Назриев Ҷӯрабек
(23.06.1946 - 24.05.2020 )
Ҷӯрабек ибни Назархудо ибни Давлатбек ибни Давлатманд ибни Дӯстихудо ибни Шукрихудо дар рустои Навруҳои ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб рӯ ба арсаи ҳастӣ ниҳод. Тибқи шиноснома маҳалли таваллуд шаҳри Душанбе омадааст, ки ин мавзӯи дигар аст.
Волидайни эшон аз деҳоти Ғожу Тоғмайи мулки Дарвоз ба диёри Хатлон омаданд. Сабаб, бешак, муҳити носозгор ва бозиҳои рӯзгори ғаддори соли 1937 буд, рӯзгоре, ки як зумра бебасарону худобехабарони онзамонӣ муддате мақом ёфтанду ба «ислоҳи» мардуми бечора ва танбеҳу маҳкум кардани «душманони халқ» пардохтанд, дар асл ба қавли Авҳадӣ:
Бо худ аз рӯи ҷаҳл бад карда,
Оҳ аз ин корҳои х(в)адкарда.
Хонаводаи акаи Назрихудо баъди як соли оворагиву саргардониҳо аз кӯйе ба кӯйе, аз ҷое ба ҷое, аз деҳе ба деҳе ин русторо ҷои истиқомати доимӣ қарор дод. Зеро ба қавли худи Ҷӯрабек Назриев «вуфури неъмат ва ободӣ, амният ва меҳмонпазириву шодмонии мардуми деҳаи Навруҳо диёри Дарвозро мемонд».
Ҷӯрабек шаш сол дошт, ки ба мактаби деҳ рафт ва ду соли тамом аз ду устод – муаллим Абдурраҳмонзода ва муаллим Акрам (рӯҳашон шод бод) дарс омӯхт.
Тобистони соли 1953 хонадони Усто Назрӣ ба деҳаи Оқҷари (Крупскаяи онзамонӣ) колхози Ленини ноҳияи Восеъ ва баъди як соли он ба шаҳри Душанбе кӯч баст.
Ҷӯрабеки ҷавон синфи севу чаҳорро дар мактаби ибтидоии рақми 31 ба номи Лоҳутӣ, воқеъ дар маҳаллаи Шоҳмансур, шаш соли дигарро дар мактаби миёнаи рақми 23 ба номи Максим Горкии ноҳияи Роҳи Оҳани ш. Душанбе хонд.
Баъди хатми мактаб соли 1963 Ҷӯрабек Назриев донишҷӯи бахши забону адабиёти Донишкадаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуд. Сабаби бахши адабиётро интихоб кардани ӯ шояд аз хурдӣ дар муҳити илмию адабӣ, фарҳангию ҳунарӣ тарбия ёфтанаш бошад. Ногуфта намонад, ки вақти мактабхонӣ назди падари бузургвораш Ҳафтяки Шарифу Қуръони маҷид, Чаҳор китобу Ҳофизу Бедилро гузаронида буд. Ҳамчунин ба ҳунари хунёгарӣ низ шавқу рағбати беандоза дошт ва ҳанӯз дар хурдсолӣ ба муқтазои фитрати азалӣ маълум буд, ки метавонад дар мақоми соҳибҳунарон қарор бигирад.
Чун бо олами шеъру адабиёт ва ҳунар то дараҷае ошноӣ дошт, муҳити донишгоҳӣ барояш созгор омад. Акнун имкон дошт аз бузургтарин донишмандони таълимгоҳ Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Соҳиб Табаров, Сайид Ҳалимов, Тӯрақул Неъматзода, Саъдоншо Имронов, Ҳасан Наққош, Домулло Эркаев, Муҳаммад Болтаев ва амсоли онҳо, ки маҳфилорою оламафрӯзи муҳит буданд, дарси адабу адабиёт, таъриху мантиқ биомӯзад.
Баъди хатми донишгоҳ бо пешниҳоди раёсати донишкада ва маслиҳати устодон ба аспирантураи назди Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ҳуҷҷат пешниҳод кард ва дар супурдани имтиҳонот комёб гардид.
