Бо мақсади иҷрои босамари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ба муносибати “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик”, санаи 8 апрели соли равон, ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

      Конфронсро директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ барои пурсамар ва муфид гузаронидани даҳаи илми академии тоҷик  барномаи мушаххас дошта, дар ин замина мавзуъҳои ҷолибро  матраҳ менамояд.

       Професссор Олимҷон Хоҷамуродов – сарходими илмии ММХ, д.и.ф., дар  маърузаи илмии ҷолиби  “Сиёсати шиагароии давлати Сафавиҳо дар Эрон  ва паёмади он дар раванди адабиёти форсизабони минтақа (дар асрҳои XVI-XVII)” самту равандҳои  сиёсии  тобеъ намудани дин ба идоракунии  давлат, таъқибу фишор ба арзишҳои динӣ, тафриқанадозии мансабдорони дарбори Сафавиҳоро ошкор намуд. Имруз чунин пажӯҳишҳо дар фазои рушди тундгароӣ, набарди равия ва мазҳабҳои динӣ барои пешгирии терроризм, тундгароӣ омили муҳим мебошад.

      Сипас Маҳмадёр Шарифов – мудири шуъбаи тавсиф ва таҳияи осори хаттӣ, н.и.ф. дар мавзуи “Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ва “Чаҳор Гулзор”-и ӯ гузориш дод. Олими пуркор ва дақиқпажӯҳ мероси басо нодири назмию насриро  муаррифӣ кард.

     Дар маърузаи Алӣ Муҳаммадиев – мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттии ММХ, н.и.ф. “Нусхаи боэътимоди  “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ дар Ганҷинаи дастхатҳои ММХ бозёфту кашфиётҳои навро ба маърази баҳс гузошт.

      Олимон Олимҷон Хоҷамуродов, Нуриддин Шамсиддинов, Шодиҷон Ёраҳмадзода барҳақ зикр карданд, ки дастнависҳои Ҷалолдиддини Балхӣ дар Ганҷинаи дастхатҳои ММХ сарвати бебаҳои Тоҷикистон буда, соли сипарӣ  дар ситоди ЮНЕСКО муаррифӣ шуданд.

       Дар идомаи ҳамоиш муърузаҳои пурмуҳтавои Сайидхоҷа Ализода – ходими пешбари илмии ММХ, н.и.ф. дар мавзуи “Аҳамияти маҷмуаҳои шеърӣ (баёзу радоифулашъорҳо) дар омӯзиши таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ” ва Абдураҳмон Охонниёзов – ходими пешбари илмии ММХ, н.и.ф. дар мавузуи “Муруре ба сайри таърихии Наврӯз шунида ва мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

       Дар ҳамоиши мазкур муовини саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон, д.и.ҳ. профессор А.Неъматов иштирок ва дар бахши муҳокимаронӣ  андешаву пешниҳодҳояшро ироа намуд.

      Ҳамоиш фардо ҳам идома намуда, чанд маърузаи ходимони илмии Марказ шунида хоҳад шуд.