Қ.Искандаров, доктори илмҳои таърих,
сарходими илмии Маркази шарқшиносӣ
ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ
Суханронӣ дар конференсия илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Саҳми Шарофиддин Имом дар илми шарқшиносӣ ва дипломатияи тоҷик”
(Ба хотираи муҳаққиқ, омӯзгор, дпломат ва шарқшиноси маъруф, собиқ директори ШШМХ АМИТ Шарофиддин Имом)
Иштирокчиёни муҳтарами конфронс
Донишмандони гиромӣ!
Бо изҳори ташаккур ва сипос аз ташкилкунандагони ин конфронс, раёсати МШМХ назди Раёсати АМИТ Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарии АМИТ, ки чунин конфронсеро бахшида ба бузургдошт аз шарқшиноси барҷастаи тоҷик, дипломат ва устоди насли аввали дипломатҳои тоҷик Шарофиддин Имом созмон додаанд. Бешубҳа, ба баҳонаи бузургдошт аз саҳми
Шарофидддин Имом дар рушди афғонистоншиносии тоҷик, мо имкон дорем, то дастовардҳои илми шарқшиносӣ ва ба хусус афғонистоншиносиро таҳлилу баррасӣ намоем ва мушкилоти имрӯзаро дар ин самт муайян созем. Шарофиддин Имом дар шарқшиносии вақти Шуравӣ ва дирӯзу имрӯзи тоҷик нақши бисёр боризе гузоштааст.
Дар охири солҳои 70-ум асри гузашта Шарофиддин Имом Университети давлатии Тоҷикистон (УДТ) ба номи В.И.Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ)- ро хатм намуда, барои кор ба Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон -АМИТ) даъват шуд. Нақши устод Саидмуродов Д., он вақт муовини директори Институти шарқшиносӣ дар ин замина калон аст, ки ҳамзамон ба донишомӯзони факултети таърих “Таърихи Аҳмадшоҳӣ”-ро дарс медоданд.Дар он вақтҳо як таҷрибаи хубе барои интихоби кадрҳо дар институт вуҷуд дошт, ки аз Донишгоҳ хатмкунандагони бисёр боистеъдодро ҳамагӣ як ё ду нафарро барои кор ба институт даъват мекарданд ва маъмулан ҳамон сол онҳоро барои таҷрибаомӯзӣ ба Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба ш. Маскав мефиристоданд. Баъди ду сол онҳо ба аспирантура дохил мешуданд ва дар ҳамон ҷо кори диссертатсиониашонро, баъди аспирантура, ҳимоя мекарданд. Агар аспирант аз ҳад зиёд танбал намебуд ва ё ягон ҳодисае рӯй намедод, дар ҳамин муддат ҳатман кори диссертатсиониашро ҳимоя мекард. Шарофиддин Имом аз рӯйи ҳамин нақша роҳашро дар шарқшиносӣ оғоз ва идома додааст:
- соли 1978-хатми Донишгоҳ;
- 1978-80-таҷрибаомӯзи Институти шарқшиносӣ(ИШ) дар ш. Маскав;
- 1980-1983-аспирантураи ИШ Маскав;
- соли 1984 ҳимояи диссертатсия.
Яъне дар ҳамин муддати кутоҳ рисолаи дисертатсиониашро бомуваффақият ҳимоя кард, ки дар он вақт ҳамагӣ 28 сола буд.
Барои муҳаққиқ, албатта мавзуи таҳқиқотӣ ва устоди роҳнамо бисёр муҳим аст. Дар ИШ Маскав доктори илмҳои таърих Ю.В.Ганковский, ки мутахассиси варзидаи шарқшинос буд ба ҷавонони тоҷик бисёр таваҷҷуҳ дошт. Фикр мекунам, ба ҳама аспирантони ИШ кумаку роҳнамоиш расидааст. Бахти баланди Ш.Имом буд, ки устоди роҳнамои ӯ таъин шуд ва яке аз мавзуъҳои бисёр муҳим- “Афкори иҷтимомии Афғонистон дар даҳаи аввали истирдоди истиқлоли Афғонистон(1919-1929)-ро интихоб намуданд. Баъди ҳимояи кори диссертатсионӣ ин таҳқиқот дар соли 1986 ба шакли васеътар бо номи “Общественная мысль Афганистана в первой трети XX века”[5] дар нашриёти “Наука”-и Маскав ба нашр расид.
Бешубҳа, ин мавзуъ аз аҳамияти калони илмӣ бархурдор буд, зеро то он вақт таърихи афкори иҷтимоӣ, ба хусус афкори раҳбарон ва андешапардозони ҷунбиши ҷавонафғонҳо ба таври кофӣ омӯхта нашуда буд.
