Нуктае хуш гуфтааст он дурбин,

Адл дорад мулкро қоим, на дин.

Куфркеше, к-ӯ ба адл омад фареҳ,

Мулкро аз золими диндор беҳ.

 

        Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1414 дар Харҷурд ном мавзеи шаҳри Ҷом таваллуд шудааст. Ҷомӣ таҳсили ибтидоиро дар Ҷом гирифта, баъдан барои такмили дониши худ ба Ҳирот меравад. Ӯ 9 сентябри соли 1492 дар шаҳри Ҳирот аз олам даргузаштааст. Мазори Ҷомӣ дар шаҳри Ҳирот воқеъ аст.

     Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи афкори ҷамъиятиву фалсафӣ ва ахлоқии мардуми тоҷик яке аз мутафаккирони пешқадам шинохта шуда, андешаҳои ҳакимонаи ӯ дар тули асрҳои зиёд дар ташаккули тафаккур ва ахлоқи мардуми тоҷик ва дигар мардумони Шарқ низ таъсири зиёд расонидааст.

       Ӯ дар Ҳирот аз устодони замони худ Хоҷа Алии Самарқандӣ, Мавлоно Шаҳобиддин, Муҳаммад Ҷоҷармӣ[] илмҳои маонӣ ва баён, мантиқу ҳикматро меомӯзад. Сипас, ба шаҳри Самарқанд рафта, дар ҳузури Мавлоно Фатҳуллоҳи Табрезӣ ва Қозизодаи Румӣ илмҳои риёзӣ ва ҳайатро меомӯзад. Ҷомӣ илмҳои замони худ – сарф, наҳв, маонӣ, мантиқ, ҳикмати машшоӣ, ҳикмати табиӣ, ҳикмати риёзӣ ва илми каломро аз худ менамояд.

        Абдураҳмони Ҷомӣ афкори пешқадами худро дар руҳияи инсонпарварӣ, хираду инсоф ба қалам дода, ёдгории пурмуҳтавову гаронбаҳое боқӣ гузоштааст.

          Назар ба манбаъҳои таърихӣ дар замони ҳукмронии Абусаид[] (1457-1469) таассуби динӣ ва авомфиребии шайхону пешвоёни дин хеле авҷ мегирад. Чунин аҳволро Ҷомӣ барин марди равшанбин бетарафона мушоҳида карда наметавонист. Ӯ бо роҳҳои гуногун ба муқобили ин аъмол мубориза мебурд.

        Мирзо Турсунзода дар бораи афкори баланди Ҷомӣ, ки дар либоси назми пок ва самимӣ ороста шудааст, таъкид менамояд, ки «Шоири бузург агарчанде пири нақшбандия буд, шайхони ҷоҳилро, ки мардуми авомро фиреб дода, ба гумроҳӣ меандохтанд ва аз дину шариат доми ҳилаву тазвир месохтанд, сахт ба зери танқид мегирифт».

        «Бесабаб нест, ки – менависад академик Муҳаммад Осимӣ, – Ҷомӣ бо шайхону зоҳидоне, ки қаламрави давлати Темуриёнро мисли занбӯрхона пур карда буданд, мубориза мебурд. Дунёпарастӣ ва ҷоҳталабии онҳоро фош ва ба овози баланд ба ҳама эълон мекард»:

 

Ҳазар аз суфиёни шаҳру диёр,

Ҳама номардуманду мардумхор.

Корашон ғайри хобу хӯрдан не,

Ҳеҷашон фикри рӯзи мурдан не.

