Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки рӯзи 18 октябри соли 2024 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарӣ дар мавзуи «Масъалаҳои муҳимми феҳристнигории нусхаҳои хаттии ММХ назди Раёсати АМИТ ва ҳифзи мероси хаттӣ» (бахшида ба 80-солагии шодравон Сайиднуриддин Шаҳобиддинов) баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории конференсия баррасии феҳристнигории нусхаҳои хаттӣ ва тавсиф онҳо, ки дар ганҷинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд, мебошад.
Дар конференсия масъалаҳои зер мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
- Зарурати тавсифи нусхаҳои хаттӣ ба забони тоҷикӣ;
- Масъалаҳои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, тармим ва таҳияи феҳристи нусхаҳои хаттӣ;
- Саҳми шодравон Сайиднуриддин Шаҳобуддинов дар феҳристнигорӣ ва таҳияи мероси хаттӣ;
- Омӯзишу пажӯҳиши дастхатҳо ва идомаи анъанаи ҷамъоварию нигаҳдории нусахи хаттӣ пас аз истиқлол дар Тоҷикистон.
Дар конференсия иштироки олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Мутахассисони бурунмарзӣ низ метавонанд дар кори конференсия бо суханронию гузориши илмӣ ширкат намоянд.
Дархостро ҳамроҳ бо мақолаи илмӣ барои иштирок дар конференсия то 5-уми октябри соли 2024 ба нишонии электронии merosikhatti@inbox.ru пешниҳод намоед.
Забони кории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.
Талабот барои бақайдгирӣ:
Ҳангоми таҳияи мақолаҳо, талаботҳои зерин риоя карда шаванд: ҳаҷми мақола аз 5-10 саҳифаи компютерӣ зиёд набошад. Мақола бо шрифти Times New Roman TJ, андозаи ҳарф – 14; фосилаи байни сатрҳо– 1; абзатс-1 см; андозаи ҳошияҳо: чап 3,0 мм, рост 1 мм, боло ва поён 2,0 мм.
Тарҳрезии сарлавҳа (бо ҳарфҳои калон ва ғафс, дар мобайн) УНВОНИ МАҚОЛА (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ); дар сатри навбатӣ (шрифт – курсиви ғафс, дар тарафи рост) – ному насаб- пурра; дар сатри оянда (шрифти курсив, дар тарафи рост) - кишвар; дар сатри навбатӣ (шрифти курсив, тарафи рост) - почтаи электронӣ барои алоқа; пас аз 1 сатр - матни мақола. Феҳристи манобеъ дар охири мақола (бо тартиби алифбо-аввал бо хатти кириллӣ, сипас бо дигар забонҳои хориҷӣ). Дар дохили матн истинод ба манбаъ дар дохили қавси мураббаъ дода шуда, аз ҳам тавассути вергул ҷудо карда мешавад, мисол: [1, 272]; шумораи иқтибос ба воситаи вергул ё тире нишон дода мешавад, мисол [2, 272-280].
Дар охири мақола хулосаҳо чунин дода мешаванд: дар сурате, ки мақола ба забони тоҷикӣ навишта шуда бошад, ба забонҳои русӣ ва англисӣ ва дар сурате, ки ба забони русӣ навишта шуда бошад, ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ.
Мисол:
НУСХАҲОИ НОДИРИ ДАР ГАНҶИНАИ МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ АМИТ МАҲФУЗБУДА
Мирзоев Иззатулло
Тоҷикистон
Почтаи электронӣ:
Ба дастнавис маълумот дар бораи муаллифон бо нишон додани насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор ва вазифа, шаҳр, кишвар, инчунин нишонии почтаи электронӣ ва рақамҳои телефон ҳамроҳ карда мешавад.
Кумитаи тадорукот ҳақ дорад мақолаҳоеро, ки ба мавзуъ ва талаботи тарҳи эълоншуда мувофиқат намекунанд, рад кунад.
Кумитаи тадорукот:
Нишонӣ: Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, ш. Душанбе, Ҳусейнзода, 35.
Телефонҳо барои маълумот: 221-22-02;
935-62-13-08
Почтаи электронӣ: merosikhatti@inbox.ru
Дархост барои иштирок дар конференсия:
1. |
Ному насаб |
|
2. |
Шаҳр |
|
3. |
Ҷои кор, вазифа |
|
4. |
Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ |
|
5. |
Рақами телефон |
|
6. |
Почтаи электронӣ |
|
7. |
Мавзуи маъруза |
|