Мирғиёсиддини Ғиёсӣ, яке аз ситорагони тобнок дар осмони пурситораи назми форсӣ аст, ки фарҳанг ва адабиёти тоҷику форс бо ин фарзанди фарзонааш дар тамоми дунё менозад, лекин бо сабабҳои гуногун симо ва ашъори ин шоири тавонои адаби форсӣ монанди дигар шахсиятҳои илмию фарҳангӣ аз назарҳо дур монда, бештари ашъораш номукаммалу хирра ба чашм мерасад. Хотирнишон намудан ба маврид аст, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоир дар адабиёти илмӣ маълумоти ночиз ва ниҳоят мухтасар мавҷуд буда, барои пурра маълумот додан дар бораи зиндагиномаи шоир имкониятҳои пурра дода наметавонад. Ҳатто дар «Девон»-и шоир ҳам дар борааш чизе гуфта нашудааст.

Мирғиёсиддини Ғиёсӣ фарзанди амир, дар соли 1117 ҳичрӣ дар ҷурми Бадахшони Афғонистон ба дунё омадааст.Ӯ яке аз шоирони бузурги афғонистон буда, аз худ мероси бою гаронбаҳоеро ба баъдинагон ба мерос гузоштааст. Ӯ донишҳои адабӣ ва арабиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, сипас барои камол бахшидан ба дониши худ ба кишвари ҳинд сафар кардааст. Дар ягон сарчашма то чанд муддат дар кишвари Ҳинд  иқомат кардани ӯ маълумот дода нашудааст, аммо аз баъзе ғазалҳояш маълум мегардад, ки таҳсилоташро дар ҳамон ҷо ба поён расондааст.

Адабиёти садаи XVIII, бахусус дар нимаи аввали он хуб маълум набошад ҳам, нимаи дуюми он дар давраи ҳокимияти Султоншоҳ, беҳтар шудани вазъи иқтисодию фарҳангӣ ба чашм мерасид. Дар ин давра шоирон Мавлавии Абдулғаффор, Ғиёсуддини Ҷирмӣ аз Ҳинд баргаштанд ва бо Муҳаммадалии Комил, Ошиқ, Ҳашмат ва Муҳташам пайваста фаъолият доштанд. Дар садаи XIX ва ибтидои садаи XX зиёда аз 60 нафар шоир дар Бадахшон зиндагӣ мекард ва фаъолияти адабии пурсамар дошт, ки яке аз онҳо Ғиёсии Бадахшонӣ мебошад.

Маҳорати ҳунарии Ғиёсии Бадахшонӣ дар ҷомаи ирфон барои ба тарзи воқеӣ рӯи дафтар овардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба кор рафта, шоир бештар ба садоқати инсони комил ва хушахлоқ дар рӯзгор, алалхусус ба роҳи ишқи ҳақиқӣ таваҷҷуҳ дорад. Вай барои рӯшан намудани симои фардии қаҳрамонҳояш бештар ба ҷаҳони рангорангу пурпечутоби онҳо ҳадафмандона нигоҳ менамояд ва бештар ҳамчун вассофи як инсонӣ воқеӣ ҳунарнамоӣ мекунаду доир ба онҳо назари мусбат дорад, чунки онҳо  аввалан барои фаро гирифтани бисёре аз рукнҳои зарурии расму ойину дину мазҳаби xорӣ ва тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ хизмат кунад, сониян алайҳи ахлоқи разилаи ҷомеаи ҳамаи давру замонҳо судманду монданӣ мебошад.

