Имомов Шарофиддин

(24.01.1956)

Имомов Шарофиддин Зуҳуриддинович дар деҳаи Файзободи колхози собиқ Ленин ҳоло хоҷагии Ис­тиқ­лол) ноҳияи Маскав (ҳоло ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ) таваллуд шудааст.

Солҳои 1963-1973 дар мактаби миёнаи рақами 4 ба номи А.С. Пушкин таҳсил намуд. Ба таърих ва ада­биёт дилбастагии хос дошт. Мустақилона алифбои фор­си­ро фаро гирифта, осори бузургони адаб, қабл аз ҳама Хайём ва Ҳофизро ба ин хат мутолиа ва азёд мекард. Аз синфи 8 ба навиштани мақолаву хабарҳо оғоз на­муд, ки дар матбуоти ноҳиявӣ нашр мегардиданд.

Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Аз оғози таҳсил дар ин боргоҳи бузурги маърифат ва илм узви фаъол ва баъдан раиси ҷамъиятҳои илмии дониш­ҷӯён – «Дӯстдорони таърихи халқи тоҷик» ва «Дӯстдо­рони Шарқ» ва раиси университети халқии муносибат­ҳои бай­налмилалӣ буд. Дар ҳамин давра силсилаи мақо­лаҳои илмӣ-оммавӣ, тақризҳо ва навиштаҳои дигари ӯ нашр гардиданд.

Баъди хатми таҳсил Имомов Ш. ба Институти шарқшиносии АИ ҶШС То­ҷикистон роҳхат гирифт ва 4 октябри соли 1978 ба ҳай­си коромӯз-муҳаққиқи шӯъ­баи Эрону Афғонистон па­зи­руфта шуд. Ба зудӣ ба Институти шарқшиносии АИ ИҶШС фиристода шуд.

Имомов Ш. солҳои 1978-1980 коромӯз-муҳаққиқ ва солҳои 1980-1983 аспи­ран­ти Институти шарқшино­сии АИ ИҶШС буд. Таҳ­сил дар ин маркази бузургта­рини шарқшиносии ҷаҳон дар ташаккули илмӣ ва шахсиятии ӯ нақши ниҳоят муассир дошт. Вай таҳти роҳ­барии шарқшиноси маъ­руф, муҳаққиқи сатҳи ҷаҳо­нии масоили Афғонис­тон ва Покистон Юрий Влади­миро­вич Ганковский ба таҳқиқи масъалаи муҳимтарин ва ҳамзамон мушкилтарини ил­мӣ – афкори иҷтимоии Аф­ғонистон дар сеяки аввали қарни ХХ даст зад. 15 июни соли 1984 дар мавзӯи «Аф­кори иҷтимоии Афғо­нистон дар даҳаи аввали баъди истирдоди истиқлол (1919-1929)» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Ин рисола дар шакли такмилӣ таҳти унвони «Аф­кори иҷтимоии Афғо­нистон дар сеяки аввали қар­ни ХХ» дар соли 1986 дар нашриёти «Наука»-и шаҳри Маскав нашр гарди­дааст.

Баъди хатми аспирантура Имомов Ш. фаъолия­ти худро дар Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси лаборанти калон (1983-1984) ва ходими хурди илмӣ (1984-1985) идома дод. Ҳамзамон аз соли 1984 ба ҳайси устоди ҳамкор дар кафедраи Таъ­рихи нав ва навини факултаи таърихи Донишгоҳи мил­лии Тоҷикистон ба тадрис пардохт.

Солҳои 1985-1987 Имомов Ш. ба ҳайси тарҷумони гурӯҳи Кумитаи марказии Иттиҳоди Ленинии Коммунис­тии Ҷавонони Умумииттифоқ дар Афғонистон фаъоли­ят намуд ва паҳлӯҳои муҳимми кишвари мавриди омӯ­зиш­ро амиқтар омӯхт.

