НАЗАРОВ ҲАҚНАЗАР –
Классики шохаи осиёимиёнагии афғонистоншиносии ҷаҳон
(20.04.1930-12.02.2006)
Унвони ин мақоларо муаллиф аз афғонистоншиноси машҳури Россия И. Бойко гирифтааст, ки як баҳои воқеӣ дар ҳаққи устод Ҳ. Назаров мебошад. Ҳ.Назаров аз соли ташкили Шӯъбаи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон сарнавишти худро ба ин даргоҳи илм пайваст ва то рӯзҳои вопасини ҳаёташ дар ин ҷо ба фаъолияти самарноку пурмаҳсули илмӣ машғул буд. Ӯ афғонистоншиносии тоҷикро ба пояҳои баланд ва сатҳи ҷаҳонӣ баровард.
Ҳақназар Назаров 20-апрели соли 1931 дар деҳаи Сангвори водии Вахё дар хонаводаи Назари Бадеъ ба дунё омада буд, ки яке аз шахсони бонуфузи водӣ ба шумор мерафт. Ӯ писари нозпарвар буд, дар хонавода аз ҳеҷ чиз камбудӣ надошт. Бо як шавқу рағбати беандоза дар мактаби деҳа дарс мехонд. Вале даврони хушбахтии ӯ зуд ба охир расид. Соли 1940 Назари Бадеъ, ки худ яке аз масъулони муҳоҷиркунии аҳолии ин диёр буд, бо хонаводааш ба ноҳияи Ҷилликул кӯч баст. Баҳори соли 1942 падари устод (дар синни 45-солагӣ) аз олам даргузашт, тақрибан дар ҳамин солҳо модараш низ аз ҳаёт чашм пӯшид ва Ҳақназар тани танҳо монд.
Баъд аз он ки зиндагӣ дар Ҷилликул хеле мушкил гардид, Ҳақназари хурдсол бо модарандар ва хоҳарони хурдсоли худ рохи Вахёро пеш гирифтанд.
Он солҳо, ки ҷанги ҷаҳонӣ ҳанӯз идома дошт, зиндагӣ дар деҳот хеле мушкил буд. Ҳақназар чанде дар хонаи амакаш ва чанде дар хонаи ҳамширааш зиндагӣ намуд ва оқибат тирамоҳи соли 1943 ба хонаи бачагони деҳаи Шулмак оварда шуд. Ҳақназар акнун ҳам сарпаноҳ ёфт, ҳам хӯроку пӯшок ва ҳам имконияти таҳсил дар мактаб. Ӯ акнун худро хушбахт меҳисобид.
Соли 1945 омӯзишгоҳи педагогии Fарм ифтитоҳ гардид ва Назаров дар он ҷо ба таҳсил пардохта, соли 1948 онро хатм намуд. Ҳамин сол ба Донишгоҳи навтаъсиси Душанбе шомил шуда, онро соли 1953 дар риштаи таърих хатм кард. Аввал ба сифати устод ба Донишкадаи Кӯлоб фиристода шуд ва баъдан шомили аспирантурии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гардида, ба таҳқиқи таърихи Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ таърих ва ҳавзаи васеи тамаддуни тоҷикон ва форсизабонон пардохт. Ӯ аввал дар мавзӯи «Очерки таърихи Кӯҳистон (болооби Зарафшон) дар нимаи дуввуми қарни ХIХ – ибтидои қарни ХХ» рисолаи номзадӣ навишт ва аз ҷумлаи хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аввалин касе буд, ки унвони номзади илмҳои таърихро соҳиб гардид.
Баъд аз ташкили Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ ҶШС Тоҷикистон моҳи апрели соли 1958 Ҳ. Назаров дар он Шӯъба ба кор шурӯъ кард ва тақдири ояндаи худро бо афғонистоншиносӣ пайваст. Вале бояд ёдовар шуд, ки зимни омӯзиши ин кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя таҳқиқи воқеъбинонаи таърих ва сарнавишти тоҷикон мӯҳтавои асосии тамоми осори пурбаҳои ӯро ташкил медиҳад.
Аввалин манографияи пурарзиши ӯ ба номи «Равобити Бухоро ва Афғонистон аз барпо шудани давлати Дуррониҳо то ғалтидани аморати Бухоро»[1], соли 1963 ба нашр расид.
