Библиотека
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
БАДНОМ НАБОЯД БУД
Ҳанӯз Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ бо овози баланд ба инсонҳо муроҷиат намуда гуфта буд:
Ту тухми бадӣ то тавонӣ макор,
Чу корӣ, барат бад диҳад рӯзгор!
Дар ҳақиқат, дар ниҳоди инсонҳо, баробари «пиндори неку гуфтори неку рафтори нек», ки маншаъ аз фарҳангу адаби дури дурамон, аз китоби «Авасто» мегиранд, боз дар тамоми раванди таърих хислатҳои разилонаю амалкардҳои манфию манфуре ҳам лона доштанду доранд, ки иборат аз хиёнат, фиребу макр, норостӣ, бевафоӣ, бедиёнатӣ, ноустуворӣ, дағалӣ, сияҳдилӣ, туҳмат ва ғ., умуман тухми бадномӣ коштан дар ҷомеа дар шахсияти амалкунанда мебошанду алайҳи некию некӯкорӣ пайваста дар сангари муборизаи шадид қарор доранд. Ба таъбири дигар, осудагию оромии фарде ё ҷомеаеро халалдор сохтан, сохтаҳоро ба хотири манфиатҳои ботилу ночизе сӯхтан, будаҳоро нобуд кардан, ба ҳақ ноҳақиро раво дидан, ба сафедӣ хатти бутлони сиёҳӣ кашидан андар хиёнату бадкирдорӣ дар ҷомеа, ба ҳар навъе, ки набошад, оқибат рӯ менамояд.
Вақте дар вуҷуди инсон бадномӣ қомат меафрозад, бадкор қудрату тавон мегирад, кӯшиш менамояд, ки аз амали хурди разилона ба бадкориҳои фаҷеътаре панҷа дароз кунад, то ба ҳадде, ки баҳри ҷоҳу молу манол ба қудрати сиёсати вақт ҳамлаи нодурбинона кунад, байни ҷомеа иғво ангезад, ба осудагию оромии он такони манфӣ ворид созад, барои манфиати фардӣ даст ба кору рафторҳои ношоиста занаду ба мурод норасида, мағлубияташ фош гардад.
Ҳамин тавр, бадном онест, ки ба ойила, ба наздикону дӯстон, ба раванди рости корҳо, ба моли мардуму ҷамъият, баъзан аз нодонӣ ба волидайн ва, бадтару бадтар аз ҳама, ба Ватан ва сиёсати осудаи давлатдорӣ ва ғ. амалкардҳои манфии инсонӣ содир менамояд, ки дар ниҳоди худ басо ангезаҳои нохушу номатлубе дораду ҳар шахсро ба сӯйи бадномӣ мебарад, обрӯяшро дар ойила, дар коргоҳ, дар байни ҷомеа ва дар ҳама ҷо ба хоки сиёҳ яксон менамояд. Барои сиёҳ кардани зодбуму кишвари худ ва ба ин васила ақлҳоро дуздидану ба сӯйи нокуҷоҳо бурдани мардуми авом ва ҷавонони бетаҷриба тухми бадномӣ коштан аз ҷониби саркардаҳои дохилию хориҷӣ мебошад, ки ба ҳеч ваҷҳ нопазируфтанист.
Ба ин маънӣ, дар ПАЁМИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, аз таърихи 26 декабри соли 2019, бамаврид омадааст, ки «…сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои таблиғотиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».
Бешак, дар замири ин гуфта амалкардҳои номатлубу ношоистаи ашхосе ишора ва таъкид карда шудааст, байни ҷомеа нифоқ меангезанду бо фош гардидани амали бадашон бо бадномӣ маҳкум карда шудаанду мешаванд.
Вақте мо ба саҳифаҳои адабиёту фарҳанги дури дурамон назар меандозем, дар онҳо навиштаву ишораҳое дармеёбем, ки дар ҷомеаи ҳамаи давру замонҳо чунин амалу падидаҳои номатлуб реша дошта, аёну ноаён амал мекардаву маҳкум карда шуда, мағлуб ҷамъбаст гардидааст, то инсонҳоро ҳушдор диҳад ва дастандаркорон огоҳона аз ин роҳи бад канораҷӯйӣ намоянд.
Агар ба саҳифаҳои ин адабиёти ғанӣ ҷиддан мутаваҷҷеҳ шавем, мебинем, ки дар кӯлвори ҳар суханвари тавоно доир ба бадномӣ ва паҳлуҳои дурушти он ишорае, андешае, мулоҳизае ва, дар ин замина, хулосаҳои ибратбахше мавҷуданд, ки то ба имрӯз қимати тарбиявии худро гум накардаанду то ҳол омӯзандаанд. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ беҳуда нафармудааст:
Аз насиҳат ноқисон комил шаванд
В-аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.
В-аз насиҳат тоза гардад ҳар диле
В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле!
Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза на ҳар ақли «солим» гӯши наситҳатшунав ва на ҳар амалкард ҷанбаи мусбат дорад. Лаҷоми ақлҳои «солим» имрӯз баъзан дар дасти хоҷагони авомфиребу зиштандешашон барои дарёфти манфиати ночизи шахсб иебошаду халос, фардои худ ва фардои ҷомеа барои онҳо чизе нест.
Ҳанӯз Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вобастаи хиёнату бадномӣ дар порчаҳои боқимондаи достони «Синдбоднома»-и худ манзараеро, ки зане ба марде хиёнат мекунаду номи бадномиро ба номи худ мепайвандад, ин тавр овардааст:
Он гурунҷу он шакар бардошт пок
В-андар он дастор он зан баст хок.
Он зан аз дуккон фуруд омад чу бод,
Пас фаларзангаш ба даст-андар ниҳод.
Мард бикшод он фаларзаш, хок дид,
Кард занро бонгу гуфташ: – Ай палид!...
Оғоз ва анҷому хулосаи ҳикоят ба мо нарасидааст, то бидонем, ки ин зани бо амали норостини худ бадномшуда чӣ зане буда ва чаро ин бадномиро бар худ раво дида! Кию киҳое барангезандаву ба гумроҳӣ равонакардаи ӯ буданд!
