Рӯзи 1.05.2021, директори Маркази мероси хаттии АМИТ, н.и.т Раҳматкарим Давлатов дар ҷаласаи васеи Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мавриди анҷоми раванди таҳия ва ба чоп омода шудани асари бузурги тиббӣ – “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ маърӯза намуданд. Сипас, Р. Давлатов, инчунин кормандони Маркази мероси хаттӣ, таҳиягарони асари мазкур Баҳриддин Мирзоев ва Изатулло Мирзоев низ ба саволҳо ва пурсишҳои олимон ва донишмандон, аъзои Шӯрои илмии ДДТХ роҷеъ ба ҷараёни таҳияи асари мазкур, мушкилот ва моҳияти “Захираи Хоразмшоҳӣ” ва аҳамияти нашри он барои таърихи илми тоҷик посух доданд. Устодон ва муҳаққиқони ДДТХ ва хусусан роҳбарияти он, профессор, узви вобастаи АМИТ Убайдулло Қурбон кори анҷомдодаи мутахассисони Маркази мероси хаттиро баҳои баланд дода, онро як кори мондагор ва пурарзиш ба муносибати 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
“Захираи Хоразмшоҳӣ”-и Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ нахустин ва барҷастатарин осори энсиклопедӣ- тиббӣ мебошад, ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ иншо шудааст. Ин асар аз ҷониби кормандони ММХ дар ҳамкорӣ бо ДДТХ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 ҷилд, ки бештар аз 3000 саҳифаро ташкил медиҳад, дар муддати 2 сол омодаи нашр сохта шудааст.
Роҳабрият ва кормандони ҳар ду муассисаи илмӣ ба зарурати ҳамкории муштарак дар амри таҳия ва дастраси мардум гардонидани осор ва донишҳои тиббиӣ гузаштагон таъкид намуданд.
Хулосаи гузориши директори ММХ АМИТ – Раҳматкарим Давлатов дар Шӯрои илмми ДДТХ
Устодони азиз, ҳамкорони муҳтарам. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо дастгириву ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити мусоид барои таҳқиқ ва нашри мероси гаронбаҳои ниёгон ба вуҷуд омад. Бояд гуфт, маҳз дар бистари ҳамин сиёсати муносиби фарҳангпарваронаи Пешвои миллат дар зарфи ду соли охир кори таҳия, тавзеҳ ва веростории бузургтарин донишномаи тиббии тоҷикӣ – “Захираи Хоразмшоҳӣ” анҷом дода шуд, ки орзу ва омоли чанд насли донишмандони соҳаи тиб, таърих ва забон буд. Зеро роҳбари вақти АИ ҶТ, академик М. Осимӣ ҳанӯз соли 1980 аз оғози таҳияи ин асари бузург хабар дода буд. Аммо бо гузашти наздик ба 40 сол ин ният амалӣ ношуда монд. Бо камоли ифтихор ва қаноатмандӣ ман имрӯз навиди таҳия шудани ин асарро ба Шумо мерасонам.
«Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ дар таърихи илми тоҷикон нахустин ва барҷастатарину муфассалтарин асари энсиклопедии тиббӣ мебошад, ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ нигошта шудааст. Дар он номи анвои бемориҳо ва дардҳо – аз мӯйи сар гирифта, то нохуни по ва тарзи муолиҷаи онҳо, номи анвои доруҳо, гиёҳони тиббӣ ва ғизоӣ, анвои ҷонварону хосияти онҳо, навъҳои меваҳо ва хӯрокҳову маъҷунҳо ва фишурдаҳову ҳалвоҳо ва ба гунае оммафаҳму дастрас ифода ёфта, сабаби шуҳрат ёфтани ӯ ҳамчун табиб ва ҷовидона гардидани номи ӯ дар қатори дигар донишмандони тоҷик, монанди Абӯалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон гардидааст. Муаллиф асари худро дар миёни солҳои 1113-15 дар Хоразм эҷод кардааст, ки иборат аз 65 ҷузъ, 78 гуфтор (мақола) ва 1197 боб мебошад ва дар маҷмӯъ 10 китобро фаро гирифтаанд. Чуноне ки муаллифи асар дар муқаддима зикр мекунад, он чунон комил аст, “ки табибро андар ҳеч боб ба ҳеч китоби дигар ҳоҷат набошад ва ба сабаби бозгаштан ба китобҳои бисёр хотираш пароканда нашавад…”.