Устод Назаров дар омӯзиши таърихи Афғонистон аз пайравони консепсияи пешниҳод намудаи олими рус Х М. Рейснер буд. Вале дар ин солҳо як навъ инҳирофе аз ин консепсия сурат гирифта буд, ки манофеи стратегии Шӯравӣ таърихнигориро низ ба сиёсати худ тобеъ гардонида буданд. Дар Тоҷикистон ин қоида сахт риоя мешуд ва касе чуръат надошт аз ин қолаби дар Маскав муаяншуда берун барояд. Консепсияи дар таърихнигории Шӯравӣ ҳукмронгардида ин буд, ки ба қавми паштун ҳамчун қавми аксарият ва қавми давлатсоз муносибат намуда, нақши дигар халқҳо, аз ҷумла тоҷиконро (ҳамчун аққалияти миллӣ) дар таърих ва фарҳанги ин сарзамин нодида мегирифт.
Саҳми бузурги устод Ҳ. Назаров дар афғонистоншиносӣ, пеш аз ҳама дар он аст, ки ӯ ҳамин қолабро шикаст. Ӯ дар омӯзиши бисёр масъалаҳои таърихи Афғонистон консепсияи нави омӯзишро пешниҳод кард. Ҳанӯз соли 1959 Ҳ. Назаров дар барои тоҷикони Афғонистон мақолае навишт, ки дар доираҳои илмию сиёсии он вақт баҳси зиёд барангехт ва дар ниҳоят мақола ба чоп иҷоза дода нашуд.
Устод аз ҳамон солҳо зимни чопи чандин рисола дар барои ҷунбишҳои мардумӣ дар Афғонистон, дар бораи масъалаи миллӣ ва нақши тоҷикон дар таърихи ин сарзамин мавод ҷамъ мекард. Махсусан сафари Афғонистон ба ӯ бисёр кӯмак намуд. Ҳ. Назаров аз соли 1970 то 1973 дар Афғонистон буд. Дар се солу се моҳи кору зиндагӣ дар Афғонистон устод маводи зиёде барои таҳқиқоти баъдии худ ҷамъ намуд.
Баъди бозгашт дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кори омӯзгории худ идома дод ва китобе бо номи «Афғонистон дар 10 соли охир (1963-1973)» навишт, вале чопи он боз ҳам бо дастури Маскав боз дошта шуд.
Ӯ баъд аз ин бо ҷиддияти тамом таҳқиқоти худро дар мавзӯъи ҷунбишҳои мардумӣ ва маорифпарварӣ, ки ҳанӯз пеш аз сафар ба Афғонистон шурӯъ карда буд, идома дод ва соли 1976 асари калонҳаҷми таҳқиқотии ӯ зери унвони «Ҷунбишҳои мардумӣ, маорифпарварӣ ва зиддифеодалӣ дар Афғонистон (охири қарни ХIХ ва ибтидои қарни ХХ)»[2] дар нашриёти «Ирфон» ба нашр расид, ки он асоси рисолаи докторӣ қарор гирифт. Соли 1978 дар Институти мамлакатҳои Осиё ва Африқои назди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В Ломоносов онро бомуваффақият дифоъ намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои таърих гардид.
Аз соли 1981 устод Ҳ. Назаров аз нав ба Институти шарқшиносии АИ ҶТ гузашт ва аз вазифаи мудири бахши афғонистоншиносӣ то ба директори ин маркази илмии бонуфуз дар солҳои 1992-1993 расид. Аз силсилаи осори таҳқиқотии Ҳ. Назаров, ки дар солҳои 80-уми қарни гузашта анҷом пазируфтааст, муҳимтарини он таҳқиқот бахшида ба масъалаи ҷунбишҳои иҷтимоии солҳои 20-ум, ва шӯриши деҳқонон бо роҳбарии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, машҳур ба Баччаи Саққо мебошад[3]. Бояд гуфт, ки ин як масъалаи баҳсноктарини таърихи навини Афғонистон аст.