Баъди бозгашт фаъолияти худро дар Институти шарқшиносӣ дар вазифаи ходими илмӣ (1987-1991) ва ходими калони илмӣ (1991-1993) идома дод: объекти таҳ­қиқи ӯ таърихи афкори иҷтимоии Афғонистон тайи 100 сол – аз миёни қарни Х1Х то миёни қарни ХХ буд. Ин даврони сарнавиштсози Афғонистони муосир буд, ки барои шинохти дақиқи илмии он аҳамияти ҳаётӣ дошт. Муҳаққиқ равиши асил ва хос – таҳқиқи ҷомеъ ва фарогири проблемаро пеш гирифт: зуҳур, ташаккул ва таҳаввули ҷараёнҳо, мактабҳо ва низомҳои ақидатӣ ва фикрии иҷтимоӣ дар пайванд бо шинохти амиқи илмии сохторҳои ҷомеа ва таъсири баъдии онҳо ба мазмуни равандҳои иҷтимоӣ бар мабнои баррасии ҳамаҷонибаи маъхазҳои гуногун ва арзёбии интиқодии осори илмӣ-таҳқиқӣ бо назардошти назарияҳо ва дидгоҳҳои навин. Таври маълум ин даврон – даврони таҳавуллоти ниҳоят амиқ ва сохторӣ дар ҳама арсаҳо, минҷумла арсаи илм ва таҳқиқ буд. Бо он ҳама Имомов Ш. талош намуд ра­виши илмӣ-таҳқиқӣ ва дидгоҳи илмӣ-академӣ ҳифз шавад ва тақвият гардад. Ҳамзамон дар ин давра бо та­қозои рӯз силсилаи мақолоти илмӣ-оммавӣ (бахусус дар мавзӯъҳои эҳёи номгузории миллӣ, эҳёи алифбои суннатӣ ва худогоҳии миллӣ-таърихӣ ва ғайра) нашр намуд ва осори мутафаккирони бузург – Имом Ғаззолӣ, Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ, Муҳам­мад Иқбол, Алии Шариатӣ ва дигаронро таҳия ва даст­раси хонандагон кард.

Дар моҳи марти соли 1993 Институти шарқшино­сии АИ Тоҷикистон барҳам дода шуд, ки иқдоми ҷид­дии манфӣ ва қисман харобиовар барои рушди шарқ­ши­носии тоҷик буд. Имомов Ш. ба Институти осори хаттӣ, ки ба он аксари кормандони Институти шарқши­но­сии пешин шомил шудаанд, пазируфта шуд. Ба манзури анҷоми таҳқиқи илмӣ соли 1994 ба Институти шарқши­носии Академияи илмҳои Руссия рафт ва муддати як сол он ҷо монд. 10 июни соли 1996 дар мавзӯи «Таърихи афкори иҷтимоии Афғонистон дар нимаи дуввуми қар­ни Х1Х – нимаи аввали қарни ХХ» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии доктори илми таърих шуд.

Рисолаи доктории Имомов Ш. каме баъд (дар соли 2001) ба шакли монографияи калон бо забони русӣ нашр шуд ва аз ҷониби мутахассисон баҳои баланд гирифт.

Имомов Ш. минбаъд таҳқиқи худро дар ду самти ниҳоят муҳим – таърихи афкори иҷтимоӣ дар солҳои 50-70-уми қарни ХХ ва сарнавишти таърихӣ ва сиёсии тоҷикони Афғонистон дар нимаи дуввуми қарни Х1Х ва қарни ХХ мелодӣ идома дод.

Ҳамзамон ташаккули мураккаб ва зиддиятноки То­­ҷикистон соҳибистиқлол дар солҳои 1991-1999 чанд масъаларо амалан ҳаётӣ намуд, ки таҳқиқи онҳо таъхир­нопазир буд: ин қабл аз ҳама шинохти илмии асолат ва ҳуввияти миллии тоҷикон маҳсуб мешуд.

Имомов Ш. аз нахустин муҳаққиқони ин мавзӯи ниҳоят мушкил буд: ин мавзӯъ нахуст дар силсилаи ма­қолоти илмӣ ва баъдан китоби «Таърихи бедории мил­лӣ ва истиқлоли Тоҷикистон» (2003) инъикос ёфт. Қо­били таъкид аст, ки дар монографияи зикршуда бори нахуст таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Ватан мав­риди баррасии том қа­рор гирифтааст. Иловатан, дар ин китоб дидгоҳи асил ва навини рушди сиёсии Тоҷикис­тон дар солҳои 1920 – 1991 асаснок гардидааст.

Тақозои дигари возеҳи рӯз – асосноксозии дидгоҳи навини таърихи халқи тоҷик буд: талоши нахустини он дар дастури таълимии «Таърихи халқи тоҷик» аз ҷони­би Имомов Ш. ва Бобоев Қ. Б сурат гирифт. Ин дастур соли 1998 нашр гардид ва баъдан чанд бор таҷдиди нашр шуд. Ҳамин нуқтаи назар ва тозаҷӯиву тозагӯӣ дар осори баъдӣ тақвият ва такмил гардид.