Дар хусуси таҳияву тадвин ва нашри китоб ба расмулхати имрӯза аз охирҳои асри гузашта иқдоме сурат гирифта буд. Академик М. Осимӣ –президенти ҳамонвақтаи АИ ҶТ, соли 1980 дар мақолае зери унвони “Абӯалӣ ибни Сино ва тамаддуни ҷаҳон”, ки дар маҷаллаи “Садои Шарқ”, № 8, соли 1980 чоп шуда буд, чунин изҳор намудаанд: «Олимони Тоҷикистон ба таҳияи матни «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ (а. ХII)…шурӯъ карданд». Фақат пас аз дувоздаҳ сол – дар соли 1992 китоби нахустини «Захираи Хоразмшоҳӣ» дар таҳия ва бо муқаддимаи Салоҳиддини Солеҳ, бидуни муқоиса ва муқобала бо нусхаҳои дастнависҳои мавҷудбуда, ба табъ расиду бас.
Соли 2017 роҳбарияти АМИТ, хусусан академик Фарҳод Раҳимӣ – Президанти АМИТ дар ҷиҳати ба шакли комил омода ва чоп намудани “Захираи хоразмшоҳӣ” иқдом намуд, ки ин иқдом аз ҷониби роҳбарияти ДДТХ, профессор, узви вобастаи АМИТ Убайдулло Қурбон низ дастгирӣ пайдо намуд, ки ҷойи сипос ва қадрдонӣ дорад.
Таҳиягарон дар марҳилаи аввал, аз моҳи марти соли 2018 корро шурӯъ намуда, то декабри соли 2019 ҳамаи 10 китоби «Захираи Хоразмшоҳӣ»-ро (2747 саҳифаи компютерӣ) дар асоси 5 нусхаи муътамади қаламӣ ва 3 нусхаи чопии маҳфуз дар Маркази мероси хаттии АИ ҶТ баргардон намуданд.
Ҳангоми таҳия намудани китоб таҳиягарон, пас аз он ки асар баргардон гардиду бозхонӣ шуд, бо баъзе пешомадҳои ғайриинтизор дучор шуданд, ки ба нусхаҳои қадимтару нисбатан камғалаттари Захираи Хоразмшоҳӣ эҳтиёҷи ҷиддӣ пайдо шуд, зеро яке аз равишҳои муътабар ва илмии тасҳеҳи матнҳои куҳани хаттӣ тасҳеҳи интиқодӣ аст, ки аз рӯйи чанд ё чандин дастнавис анҷом мепазирад ва дар он бо муқобала кардан ва рӯ дар рӯ қарор додани дастнависҳо беҳтарин ва дурусттарин калимаҳову ҷумлаҳо интихоб ва дар матни аслӣ қарор дода мешаванд. Ба ҳамин хотир зарурат афтод, ки ба сарчашмаҳои дигари муътабар руҷӯъ карда шавад ва бо саъю талошҳои раёсати Марказ аз ҷониби масъулони Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар Душанбе ба Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ду нусхаи хаттии ин асар ба шакли факсимилӣ тақдим гардид. Ва дар натиҷаи муқоиса бо нусхаҳои дар ихтиёри Марказ буда маълум гардид, ки ин нусхаҳо комилтару камғалаттар, хушхату хонотаранд. Ҳамин буд, ки ин ду нусха, яъне нусхаи чопи аксии «Захираи Хоразмшоҳӣ» аз тарафи муҳаққиқони эронӣ Ҳасани Тоҷбахш ва Саидии Сирҷонӣ ҳамчун нусхаи муътамад ҷиҳати омода сохтан аз ҷониби таҳиягарон нусхаи асл қарор дода шуд. Ва чун чунин тасмим гирифта шуд, ба таҳиягарон лозим омад, ки корро тақрибан аз нав шурӯъ кунанд.
Ҳамин тариқ, дар марҳалаи дуюм таҳиягарон нусхаи Саидии Сирҷонӣ, ки яке аз нусхаҳои комилтару нисбатан саҳеҳтари «Захираи Хоразмшоҳӣ»-ро матни асл қарор дода ва боқии матнҳои дар ихтиёрдоштаро ҳамчун нусхаҳои ёрирасон мавриди истифода қарор доданд. Матн аз нав бозхонӣ шуда, калимаву ибора, истилоҳоту мафҳумҳо, афтодагиҳо комилан тасҳеҳу такмил карда шуданд.
