Марҳалаҳои омӯзиши дастхатҳо, хусусан осори бадеии он, давраҳои дуру дарози таърихӣ дорад. Сабти қисматҳои боқимондаи “Авасто”-ро дар рӯи пӯсти гов, ки 3000 (се ҳазор) сол пештар ба амал омада буд, метавон оғози матншиносии дастхатҳо номид.

     Дар марҳилаи аввал таърихи эҷод, такмил, таҳрир ва шаклу мазмуни осори хаттӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, дар соҳаи фарҳанг ҳамчун як илми мустақил ривоҷ ёфтааст.

 Марҳалаи дуюми равнақ ва омӯзиши дастхатҳои қадимӣ тақрибан асрҳои Х1, Х111-Х1Х-и мелодиро дар бар мегирад. Ин дастхатҳо асосан дар Мовароуннаҳр, Афғонистон, Ҳинду Покистон, Эрон, Қафқоз, Қошғар (Чин) ва Поволжеи Русия тасниф ва китобат шудаанд. Дар ин давра, дар сарзаминҳои номбурда забони форсӣ ривоҷ ёфта буд ва дар ин замина муносибатҳои фарҳангӣ рушду такомул дошт.

Қадимтарин дастнавис дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ ба асри Х1-и мелодӣ тааллуқ дошта, навтаринаш дар ибтидои асри ХХ рӯйнавис гардидааст. Дастнавис бо номи “Бӯстону -л-орифин”-и Абулҳайси Самарқандӣ дар Ганҷинаи мо маҳфуз аст, ки дар асри Х1 китобат шудааст.

Таҳқиқу омӯзиши дастнависҳо нишон дод, ки дар байни ёдгориҳои хаттии ин Ганҷина нусхаҳои беҳтарину пурарзиш, нодир ва хеле қадимаю аслӣ ва мукаммал мавҷуд ҳастанд.

Дигар дастнависҳои қадимаи Ганҷинаи мо, нусхаҳои “Таърихи Табарӣ” тарҷумаи форсии Абуалии Балъамӣ (вафоташ 363/974 ) мелодӣ, таҳти рақами 2000, ,,Ат-тафҳим ли авоили санъати- т - танҷим”-и Абурайҳон Берунӣ (вафоташ 430/ 1038 )-и мелодӣ, таҳти рақами 385, ,,Кимёи Саодат”-и Абуҳомид ибни Муҳаммад Ғазолӣ (вафоташ 506/ 1111)-и мелодӣ таҳти рақами 1008, ,, Куллиёти Саъдии Шерозӣ” таҳти рақами 503, ,,Шарҳу-л-қофия фӣ - наҳв”-и Разиа-д-дин Муҳаммад Астарободӣ асри Х111 (вафоташ 690/ 1491)-и мелодӣ, таҳти рақами 4331 ва амсоли инҳо мебошанд.

Инчунин, қадимтарин нусхаҳои хаттии дар Ганҷина мавҷудбуда девонҳои ашъори шоирону таърихшиносони асрҳои ХV1- Х1Х, ба монанди Ваҳшии Бофиқӣ, Қассоби Кошонӣ, Сайидои Насафӣ, Шамсиддин Шоҳини Бухороӣ мебошанд, ки нусхаҳои пурраи онҳо дар ҳеҷ аз феҳристҳои китобхонаҳои ҷаҳон пайдо нашудаанд.

Марҳалаи сеюми кашфи осори хаттии дастхатҳо ба солҳои 20 - уми асри гузашта мансуб аст. Дар ин кори бузург саҳми асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, олимони машҳури тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров, академик Абдуғанӣ Мирзоев ва олимони рус В. В. Бартолд, Н. И. Зарубин, М.С. Андреев, А. А. Семёнов ва дигарон калон аст.

 Баъдан ин корро таҳти роҳбарии Абдуғанӣ Мирзоев, устодон Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Амиряздон Алимардонов, А. Бақоев, А. Абибов, Аълохон Афсаҳзод, Ҷобулшо Додалишоев, А. Зуҳуриддинов, Саид Шоҳхуморов, Ҷӯрабек Назриев ва Қудратбек Элчибеков идома додаанд.

