Куфру динро бибар аз ёд, ки ин фитнагарон,

    Дар бадомӯзии мо маслиҳатандеши ҳаманд.

 

        Ҷамолиддин Муҳаммад ибни Зайниддин ибни Ҷалолиддини Чодарбоф, ки бо тахаллуси Урфӣ машҳур аст, соли 1556 дар Шероз чашм ба дунё кушодааст. Шоир дар ҳамон зодгоҳаш таълиму тарбия гирифта, аз хурдӣ ба шеъргӯӣ оғоз кардааст. Дар ин айём бозори шеъру шоирӣ ривоҷу равнақи зиёд дошт.

       Дар он замон Ҳинд сарзамини орзуву ормонҳо, ҷои ривоҷу равнақи шоирӣ, қадрдонӣ аз аҳли илму адаб маҳсуб мешуд. Бинобар ин, аҳли илму адаб ва дигар табақоти мардуми Эрону Мовароуннаҳру Хуросон рӯ ба он ҷо меоварданд, то як зиндагонии осудаҳолонаву оромона дошта бошанд, ҳунарашонро намоиш бидиҳанд ва қадрдонӣ биёбанд. Урфӣ, ки истеъдоди воло ва қобилияти ғайриодӣ дошт, рӯ ба ин диёр овард ва дар қатори шоирони маъруфи дарбори Акбар даромад. Хусусан, мавриди таваҷҷуҳи Файзӣ, Абулфатҳи Гелонӣ ва Хонихонон қарор гирифт. Ин гуна шароити гуворои эҷодӣ имкон дод, ки ӯ дар андак муддат ному овоза барорад. Ба қавли Шиблии Нуъмонӣ, «дар асари рақобату ҳамчашмӣ бо шоирони бузург, мисли Назирии Нишопурӣ, Шикебии Исфаҳонӣ, Анисӣ, Зуҳурӣ, ки дар дастгоҳи Хонихонон буданд, каломи Урфӣ рӯзона тараққӣ мекардааст ва ҳатто дар тақаррубу манзалат ҳам сафи руқабову ҳарифҳои худро шикофта, ҷилавтар рафт, то ҳадде ки дар борёбиҳо ва дарки ҳузур рӯйи сунану тариқаи ом, кӯрнишу одоб ба ҷо намеовард ва дигар ҳар ҷову ба ҳар наҳве ки мехост, менишаст».

      Урфӣ ҳамагӣ 36 сол умр мебинад, ба қавли Волаи Доғистонӣ, «ҳосидон ӯро заҳр доданд». Осори Урфии Шерозӣ аз қасида, ғазал, рубоӣ ва қитъа иборат мебошад. Бадбахтона, девони аввали ӯ, ки аз шаш ҳазор шеър иборат будааст, гум мешавад.

        Ӯ пеш аз марг девонашро, ки рӯнавис карда буд, ба китобхонаи Хонихонон равон мекунад. Хонихонон Сироҷро муваззаф менамояд, ки девонро мураттаб созад. Ӯ дар давоми як сол ин корро ба анҷом мерасонад ва соҳиби туҳфаҳои фаровон мегардад.

       Урфӣ шоири инсондӯст буда, дар ин мавзуъ ашъори зиёд сурудааст. Шоир мисли ниёконаш оламро на ба зӯри шамшеру хунрезӣ, балки бо меҳрубонию илму фарҳангу тамаддуни волои хеш тасхир кардааст:

 

Захмҳо бардоштему фатҳҳо кардем, лек

Ҳаргиз аз хуни касе рангин нашуд майдони мо.

 

      Бояд гуфт, ки мавзуи дӯстии халқҳо ва миллатҳо, ҳамзистии динҳо, хусусан дӯстии мусулмонону ҳиндуҳо, аз мавзуъҳои калидӣ дар осори Урфӣ маҳсуб мешавад. Қасидае нест, ғазале нест, рубоие нест, қитъае нест, ки дар он Урфӣ ин мавзуъро дар миён нагузошта бошад. Ин масъала дар давраҳои гузашта ва имрӯз барои халқҳои Ҳиндустон яке аз масъалаҳои рӯзмарра ҳисоб меёбад. Урфии Шерозӣ мегӯяд:

 

Баски дар комам асар кардааст завқи иттифоқ,

Боварам н-ояд, ки зоҳид бо бараҳман душман аст.

 

Дӯстӣ бо душманам не баҳри меҳрангезиест,

Дӯстиро дӯст дорам в-арна «душман душман аст».

