љо ба роњ андохта ўро “кофар” хитоб мекарданд ва мегуфтанд ислом дар хатар аст. Англисњо бо тамоми ќувват таблиѓоти манфиро пахш мекарданд.
Ҷосусҳои англис дар минтақаҳои қабоилӣ ва ҳатто шаҳрҳо овозаҳои дуруғро паҳн мекарданд, ки гӯиё Амонуллоҳхон дар Аврупо аз дини ислом даст кашидааст ва ба калисо меравад. Дар матбуоти аксҳои монтажшудаи малика Сурайё, ки сари у дар тани урёни зани аврупоӣ ба истилоҳ монтаж шуда буд, паҳн мегардид ва ба мардуми бесаводӣ қабоилӣ фаҳмонидани он ки ин аксҳои сохтагӣ мебошанд, бисёр мушкил буд.
Ҳамаи ин норозигӣ ва ғазаби мардумро бармехезонд. Оғози возеҳи буҳрони сиёсӣ шӯриши қабилаи шинворӣ дар шарқи кишвар дар моҳи ноябри соли 1928 буд. Ҳамзамон дар шимоли Кобул маркази нави муборизаи зидди давлати Амонуллоҳхон, ба раҳбарии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ба вуҷуд омад.
Дар ин шароит Амонуллоҳхон маҷбур шуд як қадам ақибнишинӣ кунад ва дар 20 декабри соли 1928 як эъломияи 18 моддаиро нашр кард, ки дар он аз ҷумла гуфта шуда буд:
-муллоҳои девбандӣ ба Афғонистон омада метавонанд;
- занону духтарон рӯй ва дастҳояшонро пӯшонида, мӯйҳояшонро кӯтоҳ намекунанд;
-занон либоси аврупоӣ напӯшида, чодарӣ ба сар мекунанд, духтарони донишҷӯ аз Туркия бозгардонида мешаванд;
- пеши роҳи ришват гирифта мешавад;
- дар тадриси муллоҳо аз онҳо шаҳодатнома пурсида намешавад;
- рӯзи рухсатӣ аз панҷшанбе ба ҷумъа оварда мешавад;
- касе агар шароб бинушад ҷазо мегирад ва ғайра.
Аммо ин ақибнишинии Амонуллоҳ дигар пеши роҳи ошӯбҳоро, гирифта натавонист. Яке аз шӯришҳои барои Амонуллоҳхон хатарнок ва сарнавиштзоз дар шимоли Кобул бо роҳбарии Ҳабибулоҳи Калаконӣ сар зад.
Ҳабибулоҳи Калаконӣ як деҳқони оддӣ, боғбон ва мевафуруши деҳотӣ буд ва аз батни мардум бархоста буд. Ҳабибулоҳ аммо як айёр, яъне ҷавонмард буд, далеру шуҷоъ, адолатпеша, ки аз одамони маккор, авомфиреб, золим, ришватхур нафрат дошт.
Ӯ соли 1890 дар деҳаи Калакон, ки дар 41 км шоҳроҳи Кобул Чорикор воқеъ аст, таваллуд шудааст. Мардуми Калакон бо ғуруру ҷасорати худ дар тамоми минтақа фарқ мекунанд. Далели ин иштироки калконихо дар хар се чанги Афгонистону Англия барои озодӣ ва истиклолияти мамлакати худ мебошад. Номи аслии падари Ҳабибулоҳ, қаҳрамони ҷанги дувуми Афғонистону Англия Аҳмадуллоҳ буд ва шӯҳрати ин ангурфурӯш замоне боло рафт, ки ӯ дар миёни борони тири душман аз санг ба санг ва аз хандақ ба хандақ ба ҷойи об худро мерасонид ва пас аз лаҳзае дар китфаш машки пур аз об гирифта, ба ташнагоне, ки аз тири душмани хунхор захмӣ шуда буданд об медод. Ин аст, ки ба ӯ лақаби “Сақои Шаҳидон” лақаб дода буданд.
Ҳабибулоҳ дар замони салтанати Амонуллоҳхон ва дар ҷанги сеюми Афғонистону Бритониё, ки Истиқлолиятро ба даст овард, ба артиши Афғонистон ворид шуд ва дар қушунҳои генерал Нодирхон то Парачинор рафт. Ҳабибулоҳ дар сафи артиш дар фуру нишондани шӯриш дар шарқи кишвар иштирок намуд. Ӯ пеш аз даъват шуданаш ба хидмати ҳарбӣ дар боғи муставфи ул-мамолик (падари Халилуллоҳи Халилӣ) дар Ҳусайнкут боғбон буд ва дар он чо бо амири сарнагуншудаи Бухоро Сайид Олимхон шинос шуда буд. Баъдан чанд муддат дар Қитъаи намунаи артиш, ки афсарони турк ташкил намуда буданд, хизмат кард.
Дар ҳамин давра ҳангоми ба рухсатӣ ба зодгоҳаш рафтан як дастаи дуздонро бо саркардагии Афзал ё Фазлу, ки мардумро ба дод оварда буданд ва ҳатто ҳукумат дар аз байн бурдани онҳо оҷиз буд, тавонист нест кунад, ки шуҳраташро дар байни мардум хеле зиёд кард. Аммо дуздони боқимонда аз гурӯҳи Фазлу аҳд карданд ва савганд хурданд, ки қасос мегиранд ва тамоми хонаводаи Калакониро аз байн мебаранд, ҳатто тифли гаҳвораро зинда намемонанд. Ин хабар ба гӯши аскари Қитъаи намуна расид ва ӯ шитобон ба Ҳусайнкут рафта оилаашро бо иҷозати хусураш ба хонаи падариаш деҳаи Калакон бурд.