Дар таърихнигории расмии Афғонистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин шӯриш ҳамчун шӯриши иртиҷоӣ баҳо дода мешуд, ки гӯё тамоми ислоҳоти замони Амонуллохонро бекор намуд ва худи ӯро сарнагун карда, кишварро ба беназмиву парешонӣ кашонид. Дар он замон муқобили назарияи дар афкори ҷомеа (махсусан дар сиёсати ҳизби коммунист) ҳоким чизе навиштан ва чоп кардан хеле душвор буд. Дар ҳоле ки дар мақола ва навиштаҳои охири солҳои 20 ва ибтидои солҳои 30-юми қарни XX дар Шӯравӣ ақидаи дигар мавҷуд буд. Баъзе муҳаққиқини шӯравӣ ба мисли И.М. Рейснер, Т. Алексеенко, К.Н. Соколов-Страхов консепсияи дигари ин масъаларо муайян карда, шӯришро натиҷаи истисмори сахти иқтисодию иҷтимоии оммаи заҳматкаш ва ислоҳоти радикалии амир Амонуллохон номида будаанд.
Аммо ин консепсия батадриҷ тағйир ёфт ва дар таърихнигорӣ ақидаи яктарафа ва манфӣ дар бораи шӯриши Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ҳоким гардид.
Ҳ. Назаров, ки чоряк аср ба таҳқиқи ҷунбишҳои мардумӣ ва зиддифеодалӣ машғул буд, бо маводи хеле нодири бойгониҳо ошно гардид, вазъи воқеии Афғонистон, мавзеъгирии нерӯҳои сиёсӣ, аҳволи табақаҳои заҳматкаш ва миллиятҳои мазлум, аз як тараф ва сиёсати табъизҷӯии қавми ҳокимро аз сӯи дигар хеле хуб таҳлил кард. Ӯ хуб дарк мекард, ки масъала ин тавр сода нест, чуноне ки ба қалам дода мешавад. Гӯё «як тоҷики дузди роҳзан ва бесавод», ба қавли онҳо, шӯриши деҳқонони Кӯҳистон ва Кӯҳдоманро роҳбарӣ карда, «шоҳи одилро» сарнагун намуд ва худашро шоҳ эълон карда, кишварро ба даҳсолаҳо ба ақиб партофт.
Ҳ. Назаров, ки солҳои зиёд машғули ҷамъоварии асноду ҳуҷҷат ва омӯзиши мақолот ва адабиёти нашргардида буд, бовар дошт, ки муаллифон аз рӯи ғаразҳои сиёсӣ ва таассуби қавмӣ ба таҳрифи рӯирости таърих даст задаанд. Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам аз нигоҳи стратегӣ манфиатдор набуд, ки дар Афғонистон тоҷикҳо дар сари қудрат бошанд, зеро ҳукумати болшевикӣ нуфузи тоҷиконро дар ин кишвар барои мулкҳои Осиёи Миёнаи худ хатарнок мешуморид. Дар Маскав аз мулоқоти амири собиқи Бухоро Сайид Олимхон ва Иброҳимбек Лақай бо Ҳабибуллои Калаконӣ огоҳ буданд. Ба назари сиёсатмадорони шӯравӣ афғонҳо (пуштунҳо) дар Осиёи Миёна бар хилофи тоҷикҳо манфиате надоштанд ва таваҷҷӯҳи онҳо ба ҷануб, ба сӯи ҳамқавмонашон дар моварои хатти Дюранд нигаронида шудааст.
Барои ҳамин ҳатто як даста аз урдуи сурх соли 1929 барои барқарор намудани тоҷу тахти Амонуллохон ба сӯи Афғонистон, ба муқобили ҳукумати Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ фиристонида мешавад ва бештар аз 800 нафар аскари сурх якҷо бо дастаи афғононони муқими шӯравӣ, ки ба он сафири Афғонистон дар Маскав Ғулом Набихони Чархӣ фармондеҳӣ мекард, ба шаҳри Мазори Шариф ҳуҷум карданд.
