Муҳаммад Осимӣ

(01.09.1920-26.06.1996)

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (Осимӣ) 1 сен­тяб­ри соли 1920 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи зиёӣ таваллуд ёфтааст.

Ӯ солҳои 1934-1937 дар рабфак (фабрикаи коргарӣ)-и шаҳр Хуҷанд кор карда, баъдан соли 1941 шӯъбаи физикаю математикаи Университети давлатии шаҳри Самарқандро хатм намуд. Аз соли 1946 то 1952 муаллим ва мудири кафедра, ҷонишини Директори Институти давлатии педагогии ш. Ленинобод (ҳоло Ху­ҷанд) ва солҳои 1952-1955 аспиранти Академияи илм­ҳои ҷамъитшиносии назди КМ КПСС буд. Аз соли 1956 то 1962 ректори Институти политехникии Тоҷи­кис­тон, чанд моҳ вазири маорифи халқи ҷумҳурӣ ва аз соли 1962 то 1965 Раиси кумитаи назорати ҳизбию дав­латӣ, котиби КМ ҲКТ буд. Вазифаи ҷонишини Раиси Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистонро низ ба ӯҳда дошт. М. Осимӣ соли 1965 академики АИ ҶТ ва Президенти Академияи илмҳо интихоб мегардад. Соли 1971 рисолаи докториро аз таърихи фалсафа дифоъ намуда, соли 1978 соҳиби унвони Ходими хизматнишондодаи илми ҶТ гардид. Ба ҳайси Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар таъсису пешрафти муассисаҳои ака­демӣ, таҳқиқоти муҳимми илмӣ ва ил­мӣ-ташкилӣ хизмати шоистаеро анҷом додааст.

Дар ин давра бо ташаббус ва дастгирии ӯ чандин институтҳо дар Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон таъсис ёфтанд. М. Осимӣ барои таҳкими робитаҳои ил­мии То­ҷикистон бо муассисаҳои илмии Иттиҳоди Шӯ­равӣ, кишварҳои дигар, алалхусус кишварҳои Шарқ кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Робитаҳои илмии Тоҷикис­тон бо Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон васеътар гаштанд. Дар таъсиси Академияи илмҳои Афғонистон нақ­ши муҳим бозидааст.

М. Осимӣ  дар таҳрир ва таълифи китоби «Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ», ки аз тарафи ЮНЕСКО ба нашр расидааст хидмати ниҳоят бузург дошт.Чандин сол Раиси Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО буд.

Саҳми М. Осимӣ дар пешрафти шарқшиносии то­ҷик низ назаррас мебошад. Баъд аз вафоти академик А. Мирзоев, аз соли 1976 то соли 1986 ӯ ба таври ғай­рирасмӣ сарпарастии Институти шарқшиносии АИ ҶТ-ро ба ӯҳда дошт ва дар табъу нашри осори бузургони илму фарҳанги тоҷик кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод.

Ӯ дар нашри асарҳои Фирдавсӣ, Ибни Сино, Аб­дурраҳмони Ҷомӣ, Абурайҳонӣ Берунӣ, таҳқиқи таъ­ри­хи афкори фалсафӣ ва ҷамъиятии халқи тоҷик ва киш­варҳои ҳамфарҳанг хидмати арзишманд кардааст. Махсусан дар таҷлили ҷашни 1000-умин солгарди Ибни Сино(соли 1980) ва нашри осори мутафаккир хидмати зиёд анҷом додааст. Ӯ узви вобастаи Академияи илм­ҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Чанд карат вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон интихоб гардидааст. Дар кори боло рафтани худшиносии миллӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода буд. Сазовори чандин нишону медалҳо ва муко­фот­ҳои дав­ла­тӣ ва давлатҳои хориҷӣ шуда буд. Устод М. Осимӣ шахси фозил, некхоҳ, равшанзамир, миллат­дӯст буд. Олимони зиёде бо дастгирии ӯ ба мақому мартабаи баланди илмӣ расида буданд. Вай 26 июли соли 1996 ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид.

К.Олимов