(Матни суханронӣ дар  семинари илмию назариявӣ дар мавзуи «Нақши олимони ватанӣ дар ташаккули хизмати дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 22-юми январи соли 2026).

Қ.Искандаров, доктори илмҳои таърих,

 сарходими илмии Маркази шарқшиносӣ

 ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ

 

 

               Воқеан таҳлили “Нақши олимони ватанӣ дар ташаккули хизмати дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар  соли ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавзуи хеле муҳимми илмӣ ва ҳамзамон давлатдорӣ мебошад.

               Хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди муҳимми давлатдорӣ дар шароити мураккаб, баъд аз расидан ба истиқлоли давлатӣ  ташаккул ёфтааст. Бешубҳа, дар ибтидо  нақши олимон, махсусан кормандони Академияи миллии илмҳо дар шаклгирии ниҳоди хизмати дипломатӣ хеле калон аст. Ниҳоди хизмати давлатӣ дар раванди ташаккул ва рушди худ на танҳо ба таҷрибаи амалӣ, балки ба дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  такя мекунад. Мо шоҳид будем,  дар солҳои баъд аз истиқлолият олимон— таърихшиносон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, шарқшиносон ва мутахассисони соҳаи муносибатҳои  байналмилалӣ  ҳастаи асосии кадрҳои роҳбарикунандаи Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медоданд. Зеро дар  марҳилаи ибтидоии ташаккули Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (солҳои 1991–1994), норасоии дипломатҳои касбӣ, ба таври ҷиддӣ эҳсос мешуд ва  ин ниҳод аз ҳисоби элитаи илмӣ — олимони  Академияи илмҳо ва устодони донишгоҳҳо, пеш аз ҳама Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ), пурра карда мешуд. Масалан, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манбаи асосии, на танҳо кишваршинос, балки  мутахассисони забонҳои арабӣ, форсӣ ва англисӣ табдил ёфт, ки барои барқарор кардани робитаҳо бо ҷаҳони араб ва Ғарб аҳамияти калидӣ дошт.

             Аввалин вазири корҳои хориҷӣ баъд аз Лақим Қаюмов, ки аз соли 1989 ин вазифаро ифо менамуд Худойбердӣ Холиқназаров, шарқшинос, номзади илмҳои таърих, ки дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекард,  соли 1992 вазири корҳои хориҷӣ таъин гардид[2, с. 525]. Баъд аз Иҷлосияи XVI  Шурои Олӣ Рашид Олимов (1992–1994 гг.) Вазорати корҳои хориҷиро роҳбарӣ мекард, ки аз ҷумлаи  олимон буд ва дар давраи фаъолияти ӯ сиёсати бисёрсамтаи хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои беруна шакл гирифт.

          Яке аз намунаҳои барҷастаи гузариш аз илм ба дипломатия академики  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ ректори ДМТ ва ноиби президенти Академияи илмҳо Талбак Назаров мебошад. Ӯ зиёда аз 12 сол (аз соли 1994 то соли 2006) Вазорати корҳои хориҷиро роҳбарӣ намуда, ба меъмори сиёсати хориҷии муосири кишвар табдил ёфт.

           Аз ҷумлаи кормандони илм, ки ба кори дипломатӣ гузаштанд метавон аз Зафар Сайидзода (Саидов), доктори илмҳои таърих, Тоҷиддин Мардонӣ, арабшинос ва доктори илмҳои филологӣ, А.Юлдошев, номзади илмҳои филологӣ, арабшинос ва дигарон ёдоварӣ намуд.

         Ташаккули дипломатияи миллӣ мебоист дар пояи илмӣ таъсис мешуд  ва дар чунин шароит, маҳз олимон бо таҳияи консепсияҳои назариявӣ, омӯзиши таҷрибаи таърихӣ ва байналмилалӣ, инчунин пешниҳодҳои илмӣ барои ташаккули:

-асосҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ;

-принсипҳо ва афзалиятҳои дипломатияи миллӣ;

-ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ;

 саҳми назаррас гузоштанд.

Олимони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи давлатӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла:

  • Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • қонунҳо ва қарорҳои марбут ба фаъолияти дипломатӣ;
  • асосҳои шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши муҳим бозиданд.

       Таҳлилҳои илмии онҳо ба ташаккули сиёсати хориҷии мутавозин, сулҳҷӯёна ва мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ мусоидат намуд.

           Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти  олимон — тайёр кардани кадрҳои касбии дипломатӣ мебошад.

