6 декабри 2024 дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси васеи кормандони Марказ оид ба баррасии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилӣ дар соли 2024 баргузор карда шуд.
Дар нишасти мазкур муовини саркотиби илмии Раёсати АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Акмал Неъматов иштирок намуд.
Ҷаласаро директори ММХ, номзади илмҳои таърих Раҳматкарим Давлатов оғоз бахшида, зикр намуд, ки мақсади мо баррасии корҳои инфиродии кормандон, шуъбаҳо ва Маркази мероси хаттӣ дар соли 2024 иборат мебошад.
Баъдан сухан ба муовини директор оид ба илм ва таълим Шодиҷон Ёраҳмадзода роҷеъ ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Марказ гузориш ироа намуд. Мавсуф зикр намуд, ки дар давоми соли 2024 ходимони илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро дар доираи се (3) мавзуи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025, ки аз ҷониби Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, идома доданд.
- дар Маркази мероси хаттӣ дар давраи ҳисоботӣ 51 нафар кормандони илмӣ ва техникӣ ба корҳои илмӣ ва илмию ташкилӣ машғули кор буданд.
- аз ин шумора 42 нафарашон кормандони асосӣ ва 9 нафари боқимонда ҳамкор ҳастанд.
Дар давоми давраи ҳисоботӣ ходимони илмии Маркази мероси хаттӣ 4 китоб, 1 монография, 2 маҷмуаи мақолаҳо, 3 мақолаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ дар хориҷи кишвар ва 31 мақола дар ҷумҳурӣ, инчунин 35 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ба чоп расонданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 10 ҷаласаи Шурои олимони Марказ баргузор гардид, ки дар онҳо масъалаҳои тасдиқи мавзуъҳо ва нақшаҳои инфиродии ходимони илмӣ барои соли 2024, самтҳои тадқиқоти илмӣ ва илмӣ-ташкилӣ дар давоми сол, маърузаҳои илмӣ аз рӯйи мавзуъҳои лоиҳавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, мавзуъҳои рисолаи номзадии унвонҷӯёну докторантони PhD ва рисолаҳои магистрӣ тасдиқ карда шуданд. Дар ҷаласаҳои Шурои олимони Марказ тибқи нақша, масъалаҳои муҳими фаъолияти Марказ ва шуъбаҳо, гузаронидани ҷашнҳои олимон ва намояндагони намоёни адабиёти классику муосири тоҷик баррасӣ гардида, 10 маърузаи илмӣ шунида шуд.
Зикр карда шуд, ки дар соли равон аз ҷониби ММХ 8 семинари илмӣ, 4 мизи мудавар, 2 ҳамоиши илмӣ, инчунин 6 маротиба намоиши нусхаҳои нодири хаттӣ баргузор карда шуда, 3 намоиши нусхаҳои хаттии Марказ дар сатҳи байналмилалӣ буданд. Аз ҷумла рӯзҳои 5-8 июни соли 2024 дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 815-солагии бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, дар қароргоҳи ЮНЕСКО, шаҳри Париж таҳти унвони “Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” аз Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи академик А. Мирзоев Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ 15 нусхаи дастнависи асари машҳури Мавлоно “Маснавии маънавӣ”, ки аҳаммияти бузурги таърихию фарҳангӣ доранд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.
Кормандони илмии Марказ дар 12 чорабиниҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар дохилу хориҷ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар давраи њисоботї ходимони илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ аз тариќи шабакаҳои телевизионї ва радиоии кишвар дар барномањои адабї бахшида ба зиндагї ва фаъолияти адабии шоирону донишмандон ва шарқшиносони тоҷик бештар аз 50 маротиба суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар ин давра, филми мустанади таърихии Маркази мероси хаттӣ бо ҳамкории телевизиони Тоҷикистон таҳия ва пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.