Искандаров Қосимшо

(27.08.1953)

Шарқшиноси интернатсионалист

  Олимону кормандони институти Шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, (Ҳоло Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ) дар баробари  пажӯҳиш, нашру бозгардони  адабиёт, таъриху инсоншиносӣ ва сиёсати мамолики Шарқ бо амри Ватан, Роҳабрияти вақт ва замон дар кишварҳои Афғонистон, Эрон, Покистону Ҳиндустон ба  ҳайси дипломат, тарҷумон ва корманди масъул босамар кор кардаанд. Инак, яке аз олимони  дигари интернатсионалистро муаррифӣ мекунем.

 

         Қосимшо Искандаров – таърихшинос, доктори илм­ҳои таърих, зодаи деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз. Баъд аз адои хизмати аскарӣ дар соли 1974 ба факултети таъ­рихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил гардида, онро бо баҳои аъло хатм намуд.

      Пас аз хатми Донишгоҳ бо роҳхати Вазорати мак­табҳои олӣ ва миёнаи махсус ба шаҳри Қӯрғонтеппа фи­ристода шуд ва солҳои 1979-1981 дар Филиали навташкилёфтаи Институти педагогии Душанбе дар шаҳ­ри Қурғонтеппа ба сифати муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ фаъолият дошт. Тирамоҳи соли 1981 бо роҳ­хати КМ комсомол ба сифати тарҷумони гурӯҳи мушовирон дар Созмони Демократии Ҷавонони Афғонистон то соли 1985 фаъолият намудааст.

        Баъди бозгашт аз Афғонистон ба аспирантураи Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, моҳи марти соли 1989 дар Шурои диссертатсионии Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Университети давлатии шаҳри Маскав ба номи М. В. Ломоносов рисолаи номзадиро дар мавзуи «Ҷунбиш­ҳои ҷавонон дар  Афғонистон» (солҳои 1945-1988) дифоъ менамояд. Ӯ солҳои 1989-1993 дар Институти шарқ­­шиносӣ ба сифати ходими хурд ва ходими илмӣ фаъолият намудааст. Минбаъд то моҳи феврали соли 2000 дар Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муноси­батҳои байналмилалии АИ ҶТ ба сифати ходими калон, ходими пешбари илмӣ ва мудири сектори Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ машғули тадқиқот буд. Аз моҳи майи соли 2000 дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ ба сифати ходими пешбар, мудири шуъ­баи таҳқиқи низоъҳои минтақавӣ, соли 2005 вазифаи мудири шуъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои мин­тақавӣ ва аз соли 2018 то ҳол саркотиби илмии Академияи миллии илмҳзои Тоҷикистон мебошад.

         Моҳи декабри соли 2004 дар Шурои диссертатсионии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ рисолаи докториро дар мавзуи «Ҷун­бишҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ дар Афғонистон (солҳои 1945-2001)» ҳимоя намуда, соҳиби унвони илмии доктори илм­­ҳои таърих гардид.

        Ҳанӯз ҳангоми кор дар Ҷумҳурии Афғонистон Қ. Искандаров ба омӯзиши таърихи сиёсии ин кишвар дар қарни ХХ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба омӯзиши сарчаш­маҳо ва ҷамъоварии мавод машғул буд. Ҳамкорӣ бо роҳбарони Созмони Демократии Ҷавонони Афғонис­тон, сафарҳои хизматӣ ба вилоятҳои мухталифи кишвар, ошноӣ бо фаъолияти ҳаррӯзаи ин созмон ӯро водор сохт, ки мавзуи таърихи ҷунбишҳои ҷавонони Афғонистонро мавриди тадқиқот қарор диҳад.

       Соли 1992 нашриёти «Дониш» аввалин монографияи Қ. Искандаровро таҳти унвони «Ҷунбишҳои ҷавонон дар  Афғонистон» (солҳои 1945-1988) нашр намуд. Дар асар дар заминаи таҳлили сарчашмаҳои таъ­рихӣ аввалин маротиба кӯшиши таҳқиқ намудани раванди та­шак­кулёбӣ ва паҳн гардидани ҷунбиши ҷа­вонон дар Афғонистон баъд аз ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба амал бароварда шуд. Муаллиф диққати асосиро ба омӯзиши марҳилаҳои асосии инкишофи наҳзати ҷаво­нон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар равона намуд.

