کتاب های تازه منتشر شده

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Бо гузашти наздик ду сол аз замони ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, натанҳо вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар ин кишвар ба эътидол омад, балки мавҷи амалҳои террористӣ рӯ ба зиёдшавӣ буда, фақру нодории мардуми осоишта ба ҳадди ниҳоӣ расид, ки онро коршиносони байналмилалӣ ба фоҷиаи инсонӣ баробар баҳогузорӣ мекунанд. Ин гурӯҳ ба сари қудрат омада, уҳдадориҳои худро дар роҳи ташкили ҳукумати фаромиллии иборат аз намояндагони ғайрипашту, аз ҷумла тоҷикон, натанҳо фаромуш кард, балки бо роҳи фишорҳои ғариинсонӣ ба занону духтарони ин мамлакат, дар пайи роҳандозии тартиботи ба ном шариатии асримиёнагии исломӣ мебошад.

Дар зимн, навиштаи Умед НАЗАРОВ, пажӯҳишгари масоили Афғонистон бознашр мегардад, ки бори дигар ишора ба ҳақиқати таърихӣ ва кӯшиши инкори воқеият аст, ки дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон на ҳамаи сокинони он, новобаста ба мансубияти миллӣ ва қавмӣ ҳаққи иштирок дар идоракунии давлатро доранд. Дар акси ҳол, суботи саросарӣ дар Афғонистон танҳо орузу хоҳад монд.

Пас аз он ки бар тахти шоҳӣ нишаст,
Шукӯҳи Хуросон биёмад ба даст.

Наҷиби Борвар

Тавре муаллиф иброз медорад, тоҷикони Хуросон ҳамчун миллати фарҳангсолор, соҳибихтиёр ва тамаддунофар дар имтидоди таърих ҳамеша саҳми басазои худро дар рушди тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, зербинои ҷомеа, иқтисод, тиҷорат, илм, фарҳанг, адабиёт, меъморӣ ва ҳунар гузоштаанд.

Онҳо хайри ҷамъӣ ва салоҳдиди умумимардумиро ба инобат гирифта, ҳама вақт барои ҳифзи тамомияти арзӣ, густариши адолат, нангу номуси мардум ва барқарории давлати марказӣ мубориза бурдаанд. Мурури кӯтоҳе ба таърихи Афғонистони муосир нишон медиҳад, ки фарҳанги тоҷик нуфузи «файзбор ва шарафосор»[1] дар ташаккули маданият ва зеҳнияти ҷомеаи кишвари ҳамсоя доштааст. Шаҳрҳои Ҳирот, Мазори Шариф, Кобул, Зобул, Самангон, Сиистон, Кандаҳор, Куҳандиж, Ҷавзгон, Ғур, Каписо, Парвон ва Ғазнӣ, водиҳои тамаддунофар, аз қабили дараи Каён, дараи Панҷшер, дараи Сӯф, дараи Шимолӣ, дараи Соланг, дараи Хинҷону Андароб, дараи Ғур, Чордара, дараи Толаву Барфак, Ҷувайдара, дараи Роғистон, дараи Асмор ва ғайрае, ки ҳамчун маркази тамаддуни мардуми бумӣ қадр афрохтаанд ва дар он ҷо ҳувият ва фарҳанги миллӣ шакл гирифтааст, ба таври дастаҷамъӣ то аввали асри 20-ум макони зисти тоҷикон будааст.

Як назари иҷмолӣ ба ин шаҳрҳо ҳақиқатеро бармало месозад, ки дар Афғонистон кӣ аксарият аст ва кӣ ақаллият? «Офтобро бо доман пӯшонидан намешавад», ки дар шаҳрҳо аксари мардум зиндагӣ мекунад ва таҷамуи муассисаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва муҳити созгори илмӣ-фарҳангӣ сокинони деҳотро дар ҳар кишвари дилхоҳ ба шаҳр ҷалб мекунад ва онҳо бо сарозер шудан ба ин марказҳо фарҳанги шаҳрнишиниро имтиҳон мекунанд.

Элфингстон, сайёҳ ва низомии англис, вақте ки дар аввали асри 19 ба вилояти Нангарҳор, ки ҳоло хилофи адолати таърихӣ паштуннишин ҳисобида мешавад, меояд, эътироф мекунад, ки аз 11 ноҳияи ин вилоят дар 9-тои он тоҷикон сукунат доранд.

Тамоми тадқиқоти таърихие, ки аз тарафи пажӯҳишгарони рус ва аврупоӣ то ҳол анҷом дода шудааст, бо такя ба далелҳои қавӣ, ковишҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, ки дар натиҷаи омӯзиши ҷиддии илмӣ ба даст омадаанд, бар онанд, ки фарҳанги тоҷикон на танҳо дар таъсирпазирии халқу мардуми Афғонистон, балки дар пайдоиши халқҳои нав, ки забон ва фарҳанги тоҷиконро эътироф ва пурра пазируфта, дар он марҳилаи тамаддуниро гузаштаанд, саҳмгузор аст. Чунончи, ба ин қишри мардум – ҳазораҳо, паштунҳои даризабон шомил мешаванд, ки бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва фарҳанги мардуми таҳҷоиро ҷузъи ҳувияти худ мепиндоранд.

Тоҷикон давлатҳои мустақил ва империяи комилҳуқуқ дар ҳудуди Афғонистони имрӯза доштанд, ки империяи Кӯшониён аз ҷумлаи онҳо мебошад.

То соли 90-уми асри гузашта, чунин пиндошта мешуд, ки кӯшониён кӯчманчӣ будаанд, вале катибаи Работак, ки ба дасти Канишка – шоҳи кӯшонӣ навишта шудааст ва шарҳи ҳоли ӯро дарбар мегирад, як инқилоби илмӣ дар бораи пайдоиши ин сулола зам намуд. Шоҳ Канишка дар катибаи Работак, ки дар чанд километрии пойтахти вилояти Самангон – Айбек ва сарҳади вилояти Бағлон ёфта шудааст, аз шаҷараи авлодии худ сухан кушода, иқрор мешавад, ки аз ирқи ориёӣ мебошад.

Ин ҳақиқати бебаҳс ва дар тӯли таърих шаклёфта аз ҷониби ягон гурӯҳ ва ҳукумате то ҳоло сарфи назар нашудааст. Ҳарчанд ки ҳокимони сулолаҳои вақт меомаданду мерафтанд, бо мурури замон зери таъсири фарҳанги шахсиятсозии ориёӣ қарор мегирифтанд ва марҳилаи полоиши тамаддуниро тай менамуданд. Аз сӯи дигар, ин тағйироти ҳувиятӣ бистари таърихӣ ва омили айнӣ ҳам дар пай дошт, зеро қабилаҳои ҷанубӣ аз шимолу шарқи Ҳинд дар асри 14 ба Хуросон омаданро оғоз карданд ва ин раванди муҳоҷирати иҷборӣ, ки таҳлилу таҷзияи он аз мавзўъ берун аст, то ҳоло идома дорад.

Агар ба таърихи ин кишвар бингарем, аён мегардад, ки тасаллути пурраи забони тоҷикии дарӣ нишонаи доноиву ҳушёрӣ, бофарҳангиву пешравӣ дар пешбурди равандҳои иҷтимоӣ арзёбӣ мегардид. Аз ин рӯ, нухбагон ва ашрофзодагони аҳли қабила аз ғановатмандии ин забони оламшумул, ки иқтидори сарбории маънавии ҳазорсоларо дошт ва аз Чин то сарҳади Аврупо тавсеа ёфта буд, дар муҳити хонавода ва долонҳои дарбор истифода мебурданд. Табиист, ки олудагиҳои зеҳнияти қабилавиро бо насими фарҳанги созанда ва дунявимадор аз вуҷудашон зудуда менамуданд. Ҳарчанд дар мақтаи замонӣ ҷангро худ баранда буданд (ҷанги дуюми афғону англис) ба худ саволҳое мармуз мегузоштанд, ба соҳибватанӣ будан ва рисолати раҳбарии худ шакку шубҳа мекарданд:

Мекунам девонагӣ то бар сарам ғавғо шавад,
Сикка бар зар мезанам, то соҳибаш пайдо шавад.[2]

Агар ба қазияҳои на он қадар дури солҳои 2000-ум таваҷҷуҳ намоем, ҳамин тарзи иштибоҳи таърихӣ бо каме тағйирот дар Кобул боз такрор гашт. Раиси ҷумҳури тамомъиёр ва комилҳуқуқи Афғонистонро «Ҷабҳаи муқовимат» соли 2001 напазируфт, бо муомилаи шубҳанок ҳукуматро ба нафаре ҳавола карданд, ки аслан дар байни мардум ва миёни саҳнаи сиёсии кишвар шинохте надошт. Натиҷаи ин муомилот бар зарари манофеи миллӣ буд.

Сайри такомули таърихӣ бар ковиши мақому мартабаи Ҳабибуллои Калаконӣ нишон медиҳад, ки ҳукумати қабиласолори амонӣ дар 16-уми январи соли 1929 (суқут 13 октябри 1929) аз дасти ӯ ва ёрони вафодораш ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Тилисми шикастнопазири истибдоди анқариб дусад соларо ба боди фано рӯ ба рӯ кард.

Таърихнигории афғонӣ, ки бар усули паштунмеҳварӣ то солҳои 90-уми асри гузашта побарҷо буд, аз шахсияти Ҳабибуллои Калаконӣ як шахси «иртиҷоӣ» ва «қафомонда» чеҳрасозӣ кардаанд (хусусан китоби тафриқаандоз ва шовинистии «Сақавии дуввум» Афғони Самсур). Чунончи муаллифи китоби «Афғонистон дар масири таърих» М.Ғубор бо як хашми рӯшод ва орӣ аз ҳақиқати таърихӣ овардааст: «Ҳабибуллои Калаконӣ машҳур ба «Бачаи Сақав» аз шоҳони муртаҷеъ ва бесавод буд, ки тибқи тавтиаи англисҳо алайҳи шоҳи мутараққӣ ва ватандӯст, ғозӣ Амонуллохон даст ба шӯриш зад ва дар 20 ҷиддии 1307 бо ҳамкории руҳониёни аҷир ва фурӯхташуда ба дурахшонтарин даврони таърихи мо поён дода, ба қудрат расид».[3]

Ин таърихшиносон, ки имтиёзхӯрони сулолаҳои дурронӣ будаанд, дар мавқеъгирии ғайрилмӣ ва дур аз ҳақиқати худ танҳо бар маҳкумияти бечунучарои Ҳабибулло Калаконӣ ва пешдовариҳои козибона такя кардаанд, ки ба ақидаи коршиносони муосир хилофи тарзу усулҳои мунсифона ва одилонаи таърихнигорӣ мебошад. Ҳатто падари шеъри дарӣ Халилуллои Халилӣ дар маҷмуъ асари хубе, ки тобиши достонӣ дорад бо номи «Айёре аз Хуросон» навиштааст, вале дар баъзе бахшҳо ишораҳои нораво ва пойбанди тасвири калишавии шахсияти Ҳабибуллои Калаконӣ (камбағали бараҳнопойи бесавод, кӯҳпаймои боғбони ангурфурӯш ва ғ.) будааст.

Ривояти дигаре дар зеҳни таърихшиносони ростин нисбат ба Ҳабибуллои Калаконӣ аст, ки аз мактаби олими тавоно Ҳақназар Назаров маншаъ мегирад. Ин тасвир бар пояи адолати таърихӣ ва бозгӯйи ҳақиқат аст. Бар асоси ин фарзия, Ҳабибуллои Калаконӣ сарвари шӯриши деҳқонӣ мебошад ва пӯшиши мазҳабӣ ба фаъолияти ӯ додан аз рӯйи методи муқоисавӣ, вазъи геополитикии он замон ва шароити конкретӣ – таърихӣ раво нест. Сараввал, ӯ пуштивона ва собиқаи динӣ надошт, мадрасаи динӣ хатм накарда буд, ба ҳеч ваҷҳ тафаккури динмеҳвар ва ба доираҳои руҳонияти расмӣ ва ғайрирасмӣ ворид набуд. Як низомии ҷасур, корманди миёнаомори давлатӣ ва давлатмадор буд, ки беадолатиҳои хонҳои борикзайӣ ӯро водор кард, ки силоҳ ба даст бигирад. Дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок меварзид, баръакс дар дастгир кардани дузду роҳзанҳо иштироки фаъол дошт. Аз ҳама муҳим манфиати миллии худро дар қиболи ҳуҷумҳои қабиласолорӣ дарк мекард ва дар ин росто аз ҳунари басиҷ ва муттаҳид кардани мардум бархӯрдор буд.

