Шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ ва омӯзиши тамаддуни Шарқ
Шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ ва омӯзиши тамаддуни Шарқ соли 2019 бо мақсади барқарории робитаҳои илмӣ, ошносозии ходимони илмӣ бо дастовардҳои илмии муассисаҳои дохилу хориҷи кишвар, таблиғ ва оммавигардонии дастовардҳои илмии Марказ ва таҳқиқи нақши тоҷикон дар тамаддуни Шарқ таъсис шуда ва ба ин кор машғул мебошад.
Аввалин бор мудири шуъбаи мазкурро доктори илмҳои таърих-Қ. Искандаров бар уҳда дошт. Баъдан аз соли 2021 номзади илми педагогика М. Ғиёсӣ вазифаи мудирии шуъбаро бар дӯш гирифта, то имрӯз фаъолият намуда истодааст.
Дар шуъба 7-нафар ходимони илмӣ аз рӯйи ҷойҳои тасдиқшуда (2021-2025) зери унвони “Интишор ва оммавигардонии ёдгориҳои мероси хаттии Ганҷинаи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ ва англисӣ” машғули кор мебошанд.