МАОРИФ БА ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАРИ МАСЪУЛОН НИЁЗ ДОРАД

(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов -  “Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад” (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, №1(31), 2023)

         Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъияти кунунии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон фарогири масълаҳои ҳаётан арзишмандеанд, ки ба таъхир гузоштани иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳо дар самти мазбур ҷурмест авфнопазир, зеро суботу амнияти ҷомеа имрӯзу фардо ба ҳаллу фасли фаврии онҳо вобастагии ногусастанӣ дорад. Ҳамин нуктаҳои аслию муфиди дар Паём дарҷёфта дар мақолаи “Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад” – и профессор С. Ятимов зимни ибрози афкори хоссаи муҷаддади хеш перомуни ин ҳуҷҷати муҳим ва заруру воҷиб тафсири муфассалу мукаммал ёфтаанд, аз назаргоҳи воқеият.

Мавзӯи баҳс дар мақолаи мавриди назар, чунон ки муаллиф дар муқаддима ишора мекунанд: “... Нуктаи архимедӣ – такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори ҳукумат дар соҳаи иқтисод ..., вазъи соҳаи маориф ва рушди маърифатнокӣ дар солҳои наздик ва дарозмуддат мебошад”. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро соҳаи иқтисодро донишманди муҳтарам “нуктаи архимедӣ” таъйид кардаанд? Ин ақида бе баҳс аст, ки иқтисоди пурқуввату умедбахш, пойбарҷою боиқтидор гувоҳи барҳаққи сиёсати хирадмандонаю муқтадир ва муваффақонаи ҳар як давлат маҳсуб мешавад. Ва тафсилоти возеҳи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли сипаришуда дар қиёс ба солҳои пешин муаллиф ба таври иҷмолӣ зикр кардааст, бо арқому далелҳои мушаххас.

Рӯиҳамрафта, таълифоти андешамандона мабнӣ бар вазъияти феълии ҷомеаи имрӯзаи кишвар эҷод шуда, аз қавли донишманде, завқу қобилияти интеллектуалӣ ва вусъати ҷаҳонбинии муаллиф, пеш аз ҳама, на масъулияти ҳирфаӣ, ки ба дӯш доранд (бо вуҷуди он ки аз ин мавқеъ низ муваззафанд барои ибрози ақида) ба эшон имконият намедиҳад, ки дар муқобили заъфи маърифат, донишу костиҳо сокит бошанд. Аз ин дидгоҳ, назариёти худро роҷеъ ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳрезии зермавзуъҳои “Эҳёи манзалати хирад”, “Ҷаҳонбинӣ, тақдир ва таърих”, “Давлати миллӣ ва мактаби миллӣ”, “Шароити воқеии фаъолият”, “Инсон – маҳсули ҷамъият ва муносибатҳои ҷамъиятӣ”, “Ҳолат, муносибат, вазъият”, “Манфиати миллӣ ва маорифи динӣ” ва хулоса ироа карда, ҳарфи пайванди афкор вазъи мактабу маориф ва дар зимн паҳнои ақидаҳоро суботу амнияти ҷомеа ташкил медиҳад.

Муаллиф барҳақ таъкид кардаанд, ки “Агар... асри Х – замони салтанати Сомониён, давраи тиллоии тараққиёти илм, адабиёту фарҳанг ёдоварӣ шавад, замони роҳбарии Пешвои миллат дар шароит ва имконоти навин, бидуни шак, муассиртар ва бузургтар аз он аст. Чунин амал, бо мантиқи сухани Отто фон Бисмарк, ки ҳангоми муколамааш ба халқ гуфта буд: “Мо нисбати падарони худ беҳтар кӯшиш ва натиҷабардорӣ хоҳем кард!”, ҳамоҳангӣ мекунад”. Инчунин, бо далелҳои раднопазир, комёбиҳои замони Истиқлоли давлатӣ дар бахши таъмини амният ва ҳаёти иҷтимоии мардуми кишвар бозгӯ мешаванд.

Баъд аз шарҳи васеи мафҳуми “таърих” таъбири зер омӯзанда ва ҷолиби диққат аст: “...Таърихсоз Инсон аст, ки ба вақту муҳит муҳтаво мебахшад. Шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи миллати тоҷик, давлати миллии тоҷиконро машҳури олам сохт. Сиёсати маорифпарварии Пешвои миллат қисмати муҳимми ин маъруфият маҳсуб мешавад”.

