Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ дар назар дорад 25 июни соли 2026 ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон-Афғонистон” Конфроси илмӣ -амалӣ дар мавзуи «Нақши Афғонистон дар раванди музокироти сулҳ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон» баргузор намояд.
Ҳадафи конфронс:
Баррасии нақши роҳбарияти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, роҳбарони неруҳои сиёсиву созмонҳои ҷамъиятии он дар ҷараёни музокироти сулҳи тоҷикон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳми ин раванд дар таъмини сулҳ дар Тоҷикистон мебошад.
Дар конфронс масъалаҳои зерин мавриди баррасии илмӣ қарор дода мешаванд:
- вазъи сиёсӣ ва амниятии минтақа дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон;
- нақши роҳбарияти сиёсии Афғонистон дар баргузории музокироти байни тоҷикон;
- мусоидати ҷомеаи байналмилалӣ ба раванди сулҳ;
- аҳамияти мулоқотҳои сатҳи баланди Кобул ва Хустдеҳ дар омодасозии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон;
- таҷрибаи музокироти сулҳи Тоҷикистон ва аҳамияти байналмилалии он;
- дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар шароити муосир.
Аз олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, унвонҷӯёну докторантон ва дигар алоқамандони соҳаи таърих, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ даъват мешавад, то дар кори Конфронси илмӣ-амалӣ иштирок намоянд.
Муҳаққиқоне, ки хоҳиши доранд дар кори конфронс бо маърузаи илмӣ иштирок намоянд бояд то 19.06.26 номи мавзуи суханронии худро ба МШМХ пешниҳод намоянд.
Шахси масъул:
Ворисов С. Тел.: 939991037
Вақт ва макони баргузории Конфронс
Сана: 25 июни соли 2026
Макон: Маҷлисгоҳи МШМХ АМИТ
Оғоз: соати 9.00
Забони конфронс: тоҷикӣ.
Кумитаи тадорукоти конфронс
Шуъбаи омӯзиши кишварҳои Шарқ,
Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ АМИТ
Тамос: 2215689
Моб: 939991037
Почтаи эл: sadivorisi@gmail.com