 

      Урфӣ яке аз тарафдорон ва тарғибгарони ғояи «Сулҳи кул» аст, ки дар замони Акбар дар Ҳинд роҳандозӣ шуд, самараи нек ба бор овард, то ҷое пеши роҳи ҷангу хунрезиҳоро гирифт ва ҳамкорию дӯстию ваҳдати мусулмонону ҳиндуҳоро муддате дар ин сарзамин таъмин намуд. Танҳо дар замони Аврангзеб, ки шоҳе мутаассиб буд, ин шеваи зиндагӣ, ин амал, ин амри хайр, ин таълимоти инсондӯстонаву пешқадамона вайрон гардид, рӯ ба таназзул ниҳод, боиси сар задани низоъҳо дар байни мусулмонону ҳиндуҳо гардид ва оқибатуламр бо ғалабаи англисҳо ба анҷом расид. Ба ҳар ҳол, ашъори Урфӣ дар ин мавзуъ, чи дар замони худ ва чи имрӯз муҳим мебошанд. Чунончи, ин байт, ки дар забони хосу ом ҷорист ва ҳамагон онро аз ёд медонанд:

 

Чунон бо неку бад хӯ кун, ки баъди мурданат Урфӣ,

Мусулмонат ба Замзам шӯяду ҳинду бисӯзонад.

 

      Урфӣ шоире ниҳоят ғаюру назарбаланд, фарде қонеъ буда, нисбат ба афсонаву хурофот назари интиқодӣ дошта, ба муфтхӯрӣ, судхӯрӣ нигоҳи нек надоштааст. Бинобар ин, ӯ онҳоеро, ки муфту ройгон, бидуни меҳнат мехоҳанд неъмат ба даст оранд, накӯҳиш менамояд...

       Урфӣ, ки иродаи қавӣ, виқори волои инсонӣ дорад, аз ин шод аст, ки гунҷишки дар дом афтодаро озод кардааст. Дигар, ӯ ба ҳадде аз ҳиммати баланди инсонӣ бархӯрдор аст, ки агар симурғ ҳам ба домаш меомад, онро ҳам озод мекард:

 

Кушоям дом бар гунҷишку шодам ёди он ҳиммат,

Ки гар симурғ меомад ба дом, озод мекардам.

 

        Бояд гуфт, ки шоир ҳамвора аз таассуби мусулмонон ҷигархун буд, зеро эшон аз лиҳози ахлоқӣ наметавонистанд дуруст рафтор кунанд. Бинобар ин, ба қавли ӯ, агар як мусулмон афзалияти худро аз назари ахлоқӣ нисбат ба як кофир нишон надиҳад, мусулмониаш маъние надорад. Аммо ӯ баръакси ин ҳолатро мушоҳида менамояд. Бинобар ин, мегӯяд:

 

Рафтам ба бут шикастану ҳангоми бозгашт,

Бо барҳаман гузоштам аз шарм дини хеш.

 

        Урфӣ дар замоне мезист, ки макру фиреб, ҳилаву тазвир ҷомеаро фаро гирифта буд ва имкони эътимод ба касе дар миён набуд. Ҳатто арбоби савмаа ё ибодатгоҳ низ найранг мекарданд. Бинобар ин, ба қавли ӯ дигар ба аҳли буткада низ бовар кардан имконнопазир буд:

 

Аз сидқи аҳли буткада ҳам эътимод рафт,

Азбаски аҳли савмаа тазвир мекунанд.

 

        Ниҳоят, адиби мушоҳидакор дар байни зоҳиду браҳман тафовуте намебинад, зеро ҳар ду як корро анҷом медиҳанд, аммо ба қавли ӯ, бо ин тафовут, ки якеро бут дар сар аст, дигареро дар остин:

 

Кофиртар аст зоҳид аз барҳаман, валекин

Ӯро бут аст дар сар, дар остин надорад.

 

         Урфӣ дар майдони ифшогарӣ то ҷое пеш меравад, ки куфру динро фитнагар мебинад, зеро онҳо ба башарият бадӣ меомӯзанд, дар замини зиндагӣ тухми низоъ мекоранд ва ташкили ҷангу хунрезӣ мекунанд. Бинобар ин, бояд ҳар дуро ба боди фаромӯшӣ супурд:

 

Куфру динро бибар аз ёд, ки ин фитнагарон

Дар бадомӯзии мо маслиҳатандеши ҳаманд.