Ашъори Ғиёсӣ   бо лаҳну забони равону соддаи мардумиву ороиши бадеии аз ҳар ҷиҳат диққатҷалбкунанда эҷод шудааст, ки шаҳодати маҳорати баланди эҷодӣ доштани муаллифи он мебошад ва инчунин  абъоди мухталифе доранд: ирфонӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ва ошиқона, ки дар онҳо мавзуъҳои гуногун ба чашм мехурад. Шеърҳои иҷтимоии шоир орифонаю ошиқонаанд, ки хонанда дар вақти мутолаа кардани ашъораш бад-онҳо даст ёфта метавонад. Зарур ба таъкиди дигарбора аст, ки хамирмояи ашъори Ғиёсии Бадахшӣ аз муҳтавои ирфон шӯрида шуда, таҳдоби он аз санги тарошидаи тасаввуф поягузорӣ шуда бошад ҳам, дар он ҳикмату андарз ба ҳамнавъон ҷои асосиро ташкил мекунад, лекин асосан ҷанбаи тасаввуфӣ-ирфонӣ зиёдтар ба назар мерасад, чунки, тасаввуф дар тӯли асрҳои тӯлонӣ дар Бадахшон нақши муҳимме пайдо кардааст. Бештарин нуфузро дар Бадахшон тариқати нақшбандия доштааст ва «Насамату-л-қудс» дар шарҳи аҳволи машоихи нақшбандия мебошад. Муаллифи он Муҳаммад Ҳошими Бадахшӣ будааст. Кубравия, бахусус аз замони Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ (1384) минтақаи Бадахшонро ба унвони пойгоҳи таблиғоти худ дар Мовароуннаҳр истифода бурд. Шогирдони барҷастаи Саййид Алии Ҳамадонӣ Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ («Хулосату-л-маноқиб»), Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ пайравони заҳабия ва нурбахшия аз мардуми Бадахшон ва Хатлон буданд. Аз ин рӯ мазмуну мундариҷаи ашъори Ғиёсии Бадахшӣ чунин бармеояд, ки  мағзи андешаҳои шоир ахлоқу фалсафаи зиндагӣ буда,  он дар ҷомаи тасаввуфу ирфон ба назм оварда шудааст. Барои  ин матлаби бениҳоят баланди инсонро дар зиндагӣ баён намудан муаллиф аз баёни фарзонагон, тоҷирон, донишмандон, ҳокимон, девонагон, дармондагон, бенавоён, шаҳватпарастон, бечорагон, тоифаҳои мухталифи ҷамъият ва дигар табақаҳои мардум бо изофа аз забони соддаву равон ва санъатҳои зиёди лафзиву маънавӣ ҳунармандонаву эҷодкорона истифода намудааст. Дар соҳаи адабиёт кам пажӯҳишгаронеро пайдо менамоем, ки дар тадқиқоти худ ба мероси  адабии Ғиёсии Бадахшонӣ мароқ зоҳир намуда бошанд ва аз ҳаёти иҷтимоӣ ва динии ӯ  ёд карда бошанд.

    Ғиёсии Бадахшонӣ дар таърихи тамаддуни форситаборон яке аз адибони сермаҳсули адабиёти тоҷику форс буда, бо мероси ғанию гаронбаҳои худ, аз ҷумла жанри ғазал, мухаммас ва қасида мақому манзалати намоёнро ишғол намудааст. Ӯ шоири соҳибдевон буда, аз худ барои баъдинагон осори бою  гаронбаҳоеро ба мерос мондааст. Нусхаҳои девони Ғиёсии Бадахшонӣ дар қатори пурарзиштарин осори инсоният дар китобхонаҳои машҳури дунё, аз ҷумла дар Ганҷинаи Маркази мероси хаттӣ дар шакли нусхаи хаттӣ нигоҳдорӣ мешаванд, ки рӯнависи девони Ғиёсии Бадахшониро нусхабардорони гуногун бо завқи худ китобат кардаанд, ки хеле  номукаммал ба чашм мерасад. Аз ин рӯ мо ба хулоса омадем, ки матни илмии девони Ғиёсии Бадахшонӣ то имруз ба таври пурра ба анҷом нарасидааст, зеро девон пур аз ғалату нуқсон ва саҳифаҳои кандашудаю даррида ва аз байн рафта қарор дорад. Аз ин лиҳоз осори Ғиёсии Бадахшонӣ  ба хусус девони ашъори ӯ ниёз ба таҳлили интиқодӣ- илмӣ дорад ва он вақти тӯлониро талаб мекунад. Ва мо  ҳам дар ин мақолаи кӯчак наметавонистем аз ҳамаи нусхаҳои дар Ганҷинаи Маркази мероси ҳаттии АМИТ буда истифода кунем ва танҳо бо нусхаи зери № 914 кори худро ба анҷом расонидем.