Яке аз масъалаҳои муҳимми ҳамаи давру замонҳо, ки рӯзгори мо низ аз он истисно нест, дар майдони давлатдорӣ тухми нифоқ накоштану хиёнат накардани зердастон ба шоҳу ҳокимони худ аст, новобаста аз он, ки ҳукмраво дар чӣ появу дар кадом мақом мебошад. Ба ин маънӣ, дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ба ҳодисаву зиддиятҳоне дучор меоем, ки аз хиёнату бадкорӣ, ки оқибаташ бадномист, сар задаанд. Ба ёд меорем хиёнатеро, ки солорони лашкари Суҳроб ба Суҳроб раво дидаанду оқибати он бо фоҷеае мудҳиш анҷомидааст. Яъне, бадхоҳону баттолон, кӯшишидаанд, ки писарро бо падар шинос нанамоянду яке аз байн равад, то ду қувва якҷо шуда ҷаҳонгир нагарданду зиддияту нифоқро аз байн набаранд. Ин гуна кашмакашҳо аз ҳамон рӯзгорони гузаштаи дур ба инсонҳо боқӣ монда будааст.
Бо макру хиёнати зани навбатии Ковусшоҳ Судоба – духтари шоҳи Ҳомоварон Сиёвуш - писари Ковусшоҳ ба рӯзҳои сахте рӯ ба рӯ шуда, ниҳоят бо ҳилаву найранги Афросиёб ва атрофиёнаш, ба фоҷеа дучор ва бераҳмона кушта мешавад.
Дар баробари он ки Рустами Дастон ба шоҳ Ковус ва ҳамватанонаш ҷоннисор аст, боз ҳам шоҳ ба ҷаҳонпаҳлавон хиёнат мекунад. Сифати пастию нокасӣ, бераҳмию бемурувватӣ ва носипосии Ковусшоҳ нисбат ба Рустам дар пайғоми «Нӯшдору хостани Рустам аз Ковус» аз забони сипаҳдор Гударзи Кашвод ҷолибу мушаххас ва ҳақиқӣ ҷамъбаст шудааст. Чунин рафтор оё мисоли равшани ба ҷаҳонпаҳлавони кишвар хиёнат кардану худро бадном кардан нест?! Албатта, Рустами Дастон аз ин рафтори ношоистаи шоҳ меранҷад, вале ватандор, ки ҳаст, бо Ватан мемонад ва бештар аз пештар дар ҳимояи марзу буми Ватан мекӯшад. Кушта шудани Рустами Дастон аз дасти Шағод бо фармони хоҷагонаш яке аз мудҳиштарин хиёнатҳои бародар ба бародар дар саҳифаҳои таърихномаамон ба шумор меравад. Дар ин саҳна магар Шағод ба муроди дили худ расид?! Ҳаргиз!
Дар «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ низ оид ба чунин амалиёти номатлуб андешаҳои падари Гаршосп омӯзандаанд. Вай пеш аз он ки Гаршоспро ба хидмати Заҳҳокшоҳи золим гусел намояд, ба писари паҳлавонаш чанд панди судманд медиҳад, ки асоситарини онҳо чун зердаст хиёнат накардан ба шоҳи замону ба бадномӣ шуҳра нагардидан мебошад. Агар зердаст ба шоҳ ва хазинаи мамлакат хиёнат намояд, он ба костагии ахлоқи ҷомеа ва шикасти кишвар оварда мерасонад.
Вазнинтарин ва нобахшидатарин хиёнат номуросо будани баъзе ҷоҳхоҳони кӯтаҳдасту пайравони аъмои онҳо ба давлату дину ойин, ба халқу Ватану миллат мебошад. Имрӯз номи басо касонро авроқи таърихи ҷаҳон дар худ рӯсиёҳу бадном забту сабт намудааст, ки аъмоли бадашон ба минбаъд аз он саҳфаҳо носутурданист.
Кошки чунин амалу рафторҳои гурӯҳҳои манфури ношоиста, ки имрӯзҳо дар кишвари мо «тасодуфан» аз ҷониби бадхоҳони халқу миллату Ватан сар мезананду оқибат барои саркардаҳои беандешаашон бадномӣ меоранд, такрор нагарданд.
Барҳақ, гирудору кашмакашиҳои шаҳрвандӣ дар давраи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва гузариш ба даврони соҳибистиқлолӣ бояд барои мо – шаҳрвандони имрӯзаи Тоҷикистон дарси ибрати ҳамешагӣ бошад.
Зиёда аз ин, баъзе ҳодисаҳои нохуш дар кишварҳои Шарқи Миёнаву наздик, монанди Фаластин, Сурия, Лубнон, Ироқ, Яман ва Афғонистони ба ҳар фарди замон маълум бояд дарси ибрат бошанд. Душманони ватану миллат, новобастаба аз мансубияти халқию ирсию нажодиашон, новобаста аз маншаи баромадашон, новобаста аз дину ойинашон ва ғ. мехоҳанд олн рӯзҳои сахти давраи гузаришро дигарбора ба сари мо бор кунанд. Оромию осудагӣ, ваҳдату истиқлолияти миллӣ, сулҳу суботи бо душвориҳо бадастовардаи моро аз байн бибаранд, лекин куҷо ба муродашон хоҳанд расид ?!
Ҳар кӣ бадкорӣ кунад, ногаҳ ниҳад бар хок сар,
Ҳар кӣ бадаҳдӣ кунад, ногаҳ диҳад бар бод ҷон!
Дар ин маврид аз офаридаҳои Низомии Ганҷавӣ, ки хеле зиёду судманданд. Танҳо ҳикояти «Хайру Шар»-ро мисол меорем, ки хиёнати Шарри дар аввал дӯст ба Хайр чӣ рӯзҳои мудҳишеро бор овард. Дар охир Хайр аз гуноҳи азими Шар гузашта бошад ҳам, вале шоҳиди воқеа - марди курд бо теғ сари Шарро аз тан ҷудо менамояд, то чунинҳоро дарси ибрат шавад.
Вақте ба достонҳои «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ рӯй меорем, мебинем, ки шоири ҳаким дар ин бора бетараф нест. Вай борҳо хиёнату бадкирдориро салоҳи ахлоқи ҳамидаи одамӣ надониста, фарҷоми бад доштани онро таъкид менамояд ва мегӯяд:
Аз хиёнатгарист бадномӣ
В-аз бадӣ ҳаст бадсаранҷомӣ.