Баъд аз ин ҳодиса Ҳабибулоҳ панҷ руз ба хизмат нарафт, зеро нахост аҳли оилаашро танҳо гузорад. Дар ин рӯзҳо буд, ки сарбозе барои бурдани ӯ ба Қитъаи аскарӣ ба Калакон омад ва дар натиҷаи муноқишаи сарзада тасодуфан кушта шуд. Ҳабибулоҳ ҳамин тавр дар зери таъқиби пулис қарор гирифт.
Баъд аз ин боз маҷбур шуд падар, бародар ва ҳамсарашро ба вулусволии Сурубӣ ба хонаи як дӯсташ бубарад.
Ба ҳар сурат зиндагӣ дар Калакон зери таъқиби пулис хатарнок буд ва чанд муддате пинҳонӣ бо ҷамъи дӯстонаш берун аз деҳаҳо зиндагӣ мекард ва дар ҳамин давра ба корвонҳои давлатӣ ва сарвати бойҳо ва ришватхорҳо ҳамла мекарданд. Аммо фарқи Ҳабибулоҳ аз гурӯҳҳои дуздон ин буд, ки ба моли мардум даст намезад, касеро озор намедод. Баръакс аз пули аз хазонаи давлат ва бойҳою золимон ситонидашуда ба мардум тақсим мекард.
Афғонистншиноси машҳури амрикоӣ Л.Адамек, дар китоби худ бо номи “Равобити хориҷии Амрико дар нимаи аввали қарни XX” менависад: “Ҳабибулоҳи Калаконӣ тамоми пулҳоеро, ки дар замони ҳарҷу марҷ аз тоҷирон, судхурон ва хазонаҳои давлат ба даст меовард, қисмати зиёди онро ба нодорон кумак менамуд то он ки дар байни онҳо минҳайси қаҳрамон шинохта шуд. Ӯ монанди Робин Ҳуд буд, ки аз ғаниҳо (бойҳо) пул меситонд ва ба фуқаро тақсим мекард”. Мирғулом Муҳаммад Ғубор дар асараш “Афғонистон дар масири таърих” менависад: “Роҳзанӣ ва дуздии Ҳабибулоҳи Калаконӣ бар хилофи дигар гурӯҳҳо бо айёрӣ ва ҷавонмардӣ ҳамроҳ буд ва фақат дороии ашхоси пулдор ва табақаи судхурро ҳадаф қарор медод ва бахше аз ғаноими бадастоварда аз корвонҳои давлатӣ ва мусофирони сарватмандро миёни табақаи маҳруми ҷомеа тақсим мекард ва аз таарруз ба занон ҳам парҳез мекард”. Ба ҳамин шакл Мирмуҳаммад Сиддиқи Фарҳанг ҳам дар асараш “Афғонистон дар панҷ қарни ахир” менависад, ки “ Ҳабибулоҳи Калаконӣ дар амалиёте, ки дар Кӯҳдоман ва атрофи он муртакиб мешуд танҳо ашхоси пулдор, хусусан табақаҳои ришватхур ва судхурро ҳадаф қарор медод ва аз даст бурдан ба дороиҳои мардумони камбизоат худдорӣ мекард ва аз ҳама муҳимтар ин ки ба занон эҳтиром мегузошт ва аз таарруз ба номуси ашхос парҳезгор буд”. Сайид Расули Лугарӣ, муаллифи китоби “Нигоҳе ба аҳди салтанати Амонӣ” менависад:” Ҳеҷ кас ин ҷуръатро надорад бигӯяд, ки Ҳабибулоҳ як дузди судхур буда, ки мехост аз роҳи дуздӣ пул ба даст оварад ва онро барои зиёд намудани молу манол ба кор барад. Ӯ душмани сарсахти маъмурини ришватхури давлат, сармоядорон ва туҷори судхур буд ва ҳамеша аз онҳо боҷ мегирифт, аммо ба фуқаро ва маҳрумин сахт меҳрубон ва раҳмдил буд ва аз моле, ки ба даст меовард ба фуқаро тақсим мекард”. Олими рус Соколов Страхов Ҳабибулоҳро “Пугачёви афғонӣ” номидааст ва гуфтаст, ки “Бачаи Сақо ба камбағалон коре надошт ва танхо ба маликон, тоҷирон ва маъмурон ҳамла мекард. Аъзоёни дастаи вай аз деҳқонони оддӣ иборат буданд ва тамоми рӯз ба кишту кор машғул мешуданд”.
Ба қавли муаррихин Ҳабибулоҳ пулу моли ба дастовардаашро се тақсим мекард. Як қисмат барои харидори яроқу кортус ва лавозимоти гурӯҳаш сарф мешуд. Қисмати дувум барои хуроку пӯшокаи онҳо ва қисми сеюмашро ба муҳтоҷон тақсим мекард. Хислати дигари аҷиби Ҳабибулоҳ ин буд, ки вақте корвонҳои давлатиро мусодира мекард, ба кирокашон, ки аз табақаи нодор буданд расид (квитансия)медод, ки дар ҳақиқат моли интиқолмешудаи онҳоро мусодира карданд ва бо ин расид давлат пули кирояи ҳайвони боркаш ва ё аробаю дигар василаи онҳоро пардохт менамуд. Аз ин рӯ, Ҳабибулоҳ дар байни мардум бисёр обру ва нуфуз дошт. Дар бораи шуҷоат ва далерӣ, шаҳомат ва бузургии Ҳабибулоҳ ҳаргуна нақлу ривоятҳо дар байни мардум паҳн шуда буд. «Дар атрофи қаҳрамониҳои вай суханҳо тарошиданд ва хобҳо диданд, овоза дарандохтанд, ки аз туфанги вай овози ҳақ ва дин меояд, у мазҳари каромот аст. Домани худро аз нон пур меку¬над ва ҳар кадар ба мардум бахш мекунад, ҳамон як домани нон тамом намешавад. Як доман кортусро ба сад рафиқи худ медиҳад, аммо ҳанӯз доманаш пур мебошад. Дар масҷид барои пирӯзии вай дуо мекарданд ва ӯро ходими дин номиданд. Занҳои солхурда назрҳо ба хотири комёбиаш ба гардан мегирифтанд ва дар ҳар дарахти куҳан, ки бар фарози қабри шаҳидон буд, нах мебастанд. Албатта вай аз миёни мардум буд ва қаҳрамони мардум».
