Имрӯз, 12 октябр Рӯзи байналмилалии ёдбуди Ҳофизи Шерозӣ аст. Соли 1991 бо қарори ЮНЕСКО 12 октябр ба тақвими байналмилалии санаҳои муҳим шомил шуда, аз ҳамон сол инҷониб чун Рӯзи ёдбуди Ҳофизи Шерозӣ таҷлил мешавад.

Ҳофизи Шерозӣ, ки маҳз бо ҳамин ному тахаллус оламгир шудааст, беш аз шашсад сол осмони фарҳангу адаби тамаддуни башариро чун хуршеди тобон нуру зиё бахшидааст. Ғазалҳои шӯрангезу диловезаш ба дардҳо дармон, ба ҷонҳо сомон ҳадя бинмуда, зиндагии инсонҳои сайёраро боз ҳам ширину рангин намудаанд. Аз ин хотир пеши пояш бузургтарин шахсиятҳои дунё сари таъзим фуруд овардаанд.

Ҳофиз соли 1325 дар шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Падари Ҳофиз Баҳоуддин ба фарзандаш номи падар Шамсиддин Муҳаммадро гузошт.

Солҳо гузаштанд, ӯ мактабро ба итмом расонид ва ба мадраса дохил шуд. Ӯ дар ин ҷо нуҷум, ҳандаса, ҳисоб, таърих, фалсафа ва каломи бадеъ омӯхт. Пас аз хатми мадраса ба ӯ унвони «Хоҷа»-ро доданд, ки ин маънои олим, донишманд, ҳаким ва устодро дошт.

Дар маҳаллае, ки Ҳофиз мезист, дӯконе буд, ки онҷо аҳли адаб ҷамъ шуда, мушоира ва базми сухан меоростанд. Ҳофиз низ гоҳ-гоҳе аз он маҳфил файз гирифта, ба машқи шеър оғоз намуд. Лекин бештари вақти ӯ ба андӯхтани илм сарф шудааст.

Рӯз аз рӯз қалами Ҳофиз сайқал меёфт. Шеърҳои ӯро хосу ом аз бар менамуданд. Дар маҷлиси шуаро шеър мехонд ва таҳсину офарин мешунид.

Ҳофиз зодгоҳаш Шерозро басе дӯст медошт ва бо он ифтихор менамуд. Аз ин рӯ, ба сахтиву зорӣ ҳам бошад, зиндагии Ҳофиз асосан дар Шероз гузаштааст ва дар тамоми умри худ ду бор ба Язд, як бор ба Исфаҳону Ҳурмуз ба сафар баромадани ӯро муҳаққиқон тахмин менамоянд.

Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ пас аз худ мероси пурарзише боқӣ гузоштааст. Пас аз сӣ соли даргузашти шоир дӯсти меҳрубон, шогирди қадрдонаш Муҳаммади Гуландом девони ӯро мураттаб сохта, ба шакли девон даровард. Девон аз 495 ғазал,5 қасида, 43 рубоӣ, 34 қитъа  ва «Соқинома» иборат аст.

Рубоиёт дорои мазмунҳои гуногун мебошанд. Пеш аз ҳама, шоир дар рубоиҳояш ишқи поки инсониро хеле ҷозибанок васф намудааст:

Он турки паричеҳра, ки қасди ҷон дошт,
Монанди парӣ чеҳра зи ман пинҳон дошт.
Гуфтам: «Даҳани танги ту гӯӣи ҳеҷ аст?!»
Гуфто, ки: «Аз ин ҳеҷ тамаъ натвон дошт».

Ҳофиз бузургтарин шоири ғазалсаро буда, дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми баланд дорад. Осори Ҳофиз асрҳо инҷониб дар сарзамини Эрону Ҳиндустон, Афғонистон ва Осиёи Миёна шуҳрат пайдо намуда, дар дили ҳазорон пайравону муштоқонаш ҷой гирифтааст. Номи баланди Ҳофиз аз ҳудуди ватани худ — Эрон гузашта, дар тамоми дунё машҳур шуд. Вай дар замоне, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Эрону Мовароуннаҳр бисёр воқеа ва ҳодисаҳои ногувор рӯй медоданд, умр ба сар бурда ва бо қалами сеҳрангези худ ҳама беадолатию мардумфиребӣ, ҷахлу ғурури табақаҳои ҳукмрони ҷамъиятро фош менамуд. Аҳамияти каломи шӯрангези Ҳофиз ва сирри шуҳрати шоири бузург дар ин аст, ки маънӣ ва мазмунҳои баланди назарӣ, панду ҳикматро бо суханҳои ширин баён намудаву ба ҳар мавзуъ аз равзанаи ишқ менигарад. Умуман Ҳофиз дар эҷод намудани шеър монанди як наққоши моҳир ҳар маъниро бо рангҳои зебо оро дода, маънӣ ва мазмуни шеърашро дилнишин намудааст.

