(Роҷеъ ба ному нажод ва табори Баҳроми Чӯбин)

       Баҳром Чӯбин аз нижоди Портиён аст ва сардори бузурге буд, ки пас аз сарзаниш ва хорӣ дидан аз сӯи Ҳурмуз бар ӯ шӯрид ва дар замони Хусрави Парвиз чанд моҳ бар тахти салтанат нишаст, то ин ки Хусрави Парвиз Римро ба кумак хост ва бо пуштибонии сипоҳи Рим салтанати аз даст рафтаашро бозёфт. Саргузашти Баҳром Чӯбин бозтоби парешонии поёни рӯзгори Соcонӣ ва чигунагии қудратталабӣ дар Эронзамин аст.

     Баҳром Чӯбин ё Ваҳроми Чӯбин ё Баҳроми шашум писари Баҳроми Гушансп аз хонадони Меҳрон, яке аз хонадонҳои Ашконӣ-Соcонӣ ва аз мардуми Рай буд. Ў ба сабаби баландии қад ба Чӯбин (монанд чӯб) номбардор шуда буд. Ўро “меҳри бандак” ё “дӯстдори меҳр” миномиданд ва ин табори Ашконии ӯро низ нишон медиҳад. Владимир Минорский, шарқшиноси машҳури рус лақаби Баҳромро бо вожаи дайламии “жубин” ё “зубин”, ба маънии найза марбут дониста ва бархе дигар аз пажӯҳишгарон “шубин” ва “чӯбин”-ро шаклҳои дигаре аз вожаи “шавотир” ё “шивотир” шумурдаанд.

   Баҳроми Чӯбин худро аз табори Ашкониён медонист ва бархе аз муҳаққиқон, монанди Гардезӣ ва Табарӣ вайро аз фарзандони паҳлавони эронӣ Гургини писар Мелод ва низ аз насли тирандози машҳури эронӣ –  Ораш донистаанд. Ба ривояти Табарӣ, Баҳроми Чӯбинро дар тирандозӣ бо Ораш монанд мекарданд. Шуҳрати Баҳроми Чӯбин дар тирандозӣ ба он поя буда, ки Ибни Надим аз китобе дар ойини тирандозӣ ном мебарад ва онро ба Баҳром Чӯбин ва ё Баҳроми Гӯр нисбат медиҳад.

    Дар “Шоҳнома” низ васфи тирандозии Баҳром ба Шоба (Соба, Сова) –  фармонравои туркон бисёр шабеҳи васфи тирандозии Рустам ба Ашкбӯс аст. Шабоҳати ин ду саҳна намудори ҳамонандии ин ду паҳлавон дар ҷанговарӣ ва тирандози аз нигоҳ Фирдавсӣ аст.

       Фирдавсӣ ҳам табору насаби Табори Чӯбинро аз паҳлавонони номдори эронӣ медонад: 

Яке кеҳтарӣ бошадаш даври даст,

Саворе сарафроз ва меҳтарпараст.

Ба боло дарозу ба андом хушк,

Ба гарди сараш ҷаъди мӯйи чу мушк.

Сухановари ҷилду бинӣ бузург,

Сияҳҷурдаву тундгӯйю сутург.

Ҷаҳонҷӯи Чӯбина дорад лақаб,

Ҳам аз паҳлавононаш бошад насаб.

          Дар охирин соли шоҳии Ҳурмузи чаҳорум лашкариёни хоқон ғарбии турк ва Хазар ба Арманистон ва Арон юриш оварданд.

            Дар ҳамин замон Сова-шоҳ низ дар шарқ ба Эрон тохт ва сипоҳи ҳафтод ҳазор нафарии Эрон, ки дар марз ба нигаҳбонӣ мепрадохт, мағлуб шуд.

       Ҳурмуз Баҳромро ба набард фиристод.

      Баҳром дувоздаҳ ҳазор тан аз саворкоронро интихоб кард, ки синни ҳеҷ як аз онҳо камтар аз чиҳил сол набуд. Ин дар ҳоле буд, ки сипоҳи подшоҳи туркон сесад ҳазор тан ёд шудааст. Гумон меравад, ки Баҳром барои он ин шумор сипоҳиро интихоб кардааст, ки шумораи дувоздаҳ дар назди эрониён муқаддас буд ва дар таърихи устуравии Эрон дар чанд ҷанг дувоздаҳ ҳазор нафар дар сипоҳ ширкат доштанд ва дар тамоми ин ҷангҳо эрониён пирӯз шуда буданд.

