Имрӯз (18.06.2024) дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, мутобиқи боби 4.13 "Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии "Меросдор"-и КИИ "Хирадмандон"-и ҲХДТ дар АМИТ баргузор карда шуд.
Дар маҷлис 3 масъалаи асосӣ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1. Ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Меросдор"-и Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ дар шашмоҳаи аввали соли 2024;
2. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии "Меросдор";
3. Интихоби вакилон барои иштирок дар Конференсияи 6 ҳисоботӣ-интихоботии КИИ "Хирадмандон"-и ҲХДТ дар АМИТ.