Даври гардун нест гар дун,  пас чаро дунпарвар аст,

Кай ҳуморо устухон лоиқ, магасро шаккар аст.

(Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ)

 

        Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ аз адибони намоёни охири асри ХVIII  ва аввали асри XIX-и тоҷик буда, ҳамасронаш Фазлии Намангонӣ ва Ҳашмат ӯро  «мӯшикофи фаҳми сухан», «фалотунзамиру ҳакими маънӣ», «бадоеъ-ул баёни асру замон» ва Мирзоолими Тошкандию Ҳакимхони муаррих ӯро сухансанҷи шуҷоъ ва адолатхоҳу раъиятпарвар донистаанд.

       Худи шоир низ дар маснавии «Юсуф ва Зулайхо» ба истеъдод ва тавонмандии  шахси худ дар гуфтани анвои шеърӣ ишорат намуда, дар гуфтани қасоид  истеъдоди  хешро аз Урфию Носиралӣ, дар мухаммас аз Ғании Кашмирӣ, дар маснавӣ аз Нозими Ҳиравӣ, ки ҳар кадом ситораи дурахшоне дар шеъри  форсии тоҷикӣ мебошанд, баландтар дониста, ҳамзамон дар хушкаломӣ ба маротиби  Низомии Ганҷавӣ  нара-сиданашро эътироф мекунад:

Ба майдони қасоид гар дароям,

Зи Урфӣ гӯйи маънӣ мерабоям,

Битобам панҷаи Носиралиро,

Ба мазмуни мухаммас ҳам Ғаниро.

Валекин «Хамса»-е дорад Низомӣ,

Ки тобад панҷаам дар хушкаломӣ. 

            Зиндагонии шоир замоне ҷараён дошт, ки Осиёи Миёна ба хонигариҳои Бухоро, Хева ва  Хуқанд тақсим гардида, мухолифатҳои байниҳамдигарии хонигариҳои мазкур  боиси ҳар чӣ бештар суръат пайдо кардани таназзули сохти  феодалӣ ва парокандагии халқҳои сарзамин гардида буд.

         Донишмандони   маъруфи тоҷику рус ва узбек: С. Айнӣ дар «Намунаҳои адабиёти тоҷик»,  Абдулғанӣ Мирзоев дар китоби «Ада-биёт», Холиқ Мирзозода «Материалҳо аз таърихи адабиёти тоҷик», Н. Маъсумӣ «Адабиёти тоҷик дар асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX», И.С. Брагинский, дар мақолаи «Оид ба омӯхтани робитаҳои адабиёти тоҷик ва узбек», А. Қаюмов дар китобчаи “Ҳозиқ” ва  “Муҳити адабии Хуқанд”, Ғафур Ғулом дар мақолаи “Одамони фаромӯшнашаванда”, бар асоси сарчашмаҳои таърихию адабӣ доир ба шахсият ва паҳлуҳои осору афкори Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ пажуҳишҳои муҳиммеро анҷом додаанд, ки он ҳама  дар  рисолаи муҳаққиқи шинохтаи тоҷик  пофессор С.Амирқулов “Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ ва достони ӯ “Юсуф ва Зулайхо”, ба таври ҳамаҷониба мавриди баррасию  ҷамъбаст ва таҳқиқу такмил  қарор гирифтааст.

       Бар мабнои таҳқиқоти мазкур, ки дар заминаи маълумотҳои “Маҷмаат-уш-шуаро”-и Фазлии Намангонӣ анҷом гирифтааст,  Ҳозиқ зода ва парвардаи ноҳияи Каррухи вилояти Ҳирот буда,  номи пуррааш Ҷунайдуллоҳ халиф ас- Сиддиқ ибни Шайхи Исломи Каррухӣ мебошад ва  дар доираҳои адабии Бухорову Хуқанд ва Хоразм ҳамчун Ҳозиқи Ҳиротӣ шинохта мешуд:

Ба шаҳри Ҳарӣ Ҳозиқи тардимоғ,

Ба гӯши яқин ёфт завқи балоғ.          

                                         ***

Зи мулки Ҳарӣ Ҳозиқи ҳушманд,

Ба амрози маънист мушкилписанд.   

                       ***

Ҳаким асту шоир, писандидагӯ,

Ҳиротист, Ҳозиқ тахаллуси ӯ.           

Худи шоир дар абёти зер  доир ба ному тахаллус ва кунияташ фармудааст:

Тариқи бенишонӣ месупорам,

Валекин ҳамчу онҳо номдорам.

Ҳамин Ҳозиқ тахаллус бошаду ном,

Ҷунайдуллоҳ ибни Шайхулислом.     

      Ҳозиқ соли 1216 ҳ. 1802-и мелодӣ барои таҳсил озими Бухоро гардида, ҳаёти минбаъдааш дар Осиёи Миёна сипарӣ мегардад. Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар “Туҳфат-ул-аҳбоб” ба таъйиди ин фикр дар аввали аҳди амир Ҳайдар (1800 -1827) ба Бухоро омадани ӯро қайд намудааст, ки дуруст аст.

       Доир ба ҷараёни зиндагии Ҳозиқ дар Ҳирот маълумоте вуҷуд надорад.  Мутобиқ ба сарчашмаҳои мавҷуда  баробари ба Бухоро расидан Ҳозиқи ҷавон  мавриди навозиш ва қабули хоси Амир Ҳайдар  ва аъёну ашрофи ин шаҳр  қарор гирифта, “ғизоли шӯхи абёташ дили бухороиёнро мерабояд” .