Мурод аз зикри фарзияҳои фавқ аз тагмавзуи “Эҳёи манзалати хирад” таъкиди мо дар ибтидои ин мухтасар аст, ки воқеан нақши Пешвои миллат дар эъмори давлати муосири тоҷикон, рушди маориф мондагор буда, мақоми илму дониш, мактабу маориф, касбият ва ихтисосмандӣ, чунон ки профессор С. Ятимов таъкид меукунанд дар ҳаёти имрӯзу ояндаи миллат калидист.

Ҳушдори ҷиддӣ ва муассир фикри зерин аст, ки дар ҳақиқат таърихи сабтшудаи миллати тоҷик бозтоби равшани он, бурҳони қотеъ аст: “... Дар мушкилоти миллии фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии сиёсӣ афтодани миллати тоҷик фақат ҷойи таассуф аст. Аммо онро мебояд аз лиҳози илмӣ – таърихӣ дарк ва тавасути маърифатикунонӣ чораандешӣ кард ...”. Бо як сухан донишманди тезбин раҳоиро дар такмилу бознигарии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимӣ (хосса, таҳсилоти миёнаи умумӣ) мебинанд ва нишонрасу бармало дар фуроварди зермавзуи “Ҷаҳонбинӣ, тақдир ва таърих” бо эътимоди комилу возеҳ нигоштааст: “... Мусаллам аст, ки агар ҳар як нафар аз эҷодиёти адибону олимони классик ва муосири тоҷик дар доираи муҳтавои барномаи таълимии давр баҳравар мегашт, ҷараёни тарбия вазифаи асосии худ – муътақидкунониро иҷро карда метавонист, назарияҳои зиддимиллӣ аз захираҳои эҳтимолии қувваҳои ҳаракатдиҳандаи худ маҳрум мегашт ...”.

Воқеан, дар Паёми Пешвои миллат масъалаи тарбия ба таври вижа таъкид гардид. Дар матлаби мавриди баррасӣ роҷеъ ба ин қазияи дархури ҳама мушкилоти ҷомеа бахши махсус – “Давлати миллӣ ва мактаби миллӣ” унвон шудааст. Ва дар қисмати мазкур мухотаб масъулини мактабу маориф ва таълиму тарбия қарор гирифтаанд, биноан ба мавриду бо таҳаққуқу исрор ишора мешавад, ки ҳифз кардани сохти давлатдорӣ берун аз масъулияти мактаб шиори хушку холӣ ва амали бебунёд аст. Муаллифи ҷиҳати ташреҳи матлаби баёншуда далелҳои боварибахшро бар мабнои фарзияҳои саҳеҳ аз файласуфону олимони давру замон манзур менамоянд. Дар маҷмуъ, рисолати мактаби миллӣ дар бунёди давлати миллӣ хеле ҳам барҷаста арзёбӣ мешавад ва аз оҳанги гуфтору тафсири ақидаҳои дар мақола матраҳшуда бармеояд, ки мактаби муосири мо ҷиддӣ ба таҳаввулоти усулӣ ниёз дорад.

Ҳидоятҳо ва нуктаҳои таваҷҷуҳбарангези Паёми Пешвои муаззами миллат дар қисматҳои дигари мақолаи “Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад”, ки зикрашон дар боло рафт барои хонанда бозгӯ мешаванд, ки дар меҳвари мазмуни он ҳамоно тарбияи шахсияти миллӣ ва комил аст.

Ташкил ва шаклгирии гурӯҳҳои зиддимиллӣ аз таассубу ҷаҳолат ва нодонист, таассубе, ки зуҳуроти ҷонкоҳ буда, фаҳмро тира карда, шахсро ба гирдоби ҳаводиси пурхатар мувоҷеҳ мекунад. Зуҳури ин қабоил дар ҷомеа, дар мақолаи таҳлилию илмӣ ёдоварӣ шуда, мусовӣ ба ин мафҳуми “амният” чунин шарҳ ёфтааст: “... Аммо “амният” мафҳуми фардӣ, идоравӣ, соҳавӣ, махсускунонида ва маҳдуд нест. Таъмини амнияти давлат мафҳуми занҷиравӣ аст...”. Мазмун ин аст, ки дар амнияти давлатӣ ҳамагӣ масъулем, агар воқеан Инсони бо ҳушу комилем, пас рисолатамон ҳифзи ҳамин давлатест, ки баъд аз ҳазор сол аз нав ба сифати як давлати воҳид бо фидокориву заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии халқи бузургвор арзи ҳастӣ кардааст.