Акнун, ки кишвари мо бо талошҳои чандинасра ва заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони асил ва мардуми сарбаландаш ба соҳибистиқлолӣ расидаасту беш аз сӣ сол боз бо созандагиҳо Ватани озоду обод дорем, мебояд ба қадри ин озодӣ бирасем ва ҷавонмардона аз халқу Ватану миллатамон пуштбонӣ намоем, парчами кишварамонро болои сарҳо ҳамеша парафшон бинем. Дар ин беш аз сӣ соли Истиқлолияти давлатии кишвар ва Ваҳдати миллии халқамон баробари дастовардҳои бесобиқа дидаем, ки дастаҳои муноқишакор, афроди ба аҷнабиён фурӯташуда, ашхоси ҷоҳталаб, баъзан роҳгумзадагону чоплусони хоҷагони мунофиқ ба сари мардумамон чӣ сахтиҳо ва ба ватанамон чӣ хисороте овардаанд. Ин падидаи номатлуб баъзан имрӯз ҳам чеҳра менамояд. Боистӣ пайваста ба онҳое, ки барои мансабу ҷоҳ ва молу манол ба сулҳу салоҳ ва ягонагию ваҳдати ватанамон хиёнатро раво медоранд, оштинопазир бошем, гумраҳон ва манфиатҷӯёнро маҳкум намоем ва ғ. Дар ин ҷода ҷавонон бояд зиракии фарҳангӣ, ҷомеашиносӣ ва сиёсии худро ҳамеша нигоҳ дошта, ба иғво ва таблиғоти афрод ва гурӯҳҳое, ки дар хориҷ аз кишвар истода ҷониби Ватани худ, халқи худ, миллати худ санг мезананд, дода нашаванд. Бешак, ин гуна афрод фурӯхташуда ва иҷрокунандаи «барномаҳо ва супоришҳо»-и хоҷагони хориҷии худанд, бештарашон фош шудаанду будаҳо албатта фош хоҳанд шуд. Ба ин маънӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ гӯяд:
Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,
Бо кас макун, ай бародари ман.
Гар модари хеш дӯст дорӣ,
Дишном мадеҳ модари ман!
Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонони моро зарур ва лозим аст, ки ҳушёронаву даррокона ҳуввияти миллии худро бештар аз пештар дарк намуда, баҳри осудагию ободии кишвар талош варзида, ҳамеша бо чашму дили бедор дар ҳифзи Ватану халқу миллат бошанд, зеро меваҳои ширини баъди турктозиҳои қарнҳо, бо душвориҳою кӯшишҳои зиёд, ба соҳибистиқлолӣ ва озодӣ расонидаамонро содиқона муҳофизат карда тавонанд. Дар хотима андешаи баланди Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомиро ҳусни мақтаъ меорем, ки фармудаанд:
Гар ислоҳи халқи ҷаҳон боядат,
Дил аз ҳар бадӣ баркарон боядат!
Аз ин рӯ, на бадкору бадном, балки ҳамеша нексиришт ва созанда бошем, азизони Ватан!
Муҳаммадиев Алӣ,
н.и.ф., мудири шуъбаи матншиносӣ,
таҳқиқ ва нашри мероси хаттии
Маркази мероси хаттии АМИТ
Тоҷикон дар тули сарнавишти худ пастиву баландиҳои зиёдеро аз сар гузаронидаанд. Дар гузашта имперяҳои абарқудрати бузург доштанд. Ҳама вақт аҷнабиён ҳасуд мехӯрданд ва мехостанд, ки ин сарзамин ва мардумони ҷасуру ватанпарварро шикаст диҳанд, аммо ҳама вақт пурра муваффақ намешуданд. Аз таърихи гузаштаи дур сарфи назар мекунем ва танҳо дар бораи чанд даҳсолаи ахир ибрози назар мекунем. Тоҷикистон кишваре буд, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ барояш меросе намонд. Ҷангҳои шаҳрвандӣ боиси он шуданд, ки тамоми корхонаҳо, колхозу совхозҳо ва дигар муассисаҳое, ки марбути давлат буданд, ба тороҷ рафтанд. Бештари боигариҳои марбути миллати тоҷик ба яғмо рафт ё несту нобуд шуданд. Ҳатто як дона аслиҳа барои Ҳукумати Тоҷикистон мерос нагузоштанд.
Баъд аз таъсиси ҳукумати қонунӣ дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳум, душманони хориҷӣ ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намуда, тасмим доштанд, ки давлати миллии тоҷиконро барҳам зананд. Аммо раҳбари ҷавону меҳандӯст Пешвои муаззами миллат, ки он замон Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шуда буд, аз рӯзи аввали корияш барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар кишвар ва сулҳу ваҳдати ягонагӣ дар байни миллати тоҷикро ҳадафи асосии худ қарор дод. Ин буд, ки то Ваҳдати миллӣ даҳҳо мулоқотҳои расмӣ бо намояндагони оппозитсиони тоҷик доир намуд. Ӯ ба хотири сулҳ овардан ба кишвараш барои мулоқот ба кишвари ҳамсоя Афғонистон рафта бо раҳбарияти оппазитсияи тоҷик аз наздик мулоқот кард. Сиёсати хирадмандона ва дурбинонааш буд, ки тавонист тарафи муқобилро ба сулҳу субот даъват намояд. Ояндаи ободу зебои кишварро танҳо дар оромӣ ва ваҳдати ягона медонист. Ин буд, ки талошҳои зиёди раҳбари ҷавони кишвар сулҳу оромиро дар кишвар овард. Пеш аз ҳама ба ватан баргардонидани мардуми муҳоҷир буд. Шабу рӯз дар дафтари корӣ фикри ҳарчи зудтар баргардонидани ҳамватанонаш аз кишвари Афғонистон буд. То ба даст омадани Ваҳдати ягонаи миллат аксарияти гурезаҳо ба маконҳои аслияшон баргардонида шуда, аз рӯи аввал тамоми кумакҳоро барояшон карданд. Хонаҳои сӯхтаву валангоршударо аз нав сохтанд.
Танҳо Ваҳдати ягона метавонист, ба ҷангҳои шаҳрвандӣ дар дохили кишвар дар баъзе нуқоти кишвар идома дошт, хотима бахшад.
