Ҳайати кормандони Шуъба 
Навбаҳорова Бибисултон Мудири Шуъба
Хоҷамуродов Олимҷон Сарходими илмӣ
Ализода Сайидхоҷа ходими пешбари илмӣ
Шарифов Маҳмадёр ходими пешбари илмӣ
Додхудоева Лола ходими пешбари илмӣ
Давруқов Шерзод ходими калони илмӣ
Наимов Муҳаммадамин ходими калони илмӣ
Исроилов Раҳматшо ходими калони илмӣ
Достиева Басонат Лаборанти калон
Назарзода Маъруф Лаборанти калон
Суфихонзода Сарвиноз Лаборанти калон
Муҳаммадзода Савринисо ходими хурди илмӣ

ШУЪБАИ ТАВСИФ ВА ТАҲИЯИ ФЕҲРИСТИ ДАСТХАТҲО

17 январи соли 1958 дар асоси бахши адабиёти классикии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он тобеи Раёсати Академияи илмҳо буд.  Сарвари ин шуъба Академик А. Мирзоев таъйин гардид, ки баъдтар таҳти роҳбарии ин шахси наҷибу фозил  шуъбаи мазкур дар соли 1970 ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ табдил ёфт. Ин иқдом шарқшиносиро ҳамчун равияи илмии муайян дар сохтори Академияи илмҳо роҳандозӣ кард.

Баъди дар ихтиёри Академияи илмҳо ҷамъ овардани фондҳои хурди ҷудогона тавсифи илмию палеографии онҳо аз рӯйи дастурамали  муайян сурат гирифт. Қадами аввалин дар ин роҳ тавсифи ибтидоии дастнависҳо буд, ки дар соли 1955 аз ҷониби ду нафар олимон – Маҷи А. ва Тоҷиддинов С. ба анҷом расонда шуд. Қадами дуюм дар ин самт оғози тавсифи илмии  дастхатҳо буд. Худи ҳамин сол бо роҳбарии академик Абдулғанӣ Мирзоев гуруҳи мураттибони тавсифи илмии дастнависҳо таъсис ёфт, ки ба он олимон Р. Ҳодизода, М.И.Занд, Г.Галимова, Д.Х.Дорри, И.А.Веленицкая шомил буданд.

Ҷилди аввали феҳристи дастнависҳо соли 1960 аз чоп баромада буд. Дар ин ҷилд асарҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, топографӣ, ёддоштҳо, санаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои қимати таърихидошта дохил шудаанд. Бесабаб дар ҷилди аввал осори таърихӣ ҷо дода нашуда буд, зеро ки дар байни 288 нусха дастхатҳои тавсифшуда асарҳою санадҳои хеле муҳиму арзишманди таърихию ҷуғрофӣ  ҷой доранд ва бо ин роҳ муҳаққиқони тоҷик  ба оғоз намудани таҳқиқи  таърихи халқу кишвари худ ҷалб карда шуданд. Миёни ин маҷмуа нусхаҳои хеле нодир ва камёфт маҳфузанд, ки дорои аҳамият ва иттилооти хеле муҳими таърихӣ мебошанд. Аз ҷумла, се нусхаи аввали тавсифшуда асари таърихии  машҳуру арзишманд- «Таърихи Табарӣ» мебошанд. Яке аз нусхаҳои ин асар, ки таҳти №2000 дар ганҷинаи Марказ маҳфуз аст,  аз рӯйи хусусиятҳои палеографӣ дар охири асри XIII нусхабардорӣ шудааст. Аз ҷумла, 92 нусха дастнавис оид ба омӯзиши таърихи Осиёи Миёна тавсиф гардидаанд. Дар байни онҳо дастнависҳое ҳастанд, ки  нусхахои хаттии худи муаллифони асар ва ё нусхаҳои ягонаю нодиранд, ки аз ҳар ҷиҳат муҳим ва ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад. Аз ҷумла, чунин дастхатҳоро метавон номбар кард: «Туҳфаи шоҳӣ»-и Мирзо Азими Сомӣ (№927/III), «Тоҷ-ал-таворих»-и Муҳаммад Шарифбек бинни Муҳаммад Ноқӣ (№2282), «Туҳфат-ал-хонӣ»-и Муҳаммад Вафои Карминагӣ ва Домулло Олимбек валади Ниёзқулибек (1426/I), «Ҷангномаи Байрамалихон» (2004), «Давраи охирини таърихи Бухоро»-и Мирзо Ҳомид валади Абдулқодирбек бинни Камолбек мирохур бинни Файзуллоҳбек (1243/IX), «Таърихи Амирони манғити Бухоро»-и Олимхоҷа бинни Мирзо Саййидхоҷа Мушрифи Бухороӣ (2354/IV), «Наводири зиёия»-и Муҳаммад Шарифҷон Махдум (983) ва ғ. Азбаски феҳристҳо ба забони русӣ таҳия гардида буданд, аз ин рӯ муваффақ шуданд, ки дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷ аз он интишор ёбанд. Тавсифҳои илмӣ дар феҳристҳои нашргардида тамоми маълумотҳои аниқи таърихӣ, илмӣ ва аз ҷиҳати хусусиятҳои хоси худи дастнавис (хат, варақ, муқова, таърихи китобат ва ғ.). хеле равшан баён карда шудааст. Бесабаб нест, ки тавсифҳои илмии ин феҳристҳо кайҳо мавриди таваҷҷуҳу писанди нусхашиносони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва  кишварҳои дигари ҷаҳон қарор гирифтанд.