 

      Бисёр шеърҳои зиддисуфиёнаи Ҷомӣ маҳз дар ҳамин замон навишта шуда, ҳадафҳои муайяне доштанд ва ба муқобили шахсони воқеӣ нигаронда шуда буданд. Баъзе онҳо ба муқобили Сайид Нуриддини Муҳаммади Экӣ, Мулло Ҷалол, Садриддини Равосӣ ва амсоли инҳо, ки бо номи кашфу каромот бо ҳазор ҳилаву найранг шуури мардумро ботил гардонида, дороияшонро мегирифтанд, суруда шудаанд. Аз ин ашхос, хусусан Равосӣ, ки кибру ғурури зиёд дошт, бо худнамоиву маккорӣ доми тазвир гузошта, зудбоваронро доимо сайд мекардааст. Ӯ дар як баҳс бо Ҷомӣ мағлуб мешавад ва чилла нишаста, боз мардуми зиёдеро аз турку тоҷик дар атрофаш ҷамъ карда, мағлубияти худро аз Ҷомӣ чун амри тасодуф шарҳ медиҳад. Ҷомӣ пас аз огаҳӣ ёфтан аз воқеа ғазали зеринро менависад:

 

Зи шайхи чилланишин дур бошу чиллаи вай,

Ки ҳаст чиллаи вай сардтар зи чиллаи дай...

Маҷӯй ҳолати мастон зи бонги ҳай-ҳайи ӯ,

Ки мурғи унс ҳаво мекунад аз он ҳай-ҳай.

Зи худ накарда сафар як-ду гом, аммо ҳаст

Маорифаш яке аз Руму дигаре аз Рай.

Ба шайхи шаҳр надорад иродате Ҷомӣ,

Муриди ишваи соқист ӯву нашъаи май.

 

        Ҷомӣ ҳар замон мавқеи мусоиде ёфта, бар зидди ин гурӯҳи муфтхӯр хуруҷ мекунад, аз аблаҳии ин тоифаи шайхтарошу шайхфурӯш ба фиғон омада, пардаро аз рӯйи онҳо мебардорад. Онҳоро «аблаҳону харони бедуму гӯш», «тиҳӣ аз дину хирад, аз ақлу фаросат холӣ», «ҳазёнгӯй» гуфта, бо суханҳои намакинаш мавриди накӯҳиш қарор медиҳад ва аз шарри онҳо аз Худованд панаҳ металабад:

 

Фиғон зи аблаҳии ин харони бедуму гӯш,

Ки ҷумла шайхтарош омаданду шайхфурӯш.

Шаванд ҳар ду-се рӯзе муриди нодоне,

Тиҳӣ зи дину хирад, холӣ аз басирату ҳуш.

На бар буруни вай аз ламъаи ҳидоят нур,

На дар даруни вай аз шуълаи муҳаббат ҷӯш.

Гаҳе, ки дар сухан ояд, ҳавас кунад сомеъ,

Ки кош аз ин ҳазён зудтар шавад хомӯш.

 

В-агар хамӯш шавад, ҳосили муроқибааш

Зи бори сар набувад, ғайри дарди гардану дӯш.

Нигоҳ дор, Худоё, мудом Ҷомиро,

Зи шарри зарқи риёпешагони азрақпӯш.

Ба гӯши ҳуш расон аз ҳарими майкадааш,

Садои наъраи мастону бонги нӯшонӯш.

 

        Шоир худбинӣ ва риёкории шайхонро, ки дар либоси ислом авомфиребӣ мекунанд ва хешро воқифи тамоми асрор медонанд, аммо дар асл аз оғоз ва анҷоми кор бохабар нестанд, мазаммат кардааст. Ин тоифа динро доми тазвир карда, мудом нақшаи боз ҳам бештар гумроҳ кардани мардуми одиву ба дом афтодани онҳоро мекашанд:

 

Шайхи худбин, ки ба ислом баромад номаш,

Нест ҷуз зарқу риё қоидаи исломаш.

Хешро воқифи асрор шиносад, лекин

На зи оғоз вуқуф аст, на аз анҷомаш...

Доми тазвир ниҳодаст, Худоё, маписанд,

Ки фитад тоири фархундаи мо дар домаш.

 

       Ҷомӣ дар баробари суфиёну шайхон теғи қалами худро ба муқобили гурӯҳи шуҳратҷӯи васвасабози ҷоҳили зулмпеша, хусусан зоҳидони хушку норасида низ тез карда, чунин навиштааст:

 

 Баски зоҳид ба риё сабҳаи саддона шумурд,

 Дар ҳама шаҳр бад-ин шева шуд ангуштнамо.