Он рӯзи деринтизор ҳам расид. Мардуми Тоҷикистон дар симои эмомалӣ Раҳмон раҳбари ояндасоз ва ободкунандаи кишварро эҳсос намуда. дар зери сиёсати хирадмандонаи ӯ ба ҳамдигар муттаҳид шуда, ба эъмори Тоҷикистон навин даст заданд. Албатта ободии ин ё он кишвар танҳо ба сиёсати пешгирифтаи раҳбари он рабт мегирад. Президенти муҳтарами кишвар, Пешвои муаззами миллат дар тайи солҳои мутамодӣ тавонист, ки Тоҷикистони навинро бунед созад. Кишваре, ки имрӯз дорои артиши муҷаҳҳаз аст, кишварест, ки тамоми сарҳадоти худро дифоъ карда метавонад, кишварест, ки дар сатҳи умҷаҳонӣ ӯро мешиносанд, кишварест, ки забонаш забони расмӣ дар миллали муттаҳид садо медиҳад, кишварест, ки забонаш пеш аз бисёр забонҳои давлатҳои собиқи шӯравӣ дар шаӣбакаи интернетӣ қабул шуд, кишварест , ки тамоми пешниҳодоти вай дар сатҳи умумиҷаҳонӣ мавриди қабули ҳама гон қарор гирифт. Кишварест, ки бузуртарин сохтумони аср – сохтмони НОБ-и Роғунро рӯйи даст гирифт ва бар хилофи нотавонбинон онро бунёд карда ду агрегати аввалини онро ба кор андохт
Дар тули 70 сол мардуми тоҷик дар парокандагӣ умр ба сар мебурданд. Роҳҳо баста буд. Ҳар минтақа бо роҳи худаш буд. Шояд чунин тарзи муносибат ба ин кишвари хурди собиқи Шуравӣ ба манфиати онҳо буд, ки ҳатто як нақб ҳам барои Тоҷикистон наканданд. Мардуми тоҷик ҳама вақт аз ҳам ҷудо буданд. Иртиботи кам доштанд. Шукронаи даврони Истиқлолият, ки имрӯз ҳамаи саддҳо бардошта шуд, Тамоми манотиқи Тоҷикистон бо роҳҳои замонавии дар сатҳи байналмилаллӣ қарордошта пайваст гардиданд.
Тоҷикистон бо кишвари афсонавӣ ва дӯстдоштании мардуми кишвар ва хориҷи он мубаддал гашт. Ҳар рӯз ҳазорон нафар сайёҳон барои тамошои он меояд ва кишварест амну осуда. Ҳамаи ин дастовардҳо аз он хотир ба даст омад, ки сулҳу Ваҳдат шиори ягонаи раҳбари кишвар ва мардуми шарифи он буд.
Мо ифтихор дорем, ки чунин кишвари биҳиштӣ, зери сарпарастии Пешвои ғамхору дилсӯз кор мекунем. Ман суханамро бо як дубайтӣ анҷом мепазирам:
Шукрона аз он кунам, ки давлат дорем.
Бо давлату халқи худ муҳаббат дорем,
Шукрона аз он кунем, ки имрӯз ҳама.
Мо сарвари Пешвои миллат дорем.
Ходими илмии
Маркази мероси
хаттии АМИТ,
Наҷмиддин Шоҳинбод
(Ба истиқболи 9 сентябр-Рӯзи Истиқлоли давлатӣ)
Дар таърихи башарият бунёди давлат ва ташаккулёбии халқияту миллатҳо ваҳдат ҷойгоҳи махсус дорад. Инсоният борҳо дар масири таърих ба ҷангҳои қавмию дохилӣ ва байни- давлатӣ рӯбарӯ гардида, талафоти зиёд дидааст. Аммо ягона омиле, ки ба хотимаёбии ҷангҳо асос шуда, инсонро аз талафот ва шаҳрҳоро аз харобшавӣ наҷот додааст, ин ваҳдат аст. Ваҳдат дар назар як вожаи одӣ намояд ҳам, аммо дар асл як ибораи созанда, офарандаи шодию тараб, пайвандгари инсонҳо ва васлкунандаи таърих мебошад.
Хушбахтона, бо мурури сипарӣ гардидани ҳазорсолаҳо ва дастёбӣ ба давлатдории навин марҳалаи муҳими таърихи тоҷикон падид омад. Яъне, пас аз торикиҳову тирагиҳои замон, тоҷикон соҳиби давлати мустақил гардиданд. Дар сарзамин Сулҳ барпо шуд. Ваҳдат ба вуҷуд омад. Таърих эҳё гардид, ки акнун, айёми нумуву камолоти дигарбораи миллату давлат фаро расид.
Вақте ки сухан аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ меравад, пеши назар симои – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад.
Бо омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар арсаи сиёсат муборизаи қувваи некӣ бар бадӣ, сулҳ бар ҷанг оғоз ёфт. Ин абармарди шарифном миёни аҳли ҷомеа нахустин сухани худро аз сулҳ оғоз намуд. Ба ҳайси раиси Шурои Олӣ миёни ҳамватанон иброз намуд, ки “Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ин ки вазъро ором намоем. Ман дар ин роҳ ҷонамро дареғ намедорам”.
Дарвоқеъ таҷрибаи сулҳу ваҳдатофарии миллати тоҷик, ки бешак дар ин раванд ва оғозу ибтикори он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузургу арзишманд аст, миллату давлати мо огаҳанд ва мардуми азизи Тоҷикистон хурду калон имрӯз ба ин неъматҳо арҷ мегузоранду хидматҳои наҷибу бузурги Пешвои муаззами худ – Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намесозанд.
Оре, мардуми тоҷик аз нахустин рӯзҳои фаъолияти фарзанди барӯманди тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк мекарданд, ки зери сиёсати некбинонаву хирадмандонаи Роҳбари худ онҳо ба ояндаи умедбахшу пурсаодат мерасанд. Мардуми тоҷик дар замиру афкор ва амалу андешаи неку созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсонеро дарёфт, ки воқеан фарогири меҳру шафқат, ҷавонмардиву шуҷоат, некбиниву покдилӣ, қавииродагиву ҷасурӣ буду, ҳамеша аз бародариву ватандӯстӣ ва ватанхоҳиву сулҳу ваҳдат сухан мекард. Ҳаёти воқеӣ ин амалҳои неку созандаро собит месозад.
Дар ин масир пайғоми саодатовар барои миллати тоҷик ин баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон буд, ки оғози шукуҳу шукуфоӣ ва рушду равнақи давлату миллатро замина гузошт. Аз ин рӯ, набояд фаромӯш сохт, ки ташаббускори асосии баимзорасии санади таърихиву сарнавиштсоз ва меъмори кохи бегазанди оштиву баҳамоии миллат маҳз шахсияти бузурги ҷаҳонӣ ва фарзанди асили миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.