Дар девони шоир зери рақами № 914 қасида, мухаммас ва ғазал мавқеи асосиро ишғол мекунад, ки мавзуъҳои гуногунро дар бар мегирад. Марсия, фахрия, мадҳ, ситоиши Худову Расул бештар ба чашм мерасад. Албатта, як чизро ёдовар шуд, ки асрҳои  ХV111- Х1Х давраи пур аз табаддулоти таърихию фарҳангӣ буда, рӯзгору осори бархе  шоирони он давра ҳанӯз ба таври бояду шояд омӯхта нашудаанд, ки яке аз онҳо шоири равшанфикру зебозикр Ғиёсии Бадахшонӣ мебошад, ки саҳми арзандаи хешро дар соҳаи адабиётшиносӣ, илм ва назми тоҷик гузоштааст. Дар қарне, ки шоир умр ба сар бурдааст, мардум ҷуръати мубориза  бо ҳокимони ҷобиру ситамгарро надоштанд ва сар аз гиребони ноумедӣ ва таслиму ризову ризоят ва сарнавишту зиндагии ғамбори худ фурӯ бурда буданд ва ин боис шуд, ки навъи ирфон ва гурез аз дунё ва сӯфигариву дарвешпарварии манфӣ ва ақибафтода ривоҷ ёбад ва иддае бо номи сӯфию дарвешу зоҳиду шайх мазҳаби хурофотиро ривоҷ доданд, аммо Ғиёсии Бадахшонӣ ин гуна набуд. Ӯ ба таълимоти воқеии қуръонии худ, ки реша дар баробарию адлу инсофу ахлоқ ва садоқату саховат дошт, ба муқобили ашхоси хушкмағзу риёкор мухолифат мекард ва шоир хуб медонист, ки дар тӯли таърих сарнавишту зиндагии мазлумонаи башарро на Худованд, балки динҳо ва давлатҳо рақам мезаданд ва тавқи ғуломиро бар хилофи гуфтаҳои Худо ва паёмбаронаш бар гардани мардум меандохтанд:

Пире  на, ки аз хушкӣ ба соҳил диҳадат сайр,

Он пир, ки мустағрақи амвоҷи таҷаллист.

Пире на ки торик бувад ҷону дили ӯ,

Пире, ки дилаш машъали даммоҷи таҷаллист.

Ё худ:

Нафси Султон роҳи динам мезанад,

Аз шари ӯ деҳ паноҳам, ал - Ғиёс.

Варна бо ин феълу ин атвори ман,

Лоиқи зиндону чоҳам, ал - Ғиёс.

Дорам аз лутфаш Ғиёсиддин умед,

Гарчи зишту пургуноҳам, ал - Ғиёс.

Инчунин қисми зиёди қасидаҳои мадҳиявиашро ба устодаш Ғулом Муҳаммад маъруф ба Маъсуми Сонӣ , ки Ғиёсии Бадахшонӣ аз мактаби ӯ илми тасаввуф омӯхта, то ҳаддӣ устодӣ расидааст, бахшидааст. Дар баробари ин китоби худ бо номи «Туҳфат ул Маъсум»-ро низ ба ӯ бахшидааст, ки аз ӯ чунин ёд мекунад:

«Шаб дар Лоҳур ба хоб дидам, ки равзанае аз осмон намудор шуд, ки аз он равзана занҷире ба замин овехтаанд ва марди сабзпӯш бар сари он равзана нишастааст. Ӯ маро барои гирифтани он занҷир ташвиқ мекунад. Вақте ки даст дар ҳалқаи занҷир меафканам, занҷир ба боло меравад ва то ҷое, ки тамоми ситорагон ва кавокиби осмон ба сони нуқоти кучак пойини поям қарор мегиранд. Аз он ҷо ба василаи он пири равшанзамир, ба водиизебо ва пур аз обу гул раҳнамоӣ мешавам. Дар он ҷо ба санги зебое бар мехӯрам, ки дар он нақши қадами Рисолатпаноҳ Пайғамбари бузурги Ислом ҳазрати Муҳаммад с.с. қарор гирифтааст. Бадон бо он макони муқаддас шарафёб мешавам Баъд он пири хирад ба ман оби шаффаф ва зулол менӯшонад, ки ҳатто баъд аз бедор шудан лаззату таъми он об ҳамчун гулоби ангубин дар комам  ҷо гирифтааст.

Ғиёсӣ баъд аз бархостан аз хоб ҷараёни ин рӯъёро ба яке аз дӯстони хеш изҳор медорад. Вай барояш чунин таъбир мекунад: зуд даст дар силсилаи тариқат хоҳед зад ва ширинком хоҳед шуд. Ғиёсӣ барои амали гардидани руъёи хеш боз ба Ҳиндустон сафар мекунад ва пас аз заҳматҳои зиёд ба воситаи Хоҷахонди Маҳмуд, ки яке аз хулафои тариқаи Нақшбандия дар Лоҳур будааст, ба Хоҷа Маъсум Валиюллаҳи Сонӣ бармехурад ва домони ӯро раҳо накарда, муддати дувоздаҳ сол дар хидмати вай қарор гирифта бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ӯ ба марҳилаи бузургӣ мерасад, ки қисми зиёди ашъорашро ба ӯ бахшидааст:

Шоҳаншаҳи дарёдил, он кист, бигӯ Маъсум,

Хуршеду фалак манзил, он кист, бигӯ Маъсум.

