Имрӯз (08.10.2024) дар талорои намоиши Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши нусхаҳои хаттии навворидшудаи Марказ доир гардид. Дар намоиш дар баробари устодону мақомоти масъули соҳаи илму фарҳанг, инчунин меҳмонон ва ҳайти пажуҳишгарон ва нусхашиносон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, таҳти роҳбарии раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон, аввалин сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон Алиашрафи Шабистарӣ, раиси муассисаи Мероси мактуби Эрон Акбари Эронӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Нусхашиносони эронӣ баъди боздид аз нусхаҳои тозадарёфтшудаи Марказ, таассуроти амиқи худро дар бораи он баён намуданд. Аз ҷумла, нусхаи зарнигоришудаи “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ аз ҷониби олимони эронӣ нусхаи мунҳасир ба фард дониста шуд.
Ноиби президенти АМИТ, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд баъд аз ифтитоҳи ҷаласа ва муаррифии меҳмонон суханро ба раиси муассисаи Мероси мактуб Акбари Эронӣ дод. Акбари Эронӣ аз корҳои анҷомдодаи муассисаи Мероси мактуби Эрон иттилоъ дода, дар бахшҳои тавсифи дастхатҳо, омода намудани мутахассисон барои тармими дастнависҳо ва чопи факсимилии нусхаҳои хаттӣ омодагии хешро иброз намуд.
Директори Маркази мероси хаттии АМИТ Раҳматкарим Давлатов меҳмононро бо таърихи фаъолияти Маркази мероси хаттии Тоҷикистон, корҳои анҷомшуда дар заминаи тавсифи нусхаҳои хаттӣ, ҷараёни феҳристнигории дастанвисҳо ошно намуданд. Зикр шуд, ки тавсиф ва феҳристнигории осори хаттӣ муҳимтарин иқдом дар ҷиҳати муаррифӣ ва тарвиҷи осори ниёгон аст. Таъкид шуд, ки дар ду даҳҳаи пеш дар ҳамкорӣ бо ҳамкорони эронӣ 5 ҷилд аз “Феҳристи нусхаҳои хаттии Тоҷикистон” тарҷума ва бо хати форсӣ нашр шудааст ва агар ҳамкорӣ дар ин замина идома пайдо кунад, ба нафъи мероси муштараки ҳарду ҷониб хоҳад буд.
Акбари Эронӣ раиси муассисаи Мероси мактуби Эрон зимни изҳори омодагӣ барои ҳамкорӣ бо мутахассисони тоҷик дар ҷиҳати тавсиф, феҳристнигорӣ ва таҳияву нашри осори хаттӣ, ташкили давраҳои омузишии тармим ва безараргардонии осори хаттӣ ва нусхашиносӣ барои мутахассисони ҷавони тоҷик изҳори омодагӣ намуд. Номбурда як силсила китобҳо, аз ҷумла нусхаи аксии қадимтарин “Девон”-и Ҳофиз, қадимтарин намунаи “Рубоёти Хаём” ва “Девон”-и Мунҷики Тирмизиро ба Ганҷинаи давстависҳои шарқии Маркази мероси хаттӣ ҳадя намуд.