Волии Кобул Алиаҳмадхон бо ёрии мардум тавонист гурӯҳҳои зиёди дӯздон ва роҳзанонро дастгир ва ба панҷаи қонун супорад, аммо мардум дар дастгирии Ҳабибулоҳ ба ӯ кумак намекарданд. Аз ин сабаб давлат роҳи таъқибу фишор ва лату куби мардуми Калаконро пеш гирифт, то Ҳабибулоҳи Калакониро ба давлат супоранд. Аз ин сабаб Калаконӣ ва дӯстонаш ба хулоса омаданд, ки ӯ Калаконро тарк кунад. Ҳабибулоҳи Калаконӣ ба Парачинори он тарафи сарҳад назди дӯсташ, ки аз давраи ҷанг бо англисҳо ёфта буд, рафт. Аммо давлат аз паногоҳи ӯ хабар шуд ва бо англисҳо мувофиқа намуд, то ӯро ба давлати Афғонистон супоранд. Ҳабибулоҳ ба воситаи касе аз мансабдорони давлат пешакӣ аз ин тасмими давлат хабар шуд ва пинҳонӣ аз сарҳад гузашта, ба Калакон омад ва аз нав ҳамон кӯҳи “Декча”-ро паногоҳи худ қарор дода, ба машғулияти пештарааш идома дод.
Дар ин миён вазъият дар минтақаҳо гуногуни Афғонистон муташаниҷ мешуд ва махсусан қиёми қабилаҳои шинворӣ дар Шарқ Амонуллоҳхонро нигарон карда буд. Аз тарафи дигар вазъияти шимоли Кобул ҳам барои давлат хатарнок буд. Аз ин рӯ, ба Аҳмадалихон дастур дод то масъалаи Шимолиро яктарфа кунад ва қувваҳои низомиро ба Кобул баргардонад. Аҳмадалихон ба ҷуз аз музокира бо Ҳабибулоҳ дигар чораи надошт. Ниҳоят ин мулоқот сурат гирифт ва аз тарафи давлат ба Ҳабибулоҳ пешниҳод шуд, ки ба давлат таслим шавад ва дар вазифаи "дуздбигир" бо рафиқонаш дар бадали маоши ҳармоҳа кор кунад. Ҳабибулоҳ зимни қабули ин пешниҳод шарт гузошт, ки азбаски баъд аз ин тамоми дуздони қавии минтақа душмани ӯ мешаванд 100 нафар рафиқонашро давлат мусаллаҳ намояд ва маликони Калаконро аз ҳабс озод намояд. Амонулохон ин пешниҳодро қабул кард. Ба Ҳабибулоҳ 82 мил силоҳ бо котрусҳо дода шуд ва ба ӯ ва Саидҳусейн ба ҳар кадом 100 кобулигӣ ва ба рафиқонаш 30 кобулигӣ маош таъин намуд. Бояд зикр намуд, ки то ин вақт рафиқони Ҳабибулоҳ ҳамагӣ 10 мил силоҳ доштанд.
Аммо дере нагузашт, ки Амонуллоҳхон аз ин тасмимаш ва мусаллаҳ намудани дастаи Ҳабибулоҳ пушаймон шуд ва дастур дод то ӯ дастгир ва ба қатл расонида шавад. Ин аҳдшикании Амонуллоҳхон Ҳабибулоҳ ва тамоми бузургони минтақаро ошуфта сохт ва дар пайи андешидани чораҳо шуданд. Қувваҳои давлатӣ қалъаи Регии Қарабоғро, ки Ҳабибулоҳ ва рафиқонаш ҷамъ шуда буданд, муҳосира намуданд ва ҷанги сахте ба вуқӯъ пайваст. Дар натиҷа Ҳабибулоҳ ва рафиқонаш муҳосираро шикаста аз қалъа берун шуданд. Ин ҳамла ва аҳдшикании Амонуллоҳхон тасмими Ҳабибулоҳро барои мубориза бо давлат ва сарнагун кардани Амонуллоҳхон қатъӣ сохт ва аз тарафи дигар, ҷанг дар қалъа заифии давлатро нишон дод, ки дар як шабонарӯзи ҷанг натавонист аз Кобул қувваҳои кумакиро ба минтақа фиристонад.
Ҳамин тавр, омодагиҳо ба қиёми мусаллаҳона дар Шимолӣ ҳамроҳ бо музокирот бо бузургони қавмӣ ва руҳониёни баландмартаба оғоз шуданд. Ҳабибулоҳ аввал бо шахсияти бисёр пурнуфуз Абдуллоҷон Соҳибзода Муҷаддадӣ мулоқот намуда, уро аз нияташ огоҳ намуд ва машвараҳои уро гирифт, баъдан бо машвараи ӯ бо рӯҳонии дигари пурнуфуз Бузургҷон Муҷаддадӣ мулоқот намуд, ки машвара ва доираи ашхоси бо ӯ наздик аз ҳар як қишри ҷомеа, аз ҷумла Шамсулҳақ Муҷаддадӣ машҳур ба Ҳазрати Кӯҳистон, Мавлавӣ Абдулғанӣ машҳур ба Мавлавӣ соҳиб Қалъаи Баланд, набераҳои Мирмасҷидихон, қаҳрамони ҷанги аввали англису афғон, ки дар минтақаҳои гуногуни шимол Кобул, Парвон, Тагоб ва ғайра нуфузи зиёд доштанд, мулоқот намуда, ҳадафашро, ки танҳо сарнагун намудани Амонуллоҳхони аз дин беруншуда мебошад, тавзеҳ медод ва ваъдаи ҳамагуна ҳамкориҳоро мегирифт. Ниҳоят бо кӯшиши Абдуллоҷон ва Бузургҷон навбати мулоқот бо муинусалтана Иноятуллохон расид ва дар хонаи хусури Абдуллоҷон Абдураҳмони Пупалзай бо муинусалтана Иноятуллохон, сардор Ҳайётуллохон, сардор Усмонхон ноибулҳукумаи собиқи Қандаҳор мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳар се сардор ба як қиёми умумӣ бар зидди Амонуллоҳхон мувофиқат намуданд ва қарор бар ин шуда буд, ки як ҳафта пеш аз оғози шӯриш боз мулоқот менамоянд.