Воқеан, дар идомаи кору фаъолияти пурсамар ва арзишманди худ, Пешвои муаззами мо бо ҷаҳду талошҳои пайвастаашон суханонашонро содиқона ва собитқадамона исбот намуданд ва имрӯз таҳти роҳбарии бевоситаи ин шахсияти мондагори таърихӣ пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд.
Боиси таъкид аст, ки раҳоӣ ёфтан аз вартаи номатлуби ҷанги шарвандӣ ва ба сулҳу ваҳдат расидани тоҷикон дар як муддати кӯтоҳи таърих диққати ҳазорон коршиносону аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб намудаасту имрӯзҳо ин таҷрибаи ибратомези таърихӣ мавриди омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷахонӣ эътирофшуда, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Ба ибораи дигар, Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ ба он мусоидат намуд, ки дар даврони Истиқлол мо монеаҳоро бартараф намуда, роҳро дар самти рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар кушоем. Аз ин рӯ, дар баробари зина ба зина амалишавии барномаҳои ҳадафҳои стратегӣ-таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат Ваҳдати миллӣ пойдор гардида, Истиқлоли давлатӣ бештару беҳтар рушд намуд. Маҳз ин ду омил сабаби воқеии пойдории кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва мардуми бофарҳанги ӯст.
Аз ҷониби дигар, раванди имрӯзаи шаклгирии низоми нави ҷаҳонӣ бар он далолат мекунад, ки кулли дунё ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Дар ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Мо бо камоли тафохур, итминони комил ва бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди худшиносии миллӣ, ҳувияти воло қайд мекунем, ки Ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ, на танҳо дар минтақа, балки дар саросари ҷаҳон дониста шудааст. Зеро, беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро ниҳодҳои сиёсии ҷаҳони муосир меомӯзанд.
Мо Тоҷикистони навинро бе ному кору пайкори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз тасаввур карда наметавонем. Ин ҳақиқатест бебаҳс ва воқеиятбунёд. Ин ҳақиқатест, ки саодати халқи тоҷикро, эҳёву шукуфоии мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Маҳз бо шарофати азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад. Аз ин дидгоҳ мардуми шарафманди кишварро зарур аст, ки баҳри пойдории сулҳу субот ва Истиқлоли комили давлати азизамон сидқану содиқона заҳмат кашанд ва ҳифзи арзишҳо ва ормонҳои миллиро ба ин васила таъмин намоем.
Шукуфон бод Тоҷикистони азиз бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Ходимони илмии
Маркази мероси
хаттии АМИТ
Меҳриддин Ғиёсӣ,
Шодиҷони Рамазон
(“Хуршедсавор”. Нашриёти “Ношир”. Хуҷанд – 2023. 473 саҳ.)
Ходимони илмии Маркази
мероси хаттии АМИТ
Меҳриддин Ғиёсӣ,
Шодиҷони Рамазон
Во кардани тадқиқоти пурмояи муҳаққиқини маъруф, тавзеҳи иҷмолӣ, барчидани ғояҳои меҳварии таълифоташон ҷиҳати фаҳми масоили мубраму баҳсбарангези илмӣ василати муҳим маҳсуб мешавад, дар ҳар соҳа, то ки номи муборакашон ҳар чи бештар дар хотирҳо монаду аз ёдҳо зудуда нашавад ва гузашта аз ин, далелҳои муътамаде, ки эшон бо заҳмату ранҷи зиёд рӯйи саҳфа овардаанд асноди муҷаддаду сареҳанд баҳри мустафид гаштани аҳли назар ва аз қавли Ҳазрати Ҷомӣ дар замини дили мустамеон тухми иродат мекоранд, ин зумра шахсиятҳои муътабар.
Осори донишманди нексиришт, доктори илмҳои филологӣ, профессор, устоди зиндаёд Абдулманнони Насриддин, аз шумори ҳамин гуна таълифоти пурмаъною жарф, саршор аз маънавиётанд, ки бо хонанда иртиботи пурвусъати қонеъкунандаро барқарор менамоянд ва аз гуфтори ҳакиме, ин маънавиёт мабдаи сурати вуҷуди навъияти эшонро муҷалло кардааст.
Китоби “Хуршедсавор” бо саъю эҳтимоми фарзанди фарзонаи устоди равоншод Абдулманнони Насриддин доктори илмҳои филологӣ, профессор Фахриддин Насриддинов интишор ёфта, чаҳор бахшро фарогир аст: бахши аввал – Нақду баррасии осору ҷусторҳо; бахши дуюм – Арҷномаҳо, ёдкардҳо ва хотирот; бахши сеюм – Феҳристи осори мондагор ва бахши чаҳорум – Оинаи осор. Ва китоб ҳади ақсо шасту чор нақду ҷусторҳои пурмуҳтаво, сипосномаҳою хотироти рангину шеърҳои салису хушоҳангро роҷеъ ба фаъолияти густурдаи устоди фақид дар бар мегирад, ки воқеан бозтоби дунёи маънавии эшонанд.
Мероси арҷманди донишманди шаҳир Абдулманони Насриддин, ки барои доираи васеи хонандагон маъхази пурбаҳост аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода васф шуда, саҳмашон дар рушди илму маорифи кишвар ба вижа зикр шудааст, дар муқаддимаи китоби “Хуршедсавор”.
Вуруд ба ҷойгоҳи олими маъруф Абдулманнони Насриддин, мақому манзалаташон дар кашфи асрори ниҳонии маънавии мутафаккирони классикии форсии тоҷикӣ бо гуфтору суханҳои дилангезу гуҳарбор, маърифатангезу пурхиради шоири шуҳратёфта ва донишманди фарҳехта Фарзонаи Хуҷандӣ бо унвони “Қанди баста” ифтитоҳ меёбад, ки бо шарҳу тафсири шеъри оламгири орифи бузург Шайх Камоли Хуҷандӣ муҳаббату эътимоди хешро ба устоди арҷмандашон бо самимият изҳор менамоянд.
Устод Фарзона муаллимии равоншодро бо табъи гуҳарбори сухангустари хеш, ки мунҳасир ба фард аст, васф карда, бо камоли эҳтиром менигоранд:
“....... Устод Абдулманнони Насриддин аз ҷумлаи кимиёсозоне буданд, ки мисҳоро бо кимиёи омоли солеҳ зари ноб карданд ва муқаддамтарину муқаддастарини некӯиҳову хубиҳову нағзиҳо боз ҳам интишори анвори донишу илму ирфон дар ҷонҳои ҷӯяндагону пӯяндагон аст....” (саҳ. 21).