      Набарди таърихии Баҳроми Чӯбин бо хоқони турк дар Ҳирот соли 589 мелодӣ сурат гирифт. Дар ин сол бори аввал турқҳо вориди Бахл ва Эрон шуданд. Баҳром, ки сардори далер буд бо сипоҳи андак, аммо корозмуда сипоҳи хоқонро дар марзҳои шарқӣ ба шиддат шикаст дод ва Сова-шоҳро кушт. Туркҳо баъди шикаст ба он сӯйи Сайҳун ақиб нишастанд. Пеш аз ин таърих пойи ҳеҷ турке ба Эрон, Осиёи Миёна ва Қафоз нарасида буд.

    Шоҳи Эрон аз пирӯзии Баҳром нигарон шуд ва ӯро ба ҷанг дар Византия фиристод. Баҳром аз қувваҳои Византия шикасти сахт хӯрд.

   Ҳурмуз, ки мехост ғурури вайро бишиканад ва аз ин шикаст хушнуд буд бо фиристодани дукдон ва либоси занона ба сардори шикастхӯрда, ӯро аз фармондеҳии сипоҳ барканор кард. Аммо Баҳром муваффақ шуд сипоҳи таҳти фармони худро низ дар таҳқире, ки аз тарафи Њурмуз дар ҳаққи вай шуда буд, шарик ва ҳамдард созад. Ба ин гуна, онҳоро низ бо худ бар зидди Њурмуз ҳамроҳ сохт ва бо мувофиқат ва ташвиқи онҳо шӯриш кард.

       Шуриш ва норизоиятии мӯбадон низ сабаб шуд, то Ҳурмуз барканор ва Хусрави Парвиз бар тахти Эрон бинишинад.

      Ба навиштаи Абдулҳусайни Зарринкӯб, Баҳроми Чӯбин ба он далел, ки худро ашрофзода ва аз табори Меҳрони Ашконӣ ва ба ирқ эронитар ва ашрофтар аз Хусрави Парвиз медонист, ҳозир нашуд подшоҳии Хусрави Парвизро бипазирад ва ба фармони подшоҳи ҷадид дарояд ва ба ин далел худро шоҳи Эрон эълон дошт. Аз онҷо, ки сипоҳи Баҳром нируманд буд, Хусрав гурехт. Баҳром пирӯзмандона ба пойтахт омад ва ба номи Баҳроми шашум ва ба дасти худ тоҷ бар сар ниҳод ва ба номи худ сикка зад. Хусрав низ ба шоҳи Византия паноҳ бурд.

        Як соли подшоҳии Баҳром ҳамроҳ бо шӯришҳо ҳамроҳ буд. Тағо (дой)-и Хусрав, ки дастгир ва зиндонӣ шуда буд, ба ёрии чанд тан аз бузургон раҳоӣ ёфт ва пешрави мухолифони Баҳром шуд. Вай ба Озарбойҷон рафт ва бо бародари худ ба ёрии Хусрави Парвиз бар хост.

      Хусрав ҳамроҳ бо сипоҳе, ки император дар ихтиёраш гузошта буд, ба Эрон баргашт ва бо сипоҳии Баҳром ҷанг кард ва Баҳром пас аз шикаст рӯй ба фирор ниҳод.

        Баҳроми Чӯбин пас аз шикаст дар набарди ниҳоӣ бо Хусрав ва сипоҳёнаш ҳамроҳ бо бозмондагони сипоҳаш ба сӯи туркон гурехт ва бо меҳрубонии тамом аз сӯи хони турк пазируфта шуд. Хусрав бо ҳадяҳое, ки барои Хотун ҳамсари хони турк фиристод шароити кушта шудани Баҳромро фароҳам кард. Гардия хоҳар Баҳром, ки ҳамроҳи ӯ буд, сипоҳёнеро, ки Баҳром ба қаламрави туркон омада буданд, аз он ҷо берун оварда ва ба Эрон бозгардонд.

