Ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  ҳамоиши  илмӣ- назариявии «Истиқлоли давлатӣ ва  рушди илму маориф» бургузор гардид. Ҳамоиш  бо сухани ифтитоҳии директори ММХ назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов оғоз гардид. Сипас,  номзади илмҳои филологӣ Шодиҷон Ёраҳмадзода  дар мавзуи “Анъанаҳои ҳавасмандиии моддӣ-маънавӣ дар тақвияти маърифати омма ва рушди ормонҳои миллӣ (Нашри китобҳои “Қуръон”, “Тоҷикон”, “Шоҳнома”, “Феҳристи Хуросони бузург” баромад намуд. Оид ба  “Истиқлоли миллӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ” номзади илмҳои филологӣ Абдураҳмон Охонниёзов ва дар мавзуи “Забони давлатӣ чун рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ” доктори илмҳои фидлологӣ  Олимҷон Хоҷамуродов баромад кард. Маърузаи илмии “ВАО мустақил ва хусусӣ меваи Истиқлол” Наҷмиддин Шоҳинбодов маъруза намуд.  Ҳамоишро саркотиби илмии АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров ҷамъбаст намуд. Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ кормандон ва олимони Маркази мероси хаттӣ ба Ифтихорномаҳои ММХ АМИТ ва Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон ва ИДМ  тақдир шуданд.