Муаррих Ҳ.Назаров бо такя ба рӯзномаву маводи ғании таърихии он вақт менигорад, ки вақте ки Ҳабибулло Калаконӣ бо деҳқонҳои худ вориди Кобул гашт, мисли қабилаҳои вазириву масъудӣ, ки бо амри Нодирхон дар моҳи октябри соли 1929 амал мекарданд, ҷиноят содир накард. Қабилаҳои ҷанубӣ на танҳо хонаву дар ва ҳатто ҳарами худи Нодирхон, балки сафоратхонаҳои хориҷиро талаву тороҷ карданд, сафири Туркияи он вақт ба ивази ришва ҷон ба саломат бурд.

Дар китоби «Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон» Ҳ.Назаров нусхаи яке аз фармонҳои амири Ҳабибуллои Калаконӣ дар бораи ривоҷи илму адаб ва забономӯзӣ омадааст, ки аз он далолат мекунад, ки ӯ ба рушди маориф бетараф набуд.[4]

Дигар далели росих ва муътамади шахсияти одил, бофарҳанг ва давлатмадор будани подшоҳ Ҳабибуллои Калаконӣ, муносибати ӯ ба масоили занон буд. Маводи мадракии таърихӣ далолат аз он мекунанд, ки дидгоҳи ӯ назари танги мафкураи ифротӣ нисбат ба зан набуд, ҳамсари ӯ Бибӣ Сарварии Сангарӣ, Малика Сангарӣ бинти Муҳаммад Ҳайдар, маликаи Афғонистон дар тамоми сангарҳои набард бо шавҳараш дасту панҷа нарм мекард ва аз ин лиҳоз, тахаллуси «Сангарӣ» гирифта буд.

Сониан, шоири даризабони умедбахш Наҷиби Борвар бар нуктаи дигар таъкид меварзад ва менигорад, ки «расму суннати он рӯзгор чунин буд, ки агар касе ба ростӣ ва дурустӣ сифоти айёрӣ надошт, ӯро айёр лақаб намонданд. Мегӯянд вақте ки қудратро ба даст овард, хоҳарони Амонуллохон дар Арк ба дасти ӯ афтоданд. Дар ҳоле ки Амонуллохон аз ҷониби Қандаҳор дубора дар талоши сарнагунии Калаконӣ буд, ӯ хоҳарон ва хонаводаи Амоннуллоро вориди масоили сиёсӣ накард. Яке аз наздикони Амонуллоро талбид ва навомиси душманашро бо иззат ба онон таслим кард, аз ин рӯ буд, ки айёр лақаб гирифт.

Ба гуфте:

Ба номуси душман нигоҳе накард,
Бо қомуси мардӣ гуноҳе накард.

Аммо бубинед Нодирхон (бо лақаби ғаддор) бо Бибӣ Сангарӣ ҳамсари Ҳабибуллои Калаконӣ чӣ кард? Ӯро бо ду духтараш ва писараш Асадулло ба 20 сол зиндони Деҳмазанг маҳкум кард, писарашро дар зиндон масмум намуд. Ба ин иктифо накарда, ӯро ба Балх таъбид намуд. Муаллифи ин сатрҳо соли 2004 дар Мазори Шариф таҳқиқот дар ин маврид бурд ва маълум гашт, ки баъд аз таъбид дар маҳаллаи арабнишини шаҳри Мазори Шариф паноҳ бурд ва бинобар меҳри мардумие ки ҳамсараш ва худаш дошт, то охири умр дар ин ҷо паноҳгоҳи амн ёфт. Худ қазоват кунед, кӣ бо ҷаҳлу таассуб ҳукуматронӣ мекард ва кӣ бо мутакко бар ақли солим ва оянданигарӣ?

Ба ақидаи афғонистоншиноси шинохтаи тоҷик Қосимшо Искандаров, қиёми Ҳабибуллои Калаконӣ муқаддима ва пешшарт дошт, ки зулму ситами зиёд ва қатли оми мардуми шимол, хусусан тоҷику ҳазора дар пай дошт ва ин як навъ вокуниши умумимиллӣ буд дар сатҳи Афғонистони вақт: “Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар ҳудуди 100 ҳазор хонаводаи паштун аз ҷануб ва шарқи Афғонистон ба шимол муҳоҷир карда шуданд. Бо ин роҳ амирон мехостанд дар шимол такягоҳи иҷтимоӣ дошта бошанд. Ин дар ҳоле буд, ки ба қавли муаррихин дар ин минтақаҳо заминҳои бесоҳиб набуданд ва ноқилин заминҳои мардуми маҳаллӣ, яъне тоҷикону узбекҳоро тасарруф менамуданд.

Дар давраи подшоҳии Амонуллохон (1919-1929) “Низомномаи ноқилин” қабул шуд, ки мувофиқи он ҳукуматҳои маҳаллӣ дар шимол уҳдадор шуданд ҳазорон нафар аз ноқилинро пазируфта, онҳоро бо заминҳои обӣ таъмин намоянд. Давлат ба ноқилин имтиёзҳои дигари зиёдро пешбинӣ намуд, аз ҷумла барои 12 сол аз пардохти андоз озод карда шуданд. Аз ҳамон давра дар минтақаи васеи шимол, аз Ҳирот то Бадахшон минтаќаҳои паштуннишин, ба истилоҳ “анклавҳо” ба вуҷуд омаданд, ки имрўз, мутаассифона ин “анклавҳои” паштуннишин хоса дар вилоятҳои шимолӣ: Форёб, Сари пул, Ҷузҷон, Бағлон ва Қундуз ба пойгоҳҳои аслии толибон ва террористон мубаддал шудаанд.

Ин шўриш ҳеҷ омили қавмӣ надошт ва тоҷикони дастаҳои Ҳабибулло бо кумаки қабилаҳои паштун тавонистанд Амонуллохонро сарнагун намоянд. Аммо баъзе аз раҳбарони паштун, ба хусус Муҳаммад Нодирхон паштунҳоро бо таблиғоти васеъ, ки гўё саркардаи онҳо як «тоҷики пойлуч» ва «бенасаб» бо номи Бачаи Сақав (онҳо Ҳабибуллоҳро таҳқиромез Бачаи Сақав, яъне бачаи обкаш ва ҳукуматашро Сақавӣ номиданд), тахти подшоҳии афғонҳоро ба даст гирифтааст, ба муқобили Ҳукумати Ҳабибуллоҳ таҳрик намуданд.[5]

Зимни таҳқиқот як падидаи умумӣ ва маълум ки таҳти фишор такрор ба такрор дар китобҳои таърихнигорони Афғонистон омадааст, бармало гашт – ин маълумоти шарҳиҳолии Ҳабибуллои Калаконӣ аст, ки дар асарҳои “Афғонистон дар масири таърих”, “Афғонистон дар панҷи қарни ахир”, “Афғонистон дар аҳди амония” (Вокунишҳои мазҳабӣ ва таҳаввулоти иҷтимоии замони салтанати Амонуллохон (1919-1929)-и Сензил Навид” омадааст. Чунин тасаввур мешавад, ки ҳама ба умқи масъала ворид нагардида, як ибораву ҷумлаҳои монандро зери фишори таблиғоти густурда дар китобҳо коридаанд.

Омили дуввум, ки аз пажӯҳиш маълум мегардад, ҳукуматдорони вақти Афғонистон дар лаҳзаҳои буҳронӣ истифода аз иқтидори ҷангии қабилаҳои ҷанубиро аз Ҳинди Бритониявӣ маҳаки асосӣ ва нуқтаи такягоҳии муборизаи худ медонистанд. Дар китоби Сензил Навид 3 номаи Амонуллохон ва Нодирхон ба қавмҳои танай, ҷоҷӣ ва бошандагони вилоятҳои ҷанубӣ зикр шудааст, ки порае аз номаи Амонулло ба қабилаҳои ҷанубиро мехонам: “Ҳамоно мардуми Қандаҳор назди ман омаданд ва гуфтанд, эҳсоси ватандӯстӣ, ғайрат ва афғонияти онҳо абадан ба эшон иҷоза намедиҳад, ки ба идора касе монанди Бачаи Сақо ки умрашро ба таҷовуз ба мол ва дороии мардум ба сифати як қотил сипарӣ кардааст, ва ё касе ки ҳатто афғон (паштун) нест мувофиқат кунанд”.

Тақдири Спитамен, Абӯмуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Синдбоди Муғ, Темурмалик, Восеъ бо Ҳабибуллои Калаконӣ ба таври аҷиб ба ҳам гиреҳ мехӯрад, аз саҳифаҳои дурахшони мубориза ва ҷонбозиҳои миллати мо мебошанд. Ҳар яке бар ҳар шаклу воситаи шинохти вазъият барои таъсиси як ҳукумати миллии тоҷикмеҳвар дар Хуросон, Мовароуннаҳр ва вилоятҳои умумии тоҷикзабонон саъю талоши беандоза карданд. Хосатан аз нигоҳи замонӣ ва шарту шароит шӯриши Восеъ ва Ҳабибулло Калаконӣ решапайвандҳое пайдо кардан мумкин аст, ки таҳқиқоти густурдаро тақозо мекунад. Ба якчанд тои онҳо ишора мекунем: 1) Дарки манфиатҳои миллӣ ва дар зери парчами он муттаҳид кардани мардум; 2) Эҳёи шуури миллӣ ба кӯтоҳмуддат дар хиттаҳои Бохтари қадим; 3) Таъсис додани давлати мардумӣ бар пояи дарки иқтидори худӣ; 4) Деҳқонҳо ҳамчун қувваи пешоҳанги мубориза, агар вожаи «деҳқон», «деҳгон» мутародифи калимаи «тоҷик» будааст, пас ин бардошти таърихӣ дар рафтори ин ду қаҳрамон унсури ҳамагонӣ доштааст; 5) Ҳаммонанд будани баромади иҷтимоии қаҳрамонҳо; 6) Ҷасорати истисноии миллӣ; 7) Айёрӣ ва ҷавонмардӣ ва ғ. Яке аз омилҳои сар задани қиёми Ҳабибуллои Калаконӣ боло бурдани молиёт ва андози камаршикан буд, ки дар шӯриши Восеъ ҳам ин омил ба шиддат ба назар мерасад.

Подшоҳи Афғонистон Ҳабибулло Калаконӣ, айёре аз Хуросон, ҷавонмарде, ки футуватро парчами худ дониста ва шинохта буд. Ба гуфти нависандаи тоҷик М.Шукурзода ҷавонмардӣ ва таъбири дигаре аз ин вожа, айёр дорои се сифати аслист:

  1. Сахо, яъне саховат дар андешаи айёрон ва ҷавонмардон ба ин маънист, ки инсон аз молу маноли рӯзгор он чӣ ба даст оварад, бояд дар роҳи осоиши халқ сарф кунад.
  2. Сафо: ин сулук ҷавонмардро водор ба покизагии ботин менамояд: яъне инсони ворастаро зарур аст, қалби хешро аз ҳирс ва кина тоза ва тамиз нигоҳ дорад, ва дар ин ҷода базлу бахшоиш низ сафои ботин маҳсуб мешавад.
  3. Ва ниҳоят: Вафо: тибқи ин ойин айёр бояд барои дӯсти ҳақиқӣ ва ҳатто маҷозӣ ҳатто ҷонфидо бошад, аз худ бигзарад ва дар масири дӯстӣ аз марг наяндешад, ба фармуди орифе порсигӯй:

Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест,
Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст.

Тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд ва тамаддунофар ба қавли Ҳофизи бузург чун «булбул ба шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ, мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ» рисолати инсонсозӣ, равшанфикрӣ ва талқини ҷавҳари биниши илмандӯзиро ба дигарон манзур медоштанд, то ки ҷаҳли мураккаби афкорӣ ва таассуби камёфти рафторӣ дар ҷомеа бар ақлҳо мусалат нагардад.

Ба ғановатмандии нодири фарҳангӣ ва забонӣ ҳам иқрор буданд ва дар имтидоди таърих ба забони ҳол нухбагони паштутабор ҳам, ки дағдағаи давлатдорӣ доранд, бо ду дасти адаб эътироф кардаанд. Чунончи Маҳмуди Тарзӣ, андешапардози миллатгароии афғонӣ бар он аст, ки: «зотан мардуми афғон чун умуман ба кори аскарӣ ва футуҳоти билоду ҳарбу зарб гирифтор буданд, ба корҳои мирзоӣ ва таҳрироти ҳукуматӣ вақт ва фурсат надоштанд ва ҳатто ин корҳоро ор мешумориданд. Китобҳои таҳсили иму адабиёт ҳама ба забони форсӣ ва ё арабӣ буданд. Забони афғонӣ (хонда шавад пашту – Н.У.) ба дараҷаи кифоят аз ин чизҳо саросар маҳрум монда буд»[6]. Амирони шинохтаи пашту на танҳо донандаи забони дарӣ, балки ба ин забон васвасаи ҳунари шоирӣ доштанд ва девон ҳам таълиф кардаанд.