         Профессор Шарофиддин Имом фаъолияти худро дар соҳаи хизмати дипломатӣ маҳз аз  ҳамин кор-тайёр кардани кадрҳои соҳаи хизмати дипломатӣ ва дар маҷмуъ муносибатҳои байналмилаӣ оғоз намуд. Зеро давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон  ва соҳаи хизмати дипломатӣ ба чунин кадрҳо ҷиддан ниёз дошт.

             Бо ташаббуси Ш.Имом соли 1997 дар факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ  ва каме дертар кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ таъсис ёфт. Ш.Имом  авал иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ва соли 2003 дар асоси озмун мудири кафедра интихоб гардид.

            Бояд дар назар бигирем, ки то он вақт дар Донишгоҳ чунин кафедра вуҷуд надошт ва зарур буд, ки тамоми корҳо аз сифр оғоз шавад. Бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Ш.Имом барномаҳои таълимии соҳаи равобити байналмилалӣ ва дипломатия таҳия гардиданд. Як хислати хуби Ш.Имом, ки аз кордонию масъулияти баландаш дарак медод, ҷалби мутахассисону донишмандон ба кафедра, ба ҳайси ҳамкор буд. Иттифоқан ман ҳам дар ҳамон солҳо ба ин факулта даъват шуда, таълими як курси махсусро дар он ба уҳда доштам.

            Дар ҳамин давра китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва таҳқиқоти илмӣ дар самти муносибатҳои байналмилаӣ ба вуҷуд омаданд. Фаъолиятҳои Ш.Имом, бешубҳа  ба ташаккули насли нави дипломатҳои тоҷик, ки дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва малакаҳои муосир буданд, замина фароҳам овард.

           8 августи соли 2003  Ш.Имомов мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва баъди 4 моҳ -12 декабри ҳамон сол мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ таъин гардид[].

         Бо вуҷуди кори пурмасъулият дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон мудирии кафедраро ҳам ба уҳда дошт, ки аслан як падидаи истисноӣ аст. Аммо, ба қавли худи  Шарофиддин Имом Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шахсан ба ӯ иҷозат дода буд, ки дар басти 0, 95 ин вазифаро иҷро кунад.

              Бо ин кор, албатта ҳам кори илмиро давом медод ва ҳам кори педагогиро, ки натиҷаи он навиштани мақолаҳо, китобу воситаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ  гардид.

              16 июли соли 2007 Ш.Имомов Директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин гардид. Иттифоқан дар ин солҳо банда дар ин Институт кор мекардам ва медидем, ки бо чи ташаббусҳое корро дар ин Институт оғоз кард[5.

14 октябри соли 2008  бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш.Имом Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  таъин гардид[4].

           Ин таъин бисёр муносиб ва пураҳаммият буд, зеро дар шароити Афғонистон маҳз як олими шарқшинос, ба хусус афғонистоншинос, ки ҳам кишварро хуб медонад ва ҳам аз вежагиҳои хизмати дипломатӣ бархурдор аст, метавонад сиёсати давлатро дар он кишвар татбиқ намояд.

         Давраи сафорати Ш.Имом ба давраи сохтмони бинои Сафорат рост омад. Воқеан ҳам бо роҳбарии бевоситаи сафир як бинои бисёр зебо ва муҳташами Сафорат дар маҳаллаи дипломатнишини Вазиракбархон сохта шуд.

         Бояд изҳор намоям, ки ман дар он солҳо ба Афғонистон барои иштирок дар конференсияҳои илмӣ зиёд рафтуомад доштам ва дар ҳар як сафар моро ба сафорат даъват мекард ва бо як завқу салиқаи хосе ки доштанд, ҳар утоқи бино , маҳалли буду бош ва махсусан боғи зебое, ки парвариш намуда буданд, ба мо нишон медоданд. Бояд ёдовар шавам, ки барои ин боғ аз ҳама минтақаҳои Афғонистон ниҳолҳо оварда буд, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳам. Воқеан як боғи бисёр зебо ва бо меваҳои гуногун парвариш карда буд.

         Як чизи бисёр муҳиме, ки ман ҳаноми сафарҳоям мушоҳида менамудам, ин меҳмоннавозии сафир, на танҳо аз мо ҳамватанону дӯстонаш, балки аз нухбагони афғонистонӣ буд. Маҳз дар ҳамин сафорат ман бо чандин вазиру, раису олиму генералу  намояндагони элитаи Афғонистон ошно шудаам. Сафири Тоҷикистонро бисёр эҳтиром доштанд ва уро ҳамчун донишманди афғонистоншинос ва як сафири бисёр мувафффақ медонистанд. Воқеан Шарофиддин бисёр ҳамсуҳбати хуб буданд, ки  метавонистанд таваҷҷуҳи дигаронро ҷалб намоянд.