Албатта, шояд пурсида шавад, ки чаро таҳияи комили «Захираи Хоразмшоҳӣ» бо як ё ду нусха ба даст наомад. Сабабаш дар ин аст, ки дар тамоми марказҳои нусхашиносии дунё нусхаҳои зиёди ин асар маҳфуз аст ва миёни онҳо ду нусхаи бо ҳам монанди ин китоб мавҷуд нест, зеро аксаран иштибоҳи котибон, яъне рӯнавискунандагони нусхаҳои «Захира» камсаводу ғайримутахассис будаанд, ки гоҳе шакли зоҳирии истилоҳотро наққошӣ (суратгирӣ) кардаанду гоҳо ба сурати ғалате, ки хондаанд, ҳамон тавр ғалат навиштаанд.
Бояд таъкид намуд, ки китоби «Захираи Хоразмшоҳӣ» ба сабаби муфассалу ҷомеъ будани мавзӯъҳои мухталифи тиббӣ ва доруӣ, луғоту таркибот ва истилоҳоти зиёде, ки дар ин асар ба кор рафтааст, яке аз сарчашмаҳои муҳим дар тиббу дорусозӣ, истилоҳоти тиббӣ ва забоншиносӣ шинохта шудааст. Аз ин сабаб таҳиякунандагон на танҳо ба баргардони ин матн ба ҳуруфи кириллӣ иктифо намуданд, балки омода намудани як матни саҳеҳи илмӣ бо тарҷумаи калимоти арабию тавзеҳи истилоҳоти тиббиву забонӣ ва сохтани феҳристи мафҳумҳои асосиро, ки як асари илмӣ тақозо менамояд, анҷом доданд, ки дар оянда битавонад мавриди истифодаи доираи васеи муҳаққиқону мутахассисон ва алоқамандон қарор гирад.
Дар ин ҷо бояд зикр намоем, ки ҳар як ҷилди китоб чанд маротиба бозхонӣ шудаву талаффузи теъдоде аз вожаҳову калимаҳо, ки мушаххас набуданд ва дар рафти кор мушкилоти зиёд пеш меоварданд, бо хатти тоҷикии имрӯза мувофиқ кунонидаву дар бахши луғатнома ба расмулхатти форсӣ нишон дода шудаанд.
Матни китоби «Захираи Хоразмшоҳӣ» комилан омода шуда, барои ҳар ҷилд луғатнома бо тавзеҳи мухтасар тартиб дода шудааст ва дар бахши охир феҳристи мафҳумҳои асосӣ (бемориҳо, доруҳо, гиёҳҳо) оварда шудааст.
Дар охир ин нуктаро бояд эътироф намуд, ки таҳияи матни «Захираи Хоразмшоҳӣ» кори душворест, ҳавсалаву бардошту сабр, маълумоти хеле амиқу аниқи илмҳо ва зеҳни бофаросату ҳукмкунанда ва ҳиммати бисёре мехоҳад ва кори як нафару ду нафар нест ва онҳое, ки бошанд, ҳатман мутахассисон ва ё муҳаққиқони ошно ба расмулхатти ниёгон ва тибби қадимӣ бояд бошанд.
Умед дорем, пас аз нашри матни асар мутахассисону соҳибназарон матни китобро аз назаргоҳҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор диҳанд: табибе нукоти дармонии онро бо усулҳои муолиҷа дар асри ҳозир муқояса кунад, дорушинос ба таҳқиқ дар таркиботи доруии он бипардозад, луғатшиносе вожаҳову таркиботи шевову зебои онро берун кашад, забондоне муодили лотинии истилоҳоту луғоти тиббӣ ва доруию ташреҳии онро пайдо кунад, ҳакиме ҷанбаи фалсафии онро равшан созад, мунаҷҷиме афкори худро дар хусуси баҳсҳои фалакӣ иброз намояд… ва он вақт метавон гуфт, ки таҳиягарон то кадом ҳад аз уҳдаи анҷоми чунин кор баромадаанд.