Ҳ. Назаров норозигии васеи омма ва ба шӯриши мусаллаҳона табдил ёфтани онро ҳамчун натиҷаи шиддат гирифтани зулми ҳокимони афғонӣ, афзоиши ҳаҷми андоз ва дигар маҷбуриятҳои феодалӣ мешуморад. Табиист, ки ислоҳоти маданиву маишии Амонуллохон ва поймол кардани суннатҳои милливу исломӣ хоҳ-нохоҳ рӯҳониёнро таҳрик намуда буд. Англисҳо низ ба воситаи гумоштагони сиррии худ бар зидди ҳукумати Амонуллохон ба фаъолияти густурдае даст зада буданд. Бояд ёдовар шуд, ки таҳқиқи чунин масъалаи баҳсталаб дар ҳоле ки дар таърихнигории шӯравӣ як фикр ё як назар ҳоким гардида бошад, барои муҳаққиқе, ки мехоҳад нуқтаи назар ва мавқеъгирии хоси худро дошта бошад, кори осон набуд. Дар чунин маврид далелҳо ва таҳлилҳо бояд хеле илмӣ ва мантиқӣ мебуд, ки мутахассисинро қонеъ карда тавонад. Устод Ҳ. Назаров ба дурустӣ аз ӯҳдаи ин кор баромад ва бо далелҳои илмӣ исбот намуд, ки шӯриши деҳқонон бо роҳбарии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ дар ҳақиқат натиҷаи истисмори сахти иқтисодию иҷтимоии оммаи заҳматкаш, зиёдаравии Амонуллохон дар ислоҳот, нодида гирифтани расму одат ва ақидаҳои динии афғонҳо буд. Як чиз қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳам, вобаста ба ақидаи дар таърихнигории шӯравӣ ҳоким чопи ин асар осон набуд. Ба гуфти худи устод Ҳ. Назаров аз муаррихини шинохтаи он давра дар Тоҷикистон ҳеҷ кас ҷуръат намекард, ки муҳаррири масъули ин китоб шавад. Ҳ. Назаров онро ба А.Г. Слонимский пешниҳод кард. Ӯ ҳам дар аввал ваъда надод, ки чунин масъулиятеро ба дӯш бигирад, вале баъди мутолиаи он, шинос шудан бо далелу таҳлилҳои муаллиф пешниҳоди Ҳ. Назаровро қабул намуд ва китоб зери таҳрири ӯ чоп шуд.
Дар таърихнигории шуравӣ назари манфӣ роҷеъ ба Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ (1838-1897) низ ҳукмфармо буд. Ин маорифпарвари бузург, андешапардози ҷунбишҳои миллию озодихоҳӣ дар кишварҳои Шарқ, дар Иттиҳоди Шӯравӣ маъруфияту маҳбубият надошт. Вай ҳамчун «назариётчии панисломизм» ва як шахси иртиҷоӣ шинохта мешуд. Чунин назари нодуруст умдатан дар натиҷаи таасуби идеологӣ, надоштани маълумоти кофӣ ва ё таҳқиқоти номукаммал пайдо шуда буд.
Ҳақназар Назаров, ки роҷеъ ба воқеаҳои охири қарни ХIХ таҳқиқот мебурд, маълумоти зиёде дар бораи Сайид Ҷамолиддин Афғонӣ ҷамъоварӣ намуда буд ва то чанде маълумот зиёд мешуд, ҳамон қадар шахсияти нотакрори ин нобиғаи бузурги фикр ва андеша ӯро ба худ ҷалб мекард. Ин аз як тараф ва аз ҷониби дигар ҳамон нуқтаи назарҳои манфии ғолиб тарзе ӯро такон доданд ва ба истилоҳ як омили суръатафзо дар кори таҳқиқоти фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоии Сайид Ҷамолиддин шуданд.
Соли 1980 китоби аввалини Ҳ. Назаров таҳти унвони «Омолу афкори Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ»[4] аз чоп баромад. Муаллиф ба омӯзиши афкори иҷтимоию сиёсии мардуми Афғонистон диққати махсус дода, онро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ, истиқлолияти миллӣ ва таъмини адолати иҷ тимоӣ талаққӣ менамуд.
Ҳ. Назаров баъдан ба хулосае омад, ки дар бораи Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ таҳқиқоти мукаммалтаре анҷом диҳад. Соли 1993 монографияи нави ӯ бо номи «Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ ва мактаби ҷамъиятию сиёсии вай»[5] интишор ёфт. Дар ин китоб, ки дар асоси таҳлили адабиёти зиёди дар Шарқ чопшуда навишта шудааст, на танҳо фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии Сайид Ҷамолиддин дар мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Наздик ҳаматарафа мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, балки инчунин ба таҳлили афкори ҷамъиятиву сиёсӣ ва илмию фалсафии вай, ки дар адабиёти таърихӣ инъикос наёфта буданд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардидааст.
