Имрӯз (9.11.2022) иҷрокунандаи вазифаи директори минтақавии ЮНЕСКО дар Алма-ато ҷаноби Магнус Магнуссон бо ҳамроҳии намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллии ЮНЕСКО аз Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Директори ММХ НР АМИТ Раҳматкарим Давлатов бо ҳайати кормандони Марказ ҷаноби Магнус Магнуссонро пазироӣ намуда, эшонро бо дастовардҳои Марказ - намунаи осори баргузидаи мутафаккирони классикии тоҷику форс, ки дар намоишгоҳи муваққатии осори хаттӣ ороста шуда буданд, ошно намуд. Дар намоишгоҳ нусхаҳои нодири “Маснавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ бо минётурҳо ба намоиш гузошта шуда буданд. Сипас, дар мизи мудаввар Раҳматкарими Давлат роҷеъ ба таърихи Ганҷинаи мероси хаттӣ, имкониятҳо ва зарфиятҳои ҳамкорӣ иттилои мухтасар ироа намуд.
Ҷаноби Магнус Магнуссон аз вохӯриву суҳбатҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуданд, ки намоиши осори бебаҳо аз наздик маро афсун кард, зеро ҳангоми донишҷӯӣ бо осори гаронарзиши Мавлонои Балхӣ шинос будам. Ҳамчунин илова карданд, ки дар оянда ҷиҳати тарғибу ташфиқи шоистаи ин осори пурқимат тавассути ЮНЕСКО ҳатман саҳм хоҳанд гирифт, чунки он чи ки аз ин вохӯрӣ дарёфтам, барои тарбияи солими насли башар аҳаммияти муҳим дорад.
Меҳмонро бо камоли эҳтиром ҳайати кормандони Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ гусел карданд.