Ҳамон рӯзҳо дар олами ҳунари хунёгарӣ чунон шӯҳрату овоза ва мақому мартабаро соҳиб гашта буд, ки ба қавли шоир:
Чун ба ҳар кӯй равад, халқ барорад фарёд,
К-инак он шӯҳраи ангуштнамо боз омад.
Сурудаҳояш вирди забонҳо гашта буд.
Хоҷа зи сарварӣ гузашт,
Банда зи чокарӣ гузашт,
Зориву қайсарӣ гузашт,
Даври Сикандарӣ гузашт,
Шеваи бутгарӣ гузашт,
Менигарему меравем…
Дар ҳақиқат ба дунёи ҳунари мутрибиву хунёгарӣ эҷодкорона, бо тарзу тариқи нав, бо услуби ба худ хос омад, ки имрӯзҳо чунин роҳу тариқи суруд хонданро мактаби ҳунарии Ҷӯрабек Назрӣ мегӯянд. Аз муҳити маҳдуди маҳаллу водиҳо берун қадам ниҳод. Сурудаҳояш марзҳои маҳаллу минтақаро шикастанд. Садои ӯ дар ҳама атрофу акнофи Тоҷикистон ва берун аз он мақбули аксар буд. Ошиқона суруд мехонд, сурудҳои хубу дилкашу дилбар барои ҳама, хоса барои онҳое, ки лаззати ишқро чашида буданд.
Наъту муноҷот аз қабили қиссаҳои «Қубонии Исмоил», «Вафоти Фотимаи Заҳро», «Сангтарош», «Султон Ҷумҷума ва Исои Масеҳ», «Ғарибнома», «Мӯсо ва Бурхи Валӣ», Муҳаммад ва сайёду оҳу», «Хоби Муҳаммад», «Мӯсо ва Иблис» ва ҳикоёти ҷонгудози Карболоро хидмати бузургсолон тақдим мекард.
Ҳолдонҳо мегӯянд, ки солҳои шасту ҳафтоду ҳаштод теъдоди онҳое, ки наът мехонданд, кам набуданд. Вале се нафаре буд – Ёрмаҳмади Дарвозӣ, Одина Ҳошим ва Ҷӯрабек Назриев, ки дар қиссахонӣ байни мардум мақоми хосе доштанд, ҳунармандони маънӣ буданд, бисёрдону бисёрхон буданд, ба ҳол меомаданд ва сомеъонро ба ҳоле гирифтор мекарданд, орифона ва ошиқона мехонданд, аз шом то субҳ.
Як ҷиҳати фарқкунандаи Ҷӯрабек Назриев он буд, ки бар замми наъту муноҷоту Карбалономахонӣ аз «Шоҳнома»-и безаволи Ҳакими Тӯс, «Махзану-л-асрор»-и Низомӣ, «Мантиқу-т-тайр»-и Аттор, «Ҳадоиқу-л-ҳақиқа»-и Саноӣ, «Лайлӣ ва Маҷнун»-ҳо, «Маснавӣ»-и Мавлонои Рум ҳикоёти зиёдеро аз бар карда буду дар сӯҳбати аҳли фазлу маънӣ тараннум мекард ва шамъи маҷлисро аз шом то субҳ фурӯзон нигоҳ медошт. Оҳангаш, тарзи иҷрои сурудаш дигар буд. Ҷавони бисту як, бисту дусола тавонист як зумра ҷавонони болаёқатро дар атрофаш гирд биовараду тарбият кунад, то ҷое, ки ҳар кадомаш метавонист чанд асбоби мусиқии суннатӣ аз қабили рубобу тору ғиҷҷаку таблаку дойраро хуб бинавозанд. Вале бори аввал буд, ки ғайримаъмулӣ Ҷӯрабек Назриев асбоби мусиқии баян ва аккордеонро дар иҷрои суруду тарона ва барномаҳои консертиаш ба тарзи миллӣ-тоҷикӣ истифода мекард.