Ш.Имом тавонист, ки шароит, заминаҳо ва хусусияти хоси ташаккули ҷунбиши ҷавонафғонҳо, идеологияи онро таҳқиқ ва муайян намояд.
Як хусусияти бисёр мусбат ва судманди китоб ин аст, ки он дар асоси сарчашмаҳои бисёр муътабар ва дасти аввал навишта шудааст.
Ш.Имом осори андешапардозон, роҳбарон ва фаъолони ҷунбиши ҷавонафғонҳоро истифода намудааст. Махсусан осори М.Тарзӣ: “Илм ва исломият”, “Чӣ бояд кард”, “Ватан”, мақолаҳои сершумори дар саҳифаҳои “Сироҷул ахбори афғония” чопшударо таҳлил намудааст [7].
Осори Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ(1838-1897), ба хусус китоби “Таърихи мухтасари афғонҳо”[3] барои омӯзиши сарчашмаи ташаккули ҷунбиши ҷавонафғонҳо хеле муҳим аст.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ[9,10], осори роҳбарони ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ ба мисли Ататурк[2], А.Қ.Озод[1], Ҷ.Неру[8], маводи матбуоти даврӣ ва ғайра сарчашмаҳое буданд, ки дар кори таҳқиқи муфассали мавзуъ ба Ш.Имом бисёр кумак кардаанд. Муҳаққиқ, албатта аз адабиёти таҳқиқӣ васеъ истифода намудааст.
Бешубҳа, истифода аз як гурӯҳи бисёр васеи сарчашма ва адабиёт ба Ш.Имом имконият додааст, ки афкори сиёсию иҷтимоии Афғонистонро дар остонаи истирдоди истиқлол ва даврони истиқлол бисёр мушикофона таҳқиқ намояд. Ба хусус таҳқиқи сохтори иҷтимоии ҷомеаи Афғонистон дар ибтидои асри XX, таҳаввули сохтори сиёсии Афғонистон бисёр пураҳамият мебошанд.
Дар ин китоб таъсири истиқлолияти сиёсӣ ба таҳаввули андешаҳои сиёсию иҷтимоии ҷавонафғонҳо ва аз ҳама муҳим ба татбиқи амалии ин андешаҳо бисёр барҷаста ва бо далелҳои муътамад инъикос шудааст. Дар ҳамин давра аст, ки барои аввалин бор Қонуни асосии Афғонистон ва дигар санадҳои меъёрии бисёр муҳимми вобаста ба танзими ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Афғонистон қабул шуданд.
Дар китоб омилҳои сарнагун гардидани ҳукумати ислоҳотталаби Амонуллохон ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд.
Ш.Имом баъд аз ҳимояи кори номзадӣ ба Душанбе баргашта, дар ҳамин Институти шарқшиносӣ ба кор идома дод, баъдан як муддат дар Афғонистон, дар ҳайати гурӯҳи мушовирони КМ ВЛКСM дар назди Созмони демократии ҷавонони Афғонистон (СДҶА) ба сифати тарҷумон кор кард, ки бешубҳа барои шинохти наздики Афғонистон ва ҷамъоварии маводи таҳқиқӣ ба ӯ хеле кумак намуд. Ҳамин буд, ки ба навиштани кори докторӣ шуруъ карда, соли 1996 дар Маскав рисолаи доктории худро дар мавзуи “ Таърихи афкори иҷтимоии Афғонистон дар нимаи дувуми асри XIX-нимаи аввали асри XX” дифоъ намуд. Ин рисола соли 2001 ба шакли монография[4] аз чоп баромад ва воқеан як таҳқиқоти бунёдӣ дар мавзуи таърихи афкори иҷтимоии сад соли Афғонистон аст.
Ш. Имом таҳавули афкори иҷтимоии Афғонистонро дар сад сол ба таври хронологӣ ба риштаи таҳқиқ кашида, хусусиятҳои хоси ин таҳаввулро барҷаста нишон додааст:
1. Ҷараёнҳои афкори иҷтимоии Афғонистон ба мисли дигар сохторҳои ҷомеаи афғонистонӣ дорои унсурҳои гуногун ва хислатҳои мутафовит буданд.
2. Зуҳур ва ташаккули ҷараёнҳои нав дар заминаи низомҳои куҳнаи идеологӣ сурат мегирифт (ва ҳоло ҳам сурат мегирад- Қ.И.), ки дар ниҳоят ба тағйироти дохилӣ боис мешаванд.
3. Ҳамаи ин ҷараёнҳо бо унсуру асли ислом пайванди ногусастанӣ доштанд ва барои пешниҳоди аҳдофи худ аз меъёрҳои исломӣ васеъ истифода менамоянд.
Албатта, падидае,ки мо дар асри нав ҳам онро мушоҳида мекунем.