Он Мӯсии  Тӯри ишқ дорад зи нури ишқ,

Мустағриқи нури ишқ, он кист, бигӯ Маъсум.

Ё худ:

Бар қадди кӣ зебо аст ин хилъати қутубият,

Хизри раҳи миллат кист, Маъсуми Валиюллоҳ,

Бар ман зи кӣ рӯ бинмуд, ин ҳоли Ғиёсиддин,

Сарчашмаи ҳолат кист, Маъсуми Валиюллоҳ.

Ғазалҳои Ғиёсии Бадахшонӣ ошнотарин ғазал барои хосу ом аст. Пеш аз он ки ба маҳорати суханофарии Ғиёсии Бадахшонӣ дар жанри ғазал баҳои худро бидиҳем, бояд донем, ки ҳадафи мақсадноки адиб аз истифодабарии мавзуи ишқ дар ғазалҳояш дар чист?

Аҳаммияти каломи шӯрангези Ғиёсии Бадахшонӣ дар ғазал дар ин аст, ки маънӣ ва мазмунҳои баланди назарӣ, панду ҳикмат ва ишқу муҳаббатро бо суханҳои ширин баён кардаву ба ҳар мавзуъ аз равзанаи ишқ менигарад. Умуман, Ғиёсии Бадахшонӣ дар эҷод намудани ғазал монанди як наққоши моҳир ҳар як маъниро бо рангҳои зебо оро дода, маънӣ ва мазмуни ғазалашро дилнишин намудааст. Аз ин ҷиҳат мо бо ашъори ин нобиғаи адаби форсӣ, ки барои баъдинагон, аз ҷумла мардуми Бадахшони Ҷумҳурии исломии Афғонистон шеъраш пурарзиштарин ҳадяест, меболем.

Ашъори ин шоири тавонои адаби форсӣ доманадор аст ва мо хостем ба таҳлили ғазалҳое, ки шоир дар мавзуи ишқ гуфтааст ва шамъи тоза ба мазори ишқи куҳан ниҳодааст, нигоҳе андозем ва то ҷойе ба ин мавзуъ Ғиёсии Бадахшонӣ дар қарни XVIII либоси тоза пӯшондааст, матраҳ гардад.

Ғиёсии Бадахшонӣ шоири латиф, суханпардози аҷиб ва адиби ниҳоят бориксанҷ аст. Ҳар як байти ӯ мазмуни баланд, хаёлоти нозук ва маонии бикре дорад. Возеҳтарин хатте, ки Ғиёсиро мушаххас ва мумтоз мекунад, озодии фикри ӯст ва ӯ ҳаргиз мурғи фикри худро дар қафаси танги таассубот ва одобу одати иҷтимоии замонаш маҳбус накарда, балки баръакс мурғи руҳи малакутии хешро аз масҷид то майхона парвоз дода, дар ҳама ҳолат анвори илоҳиро ба чашми дил дидааст:

Самадо, ҳамди ту гӯям, ки ту файёзи амимӣ,

Ту Худованди муинӣ, ту шифобахши сақимӣ.

Ту ҷаҳондори ҷаҳонӣ, барӣ аз кавну маконӣ.

Ҳама асрор ту донӣ, ки шаҳи мулки қадимӣ.

Ё худ:

Ту шаҳаншоҳи ҷалолӣ, ки туро нест завол,

Ту муназзаҳ зи хаёлӣ, малики аршиазимӣ.

                                                                                                                          

Самадо, аҳли ниёзӣ, аҳадо, банданавозӣ,

Ҳамаро кор ту созӣ, ки ту раҳмони раҳимӣ.

Оре, Ғиёсии Бадахшонӣ яке аз он шоиронест, ки хусусиятҳои бисёр нозук ва латифи ғазалро медонист, ки дар ашъори ӯ садҳо таркиб ва ибораҳои нав вомехурад, ки яке аз онҳо мавзуи ишқ  мебошад.

Ишқ мегӯяд, ба ман деҳ ихтиёри хешро,

Аз саҳоби гиряпарвар кун канори хешро.

Ҷуръае даркаш «Анал ҳақ» наъра зан Мансурвор,

То кунам омода аз баҳри ту дори хешро.