       Достони Баҳроми Чӯбин дар китобе бо номи “Баҳроми Чӯбинномаг” дар аҳди бостон вуҷуд доштааст, ки то рӯзгори мол боқӣ намондааст. Таърихнигорони эронӣ чун Табарӣ, Дайнурӣ, Балъмӣ ва Фирдавсӣ низ ин достонро навиштаанд. Достонҳои бисёре перомуни диловариҳои Баҳром сохта шудааст.

        Диловарии Баҳроми Чӯбин чунон аст, ки дар “Шоҳнома” ӯро бо Рустам ҳамонанд медонанд. Охирин аждаҳокушӣ дар “Шоҳнома”-ро Баҳроми Чӯбин ба поён мебарад. Вай аждаҳои одамхорро ба номи Ширкаппӣ аз пой дар меовард. Аждаҳокушии Баҳроми Чӯбин дар “Шоҳнома” ёдовари набардҳои Баҳром Гӯр бо аждаҳоён аст. Ривоятҳои диловарии Баҳроми Чӯбин ва Баҳроми Гӯр чунон машҳур ва он андоза шабеҳ ба ҳам будааст, ки ба гузориши Балъамӣ дар миёни тамоми подшоҳони Эрон ин ду тан беш аз ҳама ба шуҷоат ва мардӣ номбардор будаанд.

      Аз ҷумлаи нишонаҳои ҷанговарии Баҳроми Чӯбин пуштаҳое аст, ки ӯ аз мурдаҳо (куштагон)-и туркон дар набард бо Пармуда писари Шобаҳшоҳ ва сарбозони Римии сипоҳи Хусрави Парвез сохта буд ва онҳоро «Баҳроми тал» ва «Баҳром чед» меномиданд.

     Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” саргузашти Баҳроми Чӯбинро бо обутоби бисёр овардааст. Дар китобҳое монанди “Ғурари ахбор”- Саолабӣ, “Ал-ахбор-ал-тавол”-и Диноварӣ, “Ниҳоят-ал-араб фи ал-ахбора ал-фурс”, “Ал-араб” ва “Таърих Балъамӣ” шарҳи ҳоли Баҳроми Чӯбин ривоят шудааст. Балъмӣ менависад: “Ман ба китоб ахбори Аҷам тамом ёфтам ва бигӯям”.

     Масъудӣ ба китобе мустақил ишора мекунад, ки эрониён дар саргузаштт Баҳроми Чӯбин фароҳам оварда буданд ва Ибни Надим аз китоби “Баҳроми Шубин” ном мебарад, ки Ҷаблат бини Солим онро аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардонда буд.

      Байҳақӣ менависд: “Ба фармони Хусрави Парвиз дар бораи ҷангҳои ӯ бо Баҳроми Чӯбин ва пирӯз шудани вай бар Баҳром китобе навиштанд, ки шоҳашоҳи Соcонӣ муқаддимаи онро написандид, то дабире ҷавон муқаддимае бар он навишт ва Хусравро хурсанд сохт”. Китобе, ки ба амри Хусрави Парвиз навишта шуда буд, бахше аз таърихи расмии Соcониён, ва шояд ҷузъе аз “Худойнома” будааст. Аммо матне, ки мавриди истифодаи нависандагони эронӣ ва араб пас аз ислом қарор гирифта, шакле достонӣ дошта ва дар он аз корҳои паҳлавонии Баҳроми Чӯбин ёд шудааст. Нависандаи матни паҳлавии достони “Баҳроми Чӯбин” бо ин ки Баҳромро меситояд ва аз паҳлавониҳои ӯ ба бузургӣ ёд мекунад, бо шоҳашоҳи Соcонӣ мувофиқ будааст. Ин китоб дар авохири рӯзгори Соcониён, шояд дар асри Пурон, духтар Хусрави Парвиз ва ё дар нахустин солҳои фармонравоии Яздгирди севум навишта шудааст.

       То пеш аз рӯзгори Фатҳалишоҳи қоҷор, дар доманаи ҷанубии кӯҳи Дизрашкони наздики Рай сангнигорҳои нотамоме аз аҳди Соcониён вуҷуд дошта, ки чанд тан аз шарқшиносон ва ҷаҳонгардон онро васф ва тасвир кардаанд. Ба фармони подшоҳи нобихради қоҷор ин нақши барҷаста зудуда шуд, то сурати вай бар онҷо нақр шавад. Ба назари бархе аз пажӯҳишгарон ин тасвир аз ёдгорҳои Баҳроми Чӯбин будааст, ки ба дасти ҳокими турк нобуд шуд.