Вақте аз ҳофизи мардумӣ Файзалӣ Ҳасанов ин мавзӯъро пурсидем, дар ҷавоб гуфт, ки «муболиға нест. Дар ҳақиқат дар хондани наъту сурудҳои ирфонӣ он кас беназир аст. То ҷое медонам, дӯсти ман шабу рӯз машқу мутолаа дошт, меомӯхт, он чиро мехонд, ки сар то ба по маънӣ буд. Албатта, мардуми соҳибзавқи он давра ҳама чизро қабул надоштанд, паридану давидану ҷасту хез кардану гардан задану ҳуштак кашидани сарояндаро камоли беҳунарӣ ва беадабӣ медонистанд. Чунинҳоро аз саҳна ва маҳфилҳо дур месохтанд, то завқи мардумро поён набаранд. Майдон ҷавлонгоҳи ҳунармандони асил буд. Акнун бошад…».
Соли охири хониш буд, мегӯяд Ҷӯрабек Назриев. Маро ба маҳфиле даъват карданд, ки ҳама аҳли фазл буданд, аз ҷумла устодони илму адабу ҳунар Аълохон Афсаҳзоду Ҳошим Гадоев. Шеърдониву сурудхониам сабаб шуд, ки яке маро маслиҳат дод, ки баъди хатми донишгоҳ ба аспирантураи Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳо биёям ва дигаре пешниҳод кард, ки фардо ба идораи телевизион меравем. Он замон имкони ба идораи телевизион рафтан нашуд, вале пешниҳоди устод Афсаҳзод ҷомаи амал пӯшид. Донишгоҳро хатм кардам ва аспиранти Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ ҳам шудам. Баъди шаш моҳи таҳсил маро ба хидмати аскарӣ, ки он замон як сол буд, даъват карданд. Чун хидмат анҷом ёфт, аз паи таҳсил шудам.
Боре дар сари роҳ бо устод Ҳошим Гадоев вохӯрдему ҳамон қиссаро ба ёд овард. Қарор шуд, ки фардо бояд биравем. Тибқи ваъда фардои ҳамон рӯз, агар иштибоҳ накунам, 17 июни соли 1970 буд, ману устод ба идораи телевизион рафтем. Ёдам мондааст, ки оҳангсози маъруф Хайрулло Абдуллоев ва чанд каси дигари шӯъбаи мусиқӣ маро имтиҳон карданд. Мисле, ки хушашон омаду иҷозат доданд ҳамон шаб ду суруд бихонам. Он замон на ҳамаро, балки танҳо мутрибони соҳибистеъдодро мегузоштанд суруд бихонанд. Хунёгарон зинда мехонданд, шунавандаро фиреб намедоданд. Суруди аввалам «Шудам ошиқ», бар матни Шоҳзамон ном як шоири маҳаллӣ буду суруди дигар ғазали Амир Хусрави Деҳлавӣ бо номи «Дили дӯстон».
Рӯзи дигар вақте ба кор мерафтам, медидам, ки ҳар шиносу ношинос ба ман салом медоданд. Ҳатто ҳамон рӯз ронандаи таксӣ ҳам аз ман пул нагирифт. Табиатан ин бароям хеле хушу гуворо ва хурсандиовар буд.
Баъди як ҳафта ба шӯъбаи мусиқии телевизион даъват шудам. Мудири шӯъба мактубҳои зиёдеро пешам гузошту бо як самимият гуфт: «Шунавандагон мисле, ки сурудҳоятро хуш пазируфтанд ва аксар хоҳиш доранд, ки бо ту хубтар ошно шаванд. Пас ту бояд хуб муаррифӣ шавиву чаҳор суруди дигаратро пахш кунем. Се рӯз мӯҳлат».
Баъди се рӯзу рӯзҳои дигар…Даҳҳо мактуб мегирифтам, ба ҳама ҷо даъват мешудам. Сурудҳоямро дигарон мехонданд, ҷавонон пайравӣ мекарданд, дар атрофам ҷавонони соҳибзавқу соҳибистеъдод гирд меомаданд, аз қабили Қурбоналӣ Раҳмонов, Ҷамшед Исмоилов, Дона Баҳромов, Раҷабалӣ Шарифов, Ҷумъахон Сафаров, Сангалӣ Мирзоев, Гадоалӣ Салимов, Миралӣ Зокиров, Назаралӣ Қурбонов, Ҷамшели Комронӣ, Насриддин Каримов ва дигарон, ки имрӯзҳо ҳар кадоми онҳо дар олами ҳунар шӯҳрату обрӯ ва мақому мартабаеро соҳибанд. Аз шогирдонам Қурбоналӣ Раҳмонов, Ҷамшед Исмоилов, Дона Баҳромов, Ҷумъахон Сафаров, ки ҳар кадом ба мартабаи устодӣ расидаанд, танҳо метавон ифтихор кард».
