Рӯзи 10 октябри соли 2025 як нусхаи дастнависи “Девон”-и Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ки аз тарафи шоири тоҷик Муллоёри Ванҷӣ дар соли 1285 ҳ.қ. (баробар ба соли 1868 мелодӣ) китобат шудааст, ба Ганҷинаи дастнависҳои Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон эҳдо гардид.

           Ҳадяи ин дастнависи гаронмоя аз тарафи муаллими муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и деҳаи Одешти ноҳияи Ванҷ, Шамсиддинов Ғайратшо дар ҳузури президенти АМИТ, академик Хушвахтзода Қобилҷон сурат гирифт.

        Лозим ба ёдоварист, ки дастнависи мазкурро Ғайратшо Шамсиддинов аз амакаш Сайфиддинов Назриддин дарёфт намудааст, ки ӯ аз падараш Сайфидини Муллоямин ва ӯ бошад ин девонро аз дасти худи котиби он Муллоёр ҳамчун ҳадя дарёфт кардааст.

       Бар асоси таъкиди мутахассисон ва соҳибони дастхат тамоми маводи моддии китоб аз қабили коғаз, ранг, риштаҳои саҳифабандӣ, муқова, ки аз пӯсти гов ва пӯсти дарахти буруҷ  (бурс) тайёр шудааст, ҳама аз ашёи маҳаллӣ омода шудаанд.

       Роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва маъмурияти Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ ташаббуси фарҳангдӯстона ва китобдӯстонаи шаҳрванд Шамсиддинов Ғайратшоҳро истиқбол ва ба эшон миннатдорӣ баён намуданд.