Ҳар як миллати мутамаддин ва пурқудратро дар арсаи ҷаҳонӣ дар баробари таъриху тамаддун, анъанаву урфу одат, мероси бою гаронба- ҳо, забону фарҳанг, инчунин бо фарзандони фарзонаи миллаташ мешиносанд ва қадр мекунанд.
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз фарзандони фарзонаи миллат мебошад, ки гузаштагони худ-аз Куруши Кабир то Исмоили Сомониро бо анъанаҳои давлатдории ҷаҳони муосир тавъам сохта, як давлати поядори демокративу дунявӣ бунёд намуд, ки дар Конститутсияи он ҳуқуқҳои инсон дар ҷойи аввал гузошта шудааст.
Иҷлосияи Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вақте ки Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қабул намуд, ин марҳилаи наву тозае дар ҳаёти миллати тоҷик буд. Зеро Иҷлосияи Шурои Олӣ Ҳукумати нави қонуниро ба миён овард, ки ин марҳилаи муҳим барои бартараф кардани бисёр аз мушкилиҳои давлату ҳукумат гардид. Падидаҳои ин Иҷлосияи тақдирсоз дар қабул намудани 74 санади ҳуқу қӣ, ки тамоми гӯшаҳои сарду торики зиндагии мо тоҷиконро гарму мунаввар сохта, ба миллати тоҷик инсонвор зиндагӣ карданро омӯхт, падидор гардид. Яке аз муваффақиятҳои калони Иҷлосияи XVI ин шинохти ҳукумати нави конститутсионии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аҳамияти таърихии Иҷлосия дар он буд, ки нахустин маротиба бо риояи меъёри ҳуқуқи байналмилалӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихал- қӣ қабул гардида, барои расидан ба сулҳ ва ризояти миллӣ замина гузошт.
Ҳамин тавр бо шарофати Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагии нави мардуми тоҷик оғоз гардид, ки бо боварӣ метавон ин давраро давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистон номид ва дар ин давра сатҳи худшиносӣ ва ифтихори миллии мардуми тоҷик аз будаш ҳам зиёдтар боло рафт. Миллати тиҷик ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро мақому мароми худ қарор дод.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар То ҷикистон мақому манзалати муҳим дорад. Бо гузашти сол- ҳо, хоса бо назардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир, моҳияти ин рӯйдоди таърихӣ барои мардуми тоҷик тамоюли афзоишро касб намуда, ҷойго- ҳи онро бамаротиб боло бурдааст.
Дастовардҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиши кишвари азизи мо дар ин давра зиёданд.
Хушбахтона, ҳоло дар кишвари мо сулҳу ваҳдат устувору побар ҷоянд, вале ин ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки фориғбол бошему бетафовут. Ҳарчанд ба ёд овардани он айём хушоянд нест, аз лавҳи хотир зудудани он низ қобили қабул буда наметавонад.
Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд: «Шахсе, ки гузаштаи миллаташро ба хотир намеорад, ҳеҷ гоҳ ба ояндаи миллаташ баҳои арзанда нахоҳад дод».
Як ҷанги бемаънии кӯтоҳмуддате, ки дар кишвари мо рух дод, тадриҷан зеҳни мардумро аз ҳама чиз дур кард ва ҳар кас дар ни ҳонхонаи хаёлии худ бо маъшуқи хаёлӣ шиква меварзид.
Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ин бадбахтиҳои фоҷеафар ҷомро дарк карданд ва дафъатан аз пайи ислоҳаш шуданд. Сарвари давлат бо боварӣ қайд карда буданд, ки «Гарчанде душманони миллати тоҷик хазинаҳои давлатро ба яғмо бурданд, ман руҳафтода намешавам. То ки миллати сарбаланди тоҷик тавонист, мероси бою аҷдодияшро, ақли солими ӯст, ҳифз кунад, боз ӯ метавонад, ки бо донишу хираде, ки аз гузаштагони миллаташ ба мерос гирифтааст, давлату давлатдорӣ, фар ҳанги миллӣ ва тамоми анъанаю урфу одати милаташро ба даст оварда, хазинаҳои давлаташро аз нав пур гардонад».