Аммо дар муҳлати муайншуда Иноятулло ба мулоқоти Ҳабибулоҳ дигар ҳозир нашуд ва ҳамин аҳдшикании ӯ боис шуд, ки шуришгарон дигар барои супоридани қудрат ба Иноятулло баъд аз сарнагунии Амонуллоҳ дигар розӣ нашуданд. Ба қавли Шоҳоғо Сиддиқи Муҷаддадӣ мувофиқа ба ин буд, ки баъд аз пирӯзии қиём Иноятуллоро ба подшоҳӣ бардоранд, зеро ҳадаф сарнагунии Амонуллоҳ барои ислоҳотҳои зиддидиниаш буд.
Ниҳоят баъд аз омодагиҳои ҳамаҷониба ва таблиғу тарвиҷи ҳадафҳои қиём дар байни мардум рӯзи ҷумъаи 18 қавс(9 декабри сози 1928). Соати 9 субҳ шӯришгарони мусаллаҳ бо 118 мил силоҳи оташфишон, дигарон бог досу белу каланд, сихи тануршурию дигар василаҳо ба самти Кобул ҳаракат карданд.
14 январи соли 1929 қувваҳои шӯришгар ба Кобул дохил шуданд. Амонуллоҳхон маҷбур шуд, ки аз тоҷу тахти подшоҳӣ ба фоидаи бародараш Иноятуллохон даст кашад. Иноятуллохон ба назди Ҳабибулоҳи Калакони ҳайат фиристод ва даъват кард, ки ба ӯ байъат кунад, аммо бо назардошти ба ваъдааш вафо накардан шӯришгарон ин даъватро ва радд намуданд ва ҳукумати ӯ аз 3 рўз зиёд идома пайдо накард. 18 январ дастањои шўришї бо роњбарии Њабибуллоҳи Калаконї вориди ќасри подшоњї шуданд. Ҳамин тавр, Ҳабибуллоҳи Калакони бо лақаби “Ходими дини Расулуллулоҳ” подшоњи Афѓонистон эълон гардид.
Рӯзи 20 январ подшоҳе, ки аз нодортарин табақаи ҷомеа баромада, қариб бо дасти холӣ лашкари муназзами давлатро шикаст дод ва ҳукумати қариб дусадсолаи ашрофиро сарнагун намуда буд, дар қасри подшоҳӣ бо мардум мулоқот кард ва ҳадафу самтҳои фаъолияти ҳукуматашро эълон намуд. Ин аввалин бор дар таърихи ин давлати дусадсола буд, ки мардуми оддӣ вориди қасри подшоҳӣ мешуданд ва аз наздик бо подшоҳашон мулоқот мекарданд. Дар гузашта, ҳатто аз берун, аз наздикиҳои девори қаср гузаштан барои мардум мамнуъ буд. Подшоҳ ба аскарони асиршуда хитоб намуда гуфт, ки касе бо ман мардонавор ҷанг кардааст, дӯсти ман аст” ва онҳоро озод намуд, то ба хонаҳояшон бираванд
Қобили зикр аст, ки бо омадани шӯришгарон ба шаҳр эълон шуд, ки амнияти мол ва номуси мардум тазмин аст, ҳеҷ касе ҳақ надорад ба дукон ва хонаҳои мардум ворид шавад, амнияти сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ пурра таъмин гардид.
Ҳамон вақтҳо ва ҳатто имрӯз расм аст, ки Ҳабибулоҳи Калакониро дузди бесавод ва дур аз сиёсат мехонанд, ки ҳукумати дусадсолаи паштунҳоро сарнагун кард. Аммо саволи муҳим ин ҷост, ки магар дар ҳамин таърихи дусадсолаи хонадони шоҳӣ оё зуран сарнагун кардан, қатл кардан, кур кардани шоҳон кам будааст?. Кадом бесавод ва дур аз сиёсат чунин шуришро бо тамоми санъаташ бо машвара ва маслиҳати бузургон, мусафедон ва руҳониёни пурнуфуз ва сардорону ҳатто муинусалтана омода карда метавонад? Албатта Ҳабибулоҳ хатро хондан наметавонист, сиёсатмадори расмӣ набуд, дар давлат кадом мансабе надошт, аммо дар мактаби зиндагӣ дарсу таҷриба гирифта, обутоб ёфта буд. Аз ҳама муҳимаш ӯ як айёр, як ҷавонмард буд, ойини ҷавонмардӣ раҳнамои ӯ буд: адолатпеша, бовиҷдон, душмани золимону мустабидин ва дар аҳдаш пойбанд.
Ҳабибулоҳ амният ва иззати хоҳарони Амонуллоҳро ҳифз кард ва ба хонаводаҳояшон супорид. Ҳатто хонаводаи Нодирхон дар Кобул буд, вале аз хонаводаи ӯ истифодаи сиёсӣ нанамуд. Гузашта аз он, онҳоро ба ҷойи амни қаср интиқол доданд.
Дар ҳоле, ки бо баъди омаданаш Нодирхони генерали “босаводу сиёсатмадор” на танҳо савганди дар Қуръон навишатаашро шикаст, балки ба хонаводаи подшоҳ беэҳтиромӣ намуд. Зани дувуми Ҳабибулоҳ, Беназирро, ки аз хонаводаи муҳаммадзоиҳо буд, зуран ба шавҳар дод ва зани аввалаш, Бибисангариро, ки зери шиканҷа ҳам ба шавҳар баромаданро қабул накард, 15 сол дар зиндон нигоҳ дошт ва баъд бо ду духтараш ба Мазор Шариф бадарға кард, ки то охири умр аз Мазори Шариф берун омада наметавонист.
