Тибқи андешаи Фирдавсӣ инсон намемирад агар осоре аз худ боқӣ гузорад, аммо ҳама чиз, минҷумла маводи китобатшуда бояд тадриҷан безарар гардонида шаванд. Таҷҳизоти безараргардониро бояд дастрас намуд ва ҳамаи дастхатҳое, ки дар ихтиёри шаҳрвандон аст, ҷамъоварӣ кард, агарчи бархе аз шаҳрвандони дастхатдошта намехоҳанд дастнависҳои дар ихтиёрдоштаро ба марказҳои пажуҳишӣ диҳанд.
Биноҳои обод гарданд хароб.
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохи баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Намирам аз ин пас, ки ман зидаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Ҳар он кас, ки дорад ҳушу ройю дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин…
Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ
Саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимшо Искандаров субҳи имрӯз ҳамоиши илмии барпошуда дар Маркази мероси хаттиро ифтитоҳ намуда, ҷиҳати баррасии бархе аз мушкилоти соҳавӣ иктифо намуд. Номбурда қайд кард, ки ҳанӯз масоили дастгирии мутахассисони ҷавон, нигаҳдорӣ ва ҷамъоварии дастнависҳо ва дастрасии онҳо барои шаҳрвандон ҳаллу фасл нашуда, аксар мероси хаттии маҳфузбуда аз назари мову шумо пинҳон мемонад ва дар як ҳолати ногувор буда, рӯз аз рӯз чангзадаву варақҳояшон сӯрох мешаванд.
Сипас, директори Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ Раҳматкарими Давлат ба баҳс ворид гардида, зимни суханронии муфассал иқрор намуд, ки барои омӯхтани дастхатҳо хеле шумораи ками пажуҳишгарон муроҷиат мекунанд.
Директори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон Ҷумъахон Файзализода аз фаъолияти шуъбаи дастхатҳои Шарқи муассиса музокира барпо сохта, аз вазъи ногувор ва дар ҳолати беэътиноӣ қарор доштани дастнависҳо изҳори нигаронӣ намуд. Дар ҳамоиши мазкур иштирокдорон вазъу аҳволи имрӯзи дастнависҳо ва мушкилоти дар ин соҳа пайдошударо баррасӣ намуда, ба як хулосаи амиқ омаданд, ки барои ҳифзу таҳқиқи дастнависҳо ва умуман, мероси хаттии тоҷикон дидани чораҳои зарурӣ айни муддаост…