Арҷ гузоштан ба шахсиятҳои муътабару бо эҳтироми гузашта яке аз анъанаҳои халқи куҳанбунёди мост. Қавли Хоҷа Ҳофизи бузургвор аст, ки:
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.
Бо ин мақсад санаи 04.03.2023 кормандони Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба оромгоҳи Сариосиё рафта, яке аз олимони шаҳир, шарқшиноси маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ академик Абдулғанӣ Мирзоевро зиёрат намуда, баъд аз тозаву озода намудани атрофи он, панҷараҳои оромгоҳро рангубор намуданд.
Мирзоев Абдулғанӣ Мирзоевич соли 1908 дар вилояти Сурхондарё таваллуд шуда, соли 1976 дар Душанбе вафот кардааст. Мавсуф яке аз шахсиятҳои камназири адабиёти навини тоҷик мебошад, ки хизматаш дар тарвиҷи осори шоирону нависандагони классику муосири тоҷику форс ва ташаккули мактаби адабиётшиносиву шарқшиносии тоҷик бемислу монанд аст.
Академик Абдулғанӣ Мирзоев дар мақолаву китобҳои таълифнамудааш ба масъалаҳои муҳими адабиётшиносӣ пардохта, ба ин восита ҷараёни инкишоф ва қудрату тавоноии адабиёти тоҷикро дар тули таърих нишон додааст. Вай дар китоби “Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик” (1947) на фақат як симои барҷастаи адабиёти тоҷикро кашф кард, балки дар тақвияти равияҳои пешқадами адабии давраи шоир мавқеи асосӣ доштани эҷодиёти адибони доираи ҳунармандонро низ муаяйн намуд. Ӯ зимни тадқиқи хусусиятҳои адабиёти садаи XVII собит кард, ки ин давра ҳамчун давраи инкишофи минбаъдаи адабиёти пешина дар таърихи маданияти халқи тоҷик мавқеи хос дорад. Қисми зиёди тадқиқоташ ба адабиёти баъд аз садаи XV бахшида шудааст, ки кам омӯхта шуда буд. Ӯ доир ба сарчашмаҳои адабӣ, оид ба зиндагӣ ва фаъолияти адибони ҷудогона чандин мақолаю рисолаҳо дорад. Танҳо доир ба ҳаёти Малеҳои Самарқандӣ ва тазкираи ӯ “Музокир-ул-асҳоб” чор мақола: “Муҳимтарин сарчашма доир ба таърихи адабиёти асри XVII”, “Тазкираи Малеҳо ва як қатор масъалаҳои таърихӣ”, “Малеҳо ҳамчун сухансанҷи адабиёти асри XVII”, “Бори дигар дар бораи тазкираи Малеҳо” (м.”Шарқи Сурх”, 1940-1961) таълиф намуда, дар Конгресси байналхалқии шарқшиносон (Москва, 1960) низ дар ҳамин мавзуъ суханронӣ кардааст. Доир ба ҳаёт ва фаъолияти Мулҳами Бухороӣ (1948), Бадриддини Ҳилолӣ (1948), Сайфии Бухороӣ (1955) ва Камолиддини Биноӣ (1954-1955) як силсила мақолаҳо дорад. Соли 1957 тадқиқоти пурарзиши ӯ –“Биноӣ” дар шакли китоби алоҳида нашр шуд. Ба муносибати ҷашни ҳазорсолагии Абуалӣ ибни Сино ва ҳазору садсолагии Рӯдакӣ мақолаву рисолаҳо нашр кард: “Ҳикояҳо оид ба Ибни Сино ва шахсияти ӯ” (1953), “Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X- XV” (1957 бо ҳуруфоти арабӣ; тарҷумаи рӯсӣ 1958), “Абуабдулло Рӯдакӣ” (1958; тарҷумаи русӣ 1965). Чанде аз асарҳои тадқиқотиаш ба эҷодиёти Аҳмади Дониш ва таҳлили асарҳои ҷудогонаи ӯ бахшида шудаанд: “Аҳмади Дониш ва воқеаҳои қатли омми қипчоқҳо дар нимаи асри XIX”, “Аҳмади Дониш ва гузориши масъалаи истифода бурда шудани оби дарёи Ому” ва ғ. Дар ин мақолаҳо муносибати ҷараёни маорифпарварӣ ба тамоюли халқии адабиёти гузаштаи тоҷику форс пайваста тадқиқ шудааст.
Академик Абдулғанӣ Мирзоев аз донишмандони пурвуқуфи илми адабиётшиносӣ ва таърихи адабиёти тоҷику форс маҳсуб меёбад, ки ҳамеша пайи тозакорию навҷӯӣ буд. Дар густариши ин илм саҳми беҳамто гузоштааст. Вусъати тафаккур, фардияту қудрати илмӣ, нуктасанҷӣ ва маҳорати олимӣ дар ҳар сатри навиштаҳояш ҳувайдост. Дар чандин конгреси байналмилалии шарқшиносӣ, симпозиумҳои ҷаҳонии эроншиносӣ ширкат варзида, маърузаҳо кардааст.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки академик Абдулғанӣ Мирзоев бо ду ордени “Нишони фахрӣ”, ду ордени “Байрақи сурхи меҳнат”, медали “Барои меҳнати шоён”, “Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон” (1952), “Арбоби шоистаи илми ҶШС Узбекистон” (1976), ифтихорномаҳои Раёсати Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино” (1972) мебошад.
Гиромӣ доштани номи чунин олимони забардасти мамлакат вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарди ватандӯст аст.