Ё ки сардор Муҳаммад Довудхон, писари амаки Зоҳиршоҳ вақте табадуллоти давлатӣ кард хонаводаи шоҳро гаравгон гирифт ва то вақте номаи истеъфои Зоҳиршоҳоро нагирифт, онҳоро иҷозати ба Рим рафтанро надод. Ин хел мисолҳо дар таърихи сулолаҳои бонасаби подшоҳӣ хеле бисёр аст.
Дар рӯзи ҷашни истиқлоли Афғонистон Ҳабибулоҳ ба Амонуллоҳхон, ки дар Рим буд, номаи табрикӣ ирсол намуд ва хизматҳои ӯро дар истирдоди истиқлол таъкид намуд. Аммо бо омадани Нодирхон номи Амонуллоҳхон аз ҳама ҷо гирифта шуд ва ёде аз ӯ намекарданд.
Ҳабибулоҳ дар ҳамон ҷашни истиқлол вақте ба маҳалли ҷашн ворид шуд, дид ки байни мардум ва ашрофони дар минбар буда симхор кашида шудаааст. Ӯ дастур дод ки симхор бардошта шавад, яъне нахост, ки байни подшоҳ ва мардумаш симхор бошад.
Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, чопи Теҳрон дар шумораи 27 ҳамали соли 1392 (16 апрели соли 2013) дар мавриди баёнияи амир Ҳабибулоҳ дар маросими Ҷашни Истиқлол таҳти унвони “Амир Ҳабибулоҳи Калаконӣ ва шабеҳнависӣ” ҷунин шарҳ медиҳад: “ Барои он ки нишон бидиҳем Амир Ҳабибулоҳхон яке аз айёре буд, ки дуздӣ ва дағалкорӣ дар қомусаш вуҷуд надошт ва ҳатто дар гуфтор ва кирдор алайҳи он мубориза мекард ва аз ҳиммати олӣ бархурдор буд ба мавриде ишора мекунам, ки бисёр камтар мавриди мавриди таваҷуҳи фарҳехтагон қарор гирифтааст. Ин маврид масъалаи дағалкории фарҳангӣ мебошад. Дар дунёи нависандагӣ падидае вуҷуд дорад бо номи шабеҳнависӣ. Ба касе гуфта мешавад, ки дар муқобили дарёфти пул ба номи шахси дигаре китоб ё мақола менависад. Ё он ки дар муқобили дарёфти пул иҷоза медиҳад, ки мақола ё китобаш бо номи шахси дигаре чоп шавад...
Амир Ҳабибулоҳ аввалин давлатмарди дунё мебошад, ки на танҳо шабеҳнависиро истихдом накард, балки талош намуд, ки суханрониҳои худро ба дасти онҳо насупорад ва ҳарфҳои дили худро бидуни восита бо мардум дар миён бигзорад”.
Ба қавли Оғо Шоҳ Сиддиқи Муҷаддадӣ дар солрӯзи ҷашни истиқлол мутобиқи барнома бояд Ҳабибулоҳхон дар минбари хитоба меистод ва вазири дарбор Атоулҳақ хитобаи табрикии амирро қироат мекард. Ҳамин ки вазир пеш омад Ҳабибулоҳ гуфт: “ Худоям ба ман забон бахшида, чаро бо забони худам бо мардумам сухан нагӯям. Ҳоҷат ба навишта нест. Он гоҳ лаб ба сухан кушод ва гуфт : “Мардуми шуҷои Афғонистон, ассалому алайкум. Ҷашни истиқлол ва озодии кишвар ба ҳаматон муборак боша! Имрӯз ҷашни истиқлоли Авғонистон аст. Истиқлол аз шумо мардум аст, на аз падари Амонуллоҳ ва на аз падари фақири ман. Шумо мардум будед, ки истиқлолро ба зӯри шамшертон гирифтен. Ҳеҷ почо дар ҷанг кушта нашуда, нишон бидиҳед як сардорро, ки дар ҳамин ҷанги истиқлол кушта шуда бошад, балки куштаҳо ҳама аз мардуми бечора аст ва хушӣ ва ифтихори он аз аз почо ва хонадони онҳо”. Дар ин суханронии сода мебинем, ки барои аввалин бор як подшоҳ хоксорона фидокориҳо ва ҷоннисориҳои мардумро дар ҳузурашон эътироф мекунад. Он чи ки аз ин суханронӣ бармеояд ин аст, ки барои ӯ ҳатто дағалкории фарҳангӣ қобили таҳаммул набуд, чӣ расад ба дуздӣ”.
Қиёми деҳқонони тоҷики Шимолӣ ҳеҷ гунаи омили қавмӣ надошт ва ба муқобили қавме набуд, аммо раҳбарони паштун, ба хусус Муҳаммад Нодирхон тавонистанд тамоми паштунҳоро бо таблиғоти васеи зиддитоҷикӣ, ки гӯё саркардаи шӯриш як «тоҷики пойлуч» ва «бенасаб» бо номи Бачаи Сақав (онҳо Ҳабибуллоҳро таҳқиромез Бачаи Сақав, яъне бачаи обкаш номиданд), тахти подшоҳии афғонҳоро ба даст гирифтааст, ба муқобили ҳукумати Ҳабибуллоҳ таҳрик намоянд.