***

 Зоҳиди шаҳри мо аҷаб мурғест,

 Дом карда зи донаи тасбеҳ.

 

      Ҷомӣ дар ин ғазалаш бо ифтихор эълон мекунад, ки шайху шайхзода ва муриди гӯлу сода нест, балки як ринди озода аст:

 

Шукри Худо, ки шайх наям, шайхзода ҳам

В-аз мункарони гӯлу муридони сода ҳам.

Мустағниям ба тарбияти пири майфурӯш,

З-ин муршидони раҳзани азраҳфитода ҳам...

Гаштам басе ба мадрасаҳо, кас наёфтам,

К-ӯ дарси ишқ ифода кунад, истифода ҳам.

 

        Абдулвосеи Низомӣ менависад, ки баъзе аз ситампешагони Ҳирот фатвои бо руҳониёни риёкор, худбин, ки ба рӯзгори Ҷомӣ кинадорӣ ва ошуфтакорӣ доштанд, фурсатро ғанимат ёфта, байти «Май хӯр...»-ро куфр шуморида, Ҷомиро кофир эълон мекунанд. Махсусан, Садриддини Равосӣ, Камолиддин Шайх ва Ҳусейн Нақавӣ барин фақеҳон дар ин боб хурдагирӣ намуданд. Дар ин замон Ҷомӣ дар Самарқанд, дар мулоқоти Хоҷа Аҳрори Валӣ буд ва аз ҷазову иғво эмин мемонад. Ӯ пас аз ин тавтеа дар мазаммати шайх ғазале менависад, ки бо мисраи «Зад шайхи шаҳр таъна бар асрори аҳли дил...» шуруъ шуда, чунин байтҳо дорад:

 

 Маҳзар ба хуни аҳли сафо мезанад рақам,

 Ин руқъа бар ҷаҳолати ӯ бас бувад сиҷил...

 Оини сидқу расми мурувват на кори ӯст,

 Аз табъи мунҳариф маталаб ҳукми муътадил.

 

      Дар ашъори Ҷомӣ мавзуи танқиди аҳли риё асосан омехта ба мавзуъҳои ишқ, риндӣ ва бодагусорӣ инъикос ёфтааст, ки қабл аз ӯ ин анъанаро Ҳофиз ва Камол роиҷ гардонида буданд:

 

Ман, ки хидмат кардаам риндони дурдошомро,

Кай шуморам пухта вазъи зоҳидони хомро?!

То шудам фориғ ба истиснои ишқ аз ҳар мурод,

Бар муроди хеш ёбам гардиши айёмро,

Ринду суфӣ, орифу омӣ махонандам, ки ман

Гум шудам дар шоҳиду май, барнатобам номро.

 

 

Шайхи шуҳратҷӯи раъноро тамошо кун, ки чун

Дар либоси хос зоҳир шуд фиреби омро.

Муҳтасиб дар маъни май аз ҳад таҷовуз мекунад,

Мебарад з-ин феъли мункар равнақи исломро.

Ҳар кас аз ақсоми фитрат қисмати худ ёфтанд,

Зуҳдварзон ҷомаи солусу Ҷомӣ ҷомро.

 

     Ҷомӣ дар маснавиҳои худ адолатпешагиро таблиғ намуда, ҳокимони золим ва қабоҳату разолати онҳоро накӯҳиш кардааст.

     Дар байни шоирони адабиёти классикӣ камтар касе пайдо мешавад, ки мисли Мавлоно Ҷомӣ бо чунин ҷасорату қатъият рӯирост ба муқобили суфиёни риёкор ва мутаассиб баромад карда бошад. Ин амри виҷдони ӯ буд, ки бо онҳо муборизаи беамон барад. Ба ақидаи Ҷомӣ онҳое, ки худро воизу суфӣ метарошанд, бӯйе аз ирфон надошта, фақат ба хотири маишату худнамоӣ ин тариқатро пеш мегирифтанд ва аз ин рӯ савлату шукӯҳи онҳо, аммомаву фаши онҳо, ҳатто тиловату вирдгӯӣ, зикру самоъ, намозу ниёз ва илму китобашон ҳама риё ва барои тазвири халқ буда, аксари онҳо ҷуз фикри шикампарастӣ ва кибру шаҳват кори дигаре надоранд:

 

Воиз хар асту анҷумани вазъ харгала,

Гар хар равад ба харгала, натвон зи хар гила.