Воқеан, шоири маъруф Фарзона бо як ҷаҳон муҳаббату ихлоси шогирдона шарофати халлоқии устодро баён карда, ба ин васила мабдаи достони муҳаббати муршиду шогирдро кашф кардаанд, ки ба хазинаи маънавии “Хуршедсавор” ворид шуданро ҳамвор менамояд.
Бахши нахустини китоби мавриди таваҷҷуҳ бо мақолаи устоди равоншод, профессор Худои Шарифзода - “Калиди ганҷи маънӣ деҳ ба дастам” оғоз меёбад ва нигоранда баъди таъкиди оригиналӣ будани мавзуъ, сатҳи гузориши масъала ва амсоли ин ба навгонии тадқиқот ва хидмати арзандаи муаллиф – Абдулманнони Насриддин дар пажуҳиши масъалаи маърифати адабиёт ва заминаҳои пайдоиши шарҳнависӣ аз дидгоҳи аҳамияти маърифатии адабиёти бадеӣ ва решаҳои таърихию адабии пайдоиши шарҳнависӣ пардохта, дар ин роҳ азму иродати муаллифро таъриф, ба умқи назар ва арсаи таҳлилу баррасиҳои масоили мубрами адабиётшиносии эшон арҷ мегузоранд. Ва мавриди зикр аст, ки мақолаи мазбур тақризест, ки Худои Шарифзода ба китоби Абдулманнони Насриддин - “Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форс-тоҷик” (-Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 2001, иборат аз ду ҷилд) чанд сол муқаддам таълиф кардааст.
Асари мавриди нақд қароргирифта аз сӯйи мунаққиди маъруф Худоӣ Шарифзода ба таври сазовор ва рафъати андеша таҳлил гардида, ҷузъиёти аслии таҳқиқ – “ҷараёни маърифати асари адабӣ ва тамоюлоти он, мушкилии ин протсесс аз назари шуаро, донишмандони арабу аҷам ва адибони дигар халқҳо, сарчашмаҳою талаботи воқеии пайдоиши илми герменавтика дар Аврупо ва шарҳнависӣ дар Шарқ, вуҷуду пайдоиши шарҳҳо дар Эрони аҳди Сосонӣ, пайдоиши илми тафсир дар араб ва дар ин замина шарҳнависии адабӣ, оғози шарҳнависии форсии тоҷикӣ аз асри 11 ва инкишофи минбаъдаи он, одоби шуруҳи шифоҳӣ, шореҳони машҳури ашъор, монанди Муҳаммад ибни Довуди Алавии Шодиободӣ, Абдулваҳҳоби Маъмурии Ғакоӣ, Афзалии Оллоҳободӣ, Муҳаммад Ғиёсиддини Ромпурӣ, фаъолияти онҳо ва ғайра” (саҳ.23) таъкид мешаванд.
Муаллифи тақриз ба василаи изҳори андешаи худ роҷеъ ба таърихи шарҳнависӣ, иртифои фикр, таҷрибаи ковишҳои илмӣ, тафаҳҳус дар осори таърихӣ, фидокорӣ дар кори таҳқиқии Абдулманони Насриддинро бар асоси мазмуни куллии китоби “Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форс-тоҷик” ситоиш карда, даст ёфтани муҳаққиқи равшанзамирро ба натиҷаҳои комилу муътабар дар ин масир комёбӣ дар илми адабиётшиносӣ арзёбӣ кардааст. Гузашта аз ин, дар тақризи мазкур ба вузуҳ нигошта мешавад, ки шаклу мазмуни шарҳҳо ҳамаҷониба омӯхта шуда, шарҳи матни пурра ва мушкилоте аз асарҳо, навъе аз анвои шеърҳо, таҳлили байтҳои шеъри шоирон бо ишора ба маъхазҳои гаронмоя таҳлилу баррасӣ гардида, самараи пажуҳиш – мушаххас намудани усулҳои аслии шарҳнависӣ, аз қабили шарҳ бо далели осори муаллиф, шарҳ бо ишораи маънои шоири дигар, шарҳ ба василаи ақидаҳои маъмули замон, истифодаи мадорики фаровони халқӣ, илмӣ ва амсоли ин дар тадқиқот тафсир шудааст ва ҳамзамон таъкид мегардад, ки чунин тарҳи тадқиқот дар масоили ироашуда дар адабиётшиносии тоҷик аввалин маротиба ҷараён гирифтааст ва Абдулманнони Насриддин дар иқдоми мазбур пешоҳанганд.
Нуктаи дигари муҳим аз назари мо дар мақолаи устод Худои Шарифзода ин аст, ки ҷанбаҳои аслии китоби “Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форс-тоҷик” тавзеҳи мукаммал ёфтаанд, аз ҷумла: коргоҳи маънавию ҳунари шореҳон бо тамоми тафсилоту далелҳои амиқ ва таърихи ин соҳаву мактабҳои он, мактабу ҷараёнҳои шарҳнависӣ ва густариши он дар Мовароуннаҳру Хуросон, 20 шарҳи “Гулистон” ва 15 шарҳи “Бӯстон”, ки дар Ҳиндустон таълиф шудаанд, масъалаҳои асосии мувофиқати шарҳ ба воқеияти адабӣ, масъалаҳои тафовути шарҳҳои осори манзум аз наср, шарҳнависӣ ва масоили матншиносӣ.
Бо як сухан арзиши китоби ёдшуда дар тақризи муҳаққиқ бо тозакориҳои илмӣ баррасӣ шудааст, ки он баҳои арзандаест ба пажуҳиши гаронарзиши Абдулманнони Насриддин.
Донишманди машҳур, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мақолаи хеш зери унвони “Профессор Абдулманнони Насриддин – бунёдгузори матншиносии назарӣ” ҷойгоҳи устоди фақид Абдулманнони Насриддинро дар матншиносии назарӣ ба таври иҷмолӣ ва хело ҳам пурмаънову барҷаста таъкид кардаанд. Ва шоистагию бартарии дидгоҳи устод Абдунабӣ Сатторзодаро дар мақолаи мавриди назар аз унвони он дарёфтем, ки бо камоли майлу эътимод профессор Абдулманнони Насриддинро бунёдгузори матншиносии назарӣ эътироф кардаанд.
