Дар доираи “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” дар маҷлисгоҳи Маркази шарқшиносӣ ва  мероси хаттии назди Раёсати АМИТ семинари омӯзишӣ , илмӣ-назарӣ дар мавзуи “Сарчашмаҳои фарҳангӣ ва тамаддуни ориёӣ”, ки дар чавкоти тадбирҳои “Соли тамаддуни Ориёӣ” ва  бунёди “Маркази байанлмиллаи Навруз”   баргузор грдид. Бояд ёдрас кунем, ки зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Ин нуктаро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахтзода низ таъкид намуда гуфтнад: Шинохти миллат ва эътирофу эътимоди он ҳамчун этнос аз сатҳи муаррифии таъриху тамаддуни аҷдодиаш маншаъ мегирад. Акнун дар замони гуфтугӯ ва бархурди тамаддунҳо ҳамон миллате ҷойгоҳашро устувору давлатдориашро таҳким мебахшад, ки худ арҷгузор ба таъриху тамаддунаш бошад. Имрӯз ба таври ошкоро аз худ кардани арзишҳои таърихии халқҳои алоҳида ба таври барҷаста ба назар мерасад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзе халқҳо кӯшиши аз худ кардан ва ё ба қавле рабудани беҳтарин арзишҳои маданияти моддӣ ва маънавии тоҷиконро доранд. Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки мо қишри зиёии ҷомеа ин арзишҳоро ҳифз намуда, барои ба таври шоиста муаррифӣ намудани онҳо барои ҷаҳониён ва таҳкими асолати миллии насли наврас талош намоем”.

       Узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои таърих Муҳаммад Абдураҳмон аз моҳияти оламшумули иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳифзи мероси таърихии бостонӣ, қадрдониии муқаддасоти таърихии тоисломии Тоҷикистон, омузишу пажуҳиши китобҳои муқаддаси Авесто ва Ведо, саҳми олимони бузурги тоҷик дар рушди тамаддуни Ориёӣ  муълумоти муфассал дод.  Олим аз ҷумла зикр кард, ки “Забони авестоӣ аз қадимтарин ва муҳимтарин забонҳои қадими тоҷику форс ба шумор меравад. Аз сабаби ба ин забон эҷод гардидани Авесто онро забони авестоӣ меноманд. Нахустин бор “Авесто” дар замони Дорои I (522-486 пеш аз мелод) таҳрир гардида, ба қайди китобат дароварда шуда буд. Аммо аз он таҳрир то замони мо осоре намондааст. Бинобар маълумоти китоби пахлавии шаҳристонҳои Эрон бо фармони шоҳ Виштосп Зардушт Авесторо дар 12000 пусти гов бо хати тилло навишта, онро дар хазинаи оташкадаи шоҳаншоҳӣ ҷой дода буд. Он вақт Авесто ба 1200 фрагард, яъне 1200 боб ҷудо мешуд. Тибқи ривоёт Искандари Макдунӣ соли 331-и қабл аз мелод ҳангоми истилои Форс он нусхаро сузонда, хокистарашро ба об партофт нусхаи дигари Авесто дар тахтачаҳои тилло навишта шуда, дар Юнон матнашро ба юнонӣ тарҷума намуд. Таҳрири якуми Авесто дар замони Сосониён муназзам гардида, ба 348-боб тақсим шуда, дар 21-китоб гирд оварда шуда будааст. Ин 21 китобро наск мегуфтанд, ки аз 350 000 калима иборат будаанд. Ин тахрир то ба замони мо омада нарасидааст. Нусхаи бостонтарини таҳрири дувуми “Авесто”, ки соли 1278 рӯнавис шуда, то замони мо боқӣ мондааст, чоряки таҳрири Сосонии онро фаро гирифта, тамоми илми авестошиносӣ ва дониши инсоният дар хусуси ин ойин дар пояи ҳамин таҳрири “Авесто” қарор гирифтааст.

        Сипас гузориши доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ, Маҳмадалӣ Музаффарӣ баҳси муфиди илмиро барпо кард. Профессор Музафарӣ ягоке аз антропологҳои маъруфи Осии Марказӣ буда, тадқиқотҳои илмиии ӯ оид ба тафаккури илмии мардумони Осиё аз ҷониби олимони маъруфи дунё иқтибос мешвад. Аслан дар маврид моҳияти таърихи мероси тоисломии тоҷику форс илм ҳанӯз нуктаи собиту ягонаро нагузоштааст. Бо вуҷуди тазодҳо ва андешаҳои мухталифи илми муосири дунё  азамати бузурги китобҳои “Авасто” ва Ведаро эътироф намудааст. Маърузаи олими антиқшинос, номзади илмҳои фалсафа Шоназар Бердиев “Таҳлили муқоисавии “Авасто” ва “Ригведа” хеле шавқовар буд. Сипас, олимон ва коршиносон Абдусалом Махшулов, академик Ёубшоҳ Юсуфшоев, Муҳаммад Абдураҳмон, олими шарқшинос аз  Ҳолландия доктор Нураҳмад Султонӣ, Наҷмидин Шоҳинбодов дар мавриди пайдоиш ва паҳншавии оини Зардуштӣ, қимати “Авесто” табодули андеша карданд.

         Семинарро  директори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ Раҳматкарими Давлат ҷамъбаст намуд.