Аз савт тифли хурд тавоҷуд кунад бале,

Роҳи самои хар бувад овози зангула.

Осудагӣ маҷӯй зи воиз, ки халқро,

Ҷуз дарди сар намедиҳад аз бонгу машғала.

Равшан нашуд зи партави гуфтори ӯ диле,

Кай кирми шабчароғ кунад кори машъала.

Шайхи хамидапушт, ки орад ба чилла рӯй,

Аз баҳри сайди ом камон мекунад чила.

 

      Абдураҳмони Ҷомӣ аз низоъҳое, ки дар замони зиндагии ӯ дар байни пайравони мазҳабҳои суннӣ ва шиа шиддат ёфта буд, сахт изҳори нафрат намуда, аз ҳар ду безорӣ меҷӯяд. Ин нафраташро шоир дар рубоии зер чунин иброз доштааст:

 

Эй муғбачаи даҳр, бидеҳ ҷоми маям,

К-омад зи низои шиаву суннӣ қаям.

Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ?

Сад шукр, ки сагсуннию харшиа наям.

 

      Ҷомӣ дар амри идораи давлат ва ҷомеа адолатро аз ҳама чиз, ҳатто аз дин ҳам болотар медонад. Ҷомӣ ба эътиқоди худ ба дараҷае мустаҳкам аст, ки шоҳи ғайримусулмони одилро аз подшоҳи золими диндор беҳтар ва барои мамлакатдорӣ афзал мешуморад. Ба андешаи Ҷомӣ дар идораи давлат меъёр бояд адолат ва қонунмандӣ бошад, на диндорӣ.

 

Нуктае хуш гуфтааст он дурбин,

Адл дорад мулкро қоим, на дин.

Куфркеше к-ӯ ба адл омад фареҳ,

Мулкро аз золими диндор беҳ.

 

       Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамин мавзуъро тақвият дода, бар зидди сиёсӣ кардани дин дар ҷомеа сухан мегӯяд. Аз абёти ӯ ба хубӣ маълум аст, ки дар ҳамон давраи асримиёнагӣ тарафдори низом ва ҷомеаи баробарҳуқуқ ва давлатест, ки дар он дин дар идораи давлатӣ мудохила надошта бошад. Вақте шоир «Адли бедин низоми оламро» мегӯяд, ин ҷо «низоми олам» гуфта, ӯ низоми идораи ҷомеа ва давлатро дар назар дорад ва таъкид мекунад, ки назар ба низоми золимонаи динӣ, низоми дунявии одилона беҳтар аст. Ба андешаи Ҷомӣ танҳо дар партави адолат, низоми дунявӣ ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҳуқуқи аҳли ҷомеа ҳифз мешавад:

 

Адлу инсоф дон, на куфру на дин,

Он чи дар кори мулк дар кор аст.

Адли бедин низоми оламро,

Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст.

 

Дар андешаи Ҷомӣ илму амал аз якдигар ҷудо нестанд. На илми беамал фоида дорад ва на амали беилм барои ҷомеа судманд аст. Илму амал дар якҷоягӣ сабаби равнақу тараққии ҷомеаи инсонӣ хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, шоири озода аҳли ҷомеаро ба китобу китобхонӣ даъват кардааст. Бо гузашти ҳудуди 600 сол аз замони Ҷомӣ ҳанӯз ҳам андешаҳои ӯ пойбарҷо буда, моя ва ангезаи рушду тараққӣ барои наслҳои кунунӣ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои равнақи илму адабиёт, густариши фарҳанги китобхонӣ ва кашфи истеъдодҳои нав озмуни ҷумҳуриявиеро эълом намуданд, ки номи онро мисраи маъруфи Абдураҳмони Ҷомӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зеб медиҳад.

   Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.