Бо ташаббуси шуъбаи омӯзиши кишварҳои Шарқи Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ, дар санаи 25 июни 2025, дар маҷлисгоҳи МШМХ, конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши Афғонистон дар раванди музокироти сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон” баргузор шуд.
Дар кори конфронс саркотиби илмии АМИТ, д.и.т., профессор Қосимшо Искандаров, директори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, н.и.т. Раҳматкарим Давлатов, муовини раиси анҷумани дӯстии “Тоҷикистон – Афғонистон” ..... Иброҳимов, профессорон Ҳ.Раҷабов, Н.Мирзоев, д.и.т Турсунов, д.и.ф М.Очилова, олимону донишмандон М.Шарифов, Алӣ Муҳаммаддии Хуросонӣ, Н.Ваҳҳобова, А.Охониёзов, Ш. Ёраҳматзода, Н. Исматова, С.Ворисов, И.Мирзоев, Х.Раҷабализода ва дигар ҳайати кормандону пажуҳишгарон иштирок доштанд.
Конфронсро Р. Давлатов директори МШМХ ифтитоҳ намуда, бо табрики иштирокдорон бо ҷашни Ваҳдати миллӣ, бар аҳаммияти ҷойгоҳи ин ҷашн таъкид намуд. Роҳбари МШМХ аз марҳилаҳову дастовардҳои раванди музокироти сулҳи тоҷикон ёдовар шуда, нақши роҳбарияти вақти Афғонистон Устод Бурҳониддин Раббонӣ ва вазири дифоъ Аҳмадшоҳ Масъудро пураҳаммият арзёбӣ кард.
Қ. Искандаров роҷеъ ба омили Афғонистон дар раванди сулҳсозӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуда, бар аҳаммияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонии таҷрибаи сулҳи тоҷикон зери назари СММ ва дастгирии роҳбарияти вақти Афғонистон таъкид намуд. Ӯ аз ҷумла омили тоҷикият дар раванди музокироти сулҳ ҳам аз тарафи Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи Афғонистонро муҳим хонда онро “гуфтумони тоҷикӣ” унвон кард. Ба бовари Искандаров агар неруи дигаре ғайри тоҷикон дар Афғонистон дар қудрат мебуд, сулҳу созиши байнитоҷикӣ душвор мешуд.
Профессор Н.Мирзоев аз таҷрибаи мулоқоти Бурҳониддин Раббонӣ бо донишмандону донишҷӯёни ДМТ ёдоварӣ шуда аз ҷумла қайд намуд, ки профессор Бурҳониддин Раббонӣ доктори ифтихории ДМТ-ро низ доштанд.
Дар идомаи конфронс н.и.т. Исматова Назрбӣ ва унвонҷӯ Раҷабализода Хайрулло маърузаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд. Ҳамчунин, дар идома Алӣ Муҳаммаддии Хуросонӣ шеъри тозаэҷоди худ дар бораи Ваҳдати миллиро бар ҳозирон қироат намуда, мавриди истиқболи гарми ҳозирон қарор гирифт.