 

         Урфӣ завқу ирфонро танҳо хос ва маҳдуд ба ислому куфр намедонад. Вай барои исботи ин қазия аз тамсил истифода мекунад ва парвонаву чароғро мисол меорад, зеро парвона дар байни чароғи ҳараму дайр тафовутро намебинад. Хулосаи шоир ин аст, ки ошиқ ҳам аз ислом зарар мебинад ва ҳам аз куфр, чун аҳли он як корро анҷом медиҳанд:

  Ошиқ ҳам аз ислом хароб аст, ҳам аз куфр,

  Парвона чароғи ҳараму дайр надонад.

 

          Урфӣ мисли дигар адибони замони худ (замони ҳукмронии Темуриёни Ҳинд) аз рақобату ҷангу ҷидолҳои динию мазҳабию қавмии ин сарзамин, аз ҳилаву найранг, фитнаву зулми ҳокимону руҳониёни мутаассиб, ки муҷиби нооромӣ дар саросари кишвар гардида буданд, ба сутуҳ меомад ва ҳамвора дар осораш изҳори ташвишу нигаронӣ менамуд. Аз ин рӯ, ба ҳаракат ва ҷунбишҳои мардумӣ, ки барои инкишофи озодфикрӣ мувофиқат мекарданд, як навъ ҳамовозӣ менамуд, зеро онҳо бо барномаи худ ба муқобили зулму бедодгарии ҷамъияти феодалӣ бархоста, дӯстию баробарию адолату инсофро талабгор мешуданд. Урфӣ, ки тарафдори барқарор кардани адолат дар ҷомеа буд, ба он ҳаракатҳо назари хайрхоҳона дошт. Хусусан, ба ислоҳоти Акбар таваҷҷуҳ зоҳир мекард ва ӯро дар осораш тарғиб менамуд:

Гарми зиёрати ҳарам гашта зи бехудӣ, вале

Ё санам, аст бар забон, Урфии бутпарастро.

***

Якранг шаву каъба даровар ба ҳаримат,

Ҳоҷат ба раҳи дуру дароз омаданат нест.

 

        Танқиди зоҳидон дар осори Урфӣ зиёд ба чашм мерасад. Ӯ ин мавзуъро чун дигар мавзуъҳо зираконаву риндона матраҳ месозад. Тавре ки дар ин рубоӣ мебинем, вай аз зоҳиди зишт алам мекунад, зеро монеи рафтани ӯ ба ҳарам мешавад:

 

Роҳам надиҳад сӯи ҳарам зоҳиди зишт,

Ронад зи куништ роҳиби нексиришт.

Гар лаззати хориям бидонанд, аз рашк

Ҳам он кашадам ба каъба, ҳам ин ба куништ.

 

        Вақте ки мо шеъри Урфиро мехонем, аз зулму ситами ҳокимон, ҳилаву найранги арбоби дину давлат, фақеҳон, шайху зоҳиду суфӣ огоҳ мешавем ва мебинем, ки шоир ҳамчун шахси масъул ба тасвири воқеияти замони хеш мепардозад, зеро вай наметавонад ин ҳамаро нодида бигирад, хомӯшӣ ихтиёр намояд. Бинобар ин, ӯ бо теғи тези забону баёнаш ба эшон ҳамла менамояд, сирру асрор, ҳилаву найранг, низоандозиву риёкории онҳоро фош мекунад ва бо қоидаву расму русуми сиёсиву иҷтимоиву диниву маслакии замонаш ба набард бармехезад. Ӯ дар ин росто бо оҳанги риндонаву озодандешона аз якрангии худ ба аҳли каъбаву куништ ба хонандагон хабар медиҳад, то аҳли адён даст аз фитнаҳои диниву мазҳабӣ кӯтоҳ намоянд ва дар муқобили ҳам қарор нагиранд, балки ба ҳам якрангу ҳамдостону ҳамдил шаванд, то аз шодиву нишоти умр бархурдор гарданд:

 

Урфӣ, ману дил на хуб донему на зишт,

Ҳам ходими каъбаему ҳам пири куништ.

Ҳамдӯши мусибатему ҳамзоди нишот,

Ҳамхобаи дӯзахему ҳамшаҳри биҳишт.

 

         Мусаллам аст, ки таассуб дар ҷомеаи башарӣ ҳамеша монеи пешравӣ, тараққиёт, оромишу осоиш аст. Дар ин росто зарари таассуби диниву мазҳабӣ хатарнок, зиёновартар аз соири таассубҳо аст, зеро мутаассибони диниву мазҳабиро мутақоид кардан, огоҳ сохтан аз рафтори нохубашон, иштибоҳашонро фаҳмондан, баҳс кардан корест сахт мушкил. Агарчи ҳазорон сол аст, ки аҳли хираду дониш бо эшон таассубашонро мефаҳмонанд, аз гумроҳ шуданашон сухан дар миён меоранд, аммо то ҳол онҳо феълу хӯи худро дигар накарда ва намекунанд, ислоҳ намешаванд. Ба ин маънӣ Урфӣ мегӯяд:

 

Урфӣ, чӣ хурӯше, ки фалон гумраҳ шуд,

Мулзам кунамаш, ки боядаш огаҳ шуд.