Давлати навҷавони Тоҷикистон ба мутахассисони сатҳи муосири соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, қабл аз ҳама, кадрҳои дипломатӣ ниёзи ҳаётӣ дошт. Бо дарназардошти ин амр ва дастгирии роҳбарии давлат бо ташаббуси Имомов Ш. дар факултети таърихи До­ниш­гоҳи давлатии миллии Тоҷикистон соли 1997 шӯъ­баи муносибатҳои байналхалқӣ таъсис ёфт.

Дар оғози моҳи майи соли 2002 кафедраи муноси­батҳои байналхалқӣ таъсис ёфт; Имомов Ш. мудири ин кафедра таъйин гардид; дар моҳи феврали соли 2003 тибқи озмун дар ин вазифа интихоб шуд ва то аввали июли соли 2008 роҳбарии кафедра ва шӯъбаро анҷом дод. Бо талошу пайгирии ӯ ва ҳамкорон ин шӯъба аз воҳидҳои беҳтарин ва обрӯмандтарини ДМТ гардид.

8 августи соли 2003 Имомов Ш. мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷти­моӣ ва робита бо ҷомеа таъин гардид; баъди 4 моҳ 12 декабри соли 2003 ӯ ба вазифаи мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ муқаррар шуд. Ҳамзамон ба фаъолияти илмӣ- таълимӣ корро ба ҳайси мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ идома дод. Дар ин росто ӯ роҳбари илмии мавзӯи «Осиёи Марказӣ дар низоми муносибатҳои байналхалқии муосир», муаллифи мақолот ва навиштаҳои илмӣ, осори сиёсӣ-таҳлилӣ, дарсномаҳо, дастурҳо ва барнома­ҳои таълим мебошад.

16 июли соли 2007 Имомов Ш. Директори Инсти­тути шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар муддати нисбатан кӯтоҳи роҳбарӣ (июли 2007 – октябри соли 2008) иқдомоти муҳим ва арзишмандро амалӣ намуд. Иқдоми муҳимтарин таъсиси лабораторияҳои сатҳи ҷаҳонии тармим ва эҳёи дастнависҳо ва аккосии дастнависҳо бо ҳамкории Маркази фар­ҳан­г ва мероси хаттии Ҷумъа Моҷид (АМА) буд, ки дар Осиёи Мар­казӣ назир надорад ва амалан кафолати нигаҳдории ганҷинаи бебаҳои миллӣ мебошанд.

Бо ташаббуси Имомов Ш. кабинети ёдгории Ҳ.Н Назаров таъсис гардид ва кабинети илмии З. Аҳрорӣ созмондиҳӣ шуд; бар асари ин иқдом фонди китобхонаи Институт тақрибан 5000 китоб афзуд.

Бо пешниҳоди Имомов Ш. «Силсилаи осори ис­ло­мӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфт ва барои нашри он беш аз 850 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид; китоби аввали ин силсила – «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ дар мо­ҳи октябри соли 2008 расман муар­рифӣ гардид.

Имомов Ш. барои таъмини сатҳи баланди илмӣ, обрӯ ва эътибори Институт, фазои солим ва созандаи корӣ, ободонӣ ва симои ҷаззоби Институт талоши пайгир ва босамар менамуд.

14 октябри соли 2008 бо фармони Призиденти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Имомов Ш. сафири Фавқул­ода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид. Ӯ ҳамзамон бо иҷрои ин вазифаи ниҳоят масъул ба пажӯҳишу таҳқиқи илмӣ ва роҳ­барии аспирантону унвонҷӯён идома меди­ҳад.

Имомов Ш. муаллифи осори зиёди илмӣ, илмӣ- сиёсӣ ва илмӣ-таълимӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон, Руссия, Афғонистон ва кишварҳои дигар нашр шуда­анд. Мавсуф дар интишороти бонуфузи илмии кишвар ва берун аз он то ба имрӯз беш аз 100 мақолаву рисола­ҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ интишор додааст.

Имомов Ш. дар конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои зиёди байналмилалӣ (Маскав, 1983; Кобул, 1986; Маскав, 1989; Маскав, 1990; Теҳрон, 1992; Маскав, 1994; 1996; Алмаато, 1997; Остона, 1999; Бишкек, 2002; Кобул, 2003; 2004; 2005; Кембриҷ, 2008;), ҷумҳурӣ ва академиявӣ ширкат ва суханронӣ намудааст.

Имомов Ш. узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии То­ҷикистон ва узви Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон оид ба илм ва техника ба номи Абӯалӣ ибни Сино, роҳбари Бунёди байнал­ми­лалии Имоми Содиқ мебошад.

                                                                       А.М.Хуросонӣ