Анҷоми ин таҳқиқот ба даврае рост омад, ки тағ-йироти куллӣ дар зиндагии сиёсии ҷомеа ба вуҷуд омад. Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ҳеҷ тассавуре аз пошхӯрии он намерафт аз байн рафт. Беназмию заъфи ҳукумат, бесару сомонӣ дар ҷомеа ба фаъолияти Институт низ бетаъсир намонд ва кор ба ҷое расид, ки Институти шарқшиносӣ соли 1993 барҳам дода шуд.
Ин дар ҳоле рух дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба омӯхтани таърих ва фарҳанги мамолики ҳамҷавор аз қабили Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва кишварҳои арабӣ бештар ниёзманд буд ва ин корро танҳо Институти шарқшиносӣ анҷом дода метавонист. Ба хусус мунозиоти бисёрсолаи Афғонистон, ки таъсири бевоситаи он ба вазъи дохили Тоҷикистон зиёд буд, зарурати омӯхтани авзои минтақаро сахт ба миён оварда буд. Гузашта аз он, барои устод маълум буд, ки аксари мутлақи тоҷикон дар Афғонистон сукунат доранд ва аз бошандагони аслӣ ва қадимаи он кишвар ба шумор мераванд. Агар ба таърихи пешини халқи тоҷик ҳатто як назари сатҳӣ андохта шавад, маълум мегардад, ки қариб тамоми иттиҳодияҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои миллии тоҷикӣ дар ҳудуди имрӯзаи Афғонистон ба вуҷуд омадаанд. Саҳми тоҷикони Хуросон дар офаридани фарҳанги моддӣ ва маънавии халқи тоҷик аз саҳми тоҷикони Мовароуннаҳр зиёд набошад, камтар нест. Ин мустамликадорони англис ва рус дар миёни тоҷикони ду самти дарёи Омӯ як сарҳадбандии маснуӣ ба вуҷуд оварда буданд, мардумони Хуросону Мовароуннаҳр, ки дорои таърих ва фарҳанги муштарак буданд, ҳақ надоштанд, ки бо ҳам иртибот ва муомилаи доимӣ дошта бошанд. Баъди Инқилоби Октябр иртиботҳо қатъ шуда буд, ки ин ба сарнавишти мардуми тоҷик таъсири амиқи манфӣ гузошт.
Ҳатто дар ҳалқаҳои равшанфикри Тоҷикистон намедонистанд, ки дар Афғонистон кам дар кам дар ҳудуди 7-8 млн нафар тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва онҳо аз сокинони бумии ин кишваранд. Ҷудоии марз ва мамониат ба худшиносии миллӣ ба чунин ақида овард, ки дар зеҳни тоҷикони Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳама бошандагони Афғонистон афғон буданд.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ сиёсате пеш гирифта шуда буд, ки иртиботи тоҷикони Афғонистонро бо тоҷикони Осиёи Миёна маҳдуд мекард. Дар таҳқиқоти олимони Шӯравӣ, аз ҷумла олимони Тоҷикистон, низ маҳали сукунат ва фаъолияти тоҷикон танҳо ба Мовароунаҳр маҳдуд карда мешуд. Хоста ё нахоста таърих ва сарнавишти тоҷикони Афғонистон аз мадди назар дур гузошта мешуд.
Ҳ. Назаров дар ин шароит тасмими қатъӣ гирифт, ки дар бораи тоҷикони Афғонистон як асари мукаммали таҳқиқотӣ таълиф намояд. Соли 1998 нашриёти «Дониш» китоби пурарзиши Ҳ.Назаровро ба номи «Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон»[6] дар ҳаҷми 656 саҳифа ба чоп расонид, ки натиҷаи заҳмати чандинсолаи устод буд.
Пешгуфтори ин китоб бо суханони пурҳикмати Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ оғоз мегардад, ки фармудааст: «Ман ба золим ва мазмул яксон адоват дорам. Ба золим барои зулмаш ва ба мазлум барои он ки зулмро пазируфтааст».