        Дар воқеъ дар нимаи дувуми қарни ХХ дар ҳаёти ҷамъиятии кишвари ҳамсоя нақши ҷавонон хеле муассир буд. Ҷавонон дар кори созмонҳои сиёсӣ ва ҷамъия­тии солҳои 40 ва 50-ум асри гузашта – наҳзати сиёсии «Виш залмиён» («Ҷавонони бедор»), созмонҳои «Ватан» ва «Халқ» саҳми фаъол доштанд. Муаллиф дар рисолаи худ фаъолияти аввалин созмони муташаккили ҷавонон – Иттиҳоди муҳассилини Донишгоҳи Кобулро мусбат арзёбӣ намуда, таъкид менамояд, ки «Иттиҳоди муҳассилон барои табдил ёфтани ҷавонон ба ширкаткунандагони фаъоли наҳзатҳои сиёсӣ дар кишвар асос гузошт».

         Қосимшо Искандаров дар тадқиқотҳои худ бештар ба ҷанбаҳо ва омилҳои сиёсии буҳрони Афғонис­тон, ба хусус масъалаи пайдоиш ва шаклгирии ҷун­биши «Толибон» ва сиёсати онҳо, нуфузи аносири ифротӣ ва ҷангҷӯёни тундрав ба роҳбарияти ин ҷунбиш, сайри таърихи раванди ташаккули ҷунбишҳои исломгаро дар Афғонистон ва минтақа диққати махсус ме­диҳад. Соли 2003 нашриёти «Ирфон» монографияи дигари ӯро таҳ­ти унвони «Афғонистон: Толибон ва ташаккули мар­казҳои террористӣ» ба чоп расонид.

          Дар асари мазкур таъкид ба амал омадааст, ки «низои Афғонистон тулонитарин низои мусаллаҳонаи қарни ХХ аст, ки боиси муҳоҷирати бесобиқаи аҳолӣ, харобии кишвар, куштори бераҳмонаи мардуми бегу­ноҳ гардидааст. Ҳазорон тарбиятгирифтагони ҷанги Афғонистон таҷрибаи куштор ва даҳшатафгании худро дар тамоми ҷаҳон амалӣ мекунанд». Муаллиф барҳақ қайд менамояд, ки ҳамон кишварҳое, ки ин ҷан­ган­даҳоро ба Афғонистон ташвиқ карда, онҳоро сар­моя­гузорӣ фаъолияти онҳоро мебинанд. Ҳамин тариқ ба ақидаи муаллиф байни фаъолияти ҷангҷӯёни «афғонӣ» ва ама­лиётҳои террористӣ дар Арабистони Саудӣ ва 11 сентябри соли 2001 алоқаи мустақим вуҷуд дорад. Китоби «Афғонистон: Толибон ва ташаккули марказҳои терро­ристӣ» дар муддати кӯтоҳ дар шаҳри Пешовари Покистон ба ҳуруфи арабӣ баргардон ва дар Афғонистон ва кишварҳои дигар паҳн гардида буд. Муҳаққиқон ва сиёсатшиносон дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ба рисолаи мазкур баҳои баланди илмӣ доданд.

        Натиҷаҳои фаъолияти бештар аз 20-солаи доктори илмҳои таърих Қ. Искандаров дар тадқиқоти калон­ҳаҷми ӯ – «Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷунбишҳои Афғонистон дар нимаи дуюми асри ХХ» ҷамъбаст гардиданд. Монографияи мазкур ба таърихи зуҳур, ташаккулёбӣ ва та­ҳаввули фаъолияти доираи васеи аҳзоб, созмонҳо ва ҷунбишҳои сиёсии Афғонистон дар нимаи дувуми қар­ни ХХ равшанӣ меандозад. Дар монография дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи сарчашмаҳо ва адабиёти илмии мавҷуда масъалаҳои авзои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ дар Афғонистон, ки дар заминаи онҳо аҳзоб ва созмон­ҳои сиёсӣ ба вуҷуд меомаданд, таъсири омилҳои беруна ба равандҳои сиёсии Афғонистон ва фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар мавриди баҳс қарор гирифта аст.

        Дар китоб дар баробари нишон додани фаъолияти азҳоби гуногуни сиёсӣ моҳияти буржуазӣ, майда­буржуазӣ, коммунистӣ ва миллатгародошта аҳамият до­да, ба раванди паҳн гардидани афкори «исломи сиё­сӣ» ва ташкил ёфтани аҳзоби мухталифи исломӣ ва таъ­сири онҳо ба равандҳои сиёсии ҷомеаи Афғонис­тон аҳамияти хос дода шуда аст.

