Шарифов Маҳмадёр 17 феврали соли 1948 дар ноҳияи Тавилдара ба дунё омадааст, аз моҳи ноябри соли 2017 дар мансаби ходими калони илмии шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастхатҳо Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи милли иилмҳои Тоҷикистон кор мекунад.
Соли 1972 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Аз солҳои 1967- 1972 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, солҳои 1972- 1973 муаллими забон ва адабиёти тоҷикӣ мактаби миёнаи № 49 ноҳияи Ленин, солҳои 1973-1976 Муҳаррири шуъбаи таблиғотии Радиои Тоҷикистон, солҳои 1976-1979 Мудири шуъбаи маҷаллаи «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон»солҳои 1979-1983 Таҳсил дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, солҳои 1983-1992 Ходими илмии шуъбаи таҳияи феҳристҳо ва нигаҳдории нусхаҳои хаттии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1992-1997 Ходими калони илмии шуъбаи таҳияи феҳристҳо ва нигаҳдории нусхаҳои хаттии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1997-2004 Муаллими фанни забони тоҷики дар кафедраи забони тоҷикӣ фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, солҳои 2004-2012 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забони тоҷикӣ фанҳои гуманитарӣ Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, солҳои 2012-2017 ходими калони илмии Шуъбаи таҳияи феҳристҳо ва нигаҳдории нусхаҳои хаттии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аз апрел-ноябри соли 2017 ИВ. ходими калони илмии шуъбаи тавсифи дастхатҳо, таҳияи феҳрист ва ахбори илмии Хазинаи мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз ноябри соли 2017 то ҳол Ходими калони илмии шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастхатҳо Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Мукофоту ҷоизаҳо:
———————————
Тамос:
+992
Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироот:
———————————
Монографияҳо:
———————————
Китобҳо:
———————————
Мақолаҳои илмӣ:
———————————