Шахсе, ки гузаштаи миллаташро ба ёд намеорад, ҳеҷ гоҳ ба ояндаи миллаташ баҳои арзанда дода наметавонад. Мо набояд ҳаводиси пурфо ҷиаи замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки ҳаёти осоиштаи халқи моро ба фоҷиаи миллӣ табдил дода буд, фаромӯш созем. Насли нисбатан солор, хоса онҳое, ки шоҳиди даргириҳои фоҷиаовари шаҳрвандӣ маҳ- суб мешаванд, бояд ба насли наврас мунтазам ҳушдор диҳанд, ки ин Ваҳдату Истиқлолияти кишвар, ки марҳиллаҳои аввалаш оштӣ, ба макон баргардонидани гурезаҳо, оромию осоиштагӣ ва ободию тараққиёти кишвар буд, ба осонӣ ба даст наомадааст.
Ҷанги бемаънии шаҳрвандие, ки дар кишвари мо рух дод, зеҳни мардумро аз ҳама чиз дурр сохт ва бо сабаби аз кор мондани баъзе адабистонҳо ба як зуддии даҳшатовар як зумра фарзандони нохалафи модари тоҷик арзи ҳастӣ намуда, ҷомеаро мисли алафи зарпечак фаро гирифта буданд, ки имрӯз ҳам дар ҷомеа ҷо-ҷо ин гуна алафҳои зарпечак ба назар мерасанд.
Ба ёд овардани он рӯзҳо моҳиятан рисолати ҳушдордиҳиро низ касб карда, моро ба зирактар будан аз лиҳози сиёсӣ даъват менамояд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро доимо ҳифз ва чун гавҳараки чашм нигоҳ бидорем.
Насли навраси мо, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба онҳо бениҳоят зиёд аст, бояд дарк созанд, ки тундравию худхоҳӣ, мансабталошӣ, ҷангу хунрезӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани ҳокимият ва сарфи назар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Конститутсия нишондода бадбахтиҳои фоҷеафарҷомро ба бор меоранд.
Бамаврид аст ёдовар шавам, ки он вақт - замони баргузории Иҷлосияи таърихии сарнавиштсози шонздаҳуми Шурои Олӣ вакилони дорои таҷрибаи зиёди корӣ буданд, вале аксар аз масъулияти ба дӯш гирифтани вазифаи роҳбарии давлату Ҳукумат дар ҳарос буданд. Бояд ифтихор кард, ки бо азми паҳлавонӣ ва нияти нек фарзанди фарзонаи модари тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рисолати таърихиро ба зимма гирифтанд, ки ин шахс аз рӯзи ба курсии роҳбарӣ нишастанашон аввалан масъалаеро, ки дар назди вакилони Шурои Олӣ гузоштанд, ин барқарор кардани ҳокимияти давлатӣ буд. Дар ин замина муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Конститутсияро тадриҷан таҳия карданд, ки ин санади муҳими давлатдориро вобаста ба иродаи халқ қабул созем ва худи халқ бояд сохти давлатдориашро бевосита худ муайян намояд.
Ҳар як фарзанди баору номуси миллат фаромӯш накунанд, вақте ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон шуд, кишвари мо муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ надошт, чунки дар вақти таъсисёбии ҳукумат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида, хазинаҳои давлат ба яғмо бурда шуда буданд. Бояд ногуфта намонад, ки халқи мутамаддини тоҷик ақли азалие, ки аз аҷдодони гузаштааш ба мерос гирифта буд, дар мади аввал гузошта, бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллаташ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату давлатдориро сохтанд.