 Феҳристи дастнависҳо раҳнамои муҳаққиқон дар интихоби мавзӯи таҳқиқот ва муаррифгари мероси ниёгонамон ба шумор мераванд.  Дар заминаи истифодаи феҳристҳои чопшуда чандин матнҳои илмию интиқодӣ ва илмию оммавии осори гузаштагон дар  мавзӯъҳои гуногун таҳия ва нашр гардиданд.

Дар замони Шӯравӣ кормандони шуъба оид ба феҳристнигорӣ чунин корҳоро анҷом додаанд: аз соли 1960 то соли 1988, шаш ҷилд феҳристи нусхаҳои хаттӣ таҳти унвони «Каталог восточных рукописей Академии наук Таджикской ССР», бо сарсухани академик Абдулғанӣ Мирзоев,  ки дар онҳо 2372 номгӯй асар тавсиф гардидаанд, таҳия ва аз чоп баромаданд.  Феҳристи нусхаҳои нодиру пурарзише, ки ҳангоми ташкил намудани гурӯҳи эъзомӣ дар ВМКБ ба даст оварда шудаанд, таҳти унвони «Алфавитный каталог рукописей, обнаруженных в Горно-Бадахшанской Автономной области экспедицией 1959-1963 гг.» таҳия гардида, соли 1967 дар шаҳри Маскав аз чоп баромад. Феҳристи дастнависҳои музайяну мусаввари ганҷинаи дастхатҳои шарқии АИ аз ҷониби Лариса Додхудоева таҳти унвони  «Каталог художественно оформленных восточных рукописей Академии наук Таджикской ССР» соли 1986 таҳия ва нашр  шудааст.

Тавсиф ва таҳияи феҳристи  дастхатҳо воситаи махсуси таҳқиқ, интишор ва ҳифзи осори хаттии тоҷикон мебошад. Феҳристҳои таҳияшуда нишон медиҳанд бештари нусхаҳои дар ганҷинаи Маркази мероси хаттии кишвари мо, китобхонаю марказҳои таҳқиқотии  Осиёи Миёна, Русия ва дар дигар китобхонаҳои машҳури ҷаҳон маҳфузбуда, ки нусхаҳои хаттиро дар он замон дар ҳудуди Осиёи Миёна ҷамъоварӣ намудаанд, ба забони тоҷикӣ мебошад. Ин далели он аст, ки забони тоҷикӣ асрҳо чун забони муоширати мардуми Осиёи Миёна нақши калон доштааст.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ кормандони шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастнависҳо ин иқдоми некро идома дода истодаанд. Дар ин давра, аз ҷумла, чунин корҳо ба анҷом расонида  шудаанд: тавсифи тамоми нусхаҳои хаттӣ ба забону хатти форсӣ дар шакли нисбатан мухтасар таҳия шуда, дар чор ҷилд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (1998-2005) ба табъ ра­сонида шуд. Соли 2002  дар ҳамкорӣ бо шуъбаи дастхатҳои шарқии Китобхонаи Фирдавсӣ феҳристи мухтасари элект­ронии 500 номгӯй дастнависҳои нодири ҳар ду муассиса бо дастгирии молиявии Фонди Сорос ба забонҳои форсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода шуда, ба марказҳои гуногуни дастнависҳои шарқӣ ирсол гардиданд. Феҳристи китобҳои чопи сангӣ бо номи «Каталог литографированных книг» соли 2013 аз чоп баромад. Соли 2014 феҳристи қитъаҳои хушнависон аз тарафи кормандони шуъба Л. Додхудоева ва М. Шарифов бо унвони «Восточная каллиграфия в собрании Академии наук Республики Таджикистан» ба нашр расонда шуд. Феҳристи тавсифоти дастхатҳои арабӣ аз рӯйи ибтидои матн дар таълифи ходими калони илмӣ Саиднуриддин Шаҳобуддинов бо унвони  «Авоил-ул-китоб фӣ маърифат ил-китоб»  соли 2020 ба нашр расид. Дар солҳои охир феҳристи  ҷилдҳои VII-X нусхаҳои хаттӣ ба забони русӣ, ки идомаи шаш ҷилд мебошанд, аз чоп баромаданд.