         Навозишу пазириши Ҳозиқ  дар Бухоро то дараҷае буда, ки   Амир Ҳайдар  пардохти масорифу махориҷи таҳсилоти ӯро дар мадрасаи олӣ пурра ба уҳдаи худ  гирифта, баъди хатми мадраса (дар соли 1220ҳ. 1806 мелодӣ) баробари даъват ба хидмати дарбор, ҳамзамон ӯро имоми мадрасаи олӣ таъйин менамояд.

        Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар ин маврид чунин фармуда: “Ҳозиқ  Ҷунайдуллоҳ Махдум Ҳиравист, ки дар авоили аҳди амири мабрур (Амир Ҳайдар) ба Бухоро омада, бо анвои таваққудоти хусравона ва навозишот сарфарозӣ ёфта, ба акобиру афозили Бухоро  машҳур ва маҳсуд таҳсили улуми муқаррарӣ  намуда, дар илми табобат  низ алами даъвӣ зада, ба ҳамин  муносибат худро Ҳозиқ  тахаллус намуданд. Дар  фанни шоирӣ салиқаи вофӣ дошта, қасоид ва ашъори бисёре гуфтааст”.

         Амир Ҳайдар бо назардошти  истеъдоди баланди  Ҳозиқ дар шеъру суханварӣ мехост ӯро аз надимони  хоси дарбори худ намояд. Вале табиати адолатхоҳу исёнҷӯёнаи Ҳозиқ маҷоли таҳаммули ҷаҳолату дасисабозиҳои муҳити дарборро надошт. Ҳозиқ бо ин хислати худ наметавонист ба муҳити иртиҷоии дарбор, адибони маддоҳу ҷоҳил ва ҳангоматалаби дарбор созиш намояд. Бинобар фармудаи Қори Раҳматуллоҳи Возеҳ “Ӯро (Ҳозиқро) мусоҷира ва мунозироти бисёре воқеъ шуда ва ҳаҷвиёти ракика ба назм оварда, ки эроди он дар ин ҷо муносиб набуд”.

     Мисоли зер намунаи ҷавоби машҳури шоир ба қасидаи ҳаҷвии Мавлоно Ҷалолист:

Дар гоҳи хотирам расад чу хаёли қасидаат,

Гардад дилам сияҳ зи зуғоли қасидаат.

Гуфтӣ, ки зода табъи ман ин бикр фикрро,

Сад шӯр карда духтари золи қасидаат.

Эй карда шеъри халқ ба чандин бало дучор,

Бояд гирист, оҳ ба ҳоли қасидаат!

Худ равшан аст гавҳари мазмуни дигарон,

Торику сакта аст зи зулоли қасидаат.

Тақтею вазни шеър нодошта ҳанӯз,

Кар шуд ҷаҳон зи қолу мақоли қасидаат....

Эй рӯбаҳак, ба шери жаён ноҳ мезанӣ?

Даркаш забон, ки нест маҷоли қасидаат!

Ҳозиқ чӣ ҳоҷат аст дарад пардаи туро,

Нафсат намуда рух зи “камол”-и” қасидаат.

       Ҳозиқ ҷои дигар фазилатмаобони  бефазилати дарборро, ки сухансанҷони ҳақиқиро эрод гирифта, бо дахлҳои беҷо мехостанд афкори умумро ғалат раҳнамоӣ кунанд, сахт мазаммат намуда, ба ин васила эътирози худро нисбат ба муҳит ва  адибони ҷоҳили замон ошкоро баён доштааст:

 

 Чӣ бешармист аҳли фазлро эрод мегирад,

 Ба ҳарфи беғалат он хар, ки нашносад зи “Хор” “О”-ро.

 

        Ҳамин муҳити носолими дарбори Бухоро ва  солҳои 1809-1810-и мелодӣ дар хонигарии Хуқанд ба тахт нишастани  Муҳаммад Умаршо (вафоташ 1822), ки худ аз суханварону фозилони давр буда, дар дарбораш муҳити адабии қавӣ ва  фаъолеро таъсис дода буд, боиси он гардид, ки Ҳозиқ мутобиқ ба фармудаи Ҳашмат “Аз давлати Бухоро нафрин гашта, ба давлати Хуқанд дил баст”.[1,10] Муҳаммад Умаршо, ки худ аз зумраи фозилону шуаро ва қадршиноси аҳли сухан буд, шоирро бо камоли эҳтиром пазируфта, дар тарбияташ иқдом намуд. 

        Байти зерин далели равшани дорои мақоми хос будани Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ дар дарбори Хуқанд мебошад:

Ҳаким аст Ҳозиқ зи мулки Ҳарӣ,

Ба даргоҳи ҳазрат ниҳода сарӣ.

       Ҳозиқ дар маснавии “Юсуф ва Зулайхо” фаслеро дар ситоиши хони Хуқанд  Саид Муҳаммад Умаршоҳ тахсис дода, ӯро дар адлу дод ба Нӯшервони Одил баробар медонад, ки бо шарофаташ Хуқанд Мисри қандрез ва суханвар дар он азизу муътабар аст.

Зи адлаш кишвари Фарғона он ёфт,

Ки дар оғоз аз Нӯшервон ёфт.

        ва:

Кунун Хуқанд Мисри қандрез аст,

Шакаргуфтор чун тӯтӣ азиз аст.