Баркаш аз қонуни  дил ҳар лаҳза оҳи оташин,

Зинда дор аз сӯзи ӯ шабҳои тори хешро.

Мавзуи ишқ дар адабиёти тоҷику форс аз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда минбаъд таҳҳаввули худро аз сар гузаронид ва то имрӯз ба авҷи баланди эътироф расидааст, ки таваҷҷуҳи Ғиёсии Бадахшонӣ ба ин анъана (ишқсароӣ), ки ба инсон адабу ахлоқ ва инсонвор зиндагӣ карданро меомӯзад, хеле  зиёд аст. Ҳамин истеъдоди фитрӣ боиси он шудааст, ки ғазалҳои ошиқонаи Ғиёсии Бадахшонӣ хаёлот ва маъниҳои хосро дар бар мегирад.Танҳо маъниҳои бикр, хаёлоти рангин ва шеърияти баланд боиси он мешавад, ки он дар кошонаи дили хонанда ҷой гирад. Ғазалҳои   Ғиёсии Бадахшонӣ, ки дар мавзуи ишқ гуфта шудаанд, ба дили хонанда роҳ ёфта, қобили қабул гардидааст:

Эй замзамаи шӯриши ишқат ба сари мо,

Бикшо гиреҳ аз зулф, ки хун шуд ҷигари мо.

Ҳар лаҳза ба ёди рухат эй моҳи дилафрӯз,

Хунобаи ҳасрат чакид аз чашми тари мо.

Ё худ:

Ҳар бехабар аз ишқ чӣ донад суханамро,

Кӯ чашм, ки бинад шарари ҷону танамро.

Бо ҳалқаи занҷири сари зулфи диловез,

Созед хабари қиссаи Маҷнун шуданамро.

Ба ақидаи Ғиёсии Бадахшонӣ қимати хақиқии шеърро на ин ки миқдори байтҳо, балки мазмуни баланди он муайян мекунад. Аз ин ҷиҳат ҳақ ба ҷониби ӯст, ки хонанда байти бикри шоирона ва устодонаро аз сад ғазали пасту муқаллидона боло мешуморад.

Агар амиқтар ба ғояю моҳияти байти боло назар андозем, мебинем, ки Ғиёсии Бадахшонӣ дар зимни он ғояи адлу инсоф ва даст боло шудани ин ғояи олиро дар зиндагии инсон нишон додааст. Боварӣ ба ояндаи нек, ба хушбахтию саодатмандии мардум ва дар дили онҳо як шамъеро фурузон гардондан дар ин рӯзгори сангин аҳаммияти калон дошт. То андозае шоир тавонист бо ашъори ноёби хеш дили онҳоро ба зиндагӣ гарм намояд, то ки онҳо тавонанд ошиқона   зиндагиашонро идома диҳанд. Мақсади шоир   ба ояндаи нек ва ошиқона ҳидоят  кардани мардум аст:

Ишқ мегӯяд, ки сӯз аз дил ҳиҷоби хешро,

То ба чашми ҷон бубинӣ офтоби хешро.

Пардадори баҳри ваҳдат шуд ғубори мастият,

Музмаҳил гардон аз ин дарё ҳубоби хешро.

Мавзуъ ва мундариҷаи ашъори Ғиёсии Бадахшонӣ сар то по ахлоқу одамият, ишқу муҳаббат, эҳтирому покизагист, ки аз замонаш то имруз ҳамчун як мактаби бузурги тарбия ба мардум хизмат мекунад.

Ғиёсии Бадахшонӣ хеле шоирона бо як маҳорати баланди суханварӣ ба соқӣ ва май ишора кардааст. Май дар ашъори Ғиёсии Бадахшонӣ ба сифати мабдаи тасвир ба кор рафтааст. Дар саҳифаҳои адаби форсӣ кам суханвароне пайдо мешаванд, ки дар мавзуи бодаю май ва сақӣ чизе нагуфта бошанд. Дар мисраҳои зер Ғиёсии Бадахшонӣ аз май сухан мегӯяд, бидуни он ки ғаразаш тасвири май бошад. Ба қавли шоир бода барои ӯ манбаи шодию хушдилист, як неъмати Худованд аст, ки барои хушнудии инсон аз тарафи Худованд офарида шудааст ва ҳамдарди инсон низ шуда метавонад:

Соқиё, хез кунун ҷуръаи асрори азал,

Рез он соғари Мансур ба паймонаи мо.

Ё худ:      

Соқӣ, бинамо ранги зи мул  соғари ҷонро.