Ҳангоми тавсифи илмии дастнависҳо дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастурамали махсусе, ки дар шаш  ҷилд  истифода шуда буд, баъзе таҳриру тағйироти зарурӣ дароварда шуд. Ҳар дастнавис ба як тартиби муайян тавсиф карда мешавад. Аввал номи асар ва пас аз он номи муаллиф номбар мешавад. Баъд аз он дар бораи мавзӯъю мундариҷа ва таърихи таълифи асар маълумоти мухтасар дода мешавад. Дар сурати дар як ҷилд мавҷуд будани чанд номгӯйи асар ва ё маҷмӯаҳо, ҳар як асар алоҳида тавсиф мешавад. Дар баъзе мавридҳо лозим дониста шудааст, ки роҷеъ ба  хусусиятхои хоси дастнавис  маълумот дода мешавад.

Тавсифи кодикологии (нусхашиносӣ) дастхатҳо бояд кӯтоҳ ва дақиқ бошад. Он ба тариқи зайл сурат мегирад: муайян кардани навъи хат ва коғаз, санаи аниқ ё тахминии китобати дастхат ва макони он, миқдори дафтарҳо, андозаи дастнавис ва андозаи матни он, номи хаттот, соҳиби нусха ва ороиши он, муқова, шероза, рикоба ва амсоли ин аломатҳо маълумоти дақиқ дода шавад.

Дар охири ҳар як ҷилди феҳрист исми муаллифон ва номгӯйи асарҳо ва дигар нишондиҳандаҳо ҳам бо хатти форсӣ ва ҳам кириллӣ бо риояи тартиби алифбо оварда мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи ёдгориҳои хаттии кишварамон ҳамеша ғамхорӣ менамояд. Сабаби асосии таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва муҳаққиқони дохилию хориҷӣ ба ёдгориҳои хаттӣ, омӯхтан ва табъу нашри онҳо дар он аст, ки ин ганҷинаи безавол натанҳо маводи  таҳқиқот, балки маъхази боэътимоди таърихи қадимаи халқи тоҷик, таърихи илму адаб ва забону фарҳанги ин халқи соҳибтамаддуну бостонӣ мебошанд. Дар даҳ соли охир зиёда аз 500 нусха дастнавис ва китобҳои чопи сангӣ, ки онҳо низ ҳукми дастнависро доранд, аз дасти аҳолӣ харидорӣ шудаанд. Ин дастнависҳо низ аз ҷониби кормандони илмии Маркази мероси хаттӣ тавсиф гардида, ба феҳристҳои оянда дохил хоҳанд шуд.

Аз замони таъсисёбии шуъба олимон – Р. Ҳодизода, А. Маҷӣ, З. Ҳасанова, Г.Галимова, И.А.Веленицкая, С. Тоҷиддинов,  Г. Лузянина, Д. Дорри, Л. Шварц, М. Бақоев, А. Алимардонов, М. Мамедова, А. Зиёуддинова, Ҷ. Наҷмиддинова, Элчибеков Қ. С. Шаҳобуддинов кору фаъолият намуда, дар таҳияи феҳристҳо саҳми арзандаи худро гузоштанд

Имрӯзҳо дар шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастхатҳо кормандони собиқадор - доктори илми филология Хоҷамуродов О.,  номзади илми таърих Додхудоева Лола, номзади илми филология Шарифов М., номзади илми филология Ализода С.   фаъолият намуда, барои шогирдон ва насли ҷавон нозукиҳои тавсифи дастхатҳоро омӯзонда истодааанд. Дар шуъба ҳамчунин олимони ҷавон номзади илми филология Давруқов Ш., ходими калони илмӣ Наимов М. ва лаборанти калон  Достиева Б. ба тавсиф ва таҳияи феҳристи дастнависҳо машғуланд. Кормандони шуъба корро мувофиқи нақша аз рӯи мавзӯи «Тавсифи дастхатҳо, таҳияи феҳристҳо ва варианти электронии онҳо (ба забони тоҷикӣ ва русӣ)»  идома дода истода,  роҳбарии онро номзади илми филология Навбаҳорова Б. ба уҳда дорад.