        Умархонро шоир дар майдони сухан бартар аз Навоӣ ва гоҳе ҳарифи Низомию Ҷомӣ дониста, ки дур аз ҳақиқат ва инсоф аст:

Ба туркӣ бурда дар ширинадоӣ,

Ба майдони сухан гӯй аз Навоӣ.

Ба назми форсӣ гаҳ бо Низомӣ

Ҳариф афтода ҳарфаш, гаҳ ба Ҷомӣ

Каломи шоҳ чун шоҳи калом аст,

Майи шеъраш беҳ аз Ҷомӣ ба ҷом аст.

        Ҳамзамон дар ин фасл баробари ситоиши шукӯҳу шаҳомат, бахшояндагӣ ва фазилатпарварии мавсуф, шоир  сипосгузор аст, ки  Умархон нисбат ба шахсияти ӯ бо чашми илтифот ва  тарбият нигаристааст:

Маро чун дид, дорам табъи мавзун,

Диле чун ғунчаи рангин зи мазмун.

Гулистон дар бағал дорад хаёлам,

Қабули тарбият дорад ниҳолам.

Ба санги фитратам чун меҳр тобид,

Дилам кони сухан буд, лаъл гардид.

Ба чашми тарбият сӯям назар кард,

Димоғамро ба ҷоме тозатар кард. 

      Дар посух ба қадршиносии хони мазкур шоир тасмим мегирад, ки дар пайравии достонҳои “Юсуф ва Зулайхо”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва Нозими Ҳиравӣ ба таълифи маснавии ҳамноми худ пардохта, онро ба Умархон тақдим дорад:

Ба дил гуфтам, ки дар аҳди чунин шоҳ,

Ки мебахшад суханро мансабу ҷоҳ.

Туро чун лола хомӯшӣ нашояд,

Забоне чун фурӯғи шамъ бояд,

Ки бишкофӣ муаммои ҳақоиқ,

Кунӣ равшан шабистони дақоиқ.

Ҳаме тӯтисифат шаккарбаён бош,

Даме худ анделеби достон бош.

Ба ҳар баҳре сухан бисёр гуфтӣ,

Дури назми қасоид низ суфтӣ.

 

Кунун оҳанги сози маснавӣ кун,

Бад-ин қонун навои маънавӣ кун.

Ба дӯши қиссаи Юсуф Зулайхо,

Мурассаъ хилъате дигар биёро.

         Бо вуҷуди дар пайравии гузаштагон ба навиштани “Юсуф ва Зулайхо” иқдом намуданаш шоир ҳаргиз тарафдори тақлид ва усули муқаллид дар шеър набуд. Чунон ки фармудааст:

Мабош аз ҳарфи мардум шеъргустар,

Либоси орият то чанд дар бар! .....

Хумат гар бодае дорад, бизан ҷӯш!

В-агар созат навосанҷаст бихрӯш! ...

В-агарна ҳамчу санге бош хомӯш!

Чу занги гардани хар ҳарза мафрӯш!

       Бо вуҷуди марҳаматҳои зиёди Умархон муҳити тангу пур аз фитнаю фасоди дарбор барои ӯ, ки ростқавлу адолатҷӯй буд,   тангӣ мекард. Беқарории ӯро дар ин маврид Фазлии Намангонӣ  чунин ба қалам додааст:

Зи рӯи фазоил дар ин боргоҳ,

Басе марҳамат дида аз лутфи шоҳ,

Зи бас дар табиат набудаш қарор,

Аз он рӯй афтода дар изтирор.

       Адолатпарастӣ ва рӯёрӯ иброз намудани андешаю афкори танқидӣ боиси он мешуд, ки як гурӯҳ дарбориён ба тавҳину таҳқири шоир пардохта, Фазлии Намангонӣ ӯро ба девонагӣ нисбат медиҳад:

Ба фанни сухан гарчи фарзона аст,

Валекин аҷаб марди девона аст.

            Ҳозиқ дар байти зер ҳамчун ниқоби худҳимоятӣ истифода бурдани девонагиро аз ҷониби худ чунин иброз доштааст:

Гар намехоҳӣ, ки дарди сар кашӣ аз рӯзгор,

Ҳамчу Ҳозиқ бо камоли зиракӣ девона бош!

         Соли 1822 Амир Умархон ҷаҳонро падруд гуфт. Ҳозиқ, ки фурсати мусоидро барои раҳидан аз ин даргоҳ меҷуст, ба Бухоро рафта, ба касби табибӣ машғул ва аз ин тариқ луқмаи нони худро пайдо мекард. Ӯ дар ҳамин  давра китоби “Шарҳи Қонун”-ро таълиф намуда, соли 1824 маснавии “Юсуф ва Зулайхо”-и худро ба анҷом расонид.

        Мутобиқ ба маълумотҳои мавҷуда Ҳозиқ тақрибан солҳои 1825-1826-и мелодӣ, яъне  охирҳои салтанати Амир Ҳайдар аз Бухоро ба Хоразм мусофират намуда, ҳангоми вафоти Муниси Хоразмӣ (соли 1829) ҳанӯз дар он ҷо будааст.

            Дар Хоразм пас аз вафоти Муҳаммад Раҳимхон (ҳукмронияш солҳои 1805-1825) Оллоҳқулихон ба тахт менишинад. Амири мазкур тарҷумаи “Равзат-ус-сафо”-и Мирхондро аз форсӣ ба узбакӣ ба уҳдаи Мўнис гузошта буд. Пас аз вафоти номбурда дар соли 1829 Оллоҳқулихон ин масъулиятро бо вуҷуди пурра бархурдор набудани Ҳозиқ ба забони узбекӣ ба ў вогузор менамояд.