Муаллифи мақолаи «Зеҳнияти хатарзои толибонӣ ва муомилаи шубҳаноки абарқудратҳо» муътақид аст, ки «нигоҳи толибон ба зиндагӣ нигоҳи қафомондаи асримиёнагист, онҳо талош мекунанд, дар қолаби шариати ғуррои вопасгаро дар қарни иттилоотии 21 пешдоварӣ намоянд, ҳама масъалаҳои дар тӯли 1400 сол пеш ба вуҷудомадаро саҳлу осон пиндоранд. Ин як сароби фиребандаест, ки мардумро гӯлу гумроҳ мекунад. Дар барномаи толибон вуҷуди зан ҳамчун мавҷуди нолозим матраҳ гаштааст. Ба мудирияти ин ҷангандаҳои толиби ҳирсу молу ҷон менигаред, аслан мардум дар он ҷое надорад».

Шоир Муҳиби Бориш дар баҳси он ки сарзамини Афғонистонро набояд танҳо як қавм, яъне паштунҳо ҳукуматдорӣ кунанд, чунин хитоб карда:

Қабила чӣ бошад, ки шоҳӣ кунад,
Ба қудрат чу ояд, табоҳӣ кунад…[7]

Ҳабибуллои Калаконӣ ба шинохти комили худшиносии миллӣ расида буд, ки шоир Н.Борвар ба он ишора дорад:

Пас аз ҳафт қарну пас аз солҳо,
Шикастанд занҷиру ишғолҳо.

Тоҷикони Афғонистон фурсати барои ҳадафҳои дигарон мубориза бурданро надоранд. Роҳи асосӣ ва меҳварии онҳо дар ояндаи наздик басиҷ сохтани тамоми мардум бар зидди таҳдиду хатарҳои тамаддунӣ мебошад. Муттаҳид шудан дар атрофи раҳбарони асил, ки дар байни аҳолӣ обрӯву эътибор доранд, боло бурдани худшиносии миллӣ ва тарҳрезии барномаи дарозмуддат барои эҳёи нуфузу мақоми шоистаи тоҷикон метавонад роҳи ҳалли қазияи Афғонистон ва сарнавишти ояндаи минтақаро рақам бизанад.

Таърих амалан такрор намешавад, вале чи тавре ки олими рус Ключевский В.О. гуфтааст: «Таърих мураббӣ нест, маҳкумкунанда аст, он тарбия намекунад, ҷазо медиҳад» (История не учитель, а надзирательница, она не воспитывает, а только наказывает).[9]

Ҳамин тариқ, бо боварии комил гуфтан лозим аст, ки дурнамои давлатсозии тоҷикон ба оянда раҳнамун сохта шуда, бо такя ба асолати миллӣ ва қудрати худӣ рушду нумуъ хоҳад кард. Тамаддуни шуҳратёри тоҷик ва форсизабонон тавъам бо тафаккури миллӣ мавқеи хос дорад, яксубин ва таблиғгари масири созандаи ҷаҳонбинии илмӣ ва худшиносии миллӣ буда, барои созу барги давлати ояндаи пасотолибӣ ва тарбияи инсони ормонӣ дар Хуросони таърихӣ ва Афғонистон кунунӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар фарҷоми таҳлилномаи имрӯза ба натиҷае мерасем, ки фарҳанги тоҷик ҷузъи тафаккури мардуми Афғонистон гаштааст, ки нишонаҳои он дар аъмоли завқӣ, рафторӣ, санъат, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, наққошӣ, ҳунар, умури давлатдорӣ ва ҳувиятӣ дида мешавад. Касе ки китоби нависандаи турк Орхан Памук «Номи ман сурх»-ро мутолиа кардааст, медонад, ки он дар зери таъсири мактаби минатюраи рассомони Ҳирот, аз ҷумла Камолиддин Беҳзод эҷод шудааст, ки бори дигар гуфтаҳои моро дар ин робита тасдиқ менамояд.

Аз ин рӯ, бояд бознигарии илмии омӯзиши шахсият ва мақоми Ҳабибуллои Калаконӣ дар таърихи минтақа роҳандозӣ карда шавад;

Шароити шикасти асорати 180 солаи зеҳнияти қабилавӣ аз ҷониби ӯ олимона бар усули ҳакиқати таърихӣ пайгирӣ карда шавад;

Барчаспҳои норавои «бачаи Сақо» ва дигар лақабҳои дар матбуот ва пажӯҳишҳои илмӣ ба Ҳабибуллои Калаконӣ додаанд, ҳазф гардад;

Китобҳои «Сақавии дуввум» ва амсоли он ҳамчун хилофи асолати илмӣ ва тафриқаандозӣ маҳкум карда шаванд;

Китоби Латиф Каримӣ «Яғмои мангалии дуюм» ба хатти кириллӣ баргардон карда шавад;

Бар низоми мардумсолорӣ, айёрӣ ва ҷавонмардӣ дар пешбурди ҳукуматдорӣ ҳамчун унсури қудрати худии Ҳабибуллои Калаконӣ бо такя бар пойгоҳи қавии илмӣ-пажӯҳишии мактаби афғонистоншиносии тоҷик ва бар усули бетарафии муарриху таърихнигорӣ таъкид карда шавад.

Умед НАЗАРОВ,
пажӯҳишгари масоили Афғонистон

 

      Тавре аз расонаҳо иттилоъ дорем, сар аз 1-уми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардид, ки он бо тантана ҷараён дорад. Дар умум, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

    Хидмат ба Модар – Ватан ҳам шурӯъ шуд. Ҷавонони бо ғайрату шуҷоъ бидуни ягон мушкилоте ба сафи артиш мепайванданд. Мо ҳам аз шуҷоъату мардонагии ҷавонони ватанӣ умеди бисёр ҳам дорем. Чун сарҳад ором аст, мудом мо ҳам ором мехобем, меравем, сайру гашт мекунем. Нимашабӣ ҳар самте хоҳем равуо менамоем. Чун амнияту субот дар кишвари мо вуҷуд дорад ва мо ҳам мебинем, мутмаин ҳастем, ки ҷавонони бо нангу номуси мо қудрати ҷавонии худро истифода карда, Ватани азизамонро бо ҷону дил ҳимоят мекунанд.

     Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар - Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронии худ қайд карда буданд, “Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам. Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд”.

      Тавре мушоҳида мекунем, иддае аз ҷавонон ба хоҳиши худ, бо машварати дӯстону наздикон ва бо тавсияи бузургон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд. Вале як нукта мавриди нигаронӣ қарор дорад, ки бархе аз ҷавонон мутаассифона ба ҳар баҳонаҳо аз хизмат даст мекашанд...

     Дар ҳоле ки хизмат ба Ватан на танҳо қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бо нангу тоҷик аст, балки он нангу номус аст...

       Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ шоири ширинбаёни мо ҳам дар ин бора ишораи хубе кардааст:

            Пушти по зан тахти Кайковусро,

            Сар бидеҳ, аз даст мадеҳ номусро

“Ба доно як ишора” гуфтаанд ва бояд ба наврасон дуруст фаҳмонид, ки хизмат ба артиш аслан тарбия аст. Омӯзиши сабр аст. Чун инсон аз замони наврасӣ эҳтиёҷ ба тарбия дорад. Аз ҷумлаи беҳтарин маконҳо барои тарбияи наврасон ин пайвастан ё хидмат кардан дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвари азиз мо аст. Чун дар артиш ба инсон, аниқтар ба наврасон замми сабру таҳаммул, ҷавонмардию вафодорӣ ва хирадмадӣ меомӯзанд. Қавиирода будану дӯстдори ёру диёр будан меомӯзанд. Касбу ҳанару дигару дигар.

      Оё наврасон медонанд, ки масалан вафодорӣ чист? Вафодор будан ба чӣ маъност? Бояд фаҳмид, ки  вафодор будан, яъне фидокорӣ, субот, садоқат аст. Вафодорӣ ба ормонҳои миллӣ, вафодорӣ ба азизону гузаштагон. Садоқат ба худу дигарон. Ҷойгоҳи вижае дар зиндагии як фард тавассути фидокорӣ ба Ватан дошта бошад, ки ба таври ҷудонопазирӣ бо ишқу муҳаббат ва тавоноиву муҳофизат аз Ӯ, ҳатто ҷон фидо кардан дар роҳи Мейҳан пайвандӣ дорад.

     Дар сафи артиш барои наврасони мо муқаддас будани Ватанро меомӯзанд. Вақте мо калимаи Ватанро ба забон меорем, Модар пеши назар меояд, зеро агар модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда бошад, Ватан моро парваридааст. Ватан ба сари мо дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғуш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳову беҳамтост. Гузашта аз ин, дӯстдории Ватан аз имон аст!

     Бояд гуфт, ки моҳияти мавзӯи ватандӯстӣ дар ҳама давру замон мавзӯи калидии ватандорон буду ҳаст, чун бидуни Ватан башарият оромиш надорад. Бе Ватан тоифае сарсону саргардонанд. Масалан  курдҳоро гирем, ки имрӯз  шумораи онҳо  беш  аз 80 миллионро ташкил  медиҳанд. Бо вуҷуди ин, онҳо соҳиби давлати  мустақил нестанд. Аз ин лиҳоз, бо миқдори ками аҳолӣ соҳиби давлати алоҳида будани тоҷикон, як саодати бузург аст. Дар бораи нооромиҳои мардуми афғону дигар кишварҳои Шарқ ҷойи ёдоварӣ ҳам нест, чаро ки ҳамарӯза аз тариқи расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ наворҳои даҳшатафкану харобиовар паҳн мешаванд.

        Як андешаи ғалат дар зеҳни мардум ҷой гирифтааст, ки шароити хуб аз қабили хӯрокаву пӯшока ва дигар шароити маишӣ надоранд. Дар ҳоле ки ин андешаҳо чанд сол боз аз мадди назар дур рафтааст. На танҳо мушкилоти хӯрду хӯрок ва пӯшока аз байн рафтааст, балки рӯ ба таҷҳизоти комилан нави замонавӣ овардаанд.

      Танҳо ақидаи дуруст метавонад андешаи ҷавононро дуруст кунад. Аз овони мактабхонӣ наврас бояд нисбати Қувваҳои мусаллаҳ маълумоти дақиқ дошта бошад. Дар дарсҳои фаҳмондадиҳӣ нуктаҳои ҳифзи марзу бум, ватандӯстдорӣ ба наврасон гуфта шавад. Ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан бояд омода кард. Ҷавонони моро мебояд бо як эҳсоси баланди ватандорӣ ба хизмати Ватан омода бошанд.

       Тавре мебинем ва масъулин ҳам арз медоранд, ки тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ ба хусус, ҷавонон афзун гашта, онҳо мисли солҳои пешин барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Омилҳои пеш аз муҳлат анҷом додани нақшаи даъват дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат, агар аз як тараф, ин ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Артиши миллӣ вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар, ин ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ низ ба он мусоидат намудааст. Зеро, дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулин ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зичро ташкилу ба роҳ мемонад, дар чунин минтақаҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, монеаву мушкилот кам ба назар мерасад. Илова бар ин, дар даврони истиқлоли давлатӣ хушбахтона, дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми шароитҳои хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандон имкон доранд, ки дар фазои сулҳу суботи кишвар ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намоянд.

            Умед Пудинаев, ходими илмии

Шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ ва

омӯзиши тамаддуни Шарқи

Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ

ФАЙЗУ ФАЗИЛАТҲОИ НАВРӮЗ

   «Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур ба мо омада расидааст».

 

Эмомалӣ Раҳмон

     Наврӯз ҷашни мардумии ориётаборон буда, ин иди хуҷаста аз даврони Одам то ин дам ба мо мерос мондаасту банӣ-Башар онро ҳамасола пешвоз мегиранд, арҷ мегузоранд ва тантана мекунанд. Бале, Наврӯз ҷашни миллию ҳамбастагии қавму қабоили ҳавзаи тамаддуни ориёист, ки вижагиҳое дораду он пушти ба пушт омада файзу фазилатҳои ба худ хосро дорост ва  бо гузашти солҳову асрҳо сайқал ёфтаю ба шарофати одамон пурфайзтар гардидааст. Ин ба он маъност, ки сараввал Наврӯз оғози бедории табиату навбаҳори файзбахш аст, зеро ба таъбири марди деҳқон як рӯзи баҳорро самаранок истифода намудани он борҳои тирамоҳу дайро пур намудан аст. Дигар ин ки Наврӯз идомаи пайвастаи ҳаёт, ҳам дар табиат ва ҳам дар ҷамъият, аст. Зиёда аз ин, Наврӯз барои ориётаборон ва зистмандони манотиқи Ориёӣ ба ҳайси як ҷашни мардумӣ ва миллӣ шуҳрати оламгир дорад, ки ҳоҷат ба шарҳу тафсир нест.

