Олимов Кароматулло
(27.07.1944)
Кароматулло Олимов доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи АИ ҶТ аз чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги кишвар буда, дар деҳаи Боғикалони ноҳияи Истаравшани бостонӣ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш дастпарвари мактабҳои маъруф ба «усули ҷадид» дар тӯли ҳаёти бобаракати худ ҳамчун табиби ҳозиқ барои пешгирӣ ва сари вақт табобат намудани мардум аз касалиҳои сирояткунандаи мудҳиш хидмати барзиёде анҷом додааст. Модари бузургвораш дар хонадон ва муҳити адабию фарҳангӣ парвариш ёфтаву ба камол расида, дастпарвари мактаби бедилхонӣ, ки дар он рӯзгор дар шаҳру вилояти Осиёи Миёна, минҷумла Истаравшан васеъ доман паҳн намуда буд, маҳсуб меёфт ва дар ҳақиқат соҳибзавқу дорои дарку фаҳмиши баланди шеър дониста мешуд. Ин фаросати баланди шеърфаҳмист, ки вай ба ҷигарбандаш – Кароматулло дар солҳои донишҷӯйӣ ва таҳсил дар аспирантура номаҳояшро манзум ирсол медошт.
Бояд гуфт, ки доманаи фаъолияти Кароматулло Олимов хеле васеъ буда, вай баъди хатми Шӯъбаи форсии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон соли 1964 аспиранти шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон мегардад. Соли 1971 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии Саноӣ» дифоъ намуд. Дар ин замина тадқиқоти пурарзиши вай «Ҷаҳонбинии Саноӣ» ба забони русӣ соли 1973 аз роҳи нашриёти «Дониш» дастраси аҳли таҳқиқи соҳа гардид. Омӯзиши ҳаёти Саноӣ на танҳо барои муайян кардани паҳлӯҳои гуногуни ҷаҳонбинии мутафаккир, балки ҷиҳати ҳарчи бештар равшан намудани самту хусусиятҳои инкишофи ахлоқи фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии форситаборон дар асрҳои XI-XII мелодӣ дорои аҳамияти вижа буд.
Монографияи ӯ «Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ» («Дониш», 1988) ба таҳқиқи ақидаҳои фалсафӣ, ирфонӣ ва ахлоқии ин намояндаи бузурги афкори иҷтимоию динии халқҳои форсизабон бахшида шудааст ва дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон аввалин монография мебошад.
Кароматулло Олимов солҳои 1974-1977 ба ҳайси сартарҷумон дар шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Афғонистон фаъолият намудааст. Ӯ ба ватан баргашта солҳои 1977-1980 ба сифати ходими калони Шӯъбаи фалсафа кор менамояд. Солҳои 1980-1984 бошад, боз ба ҳайси сартарҷумони гурӯҳи мушовирони КМ ҲКИШ дар Афғонистон ифои вазифа намудааст. Минбаъд солҳои 1984-1986 ходими калон ва ходими пешбари илмӣ, солҳои 1986-1991 мудири сектори таърихи фалсафаи Институти фалсафаи АТ Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1992-2001 мудири кафедраи фалсафаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Дар ин давра корҳои таълимиро ба аспиранотону унвонҷӯён ба роҳ монда, пажӯҳиши масъалаҳои таърихи фалсафа ва таҳлили ҳодисаҳои ногувори Тоҷикистонро идома медиҳад. Ҳамзамон аз соли 1997 то соли 2000 ба ҳайси узви Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон барои ҳалли проблемаҳои муҳоҷирон, устувории вазъ бо ҳамроҳии аъзои КОМ дар истиқрори сулҳ хидмати арзанда кардааст. Дар айни замон мақолаву асарҳои илмии худро ба нашр мерасонад, ки баҳсҳои муколимаи дунявию динӣ дар маркази он қарор дошт. Соли 1994 дар мавзӯи «Тасаввуфи Хуросон» рисолаи доктории худро дифоъ намуд ва худи ҳамон сол рисолаи пурмӯҳтавои ӯ ба забони русӣ ба ҳамин ном интишор ёфт, ки он ба яке аз масъалаҳои муҳимми таърихӣ-фалсафӣ, таҳлилу баррасии паҳлӯҳои гуногуни тасаввуфи қарнҳои IX-XII-и Хуросони бузург баҳс мекунад. Қобили тазаккур аст, ки рисолаи мазкур аз тарафи пажӯҳишгарон ва муҳаққиқони тасаввуф баҳои баланди илмӣ гирифта, имрӯз яке аз китобҳои боарзиши соҳа маҳсуб меёбад.