         Ш.Имом ҳамчун олим, муҳаққиқи Афғонистон тавонист барои муаррифии сиёсати давлати Тоҷикистон, ҳамчун намояндаи сиёсии кишвар саҳми бисёр боризе гузорад, аз манфиатҳои давлат ва миллат дифоъ намояд, имиҷи давлати Тоҷикистонро боло барад. Зеро дар як кишвари хориҷӣ аз шахсияти сафир, аз донишу маҳорати сухандонию дипломасии Сафир бисёр чиз вобастагӣ дорад. Ӯ бо намояндагони сатҳи болои Ҳукумати Афғонистон муносибатҳои хуб барқарор намуда буд. Ба назарам, ҳамин мутахассиси Афғонистон будани ӯ дар ин кор мусоидат мекард.

         Донишмандӣ ва тахассуси Ш.Имом барои таҳия ва пешниҳод намудани гузоришҳои таҳлилӣ оид ба вазъияти Афғонистон ва сиёсатҳои кишвар ҳам  бисёр таъсиргузор мебошад.

         Шояд ҳамин дониши васеъ ва хидматҳои сафир буд, ки Ш.Имом 12 сол бетанаффус дар мансаби сафирӣ кор  карданд ва ба унвони Шайхусуфаро дода сазовор гардида буданд.

          Табиатан дар баробари кори пурмасъулияти сафирӣ Ш.Имомов ба таҳқиқи таърихи Афғонистон ҳамеша машғул буданд. Яке аз таҳқиқоти муҳими ӯ дар ин давра  таҳияи китоби “Нигоҳе ба таърихи тоҷикони Афғонистон дар нимаи дувуми қарни XIX ва қарни XX” мебошад[ 1].

             Хидмати дигари Ш.Имом ба нашр расонидани осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пшвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хати форсӣ дар Афғонистон аст, ки мардуми Афғонистонро бо афкори Пешво ва дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ шинос менамуд.

           Ш.Имом ҳамчун сафир ва олим ҳангоми фаъолияти кориаш дар Афғонистон кӯшиш намуд то  дар ифтитоҳи толори академик Муҳаммад Осимӣ дар Раёсати Академияи илмҳои Афғонистон мусоидат намояд.  Ҳангоми сафари банда ба Академияи илмҳои Афғонистон як толор ё аниқтараш як утоқи бузургро барои таъсиси толори хотиравии академик М.Осимӣ ҷудо намуданд. Аҳли илми Афғонистон дар хотир доранд, ки академик М.С.Осимӣ дар ташкили Академияи илмҳои Афғонистон хизмати калон намуда буданд. Мо аз Душанбе як қолин бо акси  академик Осимӣ ва китобу лавзимоти дигарро ба Сафорат бурда будем ва мебоист ин толор ба таври расмӣ ифтитоҳ мешуд. Аммо вазъияти бисёр ноором монеи ин кори хайр гардид.

       Ш. Имом бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бинобар ба нафақа баромадан, аз вазифа озод карда шуд [3 ].

         Ҳамин тавр, дар намунаи доктори илмҳои таърих, профессор, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Имом метавон хулоса намуд, ки саҳми элитаи илмӣ дар ташаккул ва рушди низоми хизмати дипломатӣ ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас аст.

                                           Адабиёти истифодашуда

1.Имом Ш.М. Нигоҳе ба таърихи тоҷикони Афғонистон дар нимаи дувуми қарни XIX ва қарни XX”. -Душанбе, 2013.

2.Раҷабзода А.Н. Нақши Талбак Назаров дар рушди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994-2006)// https://cyberleninka.ru/article/n/na-shi-talbak-nazarov-dar-rushdi-vazorati-kor-oi-hori-ii-um-urii-to-ikiston-1994-2006/viewer.

3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъин намудани Имом Ш.З. //https://khovar.tj/2020/09/farmon-oi-prezidenti-um-urii-to-ikiston-66/ (санаи муроҷиат: 28 сетябри соли 2020).

4.Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод намудани Имом Ш.З. //https://khovar.tj/2020/09/farmon-oi-prezidenti-um-urii-to-ikiston-66/ (санаи муроҷиат: 28 сетябри соли 2020).

5. Шарқшиносии тоҷик (1958-2008).-Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2009.