      Роҷеъ ба пайдоиш, ба ҳукми анъана даромадани ҷашни Наврӯз чи дар ривоятҳои мардумӣ, чи рисолаҳои ба ин ҷашн нигошта ва чи дар бозёфтҳои бостоншиносӣ андешаҳои гуногуне ҷой дода шуда бошанд ҳам, асосан бунёди таҷлили Наврӯзро ба замони подшоҳии Ҷамшед – шоҳи пешдодӣ нисбат додаанд ва Ҷамшед худ аз машҳуртарин шахсиятҳои ривоятии эронитаборон маҳсуб мешаваду он тайи солҳою  қарнҳо  аз дил ба дил роҳи тӯлонӣ паймуда, аз насл ба насл мерос монда, бо мурури замон ҳарчи беш ғанитару рангинтар гардидааст. Тибқи баъзе маълумотҳои дигар, ки дар маъхазу сарчашмаҳо маҳфуз мондаанд, пайдоиши Наврӯз  ҳамчунон ба давраи ҳукмронии Каюмарс, Куруши Кабир, Ардашери Бобакон  ва ғ. нисбат дода шудааст.  Ба ҳар ҳол, ин ҳама ба он маъност, ки Наврӯз аз ҷашнҳои хеле қадимаи мардумонамон аст ва он дар ҳақиқат мардумисту ба ягон дину ойини алоҳида иртиботе надорад. Зиёда аз ин, Наврӯз эҷоди ниҳоят дурбинонаи мардумони Шарқ буда, хушбахтона имрӯз маснади ҷаҳонӣ гирифтааст.  Ин ҷашни пурфайзу бафазилат тавониста, ки дар тӯли дарозои таърихи башарият мардумро, новобаста ба қавму нажоду миллат ва эътиқодҳои динӣ, ба ҳам ҷамъ оварад, ҳамовозиашонро бо табиати бедоршудаистода таъмин намояд ва дар ҳастии худ, дар ниҳоди худ ваҳдатпарвар бошад. Халқияту миллатҳои бостонию даврони асотирӣ ҳар қадар сохторҳои гуногуни иҷтимоӣ бо боварҳои худ доштанд, то маъруфияти Наврӯз боз ҳам ҳамагӣ бо мавҳумҳои «рӯзи нав», «навшуда», «наврӯз», «шукуфоӣ», «бедорӣ» ва монанди инҳо ошноӣ доштанд.  Эшон муътақид бар он буданд, ки ҷаҳон дар як даврае ё замоне нав мешавад, мешукуфад, борвар мешавад ва боз бо ҳамин минвол доиравор такрор мегардад ва, албатта, ин оғоз ҳамоно Наврӯз аст.

       Боз дар бораи пайдоиши Наврӯз гуфтаҳою боварҳои дигаре низ ҳастанд, ки ишора намуданашро ин ҷо бамаврид медонем. Куҳантарин нишонаҳои  Наврӯз, ки бостоншиносони ҳавзаи Наврӯз дарёфтаю паҳн намудаанд, ин ҷашни сари соли нави шумериён ва бобилиён будаасту дар навиштаҳои дарёфта ба ҳазораи севуми пеш аз мелод рост меояд. Боз гумонҳои тозатаре низ ҳастанд, ки онҳоро дар заминаи маъхазҳои мавҷуда бояд пайгирӣ намуд.

     Бо омадани Наврӯз ва оғози ҳар сол куҳулати замон аз ёдҳо зудуда мегардид, офаридаҳои табиати офаранда ҷони тоза меёфт. Ҳамин буду ҳаст, ки рустану шукуфтани гиёҳон, «…рӯйиши донаҳои ба рӯйи хок кишта ва ҷорӣ шудани шираҳои ҳаётбахш дар тану ҷони рустаниҳо дамидани ҷони тозаеро ба ҷону тани одамон илқо менамуд» ва ҳамчун биҳишти гумшудае аз нав зеҳни одамонро такон медод.  Оғози ҳар солро инсонҳо бо ҳазору як орзую умед интизорӣ мекашиданд, ҷашну сур, ки рамзи бедории табиати дар хоббуда ва асари хуҷастаи он бар одамон аст, меоростанд. Тасхири замон, эҳсос накардани гузаштани вақти астрономӣ барои онон нишотовару шодибахш буд ва инро ҳамроҳи ҳамешагии зиндагӣ эҳсос мекарданду имрӯз ҳам дар ҳамин боваранд.

     Ҷашни Наврӯз аз қадим аз рӯзи аввал то ба дувоздаҳ рӯз идома дошт, ки мушаххасоту сифатҳои  он осори даврони баъдазисломии мардуми эронитабор хеле равшан баён ёфтааст. Дар ин бора метавон пеш аз ҳама  андешаҳои Абуалӣ ибни Сино, «Осор-ул-боқия»-и  Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-и нуҷумии Умари Хайём, ки аз ашрофони ақлияи даврони худ буданд, ном бурд. Ва, хушбахтона,  ба забони форсии тоҷикӣ «Наврӯзнома»-ҳои зиёде навиштаю  то ба мо  омада расидаанд, ки аз ҳар кадом метавон бамаврид истифода кард. Ба ишораи умумии эшон гӯё таваллуди Офтобу пайдоиши Одам – ҳар ду ба Наврӯз иртибот дорад, ки кайҳоншиносӣ инро собит намудааст. Ва Наврӯз он будаю ҳаст, ки, тибқи наврӯзи бобилиён, сарнавишти офаридаҳо ва одамиёнро дар ҷаҳон ба сӯйи дувоздаҳ моҳи дигар, то Наврӯзи наву баҳори нозпарвар,  мекушояд. Аз ин рӯ, Наврӯз аз куҳантарин боварҳои ақвоми ориёист, ки  он ба бисёре аз зистмандони гуногунқабилаи дуру наздик барвақт нуфуз карда будааст. Тибқи маълумоти мавҷуда «шавоҳиде дар даст аст, ки ҳаммонанди Наврӯзи бобилӣ дар назди мисриён, ҳаитиҳо ва ақвоми бостонии дигар  маълум будааст» ва худ ба худ ошкор мегардад, ки Ҷаҳонишавии Наврӯз заминаи боэътимод дошту аз қадим ҷаҳониён онро бо рангу равишҳои гуногуни ба худ хос пешвоз ва ҷашн мегирифтанд, тантана мекарданд ва оғози муваффақонаи тамоми заҳматҳои худ дониста, бо муҳаббат дона мепошиданду натиҷаи борварии заҳматро интизор мешуданд. Дар ин ишора тамоми фаъолияти одамӣ алоқамандие бо табиат дорад ва, албатта, хеле  мушаххас.

     Расму ойини Наврӯз бо гузашти вақту такрори бардавом, новобаста ба дину ойинҳои фаъоли ҷаҳонӣ, сайқал ёфта ва чун табиати Наврӯз покию тозагӣ ва назофату сафост, тозатар гардида, ҷашне барои  ҳамешагии инсонҳост, ки гуфта шуд. Мо – тоҷикон ва қавмҳои дигари ориёитаборҳо омад-омади Наврӯзро интизорӣ мекашем, дар арафаи Наврӯз бори дигар  хонаю дар, атрофу акнофи зист, ҷӯю наҳрҳоро поку сафо месозем, дарахту гулу гулбуттаҳо мешинонем, донаи умед бар замин мепошем. «Хонабаророн» ва «хонатаконӣ»-и пеш аз Наврӯз низ дар байни мардуми ҳавзаи Наврӯз ба ҳукми анъана даромадаст, ки дар бисёр навиштаҳои фолклоршиносон сифат шудааст. Дар рӯзҳои Наврӯз мардум мувофиқи завқи худ хонҳои наврӯзӣ мекушоянд, рӯйи он  неъматҳои тайёркардаи «ҳафт шин»-у «ҳафт син»-у «ҳафт мим» мегузоранд, рамзи покию рӯшноӣ косаи об мегузоранд, шамъ меафрӯзанд, базми сурур барпо  месозанд ва… сарҷамъона  тавлиди соли навро  таҷлил менамоянд. Шоирон бо замзама шеъри наврӯзӣ эҷод мекунанду машшоқон менавозанд ва мутрибон чи ширин месароянд:

                        Ба дилам аз ҷунбиши фарвардин ҳаваси он турфа

 нигор омад,

                        Бизан, ай мутриб, бизан, ай мутриб, ки зимистон рафту

                                                                                                                        баҳор омад!

    Бале, Наврӯз аз поринатарин офаридаи тамаддуни Ориёист, ки аз ҷониби мардум қабул гардида, новобаста ба ҳодисаҳои хушу нохуши таърих ва муқобилиятҳои беҳуда ҳамсола меояд. Муҳимтар он аст, ки  чанд сол пеш бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО ба сифати ҷашни байналмилалӣ пазирафта шуд. Акнун Наврӯз дар ҳақиқат оламафрӯз гардиду бо омадани худ дар тамоми сайёраи Замин тантана мекунад ва мо қудуми пурфайзашро муборакбод мегӯем. 

Хуш омадӣ, Наврӯзи хуҷастапай!

  Алии Муҳаммадии ХУРОСОНӢ,

Мудири шуъбаи матншиносӣ,

 таҳқиқ ва нашри мероси хаттии

Маркази мероси хаттӣ

АЛИМАРДОНОВ АМРИЯЗДОН

  Амрияздон Алимардонов дуюми ноябри соли 1938 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвози ВМКБ ҶТ дар хонаводаи деҳқони хушсаводу аз анвои дониш огоҳ ба дунё омадааст. Ӯ таҳ­си­ли ҳафтсоларо дар зодгоҳаш ба поён расонида, минбаъд таҳсили синфҳои 8-10-ро дар шаҳри Қӯрғон­теппа (ҳоло маркази вилояти Хатлон) идома додаст. Баъди бомуваффақият хатм намудани мактаби миёна дар соли 1956 ӯ бо хоҳиши худ ба факултаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҳуҷ­ҷат супорида, пас аз бо сар­баландӣ супурдани имти­ҳонҳои қабул соҳиби унвони боифтихори донишҷӯ гардид. Соли 1961 пас аз анҷом додани Донишгоҳ бо дипломи аъло А.Алимардонов бо даъвати роҳбарияти Шӯъ­­баи шарқшиносӣ ва осори адабии (аз соли 1970 Институти шарқшиносӣ) АИ ҶШС Тоҷикистон ба ин маркази илмӣ ба кор омада, аввал ба сифати сарлаборант ва баъди муддате ба сифати ходими хурди илмӣ адои вазифа менамояд.

   Дар солҳои 1963-1966 А. Алимардонов дар аспирантураи АИ Тоҷикистон таҳсил карда, баъди анҷоми он дар пажӯҳишгоҳи мазкур корро ба сифати корманди илмӣ идома медиҳад. Ӯ соли 1970 таҳти роҳбарии академик А. Мирзоев рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология дифоъ карда, каме дертар соҳи­би вазифаи ходими калони илмӣ мегардад. Соли 1972 А.Алимардонов ба вазифаи масъул – мудири шӯъ­баи му­­ҳим­ми Институти шарқшиносӣ – шӯъбаи дастна­вис­ҳои шарқӣ ва таҳияи феҳристҳои нусхаҳои хаттӣ таъйин гардида, онро то соли 1987 иҷро менамояд. То давраи ба ин шӯъба гузаштан А. Али­мардо­нов, асосан, ба масоили таҳқиқоти адабиётши­но­сӣ шуғл меварзид.

   Аз соли 1987 то 1993 А. Алимардонов дар вазифаи корманди пешбари илмӣ ва сарвари гурӯҳи тавсифкунандагони  нусахи хаттӣ кор мекунад.

   Соли 1993 ӯ дар Институти дастхатҳо (баъдтар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ) ба вазифаи мудири шӯъбаи нигоҳдорию танзими нусахи хаттӣ ва таҳияи феҳристҳо таъин гардида, адои онро то соли 2007 идома медиҳад. Соли 2007 А.Алимардонов бо мат­лаби ташкил намудану ба роҳ мондани масоили таҳқи­қи таъриху тамаддуни Ҳинду Покистон ба вазифаи мудири Шӯъбаи Ҳинду Покистон гузаронида шудааст.