Дар китобхонаҳои машҳури дунё нусхаҳои девони Ҳофиз дар қатори пурарзиштарин осори инсоният маҳфуз мебошанд. Намунаи ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар Ҳиндустон ва Арабистон, Туркия, Озарбойҷон, Осиёи Миёна, Русия, Олмон  ва ғайра нашр ва тарҷума гардидаанд. Шоирон ва мутафаккирони Аврупо низ ашъору афкори Ҳофизро тақлид намуда, аз ашъори дилнишини ӯ баҳра ёфтанд. Ба ҳамин тариқ, шуҳрати Ҳофиз аз доираи мамлакати худ берун баромада, ба тамоми Шарқу Ғарб паҳн гардида, дар қатори бузургтарин шоирони дунё мақоми арҷманде гирифтааст.

Ҳофиз дар ғазалҳои ҷонгудози худ, пеш аз ҳама, ишқро тараннум намуда, онро чун ёдгории бемунтаҳои инсоният ба қалам додааст. Осори Ҳофиз ба қатори дастовардҳои тамаддуни ҷаҳон дохил шудааст ва аз ин рӯ, ҳамчун яке аз бузургтарин шоири лириканависи беназир шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Шахсияти ин сухансарои номӣ диққати бисёр бузургони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Бисёре аз устодони назм аз ангезаи шигифтангези ғазалиёти Ҳофиз баҳравар шудаанд ва дар ситоишу васфи каломи шӯрангези ӯ таассуроти хешро баён доштаанд.

Бузургтарин намояндаи адабиёти ҷаҳонӣ шоири немис Иоҳан Гёте пас аз ошноӣ бо эҷодиёти Ҳофиз гуфтааст:

Бигзор фурӯ равад ҷаҳоне!
Ман боқӣ шикасти он надорам.
Хоҳам, ки миёни шодию ғам,
Худро чу бародарат шуморам.
Ҳофиз, ману ту тавъамонем.
Ҳамқисмати рӯзгори
  фонӣ.
Гар ҳамдилу ҳамдами ту бошам,
Он аст ҳаёти шодмонӣ!

Ҳофиз чанд сол дар Исфаҳон ҳаёт ба cap мебарад. Ӯ боз ба зодгоҳаш баргашта, поёни умри хешро дар Шероз мегузаронад ва соли 1389 дар Шероз вафот менамояд. Ӯро дар наздикии шаҳри Шероз, яъне Мусалло, дар байни дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг дафн намуданд. Имрӯз ҳам мавзеи Мусалло ободу зебо буда, зиёратгоҳи мардумони олам аст. Сайёҳони зиёде ҳар сол ба Шероз омада, мақбараи Ҳофизро зиёрат менамоянд.

Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод,
Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод!
Комам аз талхии ғам чун заҳр гашт,
Бонги нӯши шодхорон ёд бод!
Гарчи ёрон фориғанд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод!

***

Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро,
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.
Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Даҳрӯза меҳри гардун афсона асту афсун,
Некӣ ба ҷои ёрон фурсат шумор, ёро…

***

Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро,
Хок бар сар кун ғами айёмро!
Соғари май дар кафам неҳ, то зи сар
Баркашам ин далқи азрақфомро.
Гарчи бадномист назди оқилон,
Мо намехоҳем нангу номро.
Бода дардеҳ, чанд аз ин боди ғурур
Хок бар сар нафси нофарҷомро!..

***

Дӯш аз масҷид сӯи майхона омад пири мо,
Чист, ёрони тариқат, баъд аз ин тадбири мо?
Мо, муридон, рӯй сӯи қибла чун орем, чун
Рӯй сӯи хонаи хаммор дорад пири мо?!
Дар хароботи тариқат мо ба ҳам манзил шавем,
К-инчунин рафтаст дар аҳди азал тақдири мо.
Ақл агар донад, ки дил дар банди зулфаш чун хуш аст,
Оқилон девона гарданд аз паи занҷири мо…

***

Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст,
Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст.
Гӯ, шамъ маёред дар ин ҷамъ, ки имшаб
Дар маҷлиси мо моҳи рухи дӯст тамом аст.
Дар мазҳаби мо бода ҳалол аст, валекин
Бе рӯи ту, эй сарви гуландом, ҳаром аст.

***

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем.
Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.
Шароби арғавониро гулоб андар қадаҳ резем,
Насими атргардонро шакар дар миҷмар андозем…
Биҳишти адн агар хоҳӣ, биё бо мо ба майхона,
Ки аз пои хумат рӯзе ба ҳавзи Кавсар андозем.
Сухандониву хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки то худро ба мулке дигар андозем.