      Дар бархе китобҳои паҳлавӣ, монанди “Ҷомосбнома” ва “Занди ваҳманисан” аз мунҷие ёд шудааст. Дар ин навиштаҳо аз пирӯзии зудгузари ғосибе сухан ба миён омадааст, ки аз Хуросон хурӯҷ хоҳад кард ва зимоми умурро ба даст хоҳад гирифт, аммо дар ҷараёни фармонравоӣ кушта хоҳад шуд ва пас аз чанде бегонагон ба тахт хоҳанд нишаст. Ба назари бархе аз пажӯҳишгарон, мумкин аст ин матолиб бар воқеиятҳои таърихӣ устувор бошад ва ғосиби ёдшуда дар ин матнҳо Баҳроми Чӯбин бошад.

     Баҳром аз қарни шашум дар мутуни паҳлавӣ ёд мешавад. Эрониён мегуфтанд “Шаву бин”, яъне “Бираву бубин”. Ба ибоаре лақаби Чубин аз ин ҷост.

      Баҳром дар замоне пайдо шуд, ки кишвари Эрон аз чаҳор тараф мавриди ҳамла қарор гирифта буд; румиҳо ва туркон дар шимол ва дар шимол-шарқ хазарон ва арабҳо. Ва эрониён пиндоштанд, ки ҷаҳон ба охир расидааст. Дар чунин замоне Баҳром бархосту бузургтарин душмани Эрон ё хоқони Чинро бо партоби тире кушт. Дар “Таърихи Табарӣ” омадааст, ки тирандозии се кас дар таърих номбардорӣ шудааст: Яке Ораши камонгир ва дигаре Сухро – сардори эронӣ дар замони Пирӯз – подшоҳ Соcонӣ буда ва севум Баҳроми Чӯбин.

       Фирдавсӣ дар зимни ривояти достони “Баҳроми Чӯбина” дар “Шоҳнома” писар ҷавонашро аз даст медиҳад ва марсияи кӯтоҳи барои писараш пеш аз инки достони “Баҳроми Чӯбина” ба поён расад, меовард. Мӯя ва зории Фирдавсӣ барои фарзандаш поёнбахши достони Баҳроми Чӯбина аст.

     Баҳроми Чӯбин нахустин фармондеҳе буд, ки бо истифода аз нафт аввалин воҳиди ҷангии оташборро дар таърихи ҷанговарии ҷаҳон поягузорӣ кард. Вай ҳангоми боздид аз ҷойгоҳи берун шудани нафт аз замин дар сарзамини Бодкӯба (Боку) ва огоҳӣ аз оташзо будани ин мода, ният кард, то аз он ҷангафзоре бисозад ва ин корро ба муҳандисони артиш вогузар кард. Онҳо низ дар замоне кӯтоҳтар аз як сол пайконе сохтанд оташбор.

Адабиёт:

“Зиндагӣ ва марги паҳлавонон дар “Шоҳнома”, Исломӣ Муҳаммадалӣ, Теҳрон, 1349.

“Масолик ва мамолик”, Истахрӣ, тарҷумаи куҳани форсӣ, ба кӯшиши Эраҷи Афшор, Теҳрон, 1347.

 “Бурҳон қотеъ”, Муҳаммадҳусайн ибни Халафи Табрезӣ, ба кӯшиши Муҳаммад Муин, Теҳрон, 1330.

“Таърихи Балъмӣ”, ба кӯшиш Муҳаммадтақии Баҳор ва Муҳаммад Парвин Гунободӣ, Теҳрон, 1353.

«Дар бораи лақаби Баҳром, сардори машҳур Соcонӣ», Холиқии Мутлақ, “Ёдномаи доктор Аҳмадтфазлӣ, ба кӯшиш Алӣ Ашраф Содиқӣ, Теҳрон, 1379.

“Аждаҳо дар асотири Эрон”, Мансур Растагор, Шероз, 1365.

“Зайнулахбор”, Гардезӣ, ба кӯшиш Абдуллоҳи Ҳабибӣ, Теҳрон, 1363. “Муҷмал-ут-таворих”, ба кӯшиш Муҳаммадтақии Баҳор, Теҳрон, 1318.

Таҳияи Р. Давлатов