Имрӯз дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши нусхаҳои нодири хаттии Марказ баргузор гардид, ки намоишро ҳаводорони илму фарҳанг, донишмандон ва шахсиятҳо аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва Институту марказҳои илмии АМИТ иштирок ва дидан намуданд.
Кори намоишро Раҳматкарим Давлатов, директори Марказ ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки нусхаҳои қаламӣ, хусусан Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи Абдуғанӣ Мирзоев бидуни тардид сарвати бебаҳо ва танҳо нақдинаи ба меросмонда аз ниёгон барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон аст.
Ӯ гуфт, ки ин Ганҷина ҳамчун ҳофизи хотираи таърихии миллати тоҷик ноқили таърих, тамаддун, фарҳанг, бозкунандаи аҳволи сиёсӣ-иҷтимоӣ, розҳои ҷаҳонкушоӣ ва авомили сууду суқути давлатҳо ва воҳидҳои бузурги таърихӣ ва ҷуғрофӣ аст.
Ганҷинаи мероси хаттӣ ҳамчун муҳимтарин пуштивонаи хотираи таърихии тоҷикон маҳсули заҳмат ва ҷонфидоии мардони ба ору номус ва фидоии илму фарҳанг мебошад. 5978 нусхаи хаттӣ ё 14 770 нусхаи қаламӣ ва 6670 ҷилд нусхаи чопи сангӣ ҷамъоваришуда, ки дар Ганҷина нигаҳдорӣ мешавад, маҳсули заҳмат ва ҷустуҷӯи наздик ба як қарни ходимони илмӣ, ҳануз аз солҳои 30 асри гузашта мебошад. Аммо ончи, ки феълан мояи ифтихори мо аст, он бешубҳа маҳсули заҳмати Абдуғанӣ Мирзоев ва ҳамаи ҳамкоронашон дар даҳаҳои панҷоҳ, шаст ва ҳафтоди мелодӣ мебошад. Бозёфти ҳар нусхаи хаттӣ ба масобаи аз вайронаҳои таърих пайдо намудани як шахсияти ва як фарди ин миллат дар роҳи эҳёи миллӣ аст. Ба қавли шоир:
Тоҷиконро аз замин чун донаҳо дарёфт ӯ,
Чун китоби куҳна аз вайронаҳо дарёфт ӯ”, қайд кард Р. Давлатов
Гуфта шуд, ки аз 14 770 нусхаи хаттӣ то кунун 3277 нусхаи он тавсиф шуда ва феҳристи он дар даҳ ҷилд нашр гаштааст, ки он ҳам маҳсули заҳмати ҳамкорони Институти шарқшиносӣ дар даҳаҳҳои шаст, ҳафтод ва ҳаштоди мелодӣ мебошад.
Директори Марказ дар идомаи суханронии худ гуфт, ки ҳоло ба шарофати сиёсати илмпарварона ва фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи шароит ва имконият барои ҷамъоварии осрои хаттӣ, таҳияи феҳристи дастхатҳо ва нашри осори классикӣ фароҳам шудааст. Маркази мероси хаттӣ мутобиқи ду лоиҳаи супориши давлатӣ барои бори аввал тасвифи осор ба забони тоҷикӣ ва таҳияи феҳрист ба забонҳои русӣ, инглисӣ ва арабиро ба роҳ мондааст.
Дар ду соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амри ғанӣ намудани Ганҷинаи дастхатҳо даҳҳо нусхаи қаламӣ ба ганҷина ворид шудааст. То соли 2022 48 нусхаи мунҳасир мавҷуд буд, ки ҳамаи он то соли 1980 вориди ганҷина шуда буд. Акнун ҳамкорони Маркази мо ду нусхаи дигари мунҳасир ва фард, ягонаро ё дастхати муаллифро пайдо ва дар соли 2022 ба 2023 вориди ганҷина намуданд, ки яке аз он “Девон”-и Туғрали Аҳрорӣ аст.
Дар кори намоиш ноиби президенти АМИТ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад Наврӯз суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки ҳифзу нигаҳбонии дастахҳо аз ҷумлаи муваффақиятҳои мо дар даврони Истиқлолият аст, ки то имрӯз кормандон дстхатҳоро мавриди таҳқиқ қарор дода истодаанд ва умедворем, ки боз ҳам ба муваффақиятҳои назаррасе ноил хоҳанд гардид.
Саркотиби илмии АМИТ профессор Қосимшо Искандаров ҳам зимни суханронии худ кормандони Марказро табрик намуда, барои идомаи корашон барору муваффақиятҳо хост ва таъкид намуд, ки бояд толори намоишгоҳи ихтисосӣ ва доимоамалкунанди намунаҳои осори хаттӣ ташкил карда шавад. То таваҷҷуҳи бештар ба ин масъала ҷалб гардад ва осори хаттӣ бештар муаррифӣ ва омавӣ гардонда шавад.
Намоиши мазкур тамоми рӯз дари худро барои ҳаводорони илму дониш ва дӯстдорони мероси хаттии ниёгон кушодааст.