          Қосимшо Искандаров ба мавзуи таъсири буҳро­ни Афғонистон ба субот ва амният дар Тоҷикистон, муносибат байни Тоҷикистону Афғонистон дар соҳа­ҳои  гуногуни ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ, бархӯрди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳалли мусолиҳатомези қазияи Афғонистон, вазъият дар сар­ҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ва масъалаҳои дигари муносибати байни ду давлати ҳамсоя таваҷҷуҳи хос дорад. Мақолаҳои навиштааш дар ин мавзуъ дар маҷаллаҳои илмии дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Теҳрон, Алмаато, Луело (Шветсия), Маскав, Киев ва ғайра интишор ёфтанд. Ӯ дар рисолаи аввалин кӯшиши омӯзи­ши ҳа­маҷонибаи таърихи пайдоиш, фаъолият ва такомули ҷун­бишҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар Афғонистон аз фаъолияти аввалин созмони сиёсӣ «Виш залмиён» шу­руъ кар­да, то фаъолият ва шикаст хӯрдани ҷунбиши «Толибон» ҷамъбаст мекунад.

          Мавод ва маълумоти зиёдро дар бораи фаъолияти аҳзоб ва ҷунбишҳои сиёсӣ аз олимон, роҳбарон ва фаъолони ин созмонҳо, шахсиятҳои намоёни сиёсӣ ва давлатии Афғонистон – Абдулхай Ҳабибӣ, Бурҳонид­дин Раббонӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд, Бабрак Кормал, М. Наҷибулло, Ғулом Дастагир Панҷшерӣ, Сулаймон Ло­иқ, Султон Алӣ Киштманд, Маҳбубулло Кушонӣ, Башир Бағлонӣ ва дигарон ба даст оварда дар тадқиқот­ҳои хеш васеъ истифода намудааст.

        Қосимшо Искандаров на танҳо ба масъалаҳои ҳаёти сиёсии Афғонистон, таъ­рихи гузашта ва имрӯзаи кишвари ҳамсоя, балки ба зин­дагӣ ва фаъолияти шах­сиятҳои намоён, олимон, роҳ­­барони созмонҳои сиёсӣ, фаъолони давлатӣ таваҷ­ҷуҳи зиёд дорад. Вай дар бораи чеҳраи намоёни таърихи муосири Афғонистон, муборизи роҳи озодӣ ва истиқлоли ин кишвар, аъзои ҳукумати Шоҳ Амонуллоҳхон – Муҳаммад Валихони Дарвозӣ, тули фаъолияти илмиву эҷодиаш дар бораи олими намоёни Афғонистон Абдулҳай Ҳабибӣ, роҳбари созмони «Маҳфили интизор», яке аз асосгузорони Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон Муҳаммад Тоҳири Бадахшӣ, қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз роҳба­рони ҷунбиши муқовимати муҷоҳиддин Му­ҳам­мад Исмоилхон ва дигарон мақолаҳои илмӣ ва очерк­ҳои таъ­рихӣ таҳия намудааст.

        Ахиран нашриёти «Ирфон» китоби нави Қосим­шо Искандаров «Нури шаҳри офтоб»-ро аз чоп баровард. Китоб дар бораи саҳифаҳои зиндагӣ, мубориза ва фаъолияти давлатии волии вилояти Балх, яке аз роҳ­барони наҳзати муҷоҳиддин ва аъзои ҳукумати Раббо­нӣ – Ато Муҳаммади Нур ривоят мекунад. Ато Муҳам­мад ҷонибдори фаъоли мустаҳкам гардидани робита ва дӯстӣ миёни мардумони Тоҷикистону Афғонистон буда, бо ташаббус ва дастгирии ин марди наҷиб робита­ҳои мустаҳками иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни вилояти Балхи Афғонистон ва вилояти Хатлон вусъат пайдо менамоянд. 

         Қосимшо Искандаров дар баробари ин фаъолияти васеи илмӣ-ташкилӣ ва ҷамъиятиро пеш мебарад. Вай аъзои кумитаҳои Ҷоизаҳои давлатӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Муҳаммад Осимӣ, узви Шурои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти шарқшиносии Вазорати илм ва маорифи Ҷум­ҳурии Қазоқистон, узви ҳайати илмии Донишгоҳи Ориён (ш. Мазори Шариф) мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ наздики 30 нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро таҳия ва дифоъ намуданд.

          Қосимшо Искандаровро дар ҷодаи афғонистон­ши­носӣ  корҳои бузургҳаҷмтар ва масъулиятноктар, ки ба осудагии Афғонистон мусоидат намоянд, дар пеш аст. Дар ин роҳ барояш муваффақиятҳои илмӣ ва амалӣ таманнои мост.