Боиси ифтихори бузург аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Ҳукумати мамлакат арзишҳои миллии мардуми тоҷик умри дубора пайдо карда, он ганҷҳои пурбаҳои миллӣ, ки дар ганҷури таърих ба фаромӯшӣ афтода буданд, эҳё ва бо шаклу мазмуни нав ба ҳаёти мардуми мамлакат рангорангӣ бахшиданд. Ин нуктаро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» бахшида ба ҷашни Тиргон ирсол гардидааст, баён намуд. Академик дар идома чунин изҳори назар намуд:
— Дар баробари Наврӯз, дар Тоҷикистон ҷашнҳои дигари миллӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон, Меҳргон ва амсоли он низ эҳё гардиданд. Аз миёни ҷашнҳои мазкур, ҷашни Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор ба шумор меравад.
Вобаста ба ин, бо такя ба маълумот дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайнулахбор»-и Абусаид Абулҳай бинни Маҳмуди Гардезӣ, таҳқиқоти мардумшиноси маъруфи рус М. С. Андреев, муҳаққиқони муосири тоҷик Ш. Юсуфбеков, А. Шоинбеков, Н. Шакармамадов, О. Шакармамадов, Т.С. Қаландаров ва дигарон чанд паҳлӯи моҳият ва тарзи таҷлили онро дар миёни мардуми ориёӣ, аз ҷумла миёни тоҷикони марзу буми Тоҷикистони имрӯза мухтасаран баён месозем.
Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз иди баҳор ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони ориёитабор буд, ки тақрибан мутобиқ ба 1 июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд. Яъне, дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, мардум онро ҷашн мегирифтанд.
Агар аз сӯйи дигар назар андозем, ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин (хок), Тиргон ба об ва Меҳргон ба рӯшноии осмон (ҳаво) иртибот доранд, зеро мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддасу нахустмабдаъ мепайванданд.
Тир – номи эзади борон дар мифологияи Эрони бостон буда, дар Авесто дар шакли Тиштарйа, дар паҳлавӣ – Тиштар ва дар тоҷикӣ-форсии навин бо номҳои Тиштар ва Тир маънидод шудааст. Вазифаи Тиштар об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон резонидан ба заминҳои аҳуроӣ мебошад. Тиштра инчунин номи ситораи рахшонтарини осмон буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст.
Дар қиссаҳои ориёӣ чунин оварда мешавад, ки дар ин рӯз дар мавзеи Табаристон Манучеҳри пешдодӣ аз Афросиёб шикаст хӯрд ва барои тақсим кардани қаламрав як шарте пеш гузоштанд. Яке аз паҳлавонони ориёӣ бо номи Ораши шевотир ба болои кӯҳи Дамованд баромад ва бо тамоми нерӯи худ камонро кашида, худ пора-пора шуд, аммо тире бо тамоми суръат ба сӯи дарёи Ҷайҳун партоб кард. Тир бо шасти баланд аз субҳ то нимрӯзӣ парвоз карда, ниҳоят ба тани як дарахти бузургу ғафс дар соҳили Ҷайҳун фуруд омад. Аз ҳамон ҷойи нишасти тир марзҳои Эрону Турон муқаррар шуд.
Дар гузашта дар рӯзи Тиргон дар байни қавмҳои ориёӣ маросими дигаре бо номи «Обрезгон» баргузор мешудааст. Дар замони шоҳигарии Пирӯзи сосонӣ, ниёи Хусрави Анӯшервон дар ориёнзамин ҳафт сол хушксолӣ рӯй дода, борон намеборид. Мардумону ҷонварон ва гиёҳон аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида шоҳ Пирӯз фармон дод, ки дар оташкада барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят баъди ҳафт сол дар рӯзи Тир борон борид. Ба хотири ин борони таърихӣ Пирӯзшоҳ амр намуд, ки ин рӯзро Обрезгон ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд.
Дар ин ҷашн эрониёни қадим даруну беруни хонаро об пошида, мерӯфтанд, либоси тоза мепӯшиданд. Сипас, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва «Тиру бод» меномиданд. Баъди даҳ рӯз дар рӯзи Бод онро кушода ба бод медоданд. Дар ин рӯз мардумони ориёӣ аз хонаҳои худ баромада, хурсандиҳо мекарданд, ба якдигар об мепошиданд. Ҳоло ҳам дар баъзе минтақаҳои ориёинишин ин ойин бо каме тағйирот маъмул мебошад. Ин риштаи ҳафтранг тақлид ба рангинкамонест, ки ба Тир низ нисбат медиҳанд.
Дар Мозандарон ҳоло ҳам расми «Сенздаҳшаби тирмоҳ» мушоҳида мешавад, ки идомаи ҷашни Тиргон аст. Мардум шоми сенздаҳуми тирмоҳ пас аз шустушӯи хонаву дар ва обтанӣ суфраи идона мекушоянд. Дар он меваю шириниҳо ва хӯришҳои гуногун мегузоранд. Пас аз тановули хӯрданиҳо аҳли хонавода бо девони Хоҷа Ҳофиз фол мекушоянд. Бачаҳо гурӯҳ шуда дар кӯчаҳо суруду таронахонӣ мекунанд ва ба дари хонаҳо рафта, ин ҷашнро табрик мекунанд. Аз хонаҳо ба онҳо меваю шириниҳо медиҳанд.