Бо фавти Умархон зимоми салтанатро дар Хуқанд Муҳаммадалихон ба даст гирифта, бештари муқаррабони падарашро қатлу бадарға намуд, ки намунаи он ба Сибир бадарға намудани Ҳакимхони муаррих мебошад.

Дар мавриди ба Хуқанд муҳоҷират намудани шоир низ фарзияҳои зиёде мавҷуд аст. Азбаски Ҳозиқ бо Ҳакимхони муаррих дӯстӣ ва қаробати наздик дошт, дар ин маврид наметавон андешаи аз тарси таъқиб ба Хуқанд муҳоҷират кардани шоирро сарфи назар кард.

       Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ баъд аз ба тахт нишастани Амир Насруллоҳ (охирҳои соли 1829) аз Хоразм ба Бухоро баргашта, дар ҳоли ошуфтагӣ ва парешонӣ тасмим мегирад, то ба мусофирати олам барояд, вале ин хостааш амалӣ намегардад:

Даме расид ба хотир, ки сӯи Рум равам,

Ки шояд ин дили ғамгин шавад нишотпазир.

Зи сайри Шом гаҳе рехт бар сарам савдо,

Ки субҳи айш дамад шоядам зи шоми замир.

Шикаст фикри Ҳалаб гоҳ шиша дар роҳам,

Намуда гоҳ Фарангам дар оина тасвир.

Гаҳе зи Ҳинд намак рехт дар дили решам,

Гаҳе зи Миср шакар ёфт, тӯтии тақрир.

Аторид аз сари шафқат, ки Хизри роҳи ман аст,

Намуда хобу хаёли маро чунин таъбир:

Ки эй ситамкаши айём, ин қадар ғам чист?

Зи рӯзгор чӣ биннишастаӣ чунин дилгир?!

Туро ба  илму ҳунар кист дар замона адил,

Туро ба донишу фан дар ҷаҳон куҷост назир!

Кашида килки ту хатте ба нусхаи Буқрот,

Шикаста гавҳари назми ту қадри шеъри Заҳир.

Ба гӯшае биншин, сайри олам макун ҳаргиз,

Ба ҳоли хеш мадеҳ роҳ ин ҳама таъмир.

      Дар мавриди ба дарбори амир Насруллоҳ истихдом шудани Ҳозиқ дар сарчашмаҳо ва таҳқиқотҳои мавҷуда маълумоте нест. Аммо дар баъзе нусхаҳои хаттӣ ривояте аст, ки гӯё Амир Насруллоҳ ба Ҳозиқ  чорбоғе ваъда карда, сипас ваъдахилофӣ намудааст, ки қитъаи зерини ў  ба ҳамин муносибат гуфта шудааст:

Чаҳорбоғе, ки хусрави олӣ,

Ваъда фармуда буд, он нарасид.

Дидаам чун шукуфаи бодом,

Ба раҳи интизор гашт сафед.

Фасли гул нест як-ду-се рӯзе,

Кай гуле хоҳамаш зи гулбун чид?!

 

Ё ки ин ҷаннат асту ҷаннатро,

То намирад, касе нахоҳад дид?!

 

          Чунон ки аз осори таърихнигорони ин аср бармеояд. Амир Насруллоҳ бо хонигариҳои Хуқанду Хева ҳамеша дар ҳолати омодабошии ҷангӣ қарор дошт. Ӯ дар яке аз лашкаркашиҳои худ ба Хуқанд Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқро низ бо худ бурда буд. Дар ҷараёни ин ҳарб бо ҳукми амир Насруллоҳ лашкариён атрофи Хуқандро ба яғмо бурда, зулму тааддиро аз ҳад гузарониданд. Чунон, ки Ҳакимхон дар “Мунтахаб-ут- таворих” мефармояд: “Узбакони бераҳм суми самандашон ба куҷо, ки расид, молу ҳоли фуқарои бечораро тороҷ мекарданд, касе, ки аз раҳм буй бурда буд, ангушти ҳайрат ба дандон газида, чун мӯй дар оташ мепечид ва хомӯш мешуд...” [1,18].

            Шоири адолатхоҳ барои пешгирии зулму тааддӣ ба Амир Насруллоҳ пандномаи зеринро менависад то шоҳро, ки ба ақидаи ў падари мардум аст, ба шафқату меҳрубонӣ даъват намояд:

Маслиҳат ба ҳоким бояд гуфт,

Назди ҳар бехирад нашояд гуфт.

То бувад сулҳ, ҷанг натвон кард,

Ҷанг бошад, таранг натвон кард.

Чун ба нохун гиреҳ кушод осон,

Пас чӣ ҳоҷат фишурдани дандон?!

Баҳри он подшоҳ кард Худо,

Ки низоми ҷаҳон бувад барпо.

Яъне, кас моли дигаре нахурад,

Сари мазлум золиме набурад.

Шоҳ бояд хурад ғами олам,

На, ки з-он олам афтад дар ғам.

Халқро молу ҷон зи султон аст,

Чун талаф гашт, бо кӣ нуқсон аст?!

Шоҳ бояд чун падар бошад,

Аз падар ҳам шафиқтар бошад.

Фатҳу нусрат зи адлу эҳсон аст,

Бо фусун сайди мор осон аст...