Аҷаб он аст, ки Ҷӯрабек Назриев бо вуҷуди ин ҳама шӯҳрату ҷоҳу мартаба худро гум накард, роҳи сабуки зиндагиро наҷуст, ойини одамият ва рафоқату дӯстиро пос дошт. Заҳмат кашиду хонду омӯхт ва натиҷааш он шуд, ки дар олами илм ҳам мақоми шоистаеро соҳиб гардид.
Соли 1974 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Мактабӣ ва матни илмӣ-интиқодии маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ» дифоъ кард. Соли 1996 дар мавзӯи «Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форс-тоҷик» рисолаи докторӣ пешниҳод кард, ки комиссияи олии аттестатсиониии Руссия онро хуш пазируфт.
Асарҳои дигаре аз қабили «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабӣ», «Матни илмӣ-интиқодии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабӣ», «Сулаймоннома»-и «Зулолии Хонсорӣ» (тадқиқ ва таҳияи матни илмӣ ва интиқодӣ бо ҳуруфи форсӣ, Душанбе, 1986), «Қиссаи Сулаймон ва маликаи Сабо дар назми форс-тоҷик» (Душанбе, «Пайванд», 1996), «Библийского – кораническая история царя Соломона и её преломление в персидско-таджикской литературе» (Душанбе, 1996), «Таърихи Ҳумоюн»-и Гулшанӣ (Душанбе, 2007) ва даҳҳо мақолаҳои илмиро дар мавзӯҳои гуногун дар дохил ва хориҷи кишвар ба табъ расонидааст ва чанд асари дигар низ омодаи чоп аст.
Ӯ дар таҳия намудани «Феҳристи нусхаҳои хаттии хазинаи дастхатҳои ба номи академик А. Мирзоев» мусоидат менамуд. Илова бар ин, мо дар ҳаммуаллифӣ бо ӯ тавонистем дар мавзӯъи «Нома ва номанигорӣ» дар «Шоҳнома» рисолаи тадқиқотие анҷом дода, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳуруфи форсӣ (Теҳрон, 1999) интишор бидиҳем, ки он дар шоҳномашиносӣ кори нахустин ва мукаммал доир ба номаҳои он шоҳасар дониста шудааст.
Гузашта аз ин, Ҷӯрабек Назриев дар чопи панҷҷилдаи «Гулшани адаб», ҳаштҷилдаи «Осор»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ саҳми амалӣ гузошта, дар таҳияву таҳрири теъдоди зиёди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва матншиносиву матнсозии кормандони илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ҳамкории дойимии худро дареғ надоштааст.
Ҷӯрабек Назриев саховатманду олиҳиммат аст. Ӯ ҳанӯз дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ даҳҳо ҳазор сӯми нақд ба фонди сулҳ, фонди олимпиадаи Куба, фонди Чернобил гузаронида буд. Бе интизори подоше.
Дар даврони истиқлол ҳам таваҷҷӯҳи ӯ ба ин кори хайр кам нашудааст. Баробари оғози давраи нави сохтмони барқи Роғун ба суратҳисоби он 5000 сомонӣ гузаронид.
Ҷӯрабек Назриев аз аввали солҳои 90-уми қарни гузашта аввал дар Институти дастхатҳо ва сипас, баъди аз нав таъсис ёфтани Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ то моҳи июни соли 2007 дар вазифаи масъули сарвари ин муассисаи бонуфузи илмӣ буд. Новобаста ба нооромиву норасоиҳои солҳои 90-уми қарни сипаришуда мутахассисони заруриро ба Институти осори хаттӣ, ки он боз бо ташаббуси ӯ Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттиро ном гирифту имрӯз бомуваффақият фаъолият дорад, ҷалб созад ва барояшон баҳри идомаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ то ҷойе шароит фароҳам орад.