   Доираи таваҷҷӯҳи илмии А. Алимардонов васеъ буда, масоили таҳқиқи таърихи адабиёту фарҳанги даврони пешини форс-тоҷик, таърихи адабиёти форсизабони Ҳинду Покистон, матншиносӣ, нусхашиносӣ, ада­биётшиносӣ, тасаввуф, робитаҳои илмиву адабии мардуми тоҷик бо халқҳои Ҳинду Покистон ва муносибати дини ислом ба риштаҳои гуногуни ҳунару фарҳангро фаро мегирад. Ӯ доир ба ҷанбаҳои мухталифи масоили зикрёфта бештар аз 350 таҳқиқоту мақола дар Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба табъ расонида, матни як силсила асарҳо, аз қабили «Ҳашт биҳишт»-и Амир Хусрав, «Тӯтинома»-и Муҳаммади Қодирӣ, аш­ъору осори Носири Хусрав, Шавқати Бухороӣ, «Достони Искандару Бурондухт»-и Абӯтоҳири Тарсусӣ, «Дур­донаҳои наср» (асрҳои X-XY), матни илмию интиқодии «Иёри дониш» (бо таҳқиқоти муфассал), «Мунтахаби осор»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо муқаддимаву тавзеҳот, «Таърихи исмоилия», таҳияи матну тавзеҳот ва таълифи муқаддима (бо ҳамроҳии С.Шохуморов), «Мухтасаре дар таърихи исмоилия» аз Ф. Дафтарӣ, та­ҳияи матн, таҳрир ва шарҳу тавзеҳоти заруриро мунташир сохтааст.

   А.Алимардонов яке аз тартибдиҳандагон ва ба чоп тайёркунандагони ҷилдҳои 5-6-и «Феҳристи дастна­висҳои шарқии АИ Тоҷикистон» ба забони русӣ ва инчунин ҷилдҳои 1-4-и «Феҳристи нусахи хаттии форси Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷи­кистон» мебошад, ки онҳо дар солҳои 1376, 1379, 1383 дар Теҳрон бо хат ва забоин форсӣ нашр гардидаанд.

   Таҳқиқоту мақолаҳои А. Алимардонов доир ба ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон ва нусхаҳои нодиру пурарзиши он дар маҷаллаю маҷмӯа­ҳои  мақолаҳои гуногуни Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Руссия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ито­лияву Фаронса чоп шудаанд.

   Асарҳои таҳқиқотии А. Алимардонов аз «Зиёуддини Нахшабӣ ва «Тӯтинома»-и ӯ, «Сурат ва сирати Ибни Сино», «Абулфазли Алломӣ ва «Иёри дониш»-и ӯ, «Таърихчаи насри форсу тоҷик», «Муносибати дини мубини ислом ба мусиқӣ, рақсу суруд ва санъати тасвирию хаттотӣ», «Таъсири ақоиду осори Абдурраҳмони Ҷомӣ дар афкори ҷамъиятии Ҳинд», «Нуфузи Ибни Сино дар доираҳои илмию фарҳангии нимҷазираи Ҳин­дустон», «Замина ва омилҳои равнақу тавсияи илму ада­би форсу тоҷик  дар асри Х ва нимаи аввали асри XI» ва ғайраҳо иборат мебошанд. Ӯ инчунин роҷеъ ба маъ­хаз­ҳои муҳимму нодири таърихию адабӣ ва аҳамияти онҳо барои таҳқиқи робитаҳои адабии Мовароуннаҳру Ҳин­дустон ва ҳамчунин омӯзиши равияҳои асосии ҷа­раёни ин робитаҳои маданию адабӣ дар давраҳои мухталиф як силсила таҳқиқоту мақолот ба табъ расонидааст.

   Бояд хотирнишон сохт, ки тамоми маъхазҳо ва осори маънавии бештар аз 1100 солаи мардуми тоҷик, ки барои омӯхтани таърих ва тамаддуни даврони пешини мардуми мо ва дигар халқҳои Шарқи Наздику Миёна чун сарчашмаи боэътомод хидмат менамоянд, то рӯзгори мо дар шакли дастнавис боқӣ мондаанд. Бинобар ин омӯзишу муаррифии осори хаттӣ аз ҷумлаи вазифаҳои авалиндараҷаи муҳим ва зарурии аҳли илм мебошад. Ин ҳолатро ҳам набояд аз мадди назар дур гузошт, ки дар асрҳои миёна китоб на танҳо манбаи донишу предмети эътиқод, балки инчунин ёдгории ҳу­нару зебоӣ ва предмети завқи эстетикию зебописандӣ ҳисоб меёфт. Ба ибораи дигар дар радифи сарчашмаи муҳимми анвои риштаҳои донишу маърифати асрҳои миёнаи Машриқзамин будан нусхаҳои хаттӣ ҳамчунин манбаи пурарзиши анвои ҳунарҳои даврони пешин буда, илова ба вазоифи аслии донишгустариашон чун ёдгори барҷастаи пешаю ҳунар низ барои дарки дараҷаи рушди соҳаҳои мухталифи касбу ҳунар ва завқу салиқаи зебописандии даврони пешин аҳамияти ниҳоят бузург хоҳанд дошт.

              Бо назардошти чунин арзишу аҳамияти ниҳоят калони осори хаттӣ корманди илмии Институти шарқ­шиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо Амрияздон Алимардонов дар баробари ба омӯзишу таҳқиқи дигар масоили таърихи адабиёту фарҳанги форс-тоҷик машғул гадидан бештар аз 35 соли ҳаёти худро вақфи омӯзишу таҳқиқи нусхаҳои хаттию масоили марбут ба онҳо ва тавсифи дастнависҳою таҳияи феҳристҳои Ган­ҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи академик А. Мир­зоеви АИ Тоҷикистон гардонидааст (ӯ ба истиснои якчанд сол аз соли 1972 то соли 2006 мудири шӯъбаи нигоҳ­дорию тавсифи дастнависҳои шар­қӣ ва таҳияи феҳрист­ҳои Институти мазкурро ба ӯҳда доштааст).

             Таҳия ва мураттаб сохтани ҷилди VI Феҳристи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон (бо забони русӣ, Душанбе, 1989), ки тавсифи нусхаҳои хаттии осори илмии гузаштаро дар бар мегирад, аз ҷониби А.Алимар­донов бо иштироки Г.Д. Лузянина анҷом дода шудааст. А. Алимардонов дар таҳияи ҷилди V феҳрист «Душанбе, 1974) ва таҳрири феҳристи нусхаҳои музайяну мусаввари Ганҷина ҳам (Душанбе, 1986, бо М. Оси­мов) ширкат варзидааст.

             Бояд зикр намуд, ки бо вуҷуди мавҷуд будани имконоти зиёди молию пулӣ ва иқтидору қувваҳои илмӣ дар тамоми давраи мавҷудияти сохти советӣ 6 ҷилди феҳристи дастнависҳои шарқӣ мунташир гардидааст, ки онҳо ҳамагӣ тавсифи 2372 нусхаи хаттиро фаро гирифтаанд. Аз ин ҷост, ки баробари соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯ ба беҳбудӣ ниҳо­дани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат боз масъалаи тавсифи дастхатҳо ва таҳияву табъи феҳ­ристҳо ба миён омад. Баъди таҳаммулу андеша ва ба эътибор гирифтани вазъу талаботи замон ва гуфтугӯю мувофиқа бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳбарияти институт ба хулосае омад, ки тамоми тав­сифҳои  дастнависҳо бо забони тоҷикӣ ва хатти фор­сӣ таҳия карда шуда, табъи феҳристҳо дар Эрон ба роҳ монда шавад. Соли 1995 роҳбарияти Институт як гу­рӯҳи тавсифгарони нусахи хаттиро ташкил намуда,  роҳ­ба­рию назорати фаъолияти он гурӯҳ, усулу тарзи тавсифи дастхатҳо, таҳрири онҳо ва таҳияю мураттаб сохтани феҳристҳоро ба ӯҳдаи А.Алимардонов гузошт. А. Али­мар­донов дар заминаи омӯхтани феҳристҳои гуногун ва таҷрибаи феҳристсозии муосири Шарқу Ғарб усули тавсиферо пешниҳод намуд, ки дар он ба 15 суоли марбут ба нусха ҷавоб додан лозим меомад. Ин усули нисбатан мухтасару пурмӯҳтавои нишонрас имконият медод, ки аҳли таҳқиқ аз чигунагии хусусиятҳои мавзӯъ ва моҳияту маънои нусхаҳои хаттии ганҷинаи мо воқиф гарданд. Истилоҳоти махсуси нусхашиносӣ ҳам ба аъзои гурӯҳи тавсифгар аз ҷониби А. Алимардонов омӯ­зонда шудааст.Бо саъю кӯшиш ва заҳмати пайвастаи А.Алимардонов ва кӯмаки роҳбарияти Институти шарқ­шиносӣ ва мероси хаттӣ дар як муддати нисбатан кӯтоҳ чаҳор ҷилди феҳристи дастхатҳои Ганҷинаи мо дар Ҷум­ҳурии Исломии Эрон аз чоп баромад (1997-2004), ки онҳо тавсифи тамоми дастнависҳои форсӣ (тоҷикӣ), туркӣ ва қисман арабии ганҷинаи моро дар бар мегиранд.Ҷамъан ин чаҳор ҷилд шомили тавсиф­ҳои 9 ҳазор дастнавис мебошанд.Ин корест ниҳоят бузург ва анҷоми он заҳмати фаровон, кӯшишу садоқат ва ҳис­сиёти баланди ватандӯстию муҳаббат ба илму фар­ҳанги халқи худро тақозо менамуд, ки ба андешаи мо аксари ин хислатҳои наҷиб дар шахсияти А. Алимардонов ҷой доранд. Ногуфта намонад, ки бар замми дигар фаъолиятҳои дар анҷом ва таҳияву таҳриру табъи феҳристҳои хаттии мазкур анҷом дода, сеяки тамоми тавсифҳои ин ҷилдҳо ҳам ба қалами А. Алимардонов тааллуқ дорад.Доир ба ин феҳристҳои мо дар матбуоти ҶИЭ мақолаҳои тавси­фӣ ба табъ расидаанд, ки ин боиси қаноатмандӣ ва сарфарозии муассисаи мо ва кормандони меҳнат­дӯсти он гардид.

              Соли 2006 аввалин дафъа дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти роҳбарӣ ва бо ҳидояти А. Алимардонов ва иштироки фаъоли ӯ феҳристи электронии 500 нусхаи дастнависи нодиру қадимӣ ва музайяну мусаввари ган­ҷинаи дастхатҳои шарқии АИ (380 нусха) ва китобхонаи давлатии миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ (120 нусха) ба забонҳои форсӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ омода сохта шуд. Тавсифи нусхаҳо аз тарафи А.Али­мардонов, С. Шаҳобуддинов ва А. Юнусов анҷом дода шудааст. Нақша, усул ва интихобу тарзи тавсифи нусха­ҳо, таҳрири тавсифҳо ва тартиб додани китобу тариқи ҷо ба ҷо гузории тавсифҳо, таълифи муқаддимаи илмӣ ва таҳияи номномаҳои ҷилд ба қалами А. Алимардонов тааллуқ дорад. Дар феҳрист акси ҷойҳои ҷолиби диққа­ти нусхаҳо ҳам оварда мешаванд. Ҳадаф аз таҳияи ин феҳрист, аз як ҷониб дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ сохтани дастовардҳои илмиву адабии даврони пешини мардуми тоҷик  тавассути дастовардҳои техники муосир ва аз ҷониби дигар, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳли таҳқиқи кишварҳои гуногун ба ганҷинаҳои мероси хаттии Тоҷикистон мебошад. Ин феҳрист бояд аз тарафи Институти ҷомеаи кушод пахш гардад. Дар ҳаҷми бисёр кӯтоҳ ғунҷонидани тамоми масоили муҳимми барои дарки як нусхаи хаттӣ зарур аз таҷрибаи пухтаи илмии нусхашиносӣ ва феҳристнигории А.Алимардонов шаҳо­дат медиҳад.

            Илова бар ин А. Алимардонов доир ба ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоеви АИ ҶТ, нусхаҳои аслӣ, қадимӣ, нодир ва музайяну мунаққаши он дар маҷаллаҳою нашрияҳои мухталифи кишварҳои гуногуни ҷаҳон (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Руссия, Озар­бойҷон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Фаронса, Ита­лия ва ғайраҳо) як силсила мақолаҳою таҳқиқот ба табъ расонидааст.Ӯ инчунин дар як идда ҷамъомадҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар бораи Ганҷинаи дастнависҳои мазкур, нусхаҳои хаттии он ва аҳамияту арзиши онҳо суханронӣ кардааст.