Нуктаи ҷолиб ва барангезанда ин аст, ки вазъи таълиму тарбия, умуман мактабу маориф дар мақола нигаркунанда арз мешавад, дар ҳоле, ки мактаб муҳимтарин ҳалқа дар занҷири ҷаҳонбинии давлатдории миллист (фарзия аз мақолаи “Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад”). Ҳамзамон дар такя ба Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли баъдӣ, муаллифи мақола эътибори хосса дода, мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсиро, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ таҳия шудаанд нақд мекунанд. Аз ҷумла, нигоштаанд: “...Мутаассифона, замони истиқлол, то ба ҳол, натавонист насли нави муаллифони барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиро ба майдони эҷоди илмӣ ворид созад... Гузашта аз он, баъзан китобҳои дарсӣ аз рӯйи мазмун ва мундариҷа, аз маводи таълимии хурофотӣ ва бегонапарастии муллоҳои бесалоҳият (шояд баръакс) фарқ намекунанд...”. Ва ниҳоят, афзудаанд, ки дар ин сурат суистифодаи наврасону ҷавонон аз ҷониби унсурҳои зиддимиллӣ осон мегардад. Масъулини соҳа бояд барои ҳалли мушкиле, ки солҳо вуҷуд дорад чораҷӯӣ намоянд.

Тагмавзуи “Манфиати миллӣ ва маорифи динӣ” ба ҳифозати манфиатҳои миллӣ, рушди тафаккури ҷаҳонбинии миллӣ, муқаддас баршумурдани Истиқлолияти давлати миллӣ, тағйир ва мувофиқ намудани фаолияти ходимони дин ба вазъи воқеии ҷаҳони муосир бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва дар ин замина дар саргаҳи имондорӣ қарор додани хештаншиносию худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама ба василаи илму дониш кашфи асрорҳои инкишофи ҷомеаи мутамаддин, ки тавонем дар муқобили ихтилофоти шигифтангези дунёи муосир истодагарӣ намоем, бахшида шудааст.

Тибқи мантиқи нигорандагӣ хулосаи муаллифи мақолаи “Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад” бо ду ҷанбаи мавриди таваҷҷуҳ қароргирифта – иқтисод ва маориф поён ёфта, дар ин замина дастури тавсиявии зерин:

- аз дидгоҳи ҷаҳонбинии илмӣ омӯхтани Паёми Пешвои миллат ва роҳандозии он дар ҳаёти воқеӣ;

- иҷрои босалоҳияти мудирият дар соҳаҳое, ки зикрашон дар мақола рафтааст, ҷиҳати пешгирии аз халалдор шудани мафкураи миллӣ;

- тақвияти фаъолияти босуботу натиҷабахши вазорату кумитаҳо, муассисаҳои илмӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

- таҳияи маводҳое, ки ба ҷаҳонбинии насли наврас, ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа таъсиргузоранд, аз тарафи масъулини муассисаҳои таълимию илмӣ;

- рушди тарбияю таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ дар масири худҷӯйӣ ва худшиносии миллӣ;

- таблиғи ғояи давлати миллӣ аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва институтҳои илмӣ – тадқиқотӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар зерсохторҳои давлатӣ;

- саҳмгузорӣ дар татбиқи консепсияи тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ, худшиносӣ ва хештаншиносии миллӣ – муҳимтарин вазифаҳои аҳли ҷомеа, ба вижа ходимони дин;

- ҷалби олимони варзидаю соҳибтаҷриба ва ҳамзамон дар байни аҳли илм эътирофшуда, боҷасорат, худогоҳ, хештаншинос, ватанпараст, васофи руҳи тоҷикият, хирадситой, масъул, афзояндаи ғуруру ифтихори миллӣ барои навиштани китобҳои дарсӣ, ҷиҳати ҳазф аз ҷониби дастандаркорон ва бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст мегардад:

Билохира, бояд хулоса намуд, ки “тарбияи инсони худогоҳ, соҳибхирад, эҳёкунандаи фарҳанг ва ифтихори миллӣ, мардони пуркору накукор, муборизони фидокори Ватани”, ҳадафи асосӣ ва меҳвари аслии Паёми Пешвои миллат дар бахши сиёсати маориф ва имлро ташкил медиҳад. Масъалае, ки барои мо мисли ҳамеша ва аз ҳар вақт бештар муҳим аст.

                                                                      Меҳриддин Ғиёсӣ,

номзади илмҳои педагогӣ,

ходими илмии Маркази

мероси хаттии АМИТ