Ганҷинаи дастнависҳои Маркази мероси хаттӣ яке аз марказҳои муҳими нусхаҳои хаттӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ганҷинаи дастхатҳои мо начандон таърихи тӯлонӣ дорад. Дар Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакӣ аввалин шуда, чун шуъба Ганҷинаи дастнависҳои шарқи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар солҳои 1953- 1954 таъсис ёфта буд. Ташкили ин шуъба барои илми филологияи тоҷик аҳаммияти хеле калон дошт. Ин кори хайр бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва донишманд - шарқшиноси рус А. А. Семёнов анҷом дода шуд. Дар Академияи илмҳои кишвар аввалин бор сохтори расмии ховаршиносӣ ташкил карда шуд. Дар ин масъала матншиноси рус Д. С. Лихачев навишта буд: ,,Тадқиқоти матн таҳкурсии фаъолияти олим аст, ки ҳамаи тадқиқоти дигар бар он асос мегирад”.

Матншиносон (дасхатшиносон) -и рус Д. С. Лихачев, Г.О. Винокур, В.В. Виноградов, Э. Е. Бертелс, А. А Болдирев, А. С. Рейстнер ва М. Н. Османов мебошанд, ки дар таҳқиқоти ин соҳа, дар заминаи матншиносии ҷаҳон шуҳратёранд.

Ҳоло дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқи АМИТ 6000 ҷилд нусхаҳои хаттӣ вуҷуд дорад. Ганҷинаи дастхатҳои мо қариб 70 сол мешавад, ки ба бузургтарин ҷойгоҳи аҷдодонамон дар кишварҳои дуру наздик ва собиқ шӯравӣ табдил ёфтааст. Ин, албатта, аз тамаддуни қадимӣ ва осори ғании шоирону донишмандони миллати тоҷик дарак медиҳад. Аксар дастхатҳо аз нусхаҳои хатии ба забони форсӣ - тоҷикӣ таълифшуда (аз се ду қисм) иборат буда, бахши камтари онҳоро дастнависҳои ба забонҳои дигар навишташуда ташкил медиҳанд. Адабиётшинос ва матншиноси тоҷик Аълохон Афсаҳзод навиштааст, ки “.... суннати матншиносӣ фақат хоси китобхонаи Бойсанқур набуд. Дар соли 1463 -и мелодӣ Ёрмуҳаммад ибни Ҳусайн Рашиди Табрезӣ бо номи ,,Тарабхона” маҷмӯаи рубоиёти Умари Хайём ва рубоиҳои мансуб ба ӯро тартиб дод, ки аз муқаддима, рубоиёт ва чанд ривояту ҳикояҳои халқӣ роҷеъ ба Хайём иборат аст”.

Дар асри ХV заҳмати матнсозӣ ривоҷ пайдо карда бошад ҳам, ин кор тарафҳои манфии худро низ дошт. Бо сабаби бедиққатии баъзе аз хаттотон ва нусхабардорон дар баробари ҳунари хуби хаттотӣ ва саводи казоӣ надоштан, баъзеашон ба матни асл маъноҳои қиёсӣ дароварда, ба ғалатҳои имлоӣ сабаб гаштаанд.

Нусхаҳои хаттии ҷамъовардашуда, дар Ганҷинаи осори хаттии мо, инчунин ба теъдоди зиёда аз 300 нусха аксбардорӣ шуда, дастнависҳои аз Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба даст омада маҳфузанд, ки онҳо аз густариши илму маърифат дар ин сарзамини зебоманзар шаҳодат медиҳад. Дар қатори нусхаҳои хаттии ҷамъовардашуда, дар Ганҷинаи дастнависҳо бештар аз 200 адад нусхаҳои хаттӣ ва 1554 номгӯй китобҳои мухталифи чопи муосир ба забонҳои гуногун нигаҳдорӣ мешаванд. Нусхаҳои дастхатҳои осори адабиёти форс- тоҷик ва бознашри он ҳанӯз дар соли 1593-и мелодӣ дар Рим, баробари ба нашр расидани асари Абӯалӣ ибни Сино ,, Ал-қонун фӣ-т-тиб ” оғоз ёфта буд. Дар соли 1651, дар Амстердам Георгио Гентио, асари машҳури ахлоқии Саъдии Шерозӣ ,, Гулистон”-ро ба анҷом расониданд.

Дар асри Х1Х ҳангоме, ки дастгоҳҳои чопӣ ва аз тарафи донишмандон таҳия гардидани матнҳо барои чопҳои литографӣ- сангӣ, чи дар кишварҳои Ҳинду Покистон ва чи дар Осиёи Марказӣ матнсозии осори қаламии адабиёту фарҳанги форс - тоҷик ба равиши муайяне ворид шуд, ки то имрӯз аз нусхаҳои онҳо қисмати шарқии китобхонаҳои ҷаҳон ғанитар гардидаанд.