            Ба андешаи мо, А.Алимардонов ҳамчун муҳаққи­қи заҳматкашу нусхашиноси серкору пухтакор доир ба омӯзишу таҳқиқу муаррифии нусхаҳои хаттии Ганҷи­наи дастнависҳои шарқии АИ ҶТ ва феҳристкунонии он осо­ри қаламӣ хидмати калони шоистаи ситоишро анҷом додааст ва ҳамчунин дар тарбияи маънавии силсилаи калони донишҷӯён, унвонҷӯён фаъол иштирок варзида, шогирдон ва пайравони зиёде дорад, ки дар бахшҳои гуногуни  илмиву фарҳангии ҷумҳурии мо кору фаъолият мекунанд.

Осори чопшудаи ӯ дар ҳудуди 350 рисола ва мақо­лоти илмиву оммавӣ мебошад.

Алимардонов Амрияздон ҳоло дар айни ҷӯшу ху­рӯ­ши эҷодӣ мебошад. Мо ба ин дӯсти донишманд, ба ин олими забардасти шӯҳратёри тоҷик саломатии бар­да­вом ва комёбиҳои тоза ба тозаи эҷодӣ таманно мекунем.

 НАҚШИ АМРИЯЗДОН АЛИМАРДОНОВ ДАР ТАДҚИҚИ НУСАХИ ХАТТӢ

   Амрияздон Алимардонов мактаби бузурги нусхашиносиро аз устодони варзидаи ин соҳа омӯхта дар тули ҳаёти пурбаракату сермаҳсули худ дар ривоҷ ва равнақи ин соҳаи илми шарқшиносии тоҷик хизматҳои зиёду шоёне ба анҷом расонидааст. Таваҷҷуҳи ӯ нисбат ба осори хаттӣ ва омӯзиши онҳо ҳанӯз аз айёми ҷавониаш, аз мактаби бузурги бобову падараш сар шуда буд. Нахустин устодаш падараш буда, сипас дар донишгоҳ ва баъдан дар Институти шарқшиносӣ дониши худро такмил додааст. Ӯ тамоми давраи фаъолияти илмиашро ба омӯзиши нусхаҳои хаттӣ бахшидааст. А. Алимардонов ҳангоми тавсифи ин ё он дастнавис хусусиятҳои нозуки ҳар як сарчашмаро мушикофона санҷида баррасӣ намудааст. Амрияздон Алимарднов даавомдиҳандаи мактаби бузурги нусхашиносии замони шуравист.

   Агар осори тавсифнамудаи А. Алимардоновро мавриди омӯзиш қарор диҳем, баръало маълум аст, ки муҳақиқ аз он қолаби муқарарие, ки дар тамоми феҳристҳои таҳияшудаи дигар марокизи илмии хориҷи кишвар баромада, тавсифҳоро мукаммалтар намудааст.

А. Алимардонов дар солҳои мудири шуъбаи  тасифи нусхаҳои хаттӣ буданаш, қимати воқеии нусхаҳои аслӣ, нодир, нусхаҳое, ки аз ҷониби худи муаллифон китобат шудаанд (яъне автограф) ва  нусхаҳои миқдорашон дар марказҳои илмӣ ва китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ камшумор бударо  муайян намудааст. Хушбахтона маҳз бо ибтикор ва дархости ӯ ҳангоми нусхабардории нусхаҳои хаттӣ аз ҷониби хазинаи «Ал Муҷид» -и Аморати муттаҳидаи Араб бештар аз 400 нусхаи арзишманд, ки боигарии миллӣ маҳсуб мебошанд, ҷилавгирӣ карда шуд.

50 соли фаъолияти илмии худро А. Алимардонов  ба омӯзиш ва тадқиқи дастнвисҳои шарқӣ бахшида буд. Ӯ дар  мақолаи ба унвони «Мақоми Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Акдемияи илмҳои ҶТ дар таҳияи китобшиносии нусахи хаттӣ» қайд мекунад, ки дар ганҷнаи дастнависҳои шарқии ба номи Абдулғанӣ Мирзоев, бештар аз 5760 ҷилд ну­сахи хаттӣ ва 6400 ҷилд китобҳои чопи сангӣ (ки онҳо ҳам ҳукми дастнавис доранд) мавҷуд мебошад. Албатта, ин ададҳо ҳадди охир нестанд ва умед аст, ки бо фароҳам омадани имконияти зарурӣ дар вақтҳои наздик тағйир хоҳанд ёфт. Амрияздон Алимардонов дар мақолаи номбурдааш таъкид кардааст, ки омӯзиш ва таҳқиқи нусхаҳои хаттии ганҷинаҳои мазкур нишон медиҳад, ки дар миёни ёдгориҳои хаттии ин марказ нусхаҳои пурқиммат ва аз ҷиҳати санаи китобат қадимӣ, аслӣ, нодир, мукаммал ва боэътимоди риштаҳои гуногуни илму адаб кам нестанд.

   А. Алимардонов қадимтарин нусхаи дастнависи ганҷина, дастнависи «Бустон-ул-орифин»-и Фақеҳӣ, машҳур ба Абулайси Самарқандӣ, ки ба забони арабӣ навишта шуда, соли 489/1095 китобат гардида (таҳти рақами 2322), баъдан дар асри XIX тармим шудааст, меҳисобад.

   Ҳамчунон муҳақиқ Нусхаҳои хаттии «Таърихи Табарӣ» дар тарҷума ва такмили форсии Абӯалӣ ибни Абулфазл Муҳаммади Балъамӣ (вафоташ соли 363/974) таҳти рақами 2000, асари ба забони форсӣ  таълиф намудаи Абурайҳони Берунӣ (вафоташ 430/1038) - «Ат-тафҳим ли авоил саноат ит-танҷим»,  таҳти рақами 385, «Кимиёи саодат»-и Абуҳомид ибни Муҳаммади Ғаззолӣ (вафоташ 506/1111), таҳти раками 1007, «Куллиёт»-и Саъдии Шерозӣ (вафоташ 609/1291), таҳти раками 503, «Шарҳ-ул-қофия фи наҳв»-и Разиддин Муҳаммад Ал-Астарободӣ (карни 7х. (13м.)), таҳти раками 4331 ва амсоли онҳо, ки китобаташон ба асри XIII  тааллуқ дорад, аз ҷумлаи қадимтарин ва боэътимодтарин даст­нависҳои то рӯзгори мо маҳфузмондаи асарҳои мазкурро маҳсуб мешуморад.

    Дар бораи ин таъкид мекунад, ки як силсила нусхаҳои хаттии ганҷинаи дастнависҳои АИ-ро нусхаҳои хаттии худи муаллифони асар ва ё нусхаҳои ягонаю мунҳасир ба фарди ин ё он китоб ташкил медиҳанд, ки онҳо аз ҳар ҷиҳат муҳим ва ҷолиби таваҷҷуҳ мебошанд. Ба монанди «Луғати Алии Сафӣ» таълифи Фахруддин Алии Сафӣ (вафо­таш 939х.(1532-1533м.)), таҳти рақами 727, «Зафарнома»-и Бадруддини Кашмирӣ (карни XVI м.), таҳти рақами 779, «Ҷангномаи Байрамалихон»-и Муҳаммад Иброҳим, «Умдит-ут-таворих»-и Мир Робеъ ибни Мир Ниёз (таълиф дар асри XVIII), таҳти рақамҳои 2004, 2030/1, «Таърихи манзум»-и Имомалии Қундузии Комӣ, «Тазкирот-уш-шуаро»-и Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, «Девони ашъор» ва «Ганҷи шойгон»-и Тамкини Бухороӣ (карни XIX м.), таҳти рақамҳои 204, 394, 11, 114, «Тӯфаи шоҳӣ»-и Мирзо Азими Сони (вафоташ 1325 х.(1907м.), «Таърихи Ҳумоюн»-и Муҳаммади Гулшанӣ, «Наводири Зиёия»-и Садри Зиё (китобат авоили асри XX), таҳти рақамҳои 927/3, 1329, 2968, 983 ва боз иддае аз нусахи хаттии осори адибони тоҷики карнҳои XVIII-XIX ва ибтидои асри XX аз ҳамин қабиланд[1]. Амрияздон Алимардонов «Дафтари дилкушо»-и Соҳиб ном шахси номаълум (таълифоташ дар соли 720х. (1320м.) дар пайравии «Шоҳномаи Фирдавсӣ), таҳти рақами 781 (китобаташ асри XVI)[2], «Таърихи Фарғона»-и Исхохон ва «Давраи охирини таърихи Бухоро»-и Мирзо Ҳомид (китобата­шон дар ибтидои асри XX)[3] (4), таҳти рақами 1512, 1243/9 аз ҷумлаи дастнависҳое мешуморад, ки то кунун нусхаҳои хат­тии дигари онҳо ба даст наомадааст ва барои муҳақиқинит ин соҳа дар кишварҳои хориҷ дастрас нагардидаанд.

   Тарафи ҷолиби дигари тадқиқоти А. Алимардонов дар атрофи нусхаҳои мансур ва нодири ганҷинаи дастнависҳо мебошад, ки арзиши баланди илмӣ ва нодиру қадимӣ будани онҳоро ташхис намудааст. Муҳақиқ менависад, ки   дар ганҷинаи осори хаттӣ нусхаҳои бисёр нодири асарҳои мансуру манзуми дар карнҳои гуногун дар мавзуоти мухталиф таълиф ёфта нигоҳ дошта мешаванд, ки дар хусуси мавҷуд будани ягон нусхаи дигари онҳо дар феҳристҳои китобхонаҳои ҷаҳон ишорате ҳам ба назар намерасад. Ба монанди Рисолаи «Мақомоти Шайх Абусаиди Абулхайр» (китобаташ соли 1403м.), «Маҷмаъ-ул-қасоид» (китобаташ асри XVI м.), «Рисолаи Кофия»-и Нуриддин Аҳмад, «Девони ашъор», «Соқинома» ва «Искандарнома»-и Хоҷа Ҳусайн ибни Инояти Баззози Са­ноӣ, «Девони ашъор»-и Абдулатифи Танҳо, «Девони ашъор»-и Муҳаммад Ризо Чалабии Унвон, маснавии «Хусрав ва Ширин»-и Оқо Шопури Розӣ (китобаташ қарни XVIIм.), девонҳои ашъори Муҳаммад Ҷамил Ҳориси  Бадахшӣ, Мирзо Абдурразоқ Нашъӣ (китобаташон қарни XVIII м.), «Анис-уш-шуаро»-и Абдулкарим ибни Роҷии Базнавӣ, «Уммон-ул- маонӣ»-и Иброҳим Амираки Балхӣ, «Ҳафт кишвар»-и Фахрии Ҳиравӣ, «Маҷмаъу-л-ҳикоёт», «Девони ашъор»-и Мухлиси Бадахшонӣ, «Умм-ул-хитоб», «Гуҳаррез» (китобаташон қарни XIX м.), «Девони ашъор»-и Ҳайрати Бухороӣ, «Усул-ул-одоб» (китобаташон ибтидои карни XX м.) ва гайраҳо аз чумлаи ҳамин навъ дастнависҳои ганҷинаи мазкур мебошанд. Онҳо дар ин махзани китоб таҳти рақамҳои 555/8, 1946, 2378/1, 867/6, 867/2, 867/1, 977, 1181, 474, 2729, 1415/5, 2257/1, 1607, 416/1, 227/4, 1283/1, 1300/2, 66, 1960/8, 1961/12, 1247, 1959/2 нигоҳдорӣ мешаванд.

   Амрияздон Алимардонов дар мақолаи дигараш бо унвони «Нусхаҳои  дастнависи  «Хамса»-и  Низомии  Ганҷавӣ  дар Ганҷинаи  дастнависҳои   шарқии  АФ РСС Тоҷикистон  ва хусусиятҳои  онҳо», аввалан мухтасар дар бораи Низомии Ганҷавӣ ва мавқеи ӯ дар адабиёти форсу тоҷик маълумот дода, чунин навиштааст, ки Хамса»-и  ӯ ҳанӯз   ҳангоми  дар қайди  ҳаёт  буданаш  мавриди  таваҷҷуҳи   аҳли адаб қарор  гирифта,  шуҳрати босазо  касб менамояд  ва равиши  минбаъдаи  маснависароиро  дар адабиёти  форсу  тоҷик  ва  як  қатор  халқҳои  дигари Шарқи  наздик  муайян мекунад.  Аз ин  ҷост, ки  аз  асри ХIII  сар карда  то асри ХХ  дар  тамоми  давраҳо  дар  пайравӣ,  татаббуъ ва  ҷавоби  «Хамса»-и  Низомию  достонҳои  ҷудогонаи  он ба  баъзе  забонҳои  дигари  Шарқ  маснавиҳои  саршуморе  офарида  шудаанд.