Аз моҳи апрели соли 2000 доманаи фаъолияти Кароматулло Олимов васеътар мегардад. Вай дар баробари корҳои пажӯҳишӣ ба корҳои ҷамъиятӣ ва роҳбарӣ мегузарад ва даставвал солҳои 2000-2001 ба аввалин парламенти касбии кишвар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад. Солҳои 2001-2004 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷкистон ва ҳамзамон Раиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг буд. Аз соли 2001 то ба имрӯз Раиси комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО мебошад, ки дар ин самтҳо ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати Президенти кишвар корҳои зиёди арзишманди фарҳангиро, ба монанди ба феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО дохил шудани 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ, мероси ҷаҳонии мусиқӣ эътироф шудани «Шашмақом», омода намудани пешниҳодҳо барои ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгориҳои Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон, Хулбук, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Бунҷикат, Хоҷа Машҳад ва ғайра, ба феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО ворид кардани 1150-солагии устод Рӯдакӣ ва 100-солагии устод М. Турсунзода анҷом додааст, ки хидмати шоистаи ватанпарастонаи ӯ мебошад.
Кароматулло Олимов солҳои 2004-2007 вазифаи масъулиятноки мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаро бар дӯш дошт. Дар ҳамин давра дар ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати Президенти ҶТ оид ба илму фарҳанг ва соҳаҳои иҷтимоb хидмати назаррас кард. Аз ҷумла, ба манзури иҷрои супориши Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нашри силсилаи 50-ҷилдаи осори адабии «Ахтарони адаб», ки чанд ҷилди он аз чоп баромадааст, ба воситаи ӯ бо иштироки иддае аз олимону адибони шинохта муҳокима ва интихоб шудааст. Ӯ солҳои 2007-2008 сарпарастии Институти фалсафаи ба номи Баҳоуддиновро ба дӯш дошт ва дар ободии Институт ва ба нашр омода кардани «Таърихи фалсафаи тоҷик» саҳми муносиб гузошт. К. Олимов тадқиқотҳои муҳимми адабиётшиносиву шарқшиносӣ низ дорад ва то имрӯз панҷ китобу рисолаҳои илмӣ ва зиёда аз 250 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ навиштаву интишор додааст. Илова бар монографияҳои дар болор ишорашуда метавон китобу рисолаҳои «Бисёрҳизбӣ ва ҷомеи демократӣ» (Душанбе: Ориёно, 1995), «Барасиҳо дар тасаввуф» (Душанбе: Шарқи озод, 1999) ва мақолаҳои «Ибн Сина и суфизм» «Пири Ҳирот: таҳқиқ дар шарҳи ҳол ва осор» (Кобул, 1980, бо ҳамкории А. Вафоӣ), «Место Ансори в истории общественной мысли таджикского народа», «Нафақот-ул-унс»-и Ҷомӣ манбаи муҳими тасаввуф», «Занони ориф» «Фирдавси и таджикское возрождение» (Душанбе, 1994), «Андешаҳои ирфонии Камоли Хуҷандӣ «Фарҳанг раҳнамои ҷомеа»-и ӯро, ки аҳамияти баланди назариявию амалӣ доранд, ёдовар шуд.
Ӯ ба ҳайси роҳбари илмӣ дар тарбияи докторону номзадҳои илм дар соҳаи фалсафа низ саҳми намоён дорад.
Кароматулло Олимов дар баробари тадқиқу таҳқиқи илмӣ ва фаъолиятҳои борвар ба эҷоди осори бадеӣ, бахусус шеър низ иштиғол дорад. Дар шеър дорои табъи равон ва услуби ширини баён буда, мӯҳтавои ашъораш тавсифу ситоиши фазилатҳои неки инсонӣ, муҳаббат ба зодгоҳу кишвар, ишқи поку ҳамида, ахлоқи ҳамида дар ҷамъият ва ғайра мебошад. Шоҳиди илҳоми шоирона доштани Кароматулло Олимов таъқиди собиқ ройзани Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кишвари мо устод Гарморудӣ мебошад. Ӯ навишта буд: «Дар рӯзи ифтитоҳи намоишгоҳи фарҳангии «Ёди ёр», рӯзи 22 декабри соли 2002 дар маҳалли Филармонияи давлатии Тоҷикистон шеъри «Меҳрбонӣ»-и худро низ ба поси меҳрбониҳои мардуми тоҷик хондам. Аммо аз номеҳрбонии ҳавои зимистонӣ ва барфу борони Тоҷикистон гила кардам.
Ҳангоме ки суханони ман ба поён расид, ҷаноби оқои доктор Кароматулло Олимзода – вазири фарҳанг, донишманди тоҷик барои як лаҳза пушти минбар баромаданд ва бо ҳамон вазн ва қофия дар радифи шеъри ман ин байтро бадеҳатан суруданд:
Шиква аз обу ҳавои Тоҷикистон хуб нест,
Бар қудуми дӯстон гавҳарфишонӣ кардаанд.