Дар он солҳои ногувор ҳам таҳти сарварии ӯ як идда асарҳои муҳимми тадқиқотӣ ва матнҳои мукаммали гузаштагон чоп шуданд, дар Институт конференсияю ҳамоишҳои байналмилалӣ баргузор гардид, ходимони илмии муассисаи мазкур дар кунгураву ҳамоишҳои байналмиллалӣ бо суханрониҳо ширкат доштанд ва натоиҷи ҷустуҷӯйӣ-пажӯҳишии онҳо на танҳо дар кишвар, балки берун аз он, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Давлати Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, Руссия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Фаронса, Амрико ва ғайраҳо, ба табъ расиданд, ки назираш дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ сурат нагирифта буд.
Аз масойили ҳассос ва зарурӣ, ки ҳамеша дар назди роҳбарияти Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ қарор дошту дорад, ин ҷамъ овардани дастнависҳо ва китобҳои чопи сангӣ ва аз ин ҳисоб ғанӣ гардонидани ганҷинаи осори хаттии ин марказ дониста мешавад, ки амалӣ шудани он кори бисёр душвор буд, хоса солҳои 1991-1992, замоне, ки гирдбоди дасисаву фитна ва ҷоҳу ҷоҳталабиҳо ҳама ҷоро фаро гирифта буд ва на ҳама андешаи фардоро доштанд. Вале Ҷӯрабек Назриев чун роҳбари донову тавоно, холӣ аз ҳама бозиҳои сиёсӣ дар пайи ободии Институт ва ғанӣ гардонидани Ганҷинаи дастхатҳо буд ва корҳои бузургеро тавонист анҷом бидиҳад.
Ҷӯрабек Назриев ба хотири дӯстӣ ва рафоқате, ки бо шоираи машҳур хонум Гулрухсор Сафиева дошт, тавонист зиёда аз 250 нусхаи хаттӣ ва чопи сангии нодирро аз хазинаи «Бунёди фарҳанг» ба Ганҷинаи Институти мероси хаттии АИ РСС Тоҷикистон таҳвил кунад. Ва чун Ҷӯрабек Назриев некмаҳзар аст, дар ҳар сӯҳбату маҳфилу маҷлис аз накӯкорӣ ва ҳимматбаландии шоири маҳбуб забон ба гуфтугӯ мекушояд, яъне некиро фаромӯш намекунад. Дар заминаи ҳамкориву дӯстӣ директори онзамонии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ устод Абдуқодир Маниёзов чанд нусхаи хаттии дар китобхонаи Институти забон ва адабиёт бударо ба ихтиёри махзани дастхатҳои Институти мероси хаттӣ ворид кард. Баъдтар беш аз 200 нусхаи хаттӣ ва чопи сангӣ аз китобхонаи шахсии академик Аҳрор Мухторов бо пули ташкилотҳои хайрия харидорӣ шуд. «19 дастнавис аз доктори илми филология Тоҷиддин Мардонӣ, 22 дастнавис аз ҷониби Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва як теъдод нусхаҳои қаламии аз ҷониби фарҳангиён эҳдошуда ганҷинаи Институтро ғанитар гардониданд. Умуман, новобаста ба ноҳамвориҳои зиндагии солҳои 90-ум ба Ганҷинаи дастхатҳои шарқии АИ Тоҷикистон беш аз 500 нусхаи дастнавис ва чопи сангӣ дохил гардид» -қайд намуд мудири шӯъбаи дастхатҳо Амрияздон Алимардонов.
Дар он давра ба Институт китобҳои зиёди чопӣ тӯҳфа шуд. Аз ҷумла Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба Институти мероси хаттӣ зиёда аз 2000 нусхаи чопи муосир тӯҳфа кард, ки ин амали нек аз як ҷониб ба хотири робитаҳои хубу ҳасанаи Институт ва Сафорат амалӣ шуда бошад, аз ҷониби дигар яқин ба хотири самимияту одамияту дӯстии хоси ҷаноби оқои Шабистарӣ ва Ҷӯрабек Назриев сурат гирифта буд.