Бародари Нодирхон- Шоҳмаҳмуд дар байни қабилаҳои ҷоҷӣ таблиғ мекард, бародари дигараш Шоҳвалӣ дар миёни қабилаҳои мангал, худи Нодирхон ба торҳои эҳсосоти қабилавии ҷадронҳо нохун мезад. Ҳазорон нафарро аз қабилаҳои вазирӣ ва турии он тарафи сарҳад ҷалб карда буданд. Албатта, таваҷҷуҳи асосӣ ба қабилаҳои дурронӣ нигаронида шуда буд. Таблиғоти васеи зидди Ҳабибулоҳи тоҷик аз тариқи рӯзномаи Ислоҳ” ба роҳ монда шуда буд. Ишғоли тахти шоҳӣ аз тарафи тоҷик таҳдид ба шараф ва номуси паштунҳо хонда шуда буд, ки наметавонист қабоили гуногуни паштунҳоро таҳрик накунад.
Дар ибтидо худи Амонуллоҳхон аз Қандаҳор аз англисҳо ёрӣ хост, аммо ҷавоби рад гирифт. Саъю талошњои Амонуллоҳхон дурронињоро ба нангу номус овард ва онњо байни худ маслињат ва машварат карданд, ки дар барќарор кардани салтанати дубораи дурронињо ва аз чанголи мардуми ба истилоњ «бе аслу насаби тољик» рањонидани он ба Амонуллоҳхон њамаљониба мусоидат намоянд. Бинобар ин, дурронињо аз байни худ то 4 њазор аскари довталаб љамъоварї намуда буданд. Дар маљмуъ Амонуллоҳхон аз 10 то 14 њазор неруи низомї ва ѓайринизомї ташкил дода, дар таърихи 27 марти соли 1929 аз Ќандањор ба љониби Кобул њаракат намуд. Аммо дар муњорибае, ки моњи май дар назди Калоти Ѓилљоӣ ба амал омада буд, Амонуллоҳхон шикаст хўрд ва Афѓонистонро тарк карда, ба Италия муњољират намуд.
Дар шикасти Ҳукумати Ҳабибулохони Калаконӣ омилҳои ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ таъсиргузор буданд. Омили таъсиргузори дохилӣ ин буд, ки дар замони њукмронии кўтоњмуддати Ҳабибулоҳи Калаконӣ мавќеи руњониён ва феодалњо аз нав мустањкам шуда, заминдорї ва соњиби њокимияти марказї ва мањаллии Афѓонистон ба дасти онњо гузашт. Харљу харољоте, ки барои сохтмони дастгоҳи нави њукуматї ва ташкили ќўшунњои њарбї сарф карда мешуданд, инчунин талаю торољгарињои руњониён ва феодалњо хазинаи хароби давлатиро тамоман ќасод карданд ва њукумати Њабибуллохон душворињои вазнини молиявиро аз сар мегузаронид. Бинобар ин, ҳаљми андозњо на ин ки кам карда нашуданд, балки боќиёти солњои гузашта ва њамаи андозњо ба мисли замонњои пешина бе каму кост пурраву барзиёд рўёнида мешуданд. Ин њолат оммаи дењќононеро, ки ба Њабибуллохон умед ва боварии зиёд доштанд, маъюс, дилшикаста ва ноумед гардонд ва дар байни онњо норозигї ва шўру ошуб ба амал меомад.
Аз њукумати Њабибуллоҳхон махсусан маликњо ва ашрофу аъёни ќабилањои љануби Афѓонистон норозигии зиёд доштанд, зеро онњо, ки пештар тамоми амалњои маъмурї ва њарбиро соњиб буданд, акнун розї шуда наметавонистанд, ки њама вазифањои муњимми давлатї дар дасти феодалњо ва рўњониёни минтақањои шимолї бошад.
Омили хориҷии сарнагунии давлати Ҳабибулоҳ ҳам бисёр барҷаста буд. Њукуматдорони Англия, ки њанўз аз давраи сар задании шўриш бо гурўњњои иртиљої алоќа доштанд ва љосуси англисӣ подполковник Лоуренс онњоро ба қиём ва исёнгарї даъват намуда буд, ният доштанд, ки Афѓонистонро ба маркази муборизаи зидди Иттиҳоди Шуравї табдил дињанд. Мањз дар њамин давра фаъолияти босмачиён љоннок гардида, аз хоки Афѓонистон чандин маротиба ба сарњади шуравї њамла оварданд.
Њељ як кишвари хориљї њукумати Калакониро ба расмият нашинохт. Иттињоди Шўравї ҳам аз Ҳабибулоҳи тоҷик пуштибонӣ накард, гарчанде аз табақаи поинтарини ҷомеа буд.
Дар мавриди тарҷеҳи ҳамкории Иттиҳоди Шуравӣ ба гурӯҳҳо ва аҳзоби паштун воқеият ин аст, ки дар сиёсати Русия нисбат ба Афғонистон дар тӯли таърих ҳамеша ба қавми паштун, ба қавли онҳо «миллати давлатсоз», ки аксари аҳолии Афғонистонро гӯиё ташкил менамояд, асос ёфта аст. Баъд аз ба сари қудрат расидани Ҳабибуллоҳи Калаконӣ дар соли 1929 дар натиҷаи шӯриши деҳқонони шимоли Кобул резиденти вақти шуравӣ дар Кобул ба раҳбарони шӯравӣ тавсия дод то аз Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки намояндаи деҳқонони камбағал буд, пуштибонӣ шавад. Аммо боз ҳам қавмияти Хабибуллоҳи Калаконӣ монеъ шуд то Шуравӣ аз ӯ пуштибонӣ намояд. Дар ин замина баҳсҳои зиёде байни ОГПУ ва НКИД (Комиссариати халқии корҳои хориҷӣ) сурат гирифт, ки намояндагони дувумӣ Хабибуллоҳи Калакониро дар робита доштан бо англисҳо мутаҳам мекарданд. Гарчанде ҳеҷ далеле барои ин иддаоҳо надоштанд ва то имрӯз ҳам чунин шаҳодате вуҷуд надорад.