   А. Алимардонов муайян намуданд, ки аз нусхаҳои  дастнависи  сершумор дар  китобхонаҳои  мамлакати мо  фароҳам  овардашудаи  «Хамса»-и  Низомии Ганҷавӣ ва  маснавиҳои  ҷудогонаи он 32 тоашон ба  Ганҷинаи  дастнависҳои шарқи  АФ РСС Тоҷикистон  ба номи  А.М. Мирзоев  тааллуқ  дорад.

   Дастнависҳои  осори  Низомии  захираи  мазкур, ки  дар асрҳои  ХVI -ибтидои  асри ХХ  дар мавзеъҳои  мухталиф  китобат  шудаанд, дорои  хусусиятҳои  гуногун  буда, асосан ба се  қисм:  нусхаҳои хаттии  пурраи «Хамса», нусхаҳои хатти  достонҳои  ҷудогонаи  он  ва нусхаҳои хаттии  «хулосаи  «Хамса»  тақсим  мешавад. Аз 32  нусхаи  дастнависи  осори  Низомии ганҷинаи мо  9-тоашонро  дастнависҳои  пурраи  «Хамса»  19-тоашонро дастнависҳои  маснавиҳои  алоҳидаи он ва  4-тоашонро  дастнависҳои  «хулоса»-и  «Хамса»  ташкил  медиҳанд.      Нусхаҳои  дастнависи пурраи  «Хамса»,  ки  матни ҳамаи  маснавиҳои  он « Махзан-ул-асрор»,  « Хусрав ва  Ширин», «Лайли ва Маҷнун», « Ҳафт пайкар» ва  «Искандарнома»-ро  дар  бар мегиранд, дар  таҳти  рақамҳои 549, 756, 1103, 1414, 1974 ва 2645 нигоҳ дошта  мешаванд. Аз  миёни  ин  дастнависҳои  пурраи «Хамса» китобати  дутоашон  (ин 6.№756, 1414)  ба асри ХVI,  чортоашон  (ин6.№549,1103,1974,2645) ба асри ХVI   таалуқ дорад. Дастнависҳои  таҳти рақамҳои  1776, 489,918, ки  онҳо  чаҳор  маснавии  «Хамса»-ро бидуни «Лайлӣ ва Маҷнун» дар нусхаи  аввал,  «Искандарнома» ва «Махзан-ул-асрор»  дар ду  нусхаи  минбаъдаи  дар бар  мегиранд,  дар асрҳои  ХVI ва ХVIII китобат  карда шудаанд. 

    Муҳақиқ дар  байни  дастнависҳои  пурраи  «Хамса»-и  захираи  зикршуда  мукаммалтарин,   саҳеҳтарин  ва  зеботаринашон  нусхаи  таҳти  рақами 756-ро  интихоб намудааст. Муқоисаи  сатҳии  матни  ин   нусхаи  бо  матнҳои  илмӣ- интиқодӣ  ва  тасҳеҳшудаи  дар  Теҳрон  (бо  саъйи  Ваҳид  Дастгардӣ)  ва  Боку  мунташиргардидаи   маснавиҳои  «Хамса»-и Низоми Ганҷавӣ, ки  онҳо асосан  дар заминаи   нусхаҳои дастнависи нисбатан  боэътимоду қадимтар   тайёр  карда   шудаанд,  ба  таври   возеҳ  аҳамият  ва  қимати  ин  нусхаро ошкор месозад.  Зеро  матни нусхаи   дастнависи   мазкур  аз  бисьёр ҷиҳат  бо  матни  нусхаҳои  қадимии  мавриди  таҳияи  матнҳои  илмӣ-интиқодӣ  ва  санҷидашуда  қарор  дода  шуда мувофиқат  менамояд  ва  баъзан  вариантҳои  беҳтару  саҳеҳтар  боэътимодтар  ва ба  нусхаи  аслӣ   наздиктари  калимаҳо, ибораҳо  ё  байтҳои  ҷудогонаро  дар  бар  гирифта,  ҳатто дар  мавридҳои  ҷудогона  барои  барқарор   намудани  байтҳои   алоҳидаи  дар  ин  нашрҳо   сабтнагардида имконият   медиҳад.

   Муаллифи мақола барои исботи фикри худ чанд байти дастхати «Хамса»-ро бо нусхаҳои дар мамолики дигар батабъорасида муқоиса намуда, бартарияти нусхаи рақами 756-ро исбот намудааст.

Албатта, менависад А. Алимардонов, – нусхаи  дастнависи   зикршудаи  захираи  мо аз  камбудии нуқсонҳо  холӣ  нест.  Вале  худи  ҳамин чанд далели оддии  дар  боло  оварда шуда   ба он    шаҳодат медиҳанд, ки  нусхаи  мазкур  нусхаи пурарзиш маҳсуб аст. А. Алимардонов дар мақолаи зикргардида таъкид намуданд, ки аҳамият  ва  қимати  ин  нусхаи  дастнависи  «Хамса»-ро  ба  эътибор гирифта, як  гурӯҳ  кормандони  Институти  шарқшиносии  Тоҷикистон  дар  асоси  истифодаи  он ва  матнҳои  илмӣ-интиқодию  тасҳеҳшудаи дар Эрон  Боку  мунташтршудаи  маснавиҳои  Низомӣ  ва  муқобилаи онҳо  матни  илмӣ-омавии  «Хамса» -ро  бо  ҳуруфоти  кунунии  тоҷикӣ ба  чоп  ҳозир  сохтанд.  Ин кор ба  қарибӣ  нашр  хоҳад  шуд  ва  умедворем, ки ба  оммаи  васеи хонандагон ва  аҳли  таҳқиқ  писанд ояд.

   Муҳақиқ дар бораи ду нусхаи қалмаии дигари «Хамса» таҳти рақамҳои  1414 ва  1776 мавҷудбуда маълумот дода, қайд мекунад ки ин ду нусха дар асри  ХVI  китобат шудаанд, аммо мутаасифона номукаммал ва ноқис мебошанд. Аз ҷумла   дар  нусхаи  таҳти  рақами 1414  (китобаташ соли   1000ҳ/1521-22м.)  ба ғайр аз  «Махзан-ул-асрор»  Дар нусхаи   таҳти   рақами  1776  (китобатии  994х./1586м.) бошад , 4  маснавии  «Хамса» мавҷуд  буда  тартиби  ҷойгир  кардани  маснавиҳо   ҳангоми  ҷузбанди  вайрон   карда шудааст. Бар  замми  ин  оғози  маснавии  «Ҳафт пайкар»  ва  «Махзан-ул-асрор»   сабт  нагардидаанд.   Қатъи назар  аз  ин  навъ  норасоиҳо  ин дастнависҳо    матни   пурраи  аксари  маснавиҳои «Хамса»-ро  фаро  гирифтаанд, муҳақиқин кӯшидаанд, ки матни нисбатан мукаммалтари «Хамса»-ро таҳия ва пешкаши хонандагони тоҷик гардонанд. Боиси таасуф аст, ки ҳамин матни таҳияшуда дар солҳои баъдӣ аз ҷониби муҳақиқини дигар бидуни такмилу тадвини нав бо номи худ бознашр намудаанд ва хизмати бузурги олимони барҷастаи пешинро нодида гирифта моли онҳоро тасарруф кардаанд.

   Баъдан  муҳаққиқ дар мақолааш зикр  крдааст, ки   дар  Ганҷинаи  дастнависҳои  шарқии  АФ РСС  Тоҷикистон ба  ғайр аз  нусхаҳои дастнависи  «Хамса»-и  Низомӣ  боз як   қатор   нусхаҳои  қаламии  дастнависҳои   ҷудогонаи  он, аз  ҷумла  4  нусхаи «Махзан-ул-асрор»  (.№13,/I, 1525/I, 2224/ХХN), 5  нусхаи  «Хусрав  ва  Ширин» (№349,753, 805, 908, 2224/ ХVII), 4 нусхаи  «Лайлӣ ва Маҷнун» (№111, 1065/II, 1975/I, 2224/ХХIХ),  3нусхаи «Ҳафт пайкар»  №573 /IV,1158/I, 1975)  ва 3 нусхаи  «Искандарнома» (№6, 640,  2224/ХV) нигоҳ дошта  мешаванд.  Қадимтарин  нусхаи хаттии  ин  маснавиҳо   дастнависҳои «Ҳафт пайкар», зери рақамҳои  573/IV, 1158/I ва  «Искандарнома» зери рақами  1975/I  маҳфуз буда дар  асри ХVII китобат   карда шудаанд. Аммо  аз  ин  нусхаҳои  нисбатан  қадима  танҳо дастнависи  таҳти  рақами  1158/I  «Ҳафти  пайкар»  пурра ва  бенуқсон  буда,  нусхаҳои   таҳти  рақамҳои  573/IV  ва 640-и  «Ҳафт  пайкар»  ва  «Искандарнома»  номукамал ва  ноқис   мебошанд.

   Китобати  дигар   нусхаҳои  дастнависи   дар  боло  зикршудаи  достонҳои  «Хамса»  бошад, қайд намудааст А. Алимардонов,  дар  асрҳои ХVIII, ХIХ  ва  ибтидои  асри ХIХ  анҷом  ёфтааст.  Сарфи  назар  аз таърихи  китобат  ва  ҷой  доштани  баъзе норасоиҳои  ҷузъӣ  аз  миёни  нусхаҳо  дастнависҳои   таҳти  рақамҳои  13, 805/I, 1525/I; 349, 805/II,  753,908; 1065/II  ва 6  пурра буда,  матни  нисбатан мукаммалу   саҳеҳи маснавиҳои  «Махзан-ул-асрор»,  «Хусрав  ва Ширин»,  «Лайлӣ ва Маҷнун»  ва «Искандарнома»-ро  дар бар  мегиранд.  Нусхаҳои дастнависи   боқимондаи маснавиҳои «Хамса»  (таҳти рақамҳои 111,  1975/I,  573/IV, 1975/ II,640)  ноқис,   номукамал  ва нуқсондор  мебошад.  Дар  нусхаи  таҳти  рақами  2224  бошад  аз   достонҳои  «Хамса»  ба ғайр  аз «Ҳафт   пайкар»    порчаҳои  ҷудогона  ба  тариқи    мунтахаб   оварда   мешаванд.

   А. Алимардонов қисми  сеюми  нусхаҳои   қаламии  дар  Ганҷинаи  дастнависҳои   шарқӣ  мавҷудбудаи  «Хамса»-и Низомиро, «Хулосат-ул-Хамса»-и  ӯ  ҳисоб мекунад. Дар мақолааш қайд мекунад, ки шумораи  онҳо   дар ганҷинаи   мо  чаҳорто  мебошад  (таҳти  рақамҳои  128,  384 /II,  1791/ I, 2664).  Китобати  сетои онҳо   ба  асри  ХVI  ва  яктоашон (№384/II)  ба асри  XIX  тааллуқ  дорад.  Ҳеҷ  кадоми ин   нусхаҳо аз   норасоиҳо  ва   нусхаҳо   озод  нест. Дастнависи   таҳти рақами 2664, ки   бо настаълики   хеле зебо   навишта  шуда, дорои  ҷадвали ранга   унвони хеле нозук   мебошад, аз    китобхонаи  шахсии  шоири   соҳибзавқи   советии  тоҷик  Ҳ. Юсуфӣ   будааст.

   Албатта,  чунон  ки аз   унвони он  «Хулосат-ул-Хамса»  ҳам маълум  мегардад,  ин  асар  на  ҳамаи   достонҳои  «Хамса»-и  Низомиро  ба  таври  пурра,  балки  танҳо  порчаҳои  ахлоқии  маснавиҳои  ӯро  дар бар  мегирад,  ки   шахси номаълуме  порчаҳои  ҷудогонаи   маснавиҳои  «Хамса»-ро  гирифта,  ба сифати як маҷмӯаи  мустақил   мураттаб  сохтааст.  Аз  баски  се  дастнависи  маҷмӯаи  мазкури захираи  мо дар асри XVI    бешубҳа аз рӯйи   нусхаҳои   қадимтар   китобат карда   шудаанд,  бинобар  ин  аз  эҳтимол  дур  нест  дар онҳо   вариантҳои  нисбатан   қадимтару   саҳеҳтари   ин  порчаҳои   маснавиҳои  «Хамса»  нигоҳ дошта шуда бошанд.