Мутриб бикушо, парда бихон, рози ниҳонро.

Мақсуди дили ман нашуд ар мадраса ҳосил,

То саҷда накардам санами дайри муғонро,

Шоду хушдил будан яке аз сифатҳои хуби инсони ошиқ аст. Бода ба қавли шоир тамоми гушаҳои сарду торики зиндагии инсонро гарму мунаввар сохта як лаҳза ҳам бошад, ба инсон шеваи инсонвор зиндагӣ карданро меомӯзад. Ғиёсии Бадахшонӣ дар ашъораш бештар хушдилиро меписандад, ва ба баъдинагон панд медиҳад, ки инсонвор зиндагӣ кунанд, зеро ин дунёи фонӣ лоиқи ғам хурдан нест. Шоир дар ду байти боло ҳолати хоси шахсеро тасвир кардааст, ки барои ӯ тамоми гиру дори зиндагӣ арзиши худро аз даст додааст, ва ӯ аз соқӣ бодаи бомдодӣ талаб дорад, ки ин дар корбурди мафҳуми май истеъдоди баланди суханпардозии Ғиёсии Бадахшонро нишон медиҳад:

Биё соқӣ ба базми майпарастон,

Мулаббаб кун зи май ибриқи аквоб.

Варо эй мутриб акнун дар тараннум,

Бигардон ин дили ғамдида шодоб. 

Ё худ:

Аҷаб шӯрест дари майхона имшаб,

Ҳама аз хештан бегона имшаб.

Магар соқӣ зи хуми ломаконӣ,

Шаробе рехт дар паймона имшаб.

Даромад ё ба нағма мутриби ишқ,

Ки мерақсад ҷаҳон мастона имшаб.

Муроди шоир аз бода ишқ, аз соғар қалбу нияти пок, аз зебогиҳои баҳор хушбахтиҳои умри инсон аст ва шоир ишқварзиро кори савоб медонад, чунки ишқ ба андешаи ӯ ягона паноҳгоҳест аз ҳама балову офат ва хатару бадӣ, ки шоир роҳи наҷоти инсонро аз ғаму дард ва бадбахтиҳою хатар дар ҷаҳони фонӣ дар ишқ мебинад. Ишқи поку ҳақиқӣ метавонад инсонро ба асл пайвандад ва номи ӯро зиндаю ҷовид нигаҳ дорад, ки ин маънӣ дар ашъори Ғиёсии Бадахшонӣ хеле зиёд ба чашм мерасад, ки метавон абёти зиёдеро барои мисол овард:

То маро ҷозибаи ишқи ту дар дил нишаст,

Зи хаёли лаби лаъли ту шудам бодапараст,

Равзаи хулди баринро ба ҷаве менахаранд,

Ҳар кӣ шуд масти маю ишқи ту аз рӯзи аласт .

Қозии шаҳр, ки бо дарди касон буд адад,

Ин замонаш бинигар, маст равон, шиша ба даст.

Дар ашъори Ғиёсии Бадахшонӣ барои намоёнтар ҷилва намудани симои қаҳрамонҳояш дар шеър, аз санъатҳои бадеӣ, ташбеҳ талмеҳ, истиора, муболиға ва ғайраҳо хеле фаровон истифода бурдааст, ки иддае аз онҳоро овардан дар бештар кушодани мавзӯъ бе аҳаммият нестанд.

Санъати ташбеҳро шоир дар ашъораш хеле зиёд ва бо як ҷаҳон обу ранги бадеӣ ва маҳорати баланди шоирӣ истифода бурдааст:

Ба ёди қомати Лайливаши хуршедрухсоре,

Биёбон кард Маҷнунам, ман аз дунболи маҳмилҳо.

Дар ашъори ин шоири тавоно агарчи тамоми навъи санъатҳои бадеӣ бо як ҷаҳон маҳорати шоирӣ истифода шуда бошад, яке аз дӯстдоштатарин санъатҳои бадеии ӯ ин санъати муболиға мебошад, ки дар ашъори ӯ ба таври фаровон истифода шудааст:

Эй замзамаи шӯриши ишқат ба сари мо,

Бикшо гиреҳ аз зулф, ки хун шуд ҷигари мо.

Ҳар лаҳза ба ёди рухат эй моҳи дилафрӯз,

Хунобаи ҳасрат чакид аз чашми тари мо.

Умрест, ки дар кӯи ту мо мунтазиронем,

Шояд, ки чу мад ҷилва кунӣ дар назари мо.