Суханам зеби гӯши шоҳон аст,

Гавҳари тоҷи каҷкулоҳон аст.

        Зери таъсири пандномаи мазкур ѓорату татовули молу амволи мардум аз ҷониби лашкариён муддате  манъ шуда бошад ҳам, дар ниҳояти ҳол бо дасисаи муқаррабони дарбор, шоир мавриди кинаву адовати амир қарор гирифта, маҷбур мешавад ба Шаҳрисабз фирор кунад.

Ҳангоми фирор ба сўи Шаҳрисабз ба дасти надимони амир афтида, бо гуфтани ин байт:

Девонаро Худой нагирад барои ҷурм,

Эй шоҳ, чун ту зилли Худоӣ, ту ҳам магир!

 

худро раҳо сохта, муддате дар Шаҳрисабзу Хуқанд ба табобат мепардозад.

Соли 1842 амир Насруллоҳ ба Хуқанд ҳуҷум намуда, мардуми он диёрро қатли ом намуд. Хони Хуқанд Муҳаммадалиро бо кулли хешу ақрабояш ба дор кашид, ки дар он миён модари хон Моҳларойим (яъне шоира Нодира ва ду писараш) низ буданд. Амир Насруллоҳ бо анҷоми қатли ом Иброҳим Хаёлро ҳокими Хуқанд таъйин намуда, донишмандону фозилон ва адибони зиёдеро ҳамроҳи худ ба Бухоро меорад, ки дар он миён Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ низ буд. 

Амир Насруллоҳ баробари ба Бухоро расидан, ки саргарми ғурури ғолибият буд, аз Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ тақозо менамояд, ки ин пирӯзияшро мадҳ кунад. Шоири адолатхоҳу исёнгар, ки аз бераҳмиҳои амир ба ҷон омада буд, бадоҳатан ин байтро мехонад:

Буридӣ бар қади худ аз маломат,

Либосе то ба домони қиёмат.

 Амир бо шунидани ин байт сахт ранҷида, бо асабоният ба қароргоҳи худ меравад. Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқро ваҳм фаро гирифта, шабона ба сӯи Шаҳрисабз рӯ ба гурез мениҳад. Чун ин хабар ба амир мерасад, амр менамояд, ки ҳар куҷое бошад, ӯро пайдо ва ба Бухоро биёранд.

            Аз дӯстони шоир Ҳакимхони муаррих, ки шоирро дар хонаи худ нигоҳ медошт дар “Мунтахаб-ут-таворих ” фармудааст: “Аз гурехтани Мавлоно Ҳозиқ амир Насруллоҳ воқиф ёфта,  дар қаламрави худ қосидони бодрафторро фиристод. Хабар дод, ки дар ҳар ҷо Мавлоно Ҳозиқро ёбанд дастгир намоянд... Ин хабарро шунида дасти афсӯс ба ҳам месудем, ки Мавлоно аз даст рафт...” [1.18].

Таъқиби шоир аз ҷониби Амир Насруллоҳ идома меёбад. Чунон, ки Мирзо Олими Тошкандӣ дар “Ансоб-ус салотин- фи таворих-ул хавоқин”  фармудааст, Амир Насруллоҳ се маротиба иноятнома навишта, ба воситаи фиристодагон талаб менамояд, ки Ҳозиқ ба Бухоро баргардад. Дафъаи охир фарзанди шоир Мирзо Муҳташамро бо мактуб ба Шаҳрисабз мефиристад, вале Ҳозиқ боз ҳам баҳона пеш оварда, дар ҷавоби дархости ӯ ин байтро дарҷ ва аз бозгашт ба Бухоро сарпечӣ менамояд:

Чун ҳузурам сабаби ранҷиши табъат гардид,

Мегурезам, ки малулат накунам бори дигар.

Замоне, ки ин байт ба амир Насруллоҳ мерасад, бисёр барошуфта чаҳор дузди қаттолро мефармояд, ки сари Мавлоно Ҳозиқро биёранд.

Ҳозиқ пас аз фирор ба Шаҳрисабз муддате дар хонаи Ҳакимхон зиста, сипас дар берун аз шаҳр хонаеро харида бо ду хизматгори худ мезист. Фиристодагони амир Насруллоҳ камин гирифта, пагоҳии шанбеи 2-и давли шамсии соли 1259 ҳ- 1843 мел., шоирро ба қатл расонда, сари буридаи ӯро ба Амир Насруллоҳ, ки ҳамон вақт дар Қаршӣ буд, мерасонанд, таърихи қатли ўро Мирзо Олими Тошкандӣ чунин ба қалам додааст:

Шунидам ҳотифи ҳикматсаранҷом,

Ба гӯшам қатли Ҳозиқ дод пайғом

Хирад аз баҳри таърихаш рақам зад:

 “Ҷунайдуллоҳ ибни шайхулислом”.

 (1259ҳ / 1843 м.)

Мутобиқ ба маълумоти Ҳакимхон қабри шоир дар қисмати шарқии шаҳри Китоби вилояти Қашқадарё воқеъ гардида, худи шоир низ қабл аз ба қатл расиданаш ин байтро фармуда будааст: 

Кори ҳар кас нест аз таърихи қатлаш дам задан,

Аз “тани Ҳозиқ” биҷӯ таърихи сар бурриданаш.            