Ин посухи шоирона бисёр мақбули соҳибназарони ҳозир дар маҷлис қарор гирифт».1
Дар кори истилоҳсозии забони тоҷикӣ низ шавқ дошта ва истилоҳи «вомбарг» ба ивази заём сохтаи ӯст, ки имрӯз васеъ истифода мешавад.
Яке аз корҳои шоёни зикри К. Олимов ин аст, ки ҳангоми мудири сектори таърихи фалсафии Институти фалсафа будани ӯ солҳои 1986-1990 бо ҳамроҳии кормандони ин сектор дар ду ҷилд (се китоб) «Таърихи фалсафи тоҷик аз давраҳои қадим то асри XV таълиф ва ба чоп тавсия шуда буд. Вале он мутаасифона, ба табъ норасида буд. Баъди ба вазифаи директори Институти фалсафаи АИ ҶТ (соли 2007) интихоб шуданаш ин корро аз нав оғоз кард, ки ҳоло он аз тарафи Институти мазкур барои чоп омода шудааст. Муқаддима ва баъзе бобҳои ин китоб ба қалами К. Олимов тааллуқ дорад.
Хидмати К. Олимов дар таҳқиқи таърихи фалсафаи тоҷик, таҳияи матнҳои фалсафӣ, ирфонӣ ва таҳрири онҳо низ зиёд аст. «Осори мунтахаб»-и Ҳаким Саноӣ дар ду ҷилд (Душанбе, «Ирфон», 1993 ва 2006) ва асари бузурги Саноӣ «Ҳақиқат-ул-ҳақиқа ва шариату-т-тариқа», ки дар ҷумҳурии мо ба таври пурра аввалин бор ба чоп расид («Дониш», 2008) натиҷаи заҳматҳои ӯ мебошад.
К. Олимов дар таҳия ва тарҷумаи осори Ибни Сино низ кори назаррасро анҷом додааст. Тарҷумаи асарҳои Ибни Сино «Азҳавия», «Мабдаъ ва маод» ба забони русӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. «Китоби ишорот ва танбеҳот»-и Ибни Синоро (бо ҳамкории Аскардаев К. ва Зиёвиддинова О.), ки дар ҷилди аввали «Осори»-и Ибни Сино (Душанбе, 1980) ба табъ расид, ба чоп омода кардааст. Ҳамчунин дар таҳрири ҷилдҳои 1-2-и «Осор»-и Ибни Сино иштирок намудааст. Ҷилди чоруми «Осор»-и Ибни Сино ба русӣ (Ибни Сино. Сочинения том IV) бо муқаддима ва таҳрири ӯ (бо ҳамроҳии Т. Мардонӣ) соли 2008 ба табъ расидааст.
Кароматулло Олимов ба кишварҳои зиёди хориҷӣ, монанди Афғонистон, Австрия, Япония, Эрон, давлати Қатар, Амрико, Фаронса, Хитой, Туркия, Ҳиндустон ва ғайра сафарҳои хидматӣ ва расмӣ дошт. Барои иштироки фаъолонааш дар таблиғу пешбурди илм, андешаҳои сулҳу сулҳофарӣ, таълифи асарҳои зиддитаассубb ва ташвиқи осори гузаштагон, ҳамқадам ва ҳаммароми сиёсати дохиливу хориҷии кишвар будан бо ордени «Нишони фахрӣ» (1982), унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1999), нишони «Шараф» дараҷаи 1 (2005) гувоҳномаи «Узви ҳаракати сулҳи ҷаҳонӣ»-и Созмони байналмилалии байнидинӣ ва байнифарҳангb (Нюйорк, 2001), Медали нуқраии «Ибни Сино»-и ЮНЕСКО» барои хидматҳо дар риштаи илму фарҳанг (2009) ва Ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.
К. Олимов ду бор аз тарафи ҷамъияти биографии ИМА ба феҳристи 500 нафар шахсиятҳои машҳури сиёсb ва илмии ҷаҳон солҳои 2003, 2005 ворид гардидааст. Вай дар муҳити илмии АИ Тоҷикистон тарбия ёфта, ҳамчун узви Шӯрои диссертатсионӣ бо Институти фалсафаи АИ ҶТ кори судмандро анҷом медиҳад. Ҳоло Раиси Шӯрои дисертатсионии номзадӣ оид ба диншиносӣ, антропология ва фарҳангшиносӣ, Раиси Шӯрои илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТмебошад.
Аз 28 ноябри соли 2008 сарварии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.
А. Муҳаммадхоҷаев
А. М. Хуросонӣ