Нуҷҷори Яман туҳфае бурданд, Ғиёсӣ,

Аз кони Бадахшону Хуҷанд  ин гуҳари мо.        

Ё дар ҷои дигар:

Ё Раб, кӣ гӯяд арзи гадоро?

Он туркшӯхи, зарринқаборо.

Зулфи сиёҳи анбарсиришташ,

Қимат шикаста мушки Хиторо.

Азби  зулоле  лаъли лаби ӯ,

Бахшида бо Хизр оби бақоро.

Ҳусни ҷамоле моҳи мунират,

Шарманда карда шамси саборо.

Эй шӯхи танноз, бар маснади оз,

З-он чашми ҷоду чандин балоро.

Тири нигоҳи ошиқкуши ту,

Карда фанотар аҳли фаноро.

Чанд аз фироқат гиряд, Ғиёсӣ,

То кай дар оташ сӯзӣ нигоро?!

Адиби нуқтадон бо истифодаи санъатҳои бадеӣ кӯшидааст, ки  мазмуни шеърашро таъм диҳад.

Маҳорати суханпардозии Ғиёсии Бадахшониро ҳамчунон мо дар забони равон ва тарзи баёни суханвар мебинем. Ӯ барои нишонрас гардидани андешаи худ ва то ба ҳадаф расидан аз забони умумии мардумӣ истифода намудааст, ки ин тарзи баёнест, пур аз маънист. Шоир дар интихобу истифодаи алфоз ва калимаҳои муносиб, эҷоди таркиботи бадеъу хушоянд маҳорати хос нишон дода, ашъорашро боз рангинтар сохтааст.

 Ғиёсӣ пеш аз ҳама дар ашъораш кӯшиш намудааст, ки ба ҳам омадани ҳамагонро, ягонагиву ваҳдатро байни одамон бо истифода бурдани вожаҳои арабӣ, ки қисми зиёдашон аз Қуръони Карим гирифта шудаанд, дар шеъраш тарғиб намояд ва бо ин расидан ба Офаридгорро бо роҳу равишҳои дар зиндагӣ ба мардум дастрас, ҳакимона нишон диҳад:

Эй дил андар зикри Ҳақ фарзона бош,

Дар шуои зикр чун парвона бош.

Даргузар имрӯз аз номусу нанг,

Тарки ҳушёрӣ куну девона бош.

Бояд гуфт, ки дар абёти болоӣ дар ягон мисраъ калима ё ибораи бемавқеъ роҳ наёфтааст ва бешак агар ягон калимаро гирифта, ба ҷояш калимаи дигар монем, маъно халал меёбад. Ҳамаи ин калимаву ибораҳо дар баёни Ғиёсии Бадахшонӣ вобастагии маҳкам пайдо намудаанд, ки боиси баландии салосат ва болоияти каломи бадеӣ шудаанд.

Дар байти зер шоир барои ифодаи фикр  боз ба санъати талмеҳ рӯ меорад,

боз ёди ҳодисоту ривоёти асрҳои пешин, ки дар «Куръон» омадаанд, мекунад:

Осии гумкардароҳам, ал - Ғиёс,

Ғарқи дарёи гуноҳам, ал - Ғиёс.

Гар нагирӣ дастам аз фазлу карам,

Бар ба Маҳшар рӯсиёҳам, ал - Ғиёс.

Гар бадам, гар дузахӣ ҳастам, валек,

Деҳ, ба ҷаннат ҷойгоҳам, ал- Ғиёс.

Дар санъати талмеҳ Ғиёсӣ хеле зиёд аз сура ва таъбирҳои Қуръон истифода кардааст. Мисол, номҳои Пайғамбари бузурги ислом ҳазрати Муҳаммад с.с., Иброҳим, Умар, Ҷалил, Халил, Ҷабраил, Юсуф, Зулайхо, Сулаймон, Яқуб, Оиша, Абӯҷаҳл, кӯҳи Сафою Марва, оби Зам- зам, шаби Меъроҷ, оташи Намруд, Яҳёву Шуъайб, Закариё, Одаму Ҳавво, Фурқон, Афлотун, Сикандар, ки  қуръонист, ки шоир аз ин номҳо талмеҳан дар ашъораш истифода кардааст:

Дилкабобу синамаҳрумам чу Яқуб аз ғамаш,

Юсуфи тахти кадомин Мисру султони кӣ буд?

                         ***

 З-он шуд ба Халил оташи Намруд  гулистон-ш,

К-ӯ дошт бадал меҳри ту эй шоҳи бароё.