Дар сарчашмаҳои адабию таърихии асрҳои XVIII -XIX доир ба маҳорату мақоми шоистаи Ҳозиқ дар гуфтани анвои шеърӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ ва намунаҳои ашъори ӯ маълумотҳои парокандаи зиёде мавҷуд бошад ҳам, то замони аз ҷониби муҳаққиқи аслии аҳволу осори  шоир профессор С.Амирқулов  кашф гардидани нусхаи №470-и марбут ба фонди дастнависҳои шуъбаи  Санкт- Петербурги Институти халқҳои Осиёи АИ Федератсияи Россия аз девони шоир хабаре набуд.

 Дар ин нусха 24 ғазал, 12 қасида, 7 мустазод, 7 мухаммас, 1 маснавӣ, 11 рубоӣ ва 12 таъриху муаммои шоир иборат аз 1755 мисраъ, (110 мисрааш ба забони ӯзбекӣ) ба сурати девон дар як муқова бо “Мунтахаб-ут-таворих”-и Ҳакимхон дар соли 1261ҳ- 1845 мел., ҷузъбандӣ шудааст.

Аз осори боқимондаи Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ маълум аст, ки ў чун дигар шоирони ин аср: Мирзо Содиқ, Шавқӣ, Музтар, Ҳасрат, Садриддини Маҳзун ва Парӣ дар ѓазалу мухаммас ба Саъдию Ҳофиз, Хусраву Ҷомӣ, Ҳилолӣ ва Соибу Бедил пайравӣ менамуд.

Дар ин осори ў оҳангҳои шиквоӣ, изҳори беадолатиҳои давру замон ва бемурувватии муҳити носозгору аҳли он мақоми аввалиндараҷаро касб намудааст.

 Илова бар ин аз Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ китобе ба унвони “Шарҳи қонун” дар ташреҳи китоби тиббии ба забони арабӣ навиштаи донишманди асрҳои XIII-XIV-и мелодӣ Чағминӣ боқӣ мондааст, ки таълифаш соли 1822 мел., дар Бухоро сурат гирифтааст.

 Аз муҳимтарин ва машҳуртарин осори шоир маснавии “Юсуф ва Зулайхо ”-и ӯст, ки нусхаҳои зиёди он дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, китобхонаи Иниститути шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Узбекистон ва фонди дастхатҳои шуъбаи  Санкт- Петербурги Институти халқҳои  Осиёи АИ Федератсияи Россия ва дигар китобхонаҳои олам ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд.

  Лозим ба ёдоварист, ки шуарои Мовароуннару Хуросон ҳанӯз дар ибтидои шаклгирии ин адабиёти оламшумул  ба мавзӯи ошиқонаи  Юсуфу Зулайхо, ки сарчашмаи қуръонӣ дорад, таваҷҷуҳи хосе доштанд. Мисоли равшан он ин абёти Абуабдуллоҳи  Рӯдакист:

Нигорино, шунидастам, ки гоҳи меҳнату роҳат,

Се пироҳан салаб будаст, Юсуфро ба умр андар:

Яке аз қайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз туҳмат,

Савум Яқубро аз бӯш равшан гашт чашми тар.

Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ,

Насиби ман шавад дар васл он пираҳани дигар.

Дар тўли асрҳо  шуарои тоҷику форс чӣ дар абёти ҷудогона ва чӣ дар сурати маснавиҳои алоҳида  ин  ишқи  ҷовидонаро бо пайравӣ аз ҳамдигар дар ҳавзаҳои  гуногуни қаламрави забони форсӣ сурудаанд, ки дар он миён достони “Юсуфу Зулайхо”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ беназиру бесобиқа буда, мавриди истиқболу пайравии 75 нафар шоирони баъдӣ, аз ҷумла: Бадрӣ, Салими Табрезӣ, Тазарви Абҳарӣ, Муллошоҳи Бадахшонӣ, Лутфалибеки Озар, Шуълаи Гулпойгонӣ, Ҷавҳарии Табрезӣ, Муҳаммад Ширини Балхӣ, Котиби Бухороӣ, Нозими Ҳиравӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ ва дигарон қарор гирифтааст. Аз осори мазкур то кунун 30 асари дар ин мавзуъ навишташуда то замони мо расидааст, ки “Юсуфу Зулайхо”-ҳои Нозими Ҳиравӣ ва Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ аз беҳтаринҳо шинохта шудаанд.

Мутобиқ ба таърихи зер анҷоми ин достони шўрангези шоир, ки дар пайравӣ ба суннатҳои маъмулии маснавиҳои ошиқона аз пешгуфтор, ҳамду наът, мадҳи мамдуҳ (Умархон), ситоиши ишқу сухан ва бобҳои мундариҷа иборат аст, соли 1239ҳ/1824 мел., сурат гирифтааст:

Намуд илҳом дар таърихаш иншо,

Муфассал қиссаи “Юсуф, Зулайхо”.

Шуд ин оғози ишқи ҳуснанҷом,

Ба соли “анҷуманорой ” итмом.

Лозим ба ёдоварист, ки мутобиқ ба “Лоиҳаи давлатии осори манзуми адабиёти тоҷик дар асоси нусхаҳои хаттии Тоҷикистон (асрҳои XVI-XIX)”, Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ аз соли 2020 баробари дигар осори шоирони асрҳои XVI-XIX-и точик дар асоси нусхаҳои (№2594, 2539 ва 746)-и захираи дастнависҳои маркази мазкур таҳияи матни илмии маснавии “Юсуф ва Зулайхо”-и Ҳозиқро оѓоз ва ба анҷом расонид.