Чун мову ту бисёр таассубкешон,

Мулзам нашуданду гуфтугӯ кӯтаҳ шуд.

       Шикоятҳои Урфӣ аз аҳли дин аксар вақтҳо ҳамроҳ бо шикоят аз замон аст:

 

Ноқуси муҳаббат ба даранг овардам,

Хуш мазҳабу миллате ба чанг овардам,

Бо ин ҳама гумроҳ чӣ созам, чӣ кунам?

Ҳафтоду ду фирқаро ба танг овардам.

 

         Мутолиаи осори шоир нишон медиҳад, ки ӯ умре бо зарқу риё, ки ҷомеаи инсониро заҳролуд кардааст, мубориза мебарад. Хусусан, бо фиребу найранги аҳли дин сари созиш надошта, аз намозу тоати риёӣ гурезон буда ва ба он нафрат доштааст:

 

Ҳангоми намозам, ки ба зарқ аст алам,

Ҷамъе бадар омаданд аз дайри санам.

Рӯ тофтам аз Каъба, ки аз тоати ман,

Ногоҳ равад ба бод номуси ҳарам.

 

       Бисёре аз рубоиҳои шоир оҳангу руҳи озоди хайёмона доранд ва ӯ, бидуни шак, аз рубоиҳои Хайём таъсирпазир будааст, аммо шеваю тарзи баёнашон нав ва ҳиндиёна мебошад, на ироқигуна, ки Хайём намояндаи он аст. Ҳамин як рубоӣ ҳам метавонад далели қотеъ бошад:

 

Хокам ба даҳон, чанд парешонгӯӣ?

Рӯям беоб, то ба кай берӯӣ?

Кофир гаштем, ай тангисломон,

Таънам мазанед бо ҳама бадхӯӣ.

 

        Азбаски Урфӣ дар замони бархурдҳои мазҳабӣ зиндагӣ кардааст, аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин мавзуъҳои осори шоир интиқоду тамасхури руҳониён, зоҳидон, мазҳабгароён, хурофотпарастон ва бархе аз аҳкоми шариату намояндагони он маҳсуб мешавад. Дар ин замина, вай дар таълимоти дин ва рафтори намояндагони он зиддият ва ноҳамгуниро мушоҳида менамояд, ки аз дидгоҳи ақл, мантиқ ва воқеият қобили қабул нестанд. Урфӣ ҳамчун шоир ва мутафаккири озодандеш аз қайду банди ҳама гуна мазҳабу хурофот озод аст.

       Ӯ ин мақсаду мароми худро бо розу рамз, тавассути ташбеҳу истиора, кинояву маҷоз бо роҳи қиёсу далеловарӣ ва истифодаи вожагону истилоҳоти хос, мисли куништ, санам, санамхона, бараҳман, дайр, калисо, бутхона, суманот, тасбеҳ, озар, ки корбурди онҳо дар дини ислом ҷоиз нест, баён медорад.

 

Дар дайру каъба соил, бо куфру дин муомил,

Бо нӯшу неш якдил, ин аст мазҳаби ишқ.

 

       Хулоса, Урфӣ, ки дар авҷи кашмакашиҳои динӣ, муборизаҳои мазҳабӣ, сиёсӣ, рақобатҳои қавмию қабилавӣ зиндагию эҷод кардааст, ҳамчун шоири бузургу воқеъбин ва озодандеш бо қалами буррои худ бар зидди ҷаҳолат, нодонӣ баромада, ба ифшои аъмоли ношоиста ва манфии намояндагони иртиҷоии ҷомеа далеронаву ҷасурона мепардозад ва аз адлу адолату донишу хираду инсоф, ҳамдиливу ваҳдату ҳамзистӣ сухан мегӯяд ва одамонро ба ҳамдилию ҳаммашрабӣ фаро мехонад. Намунаҳое, ки мо дар боло овардем, имрӯз низ барои башар хидмат мекунанд ва дар замони ноороми мо, ки бо баҳонаҳои мухталиф, бавижа динию мазҳабӣ, мардумон ба ҷони ҳам меафтанд, барои мубориза бар зидди ифротгароён маводи судманд медиҳанд.

 

Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.