Имруз бо боварӣ ва як ҷаҳон ифтихормандӣ қайд намуд, ки моҳияти Ваҳдати миллӣ он қадар фузун шудааст, ки баён кардани он ғайриимкон аст. Дар замоне, ки миллати тоҷик ба рӯзи дигар итминон надошт, ин рӯйдоди нодири таърихӣ ба онҳо эътимод бахшид, гӯшаҳои сарду торики мардумро мунавар сохта ба мардуми тоҷик инсонвор зиндагӣ карданро омӯхт, ки ин миллати мутамаддин метавонад дар эъмори давлати пешрафта комёб гардад.
Хулоса, мо бояд бештар аз пештара ба қадри заҳмату хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, дар атрофи андешаву ғояҳои ин абармарди миллат муттаҳидтар гардем ва исбот намоем, ки меросбари воқеии таъриху фарҳанги миллати тоҷик буда, нисбат ба фардои фарзандон бетараф нестем. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид кардаанд: «Дастоварди бузурги таърихӣ - ваҳдати миллиро гиромӣ доред, онро эҳтирому эҳтиёт кунед, ояндабину дурандеш бошед, парчами ваҳдатро баланд бардоред, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошед ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст доред».
ТОҶИКИСТОН
Лаҳзае, ки Тоҷикистон,
Пораву садпора буд.
Лаҳзае, ки Тоҷик аз домони ӯ овора буд,
Лаҳзае, ки тахти тоҷик бесару сарвар шуда,
Лаҳзае, ки доманаш аз хуни тоҷик тар шуда.
Лаҳзае, ки Точикистон сӯхтаву пурдуд шуд,
Лаҳзае, ки сарвару саркардаҳош нобуд шуд.
Ин макони пораву бишкастаро,
Ҳеҷ фарзанде набуди мутако.
Сарварам,эй марди донову далер,
Сӯи тахт гашти равон монанди шер.
Дар нигоҳат нури имон доштӣ,
Донаи умед ба дилҳо коштӣ.
Аз дурахши нури имонат чунон,
Гашт равшан роҳи тори тоҷикон.
Олам аз гуфтори ту дар ҳайрат аст,
Ҳар сухан, ҳар гуфтаи ту ҳикмат аст.
Бо ту ин вайронаҳо обод шуд,
Бо ту дунёи дигар бунёд шуд.
Ҳар гиёҳу ҳар гули ин сарзамин,
Ҳар нигоҳи тифлакони нозанин.
Ҳар садои хандаи пиру ҷавон,
Сӯи ту дар саҷда бошад ноаён.
Тоҷикистон бо ту монад то абад,
Ай ҷавонмарди шуҷоу бо хирад.
ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Аз нигоҳат нури Яздонӣ аён шуд,
Аз қудумат Тоҷикистон гулфишон шуд,
Кишвари садпора аз нав қомат афрохт,
Тоҷик аз нав тоҷдору ҷовидон шуд.
То туро орад худовандат ба дунё,
Ҳарчӣ буд дар қалби ӯ аз некиҳо.
Он ҳама дар синаи ту ҷо намуд,
Пас фуруд овард туро аз ба ҳри мо.
Омади аз нури Яздон дар дилат,
Нурборон карда ҷову манзилат.
Ҳар макону ҳар ниҳоли нозанин,
Ҳар ниҳоли киштаи ин сарзамин.
Саҷда меорад ба номи неки ту,
Ҳар қудумат шуд муборак бар замин.
Меҳри тоҷикро сипар хоҳам туро,
Ҳурмати аҳли башар хоҳам туро.
Душманонат зери поят сарнагун,
Тоҷи Сомонӣ ба сар хо ҳам туро.
Аз нишони тир бошӣ дар амон,
Бо дуои пир монӣ ҷовидон.
Нур бирезад бар макону манзилат,
Нури дил рехти ба ҳар як хонадон.
Ходими пешбари илмии
Маркази мероси хаттии
назди Раёсати АМИТ
Мавҷуда Хуҷова