Ҷӯрабек Назриев одати аҷибе доранд. Аз рӯи мушоҳидаҳо ба ҳама эҳтиром мегузоранд, ҷуз ба чоплусону мунофиқон. Ва агар махлуқе хушомад кунаду дурӯғ биоварад, дар ҷавоб «Худо бахшандаву меҳрбон аст, вагарна»… Боре аз ӯ пурсидем, ки чаро вагарна… давомаш чӣ? Давомашро нагуфтан беҳтар, чаро ки чоплусону мунофиқон аввал ки ислоҳнашавандаанд, сониян моҷароҷӯянд. Ба сад идора шикоят мебаранду сари бедардро ба дард мегузоранд.
Боз одати дигараш, дар беруни корхона вақти муроҷиату муошират расмиётро риоя мекунад, вале дар идора бародарона – устоди бузургвор, муаллим ё муаллимаи азиз, бародари арҷманд, хоҳар ё додари азиз гӯён муроҷиат менамуд.
Дар салом одатан пешдастӣ дошт. Боре вориди дафтари он кас шудам. Бинам, дар андеша, аз омаданам хабар нашуд. Ассалому алайкум гуфтаму хандидам. Аз ҷой боло шуду бо табассуми маънидорона, яъне матлабатро фаҳмидам, гуфтагӣ барин… мебахшед, шунидам, ки «Китобхонаи Халилуллоҳи Халилӣ»-и бародарони афғонистонӣ бо сабаби бе ҷой мондан ҳолати хубе надорад. Китобхона беш аз 1700 китоб дорад, китобҳои нодир ва масъули китобхонаро ҳам медонам, оқои Ранҷбар, ки ҷавони донишманд ва хеле заҳматкаш аст. Дар андешаам, ки чӣ гуна тавонем ба ин дӯстон кӯмак кунему китобхонаро наҷот диҳем. Баъди чанд рӯз фаҳмидам, ки Ҷӯрабек Назриев бо пули хазинаи Сорос ҳам китобхонаро харида ба Институт овардаасту ҳам китобдорро ба кор гирифтааст. Танҳо Ҷӯрабек Назриев метавонист чунин кори хайрро анҷом бидиҳад» гуфта буд Абдуманнон Насриддинов ва мо бо андешаи академик Мӯсо Диноршоев мувофиқем, ки мефармояд: «Хидмати Ҷ. Назриев ҳамчун роҳбари Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дар нигаҳдорию муҳофиза ва омӯзишу муаррифии нусхаҳои хаттии Ганҷинаи дастнависҳои шарқии АН Тоҷикистон, ки калонтарин ва муҳимтарин махзани ёдгориҳои хаттӣ дар ҷумҳуриямон мебошад, шоистаи таҳсину тақдир аст» (Родмарди андеша ва ҳунар, Душанбе, 2007, саҳ. 25).
Ин марди шариф аз рӯзи хатми Донишгоҳ то кунун дар Академияи илмҳо кор мекунад. Аз аспирантию ходими хурди илмӣ то мақоми Раиси Иттиҳодияҳои музейҳои адабӣ, директори Институти мероси хаттӣ ва директории Институти овозадори шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст ва аз соли 1991 то июни соли 2007 ин даргаҳи муқаддасро раҳбарӣ мекард.
Ҷӯрабек унвонҳои зиёде дорад – доктори илм, узви вобастаи Академияи илмҳо, узви Иттифоқи нависандагон, Арбоби шоистаи санъати РСС Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон. «Албатта, ин ҳама унвон аст ва унвондорҳо ҳам кам нестанд» - мегӯяд Ҷӯрабек Назриев. «Унвони ҳақиқӣ бо ахлоқи ҳамида, бо рафтору кирдору пиндори нек дар ҷомеа, байни мардум эътибору эҳтиром пайдо кардан аст, яъне шиорат бояд:
Кӯш то халқро ба кор ойӣ,
То ба хулқат ҷаҳон биёройӣ-
бошад».
Хушбахтона, Ҷӯрабек Назриев бо саъю кӯшиши хастанопазираш дар байни мардум ба ин мақому мартаба соҳиб шуд, унвони олии донишмандӣ, ҳунармандӣ, одамият, шахсият ва ҷавонмардӣ насибаш гашт, ки муборакаш бод!
А.М.Хуросонӣ
Н.Амиршоҳӣ