Дар нимаи аввали асри ХХ, дар даврони Ҳокимияти Шуравӣ дастхатҳо бознашр шуда, матншиносии тоҷик дар партави омӯзиши таҷрибаи назариявию амалии байни матншиносони рус ба майдон омада ташаккули он вусъат ёфт. Устод С. Айнӣ бо тартиб додани китоби ,,Намунаҳои адабиёти тоҷик” аҳаммият ва заруроти ҷамъоварӣ ва табъу нашри осори мавҷудаи адабиёти беш аз ҳазорсолаи форс-тоҷикро таъкид кард: ,, ...ба асарҳои мутааххирин нисбат ба пешиниён бисёртар ҷой дода шавад, зеро асарҳои мутааххирин дар девонҳо, тазкираҳо, дар китобҳои адабиёти форсӣ ва намунаи адабиёти Эрон машруҳҳо сабт ва қайд ёфтаанд.”

Устод С. Айнӣ ҳамон давра дилсӯзона кӯшиш мекард, ки бо ин роҳ номи гузаштагонро зинда намуда, ҷавононро ба адабиёт тарғиб намояд.

Дар охири солҳои 1958 -1961 дар сектори матншиносӣ ва нашри осори хаттии Шуъбаи шарқшиносии АИ Тоҷикистон бо сарварии Камол Айнӣ (мудири сектор), донишмандони соҳа Баҳром Сирус, Зоҳир Аҳрорӣ, Алиқул Девонақулов, Қозӣ Ризо, Алиасғар Ҷонфидо, Ифтихор, Ҳ. Тарбият, Абубакр Зуҳуриддинов ва баъдтар Аълохон Афсаҳзод, Лола Сулаймонова, Амиряздон Алимардонов, М. Мамедова ва М. Муродова фаъолият карданд ва саҳми худро гузоштанд.

Дар аввали солҳои 1970 -ум М. Бақоев, А. Девонақулов, А. Афсаҳзод, А. Алимардонов, Ҷ. Додалишоев, Ҷ. Назриев, А. Сулаймонова фаъолият доштанд. Баъдтар дар ин самт ба сифати ходими хурди илмӣ А. Муҳаммадиев ва Ш. Нуриддинов корро шурӯъ намуданд. Бо роҳбарии ин олимони дар боло зикршуда китоби панҷҷилдаи ,,Гулшани адаб” бо теъдоди 25000 нусха бознашр карда шуда буд. Инчунин “Куллиёт”-и Низомии Ганҷавӣ дар солҳои 1982-1984 дар панҷ китоб дар нашриёти ” Ирфон” аз тарафи Ҷ. Додалишоев ва А. Ҷонфидо таҳия гардида, аз чоп баромад. Дар ҷилди якуми он достони ,, Хусрав ва Ширин,, (таҳияи З. Аҳрорӣ), дар ҷилди дуввум достони ,, Лайлӣ ва Маҷнун”, дар ҷилди сеюм достони ,,Ҳафт пайкар”, дар ҷилди чорум достони ,,Шарафнома,, (таҳияи        А. Афсаҳзод) ва дар ҷилди панҷум достонҳои ,,Иқболнома”, ,,Махзану - л-асрор” ва ,,Девони ашъор,,-и шоир ҷой дода шудаанд. Дар ҷодаи ховаршиносӣ мисли олимони варзидаи тоҷик Камол Айнӣ, А. Афсаҳзод, С. Шоҳхуморов, Н. Шаҳобиддинов, Асрор Раҳмонов, Қудрат Элчибеков, Алӣ Муҳаммадиев, Маҳмадёр Шарифов, Амиряздон Алимардонов, Х. Холиқназаров, Саидхӯҷа Ализода, Тоҷиддин Мардонӣ ва Лола Додихудоева заҳмат кашидаанд.

Имрӯзҳо дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Раҳматкарим Давлатов, олимону шарқшиносони варзида Олимҷон Хоҷамуродов, Маҳмадёр Шарифов, Алӣ Муҳаммадиев, Саидхӯҷа Ализода ва Мавҷуда Хуҷова фаъолият доранд.

Аз тарафи олимон ва ходимони илмии шуъбаи матншиносӣ ё дастхатнависӣ, амсоли Алӣ Муҳаммадиев, Мавҷуда Хуҷова, Шамсиддин Нуриддинов, Дилором Валиева, Сайфурамоҳ Маҳмадалӣ ва банда дар солҳои охир чандин асарҳои мухталифи шоироне, ки дар асрҳои гуногун умр ба сар бурдаанд, таҳқиқ ва таҳия гардидаанд. 

 

Толибзиё Сафдаршоев,

ходими илмии шуъбаи

матншиносӣ, таҳқиқ

ва нашри мероси хаттии

Маркази мероси хаттӣ