Замоне, ки матни феълии «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ мутобиқ ба барномаи давлатӣ барои чоп омода гардид, маълум шуд, ки дар солҳои 2019 – 2020 бо ибтикори шахсии Мухлиса Нуруллоева - корманди Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ва профессор Субҳон Амирзода муҳаққиқи асосии аҳволу осори Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, дар асоси нусхаҳои хаттии дар ихтиёрдоштаашон матни “Юсуф ва Зулайхо”-и шоир дар шаҳри Хуҷанд ва дар шаҳри Душанбе ба табъ расонида шудааст.

Бо назардошти ин, зарурат пеш омад, ки порае аз матни омодагардидаи лоиҳаи давлатӣ бо нашрҳои мазкур мавриди муқоиса қарор дода шуда, камию костӣ ва кайфияти онҳо аз назари матншиносӣ равшан карда шавад.

Дар ҷараёни муқоиса таври умум маълум гардид, ки ҳар ду матни ба нашр расидаи «Юсуф ва Зулайхо», тақрибан тафовути ҷиддие аз ҳамдигар надоранд. Далели он дар 170 байти барои муқоиса ҷудо кардашуда якранг такрор ёфтани ѓалатҳо ба  иллати дуруст хонда нашудани калимаҳо ва ё истифода аз нусхаҳои ноқису пурѓалат мебошад.

Ҳоло барои намуна аз он 170 байти муқоисашуда танҳо 27 байти мазкурро дар зер нишон медиҳем, ки намоёнгари ҳақиқати ҳол ва  камию кайфияти матнҳои муқоисашаванда мебошанд:

 

  1.  Забон дар арзи шукраш оҷизу лол, 

     Қалам дар шарҳи ҳамдаш камтар аз (бол(?).

   Дар   ҳар ду нашр  калимаи нол ба таври ѓалат бол  хонда  шудааст. ( саҳ 18 ва 15)

 

  1.  Азал бошад агар субҳу абад шом,

     Зи рўзаш дур чун з-оѓоз анҷом.

         Мисраи аввал дар ҳарду нашр таври ѓалат:

Азал бошад агар субҳи абадшом омадааст. (Саҳ. 18 ва 15)

 

  1.  Ду олам  чист? Дугоҳе зи удаш,

     Замину чарх, зеру бам сурудаш,

         Ибораи  дугоҳе зи удаш ба таври ѓалат ду коҳе зи ҷуддаш омадааст. (саҳ. 18 ва 15)

 

  1.  Ки дар бозори савдои муҳаббат,

     Ситонам Юсуфи ҳуснаш ба қимат.

     Ибораи  бозори савдои муҳаббат,  ба шакли  бозори расвои муҳаббат омадааст, ки  ѓалат аст. (саҳ. 21 ва 17)

 

  1. На он ишқе, ки ангезад зи шаҳват,

    Биёлояд аз ӯ домони иффат.

Ибораи он ишқе нисбат ба ибораи  он шўхӣ  аз ҳар лиҳоз беҳтару саҳеҳтар аст. (саҳ 22 ва 18)

 

  1.  Кӣ бошам ман, ки бошад ихтиёрам,

     Агар дорам, чаро рухсат надорам?!

     Ба ҷойи  калимаҳои дорам ва рухсат, бошам ва роҳат омадааст, ки саҳеҳ нест. (саҳ.24 ва 19)

 

  1. Сиришта тинататро дасти қудрат,

    Ба хоки поки ҳилму оби раҳмат

    Ба ҷои  оби раҳмат   оби ваҳмат омада, ки ѓалат аст. (Саҳ. 27 ва 22)

 

  1. Намебуд ар сиёмат худ зи ҳиммат,

    Кӣ аз ранҷи гунаҳ меёфт сиҳҳат?!,

    Мисраи аввал  дар ду нашрия ба сурати  Агар сурат намегардид  ҳимят ва ҳамият  омадааст, ки саҳеҳ нест. (саҳ. 28 ва 23)

 

  1. Чӣ шаб? Дар зулматаш оби ҳаёте,

     Саводаш васл аз хатти бароте.

     Мисраи аввал ба таври ѓалат Чӣ шаб? Дар зулмати оби ҳаёте, омадааст, ки аз лиҳози маънӣ костааст. (саҳ. 29 ва 24)

 

  1.  Умар чархи хилофатро дувум давр,

      Ниҳон аз муҳри адлаш зулмату ҷавр.

      Ба ҷои ибораи муҳри адлаш, меҳри адлаш омадааст, ки  чандон саҳеҳ нест. (саҳ. 37 ва 29)

 

  1. Бувад мантиқ зи нутқат як мақола,

       Мутаввал аз баёнат як рисола.

       Мисраи  дуюм ба шакли Мутаввал аз баёнат як пиёла  омада, ки мантиқан ѓалат аст. (саҳ. 41 ва 32)

 

  1.  Биё,  Ҳозиқ, гулобе дар даҳон пош,

         Пас он гаҳ ҳамчу мавҷаш тарзабон бош. 

              Ба ҷои калимаи пош бош омадааст, костагии мантиқӣ дорад. (саҳ. 42 ва 33)

  1.  Зи адлаш кишвари Фарғона он ёфт,

         Ки дар оғоз аз Нӯшервон ёфт.

         Ба ҷои калимаи адлаш, ки комилан дуруст аст, таври ѓалат ҳаддаш омадааст. (саҳ. 43 ва 33)

 

  1. Мулоимхӯ батамкин гар чу кӯҳ аст,

         Тавозуъпешаву гардуншукӯҳ аст.