Албатта Ш.Имом мақолаю китобҳои дигаре ҳам таълиф намуданд ва яке аз монографияҳои дигари ӯ доир ба Афғонистон “Нигоҳе ба таърихи тоҷикони Афғонистон дар нимаи дувуми қарни XIX ва қарни XX”[6] мебошад. Баъд аз таҳқиқоти бунёдии устод Ҳ.Назаров дар бораи мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон дар ин китоб кӯшиши зиёд ба харҷ дода шудааст, то вазъият ва сарнавишти тоҷикон дар ин давра, бо истифода аз манобеъ ва адабиёти гуногун ба риштаи таҳқиқ кашида шавад. Ҷойи таъкид аст, ки профессор Ш.Имом сатҳи омӯзиши ин масъала ва ё историографияи мавзуъро бисёр мушикофона ва муфассал таҳқиқ намудааст, ки далели истифодаи муаллиф аз маъхазҳои бисёр ва таҳлили ин маъхазҳо мебошад. Хонанда дидгоњи њаќиќатнигоронаи муаллифро нисбат ба тоҷикон дар марҳилаҳои гуногуни таърих ва маќоми онҳоро дар равандҳои пурпечу тоби таърихи тақрибан якуним асри охир нишон додааст.
Дар фарҷом зарур медонам ба чанд омил аст, ки бешубҳа ба шарқшиносии тоҷик, аз ҷумла ба фаъолияти таҳқиқотии Ш.Имом таъсири манфӣ расонидааст, ишора намоям. Пеш аз ҳама, нооромиҳое, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омаданд, хоҳ- нохоҳ бисёр таъсиргузор буданд.
Дувум, ҳамин муносибат нисбат ба Институти шарқшиносӣ, ки дар даврони Шуравӣ яке аз муассисаҳои пешрафта ва номдори таҳқиқӣ дар самти омӯзши кишварҳои Шарқ ба илми шарқшиносии тоҷик ба шумор мерафт, таъсири манфӣ гузошт. Манзурам барҳам додану аз нав ташкил кардану боз ҷудо кардану ва ғайраю ғайра, ки заминаи заволи илми шарқшиносиро дар Тоҷикистон мусоид сохт. Дар ин шароит танҳо касоне, ки ба ҳамин илм содиқ буданд, кори худро идома доданд ва яке аз онҳо Ш.Имом буд. Новобаста ба он ки ба Донишгоҳ рафт, аз он ҷо ба Дастгоҳи иҷроия даъват шуд, баъди як муддати кутоҳ директори ИШ ва ниҳоят сафир таъин шуд, аммо дар ҳама шароит ба кори таҳқиқотӣ дар самти афғонистоншиносӣ идома дод. Мақолаҳои зиёди ӯ ба чоп расиданд ва ҳангоми кораш дар Афғонистон дар баробари кори пурмасъулияти сафирӣ Ш.Имомов ба таҳқиқи таърихи Афғонистон ҳамеша машғул буданд.
Баъд аз хатми кори сафорат дар Афғонистон Шарофиддин Имом умед дошт, ки пурра ба кори илмию таҳқиқотӣ ва омӯзгорӣ машғул мешавад. Бешубҳа, агар умр вафо мекард, барои илми афғонистоншиносӣ ва дар маҷмуъ шарқшиносӣ бештар хидмат мекарданд. Аммо, мутаассифона 9 феврали соли 2021 риштаи умри ин донишманди барҷастаи шарқшинос ва дипломати ботаҷриба канда шуд. Руҳаш шод бошад!
Адабиёти истифодашуда
1.Азад А.К. Индия добывается свободы. -М., 1962.
2. Ататюрк М.К. Избранные речи и выступления. -М., 1966.
3.Афғонӣ Сайид Ҷамолиддин. Татмат-ул баён фи таърих ул-афғон// Хугиёнӣ М.А. Ҳаёти Сайид Ҷамолуддини Афғон.- Кобул, 1939.
4. Имомов Ш. История общественной мысли Афганистана во второй половине XIX-первой половине XX века.- Москва-Душанбе, 2001.
5.Имомов Ш. Общественная мысль Афганистана в первой трети XX в.-М.: Наука, 1986.
6. Имом Ш.М. Нигоҳе ба таърихи тоҷикони Афғонистон дар нимаи дувуми қарни XIX ва қарни XX.- Душанбе, 2013.
7. Мақолоти Маҳмуди Тарзӣ дар “Сироҷ-ул-ахбори афғония”.- Кобул, 1977.
8. Неру Дж. Открытие Индии. М.,1955.
9. Низомномаи асосии давлати олияи Афғонистон.- Кобул, 1923.
10.Низомномаи ташкилоти асосии Афғонистон.- Кобул, 1923.