Бо мақтабаси бадри ту шуд кавкаби Юсуф,

Зад барқи рухаш оташ бар ҷони Зулайхо.

                     ***

Ҷӯёни ту руҳ омаду гирёни ту Яъқуб,

Ҳайрони ту Яҳёву Шуъайбу Закариё.

                        ***

Нишони сирри ваҳдатро аз Афлотун маҷӯ, эй дил,

Ки ин ҷо маркаби ақлаш фурӯ ғалтида дар гилҳо.

                          ***

Ин шамъи раҳи манзили сарчашмаи Хизр аст,

Бошад раҳи наздик аз ин чашма ба дарё.

                           ***

Мӯсост, ки аз баҳри бақо сар зада бар дил,

Аз қулзуми дил лаб зада бар соҳили ғарро.

Шоири нексиришту покниҳод дар тамоми мавзуъҳое, ки ба инсон адабу ахлоқ меомӯзад, шеър эъҷод кардааст. Ӯ дӯст ва дӯстиро аз беҳтарин хислатҳои ҳамидаи инсон ҳисобида, ин мавзуро дар ҳаёти инсонӣ муқаддас мешуморад ва барои ҳар фарди баномусу бофарҳанг ин мавзуъро фарз медонад, зеро ба қавли шоир сарбаландию эътибору эҳтироми инсонро низ дар дӯстӣ ва хиёнат накардан ба дӯсти худ медонад, ки андешаи ӯ бо номи “Бетааллуқ чун Масеҳо бош андар роҳи дӯст” ба ин мисол шуда метавонад.

Шоир дар шароити асри миёна барои шаъну шараф ва қадру қимати инсон суботкорона мубориза мебурд. Вобаста ба замона ӯ аксар вақт ҳамаи он чизеро, ки дар тафаккури ӯ пайдо мешуд изҳор карда наметавонист. Мазмуни асосии назми Ғиёсиро ҳисси норозигӣ нисбат ба беинсофиҳои иҷтимоии замона ташкил мекард.

Шоири тавонои адаби форсӣ  тамоми истеъдоди шоирии хешро дар аксари жанрҳои бадеӣ истифода намудааст. Ӯ бо оне, ки  дар ғазалсароӣ маҳорати баланд дошт, инчунин дар қасидаю мухаммассароӣ ва дигар жанрҳои бадеӣ низ малакаи шоиронаи ӯ дар адабиёт ба назар мерасад.  

Албатта, дар ашъори шуарои ҳама давру замон ғазалиёт ҷои махсусро ишғол мекунад, ки маҳорати баланди шоирии Ғиёсии Бадахшонӣ дар жанри ғазал аз латофату суханпардозиҳояш хеле ҷаззобу таъсирбахшанд.

Бояд  қайд кард, ки Ғиёсии Бадахшонӣ дар девони хеш аз санъатҳои бадеӣ ва мавзӯоти гуногун – ишқу муҳаббат, ҳурмату эҳтиром, поксириштӣ, некию накӯкорӣ, ростқавлию поквиҷдонӣ, саховатмандӣ, таҳаммулкорию қаноатмандӣ ва дар роҳи Ҳақ устувор будан ва вақтро ғанимат донистан ва ғайраҳо даст зада, дар қолаби зебои назм ашъори нобу мувофиқи талаби замон офаридааст, ки мо  наметавонем аз вақти кутоҳе, ки мо дар ихтиёр доштем, аз ҳамаи он ҳарф бизанем, чунки ҳамаи он дар ҳавсалаи як вақти кутоҳ намеғунҷад.

Дар хотима бояд бигӯем, ки вақти ба мо ҷудокардашуда басанда нест, ки аз тамоми паҳлуҳои ашъори ин нобиғаи адаби форсӣ, ки шеъраш арзиштарин ҳадяест барои баъдинагон, ҳарф занем, бинобар сабаб   таҳлилу таҳқиқи ашъори боқимондаи ӯро маъқуф мегузорем ба рӯзҳои дигар, чунки, Ғиёсии Бадахшонӣ новобаста ба ихтилофоти  ғоявию фикрӣ ва маҳдудиятҳои замони зиндагии худ аз ганҷинаи афкори тарбиявӣ - ахлоқӣ фаровон истифода намудааст, ки ҳар як байти шоир барои баъдинагон ҳамчун як мактаби тарбия хизмат хоҳад кард.

Хуҷова Мавҷуда,

ходими пешбари илмии Шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