Муҳаққиқ дар муқаддимаи мақола аз ибтидои матншиносии муосири тоҷик дар нахусткитоби адабиётшиносӣ ва нақди адабии устод Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” (1926) ёдовар шуда, афзудаанд, ки кори бунёдии матншиносии муосири тоҷикро баъдан донишмандоне, мисли А. Мирзоев, Р. Ҳодизода... ва дигарон муваффақона идома дода, матни интиқодии боарзиши як силсила асарҳои саромадони адабиёти форсии тоҷикиро ба табъ расонданд ва аз ин силсила чанд номгӯй пешкаш мегардад. Устод бо сароҳат таъкид менамоянд, ки “... то рисолаи доктории зиндаёд Абдулманнони Насриддин “Масъалаи маърифати бадеӣ ва шарҳи адабиёти форсии тоҷикӣ” дар соли 1990 ва чопи ду китоби ӯ “Нависанда ва шореҳи осори адабӣ” (1990) ва “Маърифат ва шарҳи адабиёт” (1991) матншиносии муосири тоҷикӣ дар маҷмуъ бештар ҷанбаи амалӣ дошт” (саҳ. 30).
Ҳамзамон муаллифи мақола ин нуктаро зикр мекунанд, ки тадқиқотҳои илмии дар самти матншиносӣ анҷомёфта, то замони таълифи асарҳои Абдулманнони Насриддин дар самти матншиносӣ камтар ба масоили назариву усулии матншиносӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Аз ин дидгоҳ, ба донишманди зиндаёд А.Насриддин муяссар гардид, ки на танҳо дар бахши матншиносӣ - матншиносии назариро бунёд гузорад, балки дар ин замина дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мактаби илмиро ба вуҷуд орад.
Дар мақолаи Абдунабӣ Сатторзода матолиби дигаре, ки ҷойгоҳи олими шуҳратмандро муҷалло менамояд ин аст, ки истифода аз шарҳномаҳои форсии тоҷикӣ ва дастовардҳои шореҳон назариёти матншиносии ӯро миллӣ гардонидааст ва фароҳам овардани унсурҳои илмии суннатӣ ва муосири форсии тоҷикӣ бо равияҳои илмии ғарбӣ дар матншиносӣ аз хусусиятҳои муҳими назариёти Абдулманнони Насриддин мужда медиҳад.
Дар мақолаҳои дуюми китоби “Хуршедсавор” – “Рӯдакишиносӣ дар чашмандози илмии Абдулманнони Насриддин” – профессор Мирзо Муллоаҳмад, “Вусъати назар ва пайвандҳои маънавии профессор Абдулманнони Насриддин бо ховаршиносони хориҷӣ” – профессор Матлубаи Мирзоюнус, “... Ки аз донишу дод будаш сиришт“ – профессор Абдуҷамол Ҳасанзода паҳлуҳои пурвусъати андешаҳои илмии олими нексиришт, шодравон Абдулманнони Насриддин мавриди таҷзия қарор ёфта, ҷузъиёти илмии осори эшон, хосатан – ҷусторҳо дар матншиносии осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, тағйиру тасҳифи матнҳо, се самти тадқиқоти гаронарзиш, ба низом овардани фарҳангҳо ва луғатҳои соҳавӣ, тадқиқи масоили лексикологию лексикографияи тоҷик, таҳқиқи масъалаҳои забони осори адибон ва маданияти сухан, паҳнои андеша, ошноӣ ба тадқиқоти донишмандони бузурги шуравӣ – Е. Э. Бертелс, Н. И. Болдирев, И. С. Брагинский, А. Кримский, М. Н. Османов, Н. И. Пригарина ва дигарон, дидаи тадқиқ дӯхтани устоди шодравон Абдулманнони Насриддин ба муҳаққиқини Аврупою Амрико – Аннамери Шиммел, Ҳелмут Риттер, унси бештар доштан ба донишмандони Шарқ-Эрон, Ҳиндустон, Афғонистону Покистон, муҳаббати беандоза ба Эрон ба хотири донишмандони беназираш ва ниҳоят ба масобаи офтоб тасвир шудани ин чеҳраи мондагор дар гуфтори саршор аз меҳри донишманди нексигол Матлубаи Мирзоюнус дарҷ шудааст...
Профессор Абдуҷамол Ҳасанзода фаъолияти илмии Абдулманнони Насриддинро дар бахши забоншиносӣ дар мақолаи худ баррасӣ намуда, нигоштаанд, ки эшон дар ҳама самтҳои забоншиносӣ – вожашиносӣ, решашиносӣ, фарҳангнигорӣ, маънишиносӣ, калимасозӣ, сарфу наҳв, ҳусни сухан, забону услуби адибони даврони асримиёнагиву гузаштаи наздик ва муосир, усули таълим ва амсоли ин осори зиёд боқӣ гузошта, тавассути чунин заҳмат қазияҳои мураккаби забоншиносии тоҷикро шарҳу тавзеҳ додаанд...
“Ҷойгоҳи профессор Абдулманнони Насриддин дар камолшиносӣ” унвони мақолаи пурмазмуни профессор Бадриддин Мақсудзода маҳсуб мешавад.
Донишманди муҳтарам Бадриддин Мақсудзода, ки эшон аз зумраи олимони муваффақи камолшиносӣ дар ҳавзаи форсизабонон қарор доранд, саҳми арзандаи равоншод Абдулманнони Насриддинро махсус ёдовар мешаванд, дар мақолаи хеш.
Ба ин маънӣ фармудаанд:
“Тавре ки маълум аст, дар мавриди шахсияти эҷодии Камоли Хуҷандӣ ва ашъори ӯ иддаи касири адабпажуҳони хориҷӣ аз Эдвард Браун сар карда, то Сируси Шамисову Алиасғари Шеърдӯст ва ҳамчунин аз муҳаққиқони дохилӣ шуруъ аз устод Садриддин Айнӣ то Аълохон Афсаҳзод ва дигарон қаламфарсоӣ кардаанд. Ҳамаи тадқиқоти эшон, албатта, дар мақолаи худ ҳоизи аҳаммиятанд, аммо дар миёни онҳо осори дар воқеъ таҳқиқии профессори зиндаёд, суханшиноси мумтоз Абдулманнони Насриддин (1953 – 2011) аз ҷойгоҳи муҳиму вижае бархурдор аст” (саҳ. 64).
Китоби “Сеҳри мубин”-и Абдулманнони Насриддин дар мақолаи профессор Бадриддин Мақсудзода бо диди тозаи тадқиқ ба таври мухтасар баррасӣ шудааст, ки воқеан бартарии гуфтори устоди шодравонро ба исбот расондааст ва гумони ғолиб ин нукта аст, ки мақолаи мазбурро бояд мутолиа кард...