Дар марзу буми имрӯзаи тоҷикон низ дар иртибот бо об, боронталабию қатъи боду борон ва жола бовару эътиқод ва расму ойинҳои қадимӣ кам нестанд. Аз ҷумла, маросимҳои ашаглон, сусхотун, чиллахотун дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон то ба солҳои наздик бо мақсади борон иҷро мешуданд.
Дар тасаввуроти мардуми баъзе минтақаҳои Тоҷикистон то ба имрӯз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак ва борон бо номи Қамбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир, боқӣ мондаанд, ки бешак идомаи оммиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи эзади борон — Тир мебошанд.
Нишонаҳои ҷашни Тиргон дар Бадахшон низ маҳфуз мондаанд. Дар миёни тоҷикони ин минтақа, ки расму оинҳои қадимтарини ниёгонамонро бештар ҳифз намудаанд, гарчанде ки расман ҷашни Тиргон маъмул нест, вале ҳангоми таъмир ва бахусус ҳангоми сар додани об ба ҷӯй ҷашнеро барпо мекунанд, ки онро дар Шуғнону Роштқальа «хац сар дьед» «хац ай чид» («сар додани об» ё «об равон кардан» ба ҷӯй) меноманд.
Нишонаи дигари ҷашни Тиргону Меҳргон, Наврўзу Сада худи «Свастика»-и рамзомез аст, ки рамзи гардиши офтоб мебошад. Чор тарафи он рамзи чор фасли сол, рамзи чор нахустасос, рамзи чор ид дар чор фасли сол (Наврӯз марбут ба хоку баҳор, Тиргон марбут ба обу тобистон, Меҳргон марбут ба боду тирамоҳ, Ялдою Сада марбут ба зимистону оташ) аст.
Тиргон яке аз ҷашнҳои кишоварзон аст. Барои рӯидани зироат маҳз «обу тоб» яъне об, равшанию гармии офтоб зарур аст. Аз ин хотир кишоварзони Бадахшон вобаста ба обу тоби зироат расму оинҳои анъанавиро иҷро намуда аз таҷрибаҳои ниёгон зиёд истифода мебаранд.
Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон дар бораи Тиргон дар сарчашмаҳо маълумоти камтар аст. Пас аз асрҳои XIV-XV бошад, роҷеъ ба баргузории Тиргон дар китобҳои таърихию адабӣ хабаре нест. Аммо дар ҳар сурат, бояд иброз дошт, ки расму ойинҳое, ки дар байни мардум ривоҷ ёфтаанд, ба куллӣ аз байн намераванд ва маъмулан бо тақозои макону замон, идеология ва сиёсати давлатӣ таҳаввул меёбанд ва унсурҳояшон каму зиёд мегарданд. Имрӯз бошад, анъанаҳои ниёгонамонро оид ба таҷлили Тиргон ба назар гирифта, мо бояд ба чунин ҷиҳатҳои он таваҷҷуҳ дошта бошем:
1) азбаски таърихи пайдоишу ташаккулёбии иди Тиргон бо «партофтани тир аз камони Ораш», «истифодаи ғӯраи гандуму мева», «сулҳ бастан миёни Турон ва Эрон», «ба касбу кор машғул шудани мардум», «касби нависандагӣ», «риояи тозагӣ», «обпошию оббозӣ» ва умуман, парастиши об робита дорад, метавон ҳангоми таҷлили он намоишҳои оммавӣ, фестивалҳо, озмунҳо, намоишҳои театрӣ ва саҳнавӣ, бозиҳои мардумию миллӣ (аз ҷумла бозии шӯхиомези обпошӣ), мусобиқаҳои варзишӣ (аз ҷумла камонварӣ, оббозӣ ва ғайра) ташкил кардан зарур аст;
2) ҷашни Тиргонро ҳар чи бештар мавриди омӯзиш қарор додан ва паҳлӯҳои норавшани онро равшан сохтану арзишҳои онро аз нав эҳё кардан талаботи замон мебошад;
3) Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони асосӣ дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва дипломатияи об маҳсуб аст, аз ин рӯ, бо ҳам пайванд додани арзишҳои қадимии ниёгон дар таҷлили Тиргон, ки бо арҷгузорӣ бо об вобаста мебошанд ва арзишҳои муосири мардуми тоҷик дар ин самт яке аз вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмуъ, Тиргонро метавон чун ҷашни об маънидод намуд, ки бо муҳтавои фарогир ва тарзи таҷлили худ, метавонад нақши пайвандгари таърихи ниёгони моро бо ҳаёти имрӯзаи миллати тоҷик дар сатҳи баланд иҷро намояд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ аз он ва ба ҷашни ҳақиқии мардумӣ табдил додани Тиргон вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як аъзои ҷомеаи муосири тоҷик ба шумор меравад.
Фарҳод РАҲИМӢ,
академик, президенти
Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон
(Брознашр аз «Ховар»