Бояд таъкид намуд, ки устод Ҳ.Назаров Афғонистонро аз Тоҷикистон камтар дӯст намедошт, нисбат ба ҳама миллияту кавмҳои Афғонистон маҳбубияти хос дошт. Бо ҳама гуна дастоварди Афғонистон ифтихор мекард ва ранҷу азоби мардуми ҷангзадаи ин кишвар сахт ӯро азият медод. Устод аз ҳама таассуби қавмӣ орӣ буд. Интиқодоти ӯ фақат ба гурӯҳҳои хоси қавмгаро дахл дошт. Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки аҳли заҳмати миллати пуштун низ мисли қавмҳои дигар мазлум аст ва ҳеҷ ихтилофе миёни мардуми оддии қавмҳои гуногун дар Афғонистон вуҷуд надорад. Ин ҳамон гурӯҳҳои хосанд, ки бо ба роҳ андохтани табъизи қавмӣ дар миёни ақвоми мухталиф тухми нифоқ мекоранд.
Дар асоси таҳқиқи маъхазҳои аслӣ устод Ҳ. Назаров исбот намудааст, ки аввал, тоҷикон аз сокинони қадимтарини Афғонистон мебошанд ва дар гузашта дар тамоми қаламрави он аксари кулли аҳолии бумиро ташкил медоданд.
Дувум, ин минтақа то ибтидои асри ХIХ, яъне баъди ташкилшавии давлати Дуррониҳо ҳам бо номи Хуросон ёд мешуд ва номи «Афғонистон» ба ин давлат ба таври сунъӣ аз тарафи хориҷиён гузошта шудааст.
Саввум, тоҷикони Хуросон аз мардумии мутамаддини шаҳрнишин буданд ва мебошанд ва як ҷузви муҳимми миллӣ ва кишри пешқадами фарҳангии Афғонистонро ташкил медоданд ва бо сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии пешрафтаи худ ҳамеша дар ҷомеаи Афғонистон нақши пешоҳанг доштанд ва сутунмӯҳраи ҷону ҷисми он ба шумор мерафтанд. Аммо бар хилофи ин баъзе аз гурӯҳҳои миллатгаро, сиёсатмадорони тангназар ва муҳаққиқини ба онҳо вобаста тоҷиконро ба ҳайси ақаллияти ночизи миллӣ ба қалам дода, дастовардҳои оламшумули фарҳанги моддӣ ва маънавии онҳоро аз худ карданӣ мешуданд.
Чаҳорум, тибқи муқаррароти мавҷуда низоми давлатдориҳои пешинаи Афғонистон бар асоси анъанаҳои қадимии эронӣ тартиб дода мешуд ва аз он иборат буд, ки новобаста аз мансубияти қавмӣ, хонадони салтанатӣ, ҳангоми интихоби вазирону соҳибмансабони дигар кордонӣ, қобилият, сулукот ва вафодории шахси муваззаф ба эътибор гирифта мешуд ва мансубияти қавмӣ аҳамият надошт. Лекин дар давлати Дуррониҳо қавмпарастӣ ва қабиласолорӣ дар ҳама сатҳ боло гирифт. Вазифаҳои муҳимми мулкӣ ва низомӣ дар байни хонҳои қабоили гуногуни Дурронӣ ба таври меросӣ тақсим шуда буданд ва аз болои иҷрои он Ҷиргаи хонӣ назорат мекард.
Панҷум, ба маҳдудиятҳо ва табъизоти қавмии афғонҳо нигоҳ накарда, тоҷикон ба ҳайси як миллати соҳибватан дар ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзӣ ва рушду нумӯъи Афғонистон ҷоннисориҳои бедареғ кардаанд. Ба хусус қаҳрамониҳои онон дар ҷангҳои зиддианглисӣ (1838-1842), (1878-1880), (1919), мубориза ба муқобили таҷовузи Шӯравӣ (1979-1989) хеле бузург ва қобили ситоиш аст.
Шашум, тоҷикҳо дар тӯли таърих ҳеҷ гоҳ ба сифати як нерӯи таҷзияталаб ё маркагурез баромад накардаанд, баръакс амирони афғонӣ: Дӯстмуҳаммадхон (1843-1862), Шералихон (1862-1880) ва Абдураҳмонхон (1880-1901) маҳз ба ёрӣ ва мадади тоҷикон на танҳо соҳиби тоҷу тахт шуданд, балки ба ташкили давлати мутамарказ муваффақ шудаанд.