       Дар  мисраи дувум ба ҷои калимаи гардуншукўҳ,  дар гардан шукўҳ омадааст, ки комилан ѓалат аст. (саҳ.44 ва 34)

 

  1. Ки аз сози ғино оҳанг пардоз,

        Даме бар бурёи фақр дамсоз.

      Мисраи  аввал ба сурати Ки аз сози ғинооҳанги парвоз, омадааст, ки чандон дуруст нест. (саҳ. 49 ва 38)

 

 

  1.  Даме мегуфт бар шоҳин уқобам,

       Зи панҷа чангули сад чарғ тобам.

       Ба ҷои калимаи чарѓ, чарх омааст, ки ѓалат аст. ( саҳ. 53 ва 41)

 

  1.  Зи думболам банотуннаъш бошед,

       Ба ҳар сӯ дона чун анҷум напошед.

       Дар чопи Хуҷанд ба ҷои калимаи напошед, бипошед ва мисраи дувум дар чопи Адиб ба сурати Ба ҳар сӯ дона чун наҳсам бипошед, омадааст, ки бе мантиқ аст. (саҳ. 53 ва 41)

 

  1. Мизоҷи он чу май в-ин ҳамчу мушк аст,

      Бувад он гарму тар в-ин сарду хушк аст.

       Мисраи  дувум ба шакли Бувад он гармтар в-ин сарду хушк аст, омада, ки аз лиҳози маънӣ  ва шеърият ба маротиб заиф аст. (саҳ. 54 ва 42)

 

  1.  Зи лаълаш гашт коми Шис ширин,

      Чунон к-аз ханда гардад лаъл рангин.

      Мисраи аввал ба шакли Зи лаълаш гашт коми шиша ширин, омадааст, ки комилан ѓалат аст. (саҳ. 60 ва 47).

 

  1.  Машав ҳосид чу эшон бар такаллуф,

       Ки зангиро набошад ҳусни Юсуф.

       Дар нусхаи Хуҷанд ба ҷои ки зангиро, ки рангеро омадаст, ки ѓалат аст. (саҳ. 72)

 

  1. Чӣ шабгарде, чу нақши қуръаи фол,

      Ба истиқболи равшан дидаи ҳол.

      Ба ҷои ибораи  чӣ шабгардечӣ шаб кардӣ омадааст, ки ѓалат мебошад. (саҳ.73 ва 57)

 

  1. Ба давлат буд аз дарё фузунтар,

      Набастӣ мавҷи наслаш лек гавҳар.

      Мисраи дувум дар чопи Адиб ба шакли Ба бистар мавҷ, васлаш лек гавҳар,   омадааст, ки  комилан ѓалат ва бемаънист. (саҳ 61)

 

  1. Диламро бурда ҳусни бенишоне, 

      Дарида  пардаам рози ниҳоне.

      Мисраи дувум ба шакли   Дарида  пардаамро аз ниҳонӣ  омадааст, ки саҳеҳ нест. (саҳ 97 ва 75)

 

  1. Ба шоҳи Мағриб охир қиссаро гуфт,

      Дури он роз дар гӯшаш ниҳон суфт.

       Мисраи дувум ба шакли Дар он рози дури гӯшаш ниҳон суфт, омадааст, ки комилан ѓалат аст. (саҳ. 98 ва 76)

 

  1. Гаҳе аз дидаи тар об мерехт,

      Даме бар сар зи ҳасрат хок мебехт.

      Мисраи дувум  дар чопи Хуҷанд ба сурати Даме мепухту аз ғам хок бар сар, дар чопи  Адиб ба шакли Даме мебехт дар аз ғам хок бар сар, омадааст, ки ҳарду нодурустанд. (саҳ. 103 ва 80)

 

  1. Ба занҷири ҷунун пояш ҳамоғӯш,

      Чу он фавворае, к-аз мавҷ зад ҷӯш.

      Мисраи дувум ба шакли Чу он фаввора гар мавҷе занад ҷӯш, омадааст, ки саҳеҳ нест. (саҳ.104 ва 80)

 

  1. Дилам бурдию гардондӣ рух аз ман,

      Кашидӣ ҳамчу нур аз соя доман.

      Дар мисраи аввал ба ҷои калимаи рух, калимаи дил омадааст, ки чандон дақиқ нест. (саҳ. 107 ва 83)

 

 Хулоса, шахсияти тавоно ва осори Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ дар ҳаёти адабии охирҳои асри XVIII ва аввалҳои асри XIX нақши муҳимме дошта, ба мақсад мувофиқ аст, ки муҳаққиқини аҳволу осори озодашоир  зимни  таҳқиқу омўзиши мероси боқимондаи ў  ва матнҳои фавқуззикри   достони “Юсуф ва Зулайхо”-и шоир  дар оянда  ба ду масъала  таваҷҷуҳи бештар намоянд:

  1. Ба таҳияи  матни илмӣ-интиқодии маснавии “Юсуф ва Зулайхо”- и Ҷунайдуллои Ҳозиқ  дар заминаи 3 матни фавқуззикр .
  2.  Такмилу  ба чоп расонидани девони ноқиси ашъори шоир  бо истифода аз бозёфтҳои манобеи таърихию адабии асрҳои XVIII- XIX, ки метавонад симои асилу воқеӣ ва нақши барҷастаи Ҳозиқро дар адабиёти классикии тоҷик равшану тобонтар намояд.

 

Ш. Нуриддин,

Д. Валиева