   А. Алимарднов дар ибтидои мақолаи илмияш дар мавзӯи «Нусхаҳои хаттии осори Муҳаммади Ғаззолӣ дар ганҷинаи       дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва хусусиятҳои онҳо»  дар бораи Имом Зайнуддин Абӯҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад Ғаззолии Тӯсӣ (450-505ҳ/1058-1111м) аз ҷумлаи тавонотарину бузургтарин донишмандону мутафаккирони шӯҳратманди асрҳои миёнаи форсу тоҷик маълумот дода навиштааст, ки Муҳаммад Ғаззолӣ  бо  осори сершумору пурмӯҳтавои илмии худ доир ба баён ва ҳаллу фасли масоили ҳассосу муҳимми эътиқоду усули дин, фиқҳу калом, шариату мунозира, мантиқу фалсафа, ҳадису тафсир ва ирфони назариву амалӣ дар таърихи тамаддуниу фарҳанги исломӣ мақоми ниҳоят баланду ба худ шоистаро ишғол намуда буд.

   Аз рӯйи маълумоти А. Алимардонов дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А. М. Мирзоеви Академияи илмҳои Тоҷикистон 20 нусхаи дастнависи осори Имом Ғаззолӣ нигоҳдорӣ мешавад. Аз инҳо 10-тояшон нусхаҳои хаттии “Кимиёи саодат”, сетояшон нусхаҳои хаттии “Эҳёу улум-уд-дин”, панҷтояшон нусхаҳои хаттии “Анвори ҳикмат” ва дутояшон нусхаҳои хаттии “Дақоиқ-ул-ахбор” ва “Анвори Ғиёсӣ” ном асарҳои Имом Ғаззолӣ ва асарҳои бо номи ӯ сохташуда мавҷуд мебошад. Назар ба тадқикоти А. Алимардонов аз ҳама бештар (10нусха) дастнависҳои “Кимёи саодат” ҷой дорад. Сабаби асосии таваҷҷӯҳи зиёд ба  “Кимёи саодат” пеш аз ҳама ба забони роиҷу мафҳуми мардуми Осиёи Марказӣ-форсӣ таълиф ёфтан ва ба шакли хеле мухтасару мафҳум таҷассум намудани масоили гуногуни динӣ, ахлоқӣ, ирфонӣ илмӣ ва ҳакимӣ мебошад. Бесабаб нест, ки донишмандон онро чун доират-ул-маорифи исломию ирфонӣ шумурдаанд. Муҳақиқ аз миёни дастнависҳои “Кимёи саодат”-и ганҷинаи нусхаҳои хаттӣ аз ҳама қадимтаринаш нусхаи таҳти рақами 1007 бударо меҳисобад, ки он мутобиқи маълумоти дар хотимаи нусхаи дарҷгардида, дар соли 615ҳ/ 1218м  дар Лоҳури Покистон аз ҷониби Муҳаммад ибни Абулқосими Ат-тусӣ китобат шудааст. Нусха дар коғази ҳиндӣ бо хатти насх истинсох гардида,  дар тарзи навишти иддае аз ҳуруфу калимот дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Дар нусха баъзе норасоиҳо аз қабили таъсири рутубату  хароб гардидани матни баъзе сатрҳо, барқарор кардани матни баъзе варақаҳои аввалу охири нусха ба назар мерасад. Ҳаҷми нусха 19х 25 см. буда, 383 варақаро дар бар мегирад. Бо вуҷуди ҷой доштани баъзе нуқсонҳо ин нусха қадимтарин нусхае то кунун маълуми “Кимёи саодат” буда, хеле хуб маҳфуз мондааст.

   Сипас А. Алимардонов дар бораи  нусхаҳои таҳти рақамҳои 515, 1931 ва 4238 “Кимёи саодат” маълумот дода навиштааст, ки  бо  вуҷуди бар асари сипарӣ гардидани солиёни зиёд, дар онҳо роҳ ёфтани баъзе нуқсонҳо аз қабили таъсири рутубату пахш гардидани сиёҳӣ, пайдо шудани доғҳо ва инчунин хӯрдани мӯриёна аз ҷумла дар  дастнависҳои нисбатан қадима (китобаташон солҳои 895ҳ/ 1490м., 895-897ҳ/ 1490-1492м., 845ҳ/1491-1492м) ин осори пурқимат ҳисоб меёбанд. Бар замми ин ҳар яки онҳо бо хати зебо (насху настаълиқ) китобат гардида, бо анвои тазйинот монанди ҷадвалкашӣ, бо ҷӯша навиштани сарлавҳаҳои бобҳо, дар оғози нусха овардани тамом тасвири олӣ (нусхаи 1931) ва дар ибтидои рукнҳои асар овардани унвонҳои рангину музаҳҳаби моҳирона кашидашуда (нусхаҳои 1931 ва 4238) ороиш дода шудаанд. Нусхаи таҳти рақами 1931 дар Ҳинд китобат ва музайян сохта шудааст. Матнҳои ҳарсеи ин дастнависҳо, асосан, мукаммал мебошад ва ҳангоми таҳияи матни саҳеҳи танқидии “Кимёи саодат”барои тасҳеҳи матн истифода бурдани онҳо мувофиқи матлаб хоҳад буд.

   Китобати нусхаҳои хаттии таҳти рақами 2660, 4329, 386 “Кимёи саода”-и ганҷинаи дастхатҳои шарқии АИ ба қарни XVII (китобаташон  солҳои 1080ҳ/1669-1670м., 1092ҳ/ 1681м., 1100ҳ/ 1689м) ва истинсохи нусхаи таҳти рақами 2680 ба қарни XVIII тааллуқ дошта, мавзеи китобаташон Мовароуннаҳу Ҳиндустон будааст. Нусхаи таҳти рақами 2660 ҳаҷман хеле хурд(8х 11, 5см) буда тамоми матни китобро дар бар мегирад. Нусха музайян буда, дар оози китобҳои асар чаҳор унвони рангину 

музаҳҳаб ҷой дорад. Дигар қисматҳои нусха ҳам ороиш дода шудаанд. Се нусхаи дигари зикрёфта ҳам матни  мукаммали “Кимёи саодат”-ро дар бар мегирад ва ҳар кадомашон ба услубу тарзи ба худ хос ороиш ёфтаанд.  Аз миёни онҳо дастнависи таҳти рақами  368 беҳтару бештар  зинат дода шудааст. Дар оғози худи асар ва ҳамаи бахшҳои дохили он унвонҳо зебои муноққошу музаҳаб бо сабки кашмирӣ кашида шудаанд. Ҳошияҳои варақҳои 1-2 нусха ҳам ба нақши растаниҳо зинат дода мешаванд.

   Хамчунон муҳақиқ қайд мекунад, ки дар ганҷинаи дастнависҳо  таҳти рақами 1001 тарҷумаи узбекии “Кимиёи саодат”-и Имом Ғаззолӣ мавҷуд аст, ки он бо супориши ҳокими Хутан-Азизшоҳбек аз ҷониби Муҳаммад Исо ном шахс анҷом дода шудааст. Нусха бо вуҷуди баъзе норасоиҳо аз қабили 

хароб гардидани сатрҳои ҷудогонаи матни он, асосан, мукаммал дорои 440 варақи 210х31 с.м. мебошад. Китобати нусха дар қарни XIX дар Мовароуннаҳр сурат гирифтааст. Нусха бо хатҳи  рангину тиллоӣ ҷадвалкашӣ шуда, унвонҳои бобҳо ва аломатҳо гуногун бо ҷӯша сабт гардидаанд.

   Нусхаи хаттии асари дигари Имом  Ғаззолӣ ба забони форсӣ ин дастнависи “Насоиҳу-л-мулук”-и  ӯ  мебошад, ки он таҳти рақами 1305 маҳфуз буда, масъалаи ҳакимати амалӣ-яъне усули давлатдорӣ ва идоракунии давлатро инъикос менамояд. Дар ин асар, ки ба ҳукумрони Салчуқ Муҳаммад бинни Маликшоҳ (498-511х /1105-1118м) бахшида  шудааст, 10 боб,10 мисоли мувофиқ, 81 ҳикоят, 67 сухани ҳикматнок ва 15 порчаи  назм ҷой дорад. Китобати нусхаи соли 1101ҳ/1689-90м. ва 1010х./1601-1602м зикр  ёфтааст. Адади авроқи дастнавис 133 вар. (12 х 21 см.) мебошад.

   Муаллифи мақола дар бораи  се нусхаи хаттии муҳимтарину мукаммалтарини шоҳасари Ғазолӣ “Эҳёу улум-уд-дин”, ки  таҳти рақамҳои 2144, 3912 ва  770  нигоҳдорӣ карда мешавад, маълумот дода, қайд мекунад, ки  комилтарину қадимтарини ин нусхаҳо дастнависи таҳти рақами 2144 буда он шомили тамоми матни аслӣ-арабӣ (910 вар.) буда, дар  қарнҳои IX-XV-и ҳиҷрӣ  китобат гардидааст. Нусхаи таҳти рақами 3912 фақат бахши сеюми китоби бузурги мазкури Ғаззолӣ, яъне  бахши 

“Муҳлиқот”-и онро фаро мегирад, ки дорои даҳ китоб буда, соли 1076ҳ/1665-1666м дар 182  варақ бо хати насх китобат гардидааст.

  Дастнависи таҳти рақами 770 бошад, шомили тарҷумаи форсии бахши “Рубъи мунҷиёт”-и “Эҳёу улум-уд-дин” бонувони “Анвори ғиёсӣ ва асрори Илоҳӣ” (дар  337 варақи 21х35см.) мебошад, ки онро Абдулмаҳмуд ибни Алкофӣ машҳур ба Носири Ҳиравӣ дар солҳои 625-627ҳ/ 1227-1230м анҷом додааст. Ин қисмати асари Ғаззолӣ аз даҳ китоб (ёдафтар) иборат буда, тасвири  масоили ирфонии ба 

соликони роҳи ҳақиқат марбутро фаро мегирад. Китоби ин нусха Сайид Муҳаммад Носир бинни Убайдуллоҳҳоҷа буда, истинсохи онро дар соли 1255ҳ/-1840 дар  ҳаҷми 337 21х35см. Ба поён расонидааст. Тибқи маълумоти котиби нусха  ӯ ин дастнависро дар заминаи нусхаи аслӣ барои бародараш Сайид Абдураҳмонхоҷа бо камоли масъулият 

истинсох намудааст.

 Илова бар дастнависҳои дар фавқ муаррифӣ шуда, (қайд мекунад А. Алимардонов дар мақолааш) ки онҳо нусхаҳои бевоситаи асарҳои Имом Ғаззолӣ мебошанд, дар ганҷинаи дастнависҳои мо боз якчанд асарҳои мухтасаре (ҳамагӣ якчанд варақӣ) зери рақамҳои 2603/3,2875/8, 1022/4, 4207/7, 4854/4 бо унвони “Анвори ҳикмат” нигоҳ дошта мешавад. Онҳо дар асрҳои  XVI-XIX китобат гардида, мавзӯъҳои панду ахлоқиро дар бар мегиранд. Ба назар чунин менамояд, ки онҳо порчаҳо ё қисматҳои ҷудогонаи аз 

китобҳои Имом Ғаззолӣ интихоб кардашуда бошанд.

 Ба ғайр аз ҳамаи дастнависҳои дар боло зикргардида, муҳақиқ дар бораи  дастнависи рақами 5266 бо номи “Дақоиқ-ул-ахбор”  маълумот медиҳад, ки унвони он дар миёни номгӯи асарҳои  Имом Ғаззолӣ ба назар  намерасад. Ин нусха арабӣ буда, 

тарҷумаи таҳтулафзии он дар байни сатрҳо оварда мешавад. Китобати нусха дар  соли 1302/1884-1885м аз ҷониби Ғулом Мулло Муҳаммаднур ибни Муҳаммад Шакур дар заминаи чопи китоб дар ҳаҷми 110 варақ анҷом дода шудааст.

   Дар охирсухан ҳаминро бояд зикр намуд, ки А. Алимардонов ба дастхат мисли як тифл муносибат дошт ва ҳатто вақте, ки дастнависҳои ин ганҷина иштибоҳатан бо айби чанд нафаре нусхабардорӣ шуда аз ганҷина берун бурда шуданд, оби дидааш рехта буд. То охири умраш дар ҳамин ганҷина кору фаъолият намуд. Муҳаббати устод ба нусахи хаттӣ беинтиҳо буд. Рӯҳи устоди зиндаёд гиромӣ бод.

Сайидхоҷа Ализода

[1] Ниг.: Каталог Восточныъх рукописей АН Таджик­ской ССР,- Душанбе, 1970.-Т.4; Алимардонов А. Нусхаи каламии «Таърихи Њумоюни Гулшанї» // Мероси ниёгон.- Душанбе,1995.- №2,- С. 16-20.

[2] Каталог восточных рукописей АН Таджикской ССР.- Сталинабад-1960,- Т.1.-С. 132-133, 137-139.

 15 Каталог восточных рукописей АН Таджикской ССР.- Сталинабад-1960,- Т.1.-С. 132-133, 137-139

صفحه‌ها