Ҳафтум, тоҷикон дар ҳама таҳаввулоти муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Афғонистон пешсафу пешқадами ҷомеа буданд. Нақши тоҷикон дар наҳзати машрутахоҳӣ, таҳаввулоти буржуазӣ-демократии солҳои 20 ва 40, ҷунбишҳои демокрактии солҳои 60 ва 70-уми асри гузашта ва амалӣ сохтани барномаҳои иқтисодии ҳукуматҳои Амонуллохону Зоҳиршоҳ чашмрас буд.
Ҳаштум, бо вуҷуди ҳодисаҳои таърихӣ, ки ба коҳиши шумораи тоҷикон дар қисматҳои ҷанубии Афғонистон сабаб гардидаанд, тоҷикон ҳоло ҳам, мисли паштунҳо таркиби асосии аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва соҳибватанони асил, ворисони таърих ва тамаддуни ин хоку бум ба шумор мераванд ва сарнавишти ояндаи Афғонистон бидуни тоҷикони ин кишвар қобили тасаввур нест.
Дар солҳои баъдӣ низ устод ба таҳқиқи мавзӯи таърихи тоҷикон ва давлатдории онҳо идома дода, соли 1999 китоби «Авомили сууд ва суқути давлати Сомониён»[7]-ро ба нашр расонид. Ин асар барои насли имрӯзу фардои миллат як навъ ҳушдорест, то аз истиқлолияти давлатӣ ва озодии худ то сарҳади марг дифоъ кунанд. Соли 2004 китоби ӯ «Аз таърихи пайдоиш ва паҳншавии ақвом ва халқҳо дар Осиёи Марказӣ»[8] ва ниҳоят соли 2006 «Нақши эрониён – тоҷикон дар таърих ва фарҳанги ҷаҳон»[9] ба нашр расиданд.
Ҳақназар Назаров олими пухтакор, пуркор, ҳақҷӯю ҳақгӯй буданд. Шояд рӯирост гуфтан ва навиштани бисёр масъалаҳои печидаи таърих, махсусан масъалаҳои миллӣ ба бисёриҳо хуш намеомад, вале гуфтани воқеият барои ӯ муҳимтар буд.
Устод Ҳ. Назаров ба таври ногаҳонӣ, дар айни камолоти эҷодӣ дунёро тарк гуфта, натавонист тамоми нақшаҳои илмии худро, ки гоҳ-гоҳе бо ҳамкорон ва шогирдони худ изҳор мекард, амалӣ созад. Баъди ба нашриёт супоридани асари, мутаасифона, охирини худ ӯ гӯё дер мешуда бошад, ба навиштани китоби наве дар бораи қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд шурӯъ кард, ки чанд сол барои он мавод ҷамъ мекард. Бо таассуф бояд гуфт, ки ин асар нотамом монд. Аммо ҳатто он чизе, ки устод тавонист дар умри худ ба анҷом расонад, кифоя аст, то дар зеҳни ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанд ва ё бо осораш шинос буданд, ҳамчун муҳаққиқи бузург, инсони наҷиб, ватанпараст, дӯсти самимии Афғонистон ва устоди дилсӯзу ғамхор нақш бандад.
Қосимшо Искандаров
[1] Назаров Ҳ. Равобити Бухоро ва Афғонистон аз барпо шудани давлати Дуррониҳо то ғалтидани аморати Бухоро. – Душанбе, 1963. –179 с.
[2] Назаров Ҳ. Народные и просветительско- антифеодальные движения в Афғанистане)конец XIX начало XX вв. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 262 с.
[3] Назаров Х. Социальные движения 20-х годов XX в в Афганистане. – Душанбе:Дониш, 1989. – 265 с.
[4] Назаров Ҳ. Омолу афкори Саид Ҷамолиддини Афғонӣ. -Душанбе: Дониш, 1980. -105 с.
[5] Назаров Х. Саид Джамалиддин Афгани и его общественно-полтическая школа. – Душанбе: Дониш, 1993. –268 с.
[6] Назаров Ҳ. Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон. –Душанбе: Дониш, 1998. –656 с.
[7] Назаров Ҳ. Авомили сууд ва суқути давлати Сомониён. –Душанбе: Ирфон, 1999. – 138 с.
[8] Назаров Х. К истории происхождения племен и народов Центральной Азии. – Душанбе: Ирфон, 2004. –103 с
[9] Назаров Ҳ. Нақши эрониён – тоҷикон дар таърих ва фарҳанги ҷаҳон. – Душанбе: Пайванд, 2005. – 492 с.