Шоир ва донишманди фарҳехта, шодравон Асрори Раҳмонфар дар мақолаи “Осори мондагори донишманди шуҳратёр”, аз қавли худашон устод Абдулманнони Насриддин бидуни муҳобо бо осори пурарзиши худ дар таърихи адабпажуҳони олами Шарқ чеҳраи мондагоранд. Ва эшон ҳам китоби “Сеҳри мубин”-ро ганҷи бебаҳои маънавӣ эътироф карда , аз каломи пурмуҳтаво ва сеҳри килки шоири бузург Фарзона ингуна мисол задаанд: “барои ишқварзону камолхоҳону висолҷӯён вурудгоҳи зебоест ба нигорхонаи шеъри Камол, ба он қаламрави афифи саодатпартаве, ки Шоҳаншоҳе ба номи “Муҳаббат” салтанати бебадал дорад” (Фарзона) (саҳ.77).
“Шарҳнигории адабӣ дар таҳқиқи профессор Абдулманнони Насриддин” чунин ном гирифтааст мақолаи профессор Мирзо Солеҳов.
Устод Мирзо Солеҳов бо эътимоду ихлос ба тадқиқоти густурдаи олими шаҳири зиндаёд бар ин ақидаанд, ки то А. Насриддин роҷеъ ба омӯзиши таърихи пайдоишу ташаккул, таҳаввул, макотибу марказҳо, доираҳо, анвои шуруҳоту мухтассоти онҳо, ҷанбаҳои назариявии шарҳнигорӣ ва амсоли ин дар хиттаи форсизабонон нафаре чунин кӯшиши босабот накардааст...
Бо мақолаҳои “Нақши профессор Абдулманнони Насриддин дар рушди ҳавзаи илмии Хуҷанд” (Нурулло Ғиёсов), “Нақши мунири Абдулманнони Насриддин дар ҷодаи илм” (Ҷӯрабек Исомиддинов), “Чеҳранигории илмии профессор Абдулманнони Насриддин” (Ҳамза Боқиев), “Профессор Абдулманнони Насриддин – матншиноси камназир” (Мубашшир Акбарзод), “Фаротар аз саводи ҳафт иқлим” (Мухлиса Нуруллоева), “Гузаре ба “Тазкираи шуарои Хуҷанд” (Садриддин Мирзоев), “Руҷуе ба саҳми профессор Абдулманнони Насриддин дар забоншиносии тоҷик” (Мусо Олимҷонов), “Муҳаққиқи мактаби шарҳнигории форсу тоҷик” (Мавҷуда Урунова), “Шинохти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар таҳқиқоти Абдулманнони Насриддин” (Азизов Сорбон), “Сарчашмаи зулоли маърифат” (Нумонҷон Нигматов), “Саҳми Абдулманнони Насриддин дар муаррифии шуарои Хуҷанди нимаи дуюми асри 18 ва ибтидои асри 20” (Шамсия Ҳомидова) ва “Бо пайроҳаи устоди муътабар” (Тоҷинисо Ашрапова) бахши аввали китоби “Хуршедсавор” хатм мешавад, ки дар гуфторҳои фавқи донишмандони арҷманди кишвар саҳми сутурги олими шуҳратёр Абдулманнони Насриддин дар фарҳангпажуҳӣ, масоили назариявии адабиётшиносӣ, тадқиқи чеҳраҳои илмии нухбагони илму адаб, ҳадаф ва вазоифи матншиносӣ, шинохти нусхаҳои хаттӣ, ҷойгоҳи коғаз ва имлову хат, саҳву иштибоҳот дар нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои ба хатти кириллӣ ба табърасида, бозшиносӣ ва таҳқиқи илму адаби Хуҷанд, зиндагинома ва осори суханварони Хуҷандӣ дар “Тазкираи шуарои Хуҷанд”, забоншиносӣ, шарҳнависӣ, нақди адабӣ, сию чор шарҳи ҷомеи “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, қуръонпажуҳӣ ва ғайра ба таври ғавру шоиста талқин мешавад, ки хуш ба ҳоли чунин муҳаққиқони арҷгузор ба заҳмати мондагори шахсияти маъруфи илми тоҷик шодравон Абдулманнони Насриддин.
Бахши дуюми китоби “Хуршедсавор” низ аз мақолаҳои нодиру ҷолиби шоирону олимони шуҳратманди кишвар шуруъ шуда, аз қавли устодони сухан Фарзона ва Абдунабӣ Сатторзода шамси саодатпартаву фарзонаи якдона Абдулманнони Насриддинро тӯшаи фароҳамомадаи бисоташон зодаи фазли Аллоҳиву бардошти фитрату хирадашон ладунист (Фарзона) ва бо як сухани воло, бо вуҷуди он ки устоди зиндаёд аз баъзе ҳаммаслакони хеш дар син хеле хурд буданд, аммо бо дарназардошти шахсияти истисноияшон эшонро бо арзи эҳтиром Устод мегуфтанд (Абдунабӣ Сатторзода).
Сароҳатан иброз медорем, ки мутаассифона нигоштаҳои саршор аз ақидаҳои нобу бикри олимони маъруф Аҳмадҷони Раҳматзод, Матлуба Мирзоюнус, Умедахон Ғаффорова, Замира Ғаффорова ва дигарон роҷеъ ба осори мондагори Абдулманнони Насриддин аз имконоти мухтасари мо хориҷанд, ки тафсири онҳоро ба вақту замони мувофиқ вомегузорем.
Хатми китоби “Хуршедсавор”-ро “Гуфтори дилу дида”, “Феҳристи осори мондагор” ва “ Оинаи осор” ҳусни анҷом мебахшанд ва бо ин рубоии мазкур, ки ба ҳасби ҳоли устоди равоншод Абдулманнони Насриддин мувофиқ ба гуфтор хотима мебахшем.
Доғи дили лола дар чаман мемонад,
Бас гиряи шамъ дар лаган мемонад.
Устоди азизи азҷаҳонрафтаи мо,
Аз ҳастии ту ганҷи сухан мемонад.
Ёду номашон гиромӣ бод!
Бознашр аз Рӯзномаи "Адабиёт ва санъат",
20.06.2024, №24 (2254)
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 2
- 3
- 4
- 5
- 6
- 7
- 8
- 9
- 10
- …
- следующая ›
- последняя »