Георгий Агабеков, корманди собиқи ОГПУ, ки дар Афғонистон кор карда буд ва баъдан ба Ғарб фирор намуд, менависад: «Намояндагони мо (ОГПУ), бо такя ба фактҳо исбот менамуданд, ки Бачаи Сақо (Ҳабибуллоҳи Калаконӣ) аз табақаҳои поёнӣ баромада аст ва ба деҳқонон такя мекунад, манфиати онҳоро ҳимоя менамояд ва бовар мекунондем, ки бо дастгирии ӯ метавонем ба тадриҷ Афғонистонро «советӣ» намоем. Чунин фактҳоро меовардем, ки ҳукумати Бачаи Сақо пурра аз деҳқонони бесаводу камсавод, аммо касоне, ки ниёзмандиҳои аҳолиро медонистанд, иборат буд. Бачаи Сақо баъд аз соҳиб шудан ба қудрат тамоми қарзҳо аз андози деҳқононро аз солҳои гузашта бекор кард, ба мусодираи заминҳои помешикони калон ва тақсим намудани он ба деҳқонон оғоз намуд, тамоми хизматчиёни баландрутбаи куҳнаро бо хизматчиёни баромадашон аз мардум иваз намуд. Барои ҳамин дар байни мардум обрӯи калон дошт».
Георгий Агабеков, ба қавли худаш дар мулоқот бо ҷонишини НКИД Қараханов кӯшиши зиёд намуд то исбот намояд, ки Бачаи Сақо ҷосуси англисҳо нест, ин Нодирхон аст, ки англисҳо ӯро ба Ҳиндустон иҷозати рафтан додаанд то муборизаро барои сарнагун намудани Бачаи Сақо оғоз намояд. Аммо якбора Қараханов гуфт: медонед бо Нодирхон кор кардан, назар ба Бачаи Сақо беҳтар аст. Зеро Бачаи Сақо аз рӯйи миллат тоҷик аст ва табиатан дар Туркистон ҳамқабилаҳои худро дорад ва барои таҷовуз ба тарафи сарҳадҳои мо кӯшиш хоҳад кард. Дар ҳоле ки Нодирхон афғони тоза аст ва кӯшишҳои ӯ ба тарафи сарҳади Ҳиндустон равона хоҳанд шуд».
Ҳамин тавр, ба қавли Г.Агабеков Бюрои Сиёсӣ далелҳои Комиссариати халқии корҳои хориҷиро дуруст ҳисоб кард ва тасмим гирифт амир Амонуллоҳ - намояндаи помешикон ва хонҳоро ба муқобили (бачаи обкаш», пролетар - Бачаи Сақо дастгирӣ намояд.
Бешубҳа, дар тасмгириҳои шуравиҳо сиёсат ва амалкардҳои Ҳабибулоҳ низ таъсиргузор буданд. Ӯ ҳанӯз аз солҳои боғбониаш бо Сайид Олимхон шинос шуда буд ва дар бораи тасарруфи Бухоро аз тарафи болшевикҳо қиссаҳо шунида буд. Ба замми ин баъди ба қудрат расидан бо роҳбари дастаи босмачиёни Тоҷикистон Иброҳимбек дар Кобул мулоқот намуда буд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки чанд бор дар бораи озод намудани Бухорои Шариф аз чанги болшевикҳо изҳорот дода буд.
Ин буд, ки 15 апрели соли 1929 дастаи 2 ҳазорнафараи сарбозони сурх, зери фармондеҳии собиқ атташеи низомии Шуравӣ дар Кобул В. Примаков ( бо номи мустаори афсари туркӣ Роғиббой) ва афғонҳои фирорӣ бо саркардагии сафири Афғонистон дар Маскав Ғулом Набихони Чархӣ ва дастгирии 6 ҳавопаймо аз ноҳияи Тирмиз дарёро тавассути қаиқҳо гузашта, ба муқобили Афғонистон, бо мақсади сарнагун намудани ҳукумати Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ҳуҷум намуданд. Дастаи В. Примаков шаҳри Мазори Шариф ва Тошқурғонро зери назорати худ дароварда, ба тарафи Самангон ҳаракат намуд. Дар ҷангҳо бо муҷоҳиддини афғон ҳазорон нафар афғон кушта шуд. Ба қавли Халилуллоҳи Халилӣ ки худаш шоҳиди ин воқеаҳо будааст, «таҷовузгарон дар масири роҳи тангии Тошқурғон то Айбаку Работаки Самангон ҳар киро ки дар роҳ медиданд ҳадафи гулула қарор медоданд, ҳар ҷо ҷамъеро медиданд бо бордумони тайёра ва оташи туп маҳв мекарданд. Аз тангии Тошқурғон то Айбак ва Работак бештар аз 4 ҳазор шаҳид ба хоку хун ғалтида ва садҳо маҷруҳ зинда–зинда аз ташнагӣ ҷон дода буданд». Эҳтимол ин рақамҳо иғроқомез бошанд. Ба ҳар сурат, баъд аз хабари ҳуҷуми русҳо «Амонуллоҳ нахост бо ин амали нангин ва шармовар тоҷу тахти рафтаашро боз гардонад ва оворагиро дар диёри бегона бар подшоҳӣ тарҷеҳ дод».
Ба қавли мутахассисон дар тасмимгирии Амонуллохон мактуби Маҳмуди Тарзӣ, ки дар он, аз ҷумла ду мисраъ аз абёти Саъдии Шерозӣ оварда шуда буд, бисёр асаргузор будааст:
Ҳаққо, ки бо уқубати дузах баробар аст,
Рафтан ба поймардии ҳамсоя дар биҳишт.
Баъд аз Афғонистонро тарк намудани Амонуллоҳхон роҳбарияти Шӯравӣ таҷовузи худро бефоида хонда, сарбозонашро аз Афғонистон хориҷ намуд.
