Имрӯз (23.05.2025) мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор карда шуд.

       Ҳамоишро директори Марказ н.и.т. Раҳматкарим Давлатов оғоз бахшида, баъди сухани муқаддимавӣ ва тазаккури мавзуи баррасишаванда суханро ба ходими илмии шуъбаи тавсиф ва таҳияи осори хаттӣ унвонҷӯ Муҳаммадамин Наимов доданд.

      М. Наимов дар мавзуи “Нусхаҳои тозавориди Ганҷинаи дастнависҳои ба номи академик А. Мирзоев” суханронӣ намуда, оид ба 44 дастхат, 47 васиқа ва 32 қитъаи хушнавис, ки дар соли 2024 ба Ганҷинаи Марказ ворид гардидааст, маълумот ироа намуд.