Дар моҳи сентябри соли 1929 ҳангоме ки ҳукумати Калаконӣ ба буҳрони амиқ дучор шуда буд, ҳуҷуми қушунҳои даҳҳазорнафарии Нодирхон оғоз шуд. 15 октябр ба қавли Мирғулом Муҳаммади Ғубор, «лашкари ҳашарӣ», иборат аз паштунҳои қавми вазирии он тарафи «хати Дюранд» ҳукумати Ҳабибулоҳхонро сарнагун намуданд. Калаконӣ ба тарафи Чорикор ва Ҷабалуссироҷ ақибнишинӣ кард. Нодирхон подшоҳи Афғонистон эълон шуд. Баъд аз ин Нодирхон аз тарси ҳуҷуми дубораи Ҳабибулоҳ бо миёнҷигарии рӯҳонии соҳибнуфуз Ҳазрати Шӯр Бозор дар 7 варақи “Қуръон” худаш ва бародаронаш, Ҳошимхон, Шоҳмаҳмуд, Шоҳвалӣ савганди худро навиштанд, ки Калаконӣ ва тарафдоронашро мавриди авф қарор медиҳад ва аз онҳо даъват кард, ки ба Кобул биёянд.
Калаконии зудбовар бо дидани савганди Нодирхон дар китоби муқаддаси “Қуръон” бовар кард ва Қуръонро бӯсид, онро ба рӯйю чашм молида ва силоҳро аз камарбандаш кушоду ба замин гузошта, якҷо бо ёрони наздикаш ба дарбори Нодирхон омад. Бо муҷарради расидан ба ҳузури Нодирхон муҳри подшоҳиро аз гардан гирифта назди Нодирхон гузошт ва гуфт: “Худоё ту гувоҳ бош, бо ҳама хатароте, ки аз чор тараф Афғонистонро таҳдид мекард, мани боғбонзодаи бесавод онро саломат ва бидуни каму кост ба ин Нодирхон таслим мекунам. Албатта иродаи Ту чунин рафта буд. Умедворам рӯзе салтанатро аз хонаводаи ӯ мегиранд онҳо низ ин амонатро бо ҳудуди комилаш, саломат ба фарзандони ватан месупоранд”. Виқор ва матонати Ҳабибулоҳ курсинишинони дарборро ба даҳшат андохта буд ва касе ҷуръати онро надошт, ки ба ӯ нигоҳ кунад. Ҳабибулоҳ сипас рӯ ба тарафи Нодир кард ва гуфт: “Зинҳор аз ин вазироне, ки даври ту ҳалқа бастаанд, бале -бале мегӯянд иҳтироз кун. Амонуллоҳхонро фиреб доданд, маро фирефтанд, туро низ фиреб хоҳанд дод”. Баъд рӯяшро ба сӯйи яке аз вазирони собиқ гардонд ва гуфт:”Магар чунин нест?”.
Суханони вай чунон таъсир карда буданд, ки он вазир беихтиёр ба по хоста, дастҳоро ба сина ниҳода, сарашро ба расми таъзим фуруд оварда, тасдиқ кард: “Бале қурбон , чунин аст”.
Њабибуллоҳхон ба Нодирхон хитоб карда гуфт: «Дар боби худам хоњише надорам, аммо дар боби рафиќњоям ќассоб нахоњї буд, ки бикўшї, бозаргон нестї, ки бифурушї! Шояд ба монанди љавонмардон ба паймони худ вафо кунї?» Аммо Нодирхон на љавонмардї дошт ва на ба паймонаш вафо кард.
Баъд аз як ҳафтаи дар маҳбас будан Ҳабибулоҳхон бо тамоми ёронаш тирборон шуданд ва ҷасадҳои онҳо дар майдон ба дор овехта шуда, чанд рӯз барои тарсонидани мардум онҷо боқӣ монданд.
Ҳамин тавр, ба қавли Мирғулом Муҳаммади Ғубор, «лашкари ҳашарӣ», иборат аз паштунҳои қавми вазирии он тарафи «хатти Дюранд» ҳукумати Ҳабибуллоҳро сарнагун ва минтақаҳои тоҷикнишини шимоли Кобул ғорат ва мардуми он қатли ом шуданд. “Муҳаммад Гулхони Муманд, ки дар ихтиёраш қувваҳои 25 ҳазорнафарии ҳашарӣ ва як фирқаи (дивизия)-и аскарии муназзам дошт,-менависад Муҳаммад Ғубор - дар Кописо ва Парвон даст ба чунон амалиёте зад, ки дар як кишвари фатҳшудаи хориҷӣ ҳам маҷоз нест”. Ба қавли профессори донишгоҳи Кобул Расул Раҳин, мумандиҳо ҳазорон асири тоҷики Кописо ва Парвонро, ки аз хонаҳояшон ҷамъ карда буданд ба номи «қавми шоҳ Ҳабибулоҳи Калаконӣ» ба зиндонҳои Кобул фиристода, дороиҳои онҳоро барои лашкариён мубоҳ эълон карданд. Гузашта аз ин, давлат барои ҳар сари буридаи тоҷик як ҳазор афғонӣ инъом эълон кард. Табиист, ки лашкариёни қавмӣ тоҷикро дигар асир намекарданд, зеро сари буридаи ӯ фоидаи зиёд меовард”.
Бешубҳа, Ҳабибулоҳхони Калаконӣ ҷавонмарди далеру шуҷоъ, ватандӯсти воқеӣ, адолатпеша, ки аз умқи тӯдаҳо зуҳур карда буд, барои аввалин бор як инқилоби мардумиро роҳбарӣ кард ва низоми истибдодии қабиласолориро сарнагун сохт. Аммо, аз як тараф, хушбоварии тоҷикӣ, аз тарафи дигар, таассуби қавмии паштунӣ, мудохилаи рӯйирости хориҷиён нагузоштанд, то аз самараи ин инқилоб ба нафъи мардуми ранҷдидаи ин кишвар истифода шавад.
Қосимшоҳ Искандаров, доктори
илмҳои таърих
صفحهها
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 5
- 6
- 7
- 8
- 9
- 10
- 11
- 12
- 13
